Фанни Ҳуқуқи молиявӣ

Қонунгузории ғайритиҷоратӣ

  1. Мафҳум ва мазмуни қонунгузории ғайритиҷоратӣ.
  2. Қонунгузории ғайритиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Низоми қонунгузории ғайритиҷоратӣ.

Ҷ.1 Қонунгузории ғайритиҷоратӣ ҳамчун соҳаи комплексӣ аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқӣ иборат буда, фаъолияти шаҳрвандон ва ташкилотҳои ғайритиҷоратиро дар ҷараёни амалӣ намудани ҳуқуқ ва озодиҳои асосӣ ва муносибатҳои ба он мансуби ҷамъиятиро танзим менамояд. Меъёрҳои қонунгузории ғайритиҷоратӣ дар низоми қонунгузориҳои ҷорӣ инъикос гаштаанд ва онҳо ҳамеша дар инкишофанд

Низоми ҳуқуқӣ аз меъёрҳо ва институтҳои соҳаҳои ҳуқуқ иборат аст. Ба низоми қонунгузории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ маҷмӯи қонунҳо ва санадҳои меъёрии қонуну зерқонунҳо дохил мешаванд. Ифодаи низоми ҳуқуқи шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ «сохти» берунаи ҳуқуқро арзёбӣ намояд. Пас, низоми қонунгузорӣ «шакли» берунаи ифодаи ҳуқуқ буда, дар адабиёти илмӣ ҳамчун сарчашмаи ҳуқуқ ном гирифта мешавад. Низоми қонунгузории ғайритиҷоратӣ аз ду сохт иборат аст:

— сохти уфуқӣ (ҳаммаънои горизонталӣ);

— сохти амудӣ (ба маънои вертикалӣ).

Соҳаҳои алоҳидаи қонунгузорӣ, ки ба соҳаҳои дахлдори ҳуқуқ мувофиқ мебошанд, сохти уфуқӣ номида мешавад. Яъне ҳар як соҳаи ҳуқуқ ба худ санадҳои хоси ҳуқуқии худро дорад. Муносибатҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ дар тамоми қодекс ва Санадҳои амалкунандаи дахлдори давлатӣ арзёбӣ гаштаанд. Дар ҳолати онҳоро ба як низом ҷамъ овардан мавзӯъи маҷмуии хешро ифода менамояд. Аз ин сабаб, асосҳои ҳуқуқии ташкилоти ғайритиҷоратӣ бештар характери маҷмуи доранд, на соҳавӣ. Меъёрҳои ҳуқуқии он дар Кодекси гражданӣ, гумрук, андоз ё санадҳои алоҳидаи ҳуқуқӣ инъикос ёфтаанд. Сохти амудии қонунгузории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ҷойгиркунии зинавии санадҳоро дар назар дорад.

Характери зинавӣ доштани ин низоми ҳуқуқӣ бештар аз рӯи ҷойгиршавиашон дар қонун ва зерқонунҳои соҳаи танзими фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ифода меёбад. Аз рӯи вазъ ё худ мартабаи танзим дар қатори аввал ё худ баъд аз он кадом санади ҳуқуқӣ ҷойгир аст, низом муайян менамояд. Инчунин дар низоми мазкур фарқи меъёрҳои ҳуқуқӣ аз рӯи мартабаи танзимкунии муносибатҳои ҷамъиятӣ мушоҳида мешавад. Масалан, тибқи ин низом меъёри ҳуқуқи конститутсионӣ дар мадди аввал меистад. Кодекс ва санадҳои амалкунандаи ҳуқуқӣ бошад, мавқеъи баъдинаро ишғол менамоянд. Аз рӯи тартиб ҷойи охирро санадҳои локалӣ соҳибанд.

Чунин сохти қонунгузорӣ ба низоми ҳуқуқ мувофиқ нест. Соҳаҳои ҳуқуқ вобаста ба нуфузашон сохти мартаботи дошта наметавонанд, вагарна аҳамияти баъзе соҳаҳо баланд, соҳаҳои дигар паст мешавад. Низоми илмии қонунгузории ғайритиҷоратиро вобаста ба предмет ва методи танзимкунӣ муайян мекунанд. Барои ҳамин мавзӯъи илмии ин соҳа хусусиятҳои маҷмӯъии муносибатҳоро аз рӯи мансубияташон меомӯзанд. Мавзӯъи омӯзиши илми ҳуқуқӣ ғайритиҷоратӣ аз соҳаи ин ҳуқуқ васеътар аст. Илми ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ на танҳо меъёрҳо, институту соҳаҳои ҳуқуқиро балки хусусиятҳои мавзӯъ ва усули танзими ҳуқуқиро меомӯзад. Фани таълимӣ «Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ» бо соҳаи ҳуқуқ ва нуқтаву хулосаҳои асосии илми ҳуқуқӣ сару кор дошта, аз рӯи ҳадафҳои дахлдори таълимӣ мавзӯъи хешро шинос мекунад. Фани таълимии мазкур аз илмҳои дигари ҳуқуқ – ҷиноӣ, криминалогия ва ғайра фарқ дорад. Вале, меъёр ва усулҳои мансуби ин соҳа ва илмҳои ҳуқуқро мавриди истифода қарор медиҳад. Асоси мавзӯъи ҳуқуқи ғайритиҷоратиро аз рӯи мартаба, низом, меъёри ҳуқуқӣ, мансубияти соҳавӣ ва аз рӯи зина ё гурӯҳбандӣ алоқамандии байни санадҳои ҳуқуқӣ ифода менамояд. Умуман муносибатҳои ҳуқуқии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ тавассути ду низоми ҳуқуқӣ: -ҳуқуқи оммавӣ ва ҳуқуқи хусусӣ ва инъикос намудан дар ин низом меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ танзим мегардад.

Ҷ.2 Фанни таълимии «Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ» меъёрҳои мухталифи санадҳои ҳуқуқиро ва тарзу усули дар амал татбиқгардии онҳоро мавриди омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор медиҳад. Ҳар як соҳаи ҳуқуқ доираи муайяни муносибатҳои ҷамъиятиро ҳадафи танзими хеш мегардонад. Дар силсилаи танзими ҳуқуқи муносибатҳои ҷамъиятӣ мақоми хоссаро санадҳои ҳуқуқии танзимнамоии фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ишғол менамоянд. Ин вазъ сифати маҷмӯи дошта, дар рушди идоараи ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва устуворгардии манфиатҳои ҳаёти иҷтимоӣ, эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳо саҳми босазоро мегузорад. Қонунгузории фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ назар ба дигар соҳаю санадҳои ҳуқуқи дар давраи соҳиб гаштан ба истиқлолияти миллӣ ташаккул ёфтааст. Дар ҳақиқат, заминаҳои бамиён омадани ин навъи ҳуқуқ зарурияти эътироф намудан ва арзёбӣ гаштани арзишҳои дунёи муосир дар санадҳои ҳуқуқии мо мебошад. Паҳлуҳои умдатарини он дар меъёрҳои Конститутсия ҷой дода шудааст, ки дар ин замина лаҳзаҳои муҳими он минбаъд дар соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ мушаххас гардидааст.

Бояд тазакур дод, ки дар зери қонунгузории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ низоми меъёрҳои ҳуқуқӣ ки тавассути онҳо тарзу усулҳои танзими фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ аз тарафи мақомоти қонунгузор (дар шакли қонун) ва идораҳои давлатӣ (дар шакли дастуру низомномаҳо), муқаррар ва муайян гардидааст, фаҳмида мешавад. Яъне, ба муносибатҳои якранг ҳамонхел меъёрҳои якранги қонунгузориҳо мувофиқ аст, ки тарзи махсуси танзимро тақозо менамояд. Дар бахши ин мавзӯъ ба қароре омадем, ки танҳо санадҳои меъри ҳуқуқиро мавриди таҳлил қарор диҳем, ки ҳадафи асосии онҳо маҳс аз танзими ҳуқуқии фаолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ иборат бошанд.

Дар ин самт сифати қонунгузории ҶТ санадҳои зерини меъёриву ҳуқуқӣ арзёбӣ гаштаанд:

— Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз 12.05.2007с. (таҳияи нави он бо тағъиру иловаҳо ба тавсиб расидааст);

— Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» аз 22.04.2003с.;

— Қонуни ҶТ «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ва кафолатҳои фаъолияти онҳо» аз 12.03.1992с.;

— Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» аз 13.11.1998с.;

— Қонуни ҶТ «Дар бораи фармоиши давлатӣ» аз 31.12.2008с.;

— Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз 19.05.2009с.;

— Қонуни ҶТ «Дар бораи боҷи давлатӣ» аз 28.02.2004с.

Инчунин ба сифати таъмин ва танзими баъзе паҳлуҳои муҳими фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ санадҳои меъёрии зерин номбар мегарданд:

— Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳофизати меҳнат дар ҶТ» аз 24.12.1991с.;

— Қонуни ҶТ «Дар бораи шарики иҷтимоӣ ва созишномаву шартномаҳои коллективӣ» аз 25.11.1992с.

Қонунҳои зикргашта бо мақсади мусоидат намудан ба ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амали намудани ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ба таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ нигаронида шудааст. Зеро, ҷомеаи шаҳрвандӣ муносибати зичро бо унсурҳои муҳими ҳаётӣ, ғайрисиёсӣ ва бо тарзҳои худидорӣ асос ёфтаи ҳуқуқӣ мустаҳкам менамояд. Дар ҷомеаи шаҳрвандӣ аз рӯи зарурият ва бартарият, шахсияти инсон аҳамияти хосса менамояд. Меъёрҳои ҳуқуқии ин силсила санадҳо инсонро ба фаъолияти пурсамар ҳидоят намуда, аз шахси фурӯтану ғулом табиат ба шахси озоду баробарҳуқуқ, ба шаҳрванди комил табдил медиҳад

Агар мо ба Конуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» назар афканем, маълум мегардад, ки дар кишвари мо дарки дурусти ташаббуси шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ, ҳуқуқи таъсисдиҳӣ ва иштирок дар таъсисдиҳии ихтиёрӣ, аллакай заминаҳои ҳуқуқӣ пайдо намудааст. Қонуни мазкур аз 43 модда ва 8 боб иборат буда, ҳадафҳои асосии он аз таъсис ва фаъолият, оқибатҳои қатъгардӣ ё барҳамхурии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва муносибатҳои ба ин хос иборат аст. Мувофиқи Конститутсияи ҶТ таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки хусумати нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва ҷангро тарғиб менамоянд, ба зуран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват мекунанд, манъ аст. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки низоми маҳаллиро тарғиб менамояд, низ манъ аст.

1. Дахолати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳамчунин дахолати иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва шахсони масабдори онҳо манъ аст.

2. Давлат риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъмин мекунад, ба онҳо додани имтиёзҳо ва афзалиятҳои андозсупорӣ ва дигар имтиёзҳоро ба тариқи қонунгузорӣ танзим менамояд.

Дастгирии давлатӣ дар шакли маблағҷудокунии мақсаднок (грантҳои давлатӣ) ба барномаҳои ҷудогонаи барои ҷомеа муфиди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мувофиқи дархости онҳо, бастани шартномаҳои гуногун, аз ҷумла, барои иҷро кардани ко рва хизматрасонӣ, супориши иҷтимоӣ барои иҷрои барномаҳои гуногуни давлатӣ ба доираи номаҳдуди иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар асосҳои озмун ифода ёфта метавонад.

Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» аз 5 боб ва 26 модда иборат аст. Дар боби 1 сухан оид ба муқарароти умумӣ рафта, ба масъалаҳои мухталифи танзимнамоии фаъолияти эҳсонкорӣ бахшида шудааст. Мафҳуми фаъолияти эҳсонкорӣ дар моддаи 2-и Қонуни мазкур ифода гаштааст, фаъолияти эҳсонкорӣ ташкилоти ғайридавлатӣ, ғайритиҷоратиест, к ибо расонидани кӯмаки (дастгирии) моддӣ ё дигар намуди кӯмак, аз ҷумла, ба тарзи беғаразона (ройгон ё бо шартҳои имтиёзнок) ба шахсони воқеии муҳтоҷи чунин ёрӣ ё шахсони ҳуқуқие, ки бевосита машғули чунин ёрирасонианд, аз ҷумла, ба хизмат, ё фаъолияти илмӣ, таълимӣ, маърифатӣ ё дигар шакли фаъолият, ки ба манфиати ҷамъият ба амал бароварда мешавад, алоқаманд мебошанд. Ташкилоти эҳсонкорӣ ташкилоти ғайридавлатӣ, ғайритиҷоратиест, к ибо тартиби муқаррар намудаи Қонуни ҶТ таъсис ёфта барои иҷрои мақсадҳои эҳсонкорӣ барпо гардидааст ва мақсади асосии фаъолияти он эҳсонкорӣ буда, ба манфиати ҷамъият ё шахсони алоҳида амали мегардад.

Дар Қонуни номбурда мафҳумҳои зерин барои равшан намудани моҳияти фаъолияти эҳсонкорӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд:

— ташкилоти эҳсонкорӣ;

— барномаи эҳсонкорӣ;

— эҳсонкорӣ;

— эҳсонгирҳо;

— ихтиёрион;

— фонди эҳсонкорӣ;

— грантҳо;

— хайрия;

— ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ, ташкилотҳои эҳсонкорӣ ташкил мекунанд.

Боби мазкури қонун бо муқарароту меъёрҳои ҳуқуқӣ ғанӣ гардонида шудааст. Масъалаҳои марбут ба муқаррар намудани мақсадҳои фаъолияти эҳсонкорӣ дар моддаи 2-и қонун ҷой дода шудааст, ки тибқи он ба фаолияти эҳсонкорӣ дохил мешаванд:

— дастгирии иҷтимоӣ, мутобиқат ва ҳимояи шахсони воқеӣ, аз ҷумла бехатаркунии вазъи моддӣ, офати иҷтимоии бекорон, корношоямон, маъюбон ва дигар шахсоне, к ибо сабабҳои ҷисмонӣ ва ақлонии худ ё дигар ҳолатҳо мустақилона ҳуқуқ ва манфиатҳои худро ба амал бароварда метавонанд;

— ёри ба оилаҳои серфарзанд ва камбизоат ё шахсони воқеии муҳтоҷи мутобиқати иҷтимоӣ ё ҳифзи иҷтимои;

— ёри ба бачаҳое, ки падару модар надоранд, ба муассисаҳои бачагона, инчунин дигар ташкилотҳое, ки чунин бачагонро нигоҳубин мекунанд;

— ёрӣ ба падару кӯдакон оид ба мусоидати ҳимояи онҳо;

— баланд бардоштани обурӯ ва мақоми оила дар ҷомеа;

— ёрӣ ба маъюбону пиронсолон ё ташкилотҳое, ки ба нигоҳубини онҳо мшғуланд;

— ёрӣ ба зарардидагон аз офатҳои табиӣ, экологӣ, саноатӣ ё фалокатҳои дигар, низоъҳои иҷтимоӣ, миллӣ, масҳабӣ, инчунин қурбониҳои ҷазодиҳӣ (репрессия), гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ;

— дастгирӣ ба шахсони воқеъии муҳтоҷи ёрии тиббӣ ё нигоҳубини махсус дар шакли пардохти музди хизматрасонии тиббӣ ё хизматҳои вобаста ба он (аз ҷумла, хароҷоти рафту ой то маҳалли расонидани чунин хизмат) ё ба ташкилотҳои дорои мақоми муассисаи тиббӣ;

— мусоидат намудан ба фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф, илм-фарҳанг, санъат, маърифат ва инкишофи маънавии шахсият, аз ҷумла, таъсиси стипендияҳо;

— мусоидат барои пойдории сулҳ, дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмии байни халқҳо, пешгирии низоъҳои иҷтимоӣ, миллӣ ва масҳабиву ғайраро пешбини менамояд.

Дар моддаи 5-и Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» доираи иштирокчиёни ин фаъолият арзёбӣ гаштааст, ки тибқи он иштирокчиёни фаъолияти эҳсонкорӣ инҳоянд:

— шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ ки фаъолияти эҳсонкориро ба амал мебароранд, аз ҷкмла, бо роҳи дастгирии ташкилоти мавҷуда ё таъсиси ташкилоти нави эҳсонкорӣ (эҳсонкорон, ихтиёрион);

— шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои манфиати эҳсонкорӣ онҳо фаъолияти эҳсонкорӣ ба амал бароварда мешавад (эҳсонгирҳо);

Ташкилотҳои эҳсонкорӣ дар шакли ташкилотҳои ҷамъиятӣ (иттиҳодияҳо, фондҳо, муассисаҳо) ва дигар шаклҳо, ки қонунгузории ҶТ барои фаъолияти эҳсонкорӣ пешбинӣ намудааст, ташкил карда мешавад. Яке аз навъҳои ташкилоти ғайритиҷоратиро ҳизбҳои сиёсӣ дар ҶТ ташкил менамоянд. Фаъолияти ҳизбҳои сиёсиро дар ҳар як давлат қонун ба танзим медарорад. Дар кишвари мо фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ тавассути қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ», ки таърихи 13.11.1998 сол қабул гардидааст, танзим менамояд. Дар моддаи 1-уми қонуни мазкур ҳуқуқи шаҳрвандон дар бораи мутаҳид гаштан дар ҳизбҳои сиёсӣ, озодона баромадан аз онҳо таъкид мегардад ва барои озодии ташкили ҳизбҳои сиёсӣ кафолат дода мешавад.

Тибқи қонуни мазкур дар ҶТ танҳо ҳизбҳои сиёсии ҷумҳуриявӣ таъсис дода мешаванд. Ҳизби сиёсиро шаҳрвандони Тоҷикистон дар анҷумани муассисон таъсис дода, Оиннома қабул гардида, мақомоти роҳбари ҳизб интихоб карда мешавад. Тибқи ин қонун дар ҶТ фаъолияти ҳизбҳои сиёсии давлатҳои дигар номумкин аст. Инчунин ҳизбҳои сиёсие, ки мақсади зуран тағъир додани сохти конститутсионӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ, барангехтани низоъӣ нажодӣ, миллӣ, маҳаллӣ, иҷтимоӣ ва диниро доранд, таъсис ёфта наметавонанд ва фаъолияти онҳо манъ карда мешавад. Дигар ҳама шаҳрвандони ҶТ, ки синашон ба 18 расидааст ихтиёран аъзои ҳизб шуда метавонанд. Ба расмият шинохтани ҳизби сиёсиро Вазорати адлияи ҶТ ба амал медарорад. Мақомоти давлатӣ ҳизби сиёсиро фақат дар сурате ба расмият намешиносад, ки агар Оиннома ва ҳуҷҷатҳои дигари расмӣ ба Коститутсияи ҶТ, Қонун «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» ва дигар қонунгузориҳо мухолиф бошад.

Дар шароити ҳозири дар Вазорати адлияи ҶТ ҳизбҳои сиёсии зерин бақайд гирифта шудаанд:

— Ҳизби Комунистии Тоҷикистон;

— Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон;

— Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон;

— Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон;

— Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон.

Мақсади асосии системаи бисёрҳизбии Тоҷикистон пеш аз ҳама мусоидат намудан ба амали намудани арзишҳои демократӣ мебошад.

Ҷ.2 Конститутсияи ҶТ сарчашмаи асосии тамоми соҳаҳои ҳуқуқ, аз ҷумла, низомсоз ва роҳнамои қонунгузории ғайритиҷоратӣ махсуб мегардад. Меъёрҳои Сарқонун, Конститутсияи ҶТ дорои қувваи олии ҳуқи буда, дар танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ мустақиман амал мекунад. Аз ин лиҳоз меъёрҳои Конститутсия нисбат ба санадҳои дигари ҳуқуқӣ афзалиятноканд, ва дар сурати хилофи Конститутсияи ҶТ буданашон эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Конститутсияи ҶТ ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бароробарии онҳоро дар назди қонун ва суд муқаррар менамояд. Меъёрҳои Конститутсияи ҶТ ҳамагуна маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳоро аз рӯи аломати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, забонӣ, ҷинс, эътиқоди динӣ, вазъи иҷтимоӣ ва дигар аломатҳо манъ аст.

Тибқи моддаи 28-и Конститутсияи ҶТ, шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад.

Дар моддаи 48-и Кодекси гражданӣ банди 1, 2 ва 3 ташкилоти ғайритиҷоратӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ дониста мешавад. Аз ҷумла, омадааст: ба шахси ҳуқуқие, ки муассисонаш (иштирокчиёнашон) нисбати онҳо ҳуқуқи амволӣ надоранд дохил мешаванд:

— ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ ва динӣ;

— фондҳои хайрия ва фондҳои дигари ҷамъиятӣ;

— иттиҳодияҳои шахсӣ, ҳуқуқӣ (ассотсиятсияҳо ва иттиҳодияҳо).

Шаклҳои ташкилии ташкилотҳои ғайритиҷоратиро қ. 3, м. 50-и Кодекси граждании ҶТ чунин пешбини менамояд, ашхоси ҳуқуқие, ки ташкилоти ғайритиҷорати мебошад, метавонад дар шакли:

— кооперативҳои матлубот;

— ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ ё динӣ;

— муассисаҳои аз ҷониби молик маблағгузорӣ шаванда;

— фондҳои хайрия ва фондҳои дигар, инчунин дар дигар шаклҳои пешбини намудаи қонун таъсис дода мешавад.

Дар давоми қисми баррасӣ гашта гуфта мешавад, ки ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ танҳо ба қадре ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шуда метавонанд, ки барои мақсадҳои Оинномавии онҳо зарур аст. Вале қонунгузории ҷорӣ барои баъзе навъҳои ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ шуғл варзиданро (ассотсиатсияҳо) манъ намудааст.

Бояд тазаккур дод, ки тамоми ташкилотҳои ба сифати шахси ҳуқуқӣ дар мақомоти адлия ба қайд гирифта шуда, ба ду намуд ҷудо мешавад:

1. Ба ташкилотҳои тиҷоратӣ, ширкату ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ (ширкати комил, ширкати бабоварӣ асосёфта, ҷамъиятӣ дорои масъулияташ маҳдуд), кооперативҳои истеҳсолӣ, ташкилотҳои воҳид ва давлатӣ шомиланд, ки ба даст овардани фоида ҳадафи асосии фаъолияташон мебошад;

2. Ба ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ки ба даст овардани фоида ҳадафи асосии фаъолияташонро ташкил намедиҳад:

— муассисаҳои аз ҳисоби молик маблағгузорӣ шаванда;

— кооперативҳои матлуботӣ;

— ташкилотҳои ҷамъиятӣ ё динӣ;

— бунёдҳои барои хайрия ҷудо шуда.

Тибқи моддаи 51-и Кодекси гражданӣ қобилияти соҳибҳуқуқии меҳнатии ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданашон ба вуҷуд меоянд. Хулоса, ташкилоти ғайритиҷоратӣ дар қатори дигар шахсони ҳуқуқӣ дар таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба меҳнат ва ҳифзи манфиатҳои меҳнатии онҳо нақши босазоро мебозад.

Ӯҳдадории пардохти андоз яке аз навъҳои ӯҳдадории конститутсионии шахси воқъӣ ва чи ҳуқуқӣ буда, риояи қатъиро дар таъмини хеш талаб менамояд. Аз инҷо ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ӯҳдадоранд саривақт андози бар души онҳо вогузор гаштаро пардозанд. Бояд тазаккур дод, ки дар ҳолате ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ субъекти андозбандӣ мегарданд, ки агар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул гарданд.

Адабиёт:

Конститутсияи ҶТ-Душанбе, 2003; Кодекси граждании ҶТ (қисми 1-ум), -Душанбе, 2000; Кодекси граждании ҶТ (қисми 2-юм), -Душанбе, 2000; Кодекси граждании ҶТ (қисми 3-юм), -Душанбе, 2005; Кодекси меҳнати ҶТ -Душанбе, 1998; Кодекси андози ҶТ -Душанбе, 2004; Кодекси ҷиноятии ҶТ -Душанбе, 2004; Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» -12.05.2007; Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» -22.04.2003; Қонуни ҶТ «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо» -12.03.1992; Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» -13.11.1998; Қонуни ҶТ «Дар бораи боҷи давлатӣ» -28.02.2004; Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳофизати меҳнат дар ҶТ» -24.12.1991; Қонуни ҶТ «Дар бораи шарики иҷтимоӣ ва созишномаю шартномҳои коллективӣ» -25.11.1992; Қонуни ҶТ «Дар бораи фармоиши давлатӣ» -31.12.2008; Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» -19.05.2009.

Қонунгузории ғайритиҷоратӣ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *