Фанни Менеҷмент

Таърихи пайдоиш ва мактабхои классикии. Инкишофи менечмент

  1. Даврахои таърихии пайдоиш ва инкишофи менечмент
  2. Мактабхои классикии менечмент ва инкишофи фикру акоиди идоракуни
  3. Шаклхои таърихии пайдоиши моликият ва

инкишофи менечмент

  1. Даврахои таърихии пайдоиш ва инкишофи менечмент

Дар Юнони кадим калимаи «менечмент» истифода намешуд. Ба ин мазмун монанд калимаи «masteк» бо мазмуни шахси «кобанда», «xустуxeкунанда» истифода мешуд. Санъати идоракунии одамон дар забони юнони «демогогия», яъне «demos – халк, аgо – мебарам» дар забони тоxики маънои «рохбарии халк»-ро дорад. Баъдтар реxаи давлатдоронро «despoteia» яъне хукмронии беандозаи шахсони алохида аз болои мардум меномиданд. Аммо дар навбати аввал «деспот» маънои сохибхона, сохибмулк, сардорро бо худ дошт. «Деспотия» ин хукмронии Гуломдорро ба Гулом меномиданд. Деспотизм – шакли рохбарие мебошад, ки дар асоси хукмронии бехудуди шахсон ташкил карда шудааст. Асоси калимаи «деспотизм» ин «des» буда, маънои «баста»-ро дорад.

Оиди «рохбари» ва вазифадори дар кадим тоxикон низ гуфтахои зиёде мавчуд мебошад.

хануз аз даврахои кадим дар мардумони эронитабор, аз чумла тоxикон амалдоронро аз руи унвонхои “солор”, “сарвар”, “pаис”, “мир” “мухосиб”, “амлокдор”, “мeхрдор”, “котиб”, “дастархончи” ва гайра ном мебурданд.

Баъди ба миён омадани давлатдории Рими кадим, дар забони лотини калимаи «mancepts» – сохибкор, хамкор пайдо шуд. Инчунин «mancipiгm» маънои хукуки моликиятдориро дошт, ки аз ду кисм иборат буд: «manгs» – даст, хукмрони ва capio» – боигари, капитал. Манафактура низ бо чунин маъно пайдо гаштааст. Яъне «manГs» – даст «factГкa» — тайёр кардан.

Таърихшиноси немис И. Шнайд калимаи «менечмент»-ро аз этимологияи итолиёви ёфта менависад, ки «maneggiaкe» – «кобилияти идора кардани асп»-ро дорад. Бо ин монанди калимаи англисии «manage» на факат идора кардан, балки «донишманди», «хакимиро» низ дар назар доштааст. Аз ин нуктаи назар «Идора кардан илми кулл ва санъате мебошад, ки вазифаи хавасмандии одамон ва рох нишон доданро барои ичрои он максадхое, ки дар назди онхо гузошта шудааст, фаро мегирад».

Дар маxмeъ гуфтан зарур аст, ки дар «Идора кардани асп» ва «Идора кардани одамон» шаклхои гуногуни идоракуниро истифода кардан мумкин аст. Яъне аз рафтори даГалона то муносибати дeстдорона.

Сотсиологи немис Макс Вебер навиштааст, ки чун капитализм ба Дарачаи аълои худ расид, функсия ва фаъолияти менечерон низ таГйир ёфт, яъне омузиши психологияи истеъмолкунанда ва талаботи онхо макоми асоси дорад. Сохибкор бошад, аллакай моликиятдори хусуси ва сохиби капитал буд.

Дар даврахои аввали пайдоиши моликиятдори «менечер» — гуфта шахсеро меномиданд, ки сохибмулк дар вакти набудани худ ба ӯхдаи e кори худро мегузошт. Баъдан ӯро хамчун xонишини капиталист меномиданд, ё ин ки «кӯдаки дар давутоз» меномиданд. Баръакс калимаи «директор» маънои «моликиятдор», ё худ шахси ба камол расидаро дошт.

Таърихнависон давраи инкишофи менечментро чунин шаpх медиханд:

  1. Инкилоби аввали менечмент 4-5 хазор сол пеш дар давраи Гуломдории Шарки Кадим ба вучуд омадааст. Дар ин давра одамоне пайдо гаштаанд, ки урфу одат ва талаботи динии мардумро таГйир доданд, яъне ба xои курбонии одамон онхо курбонии рамзии дигарро чори намуданд. Дар натича ин диндорон аз хисоби курбонии мардум пулу мол, гову гeсфанд, равГану дигар асбобхо бой шуда, гурухи одамони навро ташкил доданд. Ин гурухи одамон на тоxир ва на капиталист буданд, балки бо ном барандагони урфияти дини буданд, дар як мeхлати кeтох боигарии калонро ба даст дароварданд. хамин тарик, дар давраи якуми инкилоб менечмент хамчун восита, ё асбоби дин ва тиxорат ташаккул ёфт. Махз дар хамин давра навиштаxоту сабти амвол ва хисобу китобу назорат чори гашта буд.

“Чуноне ки дар китоби Б. Гафуров «Тоxикон» омадааст «Нахустин сарчашмахои хаттии санави, ки дар бораи Осиёи Миёна маълумот медиханд, дар асри VII-VI пеш аз мелод дар ин сарзамин сукунат доштани кавлу тоифахои эронинажод — суГдиён, бохтарихо, марГиёнихо, хоразмихо ва Гайраро хотирнишон намудаанд”1.

  1. Инкилоби дуюми менечментро баъди хазор сол, ба давраи хукмронии шохи Бобул Хаммурапи (1792-1750 то давраи мо) мансуб медонанд. Дар замони хукмронии Хаммурапи, ки даврони зиёдеро дар бар мегирифт, одамон маxбур шуданд, ки системаи идоравиро фикр карда бароянд. Махз дар хамин давра 285 конуни идоракуни доирахои гуногуни хаётиро кабул намуданд, ки нишонаи кимматноки хукуки ва давраи муайяни таърихи менечмент дар Шарки Кадим мебошад.

Бартарии ин давра дар он мебошад, ки аввалин маротиба системаи маъмури пайдо гашт.

Ин системаи маъмури барои подшохони баъдина хамчун навовари кабул карда мешуд.

хамин тарик, бартарии давраи дуюми инкишофи таърихии менечмент дар он аст, ки аллакай системаи ташкил ва танзими муносибатхои одамон пайдо гаштааст.

Мисол якчанд конунхои ин подшохро овардан мумкин аст, ки кариб то замони мо дар баъзе давлатхо истифода мешуд.

хамин тарик, маълум мегардад, ки мaхз дар давраи 2-юми инкишоф менечмент аллакай мавкеи худро хамчун як шакли фаъолият ва соха пайдо мекунад. Дар ин давра одамон маxбур буданд, ки касбро бо тамоми нозукихояш омeзанд ва хамчун шахси касбии соха-менечер баромад кунанд.

  1. Инкилоби сеюми идоракуни – баъди хазор соли аз байн рафтани Хаммурапи, Вавилон боз аз нав дар маркази инкишофи менечмент карор гирифт. Шох Навeхудонассор (605-562 то мелод) хамчун муаллифи лоихаи манораи Бобул, боГхои гуногун, назорат дар коргоху дeкон ва Галла мебошад.

Менечмент дар ин давраи таърихии худ хамчун системаи истехсолию сохтмони шинохта мешавад. Дар хазораи IV пеш аз милод дар Xануби Туркманистон нахустин иншооти обёри пайдо шуд, ки дар тамоми Шарки пеш кадимтарин иншоот ба хисоб мерафт1. Ин низ аз мавчудияти идораву корбари шаходат медихад, ки Имрузи Туркманистон сарзамини мардуми шахрнишини эронитабор ва баъдхо ватани парфиянихо буд.

  1. Инкилоби чоруми менечмент – ба давраи инкилоби саноати асрхои ХVIII-ХIХ рост меояд. Ин давра капитализми аврупоиро ба вучуд меорад. Инкилоби саноати ба назария ва амалияи идоракуни таъсири калон расонид. Дар ин давра аллакай капиталистони калоне ба вучуд омаданд, ки на як ё ду нафар буданд, балки хазорхо одамонро ташкил мекарданд.

Инчунин ба xои як менечер якчанд менечерон пайдо гаштанд. Дар ин давра хачми умумии махсулот зиёд мешавад, суръати гардиши сармоя меафзояд, амалиётхои бонки васеъ мегарданд.

Дар ин давра идоракуни аллакай аз доираи фахмиши умуми берун баромада, чун дониши махсус, тарзу усули навро талаб мекунад. Идоракуни ба системаи мураккаби услубу усул, коидахо, воситахои техники ва технологи мубаддал мегардад, ки барои ичрои он дониши касбиро талаб менамояд.

Инкилоби чоруми менечмент ба инкилоби буржуази рост меояд, ки шахсияти нав «капиталист»-ро ба миён меорад. Дар замоне, ки капиталист медонад, ки худаш танхо аз ухдаи идора кардан намебарояд, шахсияти нав — «менечер»-ро ба миён меорад.

  1. Давраи панчуми инкилоби менечмент. Давраи инкилоби саноати ва капитализми классики ба миён омад. Дар миёнаи асри ХIХ дар замони монополизм мактабхои аввали бизнес пайдо шудаанд, ки менечерони касбии худро тайёр мекарданд. Дар ин давра менечер хамчун синфи алохидаи мутахассисони касби чудо шудааст, ки давраи панчуми инкишофи идоракуни мебошад.

Инкилоби саноати исбот намуд, ки мохияти функсияи идоракуни аз функсияи молиявию техники кам нест. харчанд ки иктисодчии бузурги миёнаи асри ХIХ Адам Смит ба ин ш¢бха дошта менависад, ки кахрамони асосии ин давра «менечер — фабрикант», ё худ «капиталист» мебошад.

Дар солхои 60-уми асри XIX иктисодчии бузурги немис К.Маркс асари «Капитал»-ро навишта ба кобилиятнокии идоравии капиталистон нобоварона назар дошт.

Баъдтар олимони илми идорави фахмиданд, ки «капиталист» дар идоракунии истехсолот шахси асоси нест ва xои вайро бояд дигар шахс гирад. К.Маркс ва Ф. Энгелс навиштаанд, ки ин мавкеъро бояд синфи «пролетариат» гирад ва хато хам накарданд. Чунки дар замони шeрави хамин тавр хам шуд. Аммо дар баробари ин боз як шахсияти дигар яъне «давлатдор» ба миён омад, ки сохиби корхонахои калон, заводу фабрикахо ва моликияти зиёди аксионери шуда, капиталистро аз майдон берун бароварданд. Дар чунин як вазъият ду нуктаи назар, яъне бо гуфтаи Гегел, К. Маркс, Ф. Энгелс, В.И. Ленин xои капиталистро бояд синфи коргар гирад, вале бо гуфтаи сотсиологхои америкои чун М. Иритмен ва сотсиал-демократхои немис М. Ребер, Э. Бернштейн ва К.Шмит «маъмурият» дар давлат ва сохтори хусуси дар иктисодиёт макоми баландро сохиб мегардад ва хамчун як кисмати алохидаи ичтимои амал мекунад. Солхои 40-уми асри ХХ Ч. Бернайм китоби «Инкилоби менечери»-ро менависад, ки дар он гуфта мешавад, ки «синфи капилатистро синфи идора ё худ рохбарон» аз майдон берун бароварданд.

Бернайм менависад, ки моликият ин факат сармояи модди набуда, пеш аз хама ин назорат мебошад. Яъне агар назорат набошад, моликият низ нест. Назорат бошад дар дасти «менечерон» аст, бинобар ин маънои пешинаи моликият мохияти худро гум мекунад.

Дар солхои 60-уми асри XIX дар илми назариявии менечмент як инкилоби калоне ба вучуд омад. Олимон, иктисодшиносони зиёд аз кабили Р.Симсон, Ф. Гилбрет, Д. Белл, Ч. Шумпетер, Р. Самуэлсон, П. Друкер ва дигарон асархои зиёдеро навиштаанд, ки то замони мо мавкеи худро гум накардаанд.

Вобаста ба талаботи замон ва инкишофи иктисоди дар шахрхои кадимаи Шарк ба монанди Бухорои Шариф, Самарканд, БаГдод, Марв, Нишопур, Балху хирот мадрасахои махсуси шахсони идорави пайдо мегардад. Ин xавонон дар ташкилоти давлати кор карда, хуxxатхои тиxорати, мактубхо дастуроти бахисобгири, хисоботхо менавистанд. Асосан дар омузиши ин рохбарон бисёртар ба фанхои фалсафа, фикх, калом, мантик, таълим, равоншиноси, риёзи, фархангу адаб, луГат ва амсоли ин диккати махсус медоданд.

  1. Мактабхои классикии менечмент ва инкишофи фикру акоиди идоракуни

Новобаста ба он, ки инкилобхои якуми идоракуни дар Шарки Кадим ба вучуд омад дар Юнон — ду хазору панчсад сол пеш то давраи мо пешравии калон дар инкишофи идора ва рохбари, яъне менечмент пайдо гашт. Мардуми Юнон якумин шуда иктисоди бозоргониро ташкил намудаанд, ки дар асоси мехнати халолу тоза ва маданияти баланд ва тиxорати одилона ба рох монданд.

Юнониён нисбат ба хушки дар бахр вакти худро зиёд мегузарониданд.

Барои ин давлати хурди дар домани кeхистон xойгирифта бахр сарчашмаи асосии зиндагонии мардум, магистрали наклиёт ба дигар давлатхо ва бо хамин рох воситаи гирифтани фоида буд. хамаи ин натичаи он буд, ки аввалин мактаби таxрибавии идоракуни Юнони Кадим ба хисоб меравад.

Санъати идоракуни дар забони Юнони «кибернетика», идоракунии кишти, ё худ киштирони – «кибернесис» ном дошт, ки баъдтар ин номро ба «рохбарон» ва «подшохон» низ мегуфтанд.

Дар хакикат тартибот дар киштии Юнониён як мактаби намунавии идоракуни буд:

  • вазифахои хар як кас аник таксим шуда буд;
  • системаи ягонаи идоракуни амал мекард;
  • мувофиккунонии фаъолият.

Идоракуни дар киштихои антикаи юнони яке аз аввалин моделхои ташкили дурусти корхонаи тиxорати ва бизнеси хурд буд.

Ба хайати киштии юнонихо, ки киштиронон ва тоxирон дохил мешуданд, доимо навоварии сохибкори ва таваккали сохибкори дида мешуд. Онхо на факат мол мефурухтанд, балки урфу одат, маданият, шаклу усули рохбарии худро ба дигар давлатхо пахн мекарданд.

Шиновари дар бахр албатта кори осон набуд, ин аз одамон пеш аз хама кордони, акли солим, донишу зираки талаб мекунад. Юнониён, инчунин дар бандархое, ки меистоданд, хело хам тозаю озода ва намунави буданд.

Коргарони ин бандархо сохтмончиён, киштисозон, тоxирон ва молиячиён буданд. Дар ин бандархо хариду фуруш, доду гирифти молу пул амали мегашт. Хизматхои гумруки ва мухофизати пайдо шуда буданд, ки киштихоро аз Горатгарону дуздон мухофизат карда, карзхо ва кeмакпулихо медоданд. Аллакай амборхои нигохдории молхо, шартномахои тиxорати баста мешуд, ки асосашро сохибкории «халол» ва одилона ташкил медод. хатто файласуфи бузург Афлотун дар аксари асархои худ калимаи «кибернетика»-ро истифода мекунад, ки ба маънои санъати болои идоракунии шахрхо кабул шудааст.

Идоракуни дар забони юнони бо, дигар калима гуфта мешуд. Чунончи дар сохаи харби «кайранео» (идора кардани майдони xанг), дар хоxаги бошад «ойкономика» (мудири хоxагии хона) ном дошт. Фахмиши Имрузаи «Экономика» аз хамин xо сарчашма мегирад. Мардуми Афинa давлатдории худро дар асоси моликияти якxояи давлати ва хусуси сохтанд. Асоси моликияти хусуси ин хоxагихои оилави дар дехот буд, ки «ойкос» ном гирифта буд.

Афлотун «Ойкономикаро»-ро дар идоракунии полис хам истифода кардааст.

Масxиди католикии Рим яке аз системаи намунавии самаранок ва босуботи идоракунии марказонидашуда буд. Ин системаи идоракуние мебошад, ки якчанд оилахо ва корхонахои автономии хоxагии кишлокро дар бар мегирад.

Юнони кадим дар як м¢хлати кeтохи таърихи ба як давлати зебое мубаддал мегардад, ки тамоми намуди зироат ва зотхои чорво парвариш карда мешуд.

Системаи баланди интенсивии хоxагии кишлок ба он оварда расонид, ки юнониен дар бозори аграрии Осиё ва Шарк ракобат нишон дода метавонистанд, хатто дар минтакахое, ки заминхои хеле хосилхез дошта, маданияти баланди зироатчиги доштанд, ба монанди эрониён чиниён ва юнониён эътироф шуда буданд.

Яке аз хусусияти хоси хоxагидории юнонихо дар он буд, ки кадом сохае набошад, хох хоxагии кишлок, сохтмон, тиxорат, ё мохидори онро ба сохаи «риёзиёти амали» табдил дода буданд. Юнониён хамаи чизро хисобу китоб мекарданд: Мисол дар ангурпарвари – чи кадар нури зарур аст, барои навъи муайян ва намуди хоки муайян, то ки тамъи вино дигар нашавад: чи микдор дарахти ангур шинонанд, чи тавр заминро дуруст истифода намоянд, канали обро чи хел кобанд, ки камхарxу самаранок бошад ва таркиби хокро вайрон накунад, ба назар гирифта мешуд.

Бинобар ин нисбати ин халк чунин акидае хаст, ки юнони — косиб, тоxир, зироаткор, зирак ва ба хамаи навовари ва таваккалкори тайёр, ба максади баланд бардоштани хосилнокии мехнат ва сифати мол аст.

Файласуфони бузург Сукрот, Афлотун, Гераклит, Арасту, ки то имруз бо бузургии худ дар xахон маъруф шинохта мешаванд, мохияти устувори мехнатро хамон вакт бахо медиханд, ки агар он бошуурона буда, дуруст ташкил карда шуда бошад. Мехнати устувор, мехнати хамон зироаткореро мешуморанд, ки агар пойдевори зиндагии ин шахс бошад.

Мехнати Гуломе, ки аз воситахои истехсолот чудо буда, бешуурона, нофахмо ва беаклона ичро мешавад, хеч гох ба мехнати намунави, хавасманди, ё ин ки пешкадам мукоиса кардан нодуруст мебошад.

Мардумони Юнон инкишофи худро шакли пешкадами таърихие меноманд, ки бояд аз дигар халку миллатхо чун шумерхо, мисриён, бобулихо, эрониён, чинихо, форсхо, ҷопонихо фарк кунад, яъне «юнони бояд зебо бошад ва бо хохиши худ кору зиндаги намоянд». Зиндагии факиронаю одилона ва санъати волоии милли, бояд асоси зиндагии мардуми Юнон бошад. Ҳамаи он гуфтахое, ки дар боло оварда шудаанд, як мактабе мебошад, ки баъдтар амрикоихо, xопонхо ва аксари давлатхои Гарб дар ватанхои худ барпо намуданд. Махз чунин як коида дар мактаби амрикоии Тейлор, Форд ва Рузвелт дида мешавад.

Хислати дигари мактаби юнонихо он аст, ки ин мардум одаме, ки худаш мехнат накунаду мехнати дигарон ва пулу моли дигаронро харx намояд ба xазо гирифтор менамуданд. Ҳатто гуфтае хаст, ки файласуфи бузурги Юнон Демокрит аз падараш пулу моли зиёде гирифта дар давоми 10 сол сафар карда хароxот намудааст. Чунин як рафторро гунох хисоб намуда, eро ба xавобгари кашиданд. Дар суд Демокрит бо сухани охирони худ баромад карда, кайд мекунад, ки аз чамъбасти сафар «китоби пуркимате» навиштааст. Барои ин кашфиёти илми, юнониён Демокритро аз суд озод кардаанд.

Кариб аксари файласуфони Юнони кадим математикхо буданд. Пифагор, Афлотун, Арасту олимоне, буданд ки фалсафаро хамчун илми микдории олам инкишоф додаанд. Чунин як омeзиш Имруз логистика ном гирифтааст. Логистика – яке аз равияхои асосии менечмент мебошад.

Файласуфи бузурги юнон Фалес на факат асари бузурги астрономи навишта вакти гирифтани офтобро пешгeи мекунад, балки тоxир, бахрнавард ва бинокунандаи купрeкхо буда, хамчун мухандиси хуб шинохта шудааст ва барои амалдорон асбобхои обёри низ месохтааст.

Арасту менависад, ки Фалес хеле сохибкори хуб буда, хатто аз руи ситорахо хосили соли ояндаро муайян мекард. Худ пешаки аз хосилхезии баланди зироати равГандиханда хабардор мешуд ва аксари xувозхои равГанкаширо ба иxора гирифта, фоидаи зиёд мегирифт. Бо ин кораш дар таxрибаи худ исбот мекард, ки фалсафа — илми амали мебошад, ба шарте ки мо истифода карда тавонем.

Мисоли дар бораи фаъолияти файласуф Фалес чунин мантик дорад, ки санъати фикррони ва санъати амалигардонии он бо ядигар вобастагии калон доранд. Яъне муваффакияти сохибкори пеш аз хама ба донишманди ва интихоб карда тавонистани усули рафтори сохибкор вобаста аст. Чунин як талабот дар кори харрeзаи юнонихо ва амрикоихо Ф. Тейлор, Г. Форд, А. Слоун, Д.Рокфеллер, Ч. Муни дида мешуд. Шахсоне, ки дар боло гуфтем на танхо таxрибаи калони менечмент доштанд, балки хамчун файласуфони бузурги менечмент, ки стратегияи сохибкориро муайян намудаанд, шинохта мешаванд. Муваффакиятхои бизнес пурра ба фалсафа ва стратегияи идоракуни вобастаги дорад. Юнонихо яке аз сабаби асосии кашшокии одамонро дар хохиши мехнат, кор надоштан ва ё кор накардани шахс мебинанд. Бо акидаи ин мардум ба хамаи одамони солим Худо имконот дода аст. Аз ин нуктаи назар маданияти дини ва маданияти мехнат бо маданияти сохибкори вобастагии калон дорад. Ин фахмишро аввалин шуда мактаби Юнони кадим исбот намудааст.

Мактаби аврупоии менечмент баъди 1,5 хазор соли мактаби Юнони кадим пайдо шуд, ки асосгузори он файласуф, таърихнавис, шоир ва пайдогари назарияи идоракуни Никколо Макнавелли (1469-1527) мебошад.

Дар нимаи дуюми асри ХХ сиёсатшиносон, таърихнависон ва мутахассисони бахши менечмент ба корхои илмии Н. Макнавелли диккати махсус дода муайян карданд, ки дар асархои ин шахси бузург фикру акоид ва равияхои бузурги илми идорави навишта шудааст, ки дар замони мо хатто кимати калони худро гум накардаанд.

Менечерони Гарб фикру акидахои Н. Макнавеллиро омeхта, хар гуна конфронс ва машваратхо гузаронида, хатто рисолаву монографияхои илми низ менависанд.

Мутахассисон чор коидаи Макнавеллиро, ки ба инкишофи менечмент таъсир расониданд менависанд:

  1. Эътибору маком ва ё хукмронии пешво аз дастгирии тарафдорон вобастаги дорад.
  2. Шахсони итоаткунанда бояд донанд, ки аз пешвои худ чиро интизор мебошанд ва инчунин пешво аз онхо чиро интизор аст.
  3. Пешво бояд иродаи баланди зиндагониро дошта бошад.
  4. Пешво – доимо намунаи инсони хакикатпарасту донишманд барои атрофиёнаш бошад.

Дар замоне, ки Макнавелли умр ба сар бурдааст, подшохон худро намояндагони маданият ва инкишофи пеш¥адам хисобида, доимо барои хакикатпарастию озоди ва мустакилияти одамон мубориза мебурданд.

Мардумони итолиёви идеал ва кисматхои киммати мактаби Юнони кадимро баркарор карда истифода мекарданд. Аммо дар давоми 400-450 соли инкишофи xомеаи капиталисти ва афзоиши тиxорат мавкеи итолиёвихо танг шудан гирифт.

Факат дар нимаи дуюми асри ХХ боз масъалахои арзиши умумибашари боло меравад ва давраи инкишофи баланди иктисоди, демократияи озод ва глобализатсия ба майдон меояд.

Макнавелли подшохонро таъкид месохт, ки фаъолияташонро бо ду чиз мувофик гардонанд.

  • конуниятхои объективи ва такдир;
  • рафтори шахсоне, ки ба ¢ итоатгар мебошанд.

E кайд мекунад, ки хислати умумии башари хамин аст, ки чи мардуми камбаГал ва чи мардуми бой якхела фикр мекунанд:

  • он чизе, ки доранд аз даст надиханд;
  • он чизе, ки надоранд ба даст биёранд.

Фарк дар он аст, ки хохиши мардумони бой аз камбаГалон хатарноктар аст. Чунки одамони бой барои аз даст надодани боигари ва мавкеи худ хохиши давлатдор, ё вазифадор буданро мекунад. Барои вазифадор, ё давлатдор шудан ду омил таъсир мерасонад:

  1. Мавкеи шахси. 2. Камбудихои шахси.

Мавкеи шахси — яъне обрую эътибор доштан, алокаи мустахкам ва пулу мол доштан мебошад.

Камбудихои шахси — бошад, дониши мукаммал надоштан, рафтори даГалона доштан ва берун аз чамъият зиндагони кардан мебошад.

Аксари файласуфон дар он акидаанд, ки одамон метавонанд, ки хукмрониро аз даст диханд, ё худ мавкеашро бой диханду ризо шаванд, вале агар молу мулк бой диханд, хеч гох ризо намешаванд.

Подшох хато намекунад, агар донад, ки рафтори одамонро ду чиз идора мекунад:

  1. Тарс.
  2. Дeстдори.

Маълум аст, ки шахсе, ки аз e мардум метарсанд, идора карда метавонад. Дар ин xо тарс на факaт бо маънои кувваи чисмони, балки дониш, аклу хирад, зираки ва кордонии рохбариро дар назар доранд.

Дeстдори хело нозуку нафис мебошад, ва дар арзишхои хеле баланди инсони карор дошта, хело хам мушкил мебошад.

Доимо байни он, ки мардумон чи хел зиндагони карда истодаанду чи хел бояд зиндагони кунанд, масофаи хеле калон вучуд дорад.

Инсони сохибхирад бояд доимо кeшиши дар тарозуи акл баркашидани вазъиятро дошта бошад ва натичаи рафтори худро бахо дода тавонад.

Рохбарон набояд, ки нисбати хиёнаткор, ё шахсони иГвоангез сустирода бошанд. Чунки агар e як нафарро xазо надихад, тамоми xамоа xазо мегирад, ё зарар мебинад.

Макнавелли менависад, ки рохбарон бояд худро на золим ва на хуб, балки устувор нишон диханд. Чунки мардумон пеш аз хама рохбари сустиродаю бе¥авлро маломат мекунанд, на золимро.

Пешвои донишманд бо худ се сифатро бояд дошта бошад: 1. Сифати шер – зираки. 2. Рафтори махфи доштан. 3. хамчунин пешво ду хислатро дошта бошад: яке кобилияти худодод, дигаре таxрибаи зиндаги.

Бо гуфтаи файласуф Макнавелли «табиат одамонро чунон офаридааст, ки онхо хар чи хостан мегиранд, аммо на хама вакт онро ба даст меоранд». Асоси норозогиро ин ду хохиш ташкил мекунад. Дар хама холат инсоният бояд меъёрро риоя карда тавонад. Аз ин нигох дар илми менечмент махз усули меъёри макоми аввалиндараxа дорад.

Коидаи дигари мактаби Макнавелли ин таносуб ва махдудият аст.

Тамоми одамон новобаста ба он ки чи хел зиндагони доранд максади сарватманди ва шарафро доранд. хар як шахс барои худ роххои гуногунро интихоб менамояд ва ба максад мерасад. Яке бо дониш, дигаре бо кувва ва зираки, сеюмин бо фиребгари ва амсоли ин.

Интихоби максад пеш аз хама бояд ба мухит, вазъият, имконот ва вакт вобаста бошад.

Дар коидаи таносуб Макнавелли махз 3 чизро таъкид кардааст: «максад-восита-холат».

Коидаи махдудиятро бошад, дар он мебинанд, ки мавчудияти конуни объективии инкишоф ба он оварда мерасонад, ки объектхои модди, шакли идоракуни, фаъолияти кори ва одамон дар харакат мебошанд ва ба монанди гардиши акрабаки соат харакат мекунанд. Аммо инсоният рафтори бошуурона карда, факат харакати ба муваффакият сохиб шуданро дорад.

Мувофики омузиши Макнавелли конуни махдудиятхо ва бохамзидхои зайл вучуд доранд:

неки ва бади;

боло ва поён;

пастрави ва болорави.

Ин се холат мунтазам дар ивазшавии якдигар мебошанд.

Ҳамин тарик, мактаби Макнавелли дар инкишофи назария ва таxрибаи менечменти ичтимои бузург буда, аввалин шуда, мафхуми «давлат»-ро хамчун ташкили сиёсии чамъият муайян намудааст. Идеяи Макнавеллиро Имруз намояндагони назарияи сотсиологи В. Парето, Э. Xеннинг, Г. Моска, Ч.Р. Миллс, инчунин намояндагони назарияи бюрократи – М. Вебер, Р. Михелс, А. Бонадко ва дигарон тарафдори мекунанд.

Мактаби классикии назариявии менечмент. Маъмулан ду мактаби бузурги менечмент то аввалхои асри ХХ хамчун асосгузорони назария ва амалияи менечмент дар таърих шинохта шудаанд.

Дар байни файласуфони бузурге, ки дар пайдоиши назарияи менечмент хиссаи бузург гузоштаанд, инхоро номбар кардан мумкин аст: Xон-Локк (1682-1704), Томас Гоббс (1588-1679), Адам Смит (1723-1790), Сен-Симон (1760-1825), Шарл Фуре (1772-1837), Роберт Оуэн (1771-1858), Девид Рикардо (1772-1823), Xон Стюарт Милл (1806-1873), Алфред Маршалл (1842-1924). Ин олимон, файласуфон ва иктисодчиёни англис мебошанд, ки илми менечментро бо воситаи фалсафаи ичтимоию сиёси инкишоф доданд. Дар катори инхо олими бузург Роберт Оуэн – хамчун «рохбари амали» яке аз асосгузорони «Назарияи менечмент» шинохта шудааст.

Дар инкишофи илми менечмент иктисодшиносон макоми хоса доштанд. Гарчанде ки дар навбати аввал зиддиятхо буданд ва пешравии иктисодиётро асосан дар харакати мол медиданд.

Баъдтар иктисодчиёни бузурги англис Питер Друкер ва Алфред Маршалл (1842-1924) идоракуниро дар катори дигар омилхои самараноки ба монанди замин, мехнат ва капитал дохил намуданд.

Иктисодчиён Сен-Симон ва Шарл Фуре (1772-1837) дар бораи мохияти идоракуни ва зарурияти пайдо намудани захирахои баландбардории хосилнокии мехнат ва танзими сохтори ичтимои ва инчунин макоми аввалиндараxа доштани идоракуни дар такдири ояндаи чамъият корхои зиёде карда, бахои баланд доданд.

Иктисодчии амрикои А. Гамилтон, кувваи харакатдихандаи инкишофи иктисодиро дар идоракуни дида, онро хатто аз омилхои иктисоди пеш мегузорад.

Сарчашмаи асосии мактаби назариявии менечмент ва тейлоризми асри ХХ ин таxрибаи инкишофи саноатии асри ХVIII-ХIХ буда, дар худ гурухи калони менечеронро пайдо намуда буд. Инкишофи интенсивии саноат пайдоиши партовхои зиёди саноати, бад шудани шароити кории коргарон дар ин давра зарурияти танзимро ба миён овард.

Махз дар хамин давра шахрхои калони саноати пайдо мегарданд, ки дар инкишофи менечмент макоми калон доранд. Марказхои таърихии менечмент Бобул, Манxестер, Филаделфия, Чикаго, Самарканд, Санк-Петербуг ва Москва мебошанд.

Сохаи асосии саноат дар Англия ин саноати коркарди пахта ва насоxи ба хисоб мерафт. Шахрхои Ланкошир ва Манxестер маркази саноат буданд.

Сохибкорон, мухандисон ва олимон — Ричард Аркрайт (1732-1792), Xеймс Уатт (1736-1819), Мэтю Болтон (1728-1809), Чарлз Баббетч (1792-1817), Xилям Xевонс (1835-1882) — диккати махсусро дар равияи мухандисию технологи ва ичтимоию психологии менечмент доданд, ки дар бораи ин олимон иктисодчии бузурги немис К.Маркс дар китоби худ «Капитал» кайд намудааст.

Яке аз мисоли усули илмии ташкили менечмент солхои 1800-ум дар компанияи Болтон ва Уатта, ки машинахои буГи истехсол мекард, дида шуда буд. Яъне дар вакти сохтани бинои нав xойхои кориро аз руи Чараёни технологи ва пайдарпаии фаъолиятхо ташкил намуданд, ки дар натича кисми корхои зиёдатии нолозимиро гирифта партофтанд. Кори хар як коргар, шиддатнокии сифати кори e, баръало муайян буд ва вобаста аз ин музди мехнат ва мукофот муайян карда шуда буд.

Дар натича дар ширкат системаи иктисодии хисобу китоб ташкил карда шуда буд, ки арзиши аслии махсулот, харочотхои бевосита ва бовосита ва нархи хар як мол алохида хисобу китоб карда мешуд.

Диккати махсусро ба баландшавии хосилнокии мехнат ва зиёдшавии хохишмандии коргарон барои кор дода мешуд. хатто сохтмони хонахои истикоматии барои коргарон ройгон дар хамин давра пайдо гаштаанд.

Яке аз намояндагони бузурги мактаби назариявии менечмент Роберт Оуэн (1771-1858), ки бо номи утописти сотсиализм машхур аст, аз нигохи таърихи менечмент e хамчун шахсе, ки озмоишхои амалии кимматнок дорад ва бо ин дар давоми умри 87-солааш шинохта шудааст. Роберт Оуэн дар оилаи бозорнишин ба дунё омада, хамаги 4-сол дар мактаб хондааст. Дар синни 20-солаги Оуэн ба сохибкори машГул мешавад ва соли 1800 сохиби фабрикаи бофандагии калони шахри Нию-Ленаркс (Шотландия) мегардад. Махз бо рохи ташкили коидахои самараноки идоракуни ин фабрикаро ба катори корхонахои пешсафи миллии ин мамлакат мебарад. Бартарии таxрибаи Оуэн дар он буд, ки услуби нави идоракунии ичтимоиро пеш гирифта, як катор ислохот гузаронид. Кам кардани рeзи кори, тозаги дар xои кор, маГозаи нархи арзон, кeдакони то 10 соларо аз кор озод карда, ба мактаб мефиристонад, аз хисоби пули худ ба коргарон макони зист харида, хонахои коргаронро таъмиру таxхиз менамояд.

Макоми бузурги Р. Оуэн боз дар он аст, ки махз e менечерро хамчун шахси вокеи дар минбари таърихи пайдо месозад. Дар асархои А.Смит, Сен-Симон, Гамилтон ва Сея бошад «менечер» хамчун иктисодчии назарияви нишон дода шуда буданд. Оуэн бошад якумин шахсе мебошад, ки дар амалия дар асоси тахлили илми масоили алокамандии хосилнокии мехнат ва мотиватсияро ва алокамандии онро исбот карда нишон додааст.

Омузиши Оуэн асосан муносибати коргарон ба кор, ба менечмент, муносибати байни коргар ва корфармо мебошад, ки Имруз низ яке аз масъалахои мухими назария ва амалияи менечмент мебошанд.

Мактаби классикии менечмент ё худ мактаби сотсиологхои идоракуни солхои 80-уми асри ХIХ пайдо гашта, дар аввали солхои 20-уми асри ХХ хамчун мактаби конунии менечмент макоми худро пайдо месозад. Ба мактаби классикии менечмент Гайр аз инженерони амрикоие, ки асосгузорони «менечменти илми» буданд, ба монанди — Ф. Тейлор, Г. Нантт, А. Хелси, Ф.Xилбретта, Х. Хэтвей, С. Томпсон, Г. Эмерсон, инчунин олимони немис, англис ва франсуз низ дохил мешаванд. Ба монанди: Л. Гюлик, А. Файол, М.Вебер, Л. Урвик, Ч. Муни, А. Рейли, Э. Бреч, А. Аллен М. Фоллет ва Р.Шелтон.

Усули асосии омузиши ин мактаби бузургро, ки пойдевори методологию назарияви ва илмию методии менечмент мебошад, коидаи ташкили илмии мехнатии Тейлор, назарияи ичтимои ташкилии бюрократии Вебер, системаи маъмури Файол ва консепсияи идоракунии Гюлика, Муни, Рейли ва Урвикаро ташкил мекунанд.

хамаи ин омeзиш ба як мактаби хронологи ва тематики дохил мешаванд. Дар ин xо сухан дар бораи ягон кашфиёти илми ё гурухи хамакидахо намеравад, балки аксари онхо бевосита таxрибаи кории худро доштанд, ки баъдан хамчун назарияи идоракуни кабул шуданд. Мисол, Генри Форд, Эндрю Корнеги, Xеймс Муни президентони ширкатхои калонтарини амрикои буданд. Мувофики омузиши Муни ва Рели коидаи асосии ташкили хамохангсози (координатсия) ба хисоб меравад, ки иборат аст аз: 1. Раванд (scalaz) ва 2. Натичахо.

Бо акидаи Муни ва Рели коидаи хамохангсози дар кадом Дарачаи ташкилие, ки набошад — дар бизнес, дин, кори харби, санъат ва хатто хукумат шарт ва зарур мебошад.

Яъне фаъолияти одамон бояд дар доираи хукуку ухдадорихои муайян байни якдигар ташкил карда шаванд. Вазифа ва функсияи хар як коргар хам ба таври амуди ва хам ба таври уфуки бояд муайян бошад, Мисол, гурухи коргарон, ки ягон предмети «вазнин»-ро мебардоранд бо хам якxоя хамохангии куввашонро ташкил накунанд аз ухдаи ичрои кор намебароянд. Барои ташкил намудани хамохангии кувва коргарон 10-100-1000 ва зиёда одамон, як марказе лозим аст, ки ин вазифаро ба eхда гирад, ин вазифаро «менечер» ичро мекунад, ки хукуки хукмрониро дорад.

Дар миёнаи асри ХХ мактаби менечменти англиси якчанд китобхо оиди инкишофи менечмент аз чоп мебароранд, ки дар онхо илми менечмент хамчун илми ичтимои омeхта шуда, акидахои Файол, Тейлор, Рели ва Муни хамчун як мактаб омeхта, инкишоф дода мешавад.

Намояндагони мактаби англиси солхои 30-50-уми асри ХХ Лютер Гиюлик ва Линдалл Урвик мебошанд. Линдалл Ф.Урвик дар солхои 1928-1933 донишгохи Оксфорд тахсил карда, дар Женева директори Институти байналхалкии идоракуни, ноиби президенти институти Бритониёвии идоракуни шуда, соли 1934 фирмаи консултативии худашро ташкил мекунад, ки яке аз калонтарин фирма дар Англия ба хисоб меравад. E зиёда аз 40 китоб ва корхои илми доир ба менечмент менависад.

Усули омузиши мактаби англиси зиёд кардани коидахо ва функсияхои идоракуни мебошанд. Системаи Файол 5-функсия ва 14 коидаи идоракуни, Урвик 29 коидаи идоракуни, Гюлик бошад 7 функсияи идоракуниро пешниход менамоянд.

Мувофики системаи унсурхои маъмурии Гюлик идоракуни — ин банақшагирӣ, ташкил, ташкили штатхои корӣ, рохбарӣ, хамохангсозӣ, хисобот, тартиб додани буxа мебошад.

Коидаи асосии тартиботии идоракунии Файол бошад, ин «xой барои хар як кас ва хар кас дар xои худ» мебошад.

Усули дурусти ташкили маъмурии идоракуни, ин сохтори дурусти маъмурии ташкил, ки сохторхои таркибии зиёдати набошад ва баъдан одамон – мутахассисони мувофикро ёфтан мебошад. Унсури дигари самаранокии маъмурият ин коидаи «яккасардори» мебошад. Дар ин холат масъулияти хам рохбар ва хам коргарон баланд мешавад.

Мувофики коидаи идоракунии Файол як шахс наметавонад, ки якбора ба ду рохбар итоат намояд.

Махз «мактаби классики» якумин шуда, коидаи ташкили сохтории менечментро пешниход намуд, ки то Имруз дар таxрибаи кариб хамаи давлатхо истифода карда мешавад. Мувофики талаботи ин коида, идоракуни, аз поён ба боло ва дар хар як зина зарурияти ташкили сохтори таркиби бояд бошад.

Коидаи дигари идоракунии ин мактаб – «Андозаи назорат» мувофики акидаи Р. Дэвис хангоми кори чисмони микдори коргарон барои идоракунии оптимали 30 нафар ва дар кори илми бошад на зиёда аз 8-нафар мукаррар шудааст.

хамин тарик, агар мо аз нигохи мантикии илм назар афканем, он гох «мактаби классикии менечмент», «менечменти илми» дар нимаи аввали асри ХХ давраи хеле мeхимро аз сар гузаронидааст. Махз дар хамин давра менечмент аз усулу коидахо ва функсияхои алохида ба як илм ва фанни мустакил мубаддал гаштааст.

  1. Шаклхои таърихии пайдоиши моликият ва инкишофи менечмент

Менҷмент вобаста аз пайдоиши шаклҳои моликият решаҳои таърихии худро дорад, ҳануз аз давраҳои қадим фаъолияти коллективи одамон зарурияти идоракуниро пайдо месозад.

Ҳануз аз замони обшинаи ибтидои, ки одамон воситахои оддии зиндагиро сохиб гаштанд, барои таъмин кардани талаботи истеъмоли худро ба харакатхои сохибкории пешвои ба таваккал ва масъулиятчиги тайёр мекарданд.

Баробари пайдо шудани моликият ба замин ва моликияти косиби аллакай вазифаи одамон дар сохаи идоракуни каме васеъ мешавад, яъне ғайр аз истехсол боз фикру хариду фуруш ва ивази молро низ кардан зарур омад.

Аллакай дар замони Гуломдори ба xуз ду шакли фаъолият ва моликият боз фаъолияти косибии Гиштчини, коркарди чeб, киштисози, кулолгари пайдо гаштанд, ки баробари ин санъат ва илми назариявии ин шаклхои фаъолият пайдо мегардад. Очеркхои таърихи гувох мебошад, ки махз дар хамин давра одамон сохтмони касрхои калон, ахромхо ва каналхои объёрикунанда сохтанд, ки ин хама мехнати коллективиро талаб карда, идоракунии бошууронаро такозо менамуд.

Мисол, баландии ахроми (пирамида) калони Мисри кадим зиёда аз 146м. мебошад, ки баробари хонаи 48 ошёна аст.

Вазни хар як санге, ки бо воситаи даст гузошта шудааст, 2-4 тоннагиро ташкил мекунад.

хамаи ин фаъолиятхо хох нохох ташкили дурусти мехнатро талаб менамуд, инчунин омузиши шароити табии ва дигар омилхое буданд, ки дар якxояги илми идоракуниро ташкил медиханд.

Дар китоби Мисри кадим «Илми Птаххотепа», ки кариб 4000 сол пеш навишта шудааст, чунин сатрахо омадааст. «Агар ту сардор боши, ором бош; вакте ки хизматгорро гeш мекунед, — eро дар холати аввалаш нагузоред. Одаме, ки ба бадбахти гирифтор аст мехохад дилашро сабук гардонад ва вазъи зиндагиашро хуб намояд».

Проблемаи ташкили мехнат, идораи мехнати коллективии одамон дар Юнони кадим афзалият дошт, ки мо дар боби аввали китоб кайд намудаем. Файласуфи бузург Сукрот идоракуниро хамчун доираи фаъолияти алохидаи одамон оиди: идоракунии давлат, идоракунии тиxорат, мехнат ва армия мешуморид.

Олимони хиндустони кадим дар илми «Артхашастра» (хазорсолаи IV ва III-юм то милод) мафхумхои зиёде оиди идоракунии хоxаги ва шакли хоxагидори овардаанд.

Дар китоби «Сиёсатнома»-и Низоммулмулк рохнамо оиди рохбарии подшох, фаъолияти ёрдамчиён, идораи армия ва дигар хоxагихо оварда шудааст. Дар «Наврeзнома»-и Умари Хайём бошад, доир ба тарзу усули рохбарии подшохони Эрон хело муфассал гуфта шудааст, ки яке аз хислатхои бехтарини онхо дастгирии навовари, истифодаи дурусти обу замин, ташкили одилонаи музди мехнат ва назорати тозагии мухити зист мебошад.

Матнхои тоисломии ба даврони мо расида аз кабили «Корномаи Ардашери Бобакон», «Дарахти Ассурик ва буз», «Хусрави Кубодон ва редак» ба забони порсии миёна, катибахои аз кeхи Муг ёфтшуда ба забони сугди дар бораи пешвоию идоракуни, тиxорат, андоз маълумоти басе муфид ба мо медихад.

Пайдоиши молхо барои фуруш моликияти хусуси ва пулу молро ба вучуд меорад. Фаъолияти сохибкори бошад, характери дигарро мегирад, яъне одамон аллакай хохиши фоида гирифтанро пайдо мекунанд. Дар баробари подшохони калон аллакай дар ин давра сохибкорон, тоxирон ва мулкдорони калоне пайдо мешаванд, ки характеру коидахои идоракуниро куллан тағйир медиханд.

Давраи феодалӣ ва моликияти хусуси ба замин, пайдоиши дехконе, ки қисман хукуки воситахои истехсолотро дорад, нишонахои хоси менечментро пайдо мекунанд. Дар ин давра истехсолкунанда аллакай барои бозор мол истехсол карда, ракобати озоди бозор, хавасмандии коргарон барои баландбардории хосилнокии мехнати коргарон вазифаи мухимтарини менечмент мегардад.

Дар ин давра барои танзими иктисоди дар давлатхои Осиёи Миёна макоми дини Ислом хело калон мебошад. Дар китоби мукаддаси Куръон якчанд сура ва оятхо махз доир ба моликият, тиxорат, андоз ва мехнат омадааст.

Давраи охирони моликиятдории феодали ба давраи гузариш аз системаи маxбурии мехнат ба мехнати кироя, низоми андоз ва иxора мувофикат менамояд.

Давраи капитализм аз форматсияи пешинаи иктисоди бо он фарк мекунад, ки истехсолкунандагони асосии неъматхои модди коргарон хамчун шахсони озоди хукуки метавонанд, мехнати худро мувофики хохишу дархости худашон фурушанд. Вобаста аз хохишу хавасмандии худ шаклу тарзи фаъолиятро интихоб намоянд.

Моликиятдор — шахси сохиби молу мулк ва воситахои истехсоли мебошад. Бо гуфтаи дигар капитал – ин чамъи воситахое мебошад, ки сохибкорро барои таъмин намудани талаботи чамъияти ба молхо ва хизматрасони бо гирифтани фоида равона месозад. Ин воситахои пули, бинохо, иншоот, таxхизот ва наклиёт, ашёи хом ва захирахои энергетики, навовари ва пешгeихо, хулоса, захирахои модди ва маънавие мебошад, ки барои сохибкори зарур аст.

Дар ин давра макоми асосиро дар иктисодиёт – «сохибкор-бизнесмен» мегирад. Шахсе, ки дар асоси моликияти худаш моли нав ва хизматрасони пайдо карда фоида ба даст меорад.

Пайдоиши бозори капиталисти – ин чамъи муносибатхои ичтимои-иктисодие, ки дар сохаи истехсолот, таксимот, мубодила ва истеъмолот пайдо мегардад.

Асоси муносибатхои бозориро озодии иктисодии сохибкорон – дар интихоби мол, xой, нархи xои кор ва шароити кор ташкил мекунанд.

Аз тарафи дигар дар маркази диккати иктисоди бозори – одам хамчун истеъмолкунанда ва истехсолкунанда баромад мекунад ва вазифаи мухими бозор – таъминоти хуби истеъмолкунанда мебошад.

Махз дар хамин давра намояндагони мактаби англисии иктисодиёти сиёси А. Смит ва Д. Рикардо доир ба масъалаи идоракуни дар шароити нави таксимоти фабрикавии мехнат, ташкили истехсолот ва назорати идорави диккати махсус доданд.

Ҳамин тарик, муносибати моликиятдори асоси системаи идоракунии истехсолот, доираи асосии мотиватсияи мехнат мебошад. Мохият ва мазмуни мотиватсияи мехнат вобаста ба рафтори субъектхои иктисоди, муносибати моликиятдори, натичаи истехсолот ва мехнат мебошад.

Алокаманди ва вобастагии инкишофи системаи менечмент аз шакли моликият, мураккаб ва бахснок мебошад. Худ аз худ на моликияти хусуси, на моликияти омехта ва давлати Дарачаи баланди инкишофи менечментро таъмин карда наметавонанд. Лекин гуногуншави ё дигаршавии моликият, шакл ва тарзу услуби системаи идоракуниро пурра тагйир медиханд. Вазифаи асоси интихоби моликиятдор ва фаъолияти самараноки сохибкори мебошад.

Дар иктисоди омехта, махсусан дар саноат чор гурухи дараxавии фаъолияти одамон вучуд дорад:

Гурухи якум — одамоне, ки ба истехсоли намуди муайяни махсулот банд буда, барои дигар гурухи одамон махсулоти зарур мебароранд. Дар хамин зинаи ташкилии истехсолот созмон меёбанд.

Гурухи дуюм — гурухи одамоне, ки ба идоракуни дар истехсолот ва таксимот сару кор доранд. Ин Дарачаи ташкили идораи менечерон мебошад.

Гурухи сеюм — ин гурухи одамоне, ки вазифаи идоракунии менечеронро ба eхда доранд. Яъне директорон, Шeрои директорон, саххомон, корхонахои муштарак.

Гурухи чорум — ин гурухи одамоне, ки дар органхои давлати кор карда, сиёсати иктисодии давлатро муайян месозанд. Ин гурухи одамон Дарачаи баланди идоракуниро бояд доро бошанд, ки аз ухдаи идоракунии давлати, барномасози ва пешгӯии иктисоди бароянд.

Системаи Имрузаи ичтимоию иктисоди, ташкилию идоракуни ва муносибатхои байни шахсон дар доираи шаклхои гуногуни моликият хеле мураккаб буда, аз якдигар ба кулли фарк мекунад. Бинобар ин дар вакти интихоби модели идоракунии давлати ва менечмент бо сохтори уфуки вобаста аз талабот, хавасманди ва мотиватсияи субъект ва объекти идоракуни муайян карда зарур мебошад.

Инчунин омилхои дигари ташкили менечмент, ин хусусиятхои хоси институтсионали ва мавкеи географию табии объекти менечмент мебошанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *