Фанни Фархангшиноси

Маданияти элинистии Юнони қадим

Маданияти элинистии Юнони қадим

Давраи нав дар таърихи маданияти Юнон-ин дар Юнон хукмрон шудани македонихо ва ба Шарк; лашкар кашидани Искандари Македонй-писари Филиппи II мебошад. Дар натичаи лашкаркашиаш ба Шарк Искандар давлати бузургеро бунёд кард, ки масохдти он аз Дунай то Хднд аз Миср то Осиёк Миёнаро дар бар мегирифт. Ана хамин давраи лашкаркашихои Искандарро ба мамлакатхои гуногун, ки дар натичаи он маданияти Юнон бо маданиятхои дигар халку миллатхо омехта гашта нахн мешавад дар илми фархангшиносй «маданияти эллинистй» меноманд. Ин маданият баъд аз бархам хурдани империяи Искандар хам дар як катор давлатхои юнонй- македонй боки моыд. Монанди: давлати Искандарияи Миср, давлати Селевихо, давлати Юно­ну Бохтарихо дар Осиёи Миёна ва гайра. Дар давраи мустамли-какунонии Искандар шахрхои нав ба вучуд омаданд, ки дар садсолахои минбаъда чун марказхои мухими илмию фархангй амал мекарданд. Яке аз чунин марказхои мадании ин давра шахри Искандария дар Миср буд, ки маркази мадании «маданияти эллинистй» ба хдсоб мерафт. Дар инчо аввалин китобхонахо мусейхо ба вучуд омадаанд.

«Мусей»-ин харами олихахо (музы-дар асотирхои Юнон-олихахо, хомиёни саньат ва илмро мегуянд). Дар Мусеи Искан­дария расадхона барои мушохидахои чирмхои осмонй ва ки-тобхонаи бузурге вучуд дошт, ки дар он 700 хазор дастнависи дар папирус ва пергамент (пергамент-пусти нагз ошдодаи гусола ва барра аст, ки номашро аз номи шахри Пергамени Осиёи Хурд маркази истехсоли пусти пергамент гирифтааст) навишта туда мавчуд будаид.

Барои дар ин кигобхоиа хор кардан олимон аз гушаю ка-нори мамлакатхои гуногун меомаданд. Олимп забардаст Архимед барои дар ин китобхона кор кардан аз Сицилия ба Миср омада буд. Дар ин давра бахрнавардй таравдй мекунад. Байни дарёи Пил ва бахри Сурх канал каида шуд, Барои бо киштихо рохи бандарро нишон додан дар яке аз чазирахои дарёи Нил минно (башня)-и бахрии баландиаш 140 метра сохта шудааст.

Сохтумони шахрхои нав, бахрнавардй, техникаи харбй талаботро барои инкишофи илмхои математика, механика, астро­номия, география ва гайра зиёд намуд ва ин илмхо дар якчоягй бо дастовардхои илмии мардуми Шарк ва Юнон инкишоф ме-ёфтанд.

Олимони давраи эллинизм Евклид дар сохаи геометрия, Эротосфон ва Аристарх Самонский дар сохаи астрономия (Замин дар атрофии Офтоб чарх мезанад) инчунин дарозии соли офто-биро аник; мекунанд) ба дарачаи баланди илми расида буданд.

Астрономхо ва географхо хачми кураи заминро хеле аник; муайин намуданд, онхо комёбихои илмии мисриён ва бобулихои кадимро истифода бурда дарозии солро на факдт дар соат, балки то дак;иках,ояш муайян карданд, яъне донишхои илмии мутахидшудаи Гарб ва Шарк ба инкишофи минбаъдаи илм ёрй расонданд.

Омехташавии маданияти Гарбу Шарк; дар хамаи сохахои хаёт дида мешуд дар илм, забои, хат, дин, расму одату анъана, либоспушй, давлатдорй ва гайра.

Дар баъзе давлатхо хати Юнонй чорй шуд. Дар замони Юнону Бохтар хати кддимаи Бохтарй ба хати юнонй иваз карда шуд. Забони юнонй дар инчо забони давлатй буд.

Худи Искандари Македонй бошад сарулибоси ориёи пу-шида бо русуми ориёи дар дарбор кору зиндагониро чорй наму-да буд. Дар давраи эллинизм дар дини юнонй ях элементхои нави шаркй «Культ монархов» пайдо шуд, ки ин хоси шохони кадимаи мардуми Шарк буд. Ба ин таклид карда Искандар талаб менамуд, ки уро худо донанд ва ба пояш таъзим намоянд.

Системаи маълумотгирии давраи эллиниста чунин буд:

а) Дар мархилаи аввал ба хонандагон хондан,навиштан,
хисоб, гимнастика ва мусикй ёд дода мешуд.

б) Дар мархилаи дуюм — омухтани забонхо, илмхои риёзй,
астрономия, назарияи мусикй ва машедои спортй омузонда ме-
шуд.

в) дар мархилаи олии маълумотгирй фалсафа, илми нутк
кардан омузонида мешуд.

Агар системаи маълумотгирии давраи эллинистиро ба системаи маълумотгирии хозираи аксарияти давлату мамлакатхо мукоиса намоем (системаи мактабхои советй аз он чумла) мебинем, ки дар онхо фаркияти ночиз дида мешаваду халос, ки ин фаркиятхо низ бо мурури солхою асрхо ба вучуд омадааст.

Маданияти эллинистиро фархангишиносон ба 3 давра чудо намудаанд:

  1. Ташкил ёфтани империяи Искандари Македонй ва инки­шофи эллинизм (солхои 334-281)
  2. Давраи камолоти эллинизм солхои (280-то байни асрхои
  1. Давраи таназзули эллинизм (асри II то солхои 30-и то
    милод)

Хулоса аз замони гул-гул шукуфии маданияти Юнон кариб 2400 сол гузаштааст, вале он ба инкишофи минбаъдаи маданият дар тамоми чахон чунон таъсири бузург гузоштааст, ки ахамияти он то хол хис карда мешавад.

Аз он чумла системаи мактабхо, бозихои спорта, хати юнонй барои бисер алифбохо, аз чумла алифбои руси асос хисоб меёбад. Юнон ватани театр аст. Асархои нависандагони Юно­нй ба хамаи забонхои хозира тарчума шудааст. Иморатхо ва хайкалхои кадимаи юнонй намудхое буданд, ки меъморон ва хай-калтарошони минбаъде аз онхо таълим гирифтаанд. Бисер кали-махои юнонй ба забонхои хозираи дигар халкхою миллатхо дс-хил гардиданд,

Аз кабили «Школа», «Арифметика», «Театр», «Хор», «Тра­гедия» «Комедия», «История» ва г,

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Як шарҳ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *