Фанни Фархангшиноси

Алоқаи байни   фарҳангҳо  чун   фанни  таълимӣ

Аз аввали пайдоиши худ алоқаи байнифарҳангҳо чун як фанни таълимӣ шаклу сохтори ба худ хосеро касб намуд. Дар вақти таъсиси пажӯишгоҳи фаъолият дар хориҷа, Эдвард Холл ба кор бостоншиносон, забоншиносон, равоншиносону сосилогҳоро ҷалб сохт. Нақшаҳои аввалини таълимӣ ва тарзи таълими алоқаи байнифарҳангҳо дар алоқамандӣ бо дигар фанҳои илмӣ роҳандозӣ карда шуд. Ин аввалан ба фанни алоқаи байнифарҳангҳо хусусияти умумӣ бахшид. Лекин ин умумият ба мундариҷаи дарси алоқаи байнифарҳангҳо самараи лозимиеро ба бор овард, то андозае хусусияти алоқамандии он бо дигар фанҳо, дарки бисёр тарзу нуқтаи назари ҷорию муҳити нави тадқиқи монеъаҳои робитаи байнифарҳангҳоро фароҳам сохт, чун кормандони пажӯишгоҳ олимони соҳаҳои гуногунбуданд ва дар кори худ онҳо ба дастовардҳои тахассуси соҳаи хеш такя менамуданд. Ва мусаллам аст, ки ҳамаи дастовардҳои фоидаовари донишҳои илмии соҳаҳои гуногун баъдан дар шакли фанни алоҳида бо тарзу равиши нав асос ёфтанд.

Дар асоси таҷрибаи таълиму тадриси фанни алоқаи байнифарҳангҳои амрикоиҳо дар бархе аз донишгоҳҳои Аврупои Ҷарбӣ нақшаҳои таълимӣ тартиб дода шуданд. Ин нақшаҳои таълимӣ инчунин хусусиятҳои байнифарҳангию байнисоҳавиро доро мебошанд, чунки онҳо бо дастовардҳои фолклор, мардумшиносӣ, забоншиносӣ ва дигар соҳаҳои алоқаманди илмӣ роҳандозӣ гардидааанд.

Аз дигар илмҳои ба фарҳанг алоқаманд, андозаи зиёди шаклу усули назариявию методии донишҳои илмӣ ва таҷрибаи амалии соҳаи тадқиқии алоқаи байнифарҳангҳо дар фолклор ва мардумшиносӣ бештар нуҳуфта шудааст. Бинобар ин, ду самти тадқиқи соҳаи алоқаи байнифарҳангҳо ба роҳ монда шуд.

Самти аввал дар асоси фолклоршиносӣ тартиб дода шуда, хусусияти тасавуротӣ дорад. Моҳияти он, муайян намудан ва дарки рафтори рузмарраи одамон бо мақсади фаҳмонидани сабабҳои ниҳонии зуҳуроти номатлуб дар фарҳанги онҳо мебошад.

Самти дуюм хусусиятҳои фарҳангию бостоншиносиро касб намуда, мақсади тадқиқи худро фаъолиятҳои фарҳангии гуногун, гуруҳҳои сосиалӣ ва ҷамъиятӣ муҳит, қоида ва арзишҳои онҳо, муайн намудааст. Ин самт хусусиятҳои маишии ҷомеа; оила, мактаб, калисо, масҷид истеҳсолот ва ҷайраро дар чаҳорчӯбаи қонуну қоидаи рафтори гуруҳӣ муайян месозад. Донистани онҳо ба таври фаврию лозима, барои ба роҳ мондани раванди зарурии корӣ дар корхонаҳое, ки миллатҳои гуногун фаъолият доранд, кафолат медиҳад.

Роҳу равиш ва тарзу чигунагии дигар фанҳо, сосиология, педагогика, равоншиносӣ, назарияи муошират ва ҷайра ҳамеша нисбатан дар чаҳорчӯбаи худ маҳдуд гардидаанд. Онҳо чун қоида,ба муайян намудани равандҳои алоҳида дар алоқаи байнифарҳангҳо равона гардидаанд ва бар қоидаҳои назариявию методологии мардумшиносӣ асос ёфтаанд. Лекин ба гуногунии равишҳои методӣ ва ҷанбаҳои тадқиқотии алоқаи байнифарҳангҳо дар соҳаҳои гуногуни илм нигоҳ накарда, олимони зиёде бар ин ақидаанд, ки мақсади асосии тадқиқот дар соҳаи алоқаи байнифарҳангҳо инҳо мебошанд; —

Мунтазам пешкаш намудани масъалаҳои асосии мавзӯи алоқаи байнифарҳангҳо, дарк намудан ва донистани маънои асосӣ ва истилоҳоти он;

Ташаккули аз худ намудани дастовардҳои фарҳангӣ, тавони баҳои аниқ додан ба ҳодисаҳои алоҳидаи муоширати рафтор дар фарҳангҳои гуногун;

Аз худкунӣ  ва тавону лаёқати даркорӣ пайдо намудан барои муносибат бо намояндагони дигар фаҳангҳо;

Коркарди фанни нави таълимӣ ва созмон додани дарси нави таълимӣ, ки хусусияти дарккуниро доро мебошанд, ки назирашон дар муҳити илму маориф нест, кор ва ӯҳдадории мушкил мебошад. Агарчи таълими алоқаи байни фарҳангҳо  дар ШМА зиёда аз 30 сол қабл роҳандозӣ карда шуда бошад ҳам, ҳануз ин фан  дар алоқамандӣ бо дигар фанҳо ва дар мавридҳои  алоҳидаи истисноӣ, чун фанни мустақил таълим дода мешавад. Камтар аз он чун соҳаи тахассусии алоҳида  роҳандозӣ  шудааст. Лекин таҷрибаи бисёрсолаи тадрис ва корҳои тадқиқотии зиёд дар ин соҳа имруз имкон медиҳанд, ки хусусиятҳои илмию методии он муайян гардида,  масъалаҳои ташкилии тадриси ин дарс ҳал гарданд.

Поягузори алоқаи байнифарҳангҳо Э. Холл пиндошт, ки аз таълиму тадрис ва омӯзиши алоқаи байнифарҳангӣ, дар асоси таҷрибаи амалию истифодаи воқеии муоширати фарҳангии одамон, ки дар натиҷаи алоқаи мустақим бо дорандагони дигар фарҳангҳо ба вуҷуд меояд, ба роҳ монда мешавад. Раванди таълимро ӯ чун раванди таҳлили намунаи масъалаҳои алоҳидаи муоширати байнифарҳангҳо, ки дар натиҷаи онҳо ҷаҳонбинию фаҳмишу малакаи донишҷӯён ташаккулу васеъ мегардад ва мушкилӣ дар муоширати онҳо  бо одамони дигар фарҳангҳо бартараф мегардад, тасаввур менамуд. Бархе аз олимони Ҷарб, Г. Коле, В. Гудикунст, Р. Хаммер, М. Пейҷ, Ҷ. Мартин, М. Хуле, М. Бент ва ҷайра таҷрибаи шахсии тадриси алоқаи байнифарҳангҳороба қалам дода, тарзҳои ташкили тадриси алоқаи байнифарҳангҳоро пешниҳод намуданд, ки байни онҳо Хупса ва Беннета машҳуртар мебошанд.

Шиносоӣ бо таҳлилу тадқиқи олимони Ҷарб имкон медиҳад, ки чунин хулоса, яъне  омӯзиши алоқаи байнифарҳангҳо аз дигар соҳаҳои илмӣ бо чанд хусусияти хоси худ фарқият дорад, бароварда шавад. Фарқияти асосии он дар он аст, ки донишу лаёқати лозима аслан дар натиҷаи робитаҳои мустақим бо дигар фарҳангҳо ба даст меоянд. Ва ин масъалаи дигар аст , онро метавон дар асоси мисоли зерин тақвият дод. Масалан мавриди шиносоии фарзӣ дар мамолику фарҳанги ҷайр ба шумо чашидани маззаи таоме, ки шумо бо он бори аввал рӯ ба рӯ гардидаед,  пешниҳод намуданд. Дар сатҳи эҳсосотӣ ин пешниҳод метавонад шуморо аз одоби муошират берун созад ва ба эҳсосоти носолим рӯ ба рӯ созад.

Чунин монеаҳо одатан ҷайричашмдошт  аксаран мавриди рӯ ба рӯ шудан бо урфу одатҳои алоҳидаи фарҳангҳои ҷайр ба вуҷуд меоянд.

Чуноне, ки баъзе олимони Ҷарб мешуморанд, омӯзиши алоқаи байниҳфарҳангҳо метавонад дар баъзе мавридҳонибати фарҳанги миллии худ зиддиятеро пеш орад; масъалаи тарси аз даст додани мавқеи аввалаи муҳити фарҳангӣ, аз даст додани яктарафӣ ва аз даст додани ёрии гуруҳи хеш. Раванди таълими алоқаи байнифарҳангҳо бояд эҳтимолияти ба вуқӯъ омадани ҳамин гуна зиддиятҳоро ба ҳисоб гирад. Усули дақиқе алайҳипайдошавии чунин зиддиятҳо усули озодона роҳандозӣ намудани баҳсҳои солим дар раванди ташкили таълиму тадрис мебошад. Ин раванд бояд аз тарафи донишҷӯён чун раванди ҷустуҷӯие, ки дар он ҳам афкори фикрӣ ва ҳам эҳсосотӣ ба вуҷуд меоянд, шинохта шавад. Бо ба ҳисоб гирифтани ин хусусияту зиддиятҳо, таҷрибаи тадриси алоқаи баҳнифарҳангҳо дар донишгоҳи Мюнхен, инчунин дар асоси омӯзиши  адабиётҳои махсуси таълимии амрикоӣ ва олмонӣ фанни таълимие оид ба алоқа байнифарҳангҳо, дар Донишгоҳи давлатии Калуга ба номи К. Э. Сиолковский дар нақшаи таълимӣ барои донишҷӯён таҳия гардид. Ба фикри муаллифони ин нақша ба он аввалан хусусияти фарҳангӣ бостоншиносӣ дода шуд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *