Фанни Таърих

Заҳури Дини Масехӣ. Империяи Рим Ва Калисои Масеҳӣ Дар Асрхои I — III

Пайдоиши дини масеҳӣ дар илм яке аз масъалаҳои мураккаб мебошад. Мушкил аст фаҳмонда шавад, ки чӣ тавр ва чаро эътиқодҳои динии одамоне, ки садсолахо қабл аз ин зиндагӣ кардаанд, иваз шудаанд. Барои ҳамин боиси тааҷҷуб нест, ки масъалаи пайдоиши масеҳият дар оғоз олами илмро ба ду ҷабҳа тақсим кард, ки онҳо бо номҳои асотирӣ (мифологӣ) ва таърихӣ маълуманд.

МАКТАБҲОИ АСОТИРӢ (МИФОЛОГӢ) ВА ТАЪРИХИ. ДАСТНАВИСҲОИ ҚУМРА. Сабаб барои дигараандешӣ масъала дар бораи муносибат ба анъанаҳои «Евангелия» («Хушхабар») шудааст. Анъанаҳои калисои масеҳӣ дорои чаҳор қонун (канон)-и евангелия мебошад: аз Матфей, аз Марк, аз Лука ва аз Иоанн. Сетои аввали онҳоро одатан синоптикӣ меноманд, ки маънояш дар тарҷума «онҳое, ки якҷоя менигаранд»-ро дорад. Дар айни замон, ҳарчор эвангелия аз тарафи калисо ҳамчун як маҷмӯаи муштарак – як Эвангелияи калони иборат аз чор қисмат ё Чорэванелия номида шудааст.

Евангелияҳое, ки ба чор қонун (канон) дохил нашудаанд, номи умумии анокрифиро гирифтаанд. Ба ин ҷумла евангелияи мисриҳо, евангелияи евсевҳо, евангелияи яҳудиҳо, евангелияи евиониҳо, евангелияи Момоҳаво, евангелияи Пётр, Евангелияи Марям, евангелияи Никодим, евангелияи Филипп, евангелияи Фома, папирус аз Оксиринка (пораи ғайриканонии синоптикҳо), папируси Эҷертон (пораи ғайриканонии евангелияи Иоанн), евангелияи махфиёнаи Марк; евангелияҳои псевдопокрифӣ: евангелияи Варнав аз мавқеи ислом, евангелияи Тибет; евангелияи даврони кӯдакӣ: евангелияи кӯдакии Фома, протоевангелияи Иаков, евангелияи Псевдо–Матфей, евангелияи даврони кӯдакии Наҷотбахш

Олимони мактаби асотирӣ (мифологӣ) шахси таърихӣ будани Исои Масеҳро бо он сабаб инкор мекарданд, ки гӯё ӯ симои (фигураи) фавқулодда буда, берун аз ченакҳои таърих вуҷуд дорад. Мукарризони онхо бошанд, баракс, ӯро ҳамчун шахсияти таърихӣ мешинохтанд, ки дар Фаластин дар тули даҳсолаҳои аввали солшумории нав зиндагӣ ва фаъолият доштааст.

Масъалаи сарчашмаҳои масеҳият, ки муддати дуру дароз мавриди муҳокимарониҳо қарор гирифта буд, низ баҳталаб мебошад: оё масеҳият маҳсули таъсири юнону римӣ ба мардуми (диаспораи) яҳудиён аст? Ба ин савол илм ҳанӯз ҷавоби дақиқ наёфтааст. Баъзан чунин савол ҳам гузошта мешуд, ки оё масеҳият ба вуҷуд омадааст ва ё мағз андар мағз маҳсули ғояҳои иудаизми фаластинӣ мебошад?

Исои масех Плиний 22222222222221

Исои Масеҳ Плинийи Хурдӣ Таъқиботи масеҳиён дар аҳди

Диоклетиан

Вале дар замони ҳозира муқобилистии мактабҳои асотирӣ ва таърихии пайдоиши масеҳият аҳамияти рӯзмаррагии худро аз даст додааст. Аз тарафи асосгузорони масеҳият эътироф гардидани шахси воқеӣ будани Исои Масеҳ, дар амал ба усули умумии асарҳои илмӣ мубаддал гардидааст. Мувофиқи хулосаи муҳаққиқони муосир, он чӣ ки ба сарчашмаҳои дини нав – масеҳӣ дахл дорад, ба ин натиҷаҳои кофтуковҳои бостоншиносии солхои 1947 – 1956 дар маҳаллаи Қумра, ки дар шимолу ғарбии баҳри Мурда воқеъ гардидааст, равшанӣ андохтааст. Аз ин ҷо китобхонаи ҷамоае ёфт шудааст, ки ба сарчашмаҳои антиқии маълум (Филон Александрӣ, Иосиф Флавий) ба мазҳаби (сектаи) яҳудии ессев тааллуқ дорад. Дар байни бозёфтҳои хаттӣ матнҳои моҳияти динидошта, оинномаи ҷамоа, инчунин ҳуҷҷатҳои фаъолияти хоҷагидорӣ низ мавҷуд буданд. Дар маҷмӯъ, маводи ёфтшуда ба олимон имконият доданд, ки тарзи зиндагӣ ва ақидаҳои динии қумрагиҳо аз нав сохта (реконструксия) шавад. Дар натиҷа нишонаҳое пайдо карда шудаанд, ки ҷамоаи онҳоро бо ҷамоаҳои гуногуни масеҳиҳо хеш мекунонанд.

Қумрагиҳо худро ба иудаизми анъанавии маъбадӣ муқобил гузоштаанд ва мисли масеҳиҳои аввалин, ба баргаштани Мессия (Начотбахш) ва бархурди охирин дар байни қувваҳои некӣ ва бадӣ, ки гӯё дар охири замон доир мегардидааст, боварӣ доштанд.

Ҳаёти хоҷагии ҷамоаи кумрагиҳо (масеҳиён) ба умумияти молумулкӣ асос ёфта буд, Ин нишона ҳам ба масеҳияти аввала шабоҳат дорад. Дар баробари худо, қумрагихо кадом як Омӯзгори зоҳидро низ мепарастидаанд. Бояд гуфт, ки аз рӯи матнҳои ёфташуда аҳамияти ин шахс на он қадар саҳеҳ аст.

Ҳамин тариқ, дастхатҳои қумрагӣ имконият фароҳам оварданд, ки вазъгуии Исоро дар заминаи дигар ҷараёнҳои рӯҳонӣ дар байни яҳудиҳои Фаластин анҷоми солшумории то милод ва оғози солшумории навро рӯи кор оварда, бо ҳамин чунин хулосаҳо тасдиқ шудаанд: якум, таърихияти дини масеҳӣ тасдиқ мегардад ва, дуюм¸ ин дин решаҳои фаластинӣ дорад. Аммо шахсияти Исои Масеҳ, ҳаёт ва мазмуни таълимоти ӯ, тавре ки дар евангелияҳо баён гардидаанд, дар худ нишонаҳои эътиқодҳои Калисои барвақтаи масеҳиро инъикос карда, гӯё ки воқеаҳои таърихи евангелияро ба нақшаи шакл (проексия) дароварда бошад.

КАЛИСОИ МАСЕҲӢ ДАР АСРҲОИ I–III. ТАЪҚИБОТИ МАСЕҲИЁН. Коидаҳои (адептҳои) аввалини дини нав аз они яҳудиҳо буданд. Масеҳият дар аввал дар асоси иудаизм, ки яке аз ҷараёҳои он буд, ташаккул меёфт. Вале аз байни ҷамоа бутпарастони хеле бо тезӣ ба масеҳӣ баргаштагиҳо пайдо мешаванд. Мувофиқи шаҳодати «Корнамоиҳои апостолҳо» («Деяния апостолов») аз байни ғайрияҳудиён ба дини нав якумин шуда баргашта Лука дониста шуда, қаблан дар вазифаи сентуриони римии Корнелий кор карда будааст. Бо сабаби афзоиши ба калисо воридшавии ғайрияҳудиён дар байни яҳудиҳои масеҳӣ, ки зарурати риояи амру нахйи (заповеди) Моисейро талқин мекарданд ва муқобилони онҳо, ки сарварашон апостол Павел буд, баъзе тафовутҳо ба миён меоянд, Павел ва ҷонибдорони ӯ хамаи амру нахйи сершумори Аҳди қадим (Ветхие заветы)-ро бо якто иваз карданд: «Ба дигарон накун он кореро, ки нисбати худ раво намебинӣ». Дар ҳамаи масъалаҳои дигар барои шахси масеҳӣ кифоя аст, ки аз истеъмоли гӯшт дар хурок, гӯшти чорвои барои худоҳои бутӣ қурбоникарда худдорӣ кунад.

Мавқеи Павел, ки дар Иерусалим (Байтулмуқаддас) тантана кард, соли 51 ё 52 Анҷумани (собори) апостол (ҳаворӣ–муболиғ, аз рӯи ривояти Инҷил – яке аз дувоздаҳ ёри Исо, ки таълимоти ӯро тарғиб мекард) минбаъд ҳам ба дини масеҳӣ ворид шудани бутпарастонро имконпазир шуморид Бо тезӣ бо Амру нахйи (проповеди) масеҳӣ бо тезӣ қариб тамоми қаламрави Рими Шарқӣ фаро гирифта шуд. Марказҳои асосии амру нахйи масеҳӣ дар Шарқ шаҳрҳои Антиохия, Александрия (Искардария) ва шаҳрҳои Осиёи Хурд мегарданд.

Тавре ки дар мактуби Плинийи Хурдӣ, ки ба унвони император Траян навишта буд, баён гаштааст, дар оғози асри II дар Осиёи Хурд шумораи масеҳиҳо хеле зиёд шуда будааст. Дар мактуби худ Плиний, ки он вақт (солхои 110–113) дар вазифаи ноиби Вифиний буд, ба император менависад, ки дар шаҳрҳои музофоти ӯ ибодатгоҳҳои худоҳоро қариб ҳамаи эътиқодмандон тарк кардаанд ва бо сабаби паҳншавии «одатҳои масеҳӣ» савдогарон барои фурӯши гӯшти чорвои ба хотири рӯҳи худоҳо қурбоникарда харидор намеёбанд. Дар мактуби мазкур Плиний амалҳои худро дар ҷараёни тафтиш оид ба ин масъала ва дар байни масеҳиҳо тавзеҳ дода, аз принсепс дастгирии тадбирҳои зидди масеҳиҳоро хоҳиш менамояд.

Мумкин аллакай дар солҳои 40 асри I масеҳиҳо дар Рим хам пайдо шуда бошанд. Баъди баш аз сад сол аз пайдоиши дини нав, дини масеҳӣ дар қисмати ғарбии Империяи Рим ҳам қабул мегардад.

Дар давоми асри I қоида (принсип)-ҳои асосии ташкили ҷамоаҳои масеҳӣ коркарду таҳия карда шуданд. Асоси чунин ташкилӣ дар апостол аз тарафи Павел дар ҷараёни сафарҳои муболиғӣ (миссионерӣ) дар вилоятҳои шарқии Империя таҳия карда шуда буд. Боз яке аз воситаҳое, ки апостол бо ёрии он ҳаёти ҷамоаҳои парокандаи масеҳиёнро ба маҷрои ягона равон мекард, паёмҳо («Ба коринфиягиҳо» ва «Ба эфесиҳо» ва ғайра) буданд. Баъдтар дар баробари «Корномаҳои апостолҳои Мукаддас» ва «Апокалипсиси” Иоанн Богослов ба қоидаҳои калисо «Паёми апостол Павел»-ро низ дохил карданд, ки онҳо сарчашмаҳои муҳимтарини таърихии ибтидои дини масеҳӣ (асри I) ба шумор мераванд.

Сафари чорум ва охирини худро Павел ҳамчун зиндонӣ зери назорати посбонон ба мурофиаи судӣ ба Рим баҷо овардааст. Дар Рим, мувофиқи анъанаҳо, апостол марги пурмашаққати худро дар замони хукмронии Нерон қабул мекунад.

Бо мурури замон ташкили калисо ба худ сохтори бараъло намуди сезинагиро мегирад. Сарварии чамоаро епископ ба ӯхда дошта, ба ӯ коллегияи пресвитерҳо кӯмак мерасонид. Диаконҳо тобеи епископҳо ва просвитерҳо буданд. Бояд гуфт, ки дар масеҳияти барвақта мо на танҳо дяконҳоро вомехурем, балки диаконис–занони дар хизматбударо низ дида метавонем.

Паҳншавии дини нав ногузир пайравонашро бо ҳокимияти Рим дар ҳолати муқовимату ихтилоф қарор медод. Сабабҳои низоъи ҳокимияти имперӣ бо масеҳиҳо дар муносибати махсус ба дин, ки ба дунёи қадим хос аст, ниҳон мебошад. Дар замони антиқа дин ҳамчун кори давлатӣ ҳисобида мешуд ва парастишу эътикодҳои динӣ ва муқаррароти дигари динӣ аз тариқи қонун танзим ва ҳифз карда мешуданд. Римиҳо умуман дар баробари тоқатпазирӣ нисбати эътиқодҳои динии халқхои дигар, аз сокинони худ талаб мекарданд, ки дар ягон чорабинии умумидавлатии эътиқодоти динидошта, ба монанди парастиши император ва ё парастиши олиҳаи Рома ширкат варзанд. Иштирок дар чунин мурофиаю маъракаҳо нишонаи қабулу эътирофи ҳокимияти Римро дар назар дошт. Вале аз дидгоҳи масеҳӣ ҳамаи ин мурофиаю маъракаҳои барои Рим муқарраргардида аз бутпарастӣ бештар набуданд. Бояд таъкид кард, ки яҳудиҳо аз ин вазифаҳо озод буданд, вале онҳо ба масеҳиҳо дахл надоштанд. Аз ин рӯ, ҳамин ки шумораи пайравони дини нав хеле зиёд шуд, барои он ки римиҳо онҳоро аз яҳудиҳо фарқ карда тавонанд, масеҳиҳоро ҳамчун ҷамъияти манъшуда (collegia illcita) ба таъқибот гирифтор мекарданд.

Аз рӯи нуқтаи назари бутпарастии Рим масеҳиҳо гунаҳгор буданд: якум, дар беҳудоӣ (ба назар ғайримуқаррарӣ намояд ҳам) гунаҳкоранд, чунки дар парастиши худоҳое, ки аз тарафи давлати Рим расман эътироф карда шудааст, ширкат намеварзанд. Дуюм, масеҳиҳо барои таҳқири бузургон гунаҳгор шуморида мешуданд, чунки ба хотири тасвири император қурбонӣ карданро рад намуданд. Сеюм, масеҳиҳоро душманони маданият меҳисобиданд, чунки онҳо унсурҳои зиёди тарзи зиндагии юнону римиро рад мекарданд.

Масеҳиҳои аввал адабиёт ва театрро рад менамуданд, чунки онҳо магз андар мағз аз асотирҳо ғизо гирифта буданд, саҳнаҳои театриеро, ки дар онҳо худоҳо ва қаҳрамонҳои бутӣ тасвир меёфтанд, эътироф намекарданд. Барои масеҳиҳо муносибати манфӣ ба бозиҳои варзишӣ, ки ба шӯҳратманд кардани худоҳои олимпӣ бахшида шуда буданд, қобили қабул набуданд. Ба ин ҷумла ҷангҳои гладиаторҳо барои волида гардонидани табъи римиҳо низ илова мешаванд. Ва, ниҳоят, чорум, ақидаҳои гуногун ба масеҳиҳо ҳар гуна ҷиноятҳои мудҳишро нисбат медоданд. Масалан, яке аз ин ақидаҳо дар бораи он буд, ки гӯё масеҳиҳо ҳангоми маҷлисҳои худ гӯшт ва хуни инсонро мехурдаанд. Эҳтимол меравад, ки ин овоза бо сабаби дуруст нафаҳмидани анъанаи ширинихурии масеҳиён ба миён омада бошад.

Тамоми таърихи калисои масеҳии то Константини Кабир – ин ҷустуҷуи калисои таъқибшаванда мебошад. Фишороварӣ ба масеҳиҳо дар асрҳои I — III ҳеҷ гоҳ суст намешуд. Алангаи тақиботе, ки ба таъқиботи римии соли 177 монанд буд, вақте ки марги ҷонкоҳро якбора чилу ҳашт кас кабул мекунад. Ин таъқиботи мудҳиш бо танаффуси начандон дуру дароз аз нав такрор меёфтанд. Дар байни танаффусҳои ин таъқиботҳо гӯё вазъи калисо то як дараҷа ором мешуд ва он метавонист мӯътадил фаъолият дошта бошад.

Картинки по запросу Константин Великий деций 21 212121

Константини Бузург Детсий Апостол Павел Иоанн Богослов

Ҳукуматдорони Рим, чун қоида, махсус масеҳиҳоро ҷустуҷу намекарданд, вале онҳоеро ба ҷазо гирифтор мекарданд, ки дар бораапшон шикоят ва хабаркашӣ карда бошанд. Дар ин мавридҳо, чи тавре ки мактуби Плинийи Хурдӣ ва ҷавоби Траян ба ӯ шаҳодат медиҳад, амалдоре, ки тафтиш мегузаронад, аввал аз гунаҳхгоршавандаҳо талаб мекардааст, ки аз динашон даст кашанд ва ин дасткашии худро бояд тавассути қурбонӣ бо худоҳо исбот мекардаанд. Онҳое, ки аз эътиқодашон даст намекашиданд, ба қатл мефиристоданд. Таъқиботи ҳамешагии масеҳиҳо дар доираи тамоми Империя бори аввал на барвақттар аз миёнаҳои асри III дар аҳди император Детсий (солҳои 249 – 251) сурат гирифтааст. Ин тақибот Калисоро ба шикаст дучор карда натавонист, баракс, он мавқеи худро боз ҳам мустаҳкамтар кард.

Табиист, ки акси садои фишори аз тарафи ҳукуматдорон суратгирифта ҷамоаҳои масеҳиёнро ба муттаҳидӣ водор намуд. Ҷамоаҳои як музофот дар атрофи шаҳри асосии он муттаҳид мешуданд ва епископе, ки ба он роҳбарӣ мекард, дар як вақт роҳбари калисои музофотӣ ҳам буд. Дар навбати худ, калисоҳои музофотӣ дар атрофи марказҳои калони масеҳӣ, аз он ҷумла дар атрофи шаҳрҳои Александрия (Искандария), Антиохия ва Рим муттаҳид шуда, барои ҳалли масъалаҳои муҳимтарини худ анҷуманҳои созмонҳои (иерархияҳои) калисогиро даъват мекарданд. Давлати Рими асри III аллакай заиф шуда, рӯ ба парокандагӣ меовард, калисои масеҳӣ бошад, пайваста дар ҳолати эҳёю тағйирёбӣ (трансформатсия) ва сабзиш ба муассисаи муташаккилу марказонидашуда қарор дошт.

Дар ҳамин се садолаи аввали милодӣ, вақте ки ташкилоти калисои масеҳӣ рушд ва таҳким меёфт, зуҳуроти на камтар аз ин сурат мегирифт – ташаккули қонунҳои (канони) Аҳди Нав (Новый Завет) дар маҷмӯаи китобҳои муқаддаси масеҳӣ. Вале танҳо дар асри IV он дар ҳайати Аҳди Ҷадид (Новый Завет) муайян карда шуд, ки он имрӯз аз чор евангелия (инҷил) «Корнамоиҳои апостолҳои Муқаддас», 7 паёми анҷуманҳо, 14 номаи апостол Павел ва Апокалипсис ва Апокалипсиси Иоанн Богослов иборат мебошад.

Маҳз ин бисту ҳафт китобро Афанасийи Александрии Муқаддас дар Паёми идонаи бахшида ба иди писҳо (пасха) соли 367 номбар кардааст. Ба ин руйхат на чизеро илова кардан мумкин аст ва на чизеро аз он берун партофтан. Обрӯю эътибори бечунучарои Афанасийи Муқааддас, муборизи оштинопазир бо мулҳидон, ба он оварда расонид, ки қонуни (канони) пешниҳодкардаи ӯ аз тарафи Калисои Шаркӣ қабул карда мешавад. Дар Ғарб бошад, қонун (канон) дар анҷумани (собори) дар шаҳри Гиппони Африқои Шимолӣ (соли 393) ва дар ду анҷумани (собори) дар Карфаген (солҳои 397 ва 419) баргузоргардида муқаррар карда шуда, баъд аз тариқи декрети Папаи Рим — Геласия (солхои 492 – 496) тасдиқ карда шудааст.

Афзоиши воридшавии аъзои нав ба Калисои масеҳӣ дар тули асрҳои II – III ба он оварда расонид, ки ҳайати иҷтимоии ҷамоаҳои масеҳиён тағйир ёфт. Дар байни масеҳиҳо шумораи зиёди одамони осудаҳолу бойи соҳибмаълумот, дорои мақоми баланди ҷамъиятӣ, шуғлварзӣ дар корҳои баланди дунявӣ, дастрас кардани неъматхоои моддӣ, аз дастовардҳои тамаддуни антиқа ва фарҳанги баланд мусаллаҳ пайдо мешаванд.

Ҷамъиятӣ кунонидани молу мулк, ки ҷамоаҳои аввалин ба он даст зада буданд, пайваста аз истифода баромада, он дар садсолаи дуюм дигар ҷузъи таркибии ҳаёти масеҳӣ ҳисобида намешуд. Намудҳои зиёди шуғли меҳнат (хизмати давлатӣ ва ҳарбӣ, омӯзгорӣ ва ғайра), ки қаблан бо баҳонаи бутпарастӣ айбдор кардан барои масеҳиён дастнорас буданд, акнун дастрас гардиданд.

Бо мурури замон Калисо соҳиби олимони худ низ мешавад, ки онҳо қодир буданд баробар ба олимони эътирофшудаи динҳои бутпарастию яҳудӣ муколама карда, арзишҳои дини масеҳиро ҳимоят кунанд. Файласуфони номдори масеҳишиноси (теологҳои масеҳии) асрҳои II–III, аз қабили Клименти Александрӣ (охирҳои асри II) ва Оригон (солҳои 185 – 250), ки дар натиҷаи таъқибот дар аҳди император Детсия ҳалок гардида буд, аз ҷумлаи ин файласуфони номдори масеҳӣ мебошанд.

Яке аз ҳимоятгарони (апологетҳои) маълуми дини масеҳӣ Квинт Септимий Флоренс Тертуллиан (солҳои 160 – 220) муаллифи чунин асарҳо аз қабили «Ҳимоя бар зидди бутпарастон» («Apologetticum»), «Бар зидди Маркиона», «Бар зидди Гермогена», «Радкунии мулҳидон» ва ғайра мебошад. Танҳо номҳои ин асарҳо шаҳодати онанд, ки дар замони Тертуллиан ҷудошавии идеологӣ натанҳо дар ҷодаи бутпарастӣ – масеҳӣ, балки дар дохили Калисо ҳам сурат гирифта будааст. Масеҳияти барвақта ба якчанд ҷараён ва мазҳаб тақсим шуда, ҳамин тариқ, нерӯи муштаракро ташкил намекард. Худи ҳамон Тертуллиан дар охирҳои ҳаёташ бо мазҳаби монтанчиён, ки аъзои он пайрави Монтана буданд, наздикӣ пайдо намуда, таблиғотчии аскетизми ниҳоят сахтгир ва бо тезӣ фарорасии баргашти дуюмиИсои Масеҳ мешавад.

1 221

Квинт Септимий Тертуллиан Пайравони мазҳаби Монтана

МАҚОМИ МАСЕҲИЯТ ДАР ТАҚДИРИ ИМПЕРИЯИ РИМ. Масъалаи охирине, ки бояд дар робита ба масеҳият равшан карда шавад, ин мақоми дини масеҳӣ дар тақдири Империяи Рим мебошад. Дар қисмати қаблӣ дар бораи он ҳарф зада будем, ки барҳамхурии динҳои анъанавӣ ва паҳншавии эътиқодҳои нав зуҳуроти бӯҳрони олами антиқа мебошанд. Вале ҳамчун зуҳуроти бӯҳрон, паҳншавии масеҳият низ омили бузурге гардид, ки ба фано шудани Империяи Рим оварда расонид. Мустақиман бар зидди Рим баромад накарда, масеҳиҳо ба решаи он, ки олами антиқа ба он такя мекард, теша заданд.

Дар лаҳзае, ки худи мавҷудияти Империяи Рим зери шубҳа гузошта мешуд, масеҳият ба одамон ба ивази шаҳри Рими рӯ ба ҳалокатоварда ва Империяи Рим Шаҳри осмонии Иерусалими (Байтулмуқаддааси) Навро пешниҳод намуда, бо ҳамин нерӯҳои беҳтарини ҷомеа аз мубориза барои наҷот додани Империя даст кашида, ҷуръат пайдо карданд, ки тамоман ба ҷониби соҳаҳои дигар қадам зананд: ба ҳаёти рӯҳонӣ ва ба роҳибӣ (монахӣ) раванд, ки дар оғози асри IV рӯ ба рушд ниҳода буд, дар ҳоле, ки Империяи Римро аз парокандашавӣ танҳо сафарбаркунии ҳамаи захираю манбаъҳо ба хотири мудофиаи миллӣ наҷот дода метавонистанд.

Дар баробари кашмакашиҳои дохилӣ¸ ки дар асри IV ба ҷои аввал баромада буданд, мубориза дар байни бутпарастон ва масеҳиён ба марҳалаи нави муқовимат қадам гузошта, вақти Империяи Рими бе ин ҳам ба порашавӣ дучоршударо наздик карданд.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *