Фанни Ҳуқуқи молиявӣ

Мафҳум, мавзӯъ ва усули фанни Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ

  1. Мафҳум ва мавзӯъи омӯзиши фанни Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ.
  2. Усулҳои фанни Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ.
  3. Принсипҳои фанни Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ.
  4. Алоқамандии фанни Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ бо фанҳои ҳуқуқшиносӣ.

Ҷ.1 Мавзӯи фанни Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ аз омӯзиши меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки бевосита ба танзим ва таъмини доираи муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки аз амалигардонии ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ, таъсис, фаъолият аз навташкилкунӣ ва барҳамдиҳии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба миён меоянд, иборат аст.

Дар баробари ҳамин мавзӯи фанни махсуси таълимӣ муносибатҳоеро таҳти омӯзиш ва таҳлил қарор медиҳад, ки аксари онҳо мансуби муносибатҳои ҳуқуқии соҳаи фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд. Мансубияти чунин муносибатҳо аз тарафи дигар таркиби мавзӯи курси махсуси таълимии мазкурро вобаста ба ҳадафҳои омӯзишаш ифода намуда, хусусиятҳои ҳуқуқии ғайритиҷоратиро дар таносуб бо соҳаҳои ҳуқуқ айнан инъикос менамояд.

Аз ин лиҳоз, ҳадафҳои асосии пиёда намудани курси махсус аз:

— омӯзиш ва таҳлили қонунгузориҳои ҷории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ;

— ҳосил намудани малака ва маҳорати дониши ҳуқуқӣ оид ба баамалбарорӣ ва истифодаи мақсадноки қонунгузории ғайритиҷоратӣ;

— баррасии пешниҳод ва дархостҳо оид ба такмил ва таҳияи қонунгузории ғайритиҷоратӣ иборат мебошанд.

Фанни таълимии мазкур хусусиятҳои комплексӣ дорад. Яъне, мавзӯи омӯзиши фан вобаста ба арзёбиаш дар раванди таълим (андӯхти дониш) аз рӯи паҳлуҳои фарқкунандаи соҳаҳои ҳуқуқ, ки меъёрҳои онҳо дар мувофиқа ба танзими ҳуқуқии фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ нигаронида шудааст, маънидод карда мешавад. Зеро, предмети омӯзиши курси махсус дар ҷараёни пиёдагарди ба меъёрҳои ҳуқуқи давлатӣ, ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи меҳнат ва санадҳои ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ки дар ба амал баровардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ба муттаҳидшавӣ ва таъсиси иттиҳодияҳо саҳмгузоранд, такя мекунад.

Дар ҷараёни таълими курси махсус ба хусусият ва паҳлӯҳои ҳаддалимкони тадбиқи амалии ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон ба таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аз қабили хусусиятҳои ҳуқуқӣ-граждании ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ диққат бояд дод. Дигар ин, ки дар ҷараёни таълим дастрас намудани хусусиятҳои характерноки ҳуқуқи оммавӣ вобаста ба ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон таъсиси созмонҳои ҷаъиятӣ ва ё ширкатҳои якҷоя мувофиқи мақсад аст. Зеро тавассути фаъолияти чунин ташкилотҳо имкониятҳои мақсадноки таъсиррасон ба ҳаёти ҷомеа ва сиёсати давлат амалӣ мегарданд, ки ҳадафи асосии он пеш аз ҳама мусоидат намудан ба рушду нумӯи ҷомеаи инсонӣ мебошад.

Ҳамчунин бояд дар назар дошт, ки дар ҳамаи ҳолатҳо муносибати ҳуқуқи оммавӣ ба фаъолияти иттҳодияҳои ҷамъиятӣ дар шакли амру фармоишҳои маҳдудгашта ва мамнуъ, ки таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро дар ин самти фаъолият бо тариқи сунъӣ маҳдуд менамояд, нигаронида шудааст. Аз ин лиҳоз, раванди таълим зарурат ва муносибати холисонаро нисбат ба фаҳмиши оммавии танзими ҳуқуқии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз рӯи хусусиятҳои арзёбиашон дар санадҳои ҳуқуқӣ мувофиқи матлаб медонад.

Инчунин дар ҷараёни таълими курси махсус нуқтаи назар ба нақши меъёрҳои ҳуқуқи хусусӣ дар танзими фаъолияти ташкилоҳои ғайритиҷоратӣ арзёбӣ гаштааст. Дар ин бобат нақши қонунгузории гражданӣ дар танзим ва мансубияти танзимнамоии муносибати ғайритиҷоратӣ афзалиятнок аст. Қонунгузории гражданӣ танзими фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратиро аз рӯи аломатҳои ба ҳам хос ва вобастаи ҳуқуқӣ чунин арзёбӣ менамояд:

— баррасии мафҳуми ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ-ташкилотест, ки мақсади ба даст овардани фоидаро надошта, фоидаро байни иштирокчиёнаш тақсим намекунад;

— баррасии шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқии баамалбарории он (бақайдгирӣ) аз рӯи аломатҳои пешбинигаштаи қонунгузории мазкур;

— баррасии реҷа ва танзими ҳуқуқҳои молу мулкӣ дар мавҷудиятӣ амволи муайян ва хусусиятҳои бо он мансуб аз рӯи салоҳияти ин навъи фаъолияти ташкилот;

— баррасии рукнҳои фаъолияти хоҷагидории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ тавассути ҳолат ва тафриқаи танзими шартномаҳои гражданӣ ва ҳуқуқӣ.

Аз ин лиҳоз, муносибатҳое, ки оид ба баамалбарории фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба вуҷуд меоянд, характери ҳуқуқии хусусӣ ва омавӣ доранд ва чунин хосиятро мо дар мавзӯъи фанни мазкури таълимӣ пай бурда метавонем, ки дар пиёда намудани мақсади таълим бе таҳлили ин бахшҳои қонунгузории ғайритиҷоратӣ ғайриимкон аст. Бояд таъкид намуд, ки фанни таълимӣ ҳаллу фасли масъалаҳои низоми хешро дар мавриди баррасии таҳлил ба санадҳои гуногуни соҳаҳои ҳуқуқ ҳавола менамояд, ки чунин ҳолат аз характери комплексӣ доштани асосҳои санадҳои меъёрӣҳуқуқии қонунгузории ғайритиҷоратӣ гӯвоҳӣ медиҳад.

Ҷ. 2 Муносибатҳои ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ яке аз намудҳои муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошад. Муносибатҳои ҳуқ уқӣ тавассути усулҳои таъсиррасонии ҳуқуқӣ танзим мегарданд. Танзими ҳуқуқи бошад, таъсиррасонии мақсаднок ва муташаккилонаи меъёри ҳуқуқиро роҷеъ ба муносибатҳои ҷамъиятӣ марбут медонад, ки тавассути тарзу воситаҳои ҳуқуқӣ амалӣ мешавад.

Аз ин лиҳоз фанни таълимии Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ усулҳои танзими муносибатҳои ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ва муносибатҳои ба он хосро мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор медиҳад.

Усулҳои Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ гуфта восита ва тарзҳои таъсиррасонии меъёрҳои ҳуқуқии қонунгузориҳои ғайритиҷоратиро ба муносибатҳои ба он хоси ҷамъиятӣ меноманд. Қобили зикр аст, ки дар зери мафҳуми усули танзимнамоӣ тарз ва воситаҳои таъсиррасонии меъёри ҳуқуқӣ ба муносибатҳои ҷамъиятие, ки предмети танзими онро фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ташкил медиҳад, фаҳмида мешавад.

Танзими ҳуқуқии фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ хусусияти маҷмӯӣ (комплексӣ) дорад ва чунин хусусиятро мо дар мазмун ва моҳияти предмети фанни мазкур пайдо менамоем. Шояд ба он хотир, ки фанни номбурда таҳлили силсилаи муносибатҳои ҷамъиятиро ба ӯҳда дорад, ки дар ҷараёни амалигардонии ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба озодии иттиҳодияҳо ба вуқӯъ пайваста, истифодаи усулҳои маҷмӯи танзимнамоии ҳуқуқиро дар таносуб вобаста ба таъсис ва қатъгардии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ муайян менамояд.

Азбаски масъулияти давлат дар муайян ва муқаррар намудани тарзи рафтори шахс, кафолат ва ҳифзи ҳуқуқи он тавассути пешгирӣ аз ҳаракатҳои зиддиҳуқуқӣ, тибқи санадҳои ҳуқуқӣ афзалиятнок аст.Маҳз фанни Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ба саволҳое посух медиҳад, ки то кадом андоза муносибати давлат нисбат ба таъмини кафолатҳои ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, озодии сухан, гирдиҳамоӣ, муттаҳид шудан ва ғайраҳо амали хешро воқеан зоҳир менамояд. Дар ин бобат ҷолиби қайд аст, ки рафтори аъзоёни созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар ҷараёни аз қайди давлатӣ гузаштан ё густариши фаъолият ва қаъгардии он предмети танзим ва аз ҷониби давлат ҷорӣ намудани назоратро ба миён меорад. Алалхусус, танзими чунин муносибатҳои ҳуқуқӣ тавасути таҳлили усулҳои маъмурӣ-ҳуқуқӣ, ки ҳамчун воситаи таъсиррасон аз тарафи давлат ҷорӣ намудани маҳдудият, мамнуният ва риояи рафтори ҷоизро ҳидоят менамояд.

Усулҳои таъсиррасонии танзими ҳуқуқии фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ба ду намуд ҷудо мешаванд:

— усулҳои гражданию ҳуқуқӣ;

— усулҳои маъмурию ҳуқуқӣ.

Мувофиқи усули гражданию ҳуқуқӣ вазъи шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ аз нигоҳи мақоми ҳуқуқиашон вобаста ба баробарӣ, соҳибихтиёрӣ, арзи манфиатдорӣ дар муносибати тарафҳо, ташаббускорӣ, таваккалӣ аз зумраи рукнҳои асосии муносибатҳои гражданӣ маънидод карда мешавад. Аломатҳои усули мазкур дар қонунгузории ғайритиҷоратӣ, ки ба ҳуқуқу озодии шаҳрвандон ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бахшида шудаанд, мушоҳида мегардад.

Усулҳои маъмурию ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи маъмурии таъсиррасон ба иштирокчиёни муносибатҳои ҷамъиятие, ки тавассути меъёри ҳуқуқӣ танзим мегардад, фаҳмида мешавад. Усули номбурдаро дар танзими муносибатҳои ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ меъёрҳои ҳуқуқи оммавӣ роҳнамоӣ менамояд. Аз инҷост, ки истифодаи усулҳои маъмурию ҳуқуқӣ нисбати фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ татбиқ намудани меъёрҳои соҳаҳои мустақили ҳуқуқ, ҳуқуқи джавлат, ҳуқуқи маъмурӣ, ҳуқуқи андоз, ҳуқуқи ҷиноятӣ ва ғайраро вобаста ба арёбиашон дар муносибатҳои ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ тақозо менамояд.

Ҷ. 3 Истилоҳи принсип аз калимаи лотинии «principium» баромада, маънои «асос» ё худ «аз ибтидо»-ро дорад. Аз ин лиҳоз пинсипи «Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ» гуфта, он лаҳзаҳои роҳнамоеро меноманд, ки тавассути онҳо субъектҳои қонунгузории ғайритиҷоратӣ фаъолияти хешро ба роҳ мемонанд. Аз ҷониби дигар, асосҳое, ки аз муҳимтарин санадҳои ҳуқуқӣ баромадаанд ва аз рӯи хусусият фаъолияти субъектони муносибатҳои ҳуқуқии ғайритиҷоратиро роҳнамоӣ менамоянд ва дар ҳосил намудани механизми танзими ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ саҳмгузоранд ба ҳайси принсип эътироф мешаванд.

Принсин низоми асосии соҳаи мазкури ҳуқуқ, инъикоси хусусият ва моҳияти онро низ дар назар дорад ва ҳамчун роҳнамо дар ташкил ва таъсиси фаъолияти субъектони ғайритиҷоратӣ ба таври мушаххас баррасӣ мегардад.

Принсипҳои асосии фаъолияти танзими ҳуқуқи фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ чунинанд:

— принсипи ихтиёрӣ;

— принсипи баробарҳуқуқӣ;

— принсипи худидорӣ;

— принсипи қонуният.

1. Принсипи ихтиёрӣ. Дар зери принсипи ихтиёрӣ: ҳуқуқи шаҳрвандон ба муттаҳидшавӣ ва ҳуқуқи таъсисдиҳии иттиҳодияҳо; — иштироки ихтиёрии шаҳрвандон дар таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ҳифзи манфиатҳои умумиро ифода менамояд; — ҳуқуқи ихтиёран аъзо шудан ба иттиҳодияҳо ё худдорӣ кардан аз чунин иқдом ё озодона баромадан аз онҳо ва ғ. Фаҳмида мешавад. Принсипи мазкур дар моддаи 28-и Конститутсияи (Сарқонуни) ҶТ чунин арзёбӣ гаштааст: «Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳақ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад». Ҳамзамон мувофиқи моддаи 19-и Кодекси граждании ҶТ: шаҳрван метавонад ҳам дар ҳудуди ҶТ ва берун аз он мустақилона ё якҷоя бо шаҳрвандон ва ашхоси ҳуқуқии дигар шахси ҳуқуқӣ таъсис диҳанд. Ё худ дар моддаи 2-и Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» омадааст, ки: «фаъолияти эҳсонкорӣ фаъолияти ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиест, к ибо расонидани кӯмаки (дастгирии) моддӣ ё дигар кӯмак таъсис дода мешавад».

2. Принсипи баробарҳуқуқӣ. Принсипи баробарҳуқуқӣ бештар ба фаъолияти субъектҳои қонунгузории ғайритиҷоратӣ мансуб аст. Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ дар назди қонун баробар мебошанд. Аз ин лиҳоз принсипи баробарҳуқуқӣ кафолати таъмини раванди фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратиро аз рӯи мақсадҳои пешгирифтаашон баҳри риояи қонуният ва эҳтироми муносибатҳои тарафайни байни субъектони ҳуқуқ вобаста ба вазъи бамиён омадаи қеияшон тақозо менамояд. Принсипи баробарҳуқуқӣ дар назди қонун ба зиммаи субъекти ҳуқуқ дар бобати ҳуқуқу озодиҳо вазифаҳои муайянро вогузор менамояд. Принсипи мазкур дар тамоми санадҳои ҳуқуқӣ ба таври расмӣ ифода гардидааст, ки риояи он барои иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ ҳатмист. Принсипи мазкур қариб дар ҳама моддаҳои Конститутсияи ҶТ, ки ба ҳуқуқу озодиҳо бахшида шудаанд ва дар санадҳои ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ, аз ҷумла, Қонунҳои ҶТ «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» (моддаи 1), «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» (моддаи 13), «Дар бораи ширкати иҷтимоӣ ва шартномаҳои коллективӣ» (моддаи 3) инчунин Қонуни ҶТ «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ» (моддаи 5) мушоида мешавад.

3. Принсипи худидорӣ. Принсипи худидорӣ яке аз унсурҳои муҳими амалӣ намудани танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ба ҳисоб меравад. Шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ баъд аз бақайдгирии давлатӣ фаъолияти хешро мутобиқи Оиннома ва дар асоси принсипи худидорӣ пеш мебаранд. Дар зери мафҳуми принсипи худидорӣ сохтори иттиҳодияи ҷамъиятӣ, мақоми роҳбарикунанда ва назорату тафтишотии он, ҳудуде, ки дар он ташкилоти мазкур фаъолияти худро ба амал мебарорад, фаҳмида мешавад. Аммо маънои принсипи худидорӣ масъулияти назорати давлатиро истисно намесозад, баръакс бо риояи талаботи қонун мақомоти масъули давлатиро водор менамояд, ки аз рӯи ин принсип шаклҳои гуногуни назорати давлатиро мавриди истифода қарор диҳад, ё худ ҷорӣ намояд.

Аломатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии принсипи фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ дар тамоми соҳаҳои ҳуқуқ мушаххас гардидааст. Принсипи фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар пиёда намудани ҳадафҳои худидории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, асосҳои ташкилии он ва мақомоти идоракунӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзоёни чунин ташкилотро вобаста ба дарки масъулият дар ривоҷу равнақи мақсадҳои Оинномавиашон муташаккилона мусоидат менамояд. Принсипи худидорӣ тибқи қонун чун роҳнамо ба ду самти фаъолият хизмат мекунад:

— вобаста ба пешбурди масъулияти фаъоли худидорӣ мутобиқ гаштани фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ;

— аз тарафи дигар вобаста ба дарки масъулияти ҷавобгарӣ ба роҳ мондани фаъолияти худидории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ.

Гарчанде принсипҳои мазкур масъулияти назоратии давлатро афзалиятнок намояд ҳам, вале иҷрои ӯҳдадориро оид ба роҳ надодани дахолати беасос ва фишороварӣ нисбат ба фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ маҳдуд намесозад, ки чунин ҳолат дар силсилаи қонунгузориҳо баррасӣ ёфтааст.

4. Принсипи қонуният. Қонуният яке аз принсипҳои муҳими қонунгузории ғайритиҷоратӣ ба шумор меравад. Принсипи қонуният бо якчанд маъно истифода мешавад, ки ҳар яки он ба танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ нигаронида шудааст.

Принсипи қонуният чунин ҷабҳаҳоро вобаста ба ҳаёти ҷомеа тақвият медиҳад:

— ҳамчун режими ҳуқуқии ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ;

— чун асоси ташкилу ҳуқуқии назорати фаъолияти мақомоти давлатӣ;

— ҳамчун матлаби муҳим дар таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ.

Принсипи мазкур чун дигар принсипҳои номбурда ҳамчун асоси пешбарандаи фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ буда, дар соҳаҳои мустақил ва қонунгузориҳои махсус мушаххас гардидаанд. Ин принсип ба ҳайси принсипи умумиҳуқуқии танзими фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ баромад мекунад. Тибқи он зарурати риояи қонуният новобаста аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ муайян мегардад, масъулияти аъзоёни иттиҳодияҳои ҷамъиятиро барои бемайлон иҷро намудани вазифаҳояшон роҳнамоӣ менамояд. Заминаи иҷтимоию ҳуқуқии принсипи қонуният дар фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ аз таъмини мутташакили риояи қатъии талабоҳои қонунгузорӣ ва аз тарафи давлат таъмини қонуният ва риояи он дар фаъолияти ҳокимияти давлатӣ, маҳаллӣ ва ғайра иборат мебошад.

Риояи принсипи мазкур на танҳо барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, балки барои мақомоти давлатие, ки фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатиро назорат менамояд ҳатмӣ мебошад. Принсипи қонуният кафолати ҳуқуқии қонуният, таҳкими он дар фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, устувории муносибати тарафайнро, ки барои амалӣ намудани чунин самти фаъолият муҳим мебошад, дар маҷмӯъ таъмин менамояд.

Ҳамин тавр, дар зери мафҳуми принсипи қонуният рукнҳои асосӣ ва роҳнамои расмии меъёри ҳуқуқӣ, ки танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратиро фаро мегирад ва аз тарафи дигар рафтори аъзоёни онро баҳри риояи бечунучарои талаботи ин самти қонунгузорӣ муайян менамояд, фаҳмида мешавад.

Ҷ. 4 Фанни таълимии «Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ»-ро бидуни алоқаманди бо дигар соҳаҳои ҳуқуқ тасаввур намудан ғайриимкон аст. Зеро, ҳосил намудани малака ва маҳорати татбиқи донишҳои назариявии фан дар фаъолияти минбаъдаи ҳуқуқшиносӣ арзёбӣ мегардад.

Фанни «Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ» ба соҳаҳои зерини илмҳои ҳуқуқ робитаи устувор дорад:

1. Назарияи давлат ва ҳуқуқ. Назарияи давлат ва ҳуқуқ-маҷмӯи донишҳои айнӣ ва мураттабгаштаи илмӣ-назариявӣ ва методологӣ аст, ки тавассути онҳо воқеияти ҳуқуқӣ ва сиёсиву давлатӣ дарк мешаванд. Воқеъияти ҳуқуқӣ ва сиёсиву давлатӣ гуфта маҷмӯӣ ҳодисаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсиву давлатиро меноманд: ба монанди ҳуқуқ, давлат, низоми ҳуқуқӣ, идоракунии давлатӣ, демократия, қонуният ва ғайраро мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор медиҳад. Назарияи ҳуқуқ ва давлат поягузори тамоми донишҳои соҳавии ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Инчунин ҳамчун ба сифати алифбои ҳуқуқӣ низ истифода мешавад.

2. Ҳуқуқи Конститутсионӣ. Фани махсуси таълимии «Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ» бидуни алоқамандӣ бо ҳуқуқи конститутсионӣ ривоҷ ёфта наметавонад. Аз инҷост, ки фанни махсуси мазкур ба ҳуқуқи конститутсионӣ алоқамандии зич дорад.

Ҳуқуқи конститутсионӣ-маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиест, ки сохтори Конститутсионии Тоҷикистонро мустаҳкам менамояд. Вазъи ҳуқуқии шахс, асосҳои ташкиливу салоҳияти мақомоти давлатӣ, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, соҳибихтиёрии халқ, сиёсати хориҷӣ ва мафҳуми сохтори конститутсионӣ, сохти марзиву маъмурии ҷумҳурӣ, ҳолати ҳуқуқии шаҳрвандон, мақомоти намояндагӣ ва ҳокимияти маҳаллӣ, асоси низоми интихобот ва ғайра мавзӯи асосии давлатӣ арзёбӣ гардидаанд. Ҳуқуқи конститутсионӣ соҳаи муҳими ҳуқуқ ба шумор рафта, ҳолатҳои асосӣ ва муҳими таъсис ва фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратиро танзим месозад.

3. Ҳуқуқи гражданӣ. Фани «Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ» бо соҳаи муҳим ва мустақили ҳуқуқ, ҳуқуқи гражданӣ алоқаманд мебошад. Яке аз унсурҳои чунин пайвастагӣ аз хусусияти комплексӣ доштани фанни махсус бар меояд. Аз тарафи дигар, шаҳрвандон ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба сифати субъекти ҳуқуқи гражданӣ арзёбӣ гашта, аз ибтидо танзими механизми ҳуқуқиашро такя ба меёрҳои ҳуқуқи гражданӣ пиёда менамояд. Инчунин моҳирона аз усулҳои ҳуқуқи гражданӣ истифода мебаранд.

Ҳамин тариқ ҳуқуқи гражданӣ меъёрҳоеро муттаҳид мекунад, ки вазъи ҳуқуқии иштирокчиёни муомилоти гражданӣ, асосҳои пайдоишу амалкунии ҳуқуқи моликият, муносибатҳои шартномавӣ ва дигар муносибатҳои молумулкӣ, ҳамзамон муносибатҳои бо онҳо алоқаманди шахсии ғайримолумулкиро танзим менамояд. Мақоми ҳуқуқии иштирокчиёни ин муносибатҳо баробаранд ва озодона рафтор мекунанд. Ҳуқуқи гражданӣ ҳолати ҳуқуқии шаклҳои ҷудогонаи моликият, масъалаҳои мерос, ҳуқуқи муалифӣ, ихтирокорӣ ва ғайраро танзим менамояд. Ҳуқуқи гражданӣ заминагузори асосҳои қонунгузории ғайритиҷоратӣ ба шумор меравад.

4. Ҳуқуқи соҳибкорӣ. Соҳибкорӣ ҳамчун шакли хоҷагидорӣ дар натиҷаи таҳаввулоти бисёрасра дар иқтисодиёти давлатҳои мутараққӣ ҷорӣ гаштааст. Ҳуқуқи соҳибкорӣ, аз маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқи иборат буда, муносибатҳои соҳибкорӣ ва муносибатҳои дигари ба он мансуб инчунин танзими давлатии муносибатҳои хоҷагидориро бо мақсади таъмини манфиати давлат ва ҷамъият ба танзим медарорад.Новобаста ба фарқияти предмети танзими ҳуқуқӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ ба ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ алоқаи зич дорад. Шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ барои вусъат додани фаъолияти худ ва ноил гаштан ба мақсадҳои оинномавиашон қисман ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мешаванд, ки чунин муносибат тавассути меъёрҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ танзим мегардад. Инчунин меъёрҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ дар робита бо меъёрҳои ҳуқуқи гражданӣ, тиҷоратӣ, молиявӣ, маъмурӣ, муносибатҳои оид ба хусусигардонии амволи давлатӣ, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ, фаъолияти зиддиинҳисорӣ ва инкишофи рақобатро танзим мекунад. Чунин танзими ҳуқуқи шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратиро маҳдуд намекунад.

5. Ҳуқуқи меҳнатӣ. Ҳуқуқи меҳнатӣ муносибатҳои меҳнатии байни корманд ва корфарморо танзим мекунад. Муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатии корфармо ва кормандро мо дар фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ низ мушоҳида карда метавонем, ки сабаби алоқамандии ҳуқуқи меҳнатиро бо муносибатҳои меҳнатии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ бараъло айён менамояд. Дар шароити ривоҷу равнақи муносибатҳои бозоргонӣ, ҳуқуқи моликият, ҳамчунон оид ба татбиқи меҳнати коркунони кирояро танзим менамояд. Шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ дар муносибатҳои ҳуқуқи меҳнатӣ чун корфармо нисбат ба амали намудани ҳуқуқҳои конститутсионии кормандон масъулияти муҳимро иҷро менамоянд, ки дар пиёда намудани муносибатҳои меҳнатӣ такя ба санадҳои ҳуқуқии меҳнат ва ҳифзи он фаъолият намуда, алоқамандии ду соҳаро ба ҳам зич мепайвандад.

6. Ҳуқуқи молиявӣ. Ҳуқуқи молиявӣ маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиест, ки муносибатҳои ҷамъиятии дар ҷараёни ташкил, тақсиму истифодаи фондҳои пули захираҳои молиявии давлат ба миён омадаро ба танзим медарорад. Ҳуқуқи андоз яке аз фаслҳои ҳуқуқи молиявӣ мебошад, ки дар баробари ҳамин ташкилоти ғайритиҷоратӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқии андоз ба шумор меравад. Аз ин ҷо алоқамандии ҳуқуқи ғайритиҷоратӣ бо ҳуқуқи андоз ҳамчун муқарраротӣ қонунӣ дар иҷрои ӯҳдадории пардохт ва имтиёзҳои андоз арзёбӣ мегардад.

Ҳуқуқи андоз маҷмӯи меъёрҳои молиявию ҳуқуқие мебошад, ки муносибатҳои андозу андозбандиро дар ситонидани андоз ҳамчун ӯҳдадорӣ ба тартиб меоварад. Новобаста аз он ки андоз ӯҳдадории яктарафа мебошад, муносибатҳои ҳуқуқи андоз дар ҷараёни пардохти андоз ба буҷет аз ҷониби андозсупоранда ва андешидани тадбирҳои таъминкунандаи иҷрои ин ӯҳдадорӣ ба вуқӯъ мепайвандад. А ин лиҳоз, фанни таълимии «Асосҳои ҳуқуқии танзими фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ» бо ҳуқуқи андоз алоқамандии зич дорад. Барои машғул шудан ба фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ ташкилоти ғайритиҷоратӣ ва баъд аз қайди мақомоти андоз гузаштанаш ба ҳайси субъекти андозсупоранда дар муносибатҳои ҳуқуқии андоз баромад мекунад. Аз ҳисоби фоидаи бадаст овардааш вазифаҳои аз ӯҳдадории андоз баромадаро ба ҷо меорад.

Адабиётҳо:

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон-Душанбе, 2003; Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (қисми умумӣ)- Душанбе, 2000; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ». Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Душанбе, 2008, №3; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ»; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Душанбе, 2003, №10; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ширкати иҷтимоӣ ва созишномаю шартномаҳои коллективӣ», Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Душанбе, 1998, №10; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ», Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Душанбе, 2008, №1; Права человека как фактор стратегии устойчивого развития// Отв. Ред. Е.Н. Лукашева-М., 2000; Правоведение, учебник для Вузов/ отв.ред. проф. Б.И. Пучинский.-М., «Просвещение», 1998; Финансовое право. Учебник отв. Ред. Н.И. Химичева.-М., Юрист, 2000; Раҳимов М.З. Ҳуқуқи соҳибкорӣ (қисми 1).-Душанбе, «Деваштич», 2002; Н.М. Чистяков. Теория государства и права.-М., КНОРУС, 2010.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *