Мавзухои точикиФанни Таърих

Фарҳанги Амрико дар асри 19

 

Баъди баохиррасии ҷанг барои истиклолият зинаи гузариш дар роҳи барқароршавии идеалогияи диние, ки бар афкори мардум ҳукмронӣ мекард мактаби трансценденталистҳо (трансценденталӣ аз лотинӣ, аз ҳудуд баромадан) – дар мавриди мазкур аз таълимоти ягонаи насрония баромадан) бо сарварии Эмерсон (1803-1882) буд. Демократияи инқилобии маорифпарварон ҷойи худро ба гуманизми романтикӣ ва парастиши пантеизми табиат ва апалогияи худтакмилдиҳии фардӣ дод.  Мобайни асри 19  ба ҳайси  фалсафаи нисбатан таъсирбахш «фалсафаи шотландӣ» буд. Намояндаи нисбатан машҳури он Н. Портер (1811-1892), Дж. Мак Кош (1811-1894).

Баъди хатми ҷанги шаҳрвандӣ байни шимол ва ҷануб фалсафаи эволюционизм вусъати бисёр ёфт (Дж.Фикс (1842-1901), Дж. Леконта (1823-1881)). Ин ҷараён қонунмандии раванди эволюциониро эътироф намуд, аммо онро дар асоси таълимоти динӣ шарҳ медод.

Таъсири идеализми классики Олмон дар ин ҷо ба таври пурра мавҷуд буд. Ин мактаб бори аввал дар ИМА ҷамъияти фалсафӣ ва аввалин журнали фалсафиро асос гузошт. Намояндаи аз ҳама машҳури идеализми объективӣ дар фалсафаи америкоии асри 19 Дж. Ройс (1855-1916) буд. Таълимоти ӯ теологӣ ва метафизикӣ мебошад.

 Аз рӯи нуқтаи назари Ройс дар асоси ҳамаи мавҷудот ақли мутлақ мебошад. Ба ғайр аз ин ӯ кӯшиш мекард, ки рӯҳи мутлақи худовандиро бо рӯҳои нисбатан мустақили фардӣ созиш диҳад.

Ҳамаи фалсафа, ки дар колеҷҳо тадрис мешуд, новобаста аз самт фалсафаи динӣ буд. Фақат дар охирри асри 19 фалсафа аз дин ҷудо мешавад. Маҷаллаҳои фалсафии шакли Аврупоӣ пайдо мешаванд.

Адабиёт. Дар адабиёти америкоии нимаи аввали асри 19 мавқеи ҳукмронро романтизм ишғол мекунад. Дар ИМА романтизм чунин хусусият дошт, ки тамаддуни буржуазиро танкид мекард ва муборизаи мардонавори инсонро бо қувваи пурдаҳшати табиат тавсиф мекард.

Яке аз намояндаҳои барҷастаи романтизм дар ИМА  Фенимор Купер (1789-1851) мебошад. Эҷодиёти ӯ романҳои таърихӣ ва саргузаштӣ оиди ҷанг барои истиқлолият дар Амеркаи шимолӣ дар давраи фронтир (ин мафҳум давраи аз худкунии заминҳои озод дар ИМА мефаҳмонад), саёҳати баҳрӣ, публицистика ва ғ дар бар мегирад. Ӯ аввалин романтики амрикоӣ мебошад, ки натанҳо дар Америка, балки дар Аврупо низ шӯҳрати зиёдеро ба даст овард. Асосгузори новелистикаи америкоӣ нависанда-романтик Вашингтон Ирвинг (1783-1859) мебошад. Эҷодиёти ӯ «Қиссаҳои саёҳ», «Алгамбра», «Таърихи Нью-Йорк» ва ғ-ро дар бар мегирад.

Асосгузори анъанаи романтикӣ дар назми Амрико Брайтан У.К. (1794-1878) мебошад. Дар достони «Танатопсис» (1811), маҷмӯаи «Шеърҳо» (1832), «Гимнҳо» (1864) ӯ таносуби байни олами шоирона ва табиатро тасвир мекунад.

Бо кӯшиши публицистон Б. Франклин, Т Джеферсон, Т. Пейна, шоирон Ф.Френо, У.К. Брайтан, романнавис Ф.Купер, новеллист В. Ирвинг адабиёти миллии Амрико ташаккул ёфт.

Яке аз падидаҳои муҳими ҳаёти адабии асри 19 ин инкишофи тасвири озодихоҳӣ дар эҷодиёти шифоҳӣ буд. Бисёр нависандаҳои америкоӣ барои пурмазмун намудани асарҳои худ ба фолклор рӯ меоварданд.

Дар эҷодиёти худ ба анъанаи бойи фолклори Амрико такя намуда, Марк Твен асосгузори анъанаи махсуси адабиёти реалистии Амрико гардид. Ӯ фасод ва макории манополияро дар асарҳои худ танқид мекунад.

 

Фарҳанги ИМА дар асри 20

Дар ҳудуди асрҳои 19-20 аз ҷиҳати инкишофи иқтисодӣ дар ҷои аввал ИМА қарор гирифта буд. Маркази ҷаҳонии инкишофи иқтисодӣ аз Аврупо ба Америка кучид. ИМА маҳсулоти саноатиро аз ҳама бештар ва пештар истеҳсол мекард. Муваффақияти инкишофи иқтисодии ин кишвар ба якқатор шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ, таърихӣ, омилҳои табиӣ-ҷуғрофӣ вобаста буд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *