Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Давлат хамчун Институти сиёси

ДАВЛАТ ҲАМЧУН ИНСТИТУТИ СИЁСӢ
Тартибдиханда: admin

Yorov Muhammad

Нақша:
1. Пайдоиши давлат.
2. Навъҳои асосии давлат.
3. Аломатҳои давлат.

Давлат қабл аз ҳама институти сиёсии идоракунии ҷамъият, таъминкунандаи молиявӣ, муташаккил ва дар он нигоҳ доштани низоми муайян аст, ки дорои мухторияти комил аз корҳои дохилию хориҷӣ буда, ташкилоти ягонаи амалигардонидаи ҳокимият дар кишвари хеш аст. Вай ҳамчун ташкилоти бонизоми сиёсӣ дорои ҳуқуқҳои расман ҷамъиятиро намояндагӣ намудан, қонунҳои иҷрояш барои ҳама ҳатмӣ баровардан, амалӣ намудани ҷазои судӣ ва ҳимояи шаҳрвандон дар мамлакат аст. Вай ташкилотест, ки аппарати касбии идоракунии ҳокимият, ташкилотҳои қудратиро ҳангоми зарурият ошкоро истифода мебарад. Ҳама гуна давлат, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои се шохаи ҳокимияти давлатӣ: қонунбарор, ки (аз Шўрои Олӣ, Маҷлиси миллӣ ва маҷлиси намояндагон), Ҳокимияти иҷроия, президент, Шўрои вазирон ва ҳокимияти судӣ (конститутсионӣ, Олӣ, Олии иқтисодӣ, Адлия ва Прократураи генералӣ) иборат аст.
Агар органи қонунбарорӣ ҳокимият (парламент) қонун вa дигар ҳуҷҷатҳои зарурии ҳаёти ҷамъиятро муайянкунанда қабул кунад, ҳокимияти иҷроия амалинамоии онҳоро таъмин месозад. Ҳокимияти судӣ бошад баҳсҳои судиро ҳал менамояд.
Пайдоиши давлат. Доир ба пайдоиши давлат фикру андешаҳои зиёде вуҷуд дорад, ки ҳар кадоми он андешаҳо дар худ асоси муайян доранд. Мутафаккири Чини қадим Конфутсий онро «хости Худо», дигаре натиҷаи тақсими меҳнати ҷамъиятӣ, бархе ғалабаи як гурўҳ аз болои гурўҳи дигар, як қисм зарурати манъ намудани омехташавии хун дар муносибати байни хешу таборӣ наздик ва дигаре натиҷаӣ шартномаи ҷамъият донистаанд. Вобаста ба ҳамин дар сиёсатшиносии муосир чунин андешаҳо эътироф гаштаанд.
1. Назарияи теологӣ (Аврелий, Августин, Имом Ғаззолӣ (I058-IIII), Фомаи Аквинӣ (I225-I274). Инҳо асоси пайдоиши давлатро ба Худо нисбат медиҳанд.
2. Патриархалӣ. Асосгузори ин назария Арасту (384 — 322 то милод) ва пайравонаш Николай Михайловский (842 — 1904). Тибқи таълимоти вай ҳоким падари ҳама.
3. Шартномавӣ. Намояндагонаш: Гуго Гротсий (1583 — 1646), Ҷон Локк (1632 — 1704), Томас Гоббс), Монтескье (1789 — 1855), Дени Дидро (1713 — 1784), Жан Жак Рycco (I7I2 — 1778).
4. Назарияи зурӣ. Асосгузораш Шан Ян (390 — 338 то мелод) пайравонаш Евгений Дюринг (1833 — 1921), Каутский(1854 — 1938).
5. Назарияи психологӣ. Намояндагони ин назария. Лев Петражицкий (1867-1931), Габриэл Гард (1843 — 1931).
6. Назарияи синфӣ. Намояндагонаш К. Маркс(1818-1883), Ф. Энгельс (1820-1895), В.И. Ленин (1870-1924).
Назарияи марксистӣ бошад пайдоиши давлатро ҳамчун зуҳуроти оштинопазири зиддиятхои синфӣ маънидод намуда, чунин таъкид кардааст: барои он ки муборизаи ҳамешагии синфҳо сари худ ва ҷомеаро нахўранд, давлат ба вуҷуд омадааст.
Новобаста ба он ки мутафаккирони гуногунақидаи давраҳои гуногуни таърихӣ дар ин бора ҳаргуна фикрҳо гуфтаанд, як чиз мусаллам аст, ки шакли инкишофёбандаи ҳаёти ҷамъиятӣ натиҷаи қонунии кўшиши одамон барои ба таври маданӣ ва осудаҳолона дар ҷомеа зиндагӣ кардан аст. Танҳо давлат метавонад низоми муайяни муносибати судбахши одамонро дар ҷомеа таъмин намуда, то андозае озодӣ ва манфиатҳои онҳоро ҳифз намояд.
Бо вуҷуди он ки давлат метавонад ҳуқуқу озодии шаҳрвандонашро маҳдуд созаду манфиати онҳоро пурра ҳифз насозад ва барояшон ҷои кор ва шароити хуби зиндагиро ҳам муҳайё насозад, аммо ҳадафи аслии он пеш аз ҳама таъмини сулҳу субот ва амният дар ҷамъият ва дарёфти роҳҳо ва усулҳои таъмини беҳтари зиндагии одамон аст. Чӣ хел сиёсатро пеш гирифтани давлат ба як қатор омилҳо вобаста аст. Аз чумла:
— ба қувваҳои сиёсие, ки дар рафти мубориза (яроқнок, интихобот, гуфтушунид) ба сари ҳокимият омадаанд ва чӣ ҳадаферо дар назди хеш гузоштаанд:
— ба дараҷаи тайёрии сиёсӣ ва маърифатии сарварони сиёсие, ки ҳокимияти сиёсиро идора менамоянд;
— ба қувваҳои сиёсие, ки онҳоро дастгирӣ менамоянд;
— ба таносуби қувваҳои мухолифи мубориз.
Бояд қувваҳои сиёсии дар рафти мубориза ба сари қудрат омада, ҳамчун қувваи сиёсии миллӣ баромад намуда, қишрҳои гу­ногуни иҷтимоии чамъиятиро барои пешрафти ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ҷалб кардан хоҳад ва аз таассуби қавмӣ, маҳаллӣ ва минтақавӣ орӣ бошанд, он гоҳ ин давлат ҳамчун хизматгори халқ баромад менамояд. Сарварони чунин давлатҳо хуб мефаҳманд, ки танҳо давлати аз ҷиҳати иқтисодӣ тарақкикарда дар ҷомеаи ҷаҳонӣ метавонад мавқеи муайян дошта бошад. Давлати аз ҷиҳати иқтисодӣ камбағал наметавонад, инкишофи илму фарҳангро таъмин намуда, дар эъмори ҷомеаи башарӣ саҳмгузор бошад. Дар он ҷо ки чунин нест; а) ҷиҳатҳои бади давлат боло гирифта, ҳокимони дараҷаҳои гуногун ба бюрократ ва аппараташон ба аппарати бюрократӣ табдил ёфта, ҳуқуқ ва озодиҳои мардум поймол мешаванд; б) ба эҳтиёҷи омма касе эътибор надода, боварии халқ нисбат ба давлат ва роҳбарони давлатӣ суст мешавад. Он ҷо ки роҳбар дар байни мардум обрўю эътибор надорад, ҷомеа устувор нест; в) чун манфиати гурўҳи танги одамон ба эътибор гирифта мешавад, гузаронидани ислоҳоти пешбаранда бо мушкилӣ дучор мегардад, зеро сарварон танҳо дар паи бойшавии худ буда, ришвахўрӣ, мансабфурўшӣ меъёри ҳаётии онҳо мегардад: ҳама амалҳои сиёсии давлат танхо ба мустахкам намудани таъсири қувваҳои дар сари қудрат буда нигаронида мешавад.
Дар натиҷа ба сари ҳокимияти сиёсӣ қувваҳое меоянд, ки танҳо дар сухан ифодагари манфиати оммаи халқ буда, дар асл ба қувваи аз халқ бегона табдил меёбанд.
Аз ин ҷост, ки давлат, аз як тараф, чун воситаи таъмини сулҳу субот ва пешрафти ҳаёти иқтисодии ҷамъият шинохта мешавад ва, аз тарафи дигар, ҳамчун аппарати барои оммаҳо нодаркору истисморгар баромад менамояд.

НАВЪҲОИ АСОСИИ ДАВЛАТ


Сиёсатшиносон вобаста ба тарзи ҳокимияти олӣ, ҳайати миллӣ, режими сиёсӣ, вазифагӣ, сохтори иҷтимоӣ, сиёсӣ навъҳои гуногуни давлатро номбар кардаанд, ки ҳар кадом бо ин ё он навъе воқеияти сиёсии ҷомеаро инъикос менамоянд. Сиёсаташинос Л.М. Куликов дар дастури таълимии «Асосхои сотсиотогия ва сиёсатшиносӣ» (Москва — 2000с.), асосан ду шакли давлат,- монархӣ ва ҷумҳуриявиро hишоh додааст, ки ҳар кадом дороӣ шаклҳои гуногунанд.

Аз ҷумла вай чунин схемаро пешкаш намудааст.

ДАВЛАТ

Аз рўи тарзи ташкили ҳокимияти олӣ

1. Монархӣ: маҳдуд, номаҳдуд
2. ҷумҳурӣ: президентӣ, парламентӣ

Аз рўи ҳайати миллӣ ва сохтори ҳудудӣ

унитарӣ, федеративӣ, конфедеративӣ

Аз рўи режими сиёсӣ

тоталитарӣ, авторитарӣ, демократӣ

Аз рўи самти вазифагии давлат

Ҳарбӣ, милитсиягӣ
иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ

Аз рўи устувории ҳаёти иҷтимоӣ-сиёсӣ

Босубот ва бесубот

Ҷумҳурӣ чунин шакли идоракуниест, ки ҳокимияти олии давлатӣ ё аз тарафи тамоми аҳолӣ бевосита ё аз ҷониби муассисаи умумимиллӣ интихоб карда мешавад. масалан дар Амрико сарвари ҳокимияти давлатиро 538 вакилони аз ҷониби халқ интихобшуда интихоб менамоянд.
Дар айни ҳол навъи аз ҳама паҳншудаи давлат ҷумҳуриявӣ маҳсуб мешавад, ки вай дорои чунин шаклҳост.

а) идоракунии президентӣ;
б) идоракунии парламентӣ.
Дар идоракунии президентӣ президент ҳам сарвари давлат ва ҳам сарвари ҳукумат маҳсуб шуда, мансаби сарвазирӣ шаклан вуҷуд надорад. Президент ҳамчун сарвари давлат ва ҳокимияти сиёсӣ барномаи фаъолияти давлатиро муайян намуда, дар қабули қарорҳои муҳими сиёсию иқтисодӣ сухани охирин ба ў тааллуқ дорад.
Вай дар як вақт сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳ буда, дар аксари давлатҳо аз ҷумла Тоҷикистон ҳама вазирон, суди олӣ, прокурори генералӣ, мири шаҳру вилоят ва ноҳияҳоро таъину озод менамояд.
Як хусусияти фарқкунандаи ҷомеаи тоҷик дар он аст, ки инҷо ҳам президент ва ҳам мансаби Сарвазирӣ вуҷуд дорад.
Дар давлати Тоҷикистон тибқи моддаи 64, президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва томияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи қарордодҳои байналмиллалии Тоҷикистон мебошад. «Сарқонун, с. 24. раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи Сарқонун» танҳо дар баъзе масъалаҳо ба маҷлиси олӣ ахборот медиҳад, вале дар назди он масъул нест.
Дар сарқонуни Ҷумҳурии тоҷикистон моддаҳои «нобоварӣ изҳор намудан нисбат ба Раиси Ҷумҳур ва ==== » дар назар дошта нашудааст.

Агар президент дар амрико ҳамеша барон талош намояд, ки дар конгресс аксарият ҷонибдраш бошанд, барои раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба дастории дастгирии аксари аъзоёни парламент муҳим нест. Дар Ҷумҳурии парлеметӣ бошад ҳокимияти олӣ ба он тааллуқ дошта, ҳокимияти сиёсӣ дар назди он ҷавобгар аст. Хусусияти зоҳирии фарқкунандаи он аз президентӣ дар он аст, ки ин ҷо сарвазир вуҷуд дорад. Дар чунин давлат ҳокимият аз тарафи парламент аз ҳисоби пешвоёни ҳизбҳои сиёсии дар палатаи поёнӣ аксарияти ҷо дошта ташаккул меёбад. Иштироки сарвари ҳукумат дар таъини мансабдорон хусусияти рамзӣ дорад.
Дар Ҷумҳурии парламетӣ идоракунӣ хусусияти ҳизбӣ дошта, вай барои ҷумҳурии президентӣ хос нест. Дар чунин давлат байни ҳама ташкилотҳои олии ҳокимияти давлатӣ ва вазъияти воқеии ҳуқуқии онҳо фарқияти ҷиддӣ вуҷуд дорад. Як номувофиқии тарзи идоракунӣ дар он аст, ки парламент, ҳокимияти олӣ эълон карда шавад ҳам вай ҳамеша дар зери назорати ҳокимияти сиёсӣ мемонад. Дар давлатҳои идоракунии парламетӣ ва президентӣ ҳуқуқи хеле зиёде дода шуда бошад ҳам аммо оҳо аз тарафи ҳукумат амалӣ мегарданд. Намунаи шакли идоракунии парламетиро дар мисоли Германия, Туркия, Шветсария ва Ирландия димдан мумкин аст.

ҶУМҲУРИЯТ
давлате, ки ташкилотҳои ҳокимият дар асоси интихоботи
умумӣ ташаккул меёбад

Ҷумхуриявӣ

Парламентӣ

Дар ҳаёти ҷамъиятӣ — сиёсӣ президент нақши асосӣ мебозад.
Президент чун парламент аз ҷониби халқ интихоб мегардад.
Президент сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия маҳсуб мешавад.
Ҳокимият дар кишвар нисбатан устувор буда, ҳокимияти қонунбарор ва иҷроия маҷбуранд ҳамкорӣ намоянд
.

Парламент дар ҳаёти сиёсии ҷамъият нақши асосӣ дорад.
Парламент ҳукуматро ташкил ва идора менамояд.
Президент аз ҷониби парлумон интихоб шуда, танҳо ба ном сардори давлат аст.
Ҳокимият метавонад он қадар устувор набошад, агар парламент ба гурўҳҳои гуногуни мухолиф ҷудо шуда бошад.

Масалан

Масалан

Боливия, Мехико, Венусуэла, ИМА, Финландия, Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон.

Австрия, Ҳинд, Исландия, Италия, ФРГ, Швеция.

Ҳаминро бояд донист, ки дар ҳокимияти шакли ҷумҳурияви президентӣ ва партаментӣ ваколатҳо гуногунанд. Масалан: дар ҷумҳурии президентӣ ваколати президент зиёдтар бошад, дар парламенти ваколати парламентӣ бештар аст.
АЛОМАТҲОИ ДАВЛАТ
Давлат пеш аз ҳама ташкилоти сиёсии универсалиест, ки ба манфиати аҳолии дар ҳудуди муайян зиндагикунанда ҳокимият ронда, муносибатҳои байни онҳоро бо ёрии нормаҳои қонун ба танзим медарорад. Ба давлат чӣ хел таъриферо муносиб надонанд ҳам, вай дорои чунин аломатҳост:
1.Қобилияти ба ҳам якҷоя карда тавонистани манфиатҳои гуногуни иҷтимоии сиёсӣ.
2. Давлат ташкилоти ҳокимият: на танҳо боварикунонӣ, балки маҷбуркунӣ аст,.
3. Нормаҳои фаъолияти давлатро қонун муайян ва мустаҳкам менамояд.
4. Истиқлолият доштан яъне давлат нисбат ба субъектҳои дар ҳудудаш буда чунон ҳокимияти олӣ ва номаҳдуд дорад, ки дигар давлатҳо онро эҳтиром доранд.
5. Ҳама одамони дар ҳудудаш буда, аз ҷумла шаҳрвандони давлатҳои дигарро дар зери таъсир нигоҳ доштан.
Ба аломатҳои фарқкунанда инчунин ҳудуди давлат, ки бо сарҳад ҷудо карда шудааст, аҳолӣ, ки ба онҳо ҳокимият паҳн мегардад ва аппарати давлатӣ дохил мешаванд.
Давлат дорои ду вазифа аст: дохилӣ ва хориҷӣ. Ба вазифаҳои хориҷӣ инҳо дохил мешаванд: 1. Ҳимояи кишвар аз ҳуҷуми хориҷӣ ва роҳ надодан ба ҷанги нав. 2. Ҳифзи манфиатҳои давлатӣ дар арсаи байналмиллалӣ. З.Инкишоф додани ҳамкорӣ бо тамоми мамалакатҳо ва ташкилотҳои байналмиллалӣ. 4. Таъмини амнияти дастҷамъӣ дар муносибатҳои байналхалқӣ.
Ба вазифаи дохилӣ пеш аз ҳама инҳо дохил мешавад:
I. Танзими иқтисодиёти далатӣ.
2. Давлат ба воситаи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ба иқтисодиёту истеҳсолот таъсир мерасонад ва роҳ нишон медиҳад.
3. Вай барои ҳаёти мўътадил шароит муҳайё месозад (вазифаи иҷтимоӣ).
4. Тартиботи ҳуқуқиро таъмин намуда, ба худсарии маъмурон ва органҳои маъмурӣ роҳ намедиҳад.
5. Вазифаи маданӣ — тарбиявиро иҷро мекунад.
6. Сохти ҳокимияти мавҷударо аз қувваҳои носолим ҳифз менамояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *