Фанни Менеҷмент

Моделсозии холатхо ва коркарди карори менеҷмент

1. Асосхои методологии мохияти карори идоракуни

2. Гурухбандии карори идоракуни ва моделсозии холатхо

3. Даврахои тайёри ва кабули карори идоракуни

4. Ташкили идоракунии таваккалкории менечмент

5. Роххои амали гардонидани карори идоракуни ва назорати ичроиши карор

1. Асосхои методологии мохияти карори идоракуни

Карори идоракуни хамчун категорияи иктисоди мохияти Чараёни таъсиррасониро ба одамон, ба восита ва усулхо, инчунин имконотхои ташкилие, ки ба натичаи бехтари фаъолияти максаднок бурда мерасонанд, дар бар мегирад.

Консепсияи идоракуни хамчун раванди татбики функсияхои алокаманд, ки усулу воситахои таъсиррасонии худро дорад, дар натичаи истифодабарии методологияи системави, холати ва ичтимои хело хам васеъ ва пахн гаштааст.

Кабули карори идоракуни бо риояи фаъолияти функсионалии менечерон ва коргарони бахши идорави, ба натичагирии самараноки максадхо оварда расонид.

Карори идоракуни хамчун шакли фаъолияти идоракуние мебошад, ки фаъолияти якxояи одамонро вусъат бахшида, максадноки ва самаранокии онро таъмин месозад.

Карори идоракуни хамчун мохияти Чараёни таъсиррасоние, ки дар фаъолгардонии фаъолияти якxояи одамон, барои ба максад расидан таъсир мерасонад ва дар натичаи амали гардонидан функсияхои асосии менечмент ба миён меояд.

Карори идоракуни хамчун Чараёни идоракуни ва натичагирии он дар пайдарпайии мантики ва ба анxомрасии мархалахо доир ба кабул ва коркарди ахбор роxеъ ба карори идоракуни, ки ба халли масоилхои истехсолию хоxагидори ва ба даст даровардани самаранокии иктисоди ноил гардидан равона карда шудааст.

Мохияти карори идоракуни дар он мебошад, ки карор хамчун муайянкунандаи мачмуи харакатхои менечер ва аппарати идора дар равшан кардани имкониятхои аники ба максад расидан равона гаштааст.

Аз чунин як нуктаи назар карори идоракуни хамчун як давраи мустакили асосноккуни, интихоб ва кабули афзалияти идоракуни ва ичрои он мебошад. Ташкилот ва сохтори ташкилии он, миссия, хачми сармоя, махсулоти истехсолии он, максад ва стратегияи инкишоф, шакли ташкили хукукии ташкилот ва сохтори идоракунии он, дар аксари маврид мазмуни системаи карорхои идоракуниро ташкил медиханд.

Нишонахои методологии имкон медиханд, ки шаклхои зерини карори идоракуниро фарк намоем:

1. Карорхои мухими идоракуние, ки фаъолияти ташкилотро пурра дарбар гирифта, давраи чудогонаи инкишофи корхонаро якxоя бо таваккал ва пешгeихояш муайян месозад.

Ин шакли карор доираи карорхои максаднок, стратеги, навовари, маълумоти, маркетинги, молияви, сиёсати кадри, лоихаи инвеститсиони, ислохот ва Гайраро дар бар мегирад.

Чунин шакли карорхо барои сохибкории калон ва миёна равона шуда, аз тарафи менечерони таба¥аи оли кабул карда мешаванд. Он кариб тамоми бахши ташкилотро фаро гирифта, коркарди хуби технологи ва методологиро талаб менамояд.

2. Карорхои мухимми махсус, ки ба мушкилоти рeзмарраи хоxагидори тааллук дошта, барои хар як давраи муайян ва мeхлати муайян кабул карда мешаванд. Чунин карор, бевосита таваккали худро вобаста ба хароxоти захирахо ва акидаи баъзе аъзоёни коллектив кабул мекунад. Ин шакли карор дар аксар мавридхо барои чори намудани навовари, таГйироти куллии бозори корхона, ходисахои ногахонии табии кабул карда мешаванд. Ин карор дар зинаи болои ва миёнаи идоракуние, ки таxрибаи калони идорави дорад, кабул карда мешавад.

3. Карори такроршаванда, ки дар табакаи поёнии идоракуни кабул карда шуда, асосан бо максади каме таГйирот даровардан ба системаи технологи, ё ин ки системаи бахисобгири ва хисобот, хизматрасонии истехсолот, регламенти фаъолият ва дигар xараёнхои ичтимои пешниход карда мешавад. Чунин шакли карор асосан бо максади ташкили дурусти Чараёни истехсолот ва мехнат дар корхона ташкил карда мешавад.

Дар Чараёни кабули карори идоракуни тартиботи амалигардони бо воситаи истифодабарии менечмент сурат мегирад, ки ба фаъолияти идоракуни таъсири худро мерасонад.

4. Карори характери тадкикоти ва навовари дошта, дорои хусусияти зерин аст:

  • бартарияти тадкикоти Чараёни инкишофи ичтимоию иктисоди;
  • тадкикоти инкишофи xахонии пешрафти илмию техники;
  • чори намудани навовари дар идоракунии истехсолот;
  • такя ба фишангхои худидоракуни ва худташкилкуни;
  • тадкикоти технологияи ахбори ва коммуникатсиони;
  • пешгeихо ва пешбинихо;
  • Чараёни маълумот ва усулхои ичтимои ва рeхи.

Асоси тайёр намудани карори идоравиро ахборе, ки аз мухити беруна, ё аз дохили корхона бармеояд ташкил медихад.

2. Гурухбандии карори идоракуни ва моделсозии холатхо

Карорхои идоракуни аз руи нишонахои зерин гурухбанди карда мешавад:

  1. хар як карор вобаста ба он, ки аз тарафи кадом зинаи идоракуни кабул карда мешавад, ба се зина: оли, миёна ва зинаи поёни чудо карда мешавад.
  2. хар як карор аз руи халли вазифахо ба ахбори, ташкили ва фаври тасниф карда мешавад. Карори ахбори бо максади бахо додани ахбор кабул шуда, ба саволи «Чи дуруст аст?» xавоб мегeяд. Карори ташкили барои муайян намудани сохтори дурусти идоракуни ва xавоб додан ба саволи «Чи хел бояд бошад?» xавоб мегeяд. Карори фаври харакат карданро, яъне «Чи тарз бояд ичро кард»-ро ифода менамояд.
  3. Карорхо вобаста ба коидаи коркард ба алгоритми ва эвристики чудо мешаванд. Карори алгоритми – чунин карорест, ки ичрои он аз руи коидаи алгоритми сурат мегирад. Аммо карори эвристики дар асоси эxодиёти Гайрирасми амали мегардад.
  4. Вобаста ба усули асосноккуни – карор чор хел мешавад: аналитики, омори, барномави, риёзи.
  5. Вобаста ба хислату шароити ахбор — карор ахбори пурра ва нопурра низ шуда метавонад.

Васоити асоси барои коркарди карор тадкикоти харакатхо ва фаъолиятхо, ё худ усулхои риёзие мебошанд, ки барои асоснок намудани карори бехтарин ва дурусти идоракуни дар доираи фаъолияти одамон истифода бурда мешаванд.

Усулхои тадкикоти фаъолият ба чор гурухи калон чудо карда мешаванд:

  1. Усули аналитики.
  2. Назарияи эхтимолият.
  3. Усули статистики.
  4. Усули риёзии барномасози.

Гурухбандии карори идоракуни аз руи характеру хусусияташон низ гуногун мебошад:

1. Аз руи субъекти идоракуни: карорхои органхои давлати, хоxаги, сохибкори ва ташкилоти чамъияти.

2. Аз руи таъсиррасони ба ояндаи корхона: стратеги ва тактики.

Карорхои стратеги роххои асосии инкишофи корхонаро нишон медиханд.

Карори тактики усулхои мушаххаси ба максад расидани корхонаро нишон медиханд.

Карорхо вобаста аз Дарачаи ичрошавияшон ба директиви, тавсияви ва нишони чудо карда мешаванд.

Карори директиви асосан аз тарафи органхои болойии идоракуни кабул карда мешаванд, дар холатхои мунтазамии иктисоди оид ба масоилхои мухимии перспективи — ташкили ва барои ичроиши хатми ба зинахои поёни фиристонида мешаванд.

Карори тавсияви аз тарафи органхои маслихати кумита ва комиссияхо пешниход карда мешаванд, лекин ичрои онхо чандон зарурат надорад.

Карори нишони хамчун карори директиви барои зинаи поёни равон кардашудааст. Аммо онхо дар шароити озод аз марказ амал мекунанд.

хамин тарик, дар баробари омилхои микдории карори идоракуни, инчунин омилхое дучор мешаванд, ки бо нишондихандахои аники микдори вобастаги надоранд. Ин омилхо — холатхои рeхи ва рафтории одамон мебошанд.

Карорхо аз руи мохияти функсионали ба 5 гурух чудо мешаванд: ташкили, танзимкунанда, хамохангсоз, фаъолгардон ва назорати. Мисоли карори ташкили ин карор оид ба ташкили чамъияти саххоми, ё худ корхонаи хурд ва Гайра шуда метавонад.

Карорхо вобаста аз тарзи кабул интихоби ва системави мешаванд. Вобаста аз карори иштироккунандагон карорхо инфироди ва коллективи мешаванд. Аз руи тарзи кабул мешаванд консултативи, якxоя ва парлумони.

Карорхо вобаста аз доираи фаъолияташон 2 навъанд: махсус ва умуми.

Карори махсус барои як шуъбаи корхона, ё як мушкилии алохидаи махсус бароварда мешавад.

Карори умуми бошад барои тамоми корхона кабул мешавад. Вобаста аз муайянии карорхо навъхои пешаки дар барномагирифташуда ва бебарномави маълум аст. Аз руи доираи ичроиши карор ба навъхои зерин чудо мешаванд: истехсоли, таъминоти, тадкикоти, кадри ва Гайра. Аз руи мазмун хелхои техники, иктисоди ва ичтимои онхо низ татбик мегарданд.

Моделсозии холатхо. Моделсози яке аз усулхои асосии тадкикоти системаи истехсолию иктисоди мебошад. Мафхуми моделсози усули нишон додани хакикати объективие, ки дар асоси омузиши реалии объект бо рохи сохтани модели махсус ичро гардида, он хислати холати омузиши объектро муайян месозад.

Вобаста аз усули инъикоси, чунин моделхо вучуд доранд.

1. Моделхои модди боз ба 3-гурух чудо мешаванд: фазомонанд, табии ва риёзи.

Модели фазомонанд – оид ба бахо додани фазои хандасавии объекти идоракуни, яъне заводхо, бинохо, нохияхо ва шахрхо истифода бурда мешаванд.

Моделхои табии – муайян кардани хусусиятхои хоси табиии объекти идоракуниро ташкил медихад. Ин xо албатта, конунхои табии-физикии объект дар назар дошта мешаванд.

Моделхои риёзи – шакли инкишофёфтаи моделсози буда, доир ба дараxа ва рафтори микдории ин ё он объекти идоракуни ахбор медихад.

2. Моделхои Гояви — дар навбати худ ба 3 гурух чудо карда мешаванд:

Модели навиштаxоти – муносибати объектро дар шакли фикри нигориш медихад.

Модели аёни – объектро дар шакли воситахо ва унсурхои аёнии тартибдодашуда инъикос мекунад.

Модели нишонави – унсурхои объектро бо ёрии нишонахо муайян менамояд.

Максади нихоии моделсозии системаи истехсолию иктисоди тайёр кардан ва кабул намудани карори идоракуни аз тарафи рохбар мебошад.

Модели иктисоди – истехсолиро аз руи аломатхояшон ба гуруххои зерин чудо мекунанд:

  • максади моделсози;-функсияи идоракуни;-даврахои идоракуни;-усули риёзи.

3. Даврахои тайёри ва кабули карори идоракуни

Карори идоракуни хамчун Чараёни идоракуни мебояд даврахои муайяни технологиро гузарад.

Даврахои Чараёни кабули карори идоракуни ба тартиби зайланд:

1. Тахлили холатхо. Зарурияти кабули карори идоракуни хангоми пайдо шудани ахбор доир ба мухити дохили ва берунии корхона оид ба таГйироте, ки дар ичрои функсияи системаи идорави, ё холати идоракунии корхона ба миён меояд, пайдо мешавад. Бинобар ин яке аз шартхои асосии кабули карори дурусти идоракуни тахлили холатхо мебошад.

2. Муайян намудани мушкилот. Кадами аввал барои халли мушкили муайян намудани худи он мебошад.

Доир ба омузиши мохияти мушкили ду нуктаи назар вучуд дорад:

  1. Мушкили хамчун холате омeхта мешавад, ки халли он бо максад ба миён гузошта шуда ичро шуда истодааст, ё ба дараxае, ки мавчуд буд, фарк мекунад.
  2. Мушкили хамчун имконоти баландбардории самараноки маънидод мешавад.

3. Муайян кардани ченаки интихоб. Пеш аз он ки мо шаклхои халли мушкилихои мавчударо дида бароем, бояд нишондихандахоеро муайян созем, ки ба воситаи онхо мукоиса ва интихоби варианти бехтарин пешниход мешавад. Ин нишондихандахоро ченаки интихоби меноманд.

4. Коркарди шакли интихоби. Таxрибаи кории рохбарон нишон медихад, ки хуб мебуд, агар мо якчанд шаклхои интихобии халли масъаларо пешниход карда тавонем. Дар холате, ки интихоби шаклхои гуногун мавчуд аст, интихоби оптимали низ имкон дорад.

5. Интихоби шакл. Баъди кор карда баромадан шаклхои гуногуни халли масъала ба мо зарур аст, ки онхоро ба таври чудогона бахо дода, xихатхои мусби ва манфии онро аник намуда, бо якдигар мукоиса намоем.

6. Мувофиккунонии карор. Дар шароити Имрузаи мураккабии системаи идоракуни, чунин вазъияте ба миён омадааст, ки тайёр кардан ва коркарди карорро як гурухи рохбарон, кабули онро гурухи дуюми рохбарон ва ичроишашро гурухи сеюм таъмин менамоянд.

7. Идоракунии ичрои карор. Чараёни карори идоракуни дар давраи кабули он ба охир нарасида, балки дар давраи нав — давраи нихойи, яъне ичроиши карор чамъбаст мегардад.

Барои ичрои самараноки карори идоракуни пеш аз хама номгeи корхо ва захирахо муайян карда шуда, баъдан ичрокунандагон ва мeхлати ичроиши карор маълум мегардад.

8. Назорат ва бахои натоиx. Баъд аз он ки карор дар зинаи ичроиш амал мекунад, раванди идоракуни мебоист катъ нагардад, то он даме ки бовари хосил накунем, ки карори кабулкардаи мо мусбат аст ё не?

9. Ичрои карор. Тарзу усули ичрои карор бевосита аз мазмун ва шароитхои объективие, ки ин карор амали мегардад, вобастаги дорад, на аз хохиш ва кордонии рохбарону коргарон. Талаботи карор бояд амалишаванда бошанд.

Талаботи дуюми ичрои карор ин самаранокии он мебошад, яъне, самарае, ки аз амали гардонидани карор ба даст дароварда мешавад, бояд, ки хароxотро пeшонида, фоида ба даст оварда шавад.

Усулхо ва роххое, ки дар вакти ичрои карор истифода карда мешаванд, бояд аник бошанд ва барои натоиxи дилхох ба даст даровардан кeмак расонанд.

Талаби сеюм, усули ичрои карор буда, бояд, ки хато набошад ва хатто Дарачаи ночизи таваккалро таъмин намояд.

Муваффакияти халли мушкилот аз таъсири 3-гурухи омилхо вобаста аст: ташкили, модди ва фарди.

Ба омили ташкили кобилияти корхона, ки барои ичрои карор мутобик шуда, масоилхоро муайян намуда, вакти ичрои онро аник менамоянд ва роххои ичроишро ташкил мекунад, дохил мешавад.

Ба омили модди ичрои карор он захирахое ки барои ичро шудани карор кeмак мерасонанд: захирахои табии, технологи, техники, ахбори, иктисоди дохил мешаванд.

Омили фарди, ки ба ичрои самараноки карор таъсир мерасонад, Дарачаи зарурии ихтисосмандии рохбарон, таxриба, дониш, Дарачаи дарки масъала аз тарафи мутахассисони бахши идорави ба шумор меравад.

4. Ташкили идоракунии таваккалкории менечмент

хар як фаъолияти идоракуни то андозае бо худ Дарачаи таваккалиро дорад, ки он ба хислату Дарачаи объекти идоракуни, мухити берунаи он, инчунин макоми шахсият дар Чараёни таъсиррасони вобаста мебошад.

Мафхуми «таваккал» чандтарафа мебошад. Аз ин рe, фахмиши онро дар омузиши илми идоракуни мо бояд дар алокамандии чунин фахмишхо: номуайяни, эхтимолият, шароити норавшан, шароити таваккал биомeзем.

Мувофики акидаи риёзидонон номуайяни гуфта, холате меноманд, ки натичаи фаъолият аз руи эхтимолияти вариантхои гуногун маълум мегардад. Таваккал хамон вакт пайдо мегардад, ки агар фаъолият ба интихоби вариантхое равона карда шуда бошанд, ки эхтимолияташ маълум мебошад.

Мафхуми таваккал ва номуайяни дар назарияи бозихо, барномасози бисёртар истифода бурда мешавад. Солхои охир он дар иктисодиёт, сиёсат, назарияи идоракунии менечмент, инчунин дар сохаи хукук ва суГурта истифода карда мешаванд.

Ташаккули муносибатхои бозори дар Тоxикистон Чараёни зарурияти тадкикоти таваккали сохибкори, молиягузори, суГурта ва бонкиро ба миён овардааст.

Новобаста ба ин, мушкилоти таваккалкори то хол пурра омeхта нашудааст. То хол мохияти таваккали сохибкори, шаклхо, сохахои истифодабари ва воситахои идораи он ба таври кофи омeхта нашудаанд.

Таваккал ва номуайяни хамчун кисми таркибии фаъолияти хоxаги ва идорави мебошад. Номуайяни хамчун холате бахо дода мешавад, ки эхтимолияти натичагирии он маълум нест. Аксар маврид чунин холатхое мешаванд, ки омилхои таъсиррасонанда бори аввал пайдо мегарданд ва дар бораи онхо ахбори аник гирифтан Гайриимкон мебошад. Бинобар ин, натичагирии карори идоракуниро пешгeи кардан хеле мушкил аст, махсусан, дар шароите, ки суръати баланди ивазшавии холатхо мушохида мешавад. Асосан менечерхо вакте ки дар ин холатхо меафтанд, харакат менамоянд, ки ахбори иловагиро бо роху усулхои озмоиши, ё ин ки мухокимаи масъала бо экспертхо ахбор дастрас намоянд.

Мафхуми муайяни вобаста ба шароити коркард ва кабули карори идорави мебошад, агар рохбар пурра ва аник ахбори идоракуниро дошта, дар бораи натоиxи он хисобхои асосноки худро сохиб бошад. Масалан, маълум аст, ки афзоиши мавод ва кувваи кори дар корхона дар 6 мохи оянда чи тавр сурат мегирад.

Кайд кардан зарур аст, ки холатхои пурраи муайяни дар корхонахо кам дида мешаванд.

Мафхуми таваккал дар иктисодиёт дар навбати аввал «зарар диданро» бо худ дорад. Яъне, эхтимолияти зараре, ки вобаста ба номуайянии холат ба даст дароварда мешавад, дувум гирифтани фоидае мебошад, ки дар натичаи кам кардани эхтимолияти таваккал ва чори намудани навовари ба даст дароварда мешавад.

Дар менечмент фахмиши мафхуми «таваккал» пеш аз хама ба хислат ва мураккабии мушкили, шароити кабули карор ва холати он нигаронида шудааст. таваккали идоракуниро хамчун хислатномаи фаъолияти идоракуние, ки дар шароити номуайяни кабул карда шудааст, бо сабаби кам будани ахбор, инчунин хамчун ченаки самаранокие, ки бо эхтимолияти шароитхои манфии ичрои карор вучуд дорад, фахмидан мумкин мебошад.

Андозаи зарари ташкилот, ки дар натичаи фаъолияти идорави дар шароити номуайян кабул шудааст, нархи таваккал, ё ин ки маблаГи таваккал меноманд.

Таваккал дар натичаи раванди фуруши махсулот, ё ин ки хизматхо пайдо шуда, хамчун натоиxи фаъолияти рохбар баромад мекунад.

Бо ин максад хар намуди таваккалро алохида дида мебароем.

Таваккали маркетинги – стратегияи мушаххаси ташкилот, ки дар асоси аз даст додани хиссаи бозор, кам шудани хачми фуруш ва фоидаи корхона, инчунин эхтимолияти пайдоиши таГйирёбии негативи дар мухити беруна, афзоиши нарх ба барандагони энергия ва Гайра пайдо мегардад.

Таваккали молияви – аз руи хачми зиёди зарар, камшавии даромади коГазхои кимматнок, дар натичаи бeхрони молияви ва пастшавии курби арзи хориxи пайдо мегардад. Таваккали молияви нисбат ба дигар намудхои таваккали тезтаГйирёбанда ва гуногун мисли: фоизи карзи, арзи хориxи, бозори, бекурбшаванда ва Гайра мебошад.

Таваккали истехсоли – дар холати зиёд шудани хароxоти чории корхона нисбат ба накшаи тиxорат бо сабабу холатхои номаълум кабул карда мешавад.

Акнун намудхои таваккали ичтимои ва иктисодиеро дида мебароем, ки бештар дучор мешаванд:

Таваккали иктисоди:

  • гум кардани боигарии милли;-паст шудани кобилияти ракобатнокии мамлакат;-паст шудани диккатxалбкунандагии инвеститсионии иктисоди;-кам шудани хачми МДМ ба хар сари ахоли;-зиёд шудани Дарачаи бекурбшави.

Таваккали ичтимои:

  • кам шудани таъминоти ичтимои ахоли;-зиёд шудани бемори ва муриши ахоли;-холати бади демографи;-паст шудани Дарачаи маълумотнокии ахоли.

Таваккали экологи:

  • ифлосшавии мухити зист;-буриши xангалхо, эрозияи хок.

Таваккали сиёси:

  • таГйир ёфтани сиёсати иктисоди;-хавфи мунокишахои милли;-моратория ва эмборги тиxорати.

Асосноккунии таваккал дар Чараёни идоракуни. Дар холатхои бeхрони иктисоди бисёр таваккалхое пайдо мешаванд, ки аз руи мазмун, сарчашмаи пайдоиш, эхтимолият, хачми зарар ва дигар нишонахо сохибкории алохида ва ё иктисодиётро пурра дарбар мегиранд.

Бинобар ин барои мо зарур мебошад, ки дар идоракуни мутахассисони касбии таваккал – менечерхоро тайёр намоем.

Идоракунии таваккал гуфта, Чараёни коркард ва амалияи карорхои таваккалии идоракуниро меноманд.

Карорхои таваккали гуфта — карореро меноманд, ки дар холати номуайяни кабул карда мешаванд, агар эхтимолияти натоиx маълум бошад. Кабули карори таваккали гуфта, асосноккунии хаматарафа, инчунин эхтимолиятхо ва параметрхои таваккалиро меноманд.

5. Роххои амали гардонидани карори идоракуни ва назорати ичроиши карор

Кабули карор Чараёни бисёрзинагии ташкили буда, алокаи мураккаби бевосита ва баръакс дорад, ки фаъолияти зехни аъзои ташкилотро ба истифодаи усулхо ва шаклхои гуногуни техникии чамъовари, коркард ва расонидани ахборро якxоя дарбар мегирад.

Технологияи коркард ва амалигардонии карори идоракуни. Чараёни коркард ва амалигардонии карори идоракуни фаъолияте мебошад, ки аз руи технологияи муайян ва истифодаи системаи барномавии ахбор доир ба муайян кардани холатхои идоракуни бо ро³и ташаккулёби ва амали гардонидани таъсиррасони ба объекти идора амали мегардад.

Барои фахмиши мураккабии Чараёни кабули карори идоракуни мо бояд ду холати мухимро чудо намоем:

1. холатхое, ки дар Чараёни кабули карори ташкили аъзоёни коллектив, мутахассисон ба холати хакики не, балки ба холате, ё моделе, ки бори аввал мебинанд, рeбарe мешаванд. Чунин моделхо дар шакли навиштаxоти графики ва дигар накшахо, ки мафхумхоро ифода мекунанд, нишон дода мешаванд.

2. холате, ки дар Чараёни кабули карор барои ташкили идоракуни бо xустуxe, фахмиш ва омeзиш сурат мегирад.

Яке аз усулхои самараноки кабули карори идоракуни усули абстрактивии холатхо мебошад. Он аз хамаи вариантхои мавчудбуда интихоб карда гирифтани модели самараноки идоракуни дар назар дошта мешавад.

Усули дигаре, ки дар вакти ичрои карори идоракуни истифода карда мешавад, истифодаи моделхои риёзи ва барномасози мебошад.

Карори идоракуни дар системаи менечмент хамчун махсулоти мехнати идорави мебошад. Самаранокии идорави аз руи натичаи фаъолияти идорави ва хароxот муайян карда мешавад.

Бинобар ин сифати ичрои карори идоракуни нишонаи бахои хуби карори идоракуни мебошад.

Нишондихандаи сифатии ичрои карори идоракуни, пеш аз хама тавсифи фаъолияте мебошанд, ки баъди чори намудани карори идоракуни дар корхона пайдо мешаванд.

Талаботи асосие, ки дар вакти ичрои карори идоракуни зарур мебошанд, ба тартиби зайланд:

Талаботи аввал ба саривакти будани карор вобаста аст, яъне кабул ва ичрои он бояд ба мeхит ва давраи ичро мутобикат намояд..

Талаботи дуввум он аст, ки зиддият надоштан ба карорхое, ки мо каме пеш кабул кардаему холо натичаашро хуб хам надидем. Бинобар ин, пеш аз кабули карор ва саршавии ичрои он бояд, ки ба хамаи xузъхои истехсолии ин карор мутобик кунонида шавад.

Талаботи сеюм хакики будани мeхлати ичроиши он аст. Мувофики коидаи менечмент хар як фаъолият аз руи меъёрхои физиологи, иктисоди ва табии сурат гирифта, ба сифату самаранокии захирахо зарари худро нарасонад.

Талаботи чоруми ичроиши карор конуни будани карори идоракунист. Барои он ки карор амали гардад, пеш аз хама вай бояд дар асоси конун аз тарафи органхои салохиятдор кабул карда шавад.

Талаботи панчум мавчудияти мухити хуби ичтимои-рeхи дар корхона дар холати татбики карор ба хисоб меравад.

Талаботи шашум назорат ва бахои хар як давраи ичроиши карор мебошад, ки мувофики талаботи менечмент хар як татбики он бояд назорат карда шуда, бахо дода шаванд.

Барои таъмини саривактии ичроиши карори идоракуни Гайр аз талаботи дар боло номбаркардашуда, бояд менечменти корхона кори худро дар равияхои иктисоди, ичтимои-рeхи ва ташкили аз руи равандхои зерин таъмин намояд:

Доир ба раванди иктисоди:

  1. Истифодаи пурраи манфиати иктисодии иштироккунандагони Чараёни коркард ва ичрои карор.
  2. Истифодаи самаранок ва максадноки захирахо дар хамаи даврахои ичроиши карор.

Доир ба раванди ичтимои — рeхи:

  1. Баланд бардоштани кобилияти касбии рохбарон.
  2. Асосноккунии илмии ташаккули коллективхои мехнати.
  3. Инкишофи хавасманди ва фаъолгардонии эxодии коргарон.
  4. Васеъгардонии иштироки хайати корхона дар хама давраи ичроиши вазифахо.

Доир ба раванди ташкили:

  1. Бехтар кардани ташкили мехнати коргарони идорави.
  2. Бехтар кардани ташкили харакат ва истифодаи воситахои корхона.
  3. Банакшагирии Чараёни коркард ва ичрои карор.
  4. Баланд бардоштани хосилнокии мехнати коргарони идорави.
  5. Кам кардани харочотхои молияви ва мехнати дар коркард ва кабули карори идоракуни.
  6. Бехтар кардани назорат ва баланд бардоштани Чавобгарии рохбарон ва ичрокунандагони карор.

Байни кисматхо ва даврахои чудокардашуда алокаманди, пайдарпайи ва хамоханги бояд вучуд дошта бошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *