Фанни Таърих

Исёни Муканнаъ

Тадричан афзудани бедодгариҳои арабҳо мардумро ба қашшоқи ва хонавайрони дучор гардонд, ки дар натиҷа ҳисси бадбинии аҳолии заҳматкаш ва ҳама табақаҳои иҷтимоии Хуросону Мовароуннаҳр нисбат ба хилафати Аббосиён боло гирифт ва он боиси сар задании ҷунбиши халқи гардид. Ин ҷунбиши халқи солҳои 70-80-уми асри VIII дар Мовароуннаҳр руй дод ва он дар таърих бо номи исёни Муқаннаъ машҳур аст. Сарварии исёнро Муқаннаъ ба  ўҳда дошт. Муқаннаъ дар деҳаи Коз наздикии шаҳри Марв  зиндаги мекард. Номи аслии ў Њошим ибни Њаким  (776- 780) ва Муқаннаъ бошад лақаби  ў аст. Худи калимаи « муқаннаъ»  арабӣ буда,  маънояш чодарпўш ва ниқобдор аст. Ин лақаб аз сабаби он, ки  ҳама вақт ба рўяш чодари сабз пўшида мегашт, ба ў дода шудааст. Исёни Муканнаъро таърихнависон  бештар шўриши сафедҷомагон мегўянд.

Баъзе  сарчашмҳхои таърихӣ хабар медиҳанд, ки ў яке аз сарлашкарони Абумуслим буд ва дар неҳзати зидди хилофати  Умиявиҳо иштирок дошт.  Ў шахси соҳибмаърифат, сиёсатмадор ва ходими машҳури харакати дини буд.

Муқаннаъ дар солҳои  50- уми асри У111  ба тарғиботи ақидаҳои  маздакиён дар хусуси баробарии  иҷтимои ва ҳаёти озодонаи  шаҳрвандон шурўъ  карда, барои барқарор  кардани  ғояҳо одамонро ба муборизаи фаъол даъват намуд. Барои ин кораш ў ба даст афтода, пас аз чанд соли зиндони аз Бағдод гурехта ба Марв омад. Ў дар ин ҷо тарғиботи зидди арабҳоро давом дода, соли 776 тарафдорони худро ба шўриши калони зидди мустамликадорон бархезонда  равона кард. Дар як муддати кутоҳ пайравони ў дар Суғд, Кеш,  Нахшаб хеле зиёд шуданд. Маркази тарғибот деҳаи Субоҳи Кеш гардид.

Муқаннаъ  ҳамроҳи 36 нафар ҳамсафони наздики худ аз дарёи Ому гузашта, ба Суғд омад. То омадани ў води Ќашқадарё ва гирду атрофи  Бухоро ба дасти пайравони вай  гузашта буданд. Ќувваи асосии шўриш – деҳқонон якчанд ҷойҳои муҳимро дар водиҳои Зарафшону Ќашқадарё  ба даст оварда ба Бухоро ҳуҷум карданд. Туркҳо хам ба шўришгарон ҳамроҳ шуданд.

Халифа ал-Маҳди  (775 – 785)  лашкари зиёдеро ҷамъ карда, дар зери фармондеҳии Љабраил ибни Яҳё бар зидди шўришгарон фиристод. Соли 776 дар Наршах наздикии Бухоро дар байни шўришгарон ва мусулмонон ҷанги хунин ба амал омад, ки дар он муборизон  шикаст хўрданд. Вале ин ғалабаи мусулмонон ҳалкунанда набуд, чунки шўришгарон ҳамоно боз атрофии Бухороро муҳосира карда буданд.

Ќувваҳои муттаҳидаи  Љабраил ва ҳокими Бухоро  Њусайн ибни  Муоз пас аз чор моҳи задухурд дехаи Наршахро ишгол карданд. Пас аз Наршах   Самарқанд  маркази шўриш гардид, ки он тамоми Суғдро фаро гирифт.  Љабраил ибни Яҳё дар задухўрди назди Самарқанд  тамоман шикаст хўрд. Соли 777 Халифа ал- Маҳди ба ҳокими нави Хуросон фармуд, ки шўришро пахш кунад, вале Муоз ибни Муслим  ба ин муваффақ нашуда пас аз ду сол шармандавор ба Марв  баргашт.

Баъди нобарории кори Муоз иҷрои ин вазифи ба ҳокими нави Хуросон  Мусайб ибни Зуҳайр супорида шуд. Ў бо қувваи зиёде ба Самарқанд ҳамла карда пас аз муборизаи шадид  шаҳрро ба даст даровард. Пас аз мағлуб гардонидани Самарқанд  шўришгарон  ба Кеш рафта дар ҳисори кўҳи Санам, ки дар он ҷо пешвояшон Муқаннаъ  меистод истеъҳком гирифтанд.

Барои мубориза бар зидди шўришгарон халифа ин дафъа  ба водии Ќашкадарё  Сайид ибн  ал- Харроширо  фиристод. Ў бо қуваи бисёре ҳарчанд зур зад,  ҳисори  Санамро фатҳ карда натавонист. Он гоҳ вай рў ба рўи дарвозаи Санам лагери худро ба қалъа табдил дода, ба муҳосираи

шўришгарон сар кард. Пас аз муҳосираи дуру дароз Сайид  муқобилияти шўришгаронро бартараф карда, ҳисори Санамро ба даст даровард.

Бародари Муканнаъ – Ќабзам  ба се хазор нафар, фармондеҳи мудофеони қалъаи кўҳи Санам – Сарҳома бо се хазору сесад нафар исёнгарон ба сарлашкари араб Сайид ал- Харроши  таслим мешаванд. Муқаннаъ барои  ба дасти душман асир  наафтидан худкуши кард. Њаммаи ҳимоятчиёни қалъа, ки зинда ба даст афтода буданд қатл карда шуданд.

Шўриши Муқаннаъ дар ҳақиқат ҳам халки буда, қувваи ҳаракатдиҳандаи он деҳқонони заҳматкаш буданд. Ашрофони маҳаллӣ агар  дар давраи якуми  шўриш ба он хайрхоҳи карда бошанд, минбаъд ба тарафи душман гузашта ба халқ хиёнат карданд. Хилофати Араб яке аз  давлатҳои бузургтарини ҷаҳони асримиёнаги маҳсуб шуда, ба иқтидори баланди ҳарбию сиёсӣ соҳиб шуда буд. Ба муқобили чунин давлат мубориза бурдани Муқаннаъ ва пайравонаш шаҳодати диловарӣ  ва каҳрамонии  роҳбари  исён ва рамзи истиқлол ва озодидўстии халқҳои Мовароуннаҳру Хуросон мебошад.

Бо вуҷуди пахш гардидани  исёни Муқаннаъ арабҳо дар кори идора кардани Хуросону Мовароуннаҳр ба мушкилоти сахте рў ба рў шуданд. Боз шўришҳои пай дар пай ба муқобили арабҳо давом кард.

Рўйхати адабиётҳо:

  1. Ѓафуров Б. Ѓ. Тоҷикон Китоби – 1., Душанбе, 1983 саҳ 13-247.
  2. Раҳмонов Э. Ш. «Тоҷикон дар оинаи таърих», «Китоби – 1», «Аз Ориён то Сомониён» Душанбе 1999. Саҳ 3-137.
  3. Шукуров М. Р. Раҳматуллоев А. З. Таърихи халқи тоҷик. Ќисми 1. Душанбе, соли 1975 саҳ 3-29.
  4. Њазратқулов М. Эътиқоду ананаҳои бостонии Аҷам. Душанбе- “Ирфон”, соли 1986 саҳ. 6-52, 53-111.
  5. Бобохонов М. Таърихи тоҷикони ҷаҳон. Душанбе.; Ирфон 2002.
  6. Мухторов А., Раҳматуллоев А. Таърихи халқи тоҷик. Душанбе 2001.

7.Зикриёев Ф., Набиева Р. Таърихи халқи тоҷик. Душанбе 2006.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *