Фанни Этика/Эстетика

Давраҳои асосии инкишофи ақидаҳои эстетикӣ

Давраҳои асосии инкишофи ақидаҳои эстетикӣ

Заминаи таърихии ташаккули эстетика ин пеш аз ҳама асотир ба шумор меравад.Асотир ҳама сохаҳои ҳаёти ҷамъиятиро фаро гирифта паҳлўҳои ҳаёти ҷамъитиро инъикос менамуд.

.Таълимоти эстетикӣ дар афкори фалсафаию эстетикии Суқрот, Афлотун, Арасту ва дигарон нисбатан равшантар зоҳир шуда, ҷанбаи эстетикии офариниши оламро ба миён гузошт.

Дар замони антиқа фаъолияти маънавӣ ва на фақат мазмуни он , балки шаклаш ҳам ғайратмандона рефлексия мешуд,ки ин дар маъмул шудани мафҳумҳои эстетикии зебоӣ, андоза,мутаносибият, камолоти таркиби категорияҳои асосии ҳастӣ зуҳур ёфт. Дар давраи антиқа зебоӣ хосияти на одами мушоҳиди олам, балки хосияти худи олам буд.. Ғайр аз ин , зебоӣ ва мутаносибияти давраи антиқӣ ҳамчунин ҳаммаънои оқилӣ буд, зеро равшан аст , ки олами аз рўи қонунҳои зебоӣ ташкилёфта нооқилона шуданаш мумкин нест ва баръакс, агар олам оқилона бошад, яқин аст,ки он бо қонунҳои мутаносибият асос ёфтааст.Таҷассуми мушаххаси зебоӣ чун принсипи сохти олам, албатта ба тарзи гуногун тафсир мешуд; олам гоҳ аз идея, ақл(Афлотун, Арасту) иборат дониса мешуд,гоҳ аз адад (Пифагор).Ба ҳар ҳол таълимоти зебоӣ дар давраи антиқа аз таълимоти ҳастӣ ҷудо дониста намешуд ва аз ин рў, масъалаҳои ҳақиқат, зебоӣ ва накўӣ дар замони антиқаи классикӣ масъалаҳои мухталиф набуда, як масъалаи том буданд.

Бинобар ақидаи муҳаққиқи машҳури Советӣ Лосев А.Ф. дар афкори фалсафии мутафақирони Юнони Қадим, махсусан Платин масъалаи ҳусн ва офариниш ба вуҷуд омад, ки минбаъд ҳам ба ташаккули таълимоти эстетикии мутафаққирони Шарқи Миёна ва Наздик ва ҳам ба инкишофи афкори эстетикии давраи Эҳё таъсири зиёд расонд.

Дар Ғарб дар асрҳои миёна эстетикаи масеҳӣ нуфуз пайдо кард. Намоётарин эстетикҳои асримиёнагии Ғарб Августин Аврелий, Василий Великий, Иоанн Златоуст, Боэций, Фома Аквинский башумор мераванд.Онҳо принсипҳои асосии эстетикаро кор карда баровардаанд, ки асоси таълимоти онҳоро ташкил медиҳанд.Ин принсипҳо мазмуну мундариҷаи намудҳои гуногуни санъати асримиёнагиро ташкил медодандЯке аз чеҳраҳои намоёни эстетикаи асримиёнагии Ғарб Аврелий Августин мебошад, ки ў таъкид мекард, ки маҳз Худо – рассоми бузург аст, зебоиро бо қонунҳои худ офаридааст.

Намояндаи дигари ин давра Фома Аквинский мебошад,ки ақидаи ў барои зебоӣ се шарт лозим аст: камолот,таносуб, саҳеҳӣ.Оиди таълимот дар бораи санъат Фомаи Аквинӣ бештар ба ақидаҳои Арасту , ки дар асараш «Метафизика» баён кардааст ҳамфикр мешавад.

Дар давраи Эҳё эстетика аз таъсири дин озод шуда принсипҳои гуманистию реалистиро тарғиб намуд. Масъалаҳои асосии эстетика дар асарҳои рассомони бузург (Алберти, Леонардо да Винчи, Албрехт, Дюрер ва дигарон) ба таври муфассал таҳлил карда шудааанд. Дар мамлакатҳои Шарқи Миёна ва Наздик дар ин давра масъалаи эстетика вобаста ба масъалаҳои осори мутафаққирони форсу тоҷик Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Ғаззолӣ, Н. Хисрав, Ҳофиз, Ҷомӣ ва ғ. масъалахои мухталифи эстетикӣ мушоҳода мешаванд.

Дар асри XVII давраи ташаккули пуравҷи акидахои фалсафӣ-эстетикӣ ба шумор меравад. Дар ин давра эстетика ба қисми мустақили фалсафа табдил ёфт. Р.Декарт назрияи ақлгароии худро меофарад ва ақлро меъёри ҳақиқат мешуморад, Ф. Бэкон бошад табиатро объекти маърифат дониста мақсади маърифат – ҳукмронии инсон аз болои табиат, ва методи маърифат таҷриба, методи индуктивиро меҳисобад.И.Нютон бо ёрии таҷриба ҳолати асосии материализми натурфалсафиро исбот мекунад. Маҳз дар ин давра болоравии усулҳои нави санъати меъморӣ ва классизм дида мешавад.Низоми томи эстетикиро кассизми фаронсавӣ ташкил медиҳад. Намояндагонаш инҳо мебошанд: Р.Декарт, Ш.Сорел,П. Скаррон, Волтер Д.Дидро ва ғайраҳо.

Эстетикаи классикии немис дар асрҳои XVIII-XIX давраи муҳимтарини инкишофи ақидаҳои эстетики ҷаҳонӣ ба шумор меравад.Намояндагони бузурги эстетикаи классикии немис И. Кант, И. Гердер, Шиллер, Гёте, Шеллинг, Гегел, Фейербах мебошанд,ки эстетикаро илми фалсафӣ дар бораи санъат донистаанд.Дар байни ҳақиқат ва зебоӣ сади чин нест, мегуфт И.Гёте, баръакс, зебоӣ ҳақиқат аст, ҳақиқат зуҳуроти қонунҳои амиқи табиат буда, то ин қонуни ҳодисаҳо дарк нашаванд, бо назари мо нонамоён мемонад. Аз ҳамин сабаб қонунҳои табиат ва зебоӣ аз ҳам ҷудо буда наметавонанд.Як худи одам дар ин ҷо барои санъат кифоя нест: санъат қонунан ба олами беруна низ, зимнан на фақат ба табиат, балки ба ҷамъият, ба мардум ҳам рў ба рў меорад. Барои маърифати олам як худи илм ҳам кифоя нест. Ба ақидаи Гёте, ҳар касе, ки асрори табиат ба рўяш кушода шавад, сайъю кўшиши самимию шўълаваре дорад,ки онро бо воситаҳои санъат ҳам сазовору шоиста тафсир диҳад.

Гегел навишта буд : « Ман боварӣ дорам,ки олитарин амали хирад, ки фикрҳоро дар бар мегирад – ин амали эстетикӣ аст, ки ҳақиқат ва накўӣ ба ҳам танҳо тавассути зебоӣ пайваст мешаванд.»

Эстетикаи то марксистӣ аксар фаоълияти эстетикӣ ва санъатро аз фаъолияти одам, ҷаҳонро меорояд, яъне онро таъғир дода аз нав месозад, ҷудо дидааст.

Эстетикаи марксистӣ бошад дар фаҳмиши эстетикӣ масъалахои эстетикаи табиат, ҷамъият ва фаъолияти бадеии инсон дигаргунии куллӣ ба амал овард. Эстетикаи марксистӣ санъатро аз фаъолияти ҳиссию амалии одам ҷудо не, балки дар ягонагии узвӣ бо меҳнати ў ва таҷрибаи ў дар протсеси аз худкунию дигаргун созиҳои инсону муҳиту атроф баҳо медиҳад. Эстетикаи марксистӣ дар заминаи материализми дилектикӣ ва таърихӣ хусусияти ҷамъиятию таърихии ҳодисаҳо ва фаъолияти бадеиро ба назар гирифта, назарияҳои муҳими реализм, халқият ва партиявияти санъатро асоснок кард. Бисёр соҳаҳои нисбатан мустақили илми эстетика аз қабили эстетикаи истеҳсолот, меҳнат, техника, ҳаёти миашӣ ва ғайра ба вуҷуд омадаанд. Категорияҳои эстетика ду хел мешаванд:

  1. Махсус
  2. Умумӣ

Категорияҳои умумии эстетика (ҳусн,разилӣ, шукўҳ, фоҷиа, мазҳака, мутаносибу номутаносиб), ки ҳам ба табиату ҳам ба ҷамъият ва ҳам ба фаъолияти одамон хосанд.

Категорияҳои махсус (образи бадеӣ, методи бадеӣ, халқият, синфият, партиявият, анъана, навоварӣ ва ғ.), ки танҳо ба фаъолияти бадеӣ (санъат)муттаалиқанд

Категорияҳои эстетикӣ олами табиати «берун аз инсонро» тавсиф накарда, бо вуҷуди ҳамин объективӣ мебошанд, зеро онҳо табиати объективии худи инсонро, ки дар муносибатҳои мухталифаш бо олам ташаккул меёбад, инъикос мекунанд. Ба ин маъно категорияҳои эстетикӣ ҳам мисли категорияҳои маърифат объективианд.

Эстетика ҳамчун назарияи умумии фаъолияти бадеӣ аз назарияи махсуси ин намуди санъат(адабиётшиносӣ, санъатшиносӣ, театршиносӣ, мусиқишиносӣ, киношиносӣ ва ғ.) фарқ мекунад.

Адабиёт.

  1. Громов Е. С. Начало эстетических знаний. М, «Сов.

Художник». 1984.

  1. Радугина А.А. Эстетика – М, 2000.
  2. Кривчун О.А. Эстетика – М, 1998.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *