Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Танзими ҳуқуқӣ

  Мафҳуми  танзими  ҳуқуқӣ

             Танзими ҳуқуқӣ гуфта таъсиррасонии мақсаднок, муташаккилона ва меъёриву арзиширо ба рафтори одамон ва муносибатҳои ҷамъиятӣ меноманд, ки бо воситаҳои ҳуқуқӣ амалӣ мешавад.

Танзими ҳуқуқӣ як қатор хусусиятҳо дорад.

  1. Як намуди танзими иҷтимоӣ аст. Рафтори одамон на танҳо бо қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ, балки меъёрҳои (воситаҳои) дигари иҷтимоӣ (ғайриҳуқуқӣ) танзим мешаванд, аз қабили ахлоқ, одатҳо, дин, меъёрҳои корпоративӣ, эстетикӣ ва м.и. Дар баъзе соҳаҳои ҳаёт нақши ин меъёрҳо муҳим аст, ҳатто нисбат ба ҳуқуқ нуфузи баландтар доранд. Масалан, ҳангоми гузаронидани маросимҳои динӣ (мусулмонӣ) меъёрҳои ҳуқуқи дунявӣ аҳамият надоранд.
  2. Танзими ҳуқуқӣ – ин таъсиррасонии муташаккилона аст, яъне он бо таъсису иштироки мақомоти давлатӣ мегузарад. Мақомоти қонунгузор меъёрҳои ҳуқуқ муқаррар мекунанд, мақомоти иҷроия санадои иҷрои ҳуқуқ қабул мекунанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ин меъёрҳоро ҳифз мекунанд. Дар натиҷаи фаъолияти силсилавии мақомоти давлатӣ танзими ҳуқуқӣ (яъне ҷараёни қабулу мушаххасгардонии меъёр) муташаккилона мегузарад.

Танзими ҳуқуқӣ – ин таъсиррасонии меъёрӣ аст, яъне дар натиҷаи он ба ҳаёти ҷомеа асосҳои меъёрияти умумӣ, муназзамии ягона ворид мешаванд. Ин ҷо мафҳуми асосҳои меъёрияти умумӣ ё ҳаёти меъёрӣ танҳо бо меъёрҳои ҳуқуқ алоқаманд нест. Меъёрият дар ҳаёти ҷомеа маънои онро дорад, ки дар натиҷаи танзими ҳуқуқӣ ҳаёти муқаррарии, табии одамон таъмин мегардад. Танзими ҳуқуқӣ ба ҳаёти одамон тартиби муайян, ба рафтори одамон хислатҳои рафтори силсилавӣ, пайдарҳамӣ мебахшад. Дар натиҷаи истифодаи қонунҳо рафтори одамон мазмуни силсилавӣ, пайдарҳамӣ, такроршавӣ мегирад. Дар ниҳояти кор риояи қонунҳо ҳаёти муқаррарии одамон мегардад, яъне асосҳои меъёрият вориди ҳаёти одамон мешаванд.

Танзими ҳуқуқӣ – ин таъсиррасонии арзишӣ аст, яъне он на танҳо рафтори берунаи одамонро фаро мегирад, балки ба шуури онҳо таъсир мерасонад. Қонун дар шуури одамон арзишҳои муайяни мусбиро (боварӣ ба он, рӯҳияи баланди эҳтироми он, дарки муфидии он ва ғ.) мепарварад, яъне аҳамияти тарбиявӣ (арзишӣ) дорад. Танзими рафтори инсон низ аз ҳамин сар мешавад. Қонун аввал ба шуури одам таъсир мерасонад, майли иҷрои онро мепарварад, баъд дар рафтори берунаи вай амалӣ мешавад. Тавассути қонунҳо одамон дар хусуси аҳамияти арзишӣ доштани ин ва ё он ҳодисаву равандҳои ҳаёт маълумот пайдо мекунанд, аз ҷумла ҳаракатҳои қонуниро аз кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ҷудо мекунанд, ба зараровар ва муқобили манфиатҳои ҷомеа будани ҷиноят боварӣ ҳосил мекунанд, аз он худдорӣ менамоянд.

  1. Танзими ҳуқуқӣ бо ёрии воситаҳои ҳуқуқӣ мегузарад. Дар он ғайр аз меъёрҳои ҳуқуқ ҳамчунон санадҳои фардии татбиқи ҳуқуқ, санадҳои ҳуқуқии ғайримеъёрӣ, чораҳои маҷбурсозии давлатӣ истифода мешаванд.
  2. Танзими ҳуқуқӣ – таъсиррасонии мақсаднок аст, яъне бо мақсади таъмини муташаккиливу муназзамӣ дар ҷомеа гузаронида мешавад. Муносибатҳое, ки ҷавобгӯи мақсади танзими ҳуқуқӣ нестанд, танзим намешаванд. Масалан, пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳои сохташуда, зиёд нишон додани шумораи аслии аъзоёни ҳизб, ҷамъ кардани имзоҳои қалбакӣ ҳангоми таъсиси ҳизби сиёсӣ мақсади танзими ҳуқуқӣ нестанд.
  3. Танзими ҳуқуқӣ бо ёрии танҳо воситаҳои ҳуқуқӣ мегузарад. Аз ин нигоҳ истифодаи воситаҳои ғайриҳуқуқӣ (масалан, баромадҳои ҳуқуқшиносон дар телевизиону радио, нашри мақолаҳо дар мавзӯи ҳуқуқӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳо) танзими ҳуқуқӣ нест. Ин қабил амалиётҳо шаклҳои тарбияи ҳуқуқии одамон буда, бе иштироки мақомоти давлат, бе қабулу ҳифзи меъёрҳои ҳуқуқ мегузаранд.

18.2.  Мавзӯъ,  усулҳо,  тарзу  навъҳои танзими  ҳуқуқӣ

Мавзӯи танзими ҳуқуқиро соҳаҳои ҷудогонаи ҳаёти ҷомеа (рафтори одамон, муносибатҳои ҷамъиятӣ) ташкил медиҳанд, ки мавриди танзими ҳуқуқӣ қарор гирифтаанд.

Барои танзими ҳуқуқӣ 3 тарзи асосӣ истифода мешавад: 1) ваколатдоркунӣ, 2) вазифадоркунӣ, 3) манъкунӣ. Ваколатсозӣ – чунин тарзи танзими ҳуқуқӣ аст, ки тавассути он ба иштирокчии муносибатҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқи субективӣ дода мешавад (масалан, ҳуқуқи ташкили оила). Ин тарзи танзим дар асоси меъёрҳои ваколатдоркунанда пайдо мешавад (масалан, меъёрҳои конститутсионӣ, ки ба шахс ҳуқуқҳои алоҳида медиҳанд). Вазифадоркунӣ – чунин тарзи танзими ҳуқуқӣ аст, ки дар асоси иҷрои вазифаи ба зиммаи шахс гузошташуда сурат мегирад. Амаликунии меъёрҳои вазифадоркунанда истифодаи ин тарзи танзимро талаб мекунанд. Масалан, шахс вазифадор аст, ки андоз супорад, қоидаҳои ҳаракати нақлиётро риоя кунад, қарзи гирифтаашро баргардонад ва ғ. Манънамоӣ – чунин тарзи танзими ҳуқуқӣ аст, ки дар шакли худдорӣ намудани шахс аз иҷрои рафторҳои манъгашта амалӣ мегардад. Дар ин маврид меъёрҳои манъкунанда риоя мешаванд. Масалан, судя наметавонад ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шавад, шахси ба 18 нарасида наметавонад дар интихобот иштирок кунад ва ғ.

Дар илми ҳуқуқӣ ду усули асосии танзими ҳуқуқӣ ҷудо карда мешаванд: 1) усули танзими марказонидашуда (импе­ративӣ, мартаботӣ) ва 2) усули танзими ғайримарказонидашуда (диспозитивӣ, мутобиқотӣ).

      Усули танзими марказонидашуда – дар асоси нишондодҳои императивӣ, ҳокимиятӣ, бо мақсади ҳимояи манфиатҳои умумииҷтимоӣ, дар асоси вобастагии мартаботии байни иштирокчиёни муносибатҳои танзимшаванда мегузарад. Тавассути ин усул муносибатҳое танзим мегарданд, ки иштирокчиёни онҳо алоқаи мартаботӣ дошта, як тараф тобеи тарафи дигар аст. Ин қабил муносибатҳои танзимгашта – муносибатҳои ҳокимиятиву тобеият мебошанд. Ин усул дар соҳаҳои ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ, ҷиноӣ истифода мешавад.

      Усули танзими аксулмарказ ба мутобиқоти манфиатҳои иштирокчиёни муносибатҳои ҷамъиятӣ асос ёфта, мустақилияту ташаббускории онҳоро таъмин мекунад. Ин усул асоси муносибатҳои ҳуқуқӣ-гражданӣ аст.

Дар амалияи ҳуқуқӣ навъҳои танзими ҳуқуқӣ истифода мешаванд. Онҳо ба «иҷозатҳои умумӣ» ва «манъи умумӣ» асос меёбанд. Вақто ки қонун иҷрои ягон амалиётро иҷозат дода, дар баробари ин аз доираи татбиқи он рафторҳои муайянро соқит мекунад, иҷозати умумӣ пайдо мешавад. Масалан, шахс ҳақ дорад соҳиби моликият (аз он ҷумла хусусӣ) бошад, вале ғайр аз сарватҳои зеризаминӣ, ки моликияти истисноии давлат мебошанд. Қоидаи «иҷозати умумӣ» (яъне умумӣ барои ҳама ё ҳамаи ҳолатҳои ҳаётӣ, вале ба ғайр аз истисноҳо) дар принсипи: «ҳама чиз иҷозат аст, ғайр аз дар қонун манъшуда» ифода меёбад. Масалан, шаҳрвандон метавонанд байни худ шартномаҳои гражданӣ банданд, ғайр аз он шартномаҳое, ки қонун манъ мекунад. Қоидаи «манъи умумӣ» низ ҳамин тавр пайдо мешавад. Қонун ягон амалиётро манъ мекунад ва дар айни замон аз ин қоидаи умумӣ истисно пешбинӣ мекунад. Масалан, гирифта гаштани яроқ барои шаҳрвандон манъ аст, ба истиснои шахсони алоҳида, ки доштани яроқро ба онҳо қонун иҷозат додааст (кормандони милиса ва ғ.).

Дар асоси қоидаҳои иҷозати умумӣ ва манъи умумӣ, таносуби онҳо – ду навъи танзими ҳуқуқӣ истифода мешаванд: 1) танзими умумиҷоизӣ ва 2) танзими иҷозатдиҳанда.

      Танзими умумиҷоизӣ ба қоидаи умумӣ ва принсипи: «ҳамаи чиз ҷоиз аст, ғайр аз дар қонун манъшуда» асос меёбад. Мувофиқи он шахс ҳуқуқ дорад ҳамаи амалиётҳоро иҷро намояд, ба истиснои ҳаракатҳои манъкардаи қонун. Ин навъи танзим худуди амалиётҳои ҷоизро муқаррар намекунад (ҳама чиз мумкин аст), вале номгӯи ҳаракатҳои манъшуда аниқ мебошанд. Танзими умумиҷоизӣ бо озодии иҷтимоӣ алоқаманд буда, барои ривоҷи ғайратнокӣ, мустақилият, ташаббускории одамон мусоидат мекунад. Он бештар хоси муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ аст. Ба ибораи дигар, асоси танзими соҳаҳои ҳуқуқи хусусӣ аст.

      Навъи танзими иҷозавӣ ба қоидаи манъи умумӣ ва принсипи «ҳама чиз манъ аст, ғайр аз бо қонун иҷозатдодашуда» асос меёбад. Дар ин маврид шахс танҳо он ҳаракатҳоеро иҷро мекунад, ки дар қонун иҷозат дода шудаанд. Масалан, мувофиқи қонунгузории меҳнат изофакорӣ манъ аст (чун қоидаи умумӣ), вале ба истиснои ҳолатҳои пешбиникардаи (иҷозатдодаи) қонун. Ин навъи танзим бо мақсади таъмини тартибу муташаккилӣ дар ҷомеа, барои танзими фаъолияти мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, дар як ҳудуди аниқу қатъӣ нигоҳ доштани функсияҳои ҳокимиятӣ истифода мешавад. Он ягона навъи танзими ҳуқуқӣ дар соҳаи ҷавобгарии ҳуқуқӣ буда, ваколатҳои мақомоти давлатиро дар ин соҳа аниқ мекунад.

Маҷмӯи тарзу усулҳо ва навъҳои танзими ҳуқуқӣ режими танзими ҳуқуқиро ташкил медиҳанд.

Ғайр аз унсурҳои номбаршудаи режими умумиҳуқуқӣ боз унсурҳои дигар ҳастанд, ки ба таркиби режими танзими соҳавӣ дохил мешаванд. Инҳо: 1) воситаҳои махсуси (соҳавии) танзимӣ ва 2) принсипу нуқтаҳои умумии ин ва ё он соҳа мебошанд. Масалан, дар ҳуқуқи меҳнат шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ – воситаи соҳавии танзим ва интизоми меҳнат – принсипи авва­линдараҷа мебошанд, дар ҳуқуқи ҷиноӣ, мувофиқан, ҷазо ва ғ.

 

18.3.  Механизми  танзими  ҳуқуқӣ

 

Механизми танзими ҳуқуқӣ гуфта маҷмӯи (низоми) воситаҳои ҳуқуқиро меноманд, ки бо ёрии онҳо танзими ҳуқуқӣ амалӣ мегардад.

Механизми танзими ҳуқуқӣ аз унсурҳои зерин иборат аст: меъёрҳои ҳуқуқ, ҳолатҳои воқеии ҳуқуқӣ, санадҳои татбиқи ҳуқуқ, муносибатҳои ҳуқуқӣ, санадҳои амаликунии ҳуқуқу вазифаҳо. Ҳар як унсури зикргашта дар танзими ҳуқуқӣ нақши муайянро мебозад. Меъёрҳои ҳуқуқ нусхаи умумии рафтори одамонро муайян мекунанд. Дар асоси ҳолатҳои воқеии ҳуқуқӣ ва санадҳои татбиқи ҳуқуқ муносибатҳои ҳуқуқӣ пайдо мешаванд. Тавассути муносибатҳои ҳуқуқӣ нусхаи умумии рафтор ба ҳаракати қонунии субектони ҳуқуқ табдил ёфта, дар ҳаёти воқеӣ ҷорӣ мешавад. Ба ибораи дигар, дар ҷараёни танзими ҳуқуқӣ бо ёрии унсурҳои номбаршуда ҳуқуқи дар қонунҳо аксшуда ба ҳуқуқи воқеӣ табдил меёбад.

Ҳар як унсури механизми танзими ҳуқуқӣ мустақилияти ҳуқуқии худро дорад ва вазифаҳои алоҳидаро иҷро мекунад. Меъёрҳои ҳуқуқ – нусхаҳои умумии рафтори одамонро муқаррар мекунанд. Онҳо (масалан меъёрҳои Конститутсия, қонунҳо) на нисбати шахсони муайян ё ҳолатҳои мушаххаси ҳаёт, балки умуман одамон ва муносибатҳои ҷамъиятӣ, доираи васеи шаҳрвандон, як ё чандин соҳаҳои ҳаёт паҳн мешаванд. Ҳолатҳои воқеии ҳуқуқӣ – ҳолатҳои ҳаётии дар қонунҳо пешбинишуда мебошанд, ки асоси пайдоиш, тағйирот ва қатъи муносибатҳои ҳуқуқӣ мешаванд (ба монанди, заминларза, обхезӣ, ҳаракатҳои қонунӣ, кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ). Вобаста ба, масалан, ҷиноят, муносибатҳои ҳуқуқии ҷиноӣ пайдо шуда, меъёрҳои дар Кодекси ҷиноятӣ пешбинигашта нисбати шахси муайян (ҷинояткор) татбиқ мешаванд, яъне мушаххас мегарданд. Санадҳои татбиқи ҳуқуқ – санадҳои ҳуқуқии фардӣ мебошанд, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ашхоси мансабдор қабул мешаванд. Онҳо низ асоси пайдоиш, тағйир ва қатъи муносибатҳои ҳуқуқӣ мешаванд, меъёрҳои умумии ҳуқуқро нисбати шахсони муайян ва ҳолатҳои ҷудогонаи ҳаёт мушаххас мегардонанд. Дар асоси ҳолатҳои воқеии ҳуқуқӣ ва санадҳои татбиқи ҳуқуқ муносибатҳои ҳуқуқӣ пайдо мешаванд, ки тавассути онҳо рафтори умумии дар меъёрҳои қонун инъикосшуда ба рафтори мушаххасу фардии иштирокчиёни муносибатҳои ҳуқуқӣ табдил меёбад. Амаликунии ҳуқуқ – ин рафтори субектони ҳуқуқ аст, ки дар натиҷаи он нишондодҳои ҳуқуқ таҷассуми воқеӣ мегарданд (дар шакли истифодаи ҳуқуқҳои зеҳнӣ, риояи меъёрҳо, иҷрои вазифаҳо).

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *