Фанни Этика/Эстетика

Мафҳуми одоб (этикет)

Нақша

  1. Усул, меъёр ва арзишҳои иҷтимои, маънави ва ахлоқи
  2. Навъҳо ва шаклҳои гуногуни одоб (этикет)
  3. Ташаккул ва инкишофи ахлоқии мардуми форсигӯ

Усул, меъёр ва арзишҳои иҷтимои, маънави ва ахлоқи натиҷаи ташаккули тулонии табии ва қонунии инсон ва ҷомеаи инсони мебошанд. Бидуни онҳо шарти муҳимтарини ҳастии иҷтимоии инсон-муошират ва равобити гуногуни башари имконпазир нест. Маҳз онҳо муҳимтарин василаи таъмини равобити байни халқҳо, кишварҳо ва ҷомеаҳо гардидаанд. Возеҳ аст, ки равобити васеъ ва ҳамаҷонибаи сиёси, иқтисоди, иҷтимои, фарҳанги ва маънави фақат замоне имконпазир аст, ки агар ҷонибҳо усул ва меъёрҳои арзишҳои хосро эътироф кунанд ва муҳим шуморанд уҳдадори масъулият ва маҳдуддиятҳои муайянро пазиранд ва ҳамдигарро эҳтиром намоянд. Бар асари ин зарурати таърихи ниҳод (механизм)-и хоси пешбурд ва танзими равобит ва муносибот ташаккул меёбанд, ки он тадриҷан дар сатҳи ҷаҳони бо номи этикет маъруф гардид. Этикет истилоҳи фаронсави аз (асли юнони ва лотинишуда) буда маънои ахлоқро дорад. Дар фаҳмиши том этикет-ин тарзи қобили қабул эътирофи умум ва ҳатто меъёри маънавии рафтори инсон мебошад.. Этикети муосир, омезиши табии вале мураккаби меъёру арзишҳои этикети халқҳои гуногун ва даврони мухталиф аст. Дар он усул ва арзишҳои этикети ниёкони мо низ шомил мебошад. Этикети аҷдодонамон бо истилоҳи фарҳанг ифода гардида дар осори зиёди таърихи фарҳанги (қабл аз ҳама андарзномаҳо) инъикоси том ва возеҳ дорад. Баъди зуҳур ва интишори ислом усул ва арзишҳои этикети ниёкон (чун усулу арзишҳои ичтимои дар маҷмуъ) бо нормаҳо ва арзишҳои исломи омезиши табии ва органики ёфта ва аз он этикети тоҷики шакл гирифт, ки он бо истилоҳи умуми «адаб» (ва бештар дар шакли ҷамъ ва умумии он – «одоб») маъруф ва маъмул шуд. Он дар силсилаи осори хос («адабномаҳо», «насиҳатномаҳо», «ахлоқҳо» қисман «сиёсатномаҳо», «дастур- ул- мулуқҳо», «дастур- ул-вузароҳо») инъикоси рангин ва муфассал доранд, ки маъруфтарини онҳо: «насиҳатнома» (ё «қобуснома»)-и Унсур-ул-маолии кайковус, «Гулистон»-и Шайх Саъдии Шерози, «Баҳористон»-и Мавлоно Абдураҳмони Ҷоми, «Ахлоқи Муҳсини»-и Ҳусайн Воизи Кошифи, «сиёсатнома»-и Хоҷа Қавомуддини Абуали Ҳасан бини Али бини Исҳоқ (маъруф ба Низоммулмулк) ва силсилаи осори фалсафи-сиёси ва иҷтимоии Фороби,Ибни Сино, Беруни, Сайид Алии Ҳамадони ва дигарон мебошанд. Бояд таъкид кард, ки «одоб» нисбати истилоҳи «этикет» ҷамеътар, амиқтар ва ғаномандтар аст. Одоб бо суннат (анъана), ахлоқ ва фарҳанги пайванди наздик дорад. Бахусус пайванди он бо ахлоқ табии ва ҳатто ногусаста аст. Ахлоқ меъёри возеҳ ва мусаллами сирати инсон аст, ки хислати тақрибан мутлақ дорад. Одоб –инъикоси амалии ин меъёр ва татбиқи он дар рафтор аст. Бинобар мазмун ва хусусиятҳои хоси арсаҳо ва соҳаҳо, навъҳо (ё типҳо)-и хоси одоб таърихан ташаккул ёфтаанд, ки асоситаринашон инҳоянд:Одоби маъмули (ё ҳаррӯзи) – ин шакли умумитарин, роиҷ такроршавандатарини одоб аст, ки маҷмӯи нисбатан васеи меъёрҳо, қоидаҳо, шароит ва символҳоро дарбар гирифта, муоширати инсониро танзим менамояд.Одоби хидмати ё одоби кори (давлати, касби, иҷтимои)- маҷмӯи меъёрҳо, қоидаҳо ва талаботест, ки ҳадафи он танзими фаъолияти серсоҳаи инсон аст; он маъмулан шакли формали (санади, ҳуҷҷати) дорад ва татбиқи том ва ҳатто ҳатмиро тақозо менамояд.Одоби ихтисоси (ё хос)- низоми, айнияти, кашофи-разведкави, интизоми- маҷмӯи нормаҳо, қоидаҳо, талабот ва шароитест, ки иҷрои том ва комили онҳо амри ҳатми ва ҳатто мутлақ аст.Одоби дипломати (сиёси-дипломати) ва расми- маҷмӯи нормаҳо. Қоидаҳо, талабот ва шароитест, ки дар амалия ва фаъолияти расми ва дипломати (равобит, муошират, русум, ташрифот, мулоқот, музокирот, зиёфат, сафарҳои давлати, расми ва кори ва ғайра) риоят ва иҷрои онҳо зарури ва ҳатто ҳатми мебошад.Навъҳо ва шаклҳои гуногуни одоб (этикет) ҷиҳатҳои зиёди умуми доранд, вале сатҳ ва ҳадди иҷрои онҳо аз ҳамдигар тафовут мекунанд.

Масалан, дар одоби маъмули (ҳаррӯзи) иҷро нанамудани талаботи алоҳида (қисман, муҳим ва зарури) амали нописанд ва номатлуб аст ва боиси нороҳати ва озурдахотирии афроди боодоб ва бофарҳанг мегардад, вале таъсир ва натиҷаи амалии он нисбатан маҳдуд аст ва афкори омма низ нисбат ба он нармишпазир мебошад.

Дар одоби хидмати (кори) натиҷаи манфии риоят накардани нормаҳо ва талаботи он возеҳтар аст ва он дар маҷмӯъ коҳиш ёфтани самара ва поин омадани эътибори фаъолият мебошад.
Дар одоби ихтисоси ё хос (бахусус, низоми ва амнияти) иҷрои нормаҳо ва талаботи он на фақат амри зарури, балки ҳатми ва ҳатто мутлақ аст: масалан артиш бидуни чунин одоб артиш буда наметавонад.

Одоби сиёси –дипломати низ табиатан риояти пурраи тамоми меъёрҳо, талабот, шароит ва қоидаҳои расман сабтшуда ва қонунишуда ва гоҳе нонавиштаро тақозо дорад. Риоят нанамудани онҳо ба эътибор, мақам ва симои давлату кишвар дар сатҳи байналмиллали зарари ҷидди ворид хоҳад кард. Бинобар, зарур аст, то одоби сиёси ва расмиро ҳама кормандони масъул риоят ва дар фаъолияти худ татбиқ намоянд

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *