Фанни Ҳуқуқи молиявӣ

Танзими меҳнат дар фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ

  1. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандон дар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ.
  2. Ҳуқуқ ва вазифаҳои корфармо дар ташкилотҳои тиҷоратӣ.
  3. Танзими ҳифзи меҳнат дар ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ.

Ҷ. 1 Ташкилоти ғайритиҷоратӣ субъекти муносибатҳои ҳукуқи меҳнат ба шумор меравад. Ҳамчун субъект ташкилоти ғайритиҷорати дар муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ 6а ҳайси корфамо баромад менамояд. Муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ яке навъҳои муносибати ҷамъиятӣ буда, тавассути меъёрҳои ҳуқуқи меҳнатӣ танзим карда мешавад. Дар муносибатҳои ҳукуқи меҳнатӣ вобаста ба вазъи ҳуқуқиашон ҷонибҳои ҷараёни истеҳсолот иштирок менамояд, ки чунин хусусият ба фаъолияти меҳнатии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ хос мебошад. Ҷониби муносибатҳои меҳнатӣ аз корфармо ва корманд иборат аст, ки онҳо ба ҳайси иштирокчии фаъоли ин навъи муносибат мебошанд. Тибқи моддаи 35-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар кас ба меҳнат, интихоби озодонаи касбу кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ ҳангоми бекори, ба музди ба андозаи на камтар аз ҳадди ақали музди меҳнат ҳуқуқ дорад.

Қоидаи мазкур манъ будани ҳамагуна маҳдудиятро дар муносибатҳои меҳнати, ҳуқуқ ба музди баробар барои иҷрои кори якхела, манъ будани меҳнатӣ занон ва ноболиғонро дар корҳои вазнин, зеризаминӣ ва шароиташон зарарнок эълон доштааст. Моддаи 1 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ғояҳои асосии танзими доираи васеи муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатии корфармо ва кормандро вобаста ба ҷараёни истеҳсолот таҷассум намудааст. Аз ҷумла муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо вобастаи ашхоси воқеӣ, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ташкилотҳо, ташкилоту муассисаҳои ҳамагуна шакли моликият кор мекунанд, кори шаҳрвандони алоҳидаро иҷро менамоянд, инчунин ашхосе, ки узв ва ё иштирокчии ташкилот мебошанд, бо санадҳои қонунтузорӣ ва дигар санадн меъёрӣ оид ба меҳнат танзим мегардад.

Дар моддаи зикргашта сухан оиди он ашхосе меравад, ки ба ҳайси иштирокчии муносибатҳои ҳуқуқии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ баромад мекунанд. Зеро, ташкилотҳои зерин, аз тамоми кафолатҳои меҳнатии дар қонунгузории меҳнатӣ пешбини гашта баҳравар мебошанд:

  • ҳуқуқ 6а танаффусҳо дар давоми рӯзи (басти ) корӣ;
  • ҳуқуқ ба рӯзҳои истироҳати ҳарҳафтаина;
  • ҳуқуқ ба истироҳат дар рӯзҳои ид;
  • ҳуқуқ ба рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда;
  • ҳуқуқ ба рухсатиҳои таълимӣ ва иҷтимоӣ;
  • ҳуқуқ ба пардохтҳои кафолатӣ ва ҷубронӣ;
  • ҳуқуқи муроҷиат ба мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатӣ.

Меъёрҳои ҳуқуқии қонунгузориҳои зерин ба танзими муносибатҳои меҳнатии ташкилотҳои ғайритиҷорати нигаронида шуданд:

  1. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои, 35 -ҳуқуқи шаҳрвандон ба меҳнат; 37 — ҳуқуқи шаҳрвандон ба истироҳат; 39 — ҳукуқ ба таъминоти иҷтимоии шаҳрвандон);
  2. Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 май соли 1997. Кодекси меҳнати аз 18 боб иборат буда, 228 моддаро дар бар мегарад;
  3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 24 декабри соли 1991;
  4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо аз 12 марта соли 1999;
  5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «аз 24 декабри соли 1991;
  6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ ва созишномаю шартномаҳои коллективи» аз 25 ноябри соли 1992;
  7. Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи мусоидат 6а шуғли аҳолӣ» аз 13 ноябри соли 1998.

Ин санадҳои ҳуқуқии соҳаи меҳнат аз тарафи дигар сарчашмаҳои асоси ва танзимнамоии ҳуқуқ ва вазифаҳои корфармо ва корманд ба ҳисоб мераванд. Дар ин санадҳои ҳуқуқии бахшҳои г VI югу ни ҳуқуқҳои асоси меҳнатӣ ва вазифаҳои корманд мураттаб гардидааст. Ҳуқуқҳои асосии меҳнатӣ ва вазифаҳои кормандон дар фасл ва бобҳои гуногуни Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди назар гаштааст.

Тибқи моддаи 4 -и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс (корманд) ба меҳнат, интихоби касб, кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ аз бекорӣ ҳуқуқ дорад.

Дар моддаи зикршуда, давлат масъулияти додани кафолатҳои меҳнатиро дар бахши ҳуқуқҳои корманд арзёбӣй менамояд. Аз ҷумла, кафолати ҳуқуқии хизматрасонии бепул барои интихоби касб, омодагии касбӣ, бозомузӣ ва такмили ихтисос қонун муқаррар намудааст. Ба таври одилона қадр кардани меҳнат ва саривақт пардохтани музди он мавриди назари кафолатҳои аввалиндараҷаи давлат ба шумор меравад. Яке аз вазифаҳои корфармо бештар ру овардан ба мутахасиси соҳа ва мусоидат намудани шароит дар ин самт мебошад. Барои ҳамин мусоидати ройгон дар интихоби кори мувофиқ ва мутобиқи ихтисос, қобилият ва омодагии тахассусқ таъмин будан ба кор яке аз кафолати давлат ба шумор меравад.

Корхона то чи андоза талаботи бехатарӣ ва гигиениро устувор намояд. Мақсади шароити меҳнат, талаботи бехатарӣ ва гигиенӣ ба кафолатҳои давлатӣ бояд ҷавобгӯ бошад. Корфармо то ҳадди имкон кӯшиш менамояд, ки рӯзҳои истироҳат ва рухсатии ҳарсолаи пардохташавандаи меҳнатиро сари вақт таъмин намояд. Аз ин лиҳоз, истироҳате, ки бо роҳи муқаррар намудани давомнокии вақти корӣ, рӯзҳои истироҳати ҳафтаина, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рӯзҳои кӯтоҳи кор барои як коргар ихтисос ва таъмин бояд карда шавад. Корфармо бояд масъулияти ҳар чи бештар ҷалб намудани кормандонро, ба идоракунии шахси ҳуқуқӣ ба роҳ монад. Муҳайё намудани кори мувофиқ ба мӯҳлати на камтар аз се сол барои мутахассисони ҷавон — хатмкунандагони муассисахои таълимии давлатӣ, ки бо дархости ташкилотҳо ба кор омадаанд. Корманд дар натиҷаи кӯчидан ба ҷои нави истиқоматӣ ба кор тибқи муқаррароти қонунҳо ҷуброни хароҷоти моддии он аз тарафи корфармо пардохта мешавад. Инчунин, дар ҳолати расонидани зарари вобаста ба саломатӣ ё амволи корманд бояд ҷуброн карда шавад. Давлат муттаҳид шудани кормандонро ба иттифоқҳои касаба ва дигар ташкилотҳое, ки манфиати кормандон ва коллективҳои меҳнатиро ифода мекунанд, кафолат медиҳад.

Дар ҳолатҳои ба вуқӯь пайвастани норозигии ҷонибҳои шартномаи меҳнатӣ кормандон ҳуӯуӯи корпартоӣ намуданро доранд. Инчунин даъвати комиссия оид ба баҳсҳои меҳнатиро дорад ё худ ба суд муроҷиат мекунад. Барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои онҳо мақомоти судӣ ёрии тахассусии ҳуқуқӣ мерасонад. Дар ҳолатҳои муваққатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонун, ёрдампулӣ мувофиқи суғуртаи иҷтимоӣ баррасӣ мегардад. Инчунин, ҳимоя аз бекорӣ ҳифз мегардад.

Корманд ба замми ҳуқуқҳо вазифадор аст:

  1. Мутобиқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ вазифаи хешро софдилона иҷро намояд;
  2. Интизоми меҳнатӣ ва технологияро риоя кунад;
  3. Бо амволи корфармо эҳтиёткорона муносибат намояд. 1

Ҳамин тариқ, ҳуқуқу вазифаҳои асосии кормандон дар натиҷаи бастани шартномаи меҳнатӣ мушоҳида мешавад.

Чи тавре, ки дар боло зикр намудем, ҳуқуқ ба меҳнат яке аз муҳимтарин ҳуқуқуҳои иҷтимоӣ -иқтисодии аъзёни ҷомеа ба шумор меравад.

Мафҳуми шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар моддаи 26 Кодекси меҳнатӣ баррасӣ гаштааст — Шартномаи (қарордоди меҳнатӣ -созишномаи байни корфармо ва корманд мебошад, ки тибқи он корманд вазифадор аст корҳоро аз рӯи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос ё вазифа бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи тартиби дохилии меҳнати иҷро намояд. Корфармо бошад, вазифадор аст барои ҳамин кор ба корманд музд диҳад ва шароити меҳнатро, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат ва созишномаҳои тарафҳо муайян намудаанд, таъмин кунад.

Мазмуни шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои тарафҳои он иборат аст. Шартномаҳои (қарордоди) меҳнатӣ ба мӯҳлатҳои зайл баста мешавад:

  1. Ба муҳлатҳои номуайян;

Б) Ба мӯҳлати муайян (на бештар аз 5 сол);

  1. Барои иҷрои вазифаҳои корманди ҳозирнабуда, ки ҷои кораш нигоҳ дошта мешавад;

Г) ба мӯҳлати иҷрои кори муайян;

Д) барои иҷрои корҳои мавсимӣ (моддаи 32 КМ ҶТ). Кодекси меҳнат дар натиҷаи ба кор қабул намудани кормандон усулҳои зерини 6а кор қабул куниро тавсия намудааст: санҷиш ҳангоми қабул ба кор; шартномаи шогирдӣ.

Корманд бояд тартиботи меҳнатии корхона, низомномаи интизоми меҳнат ва уҳдадориҳоро риоя намояд.

Корфармо ҳуқуқ дорад шароити меҳнатро тағйир диҳад. Метавонад кормандро ба кори дигар гузаронад, вале бе ризоияти корманд тағйир додани он мумкин нест. Тибқи моддаи 44 Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин катъ мегардад:

— бо созишномаи тарафҳо. Бо ин асос мумкин аст ҳар гуна шартнома (қарордод) ҳар вақт қать карда шавад; бо ташаббуси корманд ( моддаи 45); бо ташаббуси корфармо (моддаи 46) ; бо гузаштани мӯҳлат (моддаи 51) ; бо ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобастанабуда (моддаи 53). Корфармо вазифадор аст кормандро дар бораи бекор кардани шартномаи (карордоди) меҳнатӣ ба таври хаттӣ огоҳ созад. Ҳамин тариқ ташкилотқои ғайритиҷоратӣ дар муносибатҳои меҳнатӣ ба ҳайси корфармо баромад намуда тамоми санадҳои ҳуқуқии соҳаро баҳри таъмини раванди истеҳсолот мавриди истифодабарӣ қарор медиҳад.

Ҷ. 2 Дар гузаштан ба муносибатҳои бозоргонӣ мазмуну моҳияти меҳнат ба кулли тағйир ёфт. Арзишҳои нави меҳнатӣ вобаста ба устуворгардии шаклҳои мухталифи моликият ва бо талабу матлаби замон эътибори хоса пайдо намуд. Кафолати ҳуқуқ ва вазифаҳои меҳнатии шаҳрвандон дар меьёрҳои Конститутсионӣ арзёбӣ гашта, нисбат ба корфармо талошҳои меҳнатии шаҳрвандон эътибор пайдо кард.

Вале на ҳамеша талошҳои шаҳрвандон барои пайдо намудани ҷои кор бо риояи талаботи қонун рост меояд. Аз руи натиҷаҳои таҳлили оморӣ қариби 60 фисади аҳолии кишвар бо ҷои кор таъмин нест ё ҷои кори доимӣ надоранд. Бархе аз ҳамватанонамон бо мақсади пайдо намудани ҷои кор ва пеш бурдани зиндагии худ ба давлатҳои дигар ҳиҷрат мекунанд. Чунин усул на ба ҳамаи шаҳрвандон муяссар мегардад. Барои ҳамин масъалаи мазкур ҳарчи зудтар бояд ҳалли худро ёбад.

Ташкилоти ғайритиҷоратӣ яке аз ҷонибҳои шартномаи (қарордоди) муҳнатӣ ба ҳисоб рафта, дар мавриди идоракунии корхона ва танзими муносибатҳои муҳнатӣ таъмини риояи манфиатҳои қонунии кормандон ва сиёсати давлатиро дар бахши меҳнат амалӣ менамояд. Ташкилотҳои ғайритиҷорати дар доираи ҳуқуқ ва вазифаҳои асосии худ аз ҷониби маъмурияти корхона дар муносибатҳои меҳнатӣ баромад мекунад. Бо коллективи корхона баҳри расидан ба ҳадафҳои оинномавӣ шартномаи коллективӣ мебандад. Инчунин, бо мақсади таъмини муътадили раванди истеҳсолот ва бо ҷои кори холи қабул намудани кормандон дар асосии мувофиқати тахассусӣ шартнома ва қарордодҳои меҳнатӣ мебандад. Такя ба санадҳои ҳуқуқии соҳаи меҳнат ва сиёсати кадрии давлат барои такмили ихтисоси кормандон шароит мусоидат менамояд.

Кафолатҳои конститутсионии шаҳрвандонро оид ба меҳнат ҳангоми қабул ба кор аз рӯи ҷойи холи ё тавассути мақомоти шуғли аҳолӣ ба амал мебарорад. Дар ба миён омадани маҳдудиятҳои меҳнатӣ ба кор қабулкунӣ ва ихтисори воҳидҳои кори такя ба санадҳои ҳуқуқии ин соҳа ва эҳтироми кафолатхои ҳуқуқи шаҳрвандон ба меҳнат чораҳои мушахас меандешад. Дар муносибатҳои меҳнатӣ ба унсурҳои хизматрасони ба фаъолияти қонунии мақомоти намояндагии кормандони ташкилоти ғайритиҷоратӣ роҳ намедиҳад. Сиёсати дохилии ҳифзи ҳуқуқи меҳнатро дар якҷояги мавриди татбиқ қарор додани қонунҳои меҳнат нисбат ба шаҳрвандони хориҷи, шахсони бутабаа васеъ ба роҳ мондан ва дигар масъалаҳои мансуб ба ҳуқуқу вазифаҳояшон самаранок истифода бурданро тақозо менамояд.

Ҳуқуқҳои асосии меҳнатӣ ва вазифаҳои корманд дар бахши зерини муносибатҳои меҳнатӣ баррасӣ мегардад: татбиқи қонунгузории муҳнатӣ; намояндагии манфиатҳои шаҳрвандон; шартнома ва созишҳои коллективӣ; шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ; интизоми меҳнат; ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ; ҳифзи меҳнат; кафолатҳои меҳнатӣ барои кормандон.

Вобаста ба ҳар як бахш ҳуқуқ ва вазифаҳои корфармо ифода гардидааст.

Дар моддаи 5-и Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва вазифаҳои асосии корфамо баррасӣ гаштааст, ки тибқи он корфармо дар доираи салоҳияти худ қарор манфиатнок ба беҳтар намудани шароити меҳнат қабул менамояд. Дар бастани шартномаҳои (қарордоҳои) меҳнатӣ ва бекор кардани он аз рӯи салоҳият амал намояд. Зарурати ҷараёни истеҳсолотро ба назар гирифта, санадҳои ҷузъии ҳуҳуқӣ қабул менамояд. Меҳнатӣ кормандонро ва комёбиҳои онро натиҷагирӣ намуда, барои меҳнати сермаҳсули намунавӣ ҳавасманд мегардонад. Дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ бо мақсади ноил шудан ба дарааи кофии интизоми меҳнат корфармо аз кормандон талаби ичрои қоидаҳои тартиботи дохилӣ, муқаррарот, инчунин иҷрои шартномаи меҳнатиро талаб менамояд. Дар сурати вайрон кардани интизоми меҳнатӣ корфармо кормандро ба ҷавобгарии интизомӣ мекашад. Баҳри ҳифзи ҳуқуқ, манфиатҳои меҳнати ва касбӣ шароити мӯътадили меҳнати корфармоён иттиҳодияҳои ҷамъиятиро метавонанд ташкил диҳанд ва ба чунин иттиҳодияҳо шомил гарданд.

Дар бахши ӯҳдадориҳои меҳнатӣ корфармо вазифадор аст, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси меҳнат, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуҳуқӣ ва шартномаҳои меҳнатиро риоя намояд, барои кормандон шароити мусоиди истеҳсолӣ фароҳам орад, дар корхона риоя гардидани қоида ва меьёрҳои ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ, санитарӣ ва ҳимоя аз сухторро таъмин намояд. Дар натиҷаи пеш аз қабули корманд ба ҷои кор кормандонро бо шароитҳои шартномаи коллективӣ ва шартномаи меҳнатӣ шинос намояд. Яке аз ӯҳдадориҳои муҳими корфармо сари вақт пардохтани музди меҳнати кормандон мебошад. Барои пеш бурдани фаъолияти меҳнати ва мусоидат намудан ба истеҳсоли фароҳам ба кормандон таҷҳизот ва маводи барои иҷрои кор заруриро муҳаё бояд намояд.

Инчунин, маҳдудсозии ҳуқуқ дар муносибатҳои меҳнатӣ аз ҷониби корфармо манъ аст. Ҳамаи шаҳрвандон дар соҳаи муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ имконияти баробар доранд. Ҳама гуна фарқиятгузорӣ, иҷозат надодан ва ё қабул накардан ба кор аз рӯи аломатҳои мансубияти миллӣ, нажодӣ, ранги пуст, ҷинсият, синну сол, дин, ақидаи сиёсӣ, маҳалли таваллуд, баромади иҷтимоӣ, ки имкониятро дар соҳаи меҳнат барҳам мезанад, манъ аст, гуфта мешавад дар моддаи 7 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ии ҳолат дар моддаи 1 Конвенсияи Созмони байналмилалии меҳнат «Дар бораи маҳдудсозӣ дар соҳаи меҳнат ва шуғл» аз 5 июни 1958 оғози амали он 6а 15 июни 1960 рост меояд арзёбӣ гаштааст.

Корфармо ҳангоми ба кор қабул намудани кормандон бояд ба талаботи пешбининамудаи қонун риоя кунад ва бе асосоҳои кофӣ саркаши намудан дар ҳолатҳои зайл ғаириқонунӣ ҳисобида мешавад: ашхосе, ки аз тарафи корфармо 6а кор даьват шудааст; ашхосе, ки корфармо бо онҳо шартномаи меҳнатӣ бандад: маъюбон ва ашхоси синашон аз ҳаждаҳ поёнтар, ки аз ҳисоби квота» муқарраргардида 6а кор фиристода шудаанд, занони ҳомила ва заноне, ки кудакони то синни сесола доранд, мутаносибан бо сабаби ҳомила ё кӯдак доштан онҳо (ба таври муфасал ин ҳолат дар моддаи 29 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст.

Бинобар сабаби ба миён омадани зарурати ихтисори оммавии кормандон ё таҳдид кардани чунин хавфи аз кор озодкунии оммавии кормандон корфармо вазифадор аст, бо розигии мақоми намояндагии кормандони ташкилот ва мақоми дахлдори меҳнат ва шуғли аҳолӣ чораҳои махсусе, ки кор ҳои зеринро пешбинӣ менамояд, бинад:

  1. Маҳдуд ё муввақатан қатъ кардани қабули кормандони нав, озод кардани онҳое, ки дар ду (чанд) ҷой кор мекунанд;
  2. Маҳдуд намудани иҷрои корҳои зиёда аз вақти муқаррарӣ;
  3. Тағйир додани шароити меҳнат;

4. Муваққатан боздоштани истехсолог;

  1. Давра ба давра озод кардани кормандон;
  2. Дигар чорабиниҳо, агар онҳоро шартномаи коллективи пешбинӣ карда бошад.

Аз ҷумла, ин ҳолатҳо дар моддаи 42-и Кодекси меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст .

Дар ҳолати катъгардии шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корманд бояд корфарморо ба таври хатти огоҳ намуда, шартномаи (қарордоди) меҳнатиро, ки ба мӯҳлати номаълум баста шудааст, бекор кунад. Албатта, қатъгардии муносибати меҳнатӣ баьд аз сипари гардидани мӯҳлати огоҳи сурат мегирад. Дар бахши аз кор озодшавии ӯро корманд корфармо бо Кумитаи иттифоқи касаба бояд мувофиқа намояд. Корфармо дар ҳолати озод намудани корманд тамоми кафолат ва имтиёзҳои аз кор озодгардиро пурра таъмин намояд (яъне, кумакпулӣ, музди якмоҳа, масъалаи таъминоти иҷтимоӣ ва ғайра). Корфармо бо мақсади ташкил ва мусоидаи намудан ба шароити муътадили корхона, вазифадор аст интизоми меҳнатро (моддаи 122 КМҶТ) вобаста 6а истеҳсолот таъмин намояд. Дар риояи бечунучарои қонуни меҳнат шахсан фаъол бошад ва аз кормандон талаби риояи онро кунад. Нисбати кормандоне, ки дар фаъолияти меҳнати ба комёбиҳо ноил гаштааст, бо тариқи зайл ҳавасманд гардонад:

  • эълони раҳматнома;
  • додани мукофот;

— мукофотонидан бо тӯҳфаи пурқимат;

— сарфароз гардонидан бо ифтихорнома;

— навиштани номи корманд дар Лавҳаи ифтихор, дар Дафтари ифтихор ва дигар тадбирҳо андешад.

Инчунин нисбати кормандоне, ки мунтазам интизоми меҳнатро вайрон менамоянд бояд муҷозоти зерини интизомиро ба монанди:

а) сарзаншп;

б) танбеҳ;

в) аз вазифа озод карданро истифода намояд.

Корфармо масъулияти барқарор намудани товони зиёнро аз зарари расонидаи корманд дорад. Тартиби ситонидани зарари моддиро конун муайян менамояд. Инчунин кафолатҳои иловагӣ барои занон ва ашхосе, ки вазифаҳои оилавӣ доранд риоя намояд ва дар амалигардии ҳуқукқои меҳнатии категориям зерини аҳоли мусоидат намояд. Кафолатҳои иловагӣ барои ҷавонон муқаррар гардидаро вобаста ба сину сол ва ҳифзи ҳуқуқи меҳнатии онҳо ҳангоми ба кор қабул намудан мавриди амал қарор диҳад.

Ҷ. 3 Танзими ҳифзи меҳнат яке аз унсурхои муҳими ташкили шароити солим ва бехатарии меҳнат дар ҷараёни фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Ба он на танҳо раванди фаъолияти меҳнатии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ хос аст, балки иҷрои талаботҳои санадҳои ҳуқуқии меҳнат зарур мебошад. Таъмини ҳифзи меҳнат дар ҷараёни муносибатҳои меҳнатӣ яке аз вазифаҳои муҳим ва ҳатмии корфармо арзёбӣ мегардад. Ба туфайли ин ҳамагун ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба шумор меравад, ки риояи он ҳатмист.

Мувофиқи моддаи 38 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ дорад. Ин талабот дар Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври муфассал мустаҳкам гаштааст. Тибқи моддаи 144 Кодекси меҳнатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар тамоми ташкилотҳо бояд шароити меҳнат ба талаботи бехатарӣ ва гигиенӣ ҷавобгӯ муҷаҳаз карда шавад. Муҳаё кардани чунин шароит вазифаи корфармо мебошад. Талаботи ҳифзи меҳнат бо қонунҳо ва дигар санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Корфармо барои риоя накардани талаботи ҳифзи меҳнат ҷавобгар аст.

Ба туфайли ин, мафҳуми васеи ҳифзи меҳнат дар моддаи 2 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чунин баррасӣ гаштааст: ҳифзи меҳнат гуфта, низоми чорабинӣ ва воситаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ташкилӣ, техникӣ, гигиенӣ, муолиҷавӣ ва пешгиркунандаеро меноманд, ки бехтарӣ, ҳифзи саломатӣ ва қобилияти кории инсонро дар ҷараёни меҳнат таъмин менамоянд. Аз ии лиҳоз, корфармо шароити меҳнатро бо талаботи бехатарӣ ва гигиенй ҷавобгу намояд. Барои бехатарии ҳифзи меҳнат шароит муҳайё созад. Дар ин ҷараён корфармо вазифадор аст дар бораи ҳифзи меҳнат ба корманд маълумот диҳад, ба муоинаи тиббии баъзе категориҳои кормандон мусоидат кунад, имтиёз ва ҷубронҳои кормандоне, ки шароити корашон зарарнок аст сари вакт пардозад, бо сару либоси зарурӣ ва воситаҳои ҳифозати фардӣ ва гигиенӣ таъмин намояд ва дигар чораҳои зарурӣ андешад. Принсипҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат дар моддаи 4 Қонуни дар боло зикргашта арзёбӣ гардидааст, ки аз инҳо иборатанд:

  • эътироф намудан ва таъмини афзалияти ҳаёт ва саломатии коргарон нисбати натиҷаҳои фаъолияти ташкилот;
  • муқаррар намудан ва таъмини кафолати ҳуқуқҳои коргарон ба ҳифзи меҳнат;

— идораи давлатии ҳифзи меҳнат;

  • иштироки давлат дар маблағгузории ҳифзи меҳнат;
  • назорати давлатӣ ва назорати риоя намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ҳифзи меҳнат;
  • аз тарафи давлат таъмин намудани ҳамкории байни корфармоён ва кормандон ва намояндагони онҳо дар ташкилотхо доир ба масъалаҳои ҳифзи меҳнат;
  • таҳия ва муқаррар намудани меьёрҳои ягона ва талабот оиди ҳифзи меҳнат;
  • гузаронидани сиёсати самараноки андоз, ки ташкили шароити солим ва бехатарии меҳнатро ҳавасманд мекунад, тайёр ва ҷори намудани техника ва технологияи бехавф, ҳавасмандкунии истеҳсолоти воситаҳои ҳифзи фардӣ ва коллективи кормандон;
  • ба ҷавобгарӣ кашидани корфармоён ва шахсони мансабдор барои вайрон кардани талабот оиди ҳифзи меҳнат;
  • муқаррар намудани тартиб ва назорати ҳатмии тафтиши ҳар як ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ;
  • муқаррар намудани имтиёз ва ҷуброн барои кор дар шароити зарарнок ва хатарноки меҳнат;
  • таъмини ҳифзи иҷтимоии коргарон, додани товони зарар 6а шахсони зарардида аз ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ;
  • муқаррар намудани системаҳои нишондиҳандаҳои шароит ва ҳифзи меҳнат, ҳисоботи омори давлатӣ оиди ин масъалаҳо, инчунин дар бораи ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва бемориҳои касбӣ;
  • ҳамкории байналхалқӣ дар соҳаи ҳифзи меҳнат, таъмини созишномаҳои байналхалқӣ ва байнидавлатӣ оиди муҳофизати меҳнат.

Муҳофизати меҳнат дар корхонаю ташкилотҳо қисми ҷудонашавандаи протсесси истеҳсолот буда, татбиқи онро бо риояи ҳатмии ҳамаи талаботи меьёрӣ пешбинӣ мекунад. Мувофиқи моддаи 153 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корфармо вазифадор аст вобаста ба навъи фаъолияти корхона ва бо назардошти талаботи кормандон онҳоро бо оби нӯшидани таъмин намояд ва хуроки онҳоро ташкил кунад; дар ташкилот утоқҳои санитарию маишӣ; ҷои либоскашӣ, оббозӣ утоқҳои махсус (ҷойҳои махсус барои рафъи хастагии зиёди ҷисмонӣ на рӯҳӣ), утоқи гигиенаи шахсӣ барон занҳо, пунктхои расонидани ёрии аввалияи тиббиро дар мавриди фалокат ва ё бемор шудани кас дар ҷои кор муҷаҳҳаз созад. Қонунгузор талаботи зеринро бо мақсади пешгирии беморӣ дар ҷараёни меҳнат ва мусоидат намудани корхонаро ба ҳифзи меҳнат тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз, корхона бо тамоми лавозимоти зарурӣ (утоқҳои гигиенӣ, ҷойҳои шустушӯи, воситаҳои гармкунанда ва салқинкунада ва ғайра) бояд муҷаҳҳаз гардонад.

Дар танзими ҳифзи меҳнат на ҳамеша корфармо вазифадор аст. Корманд низ дар ин масъала масъул бояд бошад. Тибқи моддаи 154 КМҶТ ӯҳдадориҳои корманд дар мавриди риояи меьёру қоидаҳо ва дастурамалҳои ҳифзи меҳнат арзёбӣ гардиааст, ки тибқи он корманд вазифадор аст, ки талаботи меьёру қоидаҳо ва дастуруламалҳоро оид ба ҳифзи меҳнат, ҳамчун ин фармоишҳои корфармо доир ба бехатарии пешбурди корҳо риоя намояд, инчунин воситаҳои заруриро мавриди истифода намояд. Дар ҳолатҳои рух додани фалокат зуд ба роҳбари бевоситаи худ хабар диҳад. Барои риояи накардани ӯҳдадориҳои зикршуда корманд ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонун ба чавобгарии ҷиноӣ кашида мешавад. Муҳофизати меҳнат яке аз масълаҳои комил дар ҳуқуқи меҳнати ба ҳисоб меравад. Муҳофизати меҳнат паҳлӯҳои гуногун дорад:

— бар асари ҳодисаю нохушиҳо дар ҷараёни истеҳсолот; вазъи саломатии корманд ва муоинаи тиббӣ; хизматрасонии санитаритарию маишӣ ва тиббии корманд; риояи меьёру қоидаҳои бехатарии меҳнат аз ҷониби корманд;

— ҷуброни зиён бо сабаби бад шудани саломатии корманд; ҳифзи меҳнати маъюбон;

интиқоли корманд бо сабаби вазъи бади саломатӣ; тарғиботу ташвиқот намудани ҳифзи меҳнат; имтиёзи кормандоне, ки шароити корашон зарарнок аст. Аз ин лиҳоз, корфармо муносибати худро нисбат ба ҳифзи меҳнати кормандон бо дарки масъулият ва ҷавобгарӣ тақвият бахшад. Бо ин мақсад тамоми чораҳои муносибро баҳри ташкили кор дар ҷодаи ҳифзи меҳнати кормандон, дараҷаи хатарнокӣ ва заранокии истеҳсолот бояд андешад. Дар моддаи 158 КМҶТ назорати ҳифзи меҳнат муайян гардндаасг, ки тибқи он ду шакли баамалбарории ҳолати ҳифзи меҳнат ба роҳ монда шудааст:

1 ) назорати давлатӣ;

2) назорати ҷамъиятӣ.

Аз чумлаи мақомоти давлатие, ки масъулияти назоратиро вобаста ба ҳолати ҳифзи меҳнат дар истеҳсолот татбиқ менамояд инҳоянд: нозироти давлатии меҳнат:

— мақомоти давлатии назорати санитарию эпидемилогӣ;

— мақомоти назорати куҳи ва саноатӣ;

— мақомоти давлатии назорати энергетикӣ;

— мақомоти давлатии назорати сӯхторхомӯшкунӣ ва ғайра.

Тибқи моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизати мехнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», барои риояи санадҳои конуни оид ба муҳофизати меҳнат мақомоти давлатӣ (инспексия), ки фаьолияташ аз маъмурияти корхонаҳо ва мақомоти болоии онҳо вобаста нест, назорати давлатӣ мебарад. Қарори мақомоти назорати давлатӣ оид 6а риояи конунҳои муҳофизати меҳнат, ки дар доираи салоҳияташон қабул шудааст, қатъӣ ва иҷрои он ҳатмӣ мебошад. Шахсоне, ки барои иҷро накардани қарори мазкур гунаҳгоранд, ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешаванд.

Назорати ҷамъиятии риояи қоидаҳои ҳифзи меҳнатро:

— коллективҳои меҳнатӣ;

— ташкилотҳои иттифоқи касаба дар шахси вакилони интихобкардаашон ба ҳайси назорати ҷамъиятӣ ҷорӣ мекунанд.

Ҳуқуқҳои иттифоқи касаба оиди назорат аз болои қонун дар бораи меҳнат ва иттифоқи касаба дар моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо» баррасӣ гаштааст. Тибқи он иттифоқҳои касаба мувофиқи қонунҳои ҷумҳурӣ ва оинномаҳояшон аз тарафи маъмурият, мулкдор ва мақомоти идории аз тарафи онҳо ваколатдор риоя намудани қонуни меҳнатро назорат мекунанд ва ҳуқуқ доранд бартараф намудани вайронкунихои қонун дар бораи меҳнат ва иттифоқҳои касабаро талаб намояд. Маъмурият вазифадор аст, ки пешниҳоди онҳоро оиди бартараф намудани вайронкуниҳои қонун дар бораи меҳнат ва иттифоқҳои касаба баррасӣ намуда, дар муддати як моҳ аз натиҷаи он ба иттифоқҳои касаба хабар диҳад.2 Инчунин, дар Қонун омадааст, ки иттифоқҳои касаба ҳуқуқ доранд ба хоҳиши аъзоёни худ ва дигар меҳнаткашон бо ташаббуси худашон барои ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии онҳо дар суд баромад кунанд. Бо ин мақсад иттифоқҳои касаба метавонанд идораи тафтишотӣ, умури ёриии ҳуқуқӣ ва дигар мақомоти зарурӣ доншта бошанд. Ваколатдори муҳофизати меҳнат дар доираи салоҳияташон ҳақ доранд бе мамониат 6а объектҳои назоратшаванда равад, вазъи муҳофизати меҳнатро дар ҷойҳои кор тафтиш қунад, 6а роҳбарон дар хусуси рафъи вайронкориҳои ошкоршуда, ки иҷрои он ҳатмист, дастур диҳад. Гунаҳгорони иҷро нашудани дастурамалҳо 6а ҷавобгарии интизоми кашида меашаванд. Барои иҷрои назифаҳояш дар вақти кор ба ваколатдори муҳофизати меҳнат бо салоҳдиди маъмурият ҳафтае на камтар аз ду соат вақт ҷудо карда, музди миёнаи меҳнаташ (маоши хизматиаш) дода мешавад, — сабт гаштааст дар моддаи 24 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «.

Ташкилоти ғайритиҷоратӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон » Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» идора карда мешавад. Бо мақсади пеш бурдани фаъолияти меҳнатӣ дар асоси қоидаҳои пешбининамудаи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «; «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо»; »Дар бораи шарикии иҷтимоӣ ва созиншомаю шартномаҳои коллективӣ» ва ғайра таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандонро оид ба ҳифзи меҳнат бо истифода аз воситаҳои коллективӣ ва ҷамъиятӣ, назорати давлатӣ дар пешгирии ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ ва зоҳиршавии унсурҳои бемории касбӣ, таҳдиди хатар 6а соломатӣ ва ҳаёт роҳбарии бевоситаи худро мавриди амал пурзӯр намояд. Инчунин ба фароҳам овардани шароити меҳнат масъалаҳои ҳифзи меҳнатро муайян намуда, дар таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии ҳар шахс барои дарёфти кафолат ва бехатарии меҳнат саҳмгузор бошанд.

Адабиёт:

Конститутсияи ҶТ. — Душанбе, 2004; Кодекси меҳнати ҶТ. — Душанбе, 1998; Кодекси меҳнати ҶТ аз 15 май соли 1997. Кодекси меҳнати аз 18 боб иборат буда, 228 моддаро дар бар мегирад; Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳофизати мехнат дар ҶТ » аз 24 декабри соли 1991; Қонуни ҶТ «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо” аз 12 марти соли 1999; Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон дар ҶТ » аз 24 декабри соли 1991; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии иҷтимоӣ ва созишномаю шартномаҳои коллективӣ» аз 25 ноябри соли 1992; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолй» аз 13 ноябри соли 1998; Конвенсияи Созмони байналмилалии меҳнат «Дар бораи маҳдудсози дар соҳаи меҳнат ва шуғл» аз 5 июни соли 1958. Худоёров В.Т., Шонасридинов Н., Мукумова С.А. Тафсири кодекси меҳнати Ҷумҳурии Точикистон. — Душанбе; «ЭР-граф». 2(ХМ; Права человека: Сборник международних документов. — М.: Юрид. лит., 1998; Трудовое право/Под. ред. О. В. Смирнова. — М., «Проспект», 1999.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *