Фанни Этика/Эстетика

Категорияҳои Эстетика (Зебоӣ Ва Зишти, Нексириштӣ, Разилӣ, Фоҷиа, Мазҳака)

Категорияҳои Эстетика (Зебоӣ Ва Зишти, Нексириштӣ, Разилӣ, Фоҷиа, Мазҳака)

Дар низоми илмҳо мафҳумҳое ҳастанд, ки зербино ё ин ки пояи ин ё он илмро ташкил дода асоси назариявӣ ба ҳисоб мераванд, Ин мафҳумҳои илмиро категорияҳо меноманд.

Дар ҳамаи илмҳои инкишоф ёфта маҷмўи категорияҳо вуҷуд доранд. Илми эстетика низ категорияҳои худро дорад: зебоӣ ва зиштӣ, нексириштӣ ва разилӣ, фоҷиа ва мазҳака ва ғайраҳо

Зебоӣ- яке аз категорияҳои муҳиму асосии эстетика буда, қимати баланди эстетикии ашё ва ҳодисоти табиату ҷамъият, олами моддию маънавии инсон, инчунин асархои санъатро тавсиф медиҳад. Зебоӣ ҳамчун категорияи хоси эстетика аз категорияҳои ахлоқӣ ва назариявӣ фарқ мекунад. Эстетикаи марксистӣ таълим медиҳад, ки зебоӣ дар протсеси амалияи ҷамъиятию меҳнатӣ ба вуҷуд омада, характери таърихӣ дорад. Зебоӣ дар шаклҳои конкретию ҳиссӣ таҷассум ва ифода меёбад, аз ин рў вай конструксияи мантиқӣ набуда, балки сифатҳое мебошанд, ки дар ҳиссиёти мо пайдо шудаанд.

Зебоӣ шакли мусбати дарки эсттикии воқеият аст, ки дар он идеали эстетикӣ бевосита ифода меёбад. Инсон ба туфайли қонуни зебоӣ ба зуҳуроти табиат муносибати эстетикӣ карданро ёд мегирад ва дарки зебоии манзара, ҳайвоноту наботот, мувофиқати рангҳо, овозҳо, тартибу таносуб ва ғайра меомўзад.

Гуногунии зуҳуроти зебоӣ қобилияти баҳодиҳии инсон ба шаклҳои онро ташкил медиҳад.

Шаклҳои зуҳуроти зебоӣ низ гуногунанд. Худи санъат ҳамчун шакли фаъолияти эҷодӣ зебост. Инъикоси дурусти зебоӣ низ муҳимтарин хусусияти санъат аст. Тарбияи ҳисси зебоӣ унсури муҳими ташаккули шахсияти ҳаматарафа инкишофёфта мебошад.Чуноне, ки қайд намудем зебоӣ аз ботини инсон ҳувайдо мегардад, барои ҳамин ҳам дар инсон ҳама чиз зебо бошад. Инсон, ки табиати хеле зеборо дар ботини худ нигоҳ медорад ба муносибати зебо ниёзи хеле калон дорад. Эстетика шакли мусбати дарки эстетикии воқеият мебошад, пас сухане ки инсон мешунавад ва иброз медорад бояд зебо бошад. Сухан ҳам зебою ҳам нохуш мешавад.Аз мазмуни лафзи ширин кас на фақат лаззат мебарад, балки оҳанги нарму дилчаспи он ба кас таъсиру ҳаловат мебахшад.

Агар ҷумлаҳо хеле пурмазмун бошанду суханвар бо оҳанги дағал ва дўғу таҳдиди дилхарош онҳоро ифода кунад, дарҳол табъи одамон хира мешавад.

Оҳанги нарми аллаи модар ба кўдак таъсир намуда, тамоми аъзои ўро ором менамояд. Оҳанги нарму мўътадил ҳатто ба асаби ҳайвонот таъсири нек мебахшад. Саъдӣ ҷиҳати таъсирнокии суханро ба эътибор гирифта , гуфтааст:

Ба ширинзабонию лутфу хушӣ,

Тавонӣ, ки пиле ба мўе кашӣ.

Ё худ: Фариддадини Аттор оварда:

Эй бародар, гар хирад дорӣ тамом,

Нарму ширин гўй бо мардум калом!

Ба ақидаи Асадии Тўсӣ:

Ба гуфтори ширин фиребанда мард,

Кунад он, чӣ натвон ба шамшер кард.

Аз мисолҳои зикршуда аён аст, ки дар муносибат ё ин ки муомила ҷиҳатҳои зоҳирии сухангўй – оҳангу лаҳн ва тази баёни фикр дорои аҳамияти калон дорад.

Оҳанги сухан яке аз унсурҳои ҷиҳати эстетикии сухан аст. Оҳанги сухан ин баландию пастӣ, нармию дағалӣ, шакли амрӣ ё муроҷиатӣ доштани овозро ифода мекунад.

Нозукиҳои таъсири эҳсосӣ ва иродавӣ маҳз дар оҳанги сухан инъикос меёбад. Аз рўи оҳанг ҳатто дар бораи табъи инсон ҳукм кардан мумкин аст. То дараҷаи муайян оҳанг характери одамро инъикос менамояд, ба ҳар ҳол нишон медиҳад, ки мо бо кӣ сарукор дорем – бо одами боадаб ё беадаб.

Вобаста бо оҳанг як калима ба таври гуногун таъсир хоҳад кард. Баъзан оҳанги сухан гўшхарош аст, на худи сухан. Масалан, дар нақлиёти мусофиркаш овози дағале дар шакли фармон шунида мешавад: «Ба пеш гузаред!!!» Ҳол он ки оромона хоҳиш кардан мумкин, ки рафиқон, хоҳишмандам, каме пештар гузаретон…

Умуман , табиатан инсон табъи хеле нозук дорад, сабаби вайрон шудани табиати инсон ин омилҳои гуногуни иҷтимоӣ мебошад.Агар хоҳед, ки табъи дигаронро хира накунед, сабаби маломати беасос нашавед, хусусан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, оромона, хайрхоҳона, нарму боадаб ба дигарон муроҷиат кунед. То ки онҳо ҳам бо оҳанги хуш ба муроҷиати шумо ҷавоб диҳанд, аз шумо наранҷанд.

Инсон,ки табиатан зебопараст аст, сирату сурати инсон бояд чун ширу шакар , якдигарро мукаммал намоянд.Инсон бояд ҳам ботинан ҳам зоҳиран зебо бошад.Чашми инсон аз дидани чизи зебо ба ваҷҳ омада табъи инсон болида мешавад.Либоси зебо дўхташуда ва ба тану вақту мавзеъ мувофиқ, ба синну сол мутобиқ ҳусну ҷамоли ҳар як фардро афзун намуда, рўҳу илҳоми хуб мебахшад.

Дар табиат ҳамеша мутобиқати ранг зебоиро афзуну дилчасп менамояд. Дар вақти бо ҳам мутобиқат намудани ранги пўсту либос ҳусни инсон зеботар мегардад. Бояд ҳар як фард ранги ба худаш муносибу дилкашро донад.Ҳатто ранги либос бояд ба синну сол , ба талаботи фаъолияти меҳнатӣ, ба талаботи ҷамъиятӣ, замона муносибу мувофиқ бошад ва сабаби маломату монеаи кор нагардад.либос набояд василаи фахру мағрурӣ, намоишу сарвату мансаб гардад.

Бояд қайд намуд, зебоии инсон на дар либоси зебо аст, либос танҳо зоҳири инсонро назаррас менамояд, ҳамон либоси зебо танҳо ҳамон вақт дилработар менамояд, инсон ботинан зебо бошад, чунки тамоми рафториу ҳаракатҳои инсон зебогии ботини ўро нишон медиҳад.

Зиштӣ – яке аз категорияҳои эстетика буда муқобили зебоӣ меистадЧуноне, ки аз калима бармеояд зиштӣ ин бадшаклӣ, бадафтӣ ва бадкирдоию расвоӣ мебошад.Дар эстетикаи Юнони қадим зиштӣ баробар ба мафҳумҳои нестӣ ва бадӣ истифода мешуд ва ба бадӣ вобаста буда ҳисси бадбиниро ба вуҷуд меовард.Зиштӣ танҳо бадӣ, безебӣ, бадахлоқӣ, ғамгинӣ, дуруширо ба вуҷуд меорад.Зиштӣ дар худ равшвниро нигоҳ намедорад, дар вай ҳамеша тирагӣ ва зулмот ҳукмрон аст.Бадӣ оқибат надорад. Барои ҳамин ҳам зиштӣ умри кўтоҳ дорад.Дар давраи антиқа мутафаккири Юнони қадим Арасту масъалаи таносиби зебоӣ ва зиштиро ба миён гузоштааст.Ў фарқи байни чеҳраи зебо ва чеҳраи дар сурат зебо кашида шударо мисол оварда қайд мекунад , ки чизи зиштро мумкин аст хеле зебо ба қалам дод, ки аз тамошои ин санъати баланд инсон дилхуш мешавад. Тааҷубоварии кор ҳам дар он аст, ки чизи зиштро рассом бо маҳорати баланди эстетикӣ ба қалам дода бошад ин санъати воло аст, ки тамошояш ба кас ҳаловати хоса мебахшад. Барои ҳамин ҳам эҳсоси эстетикӣ ду хела мебошад, масалан, тасвири ҷасади инсон , ки дар санъат хеле моҳирона нишон дода шудааст боиси рўҳбаландии инсон мегардад. Одам аз тамошои ин намуди санъати тасвирӣ шод шуда қанотманд мегардад. «Мо ба тасвири чизҳое, ки одатан диданашон хеле нохуш аст бо камоли мамнуният назар мекунем, масалан, ба акси ҳайвоноти мурдор ё ҷасадҳо», — тасдиқ кардааст Арасту. Арзиши баланд доштани эстетикаи антиқа барои мо на ба хотири он аст, ки маҳз дар ҳамин давра намудҳои гуногуни санъат пайдо шудааст. Тасаввурот оиди санъат дар давраи эллинизм пайдо шуда буд.Файласуфони антиқа дар атрофи мафҳумҳои зебоӣ, нафосат, фазилат, мазҳака, фоҷиа, разилӣ ва нексириштӣ бисёр ақидаронӣ кардаанд.Аҳамияти эстетикаи антиқа боз дар он аст, ки маҳз дар ҳамин давра категорияҳои номбаршуда мукаммал карда шудаанд.

Дар асрҳои миёна бошад зиштӣ ҳамчун шакл ва натиҷаи гуноҳкорӣ фаҳмида мешуд. Фариштаи зебо Лютсифер бар зидди худо баромад карда ба шайтони бадкирдор мубаддал шуд ва офарандаи тамоми расвоиҳо дар олам гардид.

Зиштӣ муқобили зебоӣ меистад, барои ҳамин ҳам онҳо ба ҳам алоқаманд ҳастанд.Мисриёни қадим қайд карда буданд, ки дар протсеси пиршавӣ тансиҳатӣ ва зебоӣ зишт мегардад.

Нексириштӣ — сифатан ба мисли зебоӣ фаҳмида мешавад, аммо ин сифат хеле ба дараҷаи баланд ифода ёфтааст, олитарин, беҳад зебо.Ин сифатро бо сухан тасвир кардан мумкин нест.Далелу ҳодисаҳое, ки ба нексириштӣ тааллуқ доранд дар исон ҳисси бағоят баланд,шодӣ, шавқу завқи бенихоят баландро бедор мекунад.Беохирӣ ва бепоёнии олам, қувваи бузурги ниҳоии инсон ва табиат, имконияти ояндадори аз худ намудани табиат – ҳамаи ин лаҳзаҳои гуногуни нексириштӣ ба ҳисоб меравад.

Нексириштӣ – категорияи эстетика буда, таснифдиҳандаи арзишҳои эстетикии ҳодиса ва предметҳо ки аҳамияти калони мусбии ҷамъиятӣ доранд, аммо аз рўи қувваи бузургии худ наметавонанд мусбӣ аз тарафи ҷомеа ва шахсон аз худ карда шаванд .

Аввалин маротиба ба категорияи нексриштӣ И Кант баҳо дода, таносуби байни зебоӣ ва нексириштиро дида баромада қайд намудааст, ки агар зебоӣ як шакли муайянро дар бар гирад, пас моҳияти нексириштӣ дар беҳудудӣ, беохирии бузургӣ ва беҳамтоии фаъолияти мушоҳидакорӣ ва тахаюлоти инсон мебошад.

Нексириштӣ духелагии табиати инсонро кушода истода, инсонро ҳамчун махлуқи ҷисмонӣ пахш мекунад, ва маҷбур мекунад, ки инсон маҳдудияти худро дарк кунад,аммо дар як вақт ўро ҳамчун мавҷудияти маънавӣ болобардор мекунад.

Нексириштӣ дар ҳаёт , воқеият инъикоси худро дар санъат меёбад. Шаклҳои асосии дар санъат инъикосёфтаи нексириштӣ ин бузургӣ, масштабнокӣ, боҳашаматӣ мебошад.Мисоли равшани ин гуфта аҳромҳои Мисри қадим шуда метавонанд.Бузургии писари худо- фиръавнро тасдиқ карда истода шахсияти инсонро пахш кардаанд, ки дар муқоиса бо ин муҷассамиа бузург як зарраи ночиз шуда мемонад.

Разилӣ – категорияи эстетика буда баръакси нексириштӣ мебошад.Разилӣ дараҷаи охирини зиштӣ мебошад, ифодакунандаи арзиши манфӣ мебошад.Дар бисер асарҳои асотирӣ нексириштӣ ҳамчун осмони соф нишон дода шавад, разилӣ ҳамчун дўзах нишон дода мешавад. Нексириштӣ кувваи некӣ ва разилӣ қувваи бадӣ мебошад.

Разилӣ – категорияи эстетика буда ифодакунандаи арзишҳои эстетикии предметҳо ва ҳодисаҳо, ки моҳияти бениҳоят калони манфии ҷамъиятиро дар худ дошта барои ҷомеа ва шахсон хатарнок аст.

Нисбати дигар категорияҳои зебоӣ разилӣ бештар кори бад, рафтори бад, қувваҳои бадӣ вобаста дорад. Мазмуну мундаричаи ин категорияро тобишҳои манфӣ ба мисли авбошӣ, фиребгарӣ, дурўғгўи, хиёнат, расвоӣ, фоҳишагӣ ва ғайраҳо ташкил медиҳад.Разилӣ ифодагари мутеии инсон, яъне озод набудани вай аз тамоми офатҳои табиӣ, ҳодисаҳои нохуши чамъияти, вобастагии иҷтимоӣ, психологӣ ва психофизиологии инсонро нишон медиҳад.Ҷангу чидолҳо дар ҷомеа, поймолшавии ҳукуқи инсон, зўроварӣ аз болои одамон, истифодаи қувваи кории одамон,вайронкунии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар ҷомеа ин мисоли рашани баёнгари разилӣ шуда метавонад.

Баёнгари разилӣ дар психикаи инсон ин вобастагии психофизиологии инсон аз нўшокиҳои спиртӣ, маводи мухаддарва гайраҳо, ки шахсияти инсонро нобуд карда, вайро ба махлуқи ҳайвонсифат табдил медиҳад.

Алоқаи зичи зиштӣ ва разили ва бадӣ дар ҳаёт воқеи инъикоси худро дар эҷодиёти бадеи ёфтааст. Маҳз тавассути муқоисаи зиштӣ ва бадӣ дар санъат тимсоли разилӣ аён мегардад.

Фоҷиа— (арабӣ- бадбахтӣ, мусибат), Трагедия (юнонӣ- суруди бузҳо) яке аз шаклҳои драма мебошад, ки дар конфликти тезу тунд асос ёфтааст ва қаҳрамонҳои асосии он дар охир ба ҳалокат мерасанд. Дар фоҷиаҳо муборизаи сахти байни иштироккунандагон, корнамоиҳои онҳо азобу машаққат ва ҳалокати онҳо тасвир карда мешавад. Дар фоҷиа масъалаҳои дараҷаи хусусияти иҷтимоии мавзўъҳои умумибашарӣ дошта ифода меёбанд.

Фоҷиа дар Юнони қадим тақрибан дар асри V то мелод пайдо шудааст.Асосогузори жанри фоҷиа ё чи тавре, ки мунаққиди бузурги рус В.Г.Беленский мегўяд «бунёдкори фоҷиаи Юнон» ё ба қавли Ф.Энгелс «Падари фоҷиа», Эсхил мебошад. Ў дар Афина дар оилаи шахси маъруф ба дунё омададаст, маълумоти хуб меирад. Дар мусобиқаҳои драманквисони давраш 13 маротиба ғолиб меояд ( аввалин бор дар соли 484 то милод). Дар шаҳри Гела ( воқеъ дар Ситсилия) вафот кардааст.

Фаъолияти эҷодии Эсхил ҳамчун драматург ба давраи ҷанги Юнону Форс рост меояд. Оилаи ў иштирокчии фаъоли Юнону Форс буд. Эсхил низ дар муҳорибаҳои назди Марафон, Саламин ва Платея бевосита иштирок кардааст.

Эсхил тарғиботчӣ, ҳимоятгар в ифодакунандаи принсипҳои давлатдории Афина буд ва боадолатии онҳоро васф мекард.

Аз рўи маълумотҳои мавҷуда Эсхил 72 ё 90 песаҳо эҷод кардааст.Аз онҳо то имрўз 7 асар боқӣ мондааст: «Илтиҷокунандагон», «Ҳафт нафар ба муқобили Фива», «Форсҳо», асари сегонаи «Орестея»иборат аз фоҷиаҳои «Агаменон»., «Хоэфорҳо» ва «Эвменидон».

Фоҷиаҳои Эсхил ба ғайр аз «Форсҳо» дар мавзўҳои мифологӣ нвишта шудаанд..Бо вуҷуди он дар онҳо проблемаҳои муҳими рўз инъикоси худро меёфтанд.Сюжети фоҷиаҳои мифологӣ (асотирии) Эсхил асосан аз достонҳои киклӣ, ки аксар вақт ба Ҳомер нисбат медиҳанд, гирифта шудааст. Эсхил низ асарҳои худро «нонрезаҳои дастархони бузурги Ҳомер» медонад.

Яке аз фоҷиаҳои машхури Эсхил «Прометеи занҷирбанд» мебошад. Дар ин асар драматург дар бораи қисмати Прометей, ки ба одамон оташро оврда буд ва барои ин кораш худои олӣ Зевс ўро дар қуллаи баланди кўҳ занҷирбанд карда мемонад, сухан меронад. Прометей ба ҳамаи азобҳое, ки Зевс ўро гирифтор карда буд, ( уқоб,ҳар сол омада ҷигари ўро шикоф мекард) тоқат карда , озодии худро ( ў бе маслиҳати Зевс оташро ба одамон тўҳфа карда буд)авлотар медонад. Ва ба Зевс сар фуруд намеоварадДар охир прометейро қаҳрамон Геракл аз банд озод мекунад.

Асари дигари ў «Форсҳо» дар мавзўи таърихӣ навишта шудааст. Дар он дар бораи ҷанги Юнон ба муқобили форсҳо нақл карда мешавад.Фоҷиа ҳарчанд воқеаи реалии даврро инъикос мекунад, вале муаллиф онро ба тариқи мифологӣ ( асотрӣ) дарк кардааст. Б вучуди ин тасвири мифологии воқеаи реалӣ ба муаллиф барои дуруст муайян намудани таносуби қувваҳо, нишон додани рафтори инфиродии қаҳрамонон ва зарурати объективӣ халал нарасонидааст. Эсхил моҳияти ҳақиқии сиёсии даврро пардапўш намекунад: дар тасвири Эсхил қувваи ҳарбии форсҳо танҳо дар тарсу ваҳм ва зўрӣ нигох дошта мешавад, бар хилофи он кувваҳои ҳарбии Юнон ба ҳиссибаланди ватанпарварӣ такя мекунанд. Тамоми фоҷиа аз тантанаи ғалаба иборат аст.

Эсхил шоҳиди ҷангҳои зиёд буд. Ў натиҷаҳои даҳшатовари ҷанг, харобӣ, бераҳмӣ, қатлу ғорат, ғуломиро бо чашмони худ дида буд. Бинобар ин ў дар асарҳои худ қисмати вазнини ғуломонро нишон дода, ҷангро ҳамчун сарчашмаи асосии ғуломӣ ва беадолатӣ тасвир менамояд.

Софокл ҳамзамони Эсхил аст. Ў дар шаҳри Колон ( наздикии Афина) дар оилаи давлатманд ба дунё омадааст.Маълумоти хеле хуб гирифтааст Ў маълумоти мусиқӣ ва гимнастикаро, ки ҳамаи шаҳрвандони озоди Афина ( сармоядорон) ҳатман меомўхтанд аз аз бар мекунад.

Софокл соли 468 дар мусобиқаҳои драманависон якумин бор Эсхилро мағлуб сохта, аз ҳамон вақт сар карда ба муддати 60 сол дар саҳнаи театри Афина бемағлубият ҳумронӣ кардааст.Мероси драмавии Софокл аз 123 асар иборат аст. Аз онҳо то имрўз 7 драма боқӣ мондааст: «Аякс», «Занҳои Трахиня», «Антигона», «Шоҳ Эдип», «Эдип дар Колон», «Электра», «Филоктет».

Софокл дар арафаи бўҳрони иҷтимоӣ-сиёсӣ, ки Афинаро фаро мегирифт, умр ба сар бурдааст. Аз ин рў дар асарҳояш образи шахсиятҳои идеалиро , ки қисмат онҳоро ба марг маҳкум кардааст, нишон медиҳад. Асоси асарҳои Софоклро ғояи нотавонии одам дар назди тақдир ташкил медиҳад. Маҳз бо ҳамин ҷиҳати худ эҷодиёти Софокл аз Эсхил фарқ мекунад.

Асарҳои Софокл дорои аҳамияти калони бадеӣ мебошанд.Қаҳрамонони асарҳои ў одамдўст-гуманист мебошанд.Маҳз аз ҳамин ҷиҳат , онҳо ба одамони ҳама давру замонҳо фаҳмову наздиканд.

Софокл бар хилофи Эсхил образи шахси алоҳидаро мавзўи тасвири худ қарор дода, тақдири онро дар фоҷиа дар вобастагӣ бо ҳаёти иҷтимоӣ сиёсӣ ва маънавии давр яклухт нишон медиҳад.

Дигар фоҷианависи бузурги Юнони қадим Еврепид мебошад.Ў дар оилаи давлатманд таваллуд шуда, доир ба гимнастика, рассомӣ ва назм маълумоти мукаммал мегирад.

Еврепидро асосгузори драмаи равонӣ ( психологӣ) медонанд. Ў қариб 90 пееса эҷод кардааст, ки аз онҳо 19 – тоаш боқӣ мондааст.

Дар асарҳои Еврепид зиддиятҳои иҷтимоӣ – сиёсӣ, маънавӣ, ки ҷамъияти Афинаро торафт хароб мекарданд, инъикоси реалии худро ёфтаанд.Қахрамонони Еврепид бар хилофи қаҳрамонони Эсхил ва Софокл, ки бо характери томи худ фарқ мекарданд, дар зери фишори проблемаҳои ҳалнашаванда ва танҳоии рўҳ азоб мекашанд, роҳи халосиро пайдо карда натавониста ҷиноятҳо содир мекунанд.Масалан, Медея аз песаи ҳамноми «Медея» дар роҳи ишқ тамоми ҳастии худро, ҳатто фарзондонашро қурбон месозад.; Федра аз фоҷиаи «Федра» ба ишқи худ нисбат ба писари угаяш тоб оварда натавониста, ҳалок мешавад; Агамемнон аз песаи «Агамемнон»аз барои ҳокимият шуда духтари худ- Ифигенияро мекушад, ва дар натиҷа худаш низ аз дасти занаш кушта мешавад. Чунин мисолҳо хеле зиёданд.Умуман ў дар асарҳояш сохти ҷамъияти Афина ва ахлоқи ҳамзамононашро сахт танқид кардааст.

Чуноне ки дар боло аён шуд фоҷиаҳои юнонӣ пур аз қаҳрамонӣ буда , қаҳрамонони асар ҳо то охир истодагарӣ карда бо марг дучор мешаванд.

Дар асрҳои миёна, ихтиёри инсон дар дасти худованд буд, қаҳрамонои асарҳои драмавӣ низ дар роҳи наҷот худро қурбон мекарданд.Дар маркази фоҷиаи асрҳои миёна қаҳрамонии авлиёҳои азият кашида меистанд, ки дар роҳи худо худро қурбон мекунанд. Дар фоҷиаҳои давраи асрҳои миёна (ин асарҳои фоҷиавии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ) аҳамияти хеле калон дорад. Дар адабиёти тоҷик фоҷиаҳои Ғани Абдулло «Рустам ва Сўҳроб», С. Улуғзода «Темурмалик», А. Атобоев «Робияи Балхӣ» мавҷуданд, ки аҳамияти калони тарбиявӣ доранд.

Дар фоҷиаҳои давраи Эҳё (асарҳои Шекспир, Леонардо да Винчи) муборизаҳои муносибатҳои нави иҷтимоӣ ва феодализм инъикос меёбад.Санъат ва соири навоҳии илму дониш ба ҳавзаи шахсии фаъолияти инсон табдил ёфта, дигар онҳо тачассуми бозтоби нахустсимоҳии илоҳӣ набуда, балки акнун аз зарфи зеҳни эҷодкор ибтидо мегирад.

Дар Замони нав, ки шахсияти инсон хаматарафа рў ба инкишоф ниҳод, сарчашмаи фоҷиа худи субъет бо олами ботинӣ ва хоҳиу талаботҳояш қарор мегирад. Тамоми хусусиятҳои фоҷиаи ин давра дар асарҳои Шексир хеле аъло таҷассум ёфтааст.Ҷабҳаи назариявии инкишофи фоҷиа дар асарҳои романтикҳои немис ва Гегел дида мешавад.Гегел сарчашмаи инкишофи фоҷиаро дар дар худтақсимшавӣ ва ҷавҳари ахлоқӣ мебинад. Ў мегўяд, ки қувваҳои ахлоқӣ барои амалишавии мақсадҳои худ бар зидди якдигар истодагарӣ карда натавониста дар натича ба халокат оварда мерасонад.Гегел хулоса мекунад, ки дар фоҷиа, ки сабаби азияту уқубати мешавад, худи инсони Замони нав гунаҳкор аст.Аммо марги қувваи теладиҳанда мувозинати вайроншударо дар дараҷаи баландтар баркарор мекунад, ва бо ҳамин аз рўи акидаи Гегел ба худинкишофёбии таърихии рўҳ мусоидат карда ба ҷавҳарӣ куллӣ ҳаракат мекунад. Барои ҳамин ҳам ранги фоҷиа аз нигоҳи Гегел сафед мебошад.Фоҷиа дар санъат мавқеи худро мустаҳкам карда ба одамон таъсири мусбат расонида , онҳоро барои боадаб шудан ва мубориза бурдан бар зидди қувваҳои бадӣ даъват мекунад.Марги қахрамони фоҷиа дарду ғами тамошобинро афзун менамояд, аммо ўро ба ваҷҳ меорад , шақу завқи ўро нисбати ин намуди санъат бедор мекунад.

Мазҳака- аз саҳначаҳои хандовар, мазҳакаҳо- песаҳои хушҳолкунандаи аҷиб пайдо шудааст. Калимаи комедия ( аз калимаи юнонӣ komikos гифта шуда маънояш , хушҳол, хандаовар мебошад) «сурудҳои муҳоҷирони хушҳол» гуфтан аст, яъне мазҳака (мазоҳ, ҳазл, шўхӣ)- як навъи драма санъат аст, ки гўё ба ҳодисаҳои тасодуфӣ асос ёфта, ихтилофҳо бо ёрии низоъҳои сюжет ошкор мегарданд. Хулқу атвори персонажҳои мазҳака ба мисли фоҷиа ва драма инкишоф ва тағйир намеёбад. Моҳияти тамошобинонро дилхуш намекарданд, аксар вақт дар мазҳакаҳо масъалахое бардошта мешуд, ки диққати гражданҳоро ба худ ҷалб менамуданд, ба мисли ҷангро давом додан ё сулҳ бастан, мубориза байни синфҳои доро ва камбағал, ҳозирҷавобии шахсони камбағал, хизматгорҳо (калҳо дар эҷодиёти даҳанакии мардуми Шарқ), муборизаи ҳомиёни ҳуқуқ- қозиҳо бо ҷабрдидаҳо ва ғайра. Зимни рафтору кирдори шўхиомези қаҳрамонони мазҳака ҳодисаҳои кўҳна ва манфии ҳаёти иҷтимоӣ масхара мешаванд.

Масхарабозӣ яке аз шаклҳои маҳака ҳисоб мешавад, ки дар байни аҳли ҷомеа ҳамчун пеша пайдо шудааст. Вақте, ки бори аввал пешаи масхарабоз пайдо шуд, ин шуғл дафъатан оммавӣ гардида, масхарабозон дар дарбори шоҳон роҳ ёфта фаъолият мекарданд. Масалан, дар аҳди Пётри 1 на камтар аз сад масхрабоз мавҷуд буд, ки дарбори ёнро хушҳол мекарданд ва онҳо дар байни халқ ҳамчун Петрушкаҳо хеле машҳур будандки то замони мо омада расидааст. Масхрабозон шахсони ҳозирҷавоб, шўхтабиат буда камбудиии одамонро бо триқи масхара нишон медиҳанд.

Дар эҷодиёти халқи тоҷик Кали зирак, Афандӣ, Мулло Насриддин ва гайраҳо да байни халқ фаъолият карда шахсони доро, хасис, ҳаққи мардухурро зери тозиёнагирифта аз як тараф мардумро хушҳол мегардонанд, аз тарафи дигар камбудиҳои дар ҷомеа чойдоштаро зери танқид қарор медиҳанд.

Азбаски дар мазҳака на инкишофи характерҳо балки хулқу одоб чизи асосист, пас бояд мазҳакаҳо хеле намоён ва барҷаста бошанд. Дар ин шакли мазҳака тасвирҳои муболиғавию мароқангез роли калон мебозанд.

Дар мазҳака муболиға асосан дар ихтилофҳои хандаовари байни қаҳрамонон ба дараҷаи баланд мерасад.

Мазҳака асосан дар Юнони қадим пайдошуда буд падари мазҳака Аристофан шинохта шудааст. Аристофан дар оилаи сармоядор ба дунё омадааст. Маълумоти хуб мегирад.Дар адабиёти Юнони қадим эҷодкори шакли сеюми драма (дар қатори фоҷиа ва ҳаҷвия) – мазҳака мебошад.

Аристофан 44 мазҳака навиштааст. Аз онҳо то имрўз11мазҳака боқӣ мондааст: «Ахарниҳо», «Саворагон», «Абрҳо», «Оруҳо», «Сулх», «Паррандаҳо», «Лисистрата», «Занҳо дар иди Фесмофорий, «Қурбоққаҳо», «Занҳо дар маҷлиси халқӣ», «Боигарӣ».

Дар мазҳакаҳои Аристофан ақидаҳои сиёсии деҳқонони аттика, ки аз ҷанг ва ҳарзагўиҳои ҳокимони замон ба дод омада буданд, инъикоси худро ёфтааст. Шоир ҷангҳои доимии миёни Спарта ва Афина ( «Ахарниҳо», кибру ғурур, ҳавобаландӣ ва бадахлоқиҳои сарлашкарон («Саворагон»), муфтхўрии ҳокимони давр ( «Оруҳо») ва лоиҳаҳои иҷронашавандва утописти баробарии молдорӣ ( «Занҳодар маҷлиси халқӣ») ва монанди инҳо ҳаҷв мекунад. Ў дар асрҳояш воситаҳои пурзўртарини таъсири мазҳакавӣ – ҳазл, ҳаҷв ва иғроқро васеъ кор мефармояд. Истифодаи васеи шаклҳои афсонавӣ хусусияти хоси мазҳакаҳои Аристофан мебошад. Муаллиф дар мазҳакаҳояш барои табиӣ ва ҳаққонӣ баромадани воқеаҳои тасвиршаванда чандон кўшиш намекунад. Б а қавли муаллиф тасвир ҳар қадар ки аз ақл берун бошад, таассуроти мазҳакавии он ҳамон қадар баланд мегардад.

Эҷодиёти Аристофан бо ҳақиқати замонаш зич алоқаманд буд. Дар асрҳои ў камбудӣ ва нуқсонҳои давр кинояомез зери танқид гирифта мешуданд.Аммо маҳз ҳамин услуби кинояомези Аристофан ба он сабаб гардида буд, ки то асри XVII ў барои бисёр тамошобинон номафҳум монад.

Категорияҳои эстетикӣ олами табиати «берун аз инсонро» тавсиф накарда, бо вуҷуди ҳамин объективӣ мебошанд, зеро онҳо табиати объективии худи инсонро, ки дар муносибатҳои мухталифаш бо олам ташаккул меёбанд, инъикос мекунанд. Ба ин маъно категорияҳои эстетикӣ ҳам мисли категорияҳои маърифат объективианд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *