Фанни Ҳуқуқи молиявӣ

Шаклҳои ташкили-ҳуқуқии шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ

  1. Фаъолияти соҳибкории шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ.
  2. Тарттиби ташкил ва таъсиси ҷамъият ва ширкатҳои хоҷагидорӣ дар назди ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ.
  3. Татбиқи назорати давлатӣ оид ба фаъолияти иқтисодӣ. Ҷавобгарии соҳибкории шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ.

Ҷ. 1 Ташкилотҳои ғайритичоратӣ фаъолияти соҳибкориро тибқи талаботи қонун амалӣ мегардонад. Фаъолияти соҳибкорӣ яке аз навъҳои фаъолиятест, мустақим ва максаднок, ки бо ташабусс ва таваккали асосёфтаи иқтисодӣ, ки амалан аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба мақсади пиёда ва таъмин намудани манфиатҳои давлат ва ҷамъият нигаронида шудааст, амали мешавад. Фаъолияти соҳибкорӣ маҳсули ислоҳоти сохти иқтисодиёт, падидаи навест, ки дар радифи устуворгардии бозори иқтисодӣ ва неъматест, ки аз ҷамъияти шаҳрвандӣ ба миён омадааст. Ибораи фаъолияти соҳибкорӣ вобаста ба муайян намудани асосҳои низоми иқтисодии кишварамон дар моддаи 12-и Қоиститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мазмуни зайл ифода гардидааст: «Асоси иқтисодиёти Тоҷикистонро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳад.

Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Вобаста ба амали намудани фаъолияти соҳибкорӣ қонунгузор зарурати ба миён омадани оқибатҳои ҳуқуқии амали субъекти ин тарзи фаъолиятро чунин маънидод мекунад:

— ҳуқуқ ва ӯҳдадорӣ:

— дарки масъулияти ҷавобгарӣ;

— маҳаки ҳуқуқии ин тарзи фаъолият.

Маҳакҳои асоси ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ дар навбати худ ҳамчун муайянкунандаи таиноти иҷтимоии он дар таъмини манфиатҳои мақсаднок ва ҳамчун самти фаъолият чунин тасниф мешаванд:

— мустақиман ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби шахс;

— ба амал барории фаъолияти ба таваккали асосёфта;

— фаъолиятест мунтазам барои ба даст даровардани фоидаи ройгон гашта;

— фаъолиятест, тавассуги бақайдгирӣ ва иҷозатдиҳии давлатӣ сурат метарад. Маҳаки мустақиман 6а амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби шахс, яке аз шартҳои асоси ба шумор меравад.

Мустақилият дар фаъолияти соҳибкорӣ маънои мансубияти иродавӣ ва ифодаи иродаро дорад. Янъе, шахси соҳибкор дар интихоби муносиби рафтор ихтиёран бо назардошти оқибатҳои рафтораш бе дахолат мустақиман арзи ирода менамояд. Инчунин, мустақилият дар фаъолияти соҳибкор маънои худдорӣ намудан аз ифодаи иродаро дорад. Ба туфайли суханҳои боло мустақилият,- мустақиман қабул намудани қарори заруриро дар фаъолияти соҳибкорӣ мепиндорад. Аз тарафи дигар, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ яке аз навҳои шахси ҳуқуқӣ мебошанд, ки мустақиман аз номи худ дар муносибатҳои молу мулкӣ ва ҳифзи он баромад мекунанд, ятъне мустақилият дар муйаяи намудани мақоми шахс айён мегардад. Аз ин ҷост, ки сохибкор дар фаъолияти худ мустақил ва соҳибихтиёр буда, амалҳои худро тибқи қонунгузорӣ ба роҳ мемонад.

Мустақилияти соҳибкорӣ аз тарафи дигар маънои такя ба моликият, пеш бурдани фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагиро дорад. Тибқи моддаи 12-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», соҳибкор метавонад ҳамагуна фаъолияти хоҷагидориро мувофиқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ба амал барорад, агар онҳоро қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накарда бошад. Соҳибкор молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) истеҳсолнамуда ва ба дастовардаашро мустақилона ба муомилот мебарорад. Супоришҳои давлатиро соҳибкор дар асоси шартнома иҷро мекунад.

Янье, фаъолиятеро, ки қонун манъ накардааст, барои пеш бурдани он усулҳои иҷозатдиҳии умумӣ ва махсусро муқаррар кардааст. Дар баробари ҳамин мустақилият дар фаъолияти соҳибкорӣ аз як тараф ташабусси соҳибкориро дар ҷараёни истеҳсолот пешбинӣ намояд, аз тарафи дигар малака ва маҳорати ғанӣ гардорнидани равнақро дар ин самти фаъолият ҳосил менамояд. Хусусияти махсуси мустақилияти фаъолияти соҳибкориро ба туфайли суханҳои боло аз рӯи самтҳои зерин маълум намудан мумкин аст:

а) мустақилияти ҳуқуқии фаъолияти соҳибкорӣ;

б) мустақилияти иқтисодии фаъолияти соҳибкорӣ;

в) мустақилияти ташабусскоронаи фаъолияти соҳибкорӣ.

Аслан аз рӯи ин аломатҳо бештар мустақилияти соҳибкорӣ маънидод карда мешавад, ки дар мафҳуми фаъолияти соҳибкори онро дарёфта метавонем. Вале, аз ҳама муҳимаш мустақилияти фаъолияти соҳибкорӣ аз руи расидан ба ҳадафҳояш ҳосил мегардад, ки ин маънои бо пуррагӣ бартараф намудани душвориҳои фаъолиятро дар таносуби ноил гаштан ба комёбиҳо натиҷагирӣ менамояд.

Дар баробари ин фаъолияти соҳибкориро бе мустақилият ба роҳ мондан, ғайриимкон аст. Зеро, ба ривоҷу равнақи фаъолияти соҳибкорӣ ва инкишофи шаклҳои он мустақилият таъсири мусбӣ мерасонад. Аз ин лиҳоз, мустақилият ҳангоми машғул гаштани ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун арзиши муҳим ва зарурӣ, арзёбӣ гашта аз комёбиҳои ноилгаштаи истеҳсолӣ ё хоҷагӣ натиҷагирӣ менамояд. Ин ба ташкилоти ғайритиҷоратӣ имкон медиҳад, ки қобилияти худро мустақилона барои расидан ба ҳадафҳои соҳибкорӣ ба мақсади қонеь намудани талаботи ҷамъият истифода барад.

Чунон, ки маълум аст, фаъолияти соҳибкори ҷузьи чудонашавандаи фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад. Дар таҳлили аломатҳои фаъолияти соҳибкорӣ таваккал минтақаи довоми мустақилияти соҳибкорӣ буда, дар таносуб бо дигар аломатҳо характери амали дорад.

Ба мафҳуми таваккали — ноил гаштан 6а комёбиҳо, рнвоҷу равнақ ва натиҷагирии фаъолияти соҳибкорӣ мансуб аст. Зеро, ин мафҳумҳои номбаргашта ба фаъолияти амалии соҳибкорӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои ниҳоии он нигаронида шудааст. Ба гуфии М.З. Раҳимов, таваккалӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ, эҳтимолияти ба даст даровардани фоидаи ба нақша гирифташуда ё натиҷаи мусбии дар назар дошта шуда, ҳамзамон имконияти дарёфти оқибати манфии ин ё он амал мебошад.

Таваккали дар заминаи омилҳои гуногун амалӣ мешавад. Аслан таваккалӣ ба натиҷаи ниҳоии фаъолияти соҳибкорӣ алоқаи зич дорад, ки аз ҷумла, ҳамчун асоси фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб рафта тарзу усулҳои ба даст овардани фоидаро тақозо менамояд. Аз тарафи дигар, таваккалӣ на ҳамеша омили расидани соҳибкор ба натиҷаи ниҳои мебошад. Балки, таваккалӣ давоми мантиқии аз ӯҳда набаромандаи соҳибкор, бар ивази ноил гаштан ба натиҷаи ниҳоии фаъолият, дарёфти оқибатҳои манфии ин амал шуда метавонад.

Таваккалӣ бештар 6а иродаи қавъи ва ифодаи он 6а миён омада дар муносибатҳои ҳуқуқи соҳибкорӣ нисбат ба бастани шартномаҳои хариду фурӯш, қарз, иҷора, хизматрасонӣ, иҷрои кор зоҳир мегардад. Аз тарафи дигар, таваккалӣ дар фаъолияти соҳибкорӣ хусусияти роҳнамоӣ ва роҳкушоиро оид 6а ноил гаштан ба ҳадафҳои ниҳоии соҳибкорӣ ва имкониятҳои васеъгардии моликиятро тақозо менамояд, ки ин муваффақияти кор мебошад. Рақиби таваккалӣ дар фаъолияги соҳибкорӣ рақобат, ноӯҳдабароии амалҳои соҳибкор, ноил гаштан ба натиҷаи манфии фаъолият, муфлисшавӣ ва ғайра шуда метавонанд. Ба замми ин суханҳо таваккалият функсия танзимнамоиро нисбат ба фаъолияти соҳибкорӣ иҷро менамояд. Соҳибкорӣ — истифода аз моликияти худ фаъолияти мунтазами ба даст даровардаии фоидаро тақозо менамояд. Дар муносибатҳои ҳуқуқи андоз фоида ҳамчун манъбаи асосӣ ва сарчашмаи пардохти андоз шуморида мешавад. Дар ҳуқуқи соҳибкорӣ фоида дар натиҷаи истифодаи моликият, ба иҷора додани бино, фурӯши маҳсулот, хизматрасонӣ ва ғайра ба даст меояд, ки онро натиҷаи ниҳоии фаъолияти соҳибкорӣ номидан ба мақсад мувофиқ аст.

Аз ибтидои пайдоиш фаъолияти соҳибкорӣ такя 6а фоида намудааст, ки то замони мо ривочу равнақ ёфтааст. Дар ҳолати инкор намудани мафҳуми фоида ё ҷудо намудани он, фаъолияти соҳибкорӣ моҳияти худро гум мекунад. Фоида — ҳамчун мақсади асосии фаъолияти соҳибкорӣ хусусияти дар амал ба миён омадаро вобаста ба натиҷаи фаъолияти соҳибкорӣ мебошад. Зеро, ноил гаштан ба мақсад, янъе фоида, натиҷа ба даст меояд. Бояд тазаккур дод, ки мувофики м.31-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодиҳои ҷамъиятӣ», иттиҳодияи чамъиятӣ фаъолияти соҳибкориро тибқи талаботи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардонад. Аз ин лиҳоз, тибқи б. 3 м. 1-и Кодскси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорӣ фаьолияти мустақили ба таваккали худ амалӣ шавандаи шахсони ба чунин сифат бо тартиби муқаррар кардаи қонун ба қайд гирифта шудае мебошад, ки ба даст даровардаии фоида аз истифодаи молу мулк, фурӯши мол, иҷрои кор ё расонидани хизмат равона карда шудааст.1 Дар мафҳуми оварда шуда, унсурҳои асосии фаъолияти соҳибкорӣ ба монанди мустақилият, таваккалӣ, бақайдгирӣ ва фоида бараъло ифода гардидаанд, ки фоида ҷузьи ҷудонашаванда ва мақсади асосии фаъолияти мазкур арзёбӣ мегардад. Зеро ба амал барории фоида, тавассути мустақилият, таваккали ва бақайдгирии соҳибкорӣ 6а роҳ монда метшавад. Аз тарафи дигар, васеъшавии доира ё ҳаҷми 6а даст даровардани фоида беиштар хоси мустақилият, таваккалӣ ё бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ аст, ки бидуни рнояи ин аломатҳо соҳибкор ба муфлисшави ё дигар оқибатҳои нохуш дучор мегардад.

Ҳамин тариқ таваккалӣ, мустақилият, фоида ва бақайдгирӣ унсурҳои муҳим ва ифодакунандаи фаъолияти соҳибкор мебошанд. Бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ мувофиқи б.З. моддаи 50-и Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ танҳо ба қадре ба фаъолияти соҳибкори машғул шуда метавонанд, ки барои мақсадҳои оиинномавии онҳо зарур аст. Аз ин ҷо, иҷозатдиҳӣ, ҳамчун воситаи танзимнамоии маъмурию ҳуқуқии муносибатҳои соҳибкорӣ мебошад. Аз руи қонунгузории ҶТ бақайдгирӣ ҳамчун асоси ба даст даровардани статуси шахси ҳуқуқӣ аз тарафи корхона маҳсуб мебошад.1 Мақсади он таъмини муътадили ба ҳам алоқаманди манфиати шахсии соҳибкорон ва мувофиқ намудани он бо манфиати ҳама мебошад, ки бо чунин восита давлат муносибатҳои соҳибкориро дар иқтисоди бозорӣ ба танзим медарорад.

Мо зери маънои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ таъсиси ташкилотҳои ғайритиҷоратиро дар назар дорем. Зеро, қоидаи бақайдгирии давлати барои навъҳои ҷудогонаи шахсони ҳуқуқӣ баробар муқаррар шудааст. Аз ин лиҳоз, қоидаҳои зеринро дар мавриди таъсиси ташкилотҳои шахси ҳуқуқӣ риоя кардан зарур мебошад, ки аз феҳрести ҳуҷҷатҳои зерин иборат аст; ариза ба мақомоти бақайдгирии давлатӣ ; оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар ду нусха; протоколи анҷумани (конферснсияи) муассисон; маълумот дар бораи ному насаб, суроға, вазифа, унвони иттиҳодия (агар сухан дар бораи шахси ҳуқуқӣ равад);

  • ҳуҷҷатҳо дар бораи боҷи бақайдгирӣ;
  • ҳуҷҷатҳо дар бораи додани суроғаи ҳуқуқӣ ба иттиҳодияи ҷамъиятӣ.

Бақайдгирии давлатӣ аз рӯзи гузаронида шудани ҳуҷҷатҳо сурат мегирад.

Ҳамин тариқ, маҳакҳои зикргаштаи фаъолияти соҳибкорӣ хусусияти комплексии танзимнамои дошта, ҳамчун воситаи мусоидат намудан 6а фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ маънидод карда мешаванд. Қонунгузор машғул гаштани ташкилоти ғайритиҷоратиро ба фаъолияти соҳибкорӣ маҳдуд намудааст. Вале, барои ноил шудан ба мақсадҳои оиинномавии ташкилоти ғайритиҷоратӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мешавад, ки чунин қоида дуруст аст. Аз ин лиҳоз, гуфтан мумкин аст, ки ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ қадре ҳам бошад, ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мегарданд. Вале, фоидаи ба дастовардаро дар байни аъзоёнаш тақсим намекунанд. Ҳадаф аз машғул шудани ташкилоти ғайритиҷортӣ ба фаъолияти соҳибкорӣ иборат аз ташаккули моликият на дар ин асос идомаи устуворонаи фаъолият мебошад. Онҳоро субъектони ғайримуқаррарии фаъолияти соҳибкорӣ меноманд. Ҷавоби инро мо дар шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ пайдо менамоем, ки ба таври муқаррарӣ машғул гардидани ин ташкилотҳоро новобаста аз мансубияташон ба ибораи шахси ҳуқуқӣ қонунгузор маҳдуд ва дар ҳолатҳои муайян манъ намудааст. Аз тарафи дигар, машғулгардӣ ва тақсимнопазирии фоида аз фаъолияти соҳибкории ташкилоти ғайритиҷоратӣ вобаста ба зарурати истеҳсолӣ ва ҳадафҳои оинномавии онҳо хос аст. Зеро, онҳо аз рӯи характер ба фаъолияти ғайридавлатии ҷамъиятӣ машғуланд. Ва дар давоми фаъолият ба ғайр аз кӯмаку дастгириҳои давлатӣ ба сифати ҷуброн аз буҷети давлат барои пеш бурди фаъолият маблағгузорӣ намешаванд. Бо ин сабаб, Қонунгузор ташаббуси таъсиси ташкилотҳои ғайритиҷоратиро бо шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ мансуб донистааст.

Ва баръакс, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти тарафайн на дар заминаи амали гардонии ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои амволии хеш метавонанд тавассути ихтиёри намудани созишнома иттиҳодияҳо (ассотсиатсия ва иттифоқҳо) таъсис намоянд. Аз тарафи дигар, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ бо мақсади пешбурди фаъолияти худ вобасга ба шуғл варзидан ба фаъолияти соҳибкорӣ ҳавасманд ва манфиатдор бошанд. Зеро, табиати иҷтимоӣ- иқтисодӣ, худ таъминкунию устуворӣ ва ноил гардӣ ба ривоҷу равнақ, дар пешбурди фаъолият аз ҷониби ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ таъсиси ин ташкилотҳои тнҷоратиро тақозо менамояд.

Ҷ. 2 Таносуби ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва ташкилотҳои тиҷоратиро дар адабиётҳои ҳуқуқӣ, бинобар ҷой доштани ихтилофи назарҳо қариб, ки муаллифон як хел маънидод менамоянд. Янъе, ташкилот ё муассисаҳои ҷамъиятӣ барои ноил гаштан ба мақсадҳои оинномавии худ ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мешаванд. Фаъолияти соҳибкорӣ аз тарафи ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ тибқи Қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. Аз ин ҷо гуфтан мумкин аст, ки ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба қадре метавонанд дар назди худ аз ҳисоби даромадҳояшон ташкилотҳои тиҷоратиро таъсис диҳанд1 ва барои пешрафти фаъолияти он мусоидат намоянд.

Тибки б .2 м. 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» — иттиҳодияи чамъиятй метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкатҳои хоҷагидорӣ, ҷамъиятҳо ва ташкилотҳои дигари хочагидориро таъсис намояд, инчунин молу мулкеро, ки барои пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ таъин гардидааст, ба даст орад.

Яъне, молу мулки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз ҳуқуқӣ:

— дохилшавӣ ва аъзоҳаққӣ, агар онҳоро дар оиннома пешбинӣ карда бошад;

— саҳмгузориҳо ва хайрияҳои ихтиёрӣ;

— даромадҳо аз фаъолияти истеҳсолӣ, хоҷагӣ, соҳибкории иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

— даромадҳо аз ҳисоби лексияҳо, лотереяҳо, музоядаҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва дагар тадбирҳо, ки мувофиқи оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ гузаронида мешаванд;

— дигар даромадҳое, ки қонун манъ накардааст, ташкил меёбад.

Бо назардошти мавқеи молу мулки ва шуғли фаоълияти озоди иқтисодии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ метавонанд бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд, фақат ба андозае, ки он барои раиидан ба максадҳои оинномавиашон мусоидат кунад. Дар натиҷаи машғул гаштан ба чунин шакли фаъолият, яъне даромадҳо аз фаъолияти истеҳсолӣ, хоҷагӣ, соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар байни аьзоён ё иштирокчиёни ин иттиҳодияҳо тақсим карда намешаванд он бояд танҳо барои расидан ба ҳадафҳои оинномавӣ истифода карда шаванд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ метавонанд маблағхои худро ба мақсадҳои хайрия истифода баранд, ҳатто агар ин дар оинномаҳои онҳо ншпон дода нашуда бошад.

Аз ин рӯ, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ барои пеш бурдани фаъолияти соҳибкорӣ тибқи талаботи пешбини намудаи қонугузориҳо дар назди худ ҷамъият ё ширкатҳои хоҷагӣ ташкил диҳанд.

Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон ду навъи ҷамъият ё ширкатҳои хоҷагиро баррасӣ намудааст. Тибқи б.1 моддаи 116 КГ ҶТ, агар дигар ҷамъият ё ширкати хоҷагидорӣ (асосӣ) бо сабаби иштироки афзалиятноки худ дар сармояи оинномавии он ё мутобиқи шартномаи байни онҳо ва ё тариқи дигар имконияти муайян намудани қарорҳои аз ҷониби чунин ҷамъият қабулшавандаро дошта бошад, ҷамъияти хоҷагидории фаръи дониста мешавад.

Ҷамъияти вобаста, мувофиқи б.1 моддаи 117-и КГ ҶТ, агар ҷамъияти дигар (бартаридошта, иштироккунанда) бештар аз 20 фоиз саҳмияҳон овоздиҳандаи ҷамъиятӣ саҳомӣ ё 20 фоиз сармояи оинномавии ҷамъиятӣ дорои масъулияти маҳдудро дошта бошад, ҷамъияти хоҷагидории вобаста эътироф мешавад. Ҷамъият ё ширкатҳои фаръӣ ва вобаста, аз тарафи ҳамагуна ҷамъиятҳои шакли ташкили ҳуқуқӣ таъсис дода мешаванд. Тибқи қоидаҳои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ онҳо баъд аз ба қайд гирифта шуданашон таъсис меёбанд. Зеро, фаъолияти соҳибкорӣ бе қайди давлатӣ, эътибор надорад.

Бе асосҳои кофӣ рад намудани бақайдгирӣ манъ аст, ва дар ҳолатҳои руй додани ин омилҳо ҳифзи ҳуқуқи шахсон ба воситаи суд таъмин мегардад. Оид ба қатъгардии фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ меьёрҳои ҳуқуқии Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавии корхонаҳо» нигаронида шудааст. Аслан, ду усули барҳамдиҳии ташкилотҳои тичоратӣ ва ташкилотҳои ғайритиҷоратиро қонунгузорон муқаррар намудаанд: ихтиёрӣ; маҷбурӣ.

Ихтиёран барҳамдиҳӣ тибқи талаботи оиннома, тавассути қарори муассисон сурат мегирад, яъне:

— бо сабаби гузаштани мӯҳлате, ки шахси ҳуқуқӣ барои он таъсис дода шуда буд;

— бо сабаби ноил шудан ба мақсадҳое, ки шахси ҳуқуқӣ таъсис дода шуда буд;

— ҳангоми аз ҷониби суд беэътибор дониста шудани бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ бо сабаби роҳ додан ба вайрокунии ислоҳнопазирӣ қонун ҳангоми таъсис додани он (б.1 моддаи 62 КГҶТ). Унсурҳои маҷбуран барҳамдиҳии фаъолияти соҳибкорӣ инҳоянд:

— бе иҷозат пеш бурдани фаъолияте, ки зарурати иҷозатдиҳиро дорад;

машғул гаштан ба фаъолияте, ки конун манъ кардааст;

— роҳ додан ба ҳукуквайронкунй;

— аз тарафи суд бэътибор эълон кардани фаъолият.

Инчунин, тибқи моддаи 63 КГ ҶТ муассисон (иштирокчиён) — шахси ҳуқуқӣ ё мақоми дар хусуси барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ қарор қабул карда вазифадоранд, комиссияи барҳамдиҳиро (барҳамдиҳанда)-ро таъин ва мӯҳлати барҳамдиҳиро муқаррар намояд. Ва баъдан дар ҷараёии қатъгардӣ масъалаҳои марбут ба қонеь гардонидани талаботи кредиторон, муфлисшавӣ ва рӯёнидани маблағ аз амволи шахси ҳуқуқӣ пас аз барҳам додани он бо тартиби муқаррарнамудаи қонун мавриди танзим қарор дода мешавад.

Ҷ. 3 Яке аз вазифаҳои давлат аз танзими раванди иқтисодӣ (моддаи 14) иборат мебошад. Аз ин лиҳоз, ба роҳ мондани назорати давлатии фаъолияти соҳибкории шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ яке аз воситаҳои зарурӣ ва мунтазам инкишоф ёфтани усулҳои бевоситаи ҷорӣ намудани сиёсати иқтисодии давлатӣ дар самти мазкур ба ҳисоб меравад. Назорати давлатии фаъолияти иқтисодии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ аз кафолатҳои пешбини намудан давлат дар Конститугсияи Чумҳурии Тоҷикистон, Кодексҳои гражданӣ, мурофиаи гражданӣ, меҳнатӣ, маъмурӣ, андоз, Қонунҳои Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодиҳои ҷамъиятӣ», «Фаьолияти эҳсонкорӣ» ва дигар санадхои ҳуқуқи иборат буда, дар маҷмӯъ тарзу усулҳои ҳуқуқии ҳифзи ташкилотҳои ғайритиҷоратиро аз рӯи принсипҳои ташкили фаъолияташон муқаррар менамояд. Аз ин лиҳоз, танзими давлатии фаъолияти иқтисодии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ҳамчун зарурати объективӣ аз маҷмӯи усул ва воситаҳои такмилёфтаи фаъолияти давлат иборат буда, ба ҳифзи манфиатҳои ҷамъиятӣ нигаронида шудааст. Зарурати давлатии танзими фаъолияти иқтисодии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар мувофиқа бо ташаккулёбӣ ва устуворгардии иқтисодиёти бозоргонӣ ба роҳ монда мешавад. Соҳибкори як унсури муҳим ва танзимнамои давлатӣ маҳз дар муносибатҳои бозоргони афзалиятнок мебошад.1 Давлат назораташро тавассути мақомоти дахлдораш дар амал татбиқ мекунад. Тибки м. 3-и Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон»Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», назорати давлатиро ба масъулияти мақомоти зерини давлатӣ вогузошгааст:

Прокурори генерала ва прокурорҳои тобеи он;

Мақомоти молиявӣ ва андози давлатӣ;

Мақомоти давлатие, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба қайд гирифтааст;

Назорати нозироти меҳнатӣ;

Назорати сухторхомӯшкунӣ;

Назорати экологӣ;

Назорати санитарию эпидемиологӣ ва ғайра.

Назорат ба риояи дақиқ ва якхелаи иҷрои қонунҳо аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар қаламрави Чумҳурии Тоҷикистон тавассути Прокурори генерали ва прокурорҳои тобеи он дар ҳудудҳои салоҳияташон сурат мегирад (моддаи 93-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Тибқи моддаи 118-и Кодекси андози Чумҳурии Тоҷикистон, мақомоти андоз санчишҳои андоз мегузаронад. Дар рафти гузаронидани саиҷиши андози шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тамоми ҳуҷҷатҳои молиявӣ, китобҳои муҳосибӣ, ҳисобот, сметаҳо, маблағҳои нақд, қоғазҳои қиматнок ва дигар арзишҳои дар даст буда, ҳисобномаҳо, эъломияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳоро санҷанд. Аз тарафи дигар, мақомоти давлатие, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятиро ба қайд гирифтааст, омадааст дар м. 34 Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», ба риояи қоидаҳои оиннома оид ба мақсадҳои фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ назорат мекунад. Мақомоти бақайдгирӣ метавонад аз мақоми роҳбарикунандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пешниҳоди қарорҳои қабулшударо талаб кунад, намояндагони худро барои иштирок дар чорабиниҳои аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ гузаронида шаванда фиристад, аз аъзои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар шаҳрвандон оид ба масьалаҳои вобаста ба риояи оиннома аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ баёнот гирад.

Назорат ба иҷрои меъёр ва стандарҳои мавҷуда аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ тавассути мақомоти экологӣ, сухторхомушкунӣ, санитарию эпидемиологӣ ва дигар мақомотҳои назорати давлатӣ сурат мегирад.

Назорати давлатии фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ барои таъмини рақобати солим, роҳ надодан ва маҳдуд кардани фаъолияти зиддиинҳисори низ равона карда шудааст. Мувофиқи моддаи 3-и Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозори мол» — рақобати бевиҷдонона ҳамагуна амали субъектҳои хоҷагӣ, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст ва хилофи қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон мебошад дар татбиқ намудани назорати иқтисодии фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мақомотҳои дигари давлатӣ масъуланд, ки аз тарафи онҳо идораҳои танзимнамоии давлатӣ ва доираи таъсиррасонии он ба фишангҳои иқтисодии ҷомеа мавриди назар қарор доранд. Зарурати танзими давлат бо мақсадҳои ҳифзи манфиатҳои зерин гузаронида мешавад:

— таъмини эҳтиёҷи давлатӣ ва ҷамъият, бартарии икишофи иқтисодӣ ва иҷтимоии он;

— ташкили буҷети давлат;

— ҳифзи муҳити атроф ва истифодаи захираҳои табиӣ, таъмини шуғли аҳолӣ;

— таъмини бехатарӣ ва мудофиаи кишвар;

— амали намудани озодии фаъолияти соҳибкорӣ ва рақобат, инчунин ҳимояи инҳисорӣ;

— риояи тартибот дар фаъолиятҳои берунаи иқтисодии соҳибкорӣ ва сармоягузории хориҷӣ.

Албатта, назорат бояд на 6а маҳдудкунии фаъолият катъ гардад, баракс он барои рушду камоли ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мусоидат намояд. Бо 6а амалбарории фаъолияти соҳибкорӣ тавассути корхонаҳои тиҷоратии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ тибқи муқаррароти пешбини намудан қонун уҳдадориҳо ба миён меояд. Ӯҳдадориҳои фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар навбати худ ба ду намуд чудо мешаванд:

— ӯҳдадории оммавӣ;

— ӯҳдадории хусусӣ.

Ӯҳдадории оммавӣ характери ҷамъиятӣ ва давлатӣ дорад. Ин навъи ӯҳдадорӣ аслан дар назди ҷамъият вобаста бо қонеь намудани талаботи мардум ва дар назди давлат ба таври ҳатми риоя ва иҷрои талаботи муқарраргардндаи қонун ба миён муояд. Ӯҳдадориҳои давлатию ҷамъиятӣ аз намудҳои зерин иборат аст:

  1. Дар назди давлат ва ҷамъият;
  • супоридани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муйаян кардааст (моддаи 45 Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон; моддаи 8 Кодскси андози Чумҳурии Тоҷикистон);
  • ҳифзи табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳангии давлат (моддаи 44 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; моддаи 149 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ»);1 моддаи 8 Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи (Корхонаҳо ва фонди осорхонаҳо»;2 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хартарнок”3; моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат»);
  • Дар назди рақибон;
  • роҳ надодан ба ҳамагуна фаъолияти соҳибкорие, ки барои инҳисор ва рақобати бевичдонона равона карда шудааст. (Моддаи 3 Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдуд кардани фаъолияти инҳисорӣ»);
  • Дар назди истеьмолкунандагон;
  • тавассути шартҳои шартнома сурат гирифтани фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасони, инчунин таъмини техникии таъмир, ивази мол ва бехатарии он, баррасии маълумот оид ба истеҳсолкунандаи мол (моддаи 182 Кодскси гражданин Чумҳурии Тоҷикистон; моддаи 3,4,5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истсъмол- кунандагон”);

Ӯҳдадориҳои хусусӣ:

  • дар иазди кулли иштирокчиён (субъектҳо);

ҳифзи ҳуқуқи моликият ва дигар ҳукуқҳои амволи инчунин моликияти ақлӣ ба таври дахлдор иҷрои ӯҳдадориҳои шартномавӣ дар назди қонун ё барқарор намудани зарар ҳангоми иҷрои ӯҳдадорӣ (моддаи 39 Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон; моддаҳои 325, 328-и Кодекси граждании Чумҳурии Тоҷикистон).

  • Дар назди кормандон:
  • манъи меҳнати маҷбурӣ (моддаи 8 КМҶТ);
  • таъмини кор дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатӣй (моддаи 26 КМҶТ);
  • таъмини шароити бехатарии меҳнатг, муҳофизати он, пешгирии садамаи истеҳсолотӣ ва маризии касбӣ (моддаи 145 КМ ҶТ; моддаи 8 Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»);
  • таъмини иҷрои музди баробари меҳнати барои иҷрои кори якхела (моддаи 35 Конститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон; Боби 7-и Кодекси меҳнати Чумҳурии Тоҷикистон);
  • чуброни (ҷисмонӣ ва маънавӣ) бо сабаби бад шудани саломатӣ ё маъюб гаштани корманд (моддаи152, 156 КМҶТ).

Албатта, вазифаҳои дигаре, ки мансуби фаъолияти соҳибкории ташкилотҳои ғайритиҷоратианд дар санадҳои зиёди ҳуқуқӣ мавриди арзёбӣ қарор доранд. Вале дар ҳолати роҳ додан ба ҳуқуқвайронкунии соҳибкорӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ тибқи муқаррароти пешбини намудаи қонун вобаста ба дараҷаи машғул гаштанашон 6а фаъолияти соҳибкорӣ ба ҷавобгари кашида мешаванд. Масъулияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ба монанди масъулияти соҳибкорӣ хусусияти маҷмӯӣ дорад ва дар натиҷаи роҳ додан ба ҳуқуқвайронкуни чораҳои равои ҳуқуқ аз амсоли;

— ҷиноятӣ;

— маъмурӣ;

— гражданӣ;

— меҳнатӣ татбиқ мегарданд.

Аслан, қонуншиканӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ба ду намуд «ҷиноят» ва «кирдор» тақсим мешавад. Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳоро дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ вобаста 6а фаъолияти соҳибкорӣ муқаррар кардааст:

— монеъ шудан ба фаъолияти конуни соҳибкорӣ (моддаи 258);

— соҳибкории ғайриқонунӣ (моддаи 259);

— соҳибкории сохта (моддаи 260);

— ғайриқонуни додани кредит (моддаи 265);

— маҷбур кардан ба бастани аҳд ё ба саркаши кардан аз бастани он (моддаи 267);

— ғайриқонунӣ истифода бурдани маблағ (моддаи 268); кирдори инҳисорӣ (монополистӣ) на маҳдуд кардани рақобат (моддаи 273);

— истифодаи ғайриқонунии нишонаи мол (моддаи 275); дидаю дониста додани рекламаи бардурӯғ (моддаи 276); саркаши аз пардохтҳои гумрукӣ ва андоз (моддаи 291, 292);

— фиреби истеъмолкунандагон (моддаи 294) ва ғайра. Қонунгузории Чумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти соҳибкории шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ҳуқуквайрокунии маъмуриро муқаррар намудааст, ки онҳо тибқи Кодекси Чумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, Кодекси гумрукӣ Чумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Чумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани кирдорҳои зидди ҳуқуқӣ ба чавобгарӣ кашида мешаванд. Ба ҳуқуқвайронкунии маьмурӣ дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ, ҳуқуқвайронкунӣ:

— оид ба татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ бе бақайдгирии давлатӣ ва иҷозатдиҳии махсус;

— фурӯши ғайриқонуни моле, ки фурушаш маҳдуд ё манъ гардидааст;

— вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба реклама;

— саркаши аз бақайдгирии мақомоти андоз;

— фиреби истеъмолкунандагон ва дигар ҷавобгариҳои маъмурӣ, ки дар санадҳои гуногуни соҳавӣ арзёбӣ гаштаанд.

Адабиёт:

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Душанбе, 2003; Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қисми якум). — Душанбе., 2000; Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Душанбе, 2004 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон.- Душанбе, 2004; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамьиятӣ’аз 23 май соли 1998; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияги эҳсонкорӣ» аз 22 апрели соли 2003; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо»аз 12 марти соли 1992; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бораи мол» аз 29 ноябри соли 2000; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи саломатии аҳолӣ» аз 15 майи соли 1997;’ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» аз 28 феврали соли 2004; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок» аз 28 феврали соли 2004; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи табиат» аз 27 декабри соли 1993 Конуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” аз 15 майи 1997; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбй ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз 30 июни соли 2003; Қонуни Конститусионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 28 апрели соли 2001. Кашанина Т.В. Корпоративное право. — М., НОРМА-11НФРА., 1999; Лаптев В.В. Предпринимательское право, понятие и субъекты.- М.,1997; Ҳуқуқи гражданй (Қисми 1). — Душанбе, 2001; Раҳимов М. 3. Ҳуқуқи соҳибкорӣ. — Душанбе, 2002.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *