Фанни Этика/Эстетика

Мафҳуми этика ва ахлоқ

Нақша

1.Мафҳуми этика ва ахлоқ

  1. Алоқаи фанни этика бо фанҳои дигар

2.Андешаҳои мутафаккирон оиди ахлоқ

Этика аз забони (юн. ethika, аз etos-расм, хулқ, хислат), гирифта шуда маънои хулқшиноси-ро дорад, ки масъалаҳои ахлоқиро меомӯзад. Он яке аз фанҳои таълимии фалсафи ва ҷомеашиноси ба ҳисоб меравад. Мафҳуми этикаро бори аввал мутафаккири юнони Арасту дар асарашҳояш «Этикаи Никомах» ва «Этикаи бузург» истифода намуда тобиши илми додааст. Арасту ҳангоми таҳлил ва тадқиқи масъалаи мазкур ба хулоса меояд ва этикаро ҳамчун илм оид ба табиати инсон медонад. Ӯ этикаро ба антрапалогия баробар меҳисобад. Дар таълимоти мутафаккирони давраи антиқа этика бо фалсафа ва ҳуқуқ омехта буд. Дар ақидаҳои фалсафии мутафаккирони асрҳои миёнаи Шарқ этика ҷузъи таркибии фалсафаи амали баромад мекард. Аз тарафи дигар этика аз илми муошират иборат буда, бо номи таҳзиби ахлоқ маълум аст. «Этика»-и Б. Спиноза таълимот дар бораи ҷавҳар ва модусҳои он мебошад. Этика дар системаи И.Кант илм дар бораи боистан аст, ки ғояи этикаи мухтор (бо принсипҳои ахлоқии ботини асосёфтар)-ро ба этикаи гетерноми (шарт, манфиату мақсадҳои ба принсипҳои ахлоқ бегона) муқобил мегузорад.Этикаи марксисти муқобилгузории этикаи «сирф назарияви» ва «амали»-ро рад мекунад. Он мустақилияти нисбии ахлоқро ҳамчун як шакли шуури ҷамъияти асоснок карда, ба шароити таърихи ва ҳаёти иҷтимои вобаста будани талаботу нормаҳои ахлоқи, пайдоишу инкишоф ва амали онҳоро ба қайд мегирад.Ахлоқ.- аз калимаи араби «ахлоқ»- ҷамъи «халқ»- гирифта шуда маънои -хӯ, рафтору кирдор ва сиратро дорад. Ахлоқ яке аз шаклҳои шуури ҷамъияти мебошад, ки маҷмуъи норма ва қоидаҳои асосии муносибати байниҳамдигари, оилави ва ҷамъиятии одамонро дар бар мегирад. Ахлоқ ва қонунҳои инкишофи онро этика меомӯзад.Мафҳуми ахлоқ дар аҳди қадим (ҷамъияти ибтидои) дар муборизаи зидди офатҳои табиат ба вуҷуд омадааст. Бе ҳамкори ва ёрии ҳамдигар одамони ҷамъияти ибтидои зиндаги карда наметавонистанд. Бинобар ин ахлоқ барои ба тартиб андохтани муносибатҳои байни одамон омили муҳим буд. Мазмун ва моҳияти ахлоқро муносибатҳои сиёси иҷтимои, иқтисоди ва маданию фарҳанги муайян мекунад. Ахлоқ хусусиятҳои хоси худро дорад ва дар баробари тағйир ёфтани маҷмӯи муносибатҳои истеҳсолии ҷамъиятӣ тасаввуроти одамон дар бораи адолат, неқи, ва бади ҳам тағйир меёбад. То пайдоиши моликияти хусуси ба гуфтаи Ф. Энгелс, насиҳати «дузди макун» (дар ҷомеаи кишоварзи-пайдоиши сиёсат) вуҷуд надошт.Аслан мафҳуми ахлоқ мустақилияти нисби дорад: 1). Ахлоқ ба ҳаёти сиёси ва иҷтимоию иқтисоди фаъолона таъсир расонида, тарақиёти онро метавонад тезонад ё худ рушди ишкишофи онро суст ва заиф мегардонад. 2). Нормаҳои алоҳидаи ахлоқии як формасияи яъне низоми сиёси мумкин аст дар формасия яъне низоми дигари сиёси ҳам то муддати муайян нигоҳ дошта шавад.3). Ахлоқи муайяни як формасия аз заминаи иҷтимоиаш ҷудо шуда, пеш рафта, нормаҳои ахлоқии формасияи ояндаро ифода карда метавонад.Ахлоқ дар раванди инкишофи ҷомеа тағйир меёбад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *