Фанни Ҳуқуқи молиявӣ

Тартиби андозбандии фаъолияти иқтисодии шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ

  1. Шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқи андоз.
  2. Объекти андозбандии шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ.
  3. Пардохти гумрукӣ.
  4. Ҷавобгарии шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ барои вайрон кардани қоидаҳои пардохти андоз.

Ҷ. 1 Андоз манбаъ ва сарчашмаи ғанӣ гардонидани хазинаи давлат ба шумор меравад. Андоз, боҷ ва пардохтҳои гуногуни давлатӣ аз ҳисоби даромадҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷамъоварӣ мегарданд. Аз ин лиҳоз, ҳамаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд тамоми андозҳоеро, ки нисбати онҳо қонуни андоз муйаян кардааст, сари вақт пардозанд. Зеро, андоз ҳамчун ӯҳдадории яктарафаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ эътироф гаштааст. Ин паҳлуи муҳими ӯҳдадории умумии аъзоёни ҷомеъа дар моддаи 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мазмуни зайл иньикос ёфтааст: «Додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардаасл вазифаи ҳар як фард мебошад. Қонунҳое, ки андози навро муқаррар мекунанд ва ё шароити андозсупорандагонро вазнин менамоянд, кувваи бозгашт надоранд».

Ҳамин тарик, андоз пардохти ба буҷети давлатӣ ба ҳисоб рафта, дорои хусусияти ҳатми ва инфиродии ғайриэквиваленти мебошад. Андоз ба намудҳои алоҳида ҷудо мешаванд. Ҳар як намудн андоз ба навъҳои ҷудогона тасниф мегарданд, ки мо онҳоро номбар менамоем. Дар Чумҳурии Тоҷикистон андозҳо аз андозҳои умумидавлатӣ ва андозҳои маҳаллӣ иборатанд.

Ба андозҳои умумидавлатӣ инҳо дохил мсшаванд:

1) андоз аз даромад;

2) андоз аз фоида;

3) андоз аз арзиши иловашуда;

4) аксизҳо;

5) андози иҷтимоӣ;

6) андозҳо барои захираҳои табиӣ;

7) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;

8) андоз аз фурӯши нахи пахта ва алюминийи аввалия.

2.Ба андозҳои маҳаллие, ки бо Кодекси андози ҶТ муқаррар шуда, бо санадҳои меёрии ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳо мавриди амал қарор дода мешаванд, инҳо дохил мешаванд:

1) андоз аз воситаҳои нақлиёт;

2) андозҳо аз молу мулки ғайриманқул.

Ташкилоти ғайритиҷорати дар қатори дигар шахсони ҳуқуқӣ субьекти ҳуқуқи андоз ба андозаи муқаррар кардан қонун ба шумор мераванд. Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар ҳолате субъекти апдозбандӣ мегарданд, ки агар ба замъи фаъолияти ғайритиҷоратӣ фаъолияти соҳибкориро барои ноил гаштан ба мақсадҳои оинномавиашон пеш баранд.

Аз тарафи дигар, кисми 1. моддаи 24 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилотҳои ғайритиҷоратиро ба сифати субъекти андозбандӣ муқаррар намудааст:

«Мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ ва (ё) динӣ, фондҳо, муассисаҳо, ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо), ташкилотҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва дигар ташкилотҳое, ки ба фаъолияти ғайритиҷоратӣ машғуланд, яъне субъектҳо — шахсони ҳуқуқие, ки мақсади гирифтани фоида, даромад ё ҷубронро надоранд ва фоида, даромад ва ҷуброни гирифтаашонро (ҳангоми гирифтан) байни иштирокчиён (муассисон) тақсим намекунанд, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба ҳисоб мераванд».1 Ба ҳайси субъекти андоз ташкилоти эҳсонкорӣ, ташкилоти динӣ ба тариқи зайл эътироф гаштаанд, ки онҳо аз қабили ташкилоти ғайритиҷоратӣ ба шумор мераванд.

Дар баробари суханҳои зикргардида бояд хотирнишон сохт, ки ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мувофиқи тартиби барои корхонаҳо муқарраргардида ташкилоти ғайритиҷоратии резидентӣ ё хориҷӣ ба шумор мераванд. Агар дар он қисмате, ки ташкилоти ғайритиҷоратӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гардад, активҳо ва фаъолияти он бевосита ба фаъолияти соҳибкорӣ алоқаманд мегардад ва ҳамчун корхона ба ҳисоб рафта, дар фаъолияти асосӣ бояд ба ҳисоб гирифта шавад. Активҳо (дороиҳо)-е гуфта — амвол, активҳои молию моддӣ дигар фондкои пулӣ ё ҳуқуқҳои амволӣ, ки маблағи умумии воситаҳои (фондҳои) асосӣ ва муомилоти корхонаро ташкил медиҳанд фаҳмида мешавад. Инчунин, ба сифати активҳо ҳамагуна боигарии ба шахс тааллуқдошта, категорияи ҳисобие, ки арзиши амволи шахсии субъект ва воситаю захираҳоеро дар бар мегирад, ки барои пардохти (пӯшонидани) қарзҳо (ӯҳдадориҳо) таъин шудаанд, истифода мешаванд.

Дар чунин ҳолат агенти андоз, корманди мақомоти андоз намебошад. Вазифаҳои ба зиммааш тузоштаи ӯ оид ба ҳисоб намудани андоз, аз андозсупоранда тариқи пардохт ба бӯҷети дахлдори давлатӣ мегузарад. Албатта, ҳангоми ба субъекти андозбандӣ табдил ёфтани ташкилоти ғайритиҷоратӣ бояд аз қайди мақомоти андоз гузарад. Дар мавриди дигар модоме, ки ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд, иштирокчии муносибатҳои ҳуқуқи андоз мегарданд. Иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқии андоз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки бо мақсади риояи ӯҳдадории андоз андозаи рафтори ҳатмии аз тарафи давлат муқаррар гаштаро иҷро менамоянд. Субъектҳои ҳуқуқи андоз ба замми ӯҳдадории андоз ҳуқуқҳои субъективии андозро доро мебошанд. Мазмуни ҳуқуқҳои субъективии андоз аз ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои андозсупорранда иборат мебошад.

Аз ин рӯ, субъект ҳуқуқи андоз ҳамчун андозсупоранда ҳуқуқҳои зерин дорад:

— аз мақомоти андоз оид ба андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, дар бораи тағийрот ба қонунгузории андоз маълумот дастрас намояд ва вобаста ба мақсадҳои татбиқи қонунгузории андоз шарҳи хаттӣ гирад;

— манфиатҳои худро оид ба масъалаҳои муносибатҳои андоз шахсан ё тавассути намояндаи худ муҳофизат намояд;

— ҳангоми гузароиидани назорати андоз иштирок намуда, нусхаи ҳуҷҷатро оид ба натиҷаҳои назорати андоз гирад;

— ба мақомоти андоз аз рӯи натичаҳои назорати андоз оид ба ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатми ба буҷет тавзеҳот пешниҳод намояд;

доир ба ҳолати ҳисоббаробаркунӣ ба буҷет оид ба иҷрои ӯҳдадориҳои андози аз варақаҳои ҳисоби омаҳои шахсиаш нусха гирад;

нисбати санадҳои санҷиши андоз ва огоҳномаҳо оид ба санадҳон санҷиши андоз ва амали (беамалии) шахсони мансабдори андоз шикоят намояд;

пинҳон доштани сирри андозро талаб кунад; имтиёзҳои андозро тибқи тартиб ва асосҳои мавҷуда мутобиқи Қонунгузории андоз истифода барад;

мӯҳлати тамдиди (ба таъхир гузоштани) пардохти андозро тибқи тартиб ва шартҳои муқарраркардаи қонун дастрас намояд;

баҳисобгирӣ ё баргардонидани саривақтии маблағҳои андозҳои барзиёд супорида ё ситонидашударо (андозҳои ба буҷет барзиёд дохилшударо) талаб намояд;

аз шахсони мансабдори мақомоти андоз риояи қонунгузории андозро ҳангоми иҷрон амал нисбати андозсунордагон талаб намояд;

санадҳо (қарорҳо) ва талаботи мақомоти андоз ва шахсони мансабдори онро, ки ба қонунгузории андоз, дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба андоз ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ нестанд, иҷро накунад.

Ғайр аз ин андозсупорандагон ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ низ доранд.

Ҳамаи ӯҳдадориҳои андозро тибқи қонунгузории андоз дар ҳаҷми пурра иҷро намояд. Талаботи мақомоти андозро дар хусуси бартараф намудани камбудиҳо бе монеа иҷро намояд. Ба мақомоти андоз эъломия ва ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд. Ҳисоббаробаркунии пулиро бо истеъмолкунандагон, ки ҳангоми иҷрои амалиёти тиҷорати ё хизматрасонӣ тавассути пули нақд ва дигар коғазҳои қимматнок амалӣ намояд. Баҳигобгирии даромадҳоро аз рӯи объекти андозбанди пеш барад. Инчунин дар муддати на камтар аз 3 соли баьди ба охир расидани соли тақвими маьлумоти баҳисобгирии муҳосиботӣ, дигар ҳучҷатҳо ва пардохти андозҳои барои ҳамин соли тақвимӣ зарурӣ ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи даромадҳои гирифташуда, хароҷот ва андозҳои пардохташударо нигоҳ дорад. Илова ба ин ӯҳдадориҳои зерини дигар низ доранд.

Онҳо оид ба ҳамаи воҳидҳои махсусашон, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавчуданд — дар мӯҳлати на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи таъсис, азнавташкилшавӣ ё барҳамхӯри маьлумот пешниҳод намоянд. Оид ба эълон намудани муфлисшавӣ , барҳамхурӣ ё азнавташкилшавӣ — дар муддати на дертар аз 10 рӯзи тақвимӣ аз рӯзи қабули чунин қарор ба мақомоти андоз хабар диҳанд. Дар ҳолати иваз намудани маҳалли ҷойгиршавӣ риояи чунин қоида ҳатмист. Хулоса, дар ҳолати вайрон кардани ӯҳдадориҳои 6а зиммааш гузошта ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Ҷ. 2 Зери мафҳуми объекти андозбандӣ, хосияти ҳуқуқӣ, амалиёт, ҳодисот, ки тавассути таьсири меъёри ҳуқуқӣ ба миён омадан, тағийр ёфтаи ва катъ гаштани муносибати ҷамъияти сурат мегирад, фаҳмида мешавад.

Чунин далели ҳуқуқиро ба фурухтани мол, иҷрои кору хизматрасонӣ; воридоти мол ба қаламрави кишвар; соҳиби амвол шудан; ба даст овардани даромад нисбат додан дода мешавад.

Аз ин лиҳоз, дар сурати ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба чунин далелҳо рӯ ба рӯ шудан ё худ ба чунин шакли фаъолият машғул гаштан зарурати пардохти андоз ба миён меояд. Зеро, дар асоси пойдоргардии заминаҳои қонунии амалҳои зикргашта объекти андоз муқаррар карда мешавад. Объекти андоз фоида аз даромад мебошад. «Фоида» яке аз мояи асосии андозбандии ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ 6а шумор меравад. Мояи андозбанди аз рӯи фоида — аз фурӯши мол, кору хизматрасонӣ ва андоз аз арзиши иловашуда иборат аст. Далели дигари объекти андозбанди «даромад1» мебошад. Даромад худ нафъи иқтисодии пулӣ ё молӣ, ки дар Кодекси андоз ҳамчун «Андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ» вобаста ба даст овардан маънидод гардидааст. Инчунин, амвол — сарчашмаи андоз 6а таври объекти ҳуқуқӣ гражданӣ аз тарафи дигар истифода шуда, дар ҷараёни андозбандӣ 6а истиснои ҳуқуқҳои амволӣ арзёбӣ мегардад. Баъдан амалиёти фурӯши мол (иҷрои кор, хизматрасонӣ) низ яке аз навъҳои обьскти ҳуқуқӣ андоз башумор мераванд.

Вале, муҳимаш он аст, ки манбаи андоз барои ифодаи микдори мояи андоз хизмат мекунад. Тибқи талаботи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон супорандагони андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ корхонаҳои резидентӣ ва корхонахои хориҷӣ мебошанд. Ташкилоти ғайритиҷоратӣ яке аз навъҳои шахси ҳуқуқӣ арзёбӣ гардидааст. Дар ҳолати машғул гаштан ба фаъолияти озоди иқтисодӣ объекти андозбандии онҳоро ба даст овардани фоида ифода месозад. Фоида фарқи мусбии байни даромади умумии андозсупоранда ва маблағҳои тарҳшаванда мебошад, ки онро Қонунгузории андоз пешбинӣ намудааст. Тибқи моддаи 144 Кодекси андоз меъёри 25 фоизаи андоз нисбати корхонаҳо муқаррар гаштааст. Инчунин қонунгузории андоз барои пешбурдани фаъолияти пурсамар аз андозбандӣ дар доираи имтиёзҳо шахсони зайлро озод намуданд;

— ташкилотҳои динӣ, зҳсонкорӣ, , буҷетӣ, созмонҳои байниҳукуматӣ ва байнидавлатии ғайритиҷоратӣ, ба истиснои фоидае, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ мегиранд. Ҳамзамон чунин ташкилотҳо бояд баҳисобгирии ҷудогонаи фаъолияти асосӣ (фаъолияте, ки аз андоз аз фоида озод аст) ва фаъолияти соҳибкориро пеш баранд;

— маблағугузарониҳои ройгон ва амволи ройгон, аъзоҳақиҳо, хайрия ва грантҳое, ки ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мегиранд;

— Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он;

— корхонаҳое, дар онҳо дар як вақт дар соли ҳисоботии андоз на камтар аз 50% шумораи кормандонро маьюбон ташкил медиҳанд, ва на камтар аз 50% маблағҳои музди меҳнат ва дигар таъминоти моддӣ, аз ҷумла натуралӣ, барои эҳтиёҷоти маъюбон сарф карда шудааст; корхонаҳои наве, ки дар соҳаи истеҳсоли молҳо таъсис меёбанд, дар соли бақайдгирии давлатӣ ва аз соле, ки баъди соли бақайдгирии ибтидоии давлатӣ фаро мерасад, ҳангоми аз ҷониби муассиси онҳо бо назардошти ҳаҷмҳои ҳадди ақали инвеститсияҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба фонди оинномавии чунин корхонаҳо ворид намудани ҳаҷмҳои дар поён зикргардидаи инвеститясияҳо ба муҳлати: 2 сол, агар ҳаҷми инвеститсияҳо баробари то 50 (3 ҳазор доллари ИМА бошад); 2 сол, агар ҳачми инвеститсияҳо баробари бештар аз 500 ҳазор доллари ИМА то 2 миллион доллари ИМА бошад; 2 сол, агар ҳачми инвеститсияҳо баробари бештар аз 2 миллион то 5 миллион доллари ИМА бошад; 2 сол, агар хаҷми ивеститсияҳо баробари бештар аз 5 миллион долари ИМА бошад.

Ҷ. 2 Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар пардохти гумрукӣ ба монанди дигар шахсони ҳуқуқӣ аз интиқол додани мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукӣ ӯҳдадоранд: Пардохти гумрукӣ — боҷи гумрукӣ, андозҳо, хироҷи гумрукӣ, ҳаққи додани литсензия, музд ва нардохтҳои дигаре, ки мувофики тартиби муқарраргардида аз тарафи мақомоти гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад. Тибқи моддаи 340 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба пардохтҳои гумрукӣ дохил мешаванд:

  1. Боҷи гумрукӣ:
  2. Андоз аз арзяиши иловашуда, ки ҳангоми воридоти мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад;
  3. Аксиз, ки ҳангоми воридоти мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад.
  4. Пардохти гумрукӣ ситонида мешаванд, агар онҳо мувофиқи санадҳои маъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяи шуда бошанд.
  5. Боҷҳои махсус, зидидемпингӣ ва ҷубронӣ, ки мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд, тибқи қоидахои пешбини намудаи қонун нисбати ситонидани боҷҳои гумрукии воридотӣ пардохт карда мешаванд.

Боҷҳои гумрукӣ ҳангоми декларатсия1 кардани мол дар низомҳои гумрукӣ, пардохта мешаванд. Меъёр ва ҳаҷми боҷҳои гумрукиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ки онҳо ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:

— адвалорӣ — ба арзиши гумрукии моли мавриди андозбандӣ қарор гирифта, бо фоиз ҳисоб карда мешавад;

— махсус — тибқи ҳаҷми муқаррарнамудаи воҳиди моли мавриди андозбандӣ қарор гирифта ҳисоб карда мешаванд;

— омехта — ҳар ду навъи зикршудаи ставкаҳои пардохти гумрукиро дар бар мегирад.

Дар танзими муносибатҳои ҳуқуқии гумрукӣ вобаста ба ба миён омадани зарурат дар фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ боҷи гумрукии мавсимӣ пардохта мешавад. Дар ин ҷода Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад боҷҳои гумрукии мавсимиро барои танзими фаъолияти хориҷӣ муқаррар намояд. Мӯҳлати амали боҷҳои гумрукии мавсимӣ дар як сол набояд аз шаш моҳ зиёд бошад. Пардохти дигари гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми воридоти мол ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад, дар ҳолатҳое, ки ташкилоти ғайритиҷоратӣ тибқи Қонун ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гаштанаш пасандоз менамояд. Тибқи моддаи 200 КА Ҷумҳурии Тоҷикистон, андоз аз арзиши иловашуда шакли ба бучет гирифтани қисми дар ҷараёни истеҳсол ва муомилоти мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон илова шуда, инчунин қисми арзиши тамоми молҳои андозбандишавандаи ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда мебошад. Андоз аз арзиши иловашуда ҳамчун андози ғайримустақим бояд дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолот, муомилоти молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ пардохта шавад.

Барои пардохти андоз аз арзиши иловашуда ҳатман тибқи муқарароти қонун андозсупоранда 6а қайд гирифта мешавад. Бакайдгирӣ дар асоси ариза сурат мегирад. Бақайдгирӣ аз рӯи принсипи ихтиёран анҷом дода мешавад. Ҳангоми барҳам додани шахси ҳуқуқӣ, андозсупоранда аз арзиши иловашуда аз феҳристи давлатии андозсупорандагон бароварда мешавад (банди 2, моддаи 205 КА ҶТ). Дар ҳолати риоя накардан ё саркашӣ намудан аз қоидаҳои пардохти боҷи гумрукӣ шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Тибқи моддаи 291 Кодекси ҷиноягии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саркаши аз пардохтҳои гумрукӣ — бо ҷарима ба андозаи аз ҳаштсад то ҳазору панҷсад маоши ҳадди ақал ё бо маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то ду сол ҷазо дода мешавад. Аз баски мақомоти гумрук мақомоти давлатии ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Дар ҳимояи истиқлолият, амнияти иқтисодии давлат инчунин риояи ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқиро ҳангоми интиқоли мол ва воситаҳои нақлиёт аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. Аммо аз тарафи дигар, мақомоти гумрук дар роҳи дуруст ба роҳ мондани фаъолияташ бояд ӯҳдадор аст вазифаҳои мушаххасро иҷро намояд.

Вазифаҳои мақомоти гумрук дар моддаи 462 Кодекси гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал барраси шудааст. Аз тарафи дигар, мақомоти гумрук барои иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда тибқи моддаи 4671 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти андешидани тадбирҳои маъмуриро дорад. Бояд зикр намуд, ки кормандони мақомоти гумрук бояд ӯҳдадориҳои ба зимма гирифтаи худро тибқи қоидаҳои пешбининамудаи қонун иҷро намояд. Ба таври дахлдор иҷро накардани салоҳият аз тарафи кормандони мақомоти мазкур боиси вайрон кардани он гардад. Аз тарафи дигар, халалдор намудани фаъолияти гумрукӣ, боиси номураттабии сиёсати гумрукии давлат мегардад. Бо мақсади пешгири намудани чунин бесалоҳияти бо назардошти оқибатҳои манфии он, ҷавобгари дар татбиқ намудани муҷозотҳо барои қонунвайронкуни муқаррар карда мешавад. Ҷавобгарии кормандони мақомоти гумрук дар асоси маҷбурияти давлатӣ татбиқ карда мешавад.

Тибқи моддаи 472-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қарор ва амал (беамалӣ)-и ғайриқонунӣ шахсони мансабдори мақомоти гумрук мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ ва дигар ҷавобгариҳо кашида мешаванд. Мақсади асосии иншо намудани талаботи зайли қонунгузории гумрукӣ иборат аз маълумоти кофӣ ба даст овардани донишчӯён новобаста аз он ки ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар муносибатҳои ҳуқуқии гумрук ба ҳайси деклатрант баромад карда метавонанд ё не. Инчунин дар ҳолати барасмиятдарории гумрукӣ аз руи кадом масъулият амал мекунанд. Агарчанде муносибатҳои дар боло зикргаштаро қонунгузор новобаста аз шаклҳои моликият барои шахсони ҳуқуқӣ пешбинӣ менамояд.

Аз тарафи дигар масъуляти кормаидони мақомоти гумрук барои иҷрои содиқонаи вазифа дар таносуб бо ҷавобгарӣ, яъне халалдор намудани фаъолияташон ҳамчун амалҳои мутақобила арзёбӣ гаштанашон аз эҳтимол дур нест. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар ҳолати ичро накардани қоидаҳои қонунгузории гумрук иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқи гумрукӣ масъулияти ҷавобгариро ба зимма мегиранд. Муқаррар намудани чунин ҳолат аз ифодаи номуносиби фаъолияти тарафҳои муносибатҳои ҳуқуқи гумрук шаҳодат медиҳад.

Ҷ. 4 Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории ҷорӣ вазифадоранд андозро ба буҷеги давлатӣ (ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ) ва фондҳои давлатӣ саривақт ва пурра пардохт намоянд. Агар андозсупорандагон мӯҳлати пардохти андозро риоя накунанд ва ҳамчунин онро пурра насупоранд ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Андоз характери молиявӣ дорад. Сари вақт напардохтани он ба буҷети давлат зарари молиявӣ мерасонад. Ҳуқуқвайронкунии андоз аслан аз иҷро накардани ӯҳдадории андоз сар мезанад. Тибқи моддаи 92 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати роҳ додан ба саркаши аз андоз ё сари вақт напардохтан ва худдори намудан аз он, мақомоти андоз тадбирҳои зеринро бояд мавриди истифода қарор диҳад:

  • ҳисобкунии фоизҳо ба маблағҳои тибқи мӯҳлат насупоридаи андозҳо;
  • боз доштани амалиёти хароҷотӣ аз рӯи суратҳисобҳо дар бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ;
  • ҳабси амволи андозсупоранда ва ситонидани маблағҳое, ки ба андозсупоранда тааллуқ доранд. Дар сурати аз ҷониби андозсупоранда дар муҳлатҳои муқарраршуда иҷро нагардидани ӯҳдадориҳои пардохти андоз, ҷарима ва фоизҳо, яъне ҳагоме, ки андозсупоранда бақияпулӣ дорад, мақомоти андоз андозсупорандаро дар мавриди зарурати пардохти андоз, ҷарима ва фоизҳо дар мӯҳлати 10 рӯз аз санаи гирифтани чунин огоҳнома ва дар мавриди напардохтани андоз имконпазирии нисбати у андешидани тадбирҳои пешбининамудаи қонун огоҳ менамояд.

Хулоса, истифодаи маҳдудиятхои дар боло зикршуда ба сифати чораи таъмини иҷрои ӯҳдадориҳо истифода мешаванд. Ҳукуқвайронкунии андоз дар моддаҳои зерини 103, 104, 105, 106 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Аз ин лиҳоз қонугузории андоз ҳолатҳои истиснокунандаи ҷавобгарии шахс барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз муайян намудааст. Тибқи моддаи 103 КА ҶТ, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ шахсро барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз дар ҳолатҳои зайл ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин нест:

А) Аз ҷониби андозсупоранда ё агенти андоз иҷро намудани дастурҳо ва тавзеҳоти хаттӣ мақоми андоз ё дигар мақоми давлатӣ, ё шахсони мансабдори онҳо, ки дар доираи салоҳияташон додаанд;

Б) Аз ҳисоб баровардани бақияпулӣ аз дигар андозҳо аз ҳисоби маблағҳои барои ҳама гуна дигар андозҳо барзиёд пардохта шуда, аз ҷумла андозҳои пардохтаи агенти андоз;

Г)Бартараф намудани ҳуқуқвайронкунии апдоз бо роҳи пешниҳоди эъломияи иловагии андоз.

Конунгузории андоз барои бе сабабҳои ҷой доштани ҳуқуқвайронкунӣ, мӯҳлати даъвои дар моддаи 105 КА ҶТ баррасӣ намудааст. Тибқи он шахсро барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз ба ҷавобгари кашидан мумкин нест, агар аз рӯи содир намудан ё аз рӯзи дигари баъди ба охир расидани давраи андоз, ки дар давоми он чунин ҳуқуқвайронкунии андоз содир шуда буд, се сол гузашга бошад (мӯҳлати даьво). Ҳисоби мӯҳлати даьво аз рӯзи содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз барои ҳамаи ҳуқуқвайронкунии содиргаштаи андоз истифода мегардад. Ҳисоби мӯҳлати даъвои ҳуқуқвайронкунии андоз аз рӯзи ояндаи баъди рузи ба охир расидани давраи андоз, ки дар давоми он ҳуқуқвайронкунии андоз гашта буд, тибқи қонун анҷом дода мешавад.

Инчунин, қонунгузории андоз нисбати тамоми андозсупорандагон дар ҳолати напардохтани андоз ҷавобгарии маъмуриро муқаррар намудааст. Бояд зикр намуд, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои содир намудни ҷиноят дар соҳаи қонунгузории андоз мутобиқи Кодскси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Тибқи б. 1-и моддаи 292-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон1, саркаши аз супоридани андозҳо ва пардохтҳо аз шахси ҳуқуқӣ, ки қонун муқаррар намудаст, бо роҳи дида дониста ба асноди муҳосибавӣ (бухгалтерӣ) ё декларатсияи андоз дохил намудани маълумоти таҳрифшуда оид ба даромад ва хароҷот ё бо роҳи дигар пинҳон доштани дигар объектҳои андозбандишаванда, ки ба микдори калон содир шудаас ё бо ҷарима ба андозаи аз як ҳазор то як ҳазору панҷсад маоиши ҳадди ақал ё маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба мӯҳлати то панҷ сол ҷазо дода мешавад.

Дар моддаи зикргашта чунин эзоҳ омадааст: Саркаши аз супоридани андоз ва ё пардохтҳо аз шахсони ҳуқуқӣ ҳангоме ба миқдори калон содиршуда ҳисобида мешавад, ки агар ҳаҷми андоз ё пардохтҳои пардохташуда аз панҷ ҳазор маоши ҳадди ақал бештар бошад. Дар пешгири намудани қонуншикании андоз нақши агенти андоз бағоят калон аст. Ӯ бояд фаъолияти ташфиқотию тарғиботиро оид ба иҷрои саривақтии пардохти ӯҳдадории андоз пурзӯр намояд.

Адабиёт:

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон — Душанбе, 2003; Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Душанбе, 2004; Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Душанбе, 2005. Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, — Душанбе, 2004; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз 28 феврали соли 2004. Каратаева М.В,, Крохина Ю.А. Финансовое право. — М., НОРМА, 2001; Габричидзе Б.Н. Российское таможенное право. — М., НОРМА, 2001.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *