Фанни Ҳуқуқи молиявӣ

Низоми буҷетӣ

1. Мафҳум ва сохтори низоми буҷетӣ

2. Принсипҳои низоми буҷетӣ

3. Таснифи буҷет

1. Мафҳум ва сохтори низоми буҷетӣ

Низоми буҷетии давлат ва сохтори он, чун қоида, дар Конститутсия ва ё қонунгузории молиявӣ ё буҷетӣ сабт мегардад. Ҳар як давлат низоми буҷетии худро муқаррар менамояд, ки ба сохти давлатӣ ва муносибатҳои иқтисодии ба вуҷуд омадаи он мувофиқанд.

Низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз буҷетҳои сатҳҳои зерин иборат аст:

— сатҳи якум — буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ;

— сатҳи дуюм — буҷети маҳаллӣ.

Чӣ тавре ки аз ин таъриф бармеояд, асоси низоми буҷетиро муносибатҳои иқтисодӣ ва сохти давлатӣ ташкил менамоянд. Муносибатҳои иқтисодӣ дар низоми буҷетӣ дар навбати аввал муносибатҳои пулиро ифода менамоянд, ки дар ҷараёни ташкилшавӣ, тақсимшавӣ ва истифодабарии фондҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетии давлат ба вуҷуд омадаанд. Сохтори давлатӣ ба сохтор ва робитаи буҷетҳо таъсир мерасонад. Ҳамчун давлати ягона Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми буҷетии дусатҳа дорад. Низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистонро буҷети давлатӣ ва буҷети маҳаллӣ ташкил менамоянд.

Буҷети давлатӣ шакли ташкил ва хароҷоткунии маблағҳои пулиро ба ҳисоби соли молиявӣ ва давраи нақшавӣ ифода менамояд, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои хароҷоткунии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

Буҷети маҳаллӣ шакли ташкил ва хароҷоткунии маблағҳои пулиро ба ҳисоби соли молиявӣ ва давраи нақшавӣ ифода менамояд, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои хароҷоткунии воҳиди дахлдори маҳаллӣ пешбинӣ шудаанд.

Мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ надоранд, ки дигар шаклҳои ташкил ва хароҷоткунии маблағҳои пулиро барои иҷрои ӯҳдадориҳои хароҷоткунӣ истифода баранд.

Фонди мақсадноки давлатии ғайрибуҷетӣ фонди махсусгардонидашудаи пулиро ифода менамояд, ки берун аз буҷет ташкил карда шуда, барои иҷрои ӯҳдадориҳои бо қонунгузорӣ муайянкардашудаи хароҷоткунии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст. Хароҷотҳо ва даромадҳои фонди давлатии ғайрибуҷетӣ бо тартиби муқарраркардаи қонун ташкил карда мешаванд. Ба фондҳои давлатии ғайрибуҷетӣ Фонди нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди суғуртаи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мансубанд.

Буҷети давлатӣ ва буҷети фонди давлатии ғайрибуҷетӣ дар шакли қонунҳо, буҷетҳои маҳаллӣ бошад дар шакли санадҳои ҳуқуқии мақомоти намояндагии ҳокимияти маҳаллӣ таҳия карда шуда, тасдиқ карда мешаванд.

Соли молиявӣ ба соли тақвимӣ мувофиқат менамояд ва аз 1 январ то 31 декабр давом мекунад.

2. Принсипҳои низоми буҷетӣ

Асоси ташкили низоми буҷетиро ҳам принсипҳои умумӣ, ки ба низоми молиявӣ хосанд ва ҳам принсипҳои махсус, ки танҳо ба низоми буҷетии давлат хосанд, ташкил менамоянд. Принсипҳои махсус хусусияти иқтисодӣ- ҳуқуқӣ доранд, чунки дар онҳо на танҳо маҳакҳои иқтисодии муносибатҳои буҷетӣ, балки ҷанбаҳои муайяни ҳуқуқии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ низ ифода гардидаанд.

Низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос шудааст:

1) ягонагии низоми буҷети давлатӣ;

2) тафриқаи даромаду хароҷот байни сатҳҳои низоми буҷет;

3) инъикоси пурра ва ҳатмии даромаду хароҷоти буҷетҳо;

4) баробарии (мувозинати) буҷетҳо;

5) истифодаи самарабахшу сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ;

6) пардохти пурраи хароҷоти буҷетҳо;

7) ошкоро будани буҷетҳо;

8) эътиборнокии буҷетҳо;

9) таъиноту мақсаднокии муайяни маблағҳои буҷетӣ.

Принсипи ягонагии низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънои ягонагии қонунгузории буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, принсипҳои ташкил ва фаъолияткунии низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шакли ҳуҷҷатгузории буҷетӣ ва ҳисоботдиҳӣ, таснифи буҷетии низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҷозот барои вайрон кардани қонунгузории буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби ягонаи муқаррар намудан ва иҷро кардани ӯҳдадориҳои хароҷотӣ, ташкили даромадҳо ва анҷом додани хароҷоти буҷетҳои низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бурдани баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии буҷетии буҷетҳои низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои буҷетиро дорад.

Принсипи тафриқаи даромад ва хароҷот байни сатҳҳои низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон маънои мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардидани даромадҳо ва хароҷотҳо ба буҷетҳои низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин муайян намудани ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ (мақомоти маҳаллӣ) оид ба ташкил намудани даромадҳо, муқаррар ва иҷро кардани ӯҳдадориҳои хароҷотиро дорад. Зимнан мақомоти ҳокимияти давлатӣ (мақомоти маҳаллӣ) ҳақ надоранд, ки ба зиммаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ӯҳдадориҳои молиявӣ ва дигар ӯҳдадориҳоро оид ба таъмини иҷрои ваколатҳои худ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд, гузоранд.

Принсипи инъикоси пурра ва ҳатмии даромаду хароҷоти буҷетҳо маънои онро дорад, ки ҳамаи даромадҳо ва хароҷоти буҷетҳо ва дигар воридотҳои ҳатмӣ, ки бо қонунгузориҳои андоз ва буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда шудаанд, бояд дар буҷетҳо бо тартиби ҳатмӣ ва дар ҳаҷми пурра инъикос (дарҷ) карда шаванд. Ҳамаи хароҷотҳои давлатӣ ва маҳаллӣ бояд аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, ки дар низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ карда шудаанд, маблағгузорӣ карда шаванд.

Принсипи баробарии (мувозинати) буҷет маънои онро дорад, ки ҳаҷми хароҷотҳои пешбиникардаи буҷет бояд ба ҳаҷми умумии даромадҳои буҷет мувофиқат намояд.

Зуҳуроти номатлуби дур шудан аз ин принсип касри (дефитсиди) буҷет, яъне зиёд гаштани хароҷотҳо нисбати даромадҳо мебошад. Ҳангоми тартиб додан, тасдиқ намудан ва иҷро кардани буҷет мақомоти давлатии ваколатдор бояд ба андозаи ками касри (дефитсиди) буҷет кушиш намоянд.

Принсипи истифодаи самарабахшу сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ дар назар дорад, ки ҳангоми тартиб додан ва иҷро намудани буҷетҳо мақомоти ваколатдор ва гирандагони маблағҳои буҷетӣ бояд зарурати ноил шудан ба натиҷаҳои муайянро бо истифодабарии ҳаҷми ками маблағҳо ё ноил шудани натиҷаҳои беҳтарро бо истифодабарии ҳаҷми маблағҳои муайян кардаи буҷет ба асос гиранд.

Принсипи пардохти пурраи хароҷоти буҷетҳо қоидаеро ифода менамояд, ки ҳамаи хароҷотҳои буҷет бояд бо маблағи умумии даромадҳои буҷет ва воридотҳо аз сарчашмаҳои маблағгузории касри (дефитсити) он пӯшонида шаванд.

Принсипи ошкоро будани буҷетҳо маънои зеринро дорад:

— дар матбуоти даври ҳатман нашр намудани буҷетҳои тасдиқгардида ва ҳисоботҳо дар бораи иҷрои онҳо, пуррагии пешниҳод намудани иттилоот дар бораи рафти иҷрои буҷетҳо, инчунин дастрасии дигар маълумотҳо оид ба қарори мақомоти қонунгузории (намояндагии) ҳокимияти давлатӣ, мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи ҳокимияти давлатӣ;

— барои аҳли ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма ҳатман кушода будани тартиби баррасӣ ва қабул намудани қарорҳо аз рӯи лоиҳаи буҷетҳо.

Принсипи эътиборнокии буҷетҳо маънои аниқӣ ва аслӣ будани нишондиҳандаҳои пешгӯии тараққиёти иҷтимоӣ-иқтисодии мамлакат ё ҳудуди дахлдор ва ҳисоби воқеии даромадҳо ва хароҷотҳои буҷетро дорад.

Принсипи таъиноту мақсаднокии муайяни маблағҳои буҷетӣ дар назар дорад, ки маблағҳои буҷетӣ ба ихтиёри гирандагони муайяни маблағҳои буҷетӣ бо нишон додани равон намудани онҳо барои маблағгузории мақсадҳои муайян ҷудо карда мешаванд.

Масъаларо дар бораи низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда истода, бояд ба ташкилшавии сиёсати буҷетӣ дар мамлакати мо ишора кард. Сиёсати буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми сиёсати кредитӣ-молиявӣ мебошад. Аз рӯи моҳияти худ вай фаъолияти зеҳнӣ ва предметӣ-иродавиро ифода менамояд, ки дар асоси он аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ба расмиятдарории ақидаҳо, принсипҳо ё ояндаи инкишофи молиявии давлат таҳия ва татбиқ карда шудааст.

Сиёсати буҷетӣ ҳамчун соҳаи фаъолияти оммавии субъектони ҳуқуқи буҷетӣ ва гурӯҳҳои гуногуни таъсиррасонии сиёсӣ-иқтисодӣ, вобаста ба ташкил намудани усули муносиби батанзимдарории буҷетӣ-ҳуқуқӣ бо мақсади ҷамъкунӣ, тақсимкунӣ ва истифодабарии нақшавии фондҳои мутамаркази пулии давлат муайян карда мешавад.

Сиёсати буҷетии давлатро се унсури асосӣ ташкил менамоянд:

— гузоштани масъалаҳои муҳими фаъолияти буҷетии давлат, муайян намудани мақсадҳои ояндадори он, инчунин мақсадҳои наздиктарине, ки бояд дар фосилаи вақти мазкур ба он ноил шуд;

— таҳияи методҳо, воситаҳо ва шаклҳои фаъолияти молиявӣ, ки бо ёрии онҳо мақсадҳои гузошташударо ба таври муносиб ноил шудан мумкин аст;

— интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳое, ки қобилияти дарк намудан ва барои иҷро намудани вазифаҳои муайян кардашуда тайёранд.

3. Таснифи буҷетӣ

Барои ноил шудан ба баробарии буҷет, пӯшонидани маҷмӯи даромад ва хароҷотҳо, ҳаққиқӣ ва ошкоро будани нишондиҳандаҳои он, муқоисаи онҳоро гузаронидан зарур аст. Бо ин мақсад таснифи буҷетӣ татбиқ карда мешавад, ки нишондиҳандаҳои якхеларо ба тартиб медарорад ва имконият медиҳад, ки воридшавии даромадҳо ва хароҷоти маблағҳои буҷетӣ боз ҳам аниқтар муайян карда шаванд.

Таснифи буҷетӣ гурӯҳбандии даромадҳо, хароҷот ва сарчашмаҳои маблағгузории буҷетҳои низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода менамояд, ки барои тартиб додан ва иҷро намудани буҷетҳо, тартиб додани ҳисоботҳо, ки муқоисакунии нишондиҳандаҳои буҷетҳои низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд, истифода бурда мешаванд.

Қайд намудан зарур аст, ки таркиби буҷети давлатӣ ду қисми асосиро дар бар мегирад: а) даромадҳои буҷети давлатӣ; б) хароҷоти буҷети давлатӣ.

А. Даромадҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Даромадҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба се гурӯҳ ҷудо карда метавонем:

1) даромадҳои буҷети ҷумҳуриявӣ;

2) даромадҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ;

3) Даромадҳои буҷетҳои маҳаллӣ.

1) Даромадҳои буҷети ҷумҳуриявиро дар навбати худ ба гурӯҳҳои зерин ҷудо мекунанд:

а) даромадҳои андозӣ.

б) даромадҳои ғайриандозӣ.

Ба даромадҳои андозии буҷети ҷумҳуриявӣ дохил мешаванд:

—  андозҳои умумидавлатӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ иборатанд. Феҳристи меъёри онҳо бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи андоз, гумрук ва боҷи давлатӣ, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Тақсими андозҳо дар байни буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ муқаррар карда мешавад;

— боҷҳои давлатие, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид мегарданд.

Ба даромадҳои ғайриандозии буҷети ҷумҳуриявӣ бошад инҳо дохил мешаванд:

—  даромадҳо аз хизматрасониҳои пулакии мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, инчунин ташкилотҳои буҷетии тобеи мақомоти мазкур, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд;

—  фоидаи Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин корхонаҳои давлатӣ тибқи меъёрҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;

— даромад аз фурӯши захираву пасандозҳои давлатӣ, фоиз аз депозитҳо ва сармоягузории давлатӣ, дивидендҳо аз дороиҳои молиявӣ;

—   иҷорапулӣ барои истифодабарии молу мулки ҷумҳуриявӣ;

— воридоти маблағи бо тартиби ҷазои ҷиноятӣ ва маъмурӣ ба фоидаи давлат ситонидашаванда;

—  воридоти маблағҳо аз дигар манбаъҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардаанд, аз ҷумла, ҷарима, пеняҳо ва фоизҳо барои риоя накардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ, ҷуброни  зараре, ки ба буҷети ҷумҳуриявӣ дар натиҷаи вайрон кардани интизоми молиявӣ расонида шудааст.

Инчунин ба даромадҳои буҷети ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби манбаъҳои ғайрибуҷетӣ дохил мешаванд:

— грантҳо ва дигар маблағҳои беподош, ки аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳукуматҳои давлатҳои дигар ворид мешаванд;

— маблағҳое, ки дар натиҷаи ҳисоббаробаркунии байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ворид мешаванд;

— маблағҳое, ки аз истифода ва фурӯши молу мулк ворид мешаванд, инчунин қарзгирии давлатии дохилӣ ва берунӣ, ки  дар буҷети ҷумҳуриявӣ берун аз даромад ҳамчун манбаи маблағгузории касри буҷет истифода мешавад.

2) Даромадҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ аз ҳисоби манбаъҳои зерин ташкил меёбанд:

— андозу пардохтҳои махсуси мақсаднок ва ҳатмӣ, ки қонунгузории     Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;

— маблағҳои ихтиёран супурдаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;

— маблағҳои буҷети давлатӣ;

— даромадҳо аз фаъолияти соҳибкорие, ки фонди дахлдор ҳамчун    шахси ҳуқуқӣ амалӣ мегардонад;
— даромадҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Даромадҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ дар буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта мешаванд.

Ҷамъоварӣ ва назорати пардохтҳои ҳатмиро ба буҷети фондҳои мақсадноки давлатӣ  мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад.

3) Даромадҳои буҷетҳои маҳаллӣ низ аз даромадҳои андозӣ ва ғайриандозиро дар бар мегирад.

1. Ба даромадҳои андозии буҷетҳои маҳаллӣ инҳо дохил мешаванд:

— андозҳои маҳаллӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети маҳаллӣ, ки номгӯи онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд;

— даромадҳо аз андозу пардохтҳои танзимшавандаи умумидавлатӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли навбатии молиявӣ муайян гардида, ба буҷетҳои маҳаллӣ дода мешаванд;

—  боҷи давлатӣ, ба истиснои боҷи давлатие, ки мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид карда мешавад.

2. Ба даромадҳои ғайриандозии буҷетҳои маҳаллӣ инҳо дохил мешаванд:

— даромад аз буҷети ҷумҳуриявӣ, ки дар шакли кӯмаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвенсия), кӯмаки молиявӣ (субсидия), инчунин дар шакли ҳисоббаробаркунии мутақобила ба буҷети маҳаллӣ ворид мешавад;

—  иҷорапулӣ барои истифодабарии молу мулки маҳаллӣ;

— даромад аз хизматрасониҳои пулакие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои буҷетии аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ маблағгузоришаванда ба анҷом мерасонанд;

— воридоти маблағ аз дигар манбаъҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардаанд, аз ҷумла ҷаримаҳо, пеня ва фоизҳо барои риоя накардани ӯҳдадориҳои шартномавӣ, барқарор намудани зарари дар натиҷаи вайрон кардани интизоми молиявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ расонидашуда;

— даромадҳо аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ — грантҳо, дигар пардохтҳои беподош аз шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ.

Б. Хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вобаста ба аҳамияти иқтисодӣ ба намудҳои зерин ҷудо карда метавонем:

1) хароҷоти ҷорӣ;

2) хароҷоти асосӣ.

Таснифи хароҷотҳои буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хароҷоти ҷорӣ ва асосӣ тибқи гурӯҳбандии иқтисодии хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.

1) Хароҷоти ҷорӣ – ин қисми хароҷоти буҷет, ки барои таъмини фаъолияти ҷории мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои буҷетӣ ва фондҳои мақсадноки давлатӣ муқаррар гардида, барои дастгирии сатҳҳои дигари низоми буҷети давлатӣ, соҳаҳои алоҳидаи истеҳсолот бо тариқи расонидани кӯмаки молиявии беподош (дотатсия), мусоидати молиявӣ (субвенсия) ва кӯмаки молиявӣ (субсидия) истифода мешавад.

Ба хароҷоти ҷорӣ инчунин хароҷоте мансуб дониста мешаванд, ки тибқи гурӯҳбандии буҷетӣ ба хароҷоти асосӣ дохил карда нашудаанд.

2) Хароҷоти асосӣ – ин хароҷоти буҷет аст, ки барои маблағгузории рушди фаъолияти сармоягузорӣ таъин гардидааст. Ба хароҷоти асосӣ инҳо дохил мешаванд:

—  хароҷоте, ки тибқи барномаҳои сармоягузории тасдиқшуда барои маблағгузории шахсони ҳуқуқии амалкунанда ё аз нав таъсисёфта таъин шудааст;

— маблағҳое, ки ба шахсони ҳуқуқӣ ҳамчун қарз барои маблағгузории рушд дода мешаванд;

— хароҷоти вобаста ба таъмири асосӣ ва хариди воситаҳои асосӣ;

— хароҷоте, ки ҳангоми иҷрои он молу мулки мутаносибан ба моликияти ҷумҳуриявӣ ва коммуналӣ мансуббуда афзоиш меёбад;

— хароҷоти дигаре, ки тибқи гурӯҳбандии иқтисодии буҷетӣ ба хароҷоти асосӣ дохил карда шудааст.

Дар таркиби хароҷоти асосӣ мумкин аст фондҳои рушд таъсис дода шаванд.

Ба ғайр аз таснифоти зикршуда инчунин хароҷоти буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро мо метавонем ба намудҳои зерин ҷудо кунем:

  1. хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ.
  2. хароҷоти фондҳои мақсадноки давлатӣ.
  3. хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ.
  4. хароҷоти якҷояи буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ.
  5. Хароҷоти буҷети ҷумҳуриявӣ.

Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ танҳо хароҷоти намудҳои зерини фаъолият маблағгузорӣ карда мешавад:

— таъмини фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти идоракунии давлатӣ, хароҷоти дигари дорои аҳамияти умумидавлатӣ аз рӯи феҳристе, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ муайян карда мешавад;

— фаъолияти низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— амалӣ намудани фаъолияти байналмилалӣ, таъмини молиявии иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ ва шартномаҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, ҳамкориҳои байналмилалии фарҳангӣ, илмию иттилоотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки ҳангоми қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ муайян карда мешаванд;

— мудофиа ва таъмини амнияти давлат, ба ғайр аз хароҷоте, ки бо қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ҳамин мақсадҳо амалӣ карда мешавад;

— таҳқиқоти бунёдӣ ва дастгирии пешрафти илмию техникӣ;

— дастгирии давлатии инфрасохторҳои нақлиётӣ ва сӯзишворию энергетикии дорои аҳамияти умумидавлатӣ;

— барномаҳои умумидавлатӣ оид ба рушди кишоварзӣ  ва таъмини амнияти озуқаворӣ;

— хароҷоти дорои аҳамияти умумидавлатӣ оид ба ҳифзи табиат ва муҳити зист;

— бартараф намудани оқибатҳои вазъияти фавқулодда ва офатҳои табиӣ;

— ташаккули моликияти ҷумҳуриявӣ ва маблағгузории ташкилотҳое, ки дар ихтиёри мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ буда, ба моликияти давлатӣ мансубанд;

— хизматрасонӣ ва пардохти қарзи давлатӣ;

— ҷуброни хароҷоти фондҳои мақсадноки давлатӣ оид ба пардохти нафақа ва кӯмакпулӣ, дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ мешаванд;

— пурра кардани захираҳои давлатии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, захираи моддии давлатӣ;

— гузаронидани интихоботу раъйпурсиҳо;

— барномаҳои умумиҷумҳуриявии сармоягузорӣ;

— таъмини иҷрои қарорҳои мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ки ба афзоиши хароҷоти буҷет ё камшавии даромади буҷет оварда мерасонанд;

— таъмини иҷрои ваколатҳои алоҳидаи давлатӣ, ки амалӣ гардонидани онҳо ба сатҳи дигари мақомоти ҳокимияти давлатӣ вогузор шудааст;

— дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

— ҳисоботи расмии омор;

— дигар хароҷоти дорои аҳамияти умумидавлатӣ.

  1. Хароҷоти фондҳои мақсадноки давлатӣ.

Маблағҳои фондҳои мақсадноки давлатӣ танҳо барои иҷрои амалҳое истифода мешаванд, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи буҷети фондҳои мазкур муайян гардида, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ тасдиқ карда шудаанд.

  1. Хароҷоти буҷетҳои маҳаллӣ.

Аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ танҳо хароҷоти намудҳои зерини фаъолият маблағгузорӣ карда мешавад:

таъмини фаъолияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

— таъмини фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

— ташаккули моликияти коммуналӣ дар маҳалҳо ва идоракунии он;

— ташкил, таъмини фаъолият ва рушди муассисаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, матбуот ва нашрияҳои даврӣ, дигар муассисаҳое, ки ба моликияти коммуналӣ мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд;

— рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ;

— сохтмони роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ ва нигоҳдории онҳо;

— ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар маҳалҳо;

— ташкили истифода ва коркарди партовҳои рӯзгор;

— ташкили хизматрасонии нақлиётӣ ба аҳолӣ ва муассисаҳое, ки ба моликияти коммуналӣ мансубанд ё дар ихтиёри мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошанд;

— ҳифзи табиат дар маҳалҳо;

— амалигардонии барномаҳои мақсадноки мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

— хизматрасонии қарзи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва пардохти он;

— кӯмакҳои молиявии беподош (трансфертҳо) ба аҳолӣ;

— гузаронидани интихоботи мақомоти намояндагии маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

— маблағгузории қарорҳои дигари мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва хароҷоти дигар, ки мутобиқи гурӯҳбандии буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ мансуб дониста шудаанд.

  1. Хароҷоти якҷояи буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ

Аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ хароҷоти якҷояи намудҳои зерини фаъолият маблағгузорӣ карда мешавад:

— дастгирии давлатии соҳаҳои саноат, сохтмон, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии роҳ;

— таъмини фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ;

— таъмини бехатарии зидди сӯхтор;

— таъмини фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ, лоиҳакашию таҳқиқотӣ, ки пешрафти илму техникаро таъмин менамоянд;

— таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш;

— таъмини ҳифзи табиат, ҳифз ва таҷдиди сарватҳои табиӣ, фаъолияти обуҳавошиносӣ;

— таъмини пешгирӣ ва бартараф кардани оқибатҳои вазъияти фавқулодда ва офатҳои табиӣ;

— рушди инфрасохтори бозор;

— таъмини фаъолияти воситаҳои ахбори омма;

— кӯмаки молиявӣ ба дигар буҷетҳо;

— хароҷоти дигар, ки дар ихтиёри якҷояи мақомоти ҳокимият, идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот мебошад.

Тақсим ва вобаста кардани хароҷоти мазкур байни буҷетҳои сатҳҳои мухталифи низоми буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои идораи якҷояро танзим менамояд, инчунин бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ тасдиқ карда мешавад.

Тартиби мувофиқаи тақсимот ва вобаста кардани хароҷот дар идоракунии муштараки мақомоти ҳокимият, идоракунии давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *