Фанни Таърих

Пешгузаштагони Диоклетиан ва Донстантин

Он фикрҳое, ки дар боло баён карда шуданд, маънии он далелеро надоранд, ки пешгузаштагони ин императорони ислоҳотчии асрҳои III-IV Диоклетиан ва Константин, ки баҳри барҳам додани зуҳуроти бӯҳронии замони худ мубориза бурда буданд, инкор карда шавад. Бинобар ин, таъкид менамоем, ки нисбат ба императорони дигари пеш аз Диоклетиан ва Константин хизмати императорон Галлиен, Аврелий ва Проб арзандатар мебошад.

авы гал проб

Диоклетиан Галлиен Проб

ИСЛОҲОТИ ҲАРБИИ ПУБЛИЙ ГАЛЛИЕН (СОЛҲОИ 253 – 268). Аз назари аввал гӯё Галлиен ба қатори пешгузаштагони Диоклетиан ва Константин тамоман ба таври тасодуфӣ «дохил» гардидааст, вале ҳақиқат дар он зуҳур ёфтааст, ки нуқтаи баландтарин дар ташаккули бӯҳрони сиёсии асри III дар Империяи Рим ба замони ҳукмронии ҳамин император рост омадааст. Маҳз дар ҳамин замон аз Империя вилоятҳои ғарбӣ ҷудо мешаванд¸ маҳз дар ҳамин замон қариб тамоми Рими Шарқӣ дар доираи шоҳигарии Палмира маҳдуд мешавад, ва, ниҳоят, дар замони ҳукмронии Галлиен оғози ба қаламрави Рим зада даромадани қабилаҳои варварӣ рост омадааст. Вале махсусияти мусбати бӯҳрони мазкур ин буд, ки ҷараёни пурзӯри ҳаракат баҳри аз нав баргаштан ба ҳифозати Империя ва рушди он бар нерӯҳои марказгурез афзалият пайдо мекунад. Дар масъалаи он, ки ҷараёни воқеаҳо дар ин бӯҳрон рӯ ба муттаҳидшавии Империяи Рим сурат гирифт, хизмати император Публий Литсиний Эгнасий Галлиен хеле калон аст.

Ба ин император муяссар гардид, ки як силсила ислоҳотҳо гузаронад, ки мақсади асосии онҳо аз нигоҳ доштани артиши тобеъ ба ҳокимияти марказӣ иборат буд. Гурӯҳбанди яккачини аз ҳисоби муҳофизони император «protektores divini laters» (аз лотинӣ: маънояш – «ҳимоятгарони сандуқи синаи худо») ташкилкарда бояд парваришгоҳи парвардаҳои кадрии афсарони олирутба ва амалдорони граждандӣ мубаддал мегардид, ки он бо ҳамин сифат бояд такягоҳи муҳимтарини худи Галлиен бошад. Бо ин дар як вақт пеши роҳи сенаторҳо барои хизмати ҳарбӣ ва фаъолияти маъмурӣ баста шуд.

Артишро аз нав эҳёю бозсозӣ сохтани Галлиен ба аҳамияти калон молик буд. Бо ҷидду ҷаҳди император ва наздикони ӯ ҷузъу томҳои лашкари дар сатҳи баланд ба ҷанг қодири савора ташкил карда шуданд, ки онҳоро мумкин буд бомуваффақият ҳам бар зидди аскарони исёнгари дохилӣ ва ҳам бар зидди варварони таҷовузкори ба қаламрави Империя зада даромада истифода бурда шаванд. Ҷиҳати дигари ташкили чунин як нерӯи пурзури стратегии эҳтиётӣ болоравии аҳамияти сиёсии фармондеҳони он буда, ба онҳо чунин имкон фароҳам овард, ки дар вақташ префектҳои преториягӣ доштанд. Беҳуда нест, ки мансаби фармондеҳи аскарони савора барои дашкаркашон Аврелиан ва Проби аз мактаби Галлиен баромада, як навъ майдончаи парвоз шуда, дар роҳи баромадан ба қуллаи баланди ҳокимият воситаи асосӣ гардид. Маҳз онҳо ба таври пурра аз натиҷаҳои ислоҳоти ӯ истифода бурда, дар роҳи аз нав барқарор кардани иқтидори Рим ба муваффақияти ҳалкунанда ноил гардиданд.

антонинов клав 21

Аврелиан Клавдий II Лутсий Домитсий

ҲУКМРОНИИ ЛУТСИЙ ДОМИТСИЙ АВРЕЛИАН (СОЛҲОИ 270 – 275). Моҳи марти соли 268 Галлиен аз тарафи суиқадчиён ба қатл расонида мешавад ва яке аз онҳо — Марк Аврелий Клавдий ба тахту тоҷи императорӣ соҳиб мешавад. Бо амри тамасхуромезонаи тақдир, Галлиени сахт захмбардошта аз иштироки Клавдий дар сӯиқасд дарак надошта, пеш аз маргаш ӯро яке аз ҷойгирони худ эълон менамояд. Ҳукмронии Клавдийи II ҳатто аз рӯи ченакҳои ҳамон замон он қадар дуру дароз давом накард: ҳамагӣ наздики 2 сол (солҳои 268 – 270). Вале, сарфи назар аз ин, ҳатто дар ин муддати кӯтоҳ ҳам ба ӯ муяссар шуд, ки дар мубориза бар зидди готҳо – рақибони асосии римиҳо, дар поёноби дарёи Дунай (соли 269) ба муваффақият ноил шавад. Вақте ки Клавдий бо тахаллуси фахрии «Готӣ» мушаррафгардида, соли 270 аз бемории мараз вафот мекунад, ба ҳокимият дар Империя Лутсий Домитсий Аврелиан соҳиб мешавад, лашкаркаше, ки дар торумори готҳо нақши асосиро иҷро кардааст. Дар ин панҷ соле, ки Аврелиан дар сари қудрати императорӣ буд, дар роҳи барқароркунии ягонагии Империяи Рим қадами муҳими нав гузошт, ки он дар тахаллусаш ифода ёфтааст: ба ӯ аз тарафи муосиронаш унвони «Restitutor orbis» – «Барқароркунандаи кайҳон»-ро додаанд.

ХАТАРИ БЕРУНА БА ИМПЕРИЯИ РИМ. Дар зарфи каме зиёдтар аз ду соли аввали ҳукмронӣ император Аврелиан тамоми қувваи худро ба мубориза бар зидди қабилаҳои ютунгҳо, аламонҳо ва германҳо равона сохт, ки онҳо ба Италия зада даромада, ба Империяи Рим хатар ба миён оварда буданд. Дастаҳои мусаллаҳи варварҳо аз тарафи Аврелиан дар се бархурди калон торумор карда шуданд. Баъди ин дар худи Рим шӯриши монетариҳо, ки коргарони сиккахонаи импеуратор буданд, пахш (соли 271) карда шуд. Императорони асри III маҷбур шуданд, ки қурби сиккаҳоро то ба сатҳи ниҳоӣ паст кунанд. Ин тадбир ба он оварда расонид, ки таркиби сиккаҳо аз фализи қимматбаҳо ба таври фоҷеавӣ паст фуромад: то замони Аврелиан дар сиккаҳои «тиллои» (аз лотинӣ: aureum)-и Рим ҳиссаи тилло базур аз як фоиз зиёдтар буд, боқимондаи он, яъне қариб 98 фоизи филиз ба нуқра ва мис рост меомад. Гузашта аз ин, ваъиятро ғосибони сиккахона боз ҳам вазнинтар мекарданд. Аз вазъияти барояшон қуллай истифода бурда, дар таркиби сикка фоизи тилло ва нуқраро боз ҳам камтар карда, онро бо филизи нисбатан арзон – мис иваз менамуданд. Кушиши Аврелиан баҳри мубориза бар зидди ин ғосибон ба сар задани шӯриш оварда расонид, ки дар он як қисми аҳолии пойтахт низ иштирок кард. Қушунҳои Рим, ки дар пахш кардани шӯриш иштирок намуда буданд, то ҳафт ҳазор нафар одамро аз даст доданд, ки ин дар бораи фарогирии васеи ин шӯриш шаҳодат медиҳад.

Эҳтимоли зада даромадани варварҳоро ба Италия ба назар гирифта, Аврелиан баҳри мустаҳкам кардани Рим ба корҳои азим даст зад. Шаҳри Абадӣ бо девори мустаҳками наздики нӯздаҳкилометра печонида шуда, баландии деворҳо ба шаш метр ва ғафсиашон зиёда аз сеюним метрро ташкил мекард. Дар деворҳо ҳаждаҳ дарвоза насб ва дар фосилаи муайяни деворҳо ҳаштоду як манораи дидбонии сангин бунёд карда шуд. Масоҳати умумии майдоне, ки бо девор ва истеҳкомҳо иҳота карда шуда буд, қариб ба як ҳазору чорсад гектар рост меомад. Ин иншооти бузург танҳо дар замони ҳукмронии меросхурони Аврелиан ба анҷом расонида шуд.

Ҳамлаи варварҳоро ба Италия зада гардонида ва ба бетартибиҳо дар худи Рим хотима дода, Аврелиан ба барқароркунии ягонагии Империя шурӯъ кард. Солҳои 272 – 273 зарбаи аввал ба шоҳигарии Палмира зада шуд, баъд император бар зидди Палмира ба таври густурдаю фарогир лашкар кашида, як қисми артиши дар ҷабҳаи Дунай мустақарбударо гирифта, ба ихтиёри римиҳо танҳо Дакия монда шуд. Ин лашкаркашӣ бомуваффақият анҷом ёфт. Шоҳигарии Палмира барҳам зада шуда, пойтахти он (соли 273) вайрон карда шуд. Искандарияи Миср, ки ба Аврелиан муқовимат нишон дода буд, ба воситаи валангор кардани деворҳо ва аз як қисми қаламрав маҳрум намудани ин шаҳр ҷазо дода шуд.

тетрик кар Максимиан

Тетрик Аврелий Кара Максимиан

МАСЪАЛАИ ЯГОНАГИИ ИМПЕРИЯ. Ягонагии Империяро дар Шарқ барқарор карда, Аврелиан бевосита ба корҳои Ғарб машғул шуда, бар зидди императори Галлия Тетрик лашкар мекашад. Ба имиператор Тетрик муяссар нашуд, ки ба қӯшуни Аврелиан ба таври бояду шояд муқобилият карда тавонад. Бинобар ин, қӯшунашро ба ҳоли худ гузошта, серосемавор ба урдугоҳи римиҳо гурехта рафта, дар он ҷо панаҳ мебарад. Соли 274 ҳангоми триумфи Аврелиан дар Рим, Тетрик дар қатори дигар асирони аъёну ашроф дар аробаи «Барқароркунандаи кайҳон» савор буд. Ғолиб нисбати ӯ меҳрубононаю боилтифот рафтор мекард. Император Тетрикро натанҳо зинда мононд, балкаи ӯро ба мансаби баланд мушарраф гардонид.

Вале, сарфи назар аз муваффақиятҳо, ҳоло то пурра барқарор кардани тартибот дар Империя вақти зиёд лозим буд. Вазъияти байналхалқии Империя мисли замони қаблӣ хеле вазнин мондан гирифт: соли 275 Аврелиан бояд аз нав ба Шарқ раҳсипор мешуд, ин дафъа бар зидди форсҳо. Император бо артиши худ аллакай дар наздикиҳои Византия қарор дош. Дар ин ҷо т ва Аврелиан дар сӯиқасд ба қатл расонида мешавад. Ҳаминтариқ, лашкаркашии навбатии Рим ба Шарқ ноком анҷом меёбад.

МАРК АВРЕЛИЙ ПРОБ. (СОЛҲОИ 276 — 282). Аз қатл карда шудани Аврелиан нафаре аз гурӯҳбанди сенаторӣ истифода бурда, номзадии худро ба тахту тоҷи императорӣ пешниҳод намуд. Ин шахс сенатори пиронсол Марк Клавдий Татсит (солҳои ҳаёт: 200 – 276, солҳои императорӣ: 275 – 276) буд. Ӯ дар сари қудрат дуру дароз, ҳамагӣ якчанд моҳ буда, ӯро сербозони исёнбардошта ба қатл расониданд. Баъди ба қатл расидани Татсит яке аз қисмҳои артиш додари император Анитсий Флориан ва қисми дигар Марк Аврелий Пробро (солҳои 276 — 282) ба императорӣ пешниҳод кард. Проб аз рӯи баромадаш иллириягӣ ва аз рӯи ихтисос лашкаркаши пуртаҷрибае буда, ба легионҳои Рими Шарқӣ фармондеҳӣ мекард. Қӯшунҳои ҳарду тараф дар Осиёи Хурд бо ҳам вохӯрданд, вале кор то задухурди онҳо рафта нарасида, Флориан кушта шуд ва қушунҳои ӯ ба тарафи Проб (соли 276) гузаштанд.

Картинки по запросуКартинки по запросу Картинки по запросу

Марк Клавдий Татсит Марк Аврелий Проб Марк Аврелий Кар

Дар солҳои наонқадар ороми ҳукмронии худ Проб худро давомдиҳандаи самти сиёсии Аврелиан нишон дод. Дар зарфи зиёда аз чор сол (солҳои 276 – 280) ин императори боҳавсала ҳуҷумҳои варварҳоро зада гардонида, сарҳадҳои Империяро мустаҳкқам карда истода, дар як вақт ҳам шӯришҳоро дар музофотҳо пахш ва ҳам бар зидду ғосибон ҷанг кард. Ба ҳамаи душманони Империя – алемонҳо, ва франкҳо дар Рейн, бургундҳо ва киндилҳо дар сарҳади Дунай ва варварҳои ҷанговарро дар ҷою маконашон, ғосиб Боносро дар Галлия шикст дод ва, ниҳоят, дар Рим (соли 281) триумфи худро ҳамон тавре ҷашн гирифт, ки чунин триумфро шаҳри Рим кайҳо боз надида буд. Баъди ғалабаҳои Проб аз ин ҳам муҳимтар хотирҷамъӣ, нафасросткунии осоишта муҳим буда, он ба аз нав барқарор кардани иқтисодиёти музофотҳо имкон фароҳам овард.

Дар натиҷаи тохтутози даҳҳо сол давомдоштаи варварҳо ва ҷангҳои гражданӣ ҳаёти иқтисодии Империя рӯ ба таназзул овард, киштзорҳоро алафҳои бегона ба доми худ каашиданд, савдо таназзул кард, шаҳрҳои зиёд ғорат карда шуда, аҳолии онҳо рӯ ба гурез ниҳоданд. Проб ҷидду ҷаҳд ба харҷ дод, то ки ин вазъиятро шиканад; барои ин сарбозонро ба корҳои кишоварзӣ ҷалб намуд: ин иқдоми императори сахтгир барои худи ӯ фоҷеа ба бор овард.

Марк Аврелий Карин Марк Аврелий Нумерий Нумериан

Марк Аврелий Карин Марк Аврелий Нумерий Нумериан

Соли 282 қӯшунҳои паннионӣ қумандони гурд Марк Аврелий Карро император (солҳои 282 — 283) эълон намуданд. Проб хост, ки ба лашкаркашӣ сафар кунад¸ вале аз тарафи аскарони худаш ба қатл расонида мешавад.

Импереторони охирини сарбозҳо Марк Аврелий Карин (солҳои 283 — 285) ва Марк Аврелий Нумирий Нумериан (солҳои 283 — 284) буданд

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *