Фанни Ҳуқуқи инсон

Хазинаи СММ барои рушд ба манфиатҳои занон (юнифем)

  1. Таърихи таъсисёбӣ ва самтҳои асосии фаъолияти ЮНИФЕМ

Дар тамоми ҷаҳон занон ва духтарон аз навъҳои гуногуни табъиз танҳо ба он сабаб, ки ба ҷинси зан тааллуқ доранд, азият мекашанд. Инҳо метавонанд зӯроварӣ, вобастагии иқтисодӣ, имконнопазирии манзур сохтани манфиатҳои худ дар арсаи сиёсӣ ва ғайра бошанд. Табъиз нисбат ба занон дар ҳамаи табақаҳои ҷамъият, сарфи назар аз мақоми иҷтимоӣ, миллат, синну сол, фарҳанг ва дар ҳамаи мамлакатҳо ба амал меояд. Ва ЮНИФЕМ — Хазинаи СММ барои рушд ба манфиатҳои занон маҳз бо мақсади тағйир додани вазъияти мавҷуда таъсис ёфт.

Хазина бо резолютсияи Ассамблеяи Генералии СММ соли 1976 ташкил шудааст. Бо ташаббуси таъсиси он ташкилотҳои занон ва иштирокдорони нахустин Конфронси умумиҷаҳонии СММ оид ба вазъияти занон (соли 1975) баромад карданд. Дар зарфи 30 соли охир фаҳмиши он ки решакан кардани табъиз нисбат ба занон ба тадбирҳои нисбатан қатъие ниёз дорад, ба маротиб боло рафт, зеро масалан, истисмори шаҳвонии занон ва хариду фурӯши онҳо аллакай миқёси эпидемияро гирифтааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар силсилаи конфронсҳои СММ, ки дар солҳои навадуми асри гузашта барпо гардиданд, ӯҳдадориҳои худро оид ба қабули тадбирҳои ҷиддӣ бо мақсади барҳам додани табъиз ва зӯроварӣ нисбат ба занон зиёд кард.

Дар айни замон Хазина дастгирии молиявӣ ва техникии барномаҳои навоваронаи ба беҳтар кардани вазъияти занон ва баробарии гендерӣ (баробарҳуқуқии мардон ва занон) равонагардидаро ба амал мебарорад. Фаъолияти ЮНИФЕМ ҳаёти занон ва духтаронро дар беш аз 100 мамлакати ҷаҳон фаро мегирад. ЮНИФЕМ 14 намояндагии минтақавӣ ва дар Африка, давлатҳои араб, Осиё, мамлакатҳои минтақаи Уқёнуси Ором, Аврупои марказӣ ва шарқӣ, дар Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Америкаи лотинӣ ва мамлакатҳои минтақаи Кариб шабакаҳои мушовирон ва мутахассисон дар соҳаи гендер дорад. ЮНИФЕМ тамоми корҳои имконпазирро ба ҷо меорад, то садои занон дар СММ шунида шавад. Вай ба рӯзнома проблемаҳои аз ҳама шадидро бароварда, ба ҷонибдории ӯҳдадориҳои қабулшуда баҳри беҳтар кардани вазъияти занон дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баромад мекунад, ҳамкориҳо ва таъминоти мумайизӣ — техникии стратегияҳои ҷорӣ намудани муносибатҳои гендерӣ дар сиёсат ва вусъатбахшии имкониятҳои занонро дастгирӣ менамояд.

ЮНИФЕМ барои худ татбиқи ҳуқуқҳои занон ва таъмини амнияти онҳоро чун вазифаи муҳим муайян намуда, фаъолияташро баҳри иҷрои се ҳадафи стратегӣ муттаҳид месозад:

— Вусъатбахшии ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои занон;

— Қатъ кардани зӯроварӣ нисбат ба занон;

— Таъмини баробарии гендерӣ дар шароитҳои идоракунии демократӣ дар замони осоишта ва дар давраи барқарорсозиҳои баъдиҷангӣ.

ЮНИФЕМ Хазинаи занонаи Созмони Милали Муттаҳид мебошад, ки ба татбиқи барномаҳои навоваронаи ба ҳифзи ҳуқуқҳои занон, фаъолгардонии иштироки занон дар ҳаёти сиёсӣ ва мустақилияти иқтисодӣ нигаронидашуда кӯмакҳои молиявӣ ва техникӣ мерасонад.

ЮНИФЕМ барои муваффақшавӣ ба ҳадафҳои худ фаъолиятшаро дар ҳамаи минтақаҳои ҷаҳон дар ҳамкорӣ бо оҷонсиҳои СММ, ҳукуматҳо, созмонҳои ғайриҳукуматӣ оид ба масъалаҳои гуногун – аз бунёди сулҳ сар карда, то вусъат додани имкониятҳои иқтисодӣ – бо мақсади муваффақшавӣ ба баробарии гендерӣ амалӣ мегардонад. Хазина бо мақсади таҳия ва таъмини иҷрои қонунҳо ва гузаронидани сиёсати ба решакан кардани табъизи гендерӣ нигаронидашуда дар масъалаҳое чун ҳуқуқ ба замин ва мерос, ҳуқуқ ба кори сазовор ва решакан кардани ҳамаи шаклҳои зӯроварӣ нисбат ба занон бо мамлакатҳо ҳамкориҳо мекунад. Фаъолияти ЮНИФЕМ ҳамчунин ба тағйир додани муносибат ба баробарии гендерӣ ва ҳуқуқҳои занон дар сохторҳои давлатӣ, васеъ кардани ҳуқуқҳо ва имкониятҳои муҳофизони ҳуқуқҳои занон ва решакан сохтани ҳамаи шаклҳои зуҳури табъиз дар ҷомеа нигаронида шудааст.

Дар айни замон кори ЮНИФЕМ-ро ду ҳуҷҷати асосии байналмилалӣ- Платформаи Пекинии амалиёт, ки дар Конфронси чоруми умумиҷаҳонӣ оид ба вазъи занон (соли 1995) қабул карда шудааст ва Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон, ки ҳамчунин бо номи «Билл дар бораи ҳуқуқҳои занон» машҳур аст, муайян мекунанд. Рӯҳияи ин ҳуҷҷатҳо дар Эъломияи ҳазорсола ва ҳашт ҳадаф дар соҳаи рушд, ки ба даст овардани нишондиҳандаҳои гуногун – аз ҷумла то соли 2015 ду маротиба кам кардани миқёси қашшоқӣ, кам кардани гуруснагӣ, бемориҳо, бесаводӣ, нобаробарии гендерӣ ва қатъ гардондани тамоюли паҳншавии ВИЧ/СПИД-ро дар назар дорад, тасдиқ карда шудаанд. Ғайр аз ин резолютсияи Шӯрои амният 1325 (соли 2000) марбут ба занон, сулҳ ва амният ба дастгирии кӯшишҳои ЮНИФЕМ ҷиҳати расонидани кӯмак ба занон дар вазъиятҳои ҷанг ва баъдиҷангӣ даъват мекунад.

Зӯроварӣ нисбат ба занон, сарфи назар аз он ки сухан дар бораи истифодаи зӯроварӣ дар мамлакати худ, ғуломӣ дар хориҷа, ё амалҳои доимии зӯроварӣ дар минтақаҳои низоъ меравад, шакли аз ҳама зиёдтар паҳншудаи вайрон кардани ҳуқуқҳои инсон аст. Натиҷаи тадқиқот нишон медиҳад, ки дар ҷаҳон дар тӯли ҳаёт ҳар як зани сеюм мавриди лату кӯб қарор мегирад ё ба алоқаи ҷинсӣ маҷбур карда мешавад ва ё ба таҳқирҳои дигар дучор мегардад. Барои ислоҳи вазъият соли 1996 бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ дар заминаи ЮНИФЕМ баҳри дастгирии амалиёт ҷиҳати решакан сохтани зӯроварӣ нисбат ба занон, кӯмакрасонӣ бобати таҳияи стратегияҳои навтарини решакан кардани табъиз нисбат ба занон ҳамзамон дар ҳамаи шаклҳо ва дараҷаҳо, ки ба таҳкими ҷамоаҳои маҳаллӣ, ҳамчунин ба ҳамкорӣ ҷалб намудани мардон мусоидат мекунад, Хазинаи трастӣ таъсис дода шуд.

ЮНИФЕМ тавассути дастгирии ҳуқуқҳои занон ба замин ва мерос, вусъати дастрасии онҳо ба кори сазовор ва кӯмакрасонӣ баҳри қонунӣ гардонидани муҳоҷирини машғули кор чи дар мамлакатҳои таҳвилкунанда ва чи дар мамлакатҳои қабулкунанда бо таъмини амнияти иқтисодии занон машғул мешавад.

Мувофиқи маълумоти тадқиқотҳо занҳо чун пештара ба мақомоти роҳбарикунандаи миллӣ ва маҳаллӣ кам пешбарӣ мешаванд, ба ҳисоби миёна онҳо дар парлумонҳо фақат 15 фоизи ҷойҳоро ишғол мекунанд. Норасоии занҳо алалхусус ҳангоми бурдани гуфтушунидҳо оид ба масъалаҳои сулҳ ва барқарорсозиҳои баъдиҷангӣ баръало эҳсос мешавад. Ва ин дар ҳолест, ки ин проблемаҳо дар навбати аввал ба онҳо дахл доранд. Нақши занҳо махсусан дар вазъиятҳои баъдиҷангӣ, ҳангоми гузаронидани интихоботҳо, ташаккули сохторҳои қонунгузорӣ ва таҳияи конститутсияҳо басо муҳим аст. ЮНИФЕМ иштироки занҳоро дар равандҳои интихоботӣ ва конститутсионӣ фаъолона дастгирӣ мекунад.

ЮНИФЕМ ҳамчунин ба проблемаи ВИЧ/СПИД диққат медиҳад. Хазина бо мақсади таҳияи барномаҳо ва сиёсате, ки ба занҳо имконият медиҳанд, барои пешгирӣ ва табобати ин беморӣ тамоми ҳуқуқҳоро дошта бошанд, бо шӯроҳои миллии мубориза бо СПИД ва вазоратҳои нигаҳдории тандурустӣ ҳамкориҳо мекунад. ЮНИФЕМ занҳои гирифтори инфексияи ВИЧ-гаштаро дар кӯшишҳои онҳо баҳри дастрасӣ ба ҳуқуқҳояшон, ба ҳаёти озод аз доғдорӣ, табъиз ва зӯроварӣ, ба дастрасии озодона ба дорувориҳо ва имконияти бурдани тарзи солим ва шоистаи ҳаёт дастгирӣ менамояд.

2.Фаъолияти ЮНИФЕМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли 1998 дар қароргоҳи ЮНИФЕМ дар Нйу-Йорк бахши мамлакатҳои ИДМ ва Аврупои марказию шарқӣ ташкил гардид. Қароргоҳи минтақавии ЮНИФЕМ дар ИДМ кори худро соли 1999 дар се мамлакати Осиёи Марказӣ – Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон оғоз бахшид. Аз соли 2000 сар карда, вай фаъолияташро дар дигар мамлакатҳои аъзои ИДМ, минҷумла Тоҷикистон, давом дод.

Соли 2005 дар Тоҷикистон Директори шӯрои минтақавӣ оид ба гендер ва идоракунӣ таъин карда шуд.

Тибқи ваколати худ ЮНИФЕМ фаъолияти худро дар ИДМ дар се самти асосӣ вусъат медиҳад:

    • вусъатбахшии ҳуқуқҳои иқтисодӣ ва имкониятҳои занон – алалхусус дар қаринаи ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои нав;
    • дохил намудани дурнамои гендерӣ дар роҳбарии сиёсӣ ва пешоҳангӣ;
    • ҳифзи ҳуқуқҳои занон ва пешгирии зӯроварӣ нисбат ба занон.

ЮНИФЕМ дар фаъолияти худ дар Тоҷикистон диққатро дар навбати аввал ба масъалаҳои таъмини ҳуқуқҳои иқтисодии занон, пешгирии зӯровариҳои хонагӣ, ҷорӣ намудани муносибати гендерӣ дар стратегияи миллии рушд ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ, мубориза ва пешгирии ВИЧ/СПИД дар муҳити занон ва ғайра равона месозад.

Аз соли 2000 дар Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ЮНИФЕМ кӯшиши шомил сохтани принсипи гендерӣ ба ислоҳоти миллӣ ва қонунгузорӣ (масалан, қонун дар бораи зӯроварии оилавӣ, иловаҳо ба қонун дар бораи замин), таҳкими неруи ташкилот ва шабакаҳои занон (таҳияи механизмҳои ба роҳ мондани муколамаи байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат дар соҳаи ҳуқуқҳо ба замин, инкишофи ҷанбаи гендерии ВИЧ/СПИД, сохтори ҳуқуқии бизнеси хурд ва миёна) карда шуд.

ЮНИФЕМ дар доираи барномаи дарозмӯҳлати рушди Тоҷикистон ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ дар байни занон ва пешрафти татбиқи ҳуқуқҳои онҳо, алалхусус ҳуқуқ ба замин дар қаринаи ислоҳоти соли 1992 шурӯъшудаи замин, мекӯшад.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: Хазинаи занонаи СММ ЮНИФЕМ, баробарии гендерӣ, дурнамои гендерӣ.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *