Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Равияҳои афкори ҳуқуқии ҷаҳони муосир

4.1.  Ҳуқуқ чун объекти таҳлилҳои арзишӣ

       Ҳуқуқ омили муҳими ҳаёти иҷтимоӣ буда, обекти таҳлили назарияҳои мухталиф гардидааст. Атрофи он баҳсу мунозираҳои зиёд ҷой доштанд ва мавҷуданд. Дар таърихи афкори ҷамъият нисбати ҳуқуқ ду нигориши асосӣ мушоҳида мешавад, ки вобаста ба онҳо ду равия ташаккул меёбад. Якумин ҳуқуқро ҳамчун неъмати ғаниии ҷамъият, омили муҳимтарини пешрафти ҷамъият, дуюмин бошад, баръакс, онро чун ҳодисаи дуюминдарҷа ё нолозим мешуморад. Нигориши якумро ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ ва дуюминро нигилизми ҳуқуқӣ меноманд.

Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ аз ду назарияи асосӣ иборат аст, ки дар Аврупои давраи инқилобҳои буржуазӣ пайдо шудаанд. Якум, назарияи ҳуқуқҳои фитрии инсон ва, дуюм назарияи шартномаи ҷамъиятӣ. Мувофиқи назарияи аввала инсон дорои ҳуқуқҳоест, ки мазмуни фитрӣ доранд, аз табиати одам бармеояд, ба монанди, ҳуқуқ ба моликият, дахлнопазирии шахсият, озодии матбуот ва ғ. Назарияи дуюмин давлатро маҳсули шартномаи ҷамъиятии байни одамон эълон карда, онро чун маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳо таҳлил мекунад ва ба фаъолияти худсаронаи ҳокимияти мутлақ хотима мегузорад.

Ҷаҳонбинии ҳуқуқӣ назарияи ҳуқуқи фитрӣ ва позитивиро пешниҳод кардааст, ки асоси онро ақидаи тафовути ҳуқуқ ва қонун ташкил медиҳад. Назарияҳои либералии давлат низ пешкаш мешаванд, ки дахолати давлатро ба ҳаёти иқтисодӣ инкор карда, ҳуқуқро воситаи инкишофи соҳибкорӣ ва моликият, танзими муносибатҳои бозоргонӣ меҳисобанд. Ақидаҳои мазмуни фитрӣ доштаи ҳуқуқу озодиҳо, дахлнопазирӣ ва аҳамияти аввалиндараҷаи онҳо, бартарии ҳуқуқ нисбати давлат, давлати ҳуқуқӣ, афзалияти ҳуқуқи байналхалқӣ нисбат ба ҳуқуқи дохилидавлатӣ эълон мешаванд.

Нигилизми ҳуқуқӣ нақши ҳуқуқро дар ҳаёти ҷамъият паст ё тамоман инкор мекунад. Он якчанд маъно дорад. Якум, яке аз намудҳои муносибат нисбати ҳуқуқ буда, ақидаҳои муайянро оиди ҳуқуқ пешбарӣ ва асоснок мекунад. Дуюм, яке аз шаклҳои мафкураи ҳуқуқии одамон аст, қи дар нобоварии онҳо нисбати қонун, нақши он дар дигаргунсозии ҷамъиятӣ, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зоҳир мегардад.

Нигилизми ҳуқуқӣ дар ду шакл ифода меёбад: 1) нигилизми ғайрифаъол ва 2) фаъол. Нигилизми ғайрифаъол аҳамият ва нақши ҳуқуқро дар пешрафти ҷамъият паст карда, онро омили дуюмдараҷаи ҳаёти инсон мешуморад. Нигилизми фаъол бошад ҳуқуқро тамоман инкор карда, қисми таркибии ҷараёни анархизм аст. Анархизм равияи афкори сиёсиву ҳуқуқӣ ва ҳаракати ҷамъиятӣ аст, ки асри XIX дар Аврупо пайдо шудааст. Асосгузорони он М. Штирнер, Ж. Прудон, М.А. Бакунин буданд. Анархистон давлат ва ҳуқуқро икор карда, тарафдори бунёди ҷамъияти озоди либералӣ буданд, ки он озодии мутлақи шахсро таъмин мекунад.

4.2.  Равияҳои ҳуқуқӣ

 

Дар афкори муосири ҳуқуқӣ якчанд равияҳо инкишоф меёбанд: фалсафаи ҳуқуқ, позитивизми ҳуқуқӣ, сотсиологияи ҳуқуқӣ. Асоси пайдоиши онҳо як масъала гардиааст, – таносуби ҳуқуқ ва қонун. Фалсафаи ҳуқуқ ин ду мафҳумро аз ҳам ҷудо карда, ҳуқуқи фитрӣ ва ҳуқуқи позитивиро эътироф мекунад. Яъне ғайр аз қонунҳои муқарраркардаи давлат ҳуқуқи ғайридавлатӣ амал мекунад, ки мазмуни фитрӣ дорад. Бояд гуфт, ки ақидаи тафовути ҳуқуқи фитрӣ ва позитивӣ ҳанӯз дар ҷамъиятҳои юнонӣ маълум буд. Чунончи, Арасту ҳуқуқи шартӣ (ҳуқуқи барои ҳамаи давлатҳо ва ҳама вақт ҳатмӣ) ва иродавиро (ҳуқуқи дохилидавлатӣ) аз ҳам ҷудо карда буд. Ин ақида дар ҳамаи давраҳои инкишофи афкори ҳуқуқӣ ҷой дошт.

Позитивизми ҳуқуқӣ мафҳумҳои ҳуқуқ ва қонунро ҷудо намекунад. Дар давлат танҳо ҳуқуқи дохилидавлатӣ (дар шакли қонунҳои муқарраркардаи ҳокимияти сиёсӣ) амал мекунад. Ин ҷараён асри XIX дар Аврупо пайдо шудааст. Асоси онро усули позитивии таҳлили давлат ва ҳуқуқ ташкил додааст, ки асри XIX ҷои усули метафизикиро мегирад. Асосгузори позитивизм мутафаккири Франсия Огюст Конт буд.

Позитивизми асри XIX дар ду шакл инкишоф ёфтааст. Якӯм, позитивизми ҳуқуқӣ ва, дуюм, позитивизми сотсиологӣ.

Позитивизми ҳуқуқӣ ҳуқуқро чун маҳсули эҷодиёти давлат таҳлил карда, онро маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқии аз ҷониби давлат муқаррар шуда меномад. Қисми таркибии позитивизми ҳуқуқӣ мафҳуми ҳуқуқии давлат мегардад, ки аз ақидаҳои бартарии ҳуқуқ нисбати давлат, сарварии ҳуқуқ, ҳукмронии ҳуқуқ, давлати ҳуқуқӣ иборат буд.

Агар позитивизми ҳуқуқӣ ҳуқуқро ҳамчун ҳодисаи мухтор омӯзад, пас позтивизми сотсиологӣ онро дар алоқамандӣ бо дигар ҳодисаҳои иҷтимоӣ меомӯзад. Позитивизми сотсиологӣ дар шакли сотсиологияи ҳуқуқии психологӣ ва сотсилогияи биологӣ баромад карда, дар дохили он назарияҳои органикӣ, психологӣ ва ғ., ташаккул ёфтаанд. Мафҳумҳои юридикӣ ва иҷтимоии ҳуқуқ пешниҳод мешаванд. Вобаста ба онҳо ҳуқуқ чун маҷмӯи меъёрҳои муқарраркардаи давлат ва ё ҳамчун маҷмӯи манфиатҳои инсонӣ баромад мекунад.

Дар нимаи якуми асри XX доираи позитивизми ҳуқуқӣ торафт маҳдудтар мегардад. Позитивизми ҳуқуқии асри XX асосан дар шакли меъёрият (нормативизм) инкишоф меёбад. Асосгузори он Г. Келзен аст, ки дар асараш «Назарияи софи ҳуқуқ» дарҷ гардидааст. Позитивизми сотсиологӣ бошад асоси пайдоишу инкишофи сотсиологияи муосири ҳуқуқ мегардад.

Сотсиологияи ҳуқуқӣ дар нимаи аввали асри XX ташаккул ёфта, имрӯз ҷараёни васеъ паҳн шудаи ҳуқуқи муосир аст. Асоси онро мактаби «ҳуқуқи озод» ташкил додааст, ки намояндагони позитивизми сотсиологӣ, ҳуқуқи фитрӣ ва қисман нормативизмро муттаҳид кардааст.

4.3.  Фалсафаи ҳуқуқ

Фаласафаи ҳуқуқ ҷараёни анъанавии афкори ҳуқуқӣ буда, таърихи ғанӣ дорад. Ақидаҳои асосии фалсафаи ҳуқуқ дар ҷамъиятҳои қадим пайдо шуда то замони мо омада расидаанд. Дар асоси онҳо назарияҳои мухталиф инкишоф ёфтаанд. Ақидаи марказии фалсафаи ҳуқуқ таносуби ҳуқуқи фитрӣ ва позитивӣ буда, маркази таваҷҷӯҳи бештари мутафаккирон қарор гирифтааст. Дар асоси он назарияи ҳуқуқи фитрӣ инкишоф ёфтааст, ки ақидаи асосиаш тафовути ҳуқуқ ва қонун ҳисоб мешавад.

Усули арзишии таҳлили ҳуқуқ масъалаи асосии фалсафаи муосири ҳуқуқ аст. Яъне, агар позитивизми ҳуқуқӣ масъалаи арзиши иҷтимоии ҳуқуқро дуюминдараҷа шуморад, пас дар фалсафаи ҳуқуқ он дар мадди аввал меистад. Нақши пешбарандаи омилҳои моддӣ нисбати ҳуқуқ инкор карда мешавад. Асос ва сарчашмаи ҳуқуқро ақидаҳо, принсипҳо, арзишҳо, табиати ин ё он чиз (масалан, табиати инсон) ташкил медиҳанд.

Ҳуқуқи фитрӣ новобаста аз давлат ва ҳатто то давлат ҷой дорад. Давлат онро на муқаррар, балки эътироф ва қонунан мустаҳкам мекунад. Ҳуқуқи фитрӣ аз маҷмӯи ақидаву принсипҳои адолат, озодӣ, баробарӣ ва ғайра иборат буда, новобаста аз давлат амал мекунад. Қонунгузорӣ як қисми ҳуқуқи фитриро инъикос мекунад. Қисми дигараш дар шакли принсипҳо, шуури ҳуқуқӣ ва дигар ҳодисаҳои ҳуқуқӣ ҷой дорад.

Қисми таркибии ҳуқуқи фитрӣ консепсияи ҳуқуқҳои фитрии инсон аст. Ҳуқуқи фитрӣ чун маҷмӯи ҳуқуқу озодиҳо низ маънидод мешавад. Ба ибораи дигар, проблемаи ҳуқуқҳои инсон қисми марказии фалсафаи ҳуқуқ аст. Ин ҳуқуқу озодиҳо фитрӣ эълон мешаванд. Онҳо ба инсон аз лаҳзаи таваллуд мансубанд. Ҳуқуқ ба озодӣ, ҳаёт, шароитҳои хуби зиндагӣ, моликият, ҳимояи ҳаёт, ҳифзи соломатӣ аз тарафи ҷамъияту давлат аз ҷумлаи ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон ва шаҳрванданд. Мазмуни фитрии ҳуқуқу озодиҳо дар моддаи 5 Конститутсияи Тоҷикистон низ мустаҳкам шудааст.

Фалсафаи ҳуқуқ мафҳумҳои ҳуқуқ ва қонунро ҷудо мекунад. Ақидаи волоияти қонуни ҳуқуқӣ пешниҳод мешавад, ки мувофиқи он на ҳама гуна қонунро ҳуқуқӣ номидан мумкин аст. Қонунҳое, ки ба принсипу талаботҳои ҳуқуқу фитрӣ мухолифанд, ҳуқуқу озодиҳои инсонро маҳдуду поймол мекунанд, қонун нестанд ва набояд татбиқ гарданд. Дар моддаи 14-ми Конститутсияи Тоҷикистон қайд шудааст, ки маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ равост. Ҳатто дар мавриди эълон шудани вазъияти фавқулодда ҳуқуқу озодиҳои дар моддаҳои 16, 17, 18, 19, 20, 22, 25, 28-и Конститутсия эълоншуда, маҳдуд карда намешаванд1.

 

4.4.  Позитивизми ҳуқуқӣ

 

Позитивизм тафовути ҳуқуқи фитрӣ ва позитивиро инкор мекунад. Ягона ҳуқуқи амалкунанда ин ҳуқуқи аз тарафи давлат муқарраршуда аст. Ҳуқуқ дар шакли меъёрҳои ҳуқуқӣ вуҷуд дорад, ки онҳоро давлат мукаррар ва таъмин мекунад.

Масъалаи тафовути ҳуқуқ ва қонун низ истисно мешавад. Агар аз нигоҳи ҳуқуқи фитрӣ қонунҳои беадолат ҳуқуқ набошанд, пас принсипи асосии позитивизм чунин ифода меёбад: «ҳама гуна қонун, қонун аст». Вобаста ба ин, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ масъалаи марказии равияи позитивӣ аст.

Ҳама гуна мафҳумҳои фалсафавӣ ва ахлоқии ҳуқуқ рад карда мешаванд. Ҳуқуқ чун маҷмӯи меъёрҳои юридикӣ маънидод мешавад. Алоқамандии он бо ҳодисаҳои иҷтимоӣ ба назар гирифта намешавад. Ҳуқуқ танҳо ба сифати соф ҳодисаи ҳуқуқӣ омӯхта мешавад. Мафҳумҳои ҳуқуқ чун меъёри озодӣ, иродаи озод ва ғайра инкор мегарданд. Танҳо мафҳуми шаклии ҳуқуқ эътироф мешавад.

Агар дар фалсафаи ҳуқуқ ҳуқуқу озодиҳо нисбат ба қонунгузории давлат пешбаранда бошанд, пас позитивистон онҳоро маҳсули қонунэҷодкунии давлатӣ мешуморанд. Ҳуқуқу озодиҳоро давлат тавассути қабули қонунҳо муқаррар мекунад. Бинобар он, нақши муҳими қонун дар ҷамъият, аҳамияти ҳуқуқэҷодкунии давлатӣ махсус таъкид мешавад.

Усули асосии позитивизми ҳуқуқӣ меъёрӣ (шаклӣ догматикӣ) буда, на танҳо нисбати ҳуқуқ, балки барои таҳлили давлат низ истифода мешавад. Давлат ташкилоти ҳуқуқӣ, шахси ҳуқуқӣ маънидод мешавад. Яъне, аз як тараф, ҳуқуқ маҳсули давлат буда, аз тарафи дигар, худи давлат низ ҳодисаи ҳуқуқӣ аст. Дар доираи позитивизми ҳуқуқӣ ақидаҳои ҳукумронии ҳуқуқ, давлати ҳуқуқӣ ва ғайра пешбарӣ шудаанд.

Дар асри XX дар қатори назарияҳои ҳуқуқи фитрӣ ва сотсиологӣ равияи позитивизми нав (неопозитивизм) инкишоф меёбад. Он асосан дар ду шакли асосӣ паҳн мешавад. Яке назарияи «ҳуқуқи соф» аст, ки аз ҷониби файласуфи австриягии ҳуқуқ Г. Келзен (1881–1973) пешниҳод шудааст. Дигаре назарияи меъёрияти (нормативизми) ҳуқуқӣ мебошад, ки дар ИҶШС ривоҷ ёфтааст. Назарияи Г. Келзен ду вазифаи асосӣ дорад: 1) пурра озод кардани илми ҳуқуқӣ аз мафҳумҳои идеологӣ (мафкураи давлатӣ) ва арзишии ҳуқуқӣ ва 2) омӯзиши ҳуқуқ бидуни усули сотсиологӣ, танҳо тавассути усули шаклӣ-мантиқӣ (ё нормативӣ-догмавӣ). Қисмҳои таркибии ин назария ақидаи «низоми бисёрзинаи сарчашмаҳои ҳуқуқ» ва консепсияи «динамикаи (инкишофи) ҳуқуқ» мебошанд. Дар асоси онҳо сарчашмаҳои ҳуқуқ ба се зина ҷудо мешаванд: 1) конститутсия, 2) қонунҳо, 3) санадҳои фардии мақомоти судӣ ва идоракунӣ. Инкишофи ҳуқуқ чун ҷараёни мушаххасгардии ҳуқуқ, табдили меъёрҳои умумӣ (Конститутсия ва қонунҳо) ба фардӣ (қарорҳои судӣ ва маъмурӣ) маънидод мешавад.

Назарияи «меъёрияти ҳуқуқӣ» дар илми ҳуқуқии советӣ инкишоф ёфтааст (аз солҳои 30-м то ибтидои солҳои 90-м, яъне парокандашавии ИҶШС). Он ҳуқуқи фитриро, тафовути ҳуқуқ ва қонунро эътироф намекунад. Танҳо фаҳмиши маҳдуди (меъёрии) ҳуқуқ эътироф мешавад, ки ҳуқуқро аз маҷмӯи танҳо меъёрҳои ҳуқуқӣ иборат медонад1. Ҳуқуқ маҳсули давлат ҳисоб шуда, давлат кафили он баромад мекунад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон мазмуни давлатӣ гирифта, афзалияти давлат нисбати ҳуқуқ (ҳамчунон дар тамоми ҷамъият, кулли ҷабҳаҳои ҳаёт) эътироф гардида, шахс тобеи беандозаи ҳокимияти сиёсӣ ва ҳуқуқу озодиҳояш пурра аз давлат вобаста буданд. Фарқи он аз назарияи позитивии Г. Келзен дар он аст, ки агар асоси ҳуқуқро аз нигоҳи ҳуқуқшиноси Австрия «меъёри асосӣ» ташкил диҳад, пас нақши онро дар назарияи меъёрӣ иродаи синф мебозад. Агар назарияи «софи» ҳуқуқ аз мафкураи давлатӣ озод бошад, пас «меъёрияти советӣ», баръакс, мазмуни мафкуравӣ дошта, дар ҳудуди мафкураи давлатии марксистӣ-ленинӣ дар асоси принсипи «ҳизбият» ва нишондодҳои роҳбарикунандаи ҳизби коммунистӣ инкишоф ёфта буд. Дар назарияи позитивии ҳуқуқ (ҳам назарияи Г. Келзен ва ҳам «меъёрияти советӣ») нақши асосиро усули шакли ҳуқуқӣ мебозад, қи дар натиҷа таҳлили техникаи ҳуқуқӣ, сохти меъёрҳои ҳуқуқӣ, тафсир ва татбиқи ҳуқуқ ва, алалхусус, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ба мадди аввал мебароянд. Мустаҳкам кардани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар позитивизми ҳуқуқӣ масъалаи муҳими назариявӣ ва амалӣ аст. Бо назардошти мавзӯи тадқиқи илмӣ ин равияро ҳамчунон «ҳуқуқшиносии аналитикӣ» низ меноманд.

4.5.  Сотсиологияи ҳуқуқӣ

 

Сотсиологияи ҳуқуқӣ дар ибтидои асри XX дар Аврупо пайдо шудааст. Дар ибтидо он дар шакли ҷараёни «ҳуқуқи озод» инкишоф меёбад, ки баъзе намояндагони ҳуқуқи фитрӣ ва нормативиро  низ дар бар мегирифт. Яке аз асосгузорони равияи мазкур Е. Эрлих (1862–1922) буд, ки китобаш «Асосҳои сотсиологияи ҳуқуқ» назарияи «ҳуқуқи зиндаи ташкилотҳоро» пешбарӣ кардааст. Ақидаҳои асосии он плюрализми ҳуқуқӣ ва озодии ҳуқуқэҷодкунии судиву маъмурӣ мебошанд.

Аз нигоҳи Е. Эрлих, сотсиологияи ҳуқуқӣ ҳуқуқро дар алоқамандӣ бо ҳодисаҳои иҷтимоӣ меомӯзад. Байни ҳуқуқи дар қонунҳо инъикосшуда ва ҳуқуқи «зинда» (яъне воқеӣ) тафовути ҷиддӣ ҷой дорад. Ҳуқуқи «зинда» тартиботи дохилии ташкилотҳои инсонӣ аст, ба монанди, давлат, оила ва ғ. Ин ақида боиси пайдоиши назарияи «плюрализми ҳуқуқӣ» гардид, қи мувофиқи он ҳар як ташкилот, завод, бонк, иттифоқи касаба ҳуқуқи худро дорад ва он мустақилона, бе давлат эҷод мегардад.

Дар баробари ҳуқуқи «зинда», ҳуқуқи расмӣ ҷой дорад, ки дар қонуну кодексҳо навишта шудааст. Меъёрҳои қонун он вақте ҳуқуқи воқеӣ мегарданд, ки агар дар амал татбиқ шаванд. Ҷараёни гузариш аз ҳуқуқи «зинда» ба расмӣ тӯлонӣ ва мураккаб аст. Тартиб додани қонунҳо ва кодификатсия зинаҳои охирини инкишофи ҳуқуқанд. Пеш аз онҳо «ҳуқуқи ҳуқуқшиносон» пайдо мешавад, ки дар қарору амсоли ҳуқуқӣ ифода меёбад. Ҳуқуқшиносон ҳуқуқи дар амалия тавлидгаштаро ҷустуҷӯ ва муайян мекунанд. Сипас қонунгузор онҳоро инъикос мекунад. Ба ибораи дигар, аз нигоҳи сотсиологияи ҳуқуқӣ давлат ҳуқуқро ба вуҷуд намеорад. Ҳуқуқ дар ҷараёни амалияи ҷамъиятӣ пайдо шуда, давлат онро танҳо ба расмият медарорад.

Дар нимаи дуюми асри XX сотсиологияи ҳуқуқӣ дар ШМА бештар паҳн гардида, дар ду ҷараён шакл гирифтааст: мактаби гарвардии ҳуқуқ бо сардории Р. Паунд (1870–1964) ва воқеанигорон бо сарварии К. Ллевеллин (1893–1962), Д. Фрэнк (1889–1957). Аз нигоҳи Р. Паунд ҳуқуқ воситаи таъмини созиши иҷтимоӣ аст. Шахсоне, ки ҳуқуқро татбиқ мекунанд, ба ном «инженерҳоянд», қи ягонагии манфиатҳои иҷтимоиро таъмин месозанд. Се мафҳуми ҳуқуқ пешниҳод мешавад: 1) ҳуқуқ чун тартиботи ҳуқуқӣ; 2) ҳуқуқ ҳамчун маҷмӯи ҳамаи нишондодҳои юридикӣ (қоидаву меъёрҳо); 3) ҳуқуқ ҳамчун амалияи судӣ ва маъмурӣ, адолати судӣ.

Воқеанигорон бошанд ҳуқуқи «китобӣ» ва ҳуқуқи «воқеиро» муқобил мегузоранд. Қонуну амсоли судӣ ҳоло ҳуқуқ нестанд. Ҳуқуқ на қоида, балки қарор аст. Азбаски ҳаёт мушаххасу тағйирёбанда аст, суд дар ҳар як лаҳзаи ҳалли баҳси ҳуқуқӣ ҳуқуқи нав муқаррар мекунад.

Ҳамин тариқ, сотсиологияи ҳуқуқӣ ҳуқуқро на танҳо чун ҳодисаи ҳуқуқӣ, балки иҷтимоӣ низ меомӯзад. Алоқамандии ҳуқуқ бо дигар ҳодисаҳои иҷтимоӣ эътироф мегардад. Давлат ҳуқуқро эҷод накарда, балки ҳуқуқи дар ҷамъият тавлидгаштаро инъикос мекунад. Ҳуқуқ танҳо аз меъёрҳои ҳуқуқӣ иборат набуда, тамоми муносибатҳои ҳуқуқии дар ҷамъият ҷойдоштаро фаро мегирад. Мафҳуми васеи ҳуқуқ пешниҳод мешавад. Мафҳумҳои марказии сотсиологияи ҳуқуқӣ плюрализми (гуногунии) ҳуқуқӣ ва озодии ҳуқуқэҷодкунии судӣ ҳисоб мешаванд.

Бояд хотирнишон сохт, ки дар илми муосири ҳуқуқ мафҳуми  «сотсиологияи  ҳуқуқ»  ба  ду  маъно истифода мешавад: 1) сотсиологияи назариявии ҳуқуқ чун яке аз равияҳои ҳуқуқи муосир ва 2) сотсиологияи амалии ҳуқуқ чун усули таҳлили ҳодисаҳои ҳуқуқӣ. Сотсиологияи амалӣ усулҳои мушаххаси сотсиологиро барои омӯзиши воқеъияти ҳуқуқӣ дар назар дорад. Дар натиҷаи татбиқи онҳо солҳои охир як қатор тамоилҳои нави сотсиологияи амалӣ ташаккул ёфта истодаанд, ба монанди, сотсиологияи қонунгузорӣ, сотсиологияи судӣ ва ғ.

 

1 Ниг.: Конситутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон, моддаҳои 14 ва 47.

1 Бояд гуфт, ки охирҳои солҳои 50 – аввалҳои солҳои 60 дар илми ҳуқуқии советӣ фаҳмиши васеи ҳуқуқ низ ҷой дошт ва он ба муносибатҳои ҳуқуқӣ паҳн мешуд. Як қисми олимон тарафдори ривоҷи фаҳмиши васеи ҳуқуқ буданд (С.С. Алексеев, В.С. Нерсесянс, Л.С. Явич ва диг.).

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *