Фанни Ҳуқуқи молиявӣ

Ҳуқуқи буҷетӣ

1. Мафҳум ва аҳамияти буҷет

2. Мафҳум, предмет ва меъёрҳои ҳуқуқи буҷетӣ

3. Сарчашмаҳои ҳуқуқи буҷетӣ

4. Муносибатҳои ҳуқуқии буҷетӣ

1. Мафҳум ва аҳамияти буҷет

Бо мақсади идоракунии давлат, амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои дар назди вай истода маблағҳои пулии хеле калон заруранд. Маблағҳои пулиро дар хазинаи худ ҷамъ карда истода, давлат фонди махсусро ташкил менамояд, ки буҷет номида мешавад. Истилоҳи «budget» бори аввал дар асрҳои миёна дар Англия пайдо шудааст ва маънои «ҳамён»-ро дошт. Бо чунин ном ҷуздон (портфелеро) ном мебурданд, ки дар он вазири англис пул ва ҳисоботи худро мебурд, ки бо онҳо вай мунтазам дар назди палатаи лордҳо баромад мекард. Бо гузаштани вақт калимаи мазкур «ҳисоботи вазири хазинадорӣ дар назди парламент»-ро ифода менамуд.

Дар вақти ҳозира мафҳуми «буҷет» бо ҷанбаҳои гуногун ҳамчун категорияи иқтисодӣ, моддӣ ва ҳуқуқӣ баррасӣ карда мешавад.

Ҳамчун категорияи иқтисодӣ буҷет низоми муносибатҳои иқтисодиеро ифода менамояд, ки дар рафти ташкилшавӣ, тақсимшавӣ ва истифодабарии фондҳои маблағҳои пулии марказонидашуда ба вуҷуд омада, барои иҷрои вазифаҳо ва функсияҳои давлат зарур мебошанд. Буҷет асоси иқтисодии фаъолияткунии давлатро ташкил дода, звенои асосии низоми молиявӣ мебошад ва аз ҳама бештар бо унсурҳои боқимондаи он зич алоқаманд аст. Бинобар ин, тамоми фаъолияти молиявӣ дар атрофи буҷет амали мешавад ва ба ташкил намудани он тобеъ аст.

Ҳамчун категорияи моддӣ буҷет – ин нақшаи асосии молиявии (рӯйхат, ҷадвал,) даромадҳо ва хароҷотҳои субъекти фаъолияти молиявӣ-хоҷагӣ барои давраи муайяни вақт мебошад. Дар бисёр мавридҳо буҷет барои муайян кардани маблағҳои пулии дар ихтиёрбуда ва хароҷот кардани онҳо аз рӯи ин ё он самт тартиб дода мешавад. Бинобар ин, буҷет ҳамчун воситаи идоракунии баробарии даромадҳо ва хароҷотҳо баромад мекунад, ки шарти зарурии инкишофи ҳама гуна субъекти хоҷагидор мебошад.

Ҳамчун категорияи ҳуқуқӣ буҷет ба сифати нақшаи бо санади меъёрии ҳуқуқӣ сабтгардидаи ташкилшавӣ, тақсимшавӣ ва истифодабарии фонди марказонидашудаи маблағҳои пулӣ (умумидавлатӣ ва маҳаллӣ) баррасӣ карда мешавад.

Дар қонунгузорӣ тавсифи юридикии мафҳуми буҷет аз мавқеи ҳуқуқи дарак медиҳад. Мувофиқи моддаи 238 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон «маблағҳои буҷети ҷумҳурӣ ва дигар молу мулки давлатӣ, ки ба шахси ҳуқуқии давлатӣ вобаста карда нашудаанд, хазинаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд».

Нақши мафҳуми буҷет дар он зоҳир мегардад, ки вай базаи моддии фаъолияткунии давлатро ташкил менамояд. Маблағҳои пулии дар буҷет ҷамъкардашуда барои амалӣ намудани сиёсати давлатии иҷтимоӣ-иқтисодӣ пешбинӣ карда шудаанд. Бо кӯмаки буҷет барномаҳои давлатӣ ва маҳаллӣ оид ба инкишоф ва фаъолияткунии самараноки соҳаҳои иқтисодиёт, мустаҳкам намудани иқтидори илмӣ-техникӣ ва мадании мамлакат, баланд бардоштани сатҳи ҳаёти аҳолӣ ва ғ. татбиқ карда мешаванд. Буҷети давлат барои таъмин намудани инкишофи баробари иқтисодиёт ва соҳаҳои иҷтимоӣ дар тамоми қаламрави мамлакат имкониятҳо фароҳам меорад ва механизми тавонои идоракунӣ дар ихтиёри давлат мебошад.

Аз як тараф, дар бораи аҳамияти буҷет дар ҳаёти давлат гуфта истода, инро низ қайд кардан лозим аст, ки ҳама гуна зуҳуроти номатлубро дар иқтисодиёт ба воситаи сиёсати буҷетии оқилона ва ояндадор бартараф кардан мумкин аст. Аз дигар тараф, хатогиҳо ё ислоҳотҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ беасоси буҷет сабабҳои асосии бӯҳрони молиявӣ, таназзули истеҳсолот, ҷараёнҳои беқурбшавии пул ва ғайра мебошанд.

2. Мафҳум, предмет ва меъёрҳои ҳуқуқи буҷетӣ

Дар ҷараёни ташкилшавӣ, тақсимкунии ва истифодабарии фондҳои пулии давлат муносибатҳои мураккаб ва гуногуншакли ҷамъиятӣ ба вуҷуд меоянд. Ин муносибатҳо бо меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ ба тартиб андохта мешаванд, ки дар маҷмӯъ ҳуқуқи буҷетиро ташкил менамоянд. Ҳуқуқи буҷетӣ – фасли асосӣ ва аз ҳама калони ҳуқуқи молиявӣ мебошад, ки бо мавқеи буҷет дар низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаб шудааст. Маҳз аз ҳуқуқи буҷетӣ қисми махсуси ҳуқуқи молиявӣ оғоз мегардад.

Предмети ҳуқуқи буҷетӣ муносибатҳое мебошанд, ки вобаста ба ташкилшавӣ, тақсимшавӣ ва истифодабарии низоми фондҳои пулии давлат ба вуҷуд меоянд. Предмети ҳуқуқи буҷетиро гурӯҳи калони меъёрҳое ташкил менамоянд, ки инҳоро дар бар гирифта ба танзим медароранд:

— сохти буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— таркиби даромадҳо ва хароҷотҳои низоми буҷетӣ;

— баробарии буҷетҳо;

— мурофиаи буҷетӣ;

— ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории буҷет.

Ҳамин тавр, ҳуқуқи буҷетиро метавон ҳамчун зерсоҳаи ҳуқуқи молиявӣ муайян кард, ки низоми меъёрҳо ва принсипҳоеро дар бар мегирад, ки муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба ташкилшавӣ, тақсимшавӣ ва истифодабарии фондҳои марказонидашудаи пулӣ бо мақсади таъминоти молиявии инкишофи иҷтимоӣ- иқтисодии мамлакат ба танзим дароварда, инчунин ҷавобгариро барои вайрон кардани қонунгузории буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

Дар адабиёти ҳуқуқӣ таърифҳои гуногуни ҳуқуқи буҷетӣ мавҷуданд, ки аз рӯи мазмуни худ бо ҳам монанд ҳастанд. Онҳо ҳуқуқи буҷетиро ҳамчун маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқие тавсиф менамоянд, ки сохти буҷетӣ, сохтори низоми буҷетӣ, тартиби тақсими даромадҳо ва хароҷотҳо байни буҷетҳои сатҳои гуногунро ба танзим медароранд; мурофиаи буҷетӣ ва ҳуқуқҳои буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба тартиб меадозанд. Яъне фарқияти асосии ҳуқуқи буҷетӣ ҳаҷми муносибатҳои ҷамъиятии ба танзим даровардашаванда, ки предмети онро ташкил менамоянд, мебошад.

Меъёрҳои ҳуқуқи буҷетӣ, ки ба низоми меъёрҳои ҳуқуқии молиявӣ дохиланд, бо асосҳои умумӣ тасниф карда мешаванд. Аз ҳама бештар меъёрҳои буҷетӣ дар хусусияти таъсиррасонӣ ба иштирокчиёни муносибатҳо зоҳир мегарданд. Масалан, меъёрҳои ваколатдоркунанда нишондоди мушаххаси мақототи ҳокимияти давлатиро нисбати ташкил кардани даромадҳо ва амалӣ намудани хароҷоти буҷет, тариқи тартиб додани лоиҳаи буҷет, идоракунии қарзи давлатӣ, татбиқи чораҳои маҷбуркунӣ барои вайрон кардани қонунгузории буҷетӣ дар бар мегирад. Меъёрҳои манъкунанда дар шакли қатъӣ ба субъектон (аз он ҷумла мақомоти ҳокимиятии сатҳои гуногун) иҷро накардани амалҳои муайянро дастур медиҳанд. Масалан, ба муассисаҳои буҷетӣ додани кредит (қарз) аз ташкилоти кредитӣ (қарздеҳ), шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ манъ карда шудааст, пешниҳод намудани кредитҳои буҷетӣ бошад дар сурати мавҷуд будани қарздорӣ аз рӯи кредитҳои пештара мумкин нест.

Меъёрҳои ҳуқуқи буҷетӣ аз рӯи мазмуни худ ба моддӣ ва мурофиавӣ тақсим мешаванд. Меъёрҳои моддии буҷетӣ сохтори низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таркиби даромадҳо ва хароҷоти буҷетҳо, тақсими онҳо дар байни буҷетҳои гуногун ва ғ. дар бар мегиранд. Ба меъёрҳои мурофиавии буҷетӣ меъёрҳое мансубанд, ки тариқи тартиб додан, баррасӣ намудан, тасдиқ кардан ва иҷро намудани буҷетҳои давлатӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ, фондҳои ғайридавлатии буҷетӣ, тариқи тартиб додан ва тасдиқ кардани ҳисоботҳо дар бораи иҷрои буҷети давлатӣ ва фондҳои ғайрибуҷетӣ, амалӣ намудани назорати молиявии давлатӣ дар соҳаи буҷет ва дигар муносибатҳоро ба тартиб меандозанд.

Меъёрҳои ҳуқуқи буҷетӣ ифодаи худро дар санадҳои гуногуни қонунгузорӣ ва зерқонунӣ меёбанд.

3. Сарчашмаҳои ҳуқуқи буҷетӣ

Асоси ҳамаи меъёрҳои ҳуқуқие, ки муносибатҳои буҷетиро ба танзим медарорад, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Пеш аз ҳама, ба ин муносибатҳо меъёрҳои конститутсионии хусусияти умумидошта, ки принсипҳои асосӣ ва шаклҳои муносибатҳоро дар соҳаи буҷет, асосҳои ташкилии фаъолияти буҷетии давлат, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектони дар он иштироккунандаро муайян менамояд, паҳн мешавад. Ба ғайр аз онҳо як қатор моддаҳои Конститутсия бевосита муқаррарот ва принсипҳои фаъолияти буҷетиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд. Масалан, моддаҳои 59, 60 Конститутсия асосҳои тартиби тасдиқи буҷет ва назорати иҷрои онро муқаррар менамояд.

Қонунгузории буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоро дар бар мегирад:

— қонунҳо, масалан, дар бораи буҷети давлатӣ барои соли дахлдор;

— санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти намояндагии маҳаллӣ дар бораи буҷетҳои маҳаллӣ барои соли дахлдор;

— санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти намояндагии маҳаллӣ, ки муносибатҳои ҳуқуқии буҷетиро ба танзим медароранд.

Дар қонунҳои мунтазам қабулшаванда дар бораи буҷети давлатӣ барои давраи дахлдор ба ғайр аз нишондиҳандаҳои мушаххаси даромаду хароҷоти он барои давраи муайяни буҷетӣ ҳамчунин қоидаҳои мазмуни умумӣ, яъне меъёрҳои ҳуқуқи буҷетиро дар бар мегирад.

Ба сарчашмаҳои ҳуқуқи буҷетӣ ҳамчунин фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки муносибатҳои буҷетиро дар доираи салоҳияти худ ба танзим медароранд, мансубанд.

Аммо санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур ба мафҳуми қонунгузории буҷетӣ дохил намешаванд ва на бояд хилофи меъёрҳои он бошанд. Ҷойи махсусро дар байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ санадҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ташкили амалии фаъолияти буҷетӣ дахл дорад (тартиби баҳисобгирӣ, ҳисобот дар бораи иҷрои буҷетҳои ҳамаи сатҳҳои низоми буҷетӣ ва ғ.), ишғол менамоянд.

4. Муносибатҳои ҳуқуқии буҷетӣ

Муносибатҳои ҳуқуқии буҷетӣ – ин бо меъёрҳои ҳуқуқи буҷетӣ ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятие мебошад, ки дар рафти фаъолияти буҷетӣ, яъне дар рафти ташкилшавӣ, тақсимшавӣ ва истифодабарии фондҳои пулии давлат ва худидоракунии маҳаллӣ ба вуҷуд меоянд. Муносибатҳои ҳуқуқии буҷетӣ ҳамчун яке аз намудҳои муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ, бо ҳамаи аломатҳое, ки ба ҳама гуна муносибатҳои ҳуқуқии молиявӣ хосанд, тавсиф карда мешаванд, вале хусусиятҳои худро низ доранд.

Ҳамаи муносибатҳои буҷетӣ ба ду гурӯҳи асосӣ тақсим мешаванд:

гурӯҳи 1-ум – муносибатҳое, ки дар раванди ташкилшавии даромадҳо ва амалӣ намудани хароҷоти буҷетҳои низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ намудани азхудкунии давлатӣ, ба танзимдарории қарзи давлатӣ ба вуҷуд меоянд;

гурӯҳи 2-юм – муносибатҳое, ки дар раванди тартиб додан ва баррасӣ намудани лоиҳаҳои буҷетҳои низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ намудан ва иҷро кардани буҷетҳои низоми буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорати иҷрои онҳо, анҷом додани буҳисобгирии буҷетӣ, баррасӣ ва тасдиқ намудани ҳисоботи буҷетӣ ба вуҷуд меоянд.

Хусусияти хоси муносибатҳои ҳуқуқии буҷет дар он аст, ки вай, чун қоида, дар давоми соли молиявӣ ё давраи нақшавӣ муқаррар карда шуда, давом меёбад. Аммо ин имконияти ба вуҷуд омадани муносибатҳои навро аз рӯи ҳамон объектҳои пештара ва байни ҳамон субъектон истисно наменамояд. Дар баъзе ҳолатҳо муносибатҳои ҳуқуқӣ метавонад хусусияти дуру дароз дошта бошад, масалан дар муносибати хароҷотҳои асосӣ (капиталӣ), ки ба буҷети инкишоф дохил карда шудаанд, нисбати пардохт намудани ӯҳдадориҳои қарзии давлат ва ғ. Хусусияти муносибатҳои ҳуқуқии буҷетӣ ҳамчунин дар методи императивии ба танзимдарории онҳо низ зоҳир мегардад, чунки давлат ба ташкилшавӣ, тақсимкунӣ ва истифодабарии фондҳои буҷетӣ диққати махсус медиҳад, гарчанде ки дар баъзе ҳолатҳо методи диспозитивӣ низ истифода бурда мешавад, масалан дар низоми муносибатҳо оид ба ташкилкунии даромадҳо ва муайян намудани самтҳои хароҷоти буҷет. Дар айни замон муносибатҳои ҳуқуқии мазкур ифодаи равшани хусусияти моддӣ (гурӯҳи 1-ум) ва мурофиавӣ (гурӯҳи 2-юм) доранд.

Ба муносибатҳои ҳуқуқии буҷетӣ ҳамчунин муносибатҳои ҳуқуқие мансубанд, ки мақоми ҳуқуқии иштирокчиёни мурофиаи буҷетӣ, тартиб ва шартҳои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳоро барои вайрон кардани қонунгузории буҷетӣ муқаррар менамоянд.

Намуди махсуси муносибатҳои ҳуқуқии буҷетӣ муносибатҳои байнибуҷетӣ мебошанд, ки байни мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомотҳои маҳаллии он ба вуҷуд меоянд.

Дорандагони ҳуқуқу ӯҳдадориҳои юридикӣ дар муносибатҳо оид ба ташкил кардан, тақсим намудан ва истифодабарии маблағҳои буҷетҳои ҳамаи сатҳҳо субъектони ҳуқуқи буҷетӣ номида мешаванд. Ба доираи субъектони ҳуқуқи буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд:

1) давлат ва воҳидҳои марзӣ-маъмурӣ:

— Ҷумҳурии Тоҷикистон;

— Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе;

— воҳидҳои маҳаллии марзӣ-маъмурӣ – шаҳрҳо, ноҳияҳо, ҷамоатҳо, шаҳракҳо;

2) мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ:

— мақомотҳои қонунгузории (намояндагии) ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ;

— мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва маҳаллӣ;

3) шахсони ҳуқуқии давлатӣ ва дигар субъектони хоҷагидор:

— муассисаҳои буҷетӣ;

— корхонаҳои воҳиди давлатӣ.

Субъекти муносибатҳои ҳуқуқии буҷетӣ ё дар тақсимоти даромадҳо ва хароҷотҳои байни буҷетҳои сатҳҳои гуногун иштирок менамояд ё иштирокчии мурофиаи буҷетӣ мебошад ва ё аз буҷет маблағҳои пулиро дар шакли маблағгузорӣ ё қарздиҳӣ мегирад.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *