Фанни Таърих

Низоми сиёсии Олмон

Эъломияи ҳуқуқи башар рукни ҷудонопазири қонуни асосии Олмон аст. Моддаи 20-уми қонуни асоси низоми сиёсии Олмонро бо мушахассҳои демократӣ, ҳуқуқбунёд ва федералӣ будан муаррифӣ мекунад.  Низоми давлатдорӣ бар пояи қонуни асоси аст. Дар сари давлат Раиси Ҷумҳур қарор  дорад, ки нақшаш асосӣ аст. Раиси Ҳукумат садри аъзам (канслер)  аст. Вай таъинкунандаи сиёсати  ҳукуматӣ мебошад.

Иёлотҳо

Олмон кишвари федералӣ аст. Унвони расмии кишвар Ҷумҳурии  иттиҳодаи  Ол. аст.

Баден-Вюртемберг),

(Бавария),

(Берлин),

(Бранденбург),

(Bremen),

(Hamburg),

(Hessen),

(Мекленбург-Передняя Померания),

(Нижняя Саксония),

(Северный Рейн-Вестфалия),

(Рейнланд-Пфальц),

(Саар

(Sachsen),

(Sachsen-Анхальт),

(Шлезвиг-Гольштейн),

(Тюрингия).

Мафҳуми федерализм.

Ба далели федерал будани сиёсат дар  2 сатҳи ҷорӣ аст: Дар сатҳи федерал,  ки марбут ба кули  иттиҳодия мешавад ва  дар сатҳи иёлотҳо.

Дар охири Ҷанги 2-юми ҷаҳонӣ майи соли 1945 Олмон аз тарафи 4-кишвари Иттиҳодияи ғолиб ИМА, СССР, БР.Кабир ва Франсия ишғол гардид. Дар давраи забти ҳарбӣ ҳукумати  олӣ дар Олмон аз тарафи  Шўрои назоратӣ дар ҳайати сарфармондеҳони қушунҳо дар  4-минтақаи ишғолгардида амали гардид. Худуди кишвар ва пойтахти он Берлин ба 4 қисмат тақсим гардид. С.1948 Ит. Шўравӣ аз органи идоракунии иттиҳодия  баромад.. С.1949 ба ҷои  3-минтақаи ишғолгардидаи ғарбӣ Ҷумҳ. Фед.Ол. (ФРГ) пойтахташ Бонн. Дар қисмати аз тарафи Ит.Ш. ишғол гардида ҶДО (ГДР) пойтахташ Берлини шарқӣ таъсис гардид.  Охири солҳои 1980 мавқеи роҳбарияти  партияи  коммунисти дар кишварҳои  Европаи шарқӣ суст гардид ва  роҳбарияти  ГДР маҷбур буд,  ки рафту омади озодро тавассути сарҳади  ГДР бо  Берлини  ғарбӣ иҷозат бидиҳад.  Аз байн бардоштани девори  Берлин 9.11.1989 барои баромади оммавии шаҳрвандон аз ГДР мусоидат намуд. Қонуни асосии  ФРГ  ду имкониятро фароҳам овардабуд. Ба востаи онҳо сохтори  конститусионии О. метавонист, ки  дар  Ол. Шарқӣ низ матраҳ гардад. Модаи 23-юми  қонуни асоси пиёда намудани амалиёти онро ба  қаламрави дигари  ОФ., ки ихтиёран ба он пайваст мегардид  дар назар дошт. Моддаи 146 имконияти манъ намудани қонуни асосии кўҳна ва қабули сарқонуни навро дар назар дошт. Дар вақти дохил шудани ГДР ба ФРГ моддаи 23 истифода гардид. Асосан бо 2 сабаб: аввал, матраҳ гардидани қонунгузории мавҷудаи ФРГ дар  Ол. Шарқӣ, бар хилоф  аз  варианти  ташкил намудани  давлати нав, маҳфуз мондани ҷойгоҳи О.  муттаҳид дар  иттиҳодияи Аврупо ва НАТО мумкин сохт; дувум, бо ба назардошти бўҳрон ва беэътиборшавии ГДР дар  чашми аҳолии Ҷумҳурӣ. Аз 3.10.1990, яъне  баъди муттаҳидшавии  О.  сохтори давлатдории ФРГ ба ҳамаи  қаламрави  О. матраҳ гардид. Амалан О.Шарқӣ ва Ѓарбӣ аз 1.07.1990 вақте,  ки аз муомилот маркаи  О.Шарқӣ бароварда шуд ва  дар ивази он  дар қаламрави ГДР асъори миллии ФРГ ҷорӣ гардид. Конуни асоси ФРГ соли 1949 дар давраи гузариш то муттаҳидшавии  2 давлати  О. қабул гардид. То ҳозир ҳамин конс­титутсия дар кишвар амал мекунад. Дар 19 модаи авали он ҳуқуқҳои асосии шаҳрвандон тасвир ёфтаанд, ки ба онҳо имкониятҳои васеи барои амали намудани ҳуқуқҳои худ медиҳад. Конуни асоси  дар баробари ин  амалҳоеро, ки  сохтори демократиро барҳам медиҳанд манъ мек/д. (чунин мавқегирии конститутсия махсусан дар мавриди иҷозат надодан ба фаъолияти   Ҳизби  коммунисти  ва  нацисти зоҳир мегардад). Ба ҳайси 4  усули  асоси дар сарқонун принципҳои  демократия, волоияти қонун, самти иҷтимоии давлат ва федерализм дарҷ гардиданд.   Барои тағйирот дар  конститутсия ворид намудан аз 3/2 ҳисса овозҳо дар бундестаг ва бундесрат лозим аст, аммо баъзе қонунҳои базавӣ ба  тағийрот дучор намегарданд. Бар асоси  шартнома оиди  мутаҳидшавии О., ки  31.08.1990 имзо гардид амалишавии қонуни асоси дар 5 ҳудуди  О.шарқӣ ва  Берлини мутаҳид аз  лаҳзаи  дохилшавиашон  ба  ҳайати  ФРГ 3.10.1990 амали гардид, вале ба  Ҳукумат имкони тағйироти  кадрӣ иваз ва  аз нав дида баровардани  сарқонун дода шуд.

Органҳои  ҳокимияти давлатӣ.

 

Аз рўи шакл сохтори давлатдории Олмон-парламентӣ мебошад. Аз рўи қонуни асосӣ ҳокимияти президент маҳдуд аст. Ваколати бештари ҳукумат ба канцлер (сарвазир) дода шудааст. Ҳокимияти қонунбарор иборат аз ду палата мебошад: палатаи болоии (нисбатан заифтар) бундесрат, палатаи поёнӣ (нисбатан пурзуртар) – бундестаг ном дорад. Ҳокимияти федералӣ ё кабинети вазирон  аз канслери федералӣ ва вазирони федералӣ иборат мебошад. Ба салоҳияти ў бурдани сиёсат дар соҳаи  муносибатҳои байналмилаллӣ, мудофиа, молия медарояд. Бонки марказӣ назоратро аз болои сиёсати кредитӣ-пулӣ мебарад, аммо аз 1. 01.1999 бонки марказӣ тобеи бонки марказии Урупо мебошад. Дар соли 1999 дар ҳукумат 15 вазири федералӣ буданд.  Маркази ФРГ- Берлин аст, ҳарчанд дар Бон баъзе муассисаҳои давлатӣ монданд.

Президенти федералӣ (бундестпрезидент) сарвари давлат ба ҳисоб меравад. Ў метавонад, ки ба муддатӣ як панҷсола ё ду панҷсола интихоб шавад. Президент аз тарафи маҷлиси федеролӣ, ки иборат аст аз вакилони бундестаг ва баробари шумораи онҳо иштирокчиёни вакилони парламентҳои заминдор (лантагҳо) бо мувофиқа бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ. Дар байни салоҳияти президент асоситаринаш пешниҳоди номзадии канслер барои тасдиқ ба бундестаг, инчунин пароканда кар­дани палатаи поёнии парлумон бо таклифи канслер дар мавриди бой додани овоздиҳӣ аз рўи вотум доверия  изҳори боварӣ (қарори пар­ламент, ки фаъолияти ҳукуматро маъқул медонад ё инкор мекунад). Инчунин ба салоҳияти президент таиноти ҳайати олии қувваҳои мусаллаҳ дохил мегарданд, гарчанде фармондиҳии онро вазири мудофиа ба душ дорад. Президент инчунин маҳбусонро авф мекунад.

 

 

 

Худидоракунии маҳаллӣ ва минтақавӣ

 

Конститутсияҳои 11 замини «куҳан» дар давраҳои гуногун байни солҳои 1946 ва 1957 ба ҳукми қонун даромаданд. Таҳияи консти­тутсияҳои 5 замини «нав» баъди азнавсозии онҳо аз июли соли 1990 оғоз гардид. Фаъолияти  конститутсияи Берлини ғарбӣ соли 1991ба Берлини шарқӣ низ паҳн гардид. Ба истиснои Бовария ҳамаи заминҳо дорои парламенти як палатаи аз тарафи мардум интихобшуда (ландтагҳо) мебошанд. Дар Бавария ба ғайр аз ин боз сенат ҳам мавҷуд аст.Дар ҳама ҷо сарвари ҳукумат (дар Гамбург –бургамистри якум, Дар Бремен – бургомистр, дар Берлин- бургомистри идоракунанда, дар 13 замини боқимонда- сарвазир ) вобаста ба ландтаг аст. Дар ихтиёри заминҳои федералӣ масъалаи сиёсат дар соҳаи фарҳанг ва маорифи халқ, ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва муҳити зист меистанд. Ба ҳайси воҳидҳои ҳудудии асосӣ округҳои маъмурӣ баромад мекунанд.

 

Ҳизбҳои сиёсӣ

 

Дар ФРГ то якҷояшавии мамлакат се ҳизби сиёсии калон мавҷуд буданд. Ин ҳизбҳо баъди мутаҳидшавии Олмон низ боқӣ монданд. Инҳо: ҳизбӣ Сотсиал-демократии Олмон, Иттиҳоди  хрестянӣ-демократӣ, дар Бовария Иттиҳоди хрестянӣ-сотсиалӣ, Ҳизби озоди демократӣ. Дар солҳои 1980 ба арсаи сиёсат ҳизби чоруми «Сабзҳо» ба вуҷуд омад. Дар ГДР Ҳизби ягонаи сотсиалистии Олмон ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсии кишварро муайян мекард. Баъди аз байн рафтани ҳукумати коммунистӣ дар Олмони шарқӣ ҳизбҳои гуногуни ғайри коммунистӣ ба вуҷуд омаданд. Аз ҷумла ҳаракати ислоотхоҳон «Форуми нав». Дар арафаи барпошавии аввалин интихоботи умумиолмонӣ декабри соли 1990 ягон ҳизби навпайдошуда фаъолият карда наметавонист. Аъзоёни ҳизби сотсалистии Олмони шарқӣ ҳизби худро ба тарзи дигар номгузорӣ намуданд-Ҳизби сотсиализмӣ демократӣ. Ҳизбҳои Олмони ғарбӣ фаъолияти худро дар шарқи Олмон низ густариш доданд.

Ҳизби Сотсиал-демократии Олмон.   Ин ҳизб соли 1875 дар натиҷаи муттаҳидшавии ҳаракати тарафдорони К.Маркс ва Фердинанд Лассал бунёд гардида ба як ҳизби пуриқтидори Олмон дар давраи ҷумҳурии Веймар табдил ёфта, аммо баъд аз тарафи натсисҳо хароб гардид. Баъди марги лидери худ Курт Шумахер (1952) ҲСДО аз мавқеи марксистии худ дур мегардад. Дар соли 1959 ҳизб ба ҳайси барномаи амалиёти идеалогии худ консепсияи иқтисоди омехтаи капиталистӣ қабул намуд.  Аммо бо ин ҳама чун пештара барои тақсимоти даромад ба фоидаи табақаи камбизоати аҳолӣ ва сиёсати амалии давлат оиди дастгирии нуфузи иҷтимоӣ  баромад мекард. Баъди пайвастшавии Олмони ғарбӣ ба НАТО ҲСДО барои мустаҳкамшавии мақоми он дар Альянс баромад мекард. Ҳамзамон ба назорати амалии мусалаҳшавӣ баромад мекард. Такягоҳи асосии ҲСДО шаҳрҳои саноатӣ, бандарҳои шимолии кишвар ва заминҳои нав мебошанд. Дар солҳои 1980 нуфузи ҳизб ба таври қатъӣ заиф мегардад. ҲСДО аз соли 1969 то соли 1982 бо сарварии Вили Бранд ва Гелмут Шмит дар роҳбарии ҳукумати Олмони ғарбӣ дар якҷоя коалиция бо дигар ҳизб буд. Дар интихоботи соли 1990 партия бо шиорҳое баромад мекард, ки набояд оиди якҷояшавии ду Олмон шитоб кард. Роҳбарони ҳизб ҳатто оиди Шартнома иттиҳоди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зид баромаданд. Дар интихоботи бундестаги Олмнои федеративӣ ҲСДО соли 1983 38,2%, соли 1987 37%, дар соли 1990 – 33,5%, соли 1994- 36,4%, соли 1998 40,9 % овозҳоро ба даст овард. Новобаста ба ин ҳизб соли 1990 дар  баъзе  ландтагҳои заминҳои  «куҳан»  ҷойҳои зиёдро ишғол намуд. Зеро бисёр пешгўиҳои ҳизб амалӣ шуданд- демократҳои насрония андозро зиёд намуданд, қурби маркаи Олмон поин фуромад ва ғ. Аз барномаи  ноумедкунандаи ХДС оиди бозсозии кишвар, интихобкунандагони Олмони шарқӣ ба тарафдории ҲСДО овоздода, ёрдам додант, то ин ҳизб бо роҳбарии Герхард Шрёдер ҳизби ҳоким гардад (дар коалиция бо «Сабзҳо»).  Дар интихоботи 1998 ҲСДО аз 669 ҷой дар бундестаг 298 ҷойро соҳиб гардид.

 

Иттиҳодияҳои Хрестианӣ-демократӣ ва Хрестианӣ-социалӣ баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ таъсис дода шуданд. ИХД номзадҳоро дар сохтори ҳокимият дар Бавария, ки дар он ҷо ИХС, шарики парлумонии ў, амал мекунад, пешниҳод намекунад. Ҳар ду ҳизб пеш аз ҳама манфиатҳои намояндагони сармоя, секторҳои аграрӣ ва дигар намояндаҳои табақаҳои миёна ва болоиро ҳимоя мекунанд. Тарафдорони бештар ҳизбҳо ин  дар  минтақаҳои ҷануби кишвар доранд. Блоки иттиҳоди хрестянӣ-демократӣ ва иттиҳоди христианӣ-социалӣ ҷонибдори кафолати ҳуқуқи моликияти хусусӣ ва инкишофи минбаъдаи иқтисоди бозории дорои самти иҷтимоӣ дар Олмон буданд. Инчунин якҷояшавии кишварро бо сохторҳои иқтисодӣ ва ҳарбии аврупоиро ҷонибдории амиқ мекарданд. ИХД дар солҳои 1949-1969 вақте ки роҳбарии Олмонро чунин ходимони барҷастаи сиёсӣ чун Конрад Аденауэр ва Людвиг Эрхард ба ўҳда доштанд, ҳизби ҳоким буд. Соли 1982 низ таҳти роҳбарии Гелмут Кол ин ҳизб дар коалиция бо ХОД (ҳизби озоди демократӣ) ба сари ҳокимият омад. Канцлер Кол илҳомбахши нақшаи якҷояшавии Олмонӣ ғарбӣ ва шарқӣ буд. Да соли 1990 ў маракаи пешазинтихоботии худро баргузор намуда, ваъда дода буд, ки андозро вобаста ба ҳамроҳ шудани заминҳои нав ба ФРГ боло намекунад. Аммо аз баски бисёриҳо ба ин вадаҳои ў бовар ҳосил накарданд, ҳизби ў дар бисёр минтақаҳои ғарбии ФРГ овозҳоро аз даст дод. Аммо дар  шарқ ИХД дар ҳамаи заминҳо пирузиро ба даст овард. Дар соли 1998 интихобкунандагон дар интихобот ба тарафдории Шрёдер овоз доданд.

Ҷамъи овозҳое, ки ба тарафдории ИХД ва ИХС дода шуд, чунин аст: дар Олмони ғарбӣ соли 1983 48,8% ва соли 1998 44, 3% дар Олмони мутаҳидшуда бошад соли 1990 43,8%, соли 1994 41,5 ва соли 1998 35,1%-ро ташкил мекунад. Роҳбарии ИХС то охири умраш (соли 1988) Франц-Йозеф Штраус, ки ташаббускори васеъкунии миқёси савдои ФРГ бо ГДР буд ба уҳда дошт.  Дар охири солҳои 1990 роҳбарии ИХС-ро Сарвазири Бавария Эдмунд Штойбер  ва ноиби канцлери Кол Тео Вайгель ба уҳда доштанд. Дар интихоботи 1998 блоки ИХД/ИХС ҳамагӣ 245 ҷойро дар бундестаг ишғол намуданд. Баъди мағлубият ҳам Вайгел ва ҳам Кол аз вазифаи роҳбарии ҳизбҳо рафтанд. Штойбер ҷойи Вайгелро гирифт, амммо роҳбари Фракцияи ИХС дар бундестаг Волфганг Шойбле ҷойи Колро ишғол намуд.

 

Муносибатҳои байналхалқӣ.

 

Дар соли 1955 ОФ аъзои НАТО шуд. Олмони ғарбӣ дар соли 1951

ба қатори давлатҳои бунёдгузори иттиҳодияи Аврупоии ангишт ва оҳан соли 1957 ба қатори ҷамъияти иқтисодии Аврупо дохил гардид. Дар соли 1973 дар қатори ОД, ОФ низ ба ООН қабул гардид. 

Дар соли 1973 ҳамзамон ОД, ОФ низ ба ООН қабул гардид.

ОД ҳамчун давлати тарафдори Шуравӣ бунёд гардид. ОД яке аз асосгузорони Шурои ёрии иқтисодӣ дар соли 1949 ва Ташкилоти шартномаи Варшава дар соли 1955 гардид. Дар ин давра ОФ аз тарафи бисёр давлатҳои ғайрикоммунистӣ эътироф гардид, ОД бошад фақат аз тарафи давлатҳои коммунистӣ.

Зиддият байни ду давлати олмонӣ дар соли 1961 вақте ки бо ташаббуси Олмони Шарқӣ девори Берлин  бунёд шуд, тезу тунд гардид. Фақат соли 1969 бо омадани Вилли Брандта ба сари мансаби сарвазири ОФ муносибати тарафайн байн инҳо беҳтар гардид. Ў «сиёсати нави шарқи»-ро —  сиёсати беҳтарсозии муносибат бо кишварҳои блоки шуравӣ роҳандозӣ намуд. Дар соли 1972 ОФ ва ОД, шартномаро оиди бунёди муносибатҳои тарафайн имзо намуданд. Дар моҳи  августи соли 1990 ОФ ва ОД шартномаро оиди ҷанбаҳои берунаи муттаҳидшавии Олмон ба имзо расониданд. Музокирот оиди ризоияти мутаҳидшавии Олмон аз тарафи СССР ва давлатҳои итифоқчӣ, ки музокирот унвони «2+4»-ро гирифт бо ба имзорасии шартнома оиди ба танзим дароварии ниҳоии «масъалаи Олмон» ба поён расид. Шартнома 12 сентябри соли 1990 дар Москва аз тарафи вазирони корҳои хориҷии шаш кишвар ба имзо расид ва марти соли 1991 тасдиқ гардид. Дар асоси шартнома Олмон вайроннашавандагии сарҳади худро, бо Польша, ки соли 1945 муайян шуда буд, тасдиқ намуд. Ҳамзамон шартнома байни ИШ ва Олмон ба муддати 20 сол ба имзо расид.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *