Фанни Ҳуқуқи молиявӣ

Шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ҳамчун субъекти қонунгузории ғайритиҷоратӣ

  1. Шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ. Мафҳум ва фарқияти он аз ташкилоти тиҷоратӣ.
  2. Моликият ва идоракунии молумулкии шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ.
  3. Қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунӣ. Таъсис, бақайдгирии давлатиӣ, сохтор ва мақомоти идоракунӣ ва қатъгардии фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ.

Ҷ. 1 Шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ соҳиби ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳое мебошанд, ки мустақиман тавассути фаъолияти ба худ хос амалӣ менамоянд. Мафҳум, мавқеъ ва манзалати шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ дар як силсила қонунгузориҳои (Кодекси гражданӣ (қисми умумӣ), Кодекси андози ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ғ» арзёбӣ гаштааст.Инчунин нисбат ба вазъи ҳуқуқии шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ, таъсис ва фаъолияти онҳо меъёрҳои зиёди дигари санадҳои ҳуқуқии кишварамон нигаронида шудаанд, ки аз характери комплексӣ доштани ин соҳаи ҳуқуқ шаҳодат медиҳад. Читавре, ки дар боло зикр намудем моддаи 48-и Кодекси Граждании ҶТ ба мафҳум ва намудҳои шахси ҳуқуқӣ бахшида шудааст. Яъне, шахси ҳуқуқӣ ташкилоте дониста мешавад, ки дар моликият, тасарруфи хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативии (фаврии) молумулкро дошта, аз рӯи ӯҳдадориҳои худ бо ин молу мулк масъулият дорад, метавонад аз номи худ ҳуқуқҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайримолумулкиро ба даст оварда татбиқ намояд, ӯҳдадорӣ гирад, дар суд даъвогар ва ҷавобгар бошад. Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ яке аз намудҳои алоҳидаи шахси ҳуқуқӣ ба шумор меравад. Дар банди 3-и моддаи мазкур чунин қайд гардидааст, ки ба шахси ҳуқуқие, ки муассисаон (иштирокчиёнашон) нисбати онҳо ҳуқуқи амволӣ надоранд, инҳо дохил мешаванд:

— ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ ва динӣ;

— фондҳои хайрия ва фондҳои дигари ҷамъиятӣ;

— иттиҳодияҳои шахси ҳуқуқӣ (ассотсиятсияҳо ва иттиҳодияҳо).

Яъне бо назардошти чунин тартиб хусусиятҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дар амал бояд сурат гирад.

Ташкилоти ғайритиҷоратӣ яке аз навъҳои шахсони ҳуқуқӣ ба шумор мераванд, ки қобилияти машғул шудан ба фаъолияти тиҷоратиро надоранд ё машғул шудан ба чунин фаъолият танҳо бо назардошти комёб гаштан ба ҳадафҳои Оинномавии онҳо имконпазир мебошад. Яъне ки фаъолияти соҳибкорӣ хоси ташкилотҳои тиҷоратӣ мебошад. Мувофиқи б.1, м. 50-и КГҶТ ташкилотҳое ашхоси ҳуқуқи буда метавонанд, ки ба даст овардани фоидаро мақсади асосии фаъолияти худ қарор додаанд (ташкилотҳои тиҷоратӣ), агар мақсади ба даст овардани чунин фоидаро надошта, фоидаро байни иштирокчиён тақсим намекунад (ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ) арзёбӣ мегарданд. Бояд дар назар дошт, ки ибораи «ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ» дар санадҳои дигари ҳуқуқӣ ҳамчун иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ё ташкилотҳои ғайридавлатӣ номгузорӣ шудааст.

Аз ҷумла тибқи м. 2 Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» омадааст, ки амали қонуни мазкур тамоми иттиҳодияҳои ҷамъиятиеро фаро мегирад, к ибо тартиби муқарраргардида таъсис дода шудаанд, ба истиснои иттиҳодияҳои ҷамъиятие (ташкилотҳои динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ), ки тартиби таъсис ва фаъолияти онҳоро қонунҳои алоҳида ба танзим медароранд. Ба ибораи дигар амали ин қонун нисбати фаъолияти воҳидҳои сохтории ӣттиҳодияҳои хориҷии ғайритиҷоратии ғайриҳукуматӣ ва ташкилоту кумитаҳо, шуъбаҳо ё филиалҳо ва намояндагиҳои онҳо, ки дар қаламрави ҶТ таъсис дода шудаанд низ татбиқ мегардад.

Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои оммавӣ, иттифоқи касаба, созмонҳои занон, ветеранҳо, ташкилотҳои маъюбон, ташкилотҳои ҷавонон ва кӯдакон, иттиҳодияҳои илмӣ, техникӣ, маданию маърифатӣ, тарбияи ҷисмонию варзишӣ, эҷодӣ, фондҳо, ассотсиятсияҳо, кумитаҳо ва дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандӣ иборатанд. Мувофиқи Конститутсияи ҶТ таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки хусумати нажодӣ, миллӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва ҷангро тарғиб менамояд, ба зӯран сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват мекунанд, манъ аст. Таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ба саломатии одамон ва ба ахлоқи ҷамъият сӯиқасд мекунад, манъ аст.

Ҷ. 2 Шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ субъекти ҳуқуқи моликият мебошанд. Мувофиқи талаботи б. 1, м. 232-и КГҶТ, ҳуқуқи моликият ҳуқуқи қонунан эътирофгардида ва ҳифзшавандаи субъект оид ба татбиқи салоҳдиди худ соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани молу мулкаш мебошад.

Субъекти ҳуқуқи моликият дар ҶТ:

— давлат;

— шаҳрвандони ҶТ;

— ташкилотҳои ҷамъиятию-динӣ;

— дигар иттиҳодияҳои шаҳрвандон ва коллективҳо;

— воҳидҳои марзию маъмурӣ;

— давлатҳои хориҷӣ;

— ташкилотҳои байналхалқӣ, дигар ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ мебошанд.

Моликияти хусусӣ моликияти шаҳрвандон ё шахсони ҳуқуқии ғайридавлатӣ ё иттиҳодияҳои онҳо мебошад. Моликияти ҷамъиятӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳои динӣ, шакли махсуси моликияти хусусӣ аст. Ба моликияти хусусӣ метавонанд ҳамагуна амвол, ба ғайр аз шаклҳои алоҳидаи он ё ки мутобиқи асноди қонунӣ наметавонанд марбут ба шаҳрвандон ё ашхоси ҳуқуқӣ бошанд, дохил шавад. Теъдод ва арзиши амволе, ки моликияти хусусӣ мебошад, маҳдуд карда намешавад (м. 237 КГҶТ). Ҳуқуқи соҳибӣ ба амволеро, ки молик дорад, шахси дигар дар асоси шартномаи хариду фурӯш, иваз, тӯхфа кардан ё дигар аҳдҳои аз тасарруф баромадани амвол ба даст оварданаш мумкин аст. Дар сурати азнавташкилшавии шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқи моликият ба амволаш ба ашхоси ҳуқуқии он-ворисони ҳуқуқии шахси ҳуқуқии азнавташкилшаванда мегузарад. Ҳуқуқи моликияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ба ҳуқуқи моликияти шахсони ҳуқуқӣ ҳаммаъно ва аз тарафи қонун муқаррар ва ҳифзшавандаи ҳуқуқи соҳибмулкии ашхоси ҳуқуқиро оид ба ихтиёрдории молу ашё, тасарруф ва истифодаи мақсадноки онро арзёбӣ менамояд.

Мутобиқи м. 274-и КГҶТ ба моликияти коллективӣ амволи корхонаҳои иҷоравӣ, коллективӣ, кооперативҳо, колхозу ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, ҷамъиятҳо ва ширкатҳои хоҷагидорӣ, ассотсиятсияҳои хоҷагидорӣ, ташкилотҳои ҷамъиятию динӣ, моликияти маҳалла ва моликияти дигар иттиҳодияҳо, ки ашхоси ҳуқуқӣ мебошанд, дохил мегарданд. Кодекси граждании ҶТ қоидаҳои ҳуқуқиро оид ба моликияти ташкилотҳои динӣ чунин арзёбӣ намудааст, ки таҳти моликияти ташкилотҳои динӣ метавонанд бино, асбобу анҷоми парастиши дину оин, объектҳои таъиноти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ ва хайрия, маблағ ва дигар амвол, ки барои фаъолияти онҳо зарур аст, қарор дошта бошанд. Ташкилотҳои динӣ ба амволе, ки аз ҳисоби маблағи худӣ ё аз ҳисоби хайрияи шаҳрвандону ташкилотҳо ё амволи аз ҷониби давлат, инчунин аз ҳисоби дигар сарчашмаҳое, ки қонун пешбини намудааст ба даст овардаанд, ё сохтаанд ҳуқуқи моликият доранд.

Ҷиҳатҳои ҳуқуқии моликияти ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ ва усулҳои идоракунии он дар Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» муфассал мавриди баррасӣ гаштааст, ки тибқи м. 26-и Қонуни мазкур, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки шахсони ҳуқуқӣ мебошанд метавонанд дар моликияти худ биноҳо, сохтмон, иншоот, фонди манзил, нақлиёт, таҷҳизот, асбобу олот, молу мулки таъинотӣ, маданӣ-равшаннамоӣ, солимгардонӣ, маблағҳои пулӣ, саҳмияҳо, коғазҳои қимматнок ва дигар молу мулкеро дошта бошанд, ки барои таъминоти моддии фаъолияти ин иттиҳодияи ҷамъиятӣ зарур буда, дар Оинномаи онҳо нишон дода шудаанд. Дар моликияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ инчунин муассисаҳо, нашриётҳо, васоити ахбори умум вуҷуд дошта метавонанд, ки онҳо аз ҳисоби маблағҳои ҳамин иттиҳодияи ҷамъиятӣ мувофиқи мақсадҳои Оинномавии он бунёд карда ва харида мешавад. Моликияти иттиҳодияҳои ҷамъиятиро Қонун муҳофизат менамояд. Амволи ташкилотҳои эҳсонкорӣ инҳо шуда метавонанд: биноҳо, иншоот, таҷҳизот, маблағи пулӣ, коғазҳои қиматнок, захираҳои иттилоотӣ, натиҷаи фаъолияти ақлонӣ ва навъҳои амволи дигар. Сарчашмаҳои ташаккули амволи ташкилоти эҳсонкорӣ инҳо шуда метавонанд:

— пардохти муассисони ташкилоти эҳсонкорӣ;

— ҳаққи аъзогӣ (барои ташкилотҳои эҳсонкории аз аъзоён иборатбуда);

— хайрияи эҳсонкорӣ, аз ҷумла хайрияи мақсаднок (грантҳои эҳсонкорӣ), ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба шакли пул ё мол додаанд;

— даромад аз амалиётҳои ғайритиҷоратӣ;

— даромад аз ҳисоби қоғазҳои қимматнок;

— воридот аз фаъолияти соҳибкорӣ;

— воридот аз фаъолияти ҷалби захираҳо (гузаронидани маъракаҳоои ҷалби эҳсонкорон ва ихтиёриён, ташкили чорабиниҳои шавқангез, фарҳангӣ, варзишӣ, гузаронидани маъракаҳои ҷамъоварии хайрияи эҳсонкорон ва ғ.), инчунин фрӯши амвол ва хайрияи аз эҳсонкорон омада, мувофиқи хоҳиши онҳо;

— воридот аз фаъолияти ҷамъиятҳои хоҷагидорие, ки ташкилоти эҳсонкорӣ таъсис додаст;

— меҳнати ихтиёриён;

— дигар манбаҳое, ки қонунгузории ҶТ пешбини намудааст ва ба амалӣ кардани фаъолияти асосии ташкилоти эҳсонкорӣ вобастааст.

Ҷ. 3 Яке аз хусусиятҳои таъсиси фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ба таври ҳатмӣ аз қайди давлатӣ гузаштан мебошад. Усулҳои бақайдгирии давлатии ташкилоти ғайритиҷоратӣ аз ҷониби силсилаи қонунгузориҳои ҶТ мавриди танзим сурат мегирад. Тибқи м. 51-и КГҶТ, шахси ҳуқуқи бояд мувофиқи тартибе, к ибо қонуни бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ муайян шудааст, дар мақомоти адлия ба қайди давлатӣ гирифта шавад. Маълумот дар бораи бақайдгирии давлатӣ, аз ҷумла бақайдгирии ташкилотҳои тиҷоратӣ номи фирма ба феҳрести ягонаи давлатии шахси ҳуқуқӣ дохил карда мешавд, ки барои шиносоии умум дастрас мебошад. Вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи таъсиси шахси ҳуқуқӣ ё мутобиқи қонун набудани ҳуҷҷатҳои таъсиси он боиси рад кардани бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ мегардад.

Шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи ба қайди давлатӣ гирифта шуданаш таъсисгардида ҳисобида мешавад ва танҳо дар ҳолатҳои пешбини намудаи санади ҳуқуқӣ аз нав ба қайд гирифта мешавад. Ин қоида аз талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз 19.05.2009 с. Бар меояд. Тибқи м. 16-и Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ташаббуси муассисони онҳо камаш аз тарафи се шаҳрванд таъсис дода мешаванд. Ба ҳайати муассисони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар қатори шахсони воқеӣ шахсони ҳуқуқӣ-иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ низ дохил шуда метавонанд. Қарорҳо дар бораи таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дар бораи тасдиқи Оинномаи он ва дар бораи ташкили мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтиш дар анҷуман (Конференсия) ё дар маҷлиси умумӣ қабул карда мешаванд. Аз лаҳзаи қабул карда шудани қарорҳои мазкур иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсисёфта ҳисобида мешаванд, фаъолияти Оинномавии худро амалӣ менамоянд, ҳуқуқ пайдо мекунанд, ба истиснои ҳуқуқи шахси ҳуқуқӣ ва ӯҳдадориҳои пешбиникардаи қонунро ба зимааш мегирад.

Тибқи м. 17-и Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» шаҳрвандоне, ки ба сини 18 солагӣ расидаанд ба шахсони ҳуқуқӣ-муассисон, аъзо ва иштирокчиёни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шомил шуда метавонанд. Дар Қонуни мазкур омадааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ва щахсони бешаҳрвандӣ баробари шаҳрвандони ҶТ метавонанд муассисон, аъзо ва иштирокчиёни иттиҳодияҳои ҷамъияти бошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар Қонунҳои ҶТ ё санадҳои ҳуқуқии байналхалқӣ, ки ҶТ эътироф кардааст, тартиби дигаре пешбини карда нашуда бошад. Шаҳрвандоне, ки ба сини 14 солагӣ расидаанд аъзо ва иштирокчиёни иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷавонон ва шаҳрвандони сини 8 сола аъзо ва иштирокчиёни иттиҳодияҳои ҷамъиятии кӯдакона шуда метавонанд. Мақомоти давлатӣ, корхонаву ташкилотҳои дорои шаклҳои гуногуни моликияти муассисон аъзо ё иштирокчиёни иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ шуда наметавонанд.

Оиннома ҳамчун роҳнамои фаъолияти ташкилоти ғайритиҷоратӣ дар ҷараёни таъсис ва баъд аз бақайдгирии давлатии он ифодаи хешро зоҳиран амалӣ менамояд. Масъалаҳое, ки дар Оиннома мавриди баррасӣ қарор мегиранд, чунинанд:

— сохтори иттиҳодияи ҷамъиятӣ, мақомоти роҳбарикунанда ва назорату тафтиши иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳудуде, ки дар он иттиҳодияи мазкур фаъолияти худро ба амал мебарорад;

— шартҳо ва тартиби ба даст овардан ва гумм кардани узвияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳуқуқ ва вазифаҳои аъзои иттиҳодияи мазкур;

— ҳуқуқ ва вазифаҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

— салоҳият ва тартиби ташкили мақомоти иттиҳодияи ҷамъиятӣ, мӯҳлати ваколатҳои онҳо, маҳалли воқеъ гардидани мақоми доимоамалкунанда;

— тартиби дохил намудани тағъирот ва иловаҳо дар Оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ;

— сарчашмаи ташкилёбии воситаҳои пулӣ ва дигар молу мулки иттиҳодияи ҷамъиятӣ, ҳуқуқи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ва воҳидҳои сохтори он дар идоракунии молу мулк;

— тартиби азнавсозӣ ва барҳам додани иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар оиннома, қоидаҳои дигар низ пешбини шуда метавонад, ки ба фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъияти дахл дошта хилофи қонун набошад.

Ба қайдгирии шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратии ҷумҳуриявӣ ва байналхалқи, ки фаъолияти онҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе, ноҳияҳои он, инчунин ноҳияҳо ва шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ амали мегардад, аз ҷониби Вазорати адлияи ҶТ ба роҳ монда мешавад. Инчунин бақайдгирии ташкилотҳои маҳаллӣ аз тарафи идораҳои адлияи ҳукуматҳои вилоятҳо сурат мегирад. Барои бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод мегардад:

— ариза, ки онро аъзои мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ имзо кардаанд ва дар он насаб, ном, номи падар, ҷои истиқомат ва телефонҳои робита нишон дода шудаанд;

— Оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар ду нусха бо забони давлатӣ ва бо хоҳиши ташкилоти ҷамъиятӣ 2 нусха бо забони муоширати байни миллатҳо;

— иқтибос аз протоколи Анҷуман (конференсия) маҷлиси умумӣ ё маҷлиси таъсисӣ, ки дар бораи таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятӣ, тасдиқи Оиннома, ташкил кардани мақомоти роҳбарикунанда ва мақоми назорату тафтиши он, маълумот дорад;

— маълумот дар бораи муассисони иттиҳодияи ҷамъиятӣ барои шахсони воқеӣ-насаб, ном, номи падар, соли таваллуд, ҷои сукунат, шаҳрвандӣ (бо имзоҳояшон тасдиқ мегардад) ва нусхаи шиноснома ё дигар ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад; барои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми таъсиси иттифоқи (ассотсиятсияи, шӯрои) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ-нусхаи шаҳодатномаҳо дар бораи ба қайдгирии давлатии Оинномаи ин иттиҳодияҳо, иқтибос аз протоколи маҷлиси мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, бо қарор дар бораи таъсиси иттифоқи (ассостсиятсия, шӯрои) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин нусхаи шартномаи таъсисӣ;

— аризаи шахсоне, ки дар моддаи 19-и Қонуни мазкур нишон дода шудаанд, дар бораи розигӣ ба истифодаи номи шаҳрванд дар номи иттиҳодияи ҷамъиятӣ;

— ҳангоми аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ истифода бурдани рамзи таҳти ҳимояи қонунгузории ҶТ дар бораи ҳифзи моликияти зеҳнӣ ё ҳуқуқи муаллифи қарор дошта- ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи истифодаи онро тасдиқ мекунанд;

— ҳуҷҷати пардохти боҷи давлатӣ;

— ҳуҷҷат дар бораи нишонии (маҳалли ҷойгиршавӣ) мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ;

— барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ-протоколҳои Анҷуманҳо, Конференсияҳо, маҷлисҳои умумӣ ё маҷлисҳои таъсисии воҳидҳои сохторӣ.

Ба қайдгирии иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар давоми 30 рӯз аз лаҳзаи пешниҳод шудани ҳуҷҷатҳои номбаргашта сурат мегирад.

Дар қатъ гаштани фаъолияти шахсони ҳуқуқии ғайритиҷоратӣ 3 усули ба ҳам алоқаманд истифода мешаванд.

1. Боздошт. Боздошти фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар асос ва тартиботе, ки дар моддаи 35-и Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» пешбини шудааст, амалӣ мегардад, яъне дар сурати аз тарафи иттиҳодияи ҷамъиятӣ риоя накардани муқаррароти Конститутсияи ҶТ, қонунгузории ҶТ ва содир намудани амалҳои мухолифи мақсадҳои Оинномавӣ прокурори Генералии ҶТ ё прокурорҳои тобеъи он ба мақомоти роҳбарикунандаи иттиҳодияи мазкур дар бораи бе таъхир бартараф намудани қонуншиканӣ амри хаттӣ ва ба мақомоти бақайдгиранда огоҳиномаи хаттӣ фиристода, мӯҳлати бартараф намудани онҳоро муқаррар менамояд.

Дар ҳолати бартараф накардани қонуншиканӣ дар асоси аризаи даъвогии мақомотҳои масъули давлатӣ боздоштани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба тариқи судӣ анҷом дода мешавад. Асосҳои барҳам додан ва манъ кардани фаъолияти иттиҳодияи ҷамъиятӣ дар моддаи 37-и Қонуни мазкур баррасӣ шудаанд.

2. Азнав ташкилкунии фаъолият. Азнав ташкилкунии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо қарори анҷуман (конференсия) ё маҷлиси умумӣ сурат мегирад. Ба қайдгирии давлатии иттиҳодияҳои ҷамъитӣ баъди азнавсозӣ ташкилёфта бо тартиби муқарраркардаи Қонун амали мегардад.

3. Барҳамдиҳии иттиҳодияи ҷамъиятӣ бо қарори анҷуман, конференсия ё маҷлиси умумӣ мувофиқи Оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё бо қарори суд тибқи тартиби пешбини кардаи б. 1, 2 ва 3-и моддаи 33-и Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» сурат мегирад. Молу мулке, ки дар натиҷаи барҳам додани иттиҳодияи ҷамъиятӣ боқи мондааст, баъди қонеъ намудани талаботи қарзхоҳон ба мақсадҳо пешбиникардаи Оинномаи иттиҳодияи ҷамъиятӣ ё ба мақсадҳое равона мегардад, ки қарори анҷуман (конференсия) ё маҷлиси умумии муайян менамояд. Қарор дар бораи истифода кардани молу муцлки боқимонда аз тарафи комиссияи барҳамдиҳӣ дар матбуот чоп карда мешавад. Қарор дар бораи барҳам додани иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба мақоме, ки иттиҳодияи ҷамъиятиро ба қайд гирифтааст, барои аз феҳрист хориҷ кардани иттиҳодияи мазкур фиристода мешавад.

Адабиёт:

Конститутсияи ҶТ-Душанбе, 2003; Кодекси граждании ҶТ (қисми 1-ум), -Душанбе, 2000; Кодекси граждании ҶТ (қисми 2-юм), -Душанбе, 2000; Кодекси граждании ҶТ (қисми 3-юм), -Душанбе, 2005; Кодекси меҳнати ҶТ -Душанбе, 1998; Кодекси андози ҶТ -Душанбе, 2004; Кодекси ҷиноятии ҶТ -Душанбе, 2004; Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» -12.05.2007; Қонуни ҶТ «Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ» -22.04.2003; Қонуни ҶТ «Дар бораи иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ва кафолатҳои фаъолияти онҳо» -12.03.1992; Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» -13.11.1998; Қонуни ҶТ «Дар бораи боҷи давлатӣ» -28.02.2004; Қонуни ҶТ «Дар бораи муҳофизати меҳнат дар ҶТ» -24.12.1991; Қонуни ҶТ «Дар бораи шарики иҷтимоӣ ва созишномаю шартномҳои коллективӣ» -25.11.1992; Қонуни ҶТ «Дар бораи фармоиши давлатӣ» -31.12.2008; Қонуни ҶТ «Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» -19.05.2009.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *