Фанни Таърих

Испания дар асри XVI-ниаи якуми асри XVII

Испания дар асри XVI-ниаи якуми асри XVII

Дар аввали асри XVI дар натиҷаи сиёсати муттаҳидкунии корол Фердинанд ва малика Изабелла, Испания ба яке аз давлатҳои бузурги Аврупо табдил ёфт. Дар ин давр ба он ғайр аз нимҷазираи Пиреней (ғайр аз Португалия) қисми бисёри Италия (короли Неаполитиан, ҷазираҳои Ситсилия ва Сардиния)  ҳам дохил мешуд. Пас аз вафоти Фердинанд вориси ӯ наберааш Карли I мешавад. Карли I аз тарафи модараш набераи Фердинанд ва Изабелла, аз тарафи падараш набераи императори Германия Максимилиани I-уми Габсбург буд. Дар соли 1519 Карли I инчунин меросхӯри мулки Габсбургҳо дар Германия ва Нидерланд шуда, бо номи Карли V императори миллати германии империяи Рими Муқаддас интихоб гардид. Дар солҳои 20-ум ва 30-юми асри XVI испаниҳо Тунис ва дар Америка – Мексика, Перу, Чили ва Колумбияро ҳам ба даст дароварда, давлати худро ба «бузургтарин давлати дунё» табдил доданд. Дар ин давлати бузург Испания ҷойи махсусро ишғол мекард. Карли V онро мулки беҳтарини худ мешуморид.

(Мулкҳои Габсбургҳо дар Аврупо)

        Сохти давлатӣ. Дар давраи ҳукмронии Карли V (1516-1555) ва Филиппи II (1555-1598) ҳокимияти марказӣ пурқувват мешавад, лекин аз ҷиҳати сиёсӣ Испанияро ҳоло давлати ягонаи марказиятнок шуморидан мумкин набуд. Ҳатто то аввали асри XVI он пойтахти махсус надошта, фақат дар соли 1605 шаҳри Мадрид пойтахти расмӣ эълон карда шуд. Дар сари давлати Испания корол қарор дошт, ки ӯ ба кортеси (шӯрои) Кастилия (вилояти марказии Испания) низ роҳбарӣ мекард. Дар королии Испания якчанд вилоятҳо мисли Арагон, Каталония, Валенсия, Наварра мухторият доштанд, ки онҳо ҳам кортес ва витсе-королҳои худро доштанд. Кортесҳо аз намояндагони дворянҳо, рӯҳониён ва шаҳриён иборат буда, онҳо масъалаҳои муҳими дохилии маҳаллиро дида мебаромаданд ва андозҳоро ҷамъ меоварданд. Баробари торафт пурқувватшавии ҳокимияти королӣ нақши кортесҳо ҳам беш аз пеш паст шуда, дар аввали асри ХVII дар шаҳрҳои калони Испания коммунаҳо вуҷуд доштанд, ки ба онҳо патрисиатҳо ва дворянҳо роҳбарӣ мекарданд. Дар қисми зиёди ноҳияҳои мамлакат ҳокимият монанди пештара дар дасти феодалони калон буд. Аксарият онҳо на фақат ҳуқуқи сӯдкунӣ, балки инчунин ҳуқуқи андозғундориро ҳам дар ихтиёр доштанд.

        Вазъи иқтисодӣ. Дар асри XVI Испания ҳоло ҳам кишвари аграрӣ (кишоварзӣ) буда, саноат ва савдо суст тараққӣ мекард. Он дар ин соҳаи истеҳсолот нисбат ба Франсия, Нидерланд ва Англия қафо монда буд. Кашфиёти бузурги ҷуғрофӣ ба Испания мустамликаҳои зиёдеро доданд, ки ин дар аввал таъсири хуб бахшид. Мустамликаҳо барои молҳои Испания бозорҳои васеъ кушоданд. Дар натиҷаи ин дар шаҳрҳои вилоятҳои Кастилия ва Андалузия корхонаҳои металлургӣ, шоҳибофӣ, моҳутбарорӣ ривоҷ ёфтанд. Мануфактураҳои калон бо фарогирии 200-300 коргар ба вуҷуд омаданд. Дар шаҳри Севилия шумораи коргарони дар корхонаҳои саноатӣ фаъолиятдошта то ба 130 ҳазор расид. Лекин ҳамаи ин пешрафт, комёбию  болоравии саноатӣ ва савдо дар Испания кӯтоҳмуддат буд. Он «инқилоби нарх»-е, ки дар натиҷаи мустамликакунӣ ва аз мустамликаҳо кашонидани тиллою нуқраи зиёд ба амал омада буд, ба хоҷагии кишвар таъсири манфӣ низ расонид. Ҷамъшавии тилло ва нуқраи бешумор дар Испания нархро баланд кард. Аз рӯйи гуфти баъзе иқтисодчиён дар охири асри ХVI нарх дар Испания то чор маротиба зиёд шудааст. Болоравии нарх арзиши ашёи хом ва қувваи коргариро ба корхонаҳои ҳунармандӣ хеле баланд кард. Аз ҳамин сабаб  ҳам саноати Испания торафт ба таназзул рафта, аз ҷиҳати иқтисодӣ ба мамлакатҳои хориҷӣ вобаста мешавад. Ба пастравии саноати Испания инчунин бӯҳрони хоҷагии деҳоти он сабаб шуда буд. Дар натиҷаи дар мамлакат бетартибона бурдани хоҷагии гусфандпарварӣ бисёр заминҳои корами он поймол шуда, заминҳои зироатӣ кам шуданд. Аз ҳамин сабаб Испания дар солҳои 80-90-уми асри XVI худро бо ғалла таъмин карда наметавонист. Ғайр аз ин ҷангҳои пайдарпаю бенатиҷаи Габсбургҳо низ ба иқтисодиёти кишвар таъсири зиёд расонид. Ҳамаи ин шароити зиндагиии на танҳо шаҳриён, балки аҳволи деҳқононро ҳам бад карда, ҷунбишҳои онҳоро ба вуҷуд овард.

Шӯриши коммунаҳои шаҳрӣ (коммунерос). Харобиҳои иқтисодӣ дар солҳои аввали ҳукмронии Карли V дар Испания шӯриши калонеро ба вуҷуд овард, ки он бо номи шӯриши коммунаҳои шаҳрӣ (комунерос) маълум аст. Ин шӯриш моҳи июни соли 1520 дар Кастилия, аз шаҳри Толедо сар зада аст, ки ба он дворянин Хуан де Падилия, шоир Педро Ласо ва епископ Хуан Акун роҳбарӣ мекард. Дар шӯриш қариб нисфи деҳқонони Кастилия ва дворянҳо иштирок доштанд. Моҳи июли ҳамон сол дар шаҳри Авил бо роҳбарии Хуан де Падиля Иттифоқи ҳарбӣ ташкил карда шуд, ки онро «Хунта (иттиҳод)-и муқаддас» меномиданд. Баҳор ва тобистони соли 1520 қариб ҳамаи Кастилия ба зери назорати Хунта гузашт. Ба шӯриш оммаи васеи шаҳриён ва деҳқонон ҳамроҳ шуданд ва муборизаи Хунта пурра характери муборизаи зидди феодалиро гирифт. Аз ин дигаргуншавии таркиб ва хислати Хунта тарсида, аксарияти феодалон ва дворянҳо нафақат аз Хунта баромаданд, балки ба тарафи душманони он гузашта, якҷоя бо онҳо ба муқобили Хунта ҷангиданд. Аз ин вазъият истифода бурда, ҳукумати королӣ аксарияти дворянҳо ва ашрофони шаҳрҳоро ба тарафи худ кашида, бар зидди Хунта ба ҳуҷум гузашт. 23 апрели соли 1521 дар назди шаҳри Вилялар муҳорибаи сахте шуда, дар он шӯришгарон шикаст хӯрданд. Ҳамаи роҳбарони шӯриш дастгир ва қатл карда шуданд. Фақат сардори мудофиачиёни шаҳри Толедо ҳамсари Хуан де Падиля–Мария Пачека, ки то охири моҳи октябр муборизаро давом дода буд, гурехта паноҳ ёфт.

Ҳамин тавр, гуногунии таркиби иҷтимоии коммунерос (ашрофони шаҳрӣ, камбағалони шаҳрҳо, дворянҳо, деҳқонон, баъзе феодалон ва ғ…) ва надоштани барномаи муайян шӯришро ба ҳалокат расонид.

Испания дар охири асри XVI нимаи аввали асри XVII.

Баъд аз вафоти Карли V дар соли 1555 тахти королии Испания ба писараш Филиппи II мегузарад. Дар ҳамон сол дар Германия ҳам императори алоҳида интихоб карда мешавад, ки ӯ бародари Карл – Фердинанди I буд.

Филиппи II барои марказонидани давлати Испания якчанд кӯшиш кардааст. Дар давраи ӯ дар соли 1580-81 Португалия ба Испания ҳамроҳ карда шуда, бо ин тамоми нимҷазираи Пиреней ба як давлат муттаҳид мегардад. Филиппи II ҳанӯз то ба сари ҳукумат омаданаш ба маликаи Англия Мария Тюдор хонадор шуда буд. Ташкилкунандаи ин никоҳ Карли V буд. Ӯ бо ин роҳ мехост, ки равияи католикиро дар Англия барқарор намуда, якҷоя бо он монархияи умумиҷаҳонии католикӣ ташкил кунад. Лекин дар соли 1558 Мария Тюдор вафот кард. Филиппи II ба маликаи нави Англия Елизавета таклифи оиладорӣ намуд, лекин Елизавета мақсадҳои ояндаи сиёсии ҳукумати Испанияро фаҳмида, ин таклифро рад намуд. Ҳамчунин ӯ медонист, ки дар роҳҳои баҳрӣ рақиби асосии Англия ин давлат-Испания мебошад.

(Мулкҳои империяи Габсбургҳо дар олам)

Гурӯҳи католикҳои Англия дар соли 1587 ба муқобили малика Елизавета сӯиқасд ташкил карда, мехостанд, ки ба ҷояш маликаи католики шотландӣ Мария Стюартро соҳиби тахт намоянд. Аммо ин суиқасд ошкор карда шуда, Мария Стюарт бо ҷурми хиёнат ба ватан қатл карда шуд. Инчунин ошкор гардид, ки ташкилкунандагони ин суиқасдро Филиппи II дастгирӣ карда буда аст. Инро баҳона карда, дар соли 1587 Англия ба муқобили Испания киштиҳои ҳарбии худро бо роҳбарии адмирал Дрейк фиристод. Ин киштиҳо ба бандари Кадиса даромада, ба киштиҳои испанӣ зарари зиёд расонид. Ин воқеа сабаби саршавии муборизаи ошкоро байни Испания ва Англия гашт. Пас аз шикаст дар бандари Кадиса Испания ба ташкил кардани флоти бузурги ҳарбӣ шурӯъ намуд. Испания аз 130 киштӣ иборат эскадра (дастаи калони киштиҳои ҷангӣ) ташкил кард, ки он аз 8-ҳазор экипаж ва 19 ҳазор сарбоз иборат буд. Ин эскадраро испаниҳо «Армадаи мағлубнашаванда» номиданд. Моҳи июли соли 1588 Филиппи II «Армада»-ро ба муқобили Англия ба ҷанг фиристод. Теъдоди киштиҳои Англия нисбат ба рақибаш кам буданд, лекин ба ин нигоҳ накарда, моҳирона ҷангида, бо усулҳои нави ҷангӣ ба киштиҳои Испания зарбаи сахт заданд. Ҳамчунин тӯфон бештар ба киштиҳои испанӣ зарар расонида, дар гулӯҳои Ла-Манш роҳи бозгашти рақибро англисҳо бастанд ва онҳо ноилоҷ дар атрофии ҷазираи Англия шино карда, танҳо баъзе  киштиҳои Испания ба ватан баргашт. Ин мағлубияти «Армадаи мағлубнашаванда» ба иқтидори ҳарбӣ-баҳрии Испания зарбаи сахт буда, аз ҳамон вақт сар карда, ин давлат нақши гегемонии баҳриро аз даст дод.

Дар солҳои 90-уми асри XVI  Филиппи II барои ёрӣ ба католикҳои Франсия дар муборизаи онҳо ба муқобили протестантҳо – гугенотҳо, ба Париж ҳуҷум кард. Лекин гугенотҳо ҳам аз болои католикҳои дохилӣ ва аз болои дастаҳои ҳарбии Испания ғалаба карда, Парижро ба даст дароварданд. Тамоми нимаи якуми асри XVII байни Испания ва Франсия ҷангҳо тамом шуда, қариб ҳамаи онҳо барои Испания комёбие наовард.

Чунин набардҳо ва бемуваффақиятии Филиппи II вазъи иқтисодӣ-молиявии Испанияро бад карда, хоҷагиро ба бӯҳрон расонид. Дар соли вафоти Филиппи II (1598)  ҳукумати Испания 100 млн. пул қарз дошт. Бӯҳрон ва харобиҳои хоҷагии Испания дар даврони ворисони Филиппи II — Филиппи III (1598-1621) ва Филиппи IV (1621-1665) ҳам давом доштанд. Тараққиёти хоҷагии ин мамлакат аз пешрафти хоҷагии дигар кишварҳои Аврупо торафт кам мешуд. Дар солҳои 1609-1610 аз Испания пеш кардани морискҳо (боқимондагони арабҳо-мусулмонон) ба иқтисодиёти мамлакат боз ҳам зарбаи калон расонид, зеро дар натиҷаи он қариб 0,5 млн. ҳунарманду деҳқон аз кишвар ронда шуданд. Ин харобиҳои хоҷагию сиёсӣ эътибори байналхалқии Испанияро суст намуд. Дар соли 1648 Филиппи IV маҷбур шуд, ки ба мустақилияти Голландия розӣ шавад. 1 декабри соли 1640 Португалия ҳам аз Испания ҷудо шуд. Дар ҳамон солҳо дар Каталония шӯриш ба амал омада, қариб он ҳам аз ҳайати Испания ҷудо гардад. Дар соли 1647 дар Ситсилия ва Неапол ҳаракатҳои зидди испаниҳо сар шуданд.

Ҳамин тавр, дар миёнаи асри XVII Испания аз давлати бузурги Аврупо ба давлати дуюмдараҷа табдил ёфт.

          Маданияти Испания дар асрҳои ХVI-ХVII. Муттаҳидшавии мамлакат, кашфиёти заминҳои нав, ривоҷёбии тиҷорати хориҷӣ ва беҳтаршавии ҳаёти иқтисодӣ дар нимаи аввали асри XVI  ба пешрафти  маданият мусоидат намуд. Нимаи дуюми асри ХVI-нимаи аввали асри ХVII–ин давраи нашъунамои Эҳёи маданияти Испания мебошад. Бузургтарин маркази илму фарҳанги он донишгоҳи Саламанка буд. Ҳанӯз дар охири асри ХV- нимаи аввали асри ХVI дар ин ҷо аввалин қисмҳои ғояҳои гуманистӣ ба вуҷуд омаданд. Яке аз машҳуртарин гуманисти нимаи аввали асри ХVI Мигел Сервет (1511-1553) буд. Ӯ дар китоби худ «Барқароршавии масеҳӣ» ақидаҳои католикӣ ва калвинистиро танқид кардааст. Барои ин М.Сервет еретик эълон карда шуда, дар оташ сӯзонида мешавад.

Яке аз хислатҳои характерноки Эҳёи Испания дар алоқамандии маданияти он бо эҷодиёти халқ буд. Намоядаигони барҷастаи Эҳёи Испания аз он илҳом гирифтаанд. Дар ин давр дар адабиёти Испания нависандагоне пайдо шуданд, ки онҳо бо асарҳои безаволи худ дар ганҷинаи адабиёти ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштаанд.

Яке аз чунин ва аввалин нависанда Мигел де Сервантес (1547-1616) буд. Ӯ дар оилаи дворянини камбағалшуда таваллуд ёфта, бисёр мушкилоти зииндагониро аз сар гузаронидааст. М. Сервантес фаъолияти нависандагии худро аз навиштани песаҳо сар кардааст, ки дар байни онҳо «Нумансия» ном песааш ба ҳамагон писанд омада буд.  Асаре, ки де Сервантесро ба ҷаҳон машҳур кардааст, ин «Дон Кихоти Ламанчӣ» ном романи ҳаҷвии ӯ мебошад. Дар ин китоб Сервантес сохти ҷамъиятии Испанияи феодалӣ, сохти ба вайроншавӣ рӯ овардаи ритсарии асримиёнагӣ ва қашшоқиҳои оммаи васеи халқро хеле хуб тасвир кардааст.

Асарҳои драматургҳои ин давраи Испания Лопе де Вег (1562-1635) ва Калдерон (1600-1681) ҳам ба тамоми дунё маълум мебошад.

Мувофиқи баъзе маълумотҳо Лопе де Вег қариб 2000 песа навиштааст, ки аз онҳо фақат 400-то боқӣ монда аст. «Фуэнто», «Овехун», «Духтари кӯзабадаст», «Бевазани Валенсия»  ва  баъзе дигар асарҳои ӯ ба бисёр забонҳои дунё тарҷума шудаанд.

Калдерон шоири дарборӣ ва драматург буд. Аксари песаҳои ӯ мазмуни динӣ — насиҳатӣ доштанд. Калдерон охирин намояндаи давраи нашъунамои адабиёти Испания буд. Дар асарҳои ӯ аз оҳангҳои демократию гуманистӣ қариб ҳеҷ чиз намонда буд. Аз онҳо баръакс лаҳзаҳои рӯҳафтодагию ноумедӣ ҳис карда мешуд.

Дар солҳои Эҳёи маданияти Испания санъати тасвирӣ ва меъмории он ба якчанд муваффақиятҳо ноил гардида, бо номи Доменико Теотокопуло (1547-1614), Диего де Веласкес (1599-1660), Бартоломе Мурило (1617-1682) ва баъзе дигар рассомони барҷастаи он алоқаманд мебошад.

Яке аз ёдгориҳои машҳури санъати меъмории ин давраи Испания Эскуриал ном қасри калисои музофоти Мадрид мебошад, ки он аз тарафи Филиппи II ҳамчун қароргоҳ сохта шуда буд. Дар асри XVII Эскуриал ба музейи миллӣ табдил дода шуда, дар он ҷо ганҷинаҳои беҳтарини санъати рассомӣ ҷамъ оварда шуданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *