Фанни Этика/Эстетика

Характери эҷодии тарбияи санъат

Характери эҷодии тарбияи санъат

Санъат чунин навъи махсуси фаъолияти инсон мебошад, ки дар он унсури эстетикӣ дар омили бадеӣ таҷассум меёбаду ҳам тарзу усул, ҳам мақсад дорад.Санъат идея- тимсолҳои дорои аҳамияти умуми то ба мартабаи рамзҳои умумиинсонӣ расонда эҷод карда, маънои тамоми тараққиёти таърихиро ифодаменамояд.Санъат тамоми комёбиҳои инсониятро дар худ таҷассум карда, онҳоро ба тарзи худ тағйир медиҳад. Рамзҳои мадании анъанавию чандинасраро истифода накарда, аз идомати маданиятҳо баҳраманд шудан, таърихро чун ҷараёни ягонае, ки дорои гузаштаи муайян асту фақат бинобар ҳамин ҳозира ва асосан оянда муайян аст, ҳис кардан муҳол аст.

Одам санъатро тарзи худифодаи томи худ дониста, онро ҳамеша воситаи таъмини ҷовидонии ҳамаи комёбихои дигари худ мешумурд.Шахсоне, ки барои таърих қадру қимат доранд ва кору корномаҳои онҳо дар фолклор тараннум меёбанд; ҳар воқеаи дорои ахамияти иҷтимоӣ ҳам дар наққошӣ ё меъморӣ, дар мусиқӣ ё назм инъикос мешавад.

Санъат ҳанўз замонҳои антиқӣ найдо шуда , хусусиятҳои асосии худро пайдо кард, вале он вақт санъат на аз худи навъи махсуси фаъолият дониста мешуд. То худи замони Афлотун киштиронӣ, табобат, идораи давлат, ҳам шеърнависӣ, ҳам машғулиятҳои фалсафӣ, ҳам илми маонӣ ва баён «санъат » ном дошт . Аввал ин ҷараёни аз навъҳои дигар ҷудо шудани маҳз фаъолияти эстетикӣ, яъне ба ибораи дигар мо санъат аз касбу ҳунарҳои мушаххас сар шуда, дар ин соҳа боиси пайдоиши, аз ҷумла , гулпартоӣ ва гаҷкорию чўбтарошӣ гардид ва баъд соҳаи фаъолияти маънавиро ҳам дар бар гирифт, ки дар ин бобат ҳам унсури эстетикӣ аввалҳо аз омилҳои амалӣ, этикӣ ва маърифатӣ ҷудо мустақил набуд.

Санъат мувофиқи таълимоти Арасту, бояд натиҷаҳои мушоҳидаро ҷамъбаст намояд; муаллиф, рассом бояд на зарурат , балки эҳтимолиро пайдо карда нишон диҳад ( нишон додани зарурат кори илм аст) Асари санъат бояд ҳаловат бахшад, барои вай тартиб, таносуб, муайянӣ хос аст, дар акси ҳол он таъсир намебахшад. Баарои исботи ин ақидахояш Арасту чунин мисолҳо меорад, мучассамаи аз ҳад зиёд бузургро назар кардан мумкин нест, аз ҳад зиёд хурдро надида мондан мумкин аст. Ў таъкид мекард, ки ҳар як муҷассама дар ҷояш бо ҳаҷму андозаҳои дахлдор бояд гузошта шавад, то ки он ба тамошобин ҳаловати эстетикии худро бахшад. Арасту бар хилофи устодашАфлотун аҳамияти муҳими тарбиявӣ доштани санъатро эътироф кардааст.

Агар достонҳои Ҳомер барои мо асосан асарҳои санъат бошанд, пас барои худи замони антиқӣ онҳо ба андозае чун қомус ҳамаҷониба буданд, ки ҳам ҷамъбасти фалсафӣ, ҳам намунаи этикӣ, ҳам баёни системаи динӣ, ҳам асарҳои санъат дониста мешуданд.Чунин факт ҳам дар маданияти антиқӣ чандон маъмул набудани он чизест, ки ҳозир мо санъаташ меномем, ки ҳамон вақт роман барин жанри дар адабиёти замони нав маъмул чандон равнақ наёфта буд.Адабиёт чун санъати маҳз бештар аз асарҳои назм иборат буда, вале наср бо вуҷуди аз ҷиҳати эстетикӣ расмият ёфтанаш аз рўи мақсадҳояш афзалиятан фалсафӣ ё таърихӣ буд.

Фарқи санъат аз фалсафа, илм, дин ва этика ҳамин аст, кимақсад аз фаъолияти эстеикӣ на маърифат ё дигаргунсозии олам, на баёни системаи меъёрҳои одобу ахлоқ ё эътиқоди динӣ, балки фаъолияти бадеист, ки дар баробари олами шайъӣ офаридани олами дуюми махсуси хаёлӣ буда, дар он ҳама чиз эҷоди эстетикии одам аст. Ба одам ин олами дуюм, ки гўё такрори оддии олами якум бошад, барои чӣ лозим аст? Гап дар он аст, ки санъат хилофи ҳамаи хелҳои дигари фаъолият ифодаи моҳияти томи ботинии одам аст ва ҳол он ки ин томият дар илмҳои ҷузъӣ ва дар ҳар навъи дигари фаъолияти мушаххас, ки дар он одам на буду шуди худ, балки танҳо ягон ҷиҳати худро ифода менамояд, баҳам мехўрад. Одам дар санъат олами худро озодона, яъне комилҳуқуқона эҷод мекунад, айнан мисли он ки табиат олами худро меофарад.Агар одам ҳам дар фаъолияти амалӣ, ҳам дар илм ба олам муқобил гузошта шуда бошад мисли он ки субъект ба объект муқобил гузошта шудааст) ва бо ҳамин озодиаш маҳдуд бошад, пас дар санъат одам моҳияти субъективии худро ба ҳастии объективии дорои аҳамияти умум ва том табдил медиҳад. Таассуроти эстетикии асари санат ҳам мисли эҷодаш тамоми ҳастии одамро талаб менамояд, зеро он ҳам қиматҳои олиимаърифатӣ, ҳам ғайрати этикӣ, ҳам дарки пурҳаяҷонро дар бар мегирад.Ин ваҳдати ботинии ҳамаи қуввахои маънавии одам зимни эҷод ва дарк кардани асарҳои санъат бо қувваи синкретии шуури эстетикӣ таъмин мегардад, ки зикраш дар боло гузашт.Дар ҳаёти ботиниимаънавии мо лахзае нест, ки санъат онро бедор карда ва фаъол гардонда наметавониста бошад. Санъат бояд дарку эҷоди тому пуравҷ ва озодонаи оламро таъмин намояд, ки ин фақат ба шарти ба ҳам пайвастани ҷиҳатҳои маърифатӣ, этикӣ ва ҳамаи ҷиҳатҳои дигари рўҳи инсон имконпазир аст.

Санъат таърихи хело қадима дошта, дар ҷомеаи ибтидоӣ дар омезиш бо асотиру эътиқодҳои динӣ пай­до шуда, дар раванди ташаккули ҷомеаи инсонӣ то имрӯз дар рушду такомул ва таҳаввулот аст. Оид ба санъат олимону санъаткорони зиёде ибрози ақида намуда, фикру андешаҳои худро баён намудаанд. «Мағзи маданияти бадей санъат аст» гуфтааст файласуфи Юнони қадим Арасту.Гегель санъатро ҳамчун шакли образноки маъри-фат муайян кардааст. А.Н.Толстой бошад саньатро чун вобастаи муошират ва Г.В.Плеханов чун шакли маҳсули ботинии инсон донистаанд. Аз рӯи гуфтаҳои онҳо бармеояд, ки санъат як шакли шуури ҷамъиятӣ буда, дарки маърифатию амалии олами воқеиро аз тарафи инсон ифода мекунад.

Моҳияти санъат аз кашфи қонунияти воқеият иборат аст.Санъат вазифаи муайяни иҷтимоӣ дошта, аз кулли шаклҳои дигари шуури ҷамъияти бо тарзи тасвири воқеият фарқ мекунад. Агар дар илм воқеият – табиату ҷамъият дар мафҳумҳо инъикос ёбанд, санъат онҳоро дар шакли образҳои бадеии ҳиссӣ – фардӣ инъикос менамояд. Санъат таҷдиди ҳаёт аст, аммо на ба таври воқеӣ, ё суратгирии воқеият, балки чунин инъикосест, ки дар он ҷихатҳои умдатарини типикии ҳодисот ба мушоҳида гирифта мешаванд. Масалан, вақте ки асари барҷастаи Горький «Модар»-ро мутолиа мекунем, мебинем, ки нависандаи маъруф дар образи Павел Власов прототипи инқилобии фидоию поквиҷдон Петр Заломов, ё С. Айнӣ дар образи намояндаи ҷафодидаю мазлуми тоҷик Одинаро ба таври хеле аниқу ибратбахш тасвир намудаанд.

Дар ҷараёни меҳнат ва истеҳсоли неъматҳои моддӣ, инсон аз як тараф, табиатро дигаргун сохта онро ба талаботи худ мувофиқ гардонида бошад, аз тарафи дигар, мувофиқи ин дигаргунсозиҳо вай худро низ дигаргун сохта , қобилияту қувваи эҷодии худро инкишоф додааст. Заруряти ин дигаргунсозиҳои табиату ҷамъият муносибати эстетикиро ба миён овард, зеро ашё, ки инсон меофарад на танҳо арзиши моддӣ , балки дорои нафосат ва арзиши ғоявию маънавӣ низ буда, туфайли он одамон завқи эстетикӣ ҳосил мекунанд.

Дар ибтидои пайдоиши худ санъат бо фаъолияти истеҳсолӣ пайваст буд.Дар ин хусус расмҳои харсангҳо, девори бешаҳо, шаҳодат медиҳанд, ки дар онҳо санъати шикор, моҳидорӣ сабт шудаанд. Баъд аз ҷудо шудани меҳнати фикрӣ аз меҳнати ҷисмонӣ, робитаи санат бо истеҳсолот хеле мураккаб гардид ва он ба шакли махсуси шуури ҷамъиятӣ табдил ёфт. Маҳз дар ҳамин давра ғояи нафосат пайдо шуд: одамон қобилият пайдо карданд, ки зебоиро мувофики ин идеал дарк намуда, ба он баҳо диҳанд.

Санъат дар инсон ҳисси фаҳмиши зебоии ҳақиқиро тарбия намуда тамоми сифатҳои беҳтарини инсонӣ поквиҷдонӣ ва адолатро пойдор менамояд. Он бояд зидди он чй ки пастию бадкирдорӣ, бевиҷдониро тарғиб мекунад, ҳисси оштинопазирӣ парварад.

Санъат дар баробари манбаи дониш ва маърифат буданаш мақсаду вазифаҳои муайян дошта, таърихй гузаштаро ба замони имрӯз мепайвандад. Бо туфайли осори бадей мусиқӣ, санъати тасвирй ғояҳои инсондӯстӣ, ватанпарварӣ, меҳру муҳаббат, хушодобӣ, хушахлоқӣ ва эҳсоси зебоипарастӣ талқин карда мешавад. Аз тарафи дигар санъат вобаста ба марҳилаи муайяни таърихӣ, авзои сиёсӣ, муносибатҳои қавмӣ, ифодагари орзую ормон ва таъминсозандаи эҷоди пурқиммати инсон аст. Ин тамоилро мо дар осори классикони фор­су тоҷик ва ҳам дар сурудҳои мардумӣ эҳсос мекунем. Симое, ки тимсоли ҳақиқату адолат, накӯкориву саховат, шуҷоату родмардӣ, зебоиву хушахлоқӣ мебошад ба мисли Рустаму Сӯҳроб, Эраҷ, Сиёвуш, Тахмина, Гурдофарид, Беҳзод, Леонардо да Винчи, Ромео, Ҷулетто ва дигарон дар намунаҳои санъати бадеӣ таҷассум меёбанд.

Санъат, чунонки тасаввур мекунанд ягон шуғли оддию тантанавӣ нест, ки одамонро ба машғулияти касбии ҷиддӣ ҷалб мекарда бошад. Нақши санъат дар ҳаёти чамъияти имрўза хеле калон аст:

  1. Вай ба одамон кўмак мерасонад, ки оламро дарк кунанд. Ҷамбаи маърифатии санъат он аст, ки ба воситаи образҳои муайяни эҷод кардаи рассомону нависандагон, мо вазъи мушахаси таърихи муносибатҳои ҷамъиятӣ, манфиатҳои сиёсӣ, идеяю ҳиссиёти одамро чуқуртар дарк намоем. Масалан ба воситаи образи бойҳо ва камбағалон, ки С. Айнӣ офаридааст мо равшан тасавур карда метавонем, ки дар гузашта аъёну ашроф ба сари камбағалон чй гуна даҳшату зулмате оварда ба худсариҳои зиёде роҳ медоданд.
  2. Санъат аслиҳаи тавонои дигаргунсозии олам мебошад. Санъати пешқадам қувваи бебаҳои тағйирдиҳандаи муносибатҳои кўҳна ба муносибатҳои наву қобили ҳаёт аст. (Мисол, давраи Эҳё).

3.Санъат воситаи муҳими ташаккули ҷаҳонбинӣ мебошад.

4.Санъат одамонро мувофиқи талаботи ҷамъиятӣ тарбия мекунад.

Санъат шеваи махсуси фаъо­лияти инсон аст, ки дар он воқеият дар шакли бадеӣ, тахаюлӣ ва рамзӣ инъикос ёфта, мазмун ва вазифаю матлаби муайянро дорад. Санъат бо гуногуншаклии худ тамоми паҳлӯҳои ҳаёти инсон ва орзую ормони ӯро фаро гирифта, имкон медиҳад, ки дар баробари олами воқеӣ олами дигаре офарида шавад. Он маҳсули тафаккур, ҷаҳонбинй ва маърифати инсонро дарбар мегирад.

Инсон ҳангоми эҷоди намудҳои санъат бо асрори рӯйдод, ҳодисот ва воқеаҳои таърихй сарфаҳм рафта, пайваста дониши худро дар бораи олами атроф васеъ мекунад. Офаридаҳои худро чун воситаи муҳими дар­ки арзишҳои волои инсонй ба василаи муҳими таъли-му тарбия истифода менамояд.

Санъат ба таври айнӣ дар шаклҳои зайл зоҳир мешавад:

  1. Фазоӣ- намунае, ки симояш (образҳояш) дар фа­зои муайян шакл мегирад ( наққошӣ, ҳайкалтарошӣ, меъморӣ, ороишиву амалй).

2.Замонӣ ва вақтӣ- намунае, ки офаридаҳояш дар доираи муайяни вақт зоҳир мешаванд ( шифоҳӣ ва мусиқӣ).

3.Намуди фазоию вақтӣ (замонӣ) – шакли санъатест, ки образҳои он дар доираи фазою вақт офарида мешаванд ( рақси театр, кино, актёрӣ, телевизион, эстрадаю сирк).

Санъат — адабиёти бадеӣ, мусиқӣ, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ, меъморӣ, раққосӣ, театр, кино ва ғайраҳоро дар бар гирифта, оламро ба таври махсус инъикос менамояд.

Мусиқӣ- як навъи санъат аст, ки образҳои он таввассути овозҳои бадеӣ (лаҳн) ифода ёфта, воқеиятро ба интонатсияи нутқ алоқаи узви дошта, ба ба овозҳои дорои ритм ва метрикаи муайян асос меёбад. Мусиқӣ дар тараққиёти умумии иҷтимоӣ, ғоявӣ ва мадании инсоният ва тарбияи ахлоқӣ – эстетикии он воситаи муҳими маънавӣ ба шумор рафта , дорои қувваи бузурги эмотсионалӣ мебошад. Дар мусиқӣ мисли дигар намудҳои санъат мактабу равияҳои хоси эҷодӣ мавҷуданд. Дар мероси мусиқии халқ ва эҷодиёти бастакорони номӣ ҷунбишҳои пешқадами иҷтимоӣ, мехнату машаққат, орзую умед ва зиндагию талошҳои халқ акс ёфтаанд. Як қатор бастакорон барои боз ҳам амиқтар ифода намудани ғояҳои иҷтимоӣ ва фалсафа аз доираи мусиқиисоф берун баромада ба воситаҳои конкретӣ- сухан ва инчунин ба амалиёти саҳнавӣ рў меоранд. Дар мусиқӣ образҳои амиқ ва барҷастаи драматикӣ, эпикӣ ва лирикӣ талқин мешаванд.

Фаъолияти мусиқии инсон аз се намуди асосӣ- эҷод, иҷро, дарккунӣ ииборат аст.Мусиқӣ вобаста ба хусусият ва амалиётҳои хосаш ба шаклҳои зерин ҷудо мешавад:

1) Аз рўи мундариҷа – мусиқии лирикӣ, эпикӣ, драматикӣ, қаҳрамонӣ, фоҷиавӣ, мазҳакавӣ ва ғайра;

2) Аз рқи усул ва моҳияти иҷрокунӣ – вакалӣ, инструменталӣ ба тарзи дигар гўем мусиқии якканавозӣ, ансамбл, оркестрӣ, хор ва ғайра;

3) Аз рўи омезишу алокааш бо дигар намудҳои санъат ва каломи бадеъ – мусиқии театрӣ, мусиқии рақсӣ, мусикии кино, инструменталии прогграммави, мелодрама ва ғайра.

Авалин намудҳои санъати мусиқӣ дар ҷомеаи ибтидоӣ пайдо шудааст.Мусиқӣ ҳамчун шакли алоҳидаи санъат ҳанўздар давраҳои қадим дар заминаи меҳнату машаққат ва орзую умеди одамон ташаккул ёфта, дар якҷоягӣ бо рақс, суруд, маросимҳои динӣ зоҳир мешуд.Дар мамлакатҳои Шарқу Ғарби қадим , Миср, Чин, Ҳиндустон, Юнон ва Рим заминаи мусиқии профессионалӣ гузошта шудааст.Дар мамлакатҳои Шарқи ҳамон давра махсусан мусиқии дарборӣ, маишӣ ва маросимӣ пеш рафта буд.

Мусиқии халқи тоҷик таърихи қадима дорад, ки ба он сарчашмаҳои адабӣ, намунаҳои санъати минётура ва мусаввараҳои рўидеворӣ, рисолаҳои сершумор оид ба мусиқии классикӣ ва халқӣ шаҳодат медиҳанд. Осори тасвирии Панҷакенти қадим ва ҳайкалҳои гилини дар Самарқанд ёфтшуда нишонаест аз такомули санъати мусиқии ин давраҳо.Мусаввараҳои рўидевории Панҷакент доир ба мусиқии суғдиёни қадим дарак медиҳад.Дар як мусаввара рақси маросимӣ бо созҳо, дар дигарепайкари зан ҳангоми навохтани чанг акс ёфтааст ва гайраҳо.

Гимнҳои Авесто, ки қаҳрамонҳои асотириро ситоиш мекунанд, аз маданияти баланди мусиқии гузаштагони тоҷикон бисёр маълумоти пурқимат медиханд.

Ҳайкалтарошӣ — як навъи санъати тасвирист, ки асарҳои он дар асоси принсипҳои ҳаҷмию сеченакӣ (дарозӣ, бар, баландӣ ) эҷод мегардад.

Ҳанўз аз давраҳои қадим сар карда дар санъати тасвирии Юнон мавзўи одам мавқеи асосиро

ишғол мекунад.Аввалин намунаҳои ин санъат тасвири муҷассамаи Худо мебошад, ки ба он симои

идеалӣ дода шуда буд. Аз ҳамин вақт сар карда дар санъати тасвирии Юнони қадим тасвири

реалистии ду мавзўъ ҷавони бараҳна ( дар ибтидо қаҳрамон ё Аполлон) ва зани покдоман дар

либоси маҳрамона ( дар ибтидо Афродита худои ҳосилхезӣ , ҳомии хамаи махлуқот) мавқеъ

пайдо мекунад. Ҳамон навъе ,ки санъатшиносон қайд мекунанд, аввалин ҳайкали юнонӣ аз

ҷиҳати тарҳ ба муҷассамаҳои мисрӣ монанд буданд.Вале юнониҳо дар асоси ҳамин тарҳ

асари хоси худро меофаранд.Ба муҷассамаҳои дар асоси тарҳи мисрӣ сохтаи«хандаи қадимӣ»

хос аст. Онҳо бо чашмони кушода ба дунё назар меафкананд.Дар ҳайкалҳои мардонаҷавонӣ,

тавоноӣ ва қувва ҳувайдост.

Асосан инсон, қисман хайвоноту парранда (жанри ани­малистӣ) табиат (манзара) ва ашёро

(натюрморт) инъикос менамояд. Жанр ва мавзуъхои менамояд.Жанр ва мавзўъҳои асосии ҳайкалтарошӣ портрет,

тасвири лаҳзаҳои таърихӣ, маишӣ, рамзӣ ва ғайра аст.

Асарҳои ҳайкалтарошӣ асосан ҳайкал ва рельеф мебошад. Ҳайкалтароширо вобаста ба мазмун,

вазифа ва таъиноташ ба хелхои зерин чудо мекунанд.

ба хелҳои зерин ҷудо мекунанд

а) ҳайкалтарошии монументалӣ, ки асосан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ вобаста ба муҳити маҳал

бунёд мегардад. Онхо ух-ташам ва хачман калом буда, мўҳташам ва ҳаҷмкн калон буда, ғояҳои

муҳимро тарғиб мекунанд.

Ҳайкалтарошии монументалии ороиши тамоми навъҳои ороишоти меъмориро аз қабили –

муқарказ (дар шакли мавҷудоти зинда) парпатида (тасвири одам дар ҳолате, ки гўё боми бино ё ягон

чузъи онро бардошта истода бошад, плафон иншооти богу хавлихо, плафон иншооти боғу ҳавлиҳо

хиёбону гулгаштҳо, роҳҳо, фаввораҳоро дар бар мегирад.

Асарҳои ҳайкалтарошии дастгоҳӣ дар алоҳидагӣ (барои музей, намоишгоҳ ороиши дохили бино)

дар ҳаҷми натуралӣ ё аз он хурдтар сохта мешаванд. Асарҳои ҳаҷман хурди ҳайкалтарошӣ ба

мисли ҳайкалчаҳои сафолию чини, медал, танга ва гайра бо чинӣ, медал, танга вағайра босанъати

ороиши амалӣ қаробат доранд.

Асарҳои ҳайкалтароширо аз фулузот (биринҷӣ, мис, қалъагй, пўлод, чўян, алюминий, газ, бетон, шиша, пластмасса, санг, харсанг, устухон, чўб, сафол) меофаранд.

Меъморӣ— (архитектура) навъи фаъолияти эҷодии инсон, ки дар асоси маҳорати техники қонуниятҳои зебоӣ ва донишҳои илмӣ офаридани (сохтан ва ба лоиҳагирии типҳои гуногуни иншоот)-ро дар бар мегирад. Вазифаи муҳимтарини меъморӣ офаридани муҳити мувофиқ барои зиндагию фаъолияти одамон ва қонеъ кардани эҳтиёҷоти моддиву маишии иҷтимоӣ ва ғоявию бадеии онҳо мебошад. Меъморӣ қисми таркибии маданияти моддии ҷамъият ва дар айни замон асари санъат ҳам хаст.

Меъморӣ ҳамчун илм-таърихи ин санъат, қонуниятҳои хосу назарияи он, навъ, услуб, ҷараёнҳои меъморӣ ва ғайраро меомўзад. Дар зимни мафҳуми васеи меъморӣ муҳити маданӣ бо меҳнату сайу кўшиши инсон офарида шуда-ншооти меъморӣ (лоиҳакашӣ ва сохтмони онҳо) сохтани шаҳру деҳа ва пунктҳои аҳолинишин ва ғайра дар назар дошта мешавад. Меъморӣ қисми зарурии воситаҳои истеҳсолот (меъмории иншооти саноатӣ-анвои биноҳои заводу фабрика, стансияҳои электрикӣ) воситаҳои моддии ҳаёти чамъиятии инсониро (меъмории иншооти гражданӣ, анвони биноҳои истиқоматӣ, ҷамъиятӣ, маъмурӣ, тиҷоратӣ ва ғайраро.) дар бар мегирад. Дар меъморӣ, архитектура, компютеризатсия, таносуби оройшӣ ва ғайра воситаи асосии офариниши образ мебошад.

Кинематография — яке аз намудхои санъат буда, таърихи начандон дур дорад, вай дар охири асри XIX арзи вуҷуд намуд. Дар тўли ин даҳсолаҳои мавҷудияташ кинематография ба яке аз соҳаҳои пурқуввати ҳаёти ҷамъиятии ҷомеа барои ғанйӣгардонидани маънавиёт ва маърифати одамон ҳиссаи калон гузоштааст.

Таърихи пайдоиши кинематография ба ривоҷи илму тех­ника, индустриякунонӣ ва прогресси илмӣ-техникӣ сахт вобаста аст.

Кино ва театр санъати коллективӣ ва сунъӣ буда дар асоси асарҳои бадеӣ офарида мешаванд. Дар кино сценария, дар театр пьеса асос ба ҳисоб меравад.

Кинематография дар солҳои 90 асри XIX ба вуҷуд омадааст. Таърихи инкишофи санъати киноро шартан ба 4 давра тақсим мекунанд.

  1. Аз вақти ихтирои кинематография бо сайъи бародарон Л. ва О. Люмерҳо аз соли 1895 то охири ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914-1918). Аввал кино чун аттраксион буда, сеансҳо 20-40 дақиқа давом мекарданд ва дар он маҷмўи филмҳои хурд намоиш дода мешуданд.
  2. Давраи дуюми инкишофи санъати кино солҳои 20-ми асри XX дар бар мегирад. Ин давраи ба санъати мустақил табдил ёфтани кинои беовоз мебошад.
  3. Давраи сеюм солҳои 30-ми нимаи аввали солҳои 40-умро дар бар мегирад. Дар ин давра кино воситаи тавонои ифодаи фикру ҳиссиёт, овозро соҳиб мешавад.

Кинои тоҷик қисми ҷудонашавандаи санъати кинои советӣ буд. Аввалин киножурналҳои «Тоҷикистони Советӣ»-ро В. Кузин, А. Шевич, Н. Гезулкин ба навор гирифтаанд. Бо қарори ЦИК ва Совнаркоми республика аз 30 апрели соли 1930 трести «Тоҷиккино» таъсис ёфт. Равияи асосии кинои тоҷикии солҳои 30-ум «агитпропфилм» буд. (филмҳои «Аз пахта то газвор», «Аз омоч ба плуг», «Кирми тиллоӣ» ва ғайра). Филмҳои нахустини ҳуҷҷатӣ, бадеии кинорежисёри миллии тоҷик Комил Ёрматов «Ҳуқуқи фахрӣ» (соли 1932) ба офаридани филмҳои бадеӣ замина фароҳам овард.

Театр — ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ аз ҳаёт, таърих ва маданияти миллии ҳар халқ ҷудонашаванда аст. Театр чун санъати таҳаввулӣ бо адабиёт, мусикӣ, опера, либретто, балет, санъати тасвирӣ, рақс ва меъморӣ марбут аст. Театр дар тарбияи маънавӣ, сиёсӣ ва эстетикии одамон роли калон мебозад ва ба ин мақсад аз он чун воситаҳои гуногуни бадеӣ, пурмазмунии тарзи ифода ва усулҳои гуногун ба тамошобин таъсир расонанда истифода мебаранд. Асоси намоиши театриро драма ташкил медиҳад, вай симои хос, майли гоявӣ ва имкониятҳои бадеии онро муайян мекунад.Муборизаи характерҳо мушоҳидаҳои иҷтимоӣ ва психологӣ асоси намоиши драмавиро ташкил медиҳад.

Театр — калимаи юнонй буда маънояш тамошо, тамошогоҳ аст.Пайдоиши театр аз комёбиҳои муҳими маданияти Юнони қадим ба ҳисоб меравад.Дар Юнон пайдоиши театрро бо парастиши худо Дионис ва иди дионисия вобаста мекунанд. Анъанаи мазкур аз қадим вуҷуд дошт Ҳар сол дар фасли баҳорон мардум дар васфи худо Дионис сурудхонӣ мекард. Иди Дионис дар як шакли намоиши театри мегузашт. Дар он яккахонҳо ва хор вуҷуд дошт. Иштирокчиёни хор дар либосҳои идона сатирон – ҳамсафарони бузпои Дионисро таҷассум менамуданд. Дар сурудҳои хондашаванда дар бораи азобҳои Дионис нақл карда мешуд. Чуноне, ки аз мазмуни сурудҳо бармеояд, Дионисро душманон занҷирбанд кардаанд, ўро куштаанд, ба қисмҳо ҷудо крдаанд, вале вай чун фасли баҳор ҳамеша аз нав зинда шуда аз болои душманонаш ғалаба ба даст меоварад. Мазмуни суруд дар бозиҳои намоишгарон таҷассум мегардид.

Аз ҳамон замон ва баъд иштирокчиёни хорро , дар пўсти буз нақши сатирон – ҳамсафарони бузпои Дионисро намоиш медоданд, фоҷиа ( трагедия) «суруди бузҳо» меномиданд, ҷавонмарди зебое, ки нақши Дионисро меофарид, минбаъд прообрази актёр ном мегирад. Дар замони Писистрат ( 541/ 40 – 528/27 то милод) парастиши Дионис дар тамоми Афинақонунӣ мегардад. Аз ҳамин вақт сар карда барои гиромӣ доштани поси хотири Дионис ҷои махсуси ҳамвор – театр ҷудо мекунанд.Дар гирдогирди он дар бағали кўҳ барои тамошобинон ҷои нишаст ( амфитеатр ) месозанд Майдончае, ки дар он хор баромад мекард, оркестр ном мегирад, дар қафои оркестр чодарекашида шуда буд, ки дар он актёрон либос иваз мекарданд ва номи он скена (сцена) буд. Минбаъд ба ҷои чодар иморати доимии сангине сохта, дар деворҳои он асбобҳои ороиши саҳна ( декоратсия)-ро кашол мекарданд.

Баъди ғалабаи демократия дар Афина театр тағйир меёбад.Дар саҳнаи театр дар қатори асотир дар бораи Дионис дар бораи дигар худоҳо ва қаҳрамонон низ фоҷиаҳо намоиш дода мешаванд.

Театр дар Юнони қадим дар асри V то мелод мавқеи намоён пайдо карда, тамошоҳои театрӣ бо идҳои умумихалқӣ табдил ёфта буд. Калонтарин театр дар Юнони қадим дар шаҳри Афина сохта шуда буд, ки дар он 17 ҳазор тамошобин ҷой мегирифт.

Санъати театрӣ вокиятро бо ёрии образҳои бадеӣ инъикос менамояд Театр табиатан санъати коллективист. Спектакл ҳамчун асари калони саҳнавӣ бо роҳбарии режиссёр ва ҳамдастии актёрон, рассомон, ороишгар, композитор ва ди­гар коркунони театр, костюмер, гримёр ва дигарон офарида мешавад. Дар театр актёр симои асосӣ мебошад.Вай аз рўи нишондодҳои режиссёр- таҳиягар амал намуда образҳо меофарад, бо ҳаракатҳои мухталифи худ олами маънавии бою мураккаби инсонро мекушояд.Санъати режиссерӣ методи муайян ва системаи худро дорад. Режиссёр – ин педагог ва тарбиягар буда барои фаҳмонидани вазифаҳои идеявӣ ва бадеӣ ба актёрҳо роҳбарӣ мекунад.

Унсурҳои амалиёти драмавӣ дар рақсу бозӣ, суруд ва расму оинҳои кадим барои пайдоиш ва инкишофи намудҳои гуногуни театри халқӣ замина гузоштааст.Бо мурури замон аз байни иҷрокунандагони намоишҳои гуногуни театри халқӣ санъаткорон пайдо шуданд, ки онҳоро дар Юнони қадим, Руссия шахси масхарабоз, дар Аврупои Ғарбӣ жанглёр, дар Осиёи Миёна масхарабоз ва ғайра меноманд.Ҳар як актёр якчанд ролро иҷро мекард.

Дар Осиёи Миёна аз ҷумла дар Тоҷикистон театри халқӣ таърихи қадима дорад. Унсурҳои аввалини театрӣ халқӣ дар ҷамъияти ибтидоӣ пайдо шудааст. Дар давраи то истилои ислом ҷанбаои театри халқӣ дар рақсу сурудҳои ба маросими меҳнат, урфу одат, расму русум, сайрҳо ва ғайра алоқаманд, равшантар зуҳур ёфт (масалан, сайри «Лола»). Дар Тупроққалъа ниқоби актёри мазҳака, ки ба а I. то милод мансуб аст, ёфт шудааст. Инчунин дар харобаҳои Афросиёб тасвири 4 шахсеро пайдо намудаанд, ки бар даст ниқоби актёрони фоҷианигарро доранд. Дар заминаи санъати халқӣ театри лўхтак ва масхарабозӣ шакл гирифт, ки дар он аз имконият ва воситаҳои истифодаи театр ба таври васеъ истифода мебаранд.

Аввалин театри типи аврупоӣ дар Тоҷикистон баъди инқилоби Октябр пайдо шуд. Соли 1929 дар шаҳри Душанбе аввалин театри касбӣ – театри давлатии Комиссариати маорифи халқ( ҳоло театри давлатии академии драмавии ба номи А.Лоҳутӣ) кушода шуд.

Соли 1932 дар шаҳри Ленинобод театри драмавӣ- мусиқӣ кушода шуд, баъдтар дар шаҳру ноҳияҳои калонтарини ҷумҳурӣ театрҳои касбӣ кушода шудан гирифтанд, аз ҷумла:

-Театри давлатии драмаи русии ба номи В.В.Маяковский дар шаҳри Душанбе ва аввалин ва калонтарин театри касбии русӣ дар Тоҷикистон аст, ки 7 ноябри соли 1937 таъсис ёфтааст.

-Театри давлатии академии опера ва балети тоҷик ба номи С. Айнӣ соли 1940 кушода шуд.

-Театри давлатии ҷавонони тоҷик ба номи М.Воҳидов соли 1971 таъсис ёфтааст.Театрҳои лўхтак, «Падида» ва ғайраҳо ташкил шуданд.

Аз намудҳои санъат бори дигар айён мегардад, ки он тамоми паҳлӯҳои

рӯзгор ва фаъолияти инсониро дар бар мегирад. Аз ин рӯ имконоти санъат

аз шаклҳои дигари фаъолияти инсон васеътар мебошад. Санъат бо шеваи

махсуси худ гузаштаро ба имрӯз ва имрӯзро ба оянда пайваста, орзуву

аъмоли мардумро дар худ таҷассум месозад

Санъатро сохтакорӣ кардан мумкин нест; сабаби ин аз бисёр чиҳат дар он аст, ки санъат шакли махсуси яъне шакли бадеии маърифати олам аст.Сохтакорӣ дар санъат дар аксари мавридҳо кўшиши ба шаклу қолаби аз ҷиҳати бадеӣ ноқису корношоям зўран ҷо кардани фикраст, ҳатто агар ин фикр дуруст ва аз ҷиҳати этикӣ баҳснопазир бошад ҳам. Дар чунин мавридҳо тири санъаткор хок мехўрад; хонанда ба ҷои он ки таассуроти эстекикӣ ҳосил кунад, аз беэҳтиромии муаллиф нисбат ба идеяҳои олӣ ба хашму ғазаб меояд.

Ба ҳамин тариқ, хусусияти санъат чуни наст. Худи одам ва муносибатҳояш бо олам мавзўи тадқиқи санъат буда, фарқаш аз илмҳои ҷузъии ҷамъиятӣ ҳамин аст, ки он оламро дар шакли том баррасӣ менамояд.Хусусиятҳои санат чунинанд:

1) Забони махсус;

2) Тарзи махсуси ҷамъбаст;

3) Истифодаи таҳаюли бадеӣ;

4) Тарзи шахсии ифода;

5) Аҳамияти калони шахс;

6) Истифодаи унсурони аз ҷамъбасти илмӣ пардапўши шуури инсон, ки ин ба санъат қувваи калони кашфиётӣ мебахшад.Санъат тарзи фаъолияти ҳосил кардани факат як худи қаноатмандии эстетики набуда, балки дар баробари илм шакли махсуси маърифати олам аст.

Санъат бо гуногуншаклии худ тамоми паҳлӯҳои ҳаёти инсон ва орзую ормони ӯро фаро гирифта, имкон медиҳад, ки дар баробари олами воқеӣ олами дигаре офарида шавад. Он маҳсули тафаккур, ҷаҳонбинӣ ва маърифати инсонро дарбар мегирад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

2 Шарҳҳо

  1. салом алайкум ташакур барои сайт. Бародар мавзухора адабиётошонахам патоен

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *