Фанни Этика/Эстетика

Илми ахлоқ ва вазифаҳои он

Илми ахлоқ ва вазифаҳои он

Дар таърихи тамаддуну фарҳангӣ мардуми Шарқ дар маҷмўъ ҷавҳари таълимоту таълифоти уламо ва шуарову мутафаккиронро андешаҳо ва ақидаҳои ахлоқи ташкил медиҳад, зеро ҳадафи ниҳоии ҳар яке аз онҳо инсон ва ҷову мақоми он дар низоми офариниш аст.

Мафҳуми илми ахлоқ дар адабиёти фалсафии европоӣ бо истилоҳи «этика» ифода меёбад. Аксари муҳаққиқон ба мисли Дробницкий О. Г[1], Гусейнов А. А[2]. ва дигарон Арастуро асосгузори ин илм мепиндоранд ва ҳатто таъкид мекунанд, ки маҳз Арасту ба ин илм номи «этика» — ро гузоштааст. Онҳо бевосита ба этимологияи истилоҳи этика машғул шуда, маншаи пайдоиши онро дар забонҳои қадимаи лотинӣ, хитоӣ, ҳиндӣ, мисрӣ, юнонӣ, итолиявӣ ва русӣ аз назар гузаронидаанд. Дар аввал бо кадом маъною шаклҳо омадану дар охир чи шакл гирифтани ин истилоҳро низ хеле муфассал баён карда, лекин мутаассифона дар кадом шаклу мазмун омадани онро дар заминаи тамаддуни ҳазорсолаи мардуми форсу тоҷик ва умуман дар тамаддунҳои ориёӣ ва исломӣ сарфи назар кардаанд.

Тибқи сарчашмаҳо ва осору таълифоти мутафаккирони даврону асрҳои мухталифи ин минтақа маълум мешавад, ки онҳо мафҳуми «ахлоқ» ва «илми ахлоқ» — ро ба андозае истифода бурдаанд, ки дар дигар тамаддунҳо чунин майлон кам ба назар мерасад, зеро дар таърихи гузаштаи ин қавму миллат умуман мутафаккире набуд, ки ба илми ахлоқ рўй наоварда бошад ва доир ба ин ё он паҳлўи ин масъала осоре боқӣ нагузошта бошад. Ин раванд худ аз ниҳоди таҳамулпазирӣ мардумони ин минтақа гувоҳӣ медиҳанд, ки онҳо ҳамеша дар муқобили ҷангу зўроварӣ аз фалсафаи мадоро истифода мебаранд ва онро дар чаҳорчўби низоми андешаҳои ахлоқӣ ва ба хусус дар мўҳтавои жанри «Насиҳат-ул-мулук» баён месохтанд. Воқеан ҳам илми ахлоқи ниёгонамон ҷавҳари таҳаммулпазирӣ дошта, ба хотири инсон сохтани инсон тарҳрезӣ шудааст.

Вале тамоми мутафаккирони мо аз истилоҳ ва мафҳуми этика парҳез ҷуста ба ивази он аз мафҳумҳои фалсафии ин минтақа истифода бурдаанд. Агар ба таърихи гузаштаи ин мардум назар андозем ,дарёфт хоҳем намуд, ки ниёгонамон таъриху маданияти хеле бой доштаанд. Онҳо пеш аз паҳн шудани фалсафаю этикаи Юнон дар сарзамини худ, сохти давлатдорӣ, урфу одат, муомила, гуфтору рафтор ва муоширати мардумро ба низоми муайяне дароварда, бо се рукни асосӣ – пиндори нек, рафтори нек, гуфтори нек амал менамудаанд. Онҳо бештари масъалаҳои фалсафӣ – ахлоқии худро бо мафҳуми «оин» ифода намудаанд, ки он маъноҳои расму одат, қоидаву қонун, тартиб, тариқ, шакл, нишондод ва амсоли инҳоро дар бар гирифтааст. Барои мисол оини зардуштӣ, оини монавия ва ғайра, ки он дарбаргирандаи як низоми муайян ва маъқулоту қонунмандиҳои хос аст.

Баъдтар бо паҳн шудани дини ислом, рушду камоли забони арабӣ истилоҳи «оин» мавқеъашро аз даст дода, ба тадриҷ ба ивази он калимаи арабии «ахлоқ» (хулқ) истифода мешавад.

Агар мо ба маънои луғавию истилоҳии мафҳумҳои «этика» ва «ахлоқ» назар кунем мебинем, ки этика аз калимаи қадимаи юнонӣ «этос» (ethos) гирифта шуда, дар ибтидо ҷои оддии зиндагӣ (маъвои инсонӣ, лонаи дарранда) – ро фаҳмонида, баъдан ба худ маънои расму таомул, одат, характер, хусусият, тарзи тафаккур ва амсоли онро мегирад.

Истилоҳи «ахлоқ» бошад калимаи арабӣ буда, аз феъли замони гузаштаи ҷинси мардонаи шумораи танҳо «халақа» сохта шудааст ва маънои луғавии он «чизеро эҷод кардан», «офаридан», «ба вуҷуд овардан», «сохтан», «тайёр кардан», «хаёл карда баровардан», «фикр карда ёфтан» ва ғайра мебошад. Аз ҳамон феъли замони гузашта, яъне «халақа» сифати аслӣ – «хулқ» сохта шуда, ҳамчун истилоҳ барои ифодаи илми ахлоқ қабул мешавад, ки «маъноҳои сиришт», «одат», «табъ», «рафтору кирдор», «сират», «сифатхои рўҳӣ», «хусусиятҳои миҷоз», «табиат», «феъл», «хусусиятҳои урфу одат», «фалсафаи ахлоқ» ва амсоли онҳоро шомил месозад. Лекин, гарчанде ки ҳар як қавму миллат нисбат ба ин илм истилоҳу мафҳумҳои худро истифода кунад ҳам, вале маҷмўи онҳо, яъне ҳам «этос», ҳам «ахлоқ» ва ҳам «оин» маъноҳои наздик, яъне феълу хў, урфу одат, рафтору кирдор, сират, сифатҳои рўҳӣ, характер, хусусиятҳои мизоҷ, табиат, кирдору сират ва дигар хулқу атвори инсонро ифода мекунанд.

Дар хусуси он масъала, ки баъзе муҳаққиқон Арастуро асосгузору нозим ва номгузори илми ахлоқ меҳисобанд ҳаминро бояд гуфт, ки ин ақидаи онҳо фақат ба кишварҳои муайяне тааллуқ дорад ва ба хусус он кишварҳое, ки илмии ахлоқ дар он ҷо зуҳур ва ташаккул наёфта буд ва дар ин самт осори бунёдие надоштанд. Аммо мутафаккирони исломӣ гарчанде дар асарҳои худ ба Арасту хеле зиёд такя ва ишора кардаанд ва ўро «Муаллими аввал» номида, майлу рағбати хешро нисбат ба масоили умумии фалсафӣ ифода намудаанд, вале дар масъалаҳои илми ахлоқ, бошад аз сабаби он ки дар ин сарзамин пеш аз паҳн шудани илму маърифати юнониён илми ахлоқ рушду камол ёфта буд, аз ин рў ҳангоми паҳншавии афкори ахлоқии юнониён уламои ин манотиқ фақат мазмуну фикрҳои тозаю бикри афкори ахлоқии юнониёнро гирифта, ба қолабҳои тайёри худ дароварда аз шакли баён ва истилоҳоти онҳо сарфи назар кардаанд.

Ҳамин аст, ки дар тўли таърих мавзўъи ахлоқ дар адабиёти шифоҳиву китобӣ ва осори фалсафии мутафаккирони машриқзамин мавқеъи хоса дошт. Мутафаккирони форсу тоҷик беҳтарин осори хешро ба масъалаҳои ахлоқӣ бахшидаанд, ки беҳтарини онҳо таълифоти Абўбакр Закариёи Розӣ дар асрҳои 9–10 — «Тибби рўҳонӣ», Абўнасри Форобӣ дар асри 10 – «Таҳсили саодат», Абўали Ибни Сино дар асри 10 — «Пирўзнома», «Рисола дар ахлоқ», «Тадбири манзил», Ибни Мисквайҳ дар асри 10–11- «Тазҳиби ахлоқ», Унсурулмаолии Кайковус дар асри 11- «Қобуснома», Муҳаммад Ѓазолӣ дар асри 11 — «Эҳё улум ад-дин», «Насиҳат-ул-мулук», «Кимёи саодат», Насриддини Тусӣ дар асри 13-«Ахлоқи Носирӣ», Ҷалолиддини Давонӣ дар асри 15-«Ахлоқи Ҷалолӣ», Воизи Кошифӣ « Ахлоқи Мўҳсинӣ»ва ғайраҳо мебошанд.

Адабиёт.

  1. Гусейнов А.А., Аперсян Р.Г. Этика. Учебник М,

Гардарики, 2000с.

  • Швейцер А. Култура и этика М., 1992.
  • Гегел Ф. Эстетика в 4 – х т. м: «Искусство». 1983.
0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *