Фанни Ҳуқуқи молиявӣ

Шаклҳои ташкилӣ-ҳуқуқии шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ

  1. Тасниф ва намудҳои шахсони ҳуқуқӣ аз рӯи ҳадафҳои фаъолияти ғайритиҷоратӣ.
  2. Намудҳои шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ, кооперативӣ-матлубот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, фондҳои ҷамъиятӣ.
  3. Иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ (ассотсиатсияҳо ва иттифоқҳо). Филиал ва намояндагиҳои ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ.

Ҷ. 1 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон доираи васеъи шаклҳои ташкилию ҳуқуқии шахсони ҳуқуқиро пешбини менамояд. Ба ҳайси шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ таъсиси силслаи ташкилотҳои тиҷоратӣ (ҷамъиятҳои хоҷагӣ) ва ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ (иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ) ба роҳ монда мешавад.

Онҳо фаъолиятро тибқи оинномаашон вобаста ба қонеъ намудани талаботи ба миён омадаи самтҳои мухталифи ҳаёти иҷтимоӣ татбиқ менамоянд. Ба ибораи дигар, шахсони ҳуқуқии тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ аз руи ҳадафҳои фаъолият аз ҳамдигар фарқ доранд. Вале аз руи риояи қоидаҳои умумии таъсисёбии онҳо соҳиби қобилияти амали ҳуқуқӣ мегарданд. Аз ҷумла:

  • ба қайдгири дар реестри давлатӣ;
  • муассисони шахси ҳуқуқӣ;
  • мақоми ҳуқуқӣ;
  • ном ва маҳалли чойгиршавии онҳо;
  • таъсиси воҳидҳои таркибӣ (намояндагии филиалҳо);

— азнавташкилдиҳӣ;

  • барҳам додан ва ғ. муқаррароти ягонаест, ки дар муайян намудани шаклҳои ташкили хуқуқии ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ.

Яъне, боз мегардем ба муқаррароти моддаи 50-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои муъёрию ҳуқуқие, ки фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратиро мавриди танзим қарор медиҳанд. Дар моддаи мазкур сухан оид ба ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ, ҳадаф ва навъҳои ҷудогонаи он меравад. Агар шаклҳои ҳуқуқи ташкилии шахсони ҳуқуқи тибқи муқаррароти пешбининамудаи қонун сурат гирад. Пас ҳадафҳои ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратӣ дар ҳуҷҷатҳои таъсисии оинномаи онҳо арзёбӣ мегарданд. Баъдан, ки ин ҳуҷҷатҳо хусусияти локали доранд, ҳамчун сарчашмаи фаъолияти ибтидои, ки ҳадафҳои ташкилоти ғайритиҷоратиро пешбини менамояд, бояд оқилона ва аз руи одоби кори дар амал татбиқ гарданд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳадафҳои асосии фаъолияти ташкилотҳои тиҷоратӣ аз ба даст овардани фоида ва тақсими он байни муассисон ва ғ. мебошад.

Яъне, бо чунин зайл ташкилотҳои тиҷоратӣ мақоми иштирокчии фаъоли муносибатҳои иҷтимоӣ — иқтисодии ҷомеаро соҳиб аст.

Чолиби кайд аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба ҳол қонун дар бораи фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ қабул нашудааст. Гарчанде заминаҳои он алакай назаррасанд вале силсилаи санадҳои ҳуқукӣ, ки мавқеъ ва манзалати ташкилотҳои ғайритиҷоратиро ба таври мушаххас арзёбӣ менамоянд, бештар хоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳоядияҳои ҷамъятӣ» аст, ки алакай баъзе паҳлӯҳои судманди онро мо мавриди таҳлил қарор додем. Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба намудҳои гуногун тақсим мешаванд.

Онҳо дар муносибатҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайри молу мулкӣ аз номи худ мустақилона ба сифати иштирокчӣ баромад карда амалҳоеро ба ҷо меоранд, ки аз моҳияти фаъолияти пешгирифтаи оинномавии онҳо бармеояд. Ҳамзамон ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ба монанди шахсони ҳуқуқии тиҷоратӣ дар ҳолатҳои зарурӣ соҳиби ӯҳдадорӣ гардида, бо мақсади ҳифзи хуқуқу озодиҳо дар суд даьвогар ё ҷавобгар мешаванд. Ин суханҳои зикргашта аз аломатҳои шайъии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ гувоҳӣ медиҳад, ки онҳо вобаста ба мақоми ҳуқуқӣ ва арзёбии мавқею манзалаташон ё паҳлӯҳои ҳадафҳои фаъолияташон ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд.

Масалан, тибқи б.1-и моддаи 128-и Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон, кооперативи матлубот иттиҳодияи ихтиёрии шаҳрвандон дар асоси узвият бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи моддӣ (амволӣ) иштирокчиён бо роҳи муттаҳид сохтани аъзоҳақии саҳми амволии аъзои он зътироф карда мешавад.

Кооперативи матлубот ҳамчун ташкилоти ғайритиҷоратӣ дар муносибаҳои ҳуқуқӣ тибқи мақсадҳои пешгирифтааш дар Оинномаи кооператив, баьд аз бақайдгирии давлатӣ амал менамояд. Оинномаи кооперативи матлубот ба масъалаҳои зерин нигаронида шудааст:

  • андозаи аъзоҳаққии кооператив;
  • тартиб ва риояи ӯҳдадорӣ дар мавриди супурдани аъзоҳаққӣ аз ҷониби аъзоёни кооператив;
  • дар бораи ҳайату салоҳияти мақомоти идораи кооператив ва тартиби қарор қабул кардани онҳо, аз ҷумла доир ба масъалаҳое, ки аз руи онҳо қарор якдилона ё бо аксарияти кулли овозҳо қабул карда мешавад;
  • дар бораи тартиби ҷуброни зиёни ба кооператив расонидашуда аз ҷониби аъзои кооператив ва ғайра.

Номи кооперативи матлубот бояд ишора ба мақсади асосии фаъолияти он, инчунин калимаи «кооператив» ва ё калимаҳои «иттиҳодияи матлубот” ба «ҷамъияти матлубот”-ро дар бар гирифта бошад. Ҳар як аъзои кооперативи матлубот ӯҳдадор аст, ки дар давоми се моҳи баъди тасдиқи баланси солона қарзи бамиёномадаро бо роҳи пардохти аъзоҳақии иловагӣ чуброн намояд. Дар сурати иҷро накардани ин ӯҳдадорӣ кооператив мумкин аст, бо талаби кредиторон ба тариқи судӣ барҳам дода шавад. Аъзои кооперативи матлубот аз рӯи ӯҳдадориҳои он дар доираи қисми супурда нашудаи аъзоҳаққии иловагии ҳар узви кооператив масъулияти субсидиарӣ доранд.

Дар ин ҳолат аъзои кооператив масъулияти муштарак доранд. Яке аз хусусиятҳои кооперативи матлубот ҳамчун ташкилоти ғайритичоратӣ ба он нигаронида шудааст, ки даромади ба даст овардаро байни аъзои он тақсим кардан мань аст.

Ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ ва динӣ — тибки б. 1 моддаи 129 Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳодияҳои ихтиёрии шаҳрвандони- ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ ва динӣ эътироф карда мешаванд, ки мувофиқи тартиби муқарраргардида, дар аооси умумияти манфиатҳояшон, барои конеъ гардонидани талаботи маънавӣ ё талаботи дигари ғайримоддӣ муттаҳид гардидаанд.

Ташкилотҳои чамъиятӣ ва динӣ ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд. Онҳо танҳо барои ноил шудан ба мақсадҳое, ки баҳри онҳо таъсис гардидаанд, ҳуқуқ доранд фаъолияти истеҳсолӣ ва фаъолияти дигари соҳибкории ба ин максадҳо мувофиқро анҷом диҳанд. Тибқи қонун, таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ташаббуси муассисони онҳо — камаш аз тарафи се шаҳрванд сурат мегирад.

Чун шахси ҳуқуқӣ қобили амал ҳуқуқӣ будани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣй аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии он оғоз мешавад. Ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ ва динӣ, ташкилоти узви ба шумор мераванд. Аъзоёни ин навъи ташкилотҳо ҳуқуқашонро ба амволе, ки ба моликияти ин ташкилотҳо гузаронидаанд, инчунин ба аъзоҳаққӣ нигоҳ намедоранд. Онҳо аз рӯи ӯҳдадориҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва диние, ки дар онҳо ба сифати узвият иштирок менамоянд, масъулият надоранд, ташкилотҳои мазкур бошанд, аз руи уҳдадориҳои аъзои худ масъул намебошанд. Фондҳои ҷамъиятӣ — яке аз шаклҳои ташкили ҳуқуқии ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мебошанд. Фондҳои ҷамъиятӣ ташкилотҳои ғайритиҷоратии узвият надошта мебошанд. Тибки б.1 моддаи 13-и Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон фонди ҷамъиятӣ ташкилоти ғайритиҷоратии узвият надоштае эътироф карда мешавад, ки аз ҷониби шаҳрвандон ё ашхоси ҳуқуқи дар асоси пардохти ихтиёрии амволи таъсисдиҳанда, мақсадҳои хайрия, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, таълимӣ, ё мақсадҳои дигари умумии муфидро пеш гирифтаасг. Дар масоили муносибатҳои молу мулки, амволе, ки муассисони фонд ба он супурдаанд, моликияти фонд мебошад. Муассисон аз рӯи ӯҳдадориҳои фонди таъсисдодаашон масъулият надоранд, фонд бошад, аз рӯи ӯҳдадориҳои муассисон масьул нест.

Фонди ҷамъиятӣ баъди аз қайди давлати гузаштанаш тибқи қоидаҳои дар Оиннома пешбинигашга фаъолият менамояд. Дар ин асос фондҳои ҷамъиятӣ амволеро барои мақсадҳое, ки дар оинномааш муайян гардидаанд, истифода менамоянд. Фонд ҳуқуқ дорад, ҷиҳати ноил шудан ба мақсадҳои умумии муфиде, ки фонд барои он таъсис гардидааст, ба фаъолияии соҳибкорӣ ба ин мақсадҳо муносиб машғул шавад. Барои ба амал баровардани фаъолияти соҳибкорӣ фондҳо ҳукуқ доранд, ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ таъсис диҳанд ё дар онҳо иштирок намоянд.

Фонд вазифадор аст, ки ҳар сол дар хусуси истифодаи амволаш ҳисоботро ба табъ расонад.

Тибки б. 4-и моддаи 130-и Кодекси Гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оинномаи фонди ҷамъиятӣ бояд маълумотҳои зерин қайд гардад: номи фонд, ки калимаи «фондро» дошта бошад; маълумот дар бораи мақсади фонд;

  • маълумот дар бораи мақомоти фонд, аз ҷумла дар бораи шӯрои парасторон, ки ба фаъолияти фонд назорат мекунанд;

тартиби таъин намудани мансабдорони фонд ва аз вазифа озод кардани онҳо;

  • маҳалли ҷойгиршавии фонд;

такдири амволии фонд дар сурати барҳам дода шудани он.

Мувофиқи б. 2 –и моддаи 131-и Кодекси гражданин ҶТ қарори барҳамдодани фонди ҷамъиятиро танҳо суд дар асоси аризаи ашхоси манфиатдор қабул карда метавонад.

Аз ин лиҳоз фонд метавонад дар ҳолатҳон зерин барҳам хӯрад: агар амволи фонд барои татбиқи ҳадафҳояш нокифоя буда, имконияти ба даст овардани амволи зарурӣ татбиқ нашуда бошад;

агар ноил шудан ба мақсадҳои фонд номумкии ва додани мақсадҳои фонд ғайриимкон бошад;

  • дар сурати аз мақсади дар оиннома пешбинигардида дур шудани (фаъолияти фонд;
  • дар ҳолатҳои дигари пешбини намудаи қонун.

Дар сурати барҳам додани фонди ҷамьятӣ амволи пас аз қонеьгардонии талаботи кредиторон боқимондаи он ба ашхоси дар оинномаи фонд зикргардида дода мешавад (б. 3-и моддаи мазкур).

Муассисаҳо — ба сифати ташкилотҳои ғайритиҷорати шинохта 1шудаанд.

Тибқи моддаи 132-и Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоте, ки барои амали гардонидани вазифаҳои идоракунӣ, иҷтимоию фарҳаигӣ ва вазифаҳои дигари дорои хусусияти ғайритиҷорати таъсис дода, онро пурра ё қисман маблағгузорӣ мекунад, муассиса дониста мешавад. Муассиса аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо маблағи пулии дар ихтиёраш буда масъулият дорад. Муассиса ба таври пурра ё қисман аз тарафи муассис маблағгузори мешавад. Муассиса ҳуқуқи бегона намудани амволро дар доираи ҳуқуқи моликият надорад. Татбиқи ҳуқуқи моликиятро танҳо аз руи мақсадҳои фаъолияташ тақозо менамояд.

Дар сурати нокифоя будани ин маблағ молики дахлдор аз рӯи ӯҳдадориҳои он масъулияги субсидиарӣ дорад. Тартиби фаъолияти муассисаро вобаста ба намудҳояш қонун муқаррар менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки табқи м.7-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъятӣ», иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз руи шаклҳои ташкилию ҳуқуқии зерин метавонанд таъсис дода шаванд:

  • ташкилоти ҷамъиятӣ;
  • ҳаракати ҷамъиятӣ;
  • мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ.

Тибқи моддаи 8-и ҳамин қонун, ташкилоти ҷамъиятӣ иттиҳодияи ҷамъиятие мебошад, ки чун қоида, дар асоси узвият таъсис ёфта, барои фаъолияти якҷоя шаҳрвандони муттаҳидшуда ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои умумӣ ва ба даст овардани мақсадҳои оинномавӣ таъсис дода мешаванд. Дар таносуб ҳаракатҳои ҷамъятӣ иттиҳодияи ҷамъиятии оммавӣ мебошад, ки аз иштирокчиҳо иборат буда, узвият надорад, амали намудани мақсадҳои иҷтимои ва дигар мақсадҳои ҷамъиятии муфидро дорад, ки онҳоро иштирокчиёни ҳаракати ҷамъиятӣ дастгирӣ менамоянд (моддаи 9 .Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияхои ҷамъятӣ»). Мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ иттиҳодияи ҷамъиятии беузвият ва ғайрирасмӣ буда, тартиби таъсис ва фаъолияти онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.03.08 №384 ба танзим медарорад.

Ҷ. 2 Мувофиқи моддаи 133-и Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои тиҷоратӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти соҳибкориашон, чунин намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумии амволи метавонанд тибқи шартномаи байни худ иттиҳодияҳоро дар шакли ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) таъсис диҳанд, ки онҳо ташкилотҳои ғайритичоратӣ мебошанд. Дар моддаи мазкур гуфта мешавад; ки агар бо қарори иштирокчиён ба зиммаи ассотсиатсия (иттифоқ) фаьолияти соҳибкорӣ гузошта шавад, чунин ассостсиатся (иттифок) бояд бо тартиби пешбининамудаи қонун ба ҷамъияг ё ширкати хоҷагидорӣ табдил дода шавад.

Бо мақсади татбиқи фаъолияти соҳибкорӣ ассотсиатсияҳо (иттафоқҳо) ҳуқуқ доранд, ки ҷамъиятҳои хоҷагидорӣ таъсис диҳанд ё дар онҳо иштирок намоянд. Тибқи б. 2 моддаи 133-и Кодекси гражданин Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои дигари ғайритиҷоратӣ, аз чумла муассисаҳо, метавонанд ихтиёран дар ассотсиатсияҳои (иттифоқҳои) ин ташкилотҳо муттаҳид шаванд. Бояд зикр намуд, ки ассотсиатсия ташкилоти ғайритиҷоратӣ мебошад. Дар муносибатҳои ҳуқукӣ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ баромад мекунад. Тибқи м. 11-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъятӣ» иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд иттифокҳои (ассотсиатсияҳои, шӯроҳои) иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъсис диҳанд. Ба чунин иттифоқҳо (ассотсиатсияҳо, шӯроҳо) шаҳрвандон, иттиҳодияҳои чамъиятӣ, шахсони ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ҳуқуқӣ шомил шудан доранд.

Аъзои ассотсиатсия аз руи мустақилияти худ ҳуқуқи шахси ҳуқуқиро нигоҳ медоранд. Ассотсиатсия аз руи ӯҳдадориҳои аъзоёни худ масъулият надорад. Аъзои ассотсиатсия аз руи уҳдадориҳои он ба андоза ва мувофиқи тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ассотсиатсия пешбинӣ гардида масъулияти субсидиарӣ доранд. Номи фирмавии ассотсиатсия бояд ишора ба мақсади асосии фаъолияти он ва мақсади асосии фаъолияти аъзои онро бо иловаи калимаҳои «ассотсиатсия» ё «шттифоқ» дар бар гирифта бошад. Ассотсиатсия аз чониби як шахе таъсис додан мумкин нест. Ассотсиатсия фаъолияти хешро гибки оинномаи тасдикшуда амали менамояд. Дар ҳуччатҳои таъсиси ассотсиатсия бояд қоидаҳои зерин дарҷ гардида бошад. Шахсони ҳуқуқии ғайритиҷорати бошад, бидуни ҳадафҳои тиҷоратӣ дар ҳаллу фасли масоилҳои ҷойдошта ҷомеа ва густариши муносибатҳои иҷтимоӣ — иқтисодӣ, сиёсӣ, маданӣ ва маиши имконият фароҳам меоварад. Аз ҷониби дигар, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонун бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, омадааст дар м. 40-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодяҳои ҷамъиятӣ». Ҳамин тариқ мавқеъ ва манзалати ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар ба ҳадаф расии бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, устуворгардии арзшпҳои демократӣ ва асосҳои ҳуқуқии давлат, қонуният ва таҳкми он дар кишвари соҳибистиқлоламон афзун аст.

Аз тарафи дигар, то даме ки бо кӯшишҳои умумӣ ва тавассути фаъолияти ташкилотҳои ғайридавлатӣ решаҳои беэътиноии ҳуқуқиро суст накунем, ба пешрафти зарурии иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат ноил шудан мушкил ва ҳатто аз имкон берун аст.

Ҷ. 3 Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва иттиҳодияҳои чамъиятӣ ҳаммаьноянд ё ҳар ду ҳамчун шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ номбурда мешавад.

  • дар бораи ҳайат ва салоҳияти мақомоти идораи ассостсиатсиа; тартиби қарор қабул кардани онҳо, аз чумла доир ба масъалаҳое, ки қарор аз руи онҳо якдилона ё бо аксарияти кулли овози аъзоёни ассотсиатсия қабул карда мешавад;

Аъзоёни ассотсиатсия (иттифоқ) ҳуқуқ доранд, ки аз хизматҳои он ба таври ройгон истифода намоянд, ба шарте, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсиси ассотсиатсия тартиби дигаре нешбинӣ нагардида бошад ва аз хусусияти хизматрасонӣ барояд. Ассотсиатсия ташкилоти узвӣ мебошад. Ҳар як узви он ҳақ дорад ихтиёран аз ассотсиатсия барояд ё тибқи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ бо қарори иштирокчиёни боқимонда аз он хориҷ карда шавад. Дар ин сурат ӯ аз рӯи ӯҳдадориҳои ассотсиатсия дар давоми ду соли пас аз хориҷ шуданаш мутаносиб ба аъзоҳаққии худ масъулияти субсидиарӣ бар душ дорад. Ассотсиатсияҳо дар асоси принсипи ихтиёрӣ фаъолияг менамоянд. Тибқи моддаи 14-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз 30 июни соли 2003, муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ новобаста аз шакли моликият ва шакли ҳуқуқӣ, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияташон, инчунин намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои умумии амволӣ, метавонанд дар асоси шартнома иттиҳодияҳои ғайритиҷоратиро дар шакли ассотсиатсияҳо (иттифоқҳо) таъсис диҳанд. Бояд қайд намуд, ки ассотсиатсияҳои системам таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ шахси ҳуқуқӣ мебошанд. Аъзоёни ассотсиатсияҳои системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ мустақилият ва ҳуқуқи шахси ҳуқуқии худро нигоҳ медоранд. Ассотсиатсияҳои системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ аз рӯи ӯҳдадориҳои аъзои худ масъулият надорад. Аъзои ассотсиатсияҳои мазкур аз рӯи ӯҳдадориҳои ассотсиатсия ба андоза ва мувофиқи тартиби дар ҳуҷҷатҳои таъсисии ассотсиатсия пешбини шуда масъулияти субсидиарӣ доранд. Номи фирмавии ассотсиатсия бояд ишора бо мақсади фаъолияти он ва мақсади асосии фаъолияти аъзои онро бо иловаи калимаи «ассотсиатсия» ё «иттифоқ» дар бар гирифта бошад. Тибқи моддаи 15-и Қонуни мазкур, муассисаҳои олӣ ва донишомӯзи бо мақсади ҳимоияи манфиатҳои хеш метавонанд иттиҳодияҳои ҷамьиятиро 6а тариқи зайл ташкил диҳанд:

Иттиҳодиҳои ҷамъиятии соҳаи маориф бе таъсис додани шахси ҳуқуқӣ сурат мегирад. Мақомоти давлатии идораи маориф ҳуқуқи дастгирӣ намудани иттиҳодияҳои ҷамьиятиро дар системаи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳссилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дорад.

Намояндагӣ ва филиалҳо — ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ бо мақсади сайқал додани вазифаҳои худ берун аз маҳалли ҷойгиршавиашон тавассути таъсиси ваҳидҳои махсус фаъолияти худро 6а роҳ мемонанд.

Кодекси граждани таъсиси ду шакли воҳидҳои махсуси шахси ҳуқуқиро пешбинӣ менамояд:

  1. Намояндагии шахси ҳуқуқӣ;
  2. Филиалҳои шахси ҳуқуқӣ.

Тибқи б.1.2. моддаи 56 Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагӣ воҳиди махсуси шахси ҳуқуқӣ мебошад, ки берун аз маҳалли ҷойгиршавии он қарор дошта, манфиати шахси ҳуқуқиро ҳифз ва намояндагӣ менамояд, аз номн он аҳдҳо ва амалҳои дигари ҳуқуқиро анҷом медиҳад.

Хусусияти фарқкунандаи филиал аз намояндагӣ дар он аст, ки он берун аз маҳалли ҷойгиршавии мавқеи ҳуқуқӣ қарор дошта, тамоми як қисми вазифаҳоро, аз ҷумла вазифаи намояндагиро иҷро менамояд. Онҳо тибқи талаботҳои Низомномаи шахси ҳуқуқӣ таъсис ёфта амал мскунанд. Тибқи Низомномаи шахси ҳуқуқӣ садорати намояндагию филиалҳо таъин гардида, дар асоси ваколатномаи он амал мекунад. Масъалаи таъсис, тағйир додан ва қатъгардидани фаъолияти намояндагию филиалҳо дар қисматҳои махсуси Низомномаи шахси ҳуқуқӣ мавриди назар магардад.

Адабиёт:

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Душанбе, 2003; Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қисми якум). — Душанбе, 2000; Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қисми II Душабе, 2000; Кодекси Граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон (Кисми III).- Душанбе, 2005; Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Душанбе., 1998; Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Душанбе, 2004; Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон. — Душанбе, 2004; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз 23 май соли 1998; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти зҳсонкорӣ” аз 22 апрели соли 2003; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо” аз 12 марта соли 1992; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳон сиёсӣ» аз 13 ноябри соли 1998 қабул гаштааст. Инчунин ба сифати таъмин ва танзими баъзе пахлуҳои муҳими фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ санадҳои меъёрии зерин иомбар мегарданд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизати меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон » аз 24 декабри соли 1991; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарики иҷтимоӣ ва созишномаю шартномаҳои коллективӣ» аз 25 ноябри соли 1992; Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии корхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон » аз 12 декабри соли 1997; Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз 30 июни соли 2003. Ниляева В. П. Гражданское право России (Части общая и особенная). -М., ГК Велбы. — С.61; Правовые аспекты свободы объединений и собраний в Республике Таджикистан. — Душанбе, 2005; Правоведение. Учебник для вузов / Отв.ред.проф. В.Г. Пучинский. — М., ИКД «Зеркало-М» .2003; Иваненко А.Л. Актуальные вопросы защиты чести, достоинства, деловой репутации граждан и деловой репутации юридических лиц. Афтореф. канд. дисс. -М., 1999; Суворов Н.С. Об юридических лицах по римскому праву.-М., 2000.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *