Фанни Этика/Эстетика

Унсурҳои таркиби ва мазмуни тарбияи милли

Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократи, ҳуқуқбунёд, дуняви ва
ягона мебошад. Дар ин кишвар ҳамаи шаҳрвандони ҷумҳури, қатъи назар аз
миллат, нажод, эътиқод, ҷинс, забон, эътиқоди динни, мавқеи сиёси ва
вазъи иҷтимои баробар тарбия мегиранд. Ҳамаи шаҳрвандон метавонанд
фарзандонро дар рӯҳи анъана ва арзишҳои миллии худ тарбия намоянд, ба
шарте ки он хилофи арзишҳои умумидавлатии Тоҷикистон ва манфиатҳои
кишвар набошад.
Анъана, суннатҳои воло, арзишҳои миллии халқи тоҷик, ки дар
давоми қарнҳо ба тарзи ҳаёти мо ворид шудаанд, менталитет ё маҷмӯи
сифатҳои онро ташкил медиҳанд. Ҷавҳар, хосият ё маҷмӯи сифатҳои
тоҷикон аз илму донишомӯзи, заҳматписандию, таҳаммул, сару кор бо
замин, оштию сулҳпазири, тадбирҷӯи, худшиноси, талоши фарҳанги,
меҳмондорию меҳмоннавози, устувории оила, ифтихори ватандори,
шикастанафси, касбу ҳунаромӯзи, хушбини (оптимисти), дӯстию рафоқат,
иззату эҳтироми падару модар ва шахсони калонсол, неки ва накӯкори,
адлу адолатҷӯи, дастгирии ятимону мӯҳтоҷон, канораҷӯи аз хирсу ҳасад,
кибру ғурур, кинаю адоват, хиёнат ва аҳдшикани ва ғайра иборатанд.
Унсурҳои таркибии тарбияи милли аз инҳо иборатанд:

Тарбияи ғояви.
Тарбияи ғояви категорияи ахлоқи буда, мақсади он дар шуури
шаҳрванд ташаккул додани ғояи милли мебошад. Вазифаи асосии ин мафҳум
ҳимояи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, бунёд ва таҳкими ҷомеаи
демократи эҳёи хусусиятҳои милли, ҷавобгӯи манфиатҳои миллии халқҳои
Тоҷикистон, ба давлати мутараққии ҷаҳон табдил ёфтани Тоҷикистон ба
шумор меравад.

Тарбияи милли.
Тарбияи милли ташаккули тафаккури миллии шаҳрвандро дар назар
дорад. Он ифтихор аз миллати хеш, эҳтиром ва гироми доштани таърих ва
мероси фарҳанги ниёгон, урфу одат ва анъанаҳои милли, пайвастани
таърихи гузашта ба воқеияти имрӯзаи миллат, аз нав эҳё намудани урфу
одат ва анъаноти арзишманди милли, дар заминаи хусусиятҳои милли ривоҷ
додани забон, илм ва фарҳанги милли ва эҳтироми миллатҳои дигарро фаро
мегирад.

Тарбияи хештаншиноси ва худогоҳии милли.
Тавассути тарбияи хештаншиноси ва худогоҳии милли шаҳрванд бояд
мутааллиқи миллат, давлати соҳибистиқлол, соҳиби Ватан ва ҳуқуқу
озодиҳо будани худро дарк кунад ва онҳоро эҳтиром намояд. Донад, ки
вазифаҳои ӯ дар назди давлат, ҷамъият ва оила аз чи иборат аст. Баҳри
иҷрои онҳо ҷадду ҷаҳд намояд. Манфиатҳои худро бо манфиати давлат,
ҷомеа ва оила пайваста тавонад.
Шаҳрванд бояд қадру қимати худро донад ва онро ҳимоя намояд. Аз
миллат, таърих ва фарҳанги он бохабар бошад ва онҳоро гироми донад.
Худогоҳи аз бедории миллии шаҳрванд ба миён меояд ва ӯро ба сӯи
ифтихори милли ҳидоят менамояд. Ӯро барои хизмат кардан ба Ватан ва
миллат сафарбар мекунад, ба райъи ӯ ғизои ахлоқию маънави ворид
месозад. Шаҳрванди хештаншинос ва худогоҳ истиқлолияти давлатии
кишвари хешро чун гавҳараки чашм ҳимоя мекунад ва дар ҷодаи ғани
гардидани боигарии моддию маънави ва фарҳангии миллат саҳм мегузорад,
ифодагири манфиятҳои миллат мебошад.

Тарбияи ватанпарасти. Ватанпарасти арзиши муқаддас ва аз ҳама
муҳимтарини тарбия мебошад, ки он дар мафҳумҳои диёр, макон, кишвар,
сарзамин, Ватан низ ифода меёбад. Ҳамаи унсурҳои дигари тарбия ба
ҳамин унсури тарбия иртибот доранд ва садоқатмандии шаҳрвандро ба
Ватани хеш дар назар дорад. «Фаромӯш набояд кард, ки.
— таъкид мекунад Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмонов.
— танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми
ҳасти ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад».

Тарбияи ахлоқи ва маънави.
Ин таъсир ба дунёи маънавии шахс аст. Ин сифатҳо на танҳо дар
инсон фаҳмиши зебои, балки фаъолияти нексиришти, ростқавли, ҳалолкору
ҳалолхӯри, бо адлу инсоф, саховатманд ва амсоли инро ба вуҷуд меоранд.
Ҳамаи дигар унсурҳои тарбияи милли дар худ ғояҳои ахлоқию маънави
доранд. Ахлоқ унсурест, ки қисматҳои дигари тарбияро бо ҳам
мепайвандад ва асоси фаъолияти шаҳрвандро ташкил медиҳад.
Илму фарҳанг дунёи маънавии инсонро ташаккул медиҳанд. Забон,
адабиёт, таърих манбаъҳои хатти ва шифоҳи, осори арзишманди дини,
ёдгориҳои таърих, асарҳои санъат, барномаҳои радио, телевизион. маводи
компютер, шабакаи «ИНТЕРНЕТ», васоити ахбори умум дар тарбияи ахлоқию
маънави олами маънавии инсон ғани мегардад. Тарбияи миллии маънавии
инсон нақши асоси доранд. Тарбияи маънавии инсон ба тарбияи ахлоқии
шаҳрванд наздик аст. Ҳар ду аз ҳамдигар ғизо мегиранд ва дар тарбияи
шаҳрванди вазифаҳои муштаракро анҷом медиҳанд.

Тарбияи маърифати.
Маърифати шахс аз дониш ба миён меояд. Он ба тарбияи маънави
робитаи зич дорад. Фарқи асоси он аст, ки дар тарбияи маънави ҷанбаи
ахлоқи бештар ба назар мерасад. Аз як сарчашма ғизо гирифтан онҳоро бо
ҳам муттаҳид месозад. Вале дар таркиби маърифат бештар ҷанбаи донишу
малака, касб маърифатнокии баланди миллат дар доираи илму фарҳанг ва
сиёсату ҳуқуқ дар назар дошта мешавад. Маърифат сифатҳои ахлоқи ва
маънавии миллатро ташаккул медиҳад. Маънавиёт манбаи муҳими тарбияи
миллист. Аз ҷиҳати таркиб ва маънавият мафҳуми «шахси бомаърифат» аз
мафҳуми «шахси бофарҳанг» ғанию васеътар мебошад.

Тарбияи ҳуқуқи.
Тарбияи ҳуқуқи ташаккули дарки ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаҳои
шаҳрвандон дар назди давлат ва ҷомеа мебошад. Таркиби он мувофиқи
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва асноди дигари меъёрии
ҳуқуқии кишвар чунин муайян гардидааст:
— ҳуқуқи зиндаги, ҳуқуқи таҳсил ва таълиму тарбия — ҳуқуқи
пуштибонии ҷамъият, ҳуқуқи гирифтани иттилоот дар бораи ҳаёти сиёси,
иқтисоди ва иҷтимоии ҷомеа, ҳуқуқи озодии сухан, ҳуқуқи иштирок дар
ҳаёти сиёсии ҷомеа, ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва райъпурси, интихоб
шудан ва интихоб кардан, ҳуқуқи мӯроҷиат ба мақомоти ҳокимияти давлати
ва иттиҳодияҳои ҷамъияти, ҳуқуқн иштирок дар ҳаёти фарҳанги ва
истифода аз дастовардҳои фарҳанги, ҳуқуқи иштирок дар идораи давлат,
ҳуқуқи меҳнат, ҳуқуқи ҳифзи иҷтимои, ҳуқуқи истироҳат, ҳуқуқи
шаҳрвандии кишвар, ҳуқуқи мусофират ва баргаштан, ҳуқуқи кафолати
ҳимояи суди, ҳуқуқи манзил, ҳуқуқи маҳрамияти мукотиба, ҳуқуқи
дахлнопазирин шахс, ҳуқуқи дахлнопазирии моликият ва мерос гузоштан,
ҳуқуқи ҳифзи саломати, ҳуқуқи ташкили оила, ҳуқуқи ақидаи шахси,
ҳуқуқи эътиқод.
Вазифаи тарбияи ҳуқуқи донистани ҳуқуқ, вазифаҳои муқарраршуда ва
риояи онҳо мебошад. Риояи Конститутсия, қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳо ва
шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намудан, ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои
давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он, ҳифзи
табиат, ёдгориҳои таърихиву фарҳанги, супоридани андозҳо ва пардохтҳо
ва ғайра сатҳи маърифат ва ахлоқи шаҳрвандро баланд намуда, мавқеи
ҷамъиятии ӯро устувор мегардонанд.
Дар баробари ин вазифаҳои сершумори дигари шаҳрвандон низ
ҳастанд, ки ба воситаи меъёрҳои ҳуқуқи танзим карда намешаванд. Онҳо
аслан аз вазифаю ӯҳдадориҳои ахлоқию маънавии шаҳрванд бармеоянд, ки
онҳо ба меъёрҳои ҳуқуқи вобаста нестанд. Масалан, вазифаи шаҳрванд,
дар назди Ватан, давлат, ҷомеа, миллат, дар назди оила, омӯзгорон, дар
ҷои кор, дар ҷойҳои ҷамъияти ва дар назди башар. Аксари инҳо вазифаҳое
мебошанд, ки ба меъёрҳои ахлоқи шаҳрванд дохил гардидаанд. Сарфи назар
аз ин, ҳамаи онҳо вазифаҳои шаҳрвандро ташкил медиҳанд. Агар вазифаҳои
конститутсионии шаҳрвандонро қонунҳо танзим намоянд, пас меъёрҳои
дигари вазифаҳои шаҳрванди тавассути ахлоқ, маънавиёт ва афкори ҷомеа
баҳо дода мешаванд.
Мақсади ннҳоии тарбияи ҳуқуқи ташаккули фарҳанги ҳуқуқии ӯ
мебошад.

Тарбияи гуманисти.
Зери ин мафҳум дар шаҳрванд ба вуҷуд овардани эхсоси дӯст доштан.
эҳтиром кардан ва раҳму шафқат фаҳмида мешавад. Тарбияи гуманисти аз
ғояҳои синфият ва инсонбадбини ори аст. Он ба шаҳрванди кишвар
имконият медиҳад, ки худро яке аз ҷузъҳои таркибии ҷомеа, миллат ва
аҳли башар эҳсос кунад.
Тарбияи гуманисти дар ду сатҳ ба амал бароварда мешавад:
а) дар сатҳи эҳтироми ҳамсинфон, ҳамдарсон, хешу табор,
ҳамватанон, ки дар байни онҳо намояндагони халқияту миллатҳои дигар
ҳастанд;
б) муносибати хайрхоҳона доштан нисбат ба халқҳои мамлакатҳои
дигари ҷаҳон.
Низоъ, ҷанг, муқобилистии зидди ҳамдигар ва амсоли ин инсониятро
дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамроҳи мекард ва имрӯз ҳам ин зуҳӯрот аз ҷумлаи
мушкилоти милли, минтақави ва умумибашари мебошад. Тарбияи шахси
башардӯст аввал дар оила оғоз ёфта, дар муассисаҳои таълими ва ҷойҳои
ҷамъияти идома меёбад. Башардӯст будани инсон ва шаҳрванд дар
муносибат ба волидон, хешу табор, ҳамдарсон, омӯзгорон, ёру дӯстон,
ашхоси ношинос, намояндагони халқу миллатҳои ғайр зуҳур меёбад.

Тарбияи зебоипарасти.
Зебоипарасти яке аз сифатҳои муҳими инсонро ташкил медиҳад. Он
дар инсон ҳар гуна зуҳуроти эҳсос намудани зебоиро ба вуҷуд меоварад.
Манбаи зебои табиат, ҳар гуна аксҳо, мусаввираҳо, ҳайкалу
муҷассамаҳо, асарҳои бадеи, нақшу нигор, иншоотҳо, асарҳои саҳнави,
суруду мусиқи, сару либос, ёдгориҳои таърихию фарҳанги, лавозимоти
рӯзгор ва ғайраҳо мебошанд; ки дар инсон эҳсоси зебопарасти ба вуҷуд
меоранд. Шинохтани зебои ба шахс илҳом мебахшад, ӯро рӯхбаланд намуда
дар олами зебои сайр мекунонад. Қобилияти зебоифаҳми ба шаҳрванд
имконият медиҳад, ки боигарии ахлоқи, маънави ва маърифатни хешро ғани
гардонад ва зиндагии зебо ташкил кунад.

Тарбияи меҳнати ва касбинтихобкуни.
Меҳнат моҳияти ҷамъиятии инсон ва шаҳрвандро ташкил мекунад.
Малакаҳои кори дар инсон ҳанӯз аз оила ва кӯдакистон оғоз ёфта, аз
содда ба мураккаб ва аз каммаҳсул ба самаранок табдил меёбад.
Тарбияи меҳнати ва интихоби касб имконият фароҳам меоваранд, ки
шаҳрванд корро дӯст дорад, ошнои ва мушоҳида ба намудҳои зиёди шуғл
инсонро водор месозад, ки аз байни онҳо барои худ беҳтаринашро интихоб
намояд. Мақсади асосии тарбияи меҳнати ва интихоби касб дӯст доштани
кор ва аҳли он, инчунин интихоби шууронаи касб мебошад.

Тарбияи иқтисоди.
Тарбияи иқтисоди ба шаҳрванд имконият медиҳад, ки дар низоми
иқтисоди миллии кишвар ва иҷтимонн ҷомеа мақоми худро дошта бошад.
Тарбияи иқтисоди аз оила оғоз ёфта, дар муассисаҳои таълими ва
истеҳсолот давом меёбад.

Тарбияи экологи.

Дар асри ХХ ва оғози асри ХХI экология ва ҳифзи муҳити зист яке
аз масъалаҳои муҳими ҳаёти инсон гардид. Ба ифлосшавии муҳит на танҳо
корхонаҳои саноати, муассисаҳои хизмати маиши, нақлиёт ва ғайра, ки
партовҳои зиёди истеҳсолии ба саломатии инсон ва табиат зарарнокро ба
табиат мепартоянд, балки инсонҳои алоҳида низ сабаб мешаванд, ки
хошок, партовҳои зиндагиро ба ҳар ҷо мепартоянд, дарахтонро мебуранд,
кабудизорҳоро нест мекунанд, ҳайвонотро шикор карда, ба камшавии
саршумори онҳо сабаб мешаванд, гиёҳҳои шифобахшро решакан карда,
мувозинати табиатро вайрон мекунанд. Ташкили тарбияи самараноки
экологии шаҳрвандон имконият фароҳам меоварад, ки инсон муҳити зист ва
биосфераро ҳимоя кунад, тоза нигоҳ дорад онро афзун гардонад ва худ
дар он сиҳату саломат умр ба сар барад, муҳити аз ҷиҳати экологи
тозаро ба наслҳои оянда боқи гузорад. Тарбияи экологи ва ҳифзи муҳити
зист, пеш аз ҳама, ҳимояи генофони миллатро дар назар дорад.

Тарбияи сиёси.
Тарбияи сиёсии шаҳрванд аз ҳуқуқу озодиҳои сиёсие сарчашма
мегиранд, ки онҳо дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон
ифода ёфтаанд.
Тарбияи сиёси аз зарурати фаъолияти сиёсии шаҳрвандон дар ҳаёти
сиёсии ҷомеа ба миён меояд. Шаҳрванд дар фазои сиёси ҳаёт ба сар
бурда, бояд сохтор ва нерӯҳои сиёсии ҷомеаро донад. Аз ҳуқуқи худ
барои иштирок дар идораи давлат истифода бурда тавонад, узви ҳизби
сиёси бошад ва ё ба иттиҳодияи ҷамъиятии дигар дохил шуда, дар ҳаёти
сиёсии ҷомеа ширкат варзад. Дар интихобот ба сифати интихобкунанда ва
ё интихобшаванда иштирок намояд. Аз тариқи маҷлису гирдиҳамоиҳо ва
намоишу роҳпаймоиҳои қонуни ақида ва ё андешаи дигари сиёсии худро
иброз дорад. Аз ҳуқуқи озодии сухан ва дигарақидаги истифода барад.
Мақсади ниҳоии тарбияи сиёсии шаҳрванд аз он иборат аст. ки
фарҳанги сиёси ва майли фаъолияти сиёсии ӯ ташаккул дода шавад.

Тарбияи ҷисмони.
Ин намуди тарбия аз бардаму солим тарбия кардани миллат иборат
буда, он тавассути машғулиятҳои тарбияи ҷисмони дар мактабҳои
таҳсилоти умуми, ибтидои, миёна ва олии касби, мактабҳои варзишии
кӯдакону ҷавонон, сексияҳо ва ҷамъиятҳои варзиши, тавассути сайру
тамошо дар муҳити табиат, истироҳати фаъолона ва амсоли ин иҷро карда
мешавад. Шаҳрванди аз ҷиҳати ҷисмони боқувват ба иҷрои вазифаҳои дар
наздаш гузошташуда қодир аст. Солимии ҷисмонии шаҳрванд солимии оила,
ҷомеа ва боигарии асосии давлат маҳсуб мешавад.

Тарбияи тафаккури интиқоди.
Тарбияи тафаккури интиқоди омили асосии ошкор ва бартараф
намудани камбудию норасоиҳо мебошад. Ташаккули тафаккури интиқоди дар
амал ба шаҳрванд имконият медиҳад, ки худро дар ҷомеа ифода намояд ва
дар рушду нумӯи низоми сиёси, иқтисоди ва таъминоти иҷтимоии миллат
саҳм гузорад. Танқид гарчанде талх бошад ҳам, он муҳаррики ошкорбаёни
ва табодули назар аст. Ба ҳама зуҳурот аз назари танқид нигоҳ кардан
худ омилест, ки касро аз хато зоҳир кардан пешгири мекунад. Ҷомеа низ
аз тафаккури танқидии шаҳрвандон фоида мебинад.

Тарбияи таҳаммул ва тоқатпазири.
Таҳаммул ва тоқатпазири аз эҳтироми ақидаи дигарон ба миён меояд.
Шахс бояд бо ҳамсӯҳбат ва мунаққиди худ тоқатпазир бошад, ба сухани
дигарон ботаҳаммул гӯш дода тавонад. Тоқатпазир будан яке аз сифатҳои
мусбати муносибати башардӯстона доштан ба шаҳрванд ва омили асосии
пешгири кардани низоъҳои эҳтимолин дар байни шаҳрвандон ба амалоянда
мебошад.
Агар шаҳрванд тоқатпазир ва ботаҳаммул тарбия ёфта бошад, пас
ҷомеа низ дар дигарақидагию бисёрақидаги ннсбати ҳамдигар ва давлат
нисбати шаҳрвандоне, ки онро танқид мекунанд, тоқатпазир аст.
Тоқатпазир будан омили муҳиму самарабахши гуфтушунид, мулоқот,
муколама ва музокирот мебошад. Тоқатпазири нишонаи муҳими фарҳанги
баланди муколамаи байни одамон ва одамону давлат мебошад. Ҷомеаи
демократи ба тоқатпазир ва ботаҳаммул будани шаҳрвандон эҳтиёҷи калон
дорад ва онро яке аз омилҳои асосии пешрафти ҷомеа меҳисобад.

Тарбияи масъулиятшиноси.
Масъулиятшиноси аз ҷумлаи сифатҳои муҳими шаҳрванд мебошад. Шахси
масъулиятшинос вазифаҳои худро дар мактаб, оила, ҷойи кор ва маҳали
зист хуб иҷро карда, сабабгори пешрафти оромии муҳити зиндаги ва кор
мешавад. Шаҳрванди масъулиятшинос фонди тиллоии ҳар як ҷомеаро ташкил
менамояд. Ӯ дорои виҷдони пок, шаъну шараф, нангу номус ва сифатҳои
дигари миллист. Шаҳрванди масъулиятшинос вазифаю ӯҳдадориҳои худро дар
сатҳи баланди сифати ва касби иҷро менамояд.
Тарбияи масъулиятшиноси аз оила ва кӯдакистону мактаб оғоз ёфта,
он дар овони калонсоли ва фаъолияти меҳнатии шаҳрванд таҳким меёбад.

Тарбияи ҳаёти солим.
Барои шаҳрванд имрӯз муҳим аст донад, ки истеъмоли маводи
мухадир, майпарасти, паҳншавии касалии СПИД барои Тоҷикистон ва ҷомеаи
ҷаҳони хатарнок аст. Шаҳрванд дар муҳити зиндагии истеъмолкунандагони
маводи мухадиру майпарастон ва гирифтори касалии СПИД умр ба сар
мебарад. Шаҳрванди пайрави зиндагии солим на танҳо аз зуҳуроти манфии
ба саломатии ӯ зараровар канорагири мекунад, балки ба солим
гардонидани бадан ва зиндагии худ омилҳои зиёдро истифода мебарад. Ӯ
аз истеъмоли маводи мухадир, нӯшокии мадҳушкунанда канорагири мекунад
ва ба ин васила дар солим нигоҳ доштани муҳити зист фаъолона иштирок
менамояд ва ба зиндагии солим камар мебандад. Ҳайёти солим бо аҳли
оила мунтазам сайри табиат рафтан, дар боғҳои фароғати истироҳат
кардан, барномаҳои сирк, театру дастаҳои мусиқию овозхонҳоро тамошо
кардан, китобҳои бадеи хондан, ба тамошои мусобиқаҳои гуногуни варзиши
рафтан, ба корҳои эҷоди ва тарбияи бадан машғул буданро тақозо
менамояд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *