Фанни Таърих

Италия дар асри ХVI-нимаи якуми асри ХVII

       Аҳволи иқтисодӣ ва сиёсӣ. Аз охири асри ХV сар карда, саноат ва иқтисодиёти Италия рӯ ба суқут оварда, дар натиҷа дар дигар мамлакатҳои Аврупо тараққӣ кардани саноат, бозори молҳои Италия кам мешавад. Дар асри ХVI ҳатто дар худи бозори дохилии Италия ба ҷойи матоҳои Флоренсия молҳои Англия фурӯхта мешавад.

Ғайр аз он, кашфиётҳои ҷуғрофӣ ҳам ба савдои Италия зарбаи калон расонид. Дар натиҷа дар савдою саноати Италия мушкилот афзуда, буржуазияи маҳаллӣ акнун диққати худро ба амалиётҳои бонкӣ-судхӯрӣ равон мекард. Дар натиҷаи пастравии саноат коргарони зиёди мануфактураҳо маҷбур шуданд, ки шаҳрҳоро партофта ба деҳот баргарданд. Худи буржуазия ҳам акнун дар деҳот замин харида торафт ба помешик мубаддал мешаванд. Ин помешикҳо заминҳои худро ба деҳқонони майда ба иҷора медоданд, ки шароити иҷора ними маҳсулот буд. Дар натиҷаи ҳамаи ин дар Италия муносибатҳои феодалӣ аз нав пурқувват шуда, муддати дароз намуди реаксияи феодалиро мегирад.

(Италия дар нимаи дуюми асри ХVI)

Дар асри ХVI ҳам Италия монанди пештара мамлакати пароканда буд. Он аз якчанд давлатҳои хурди алоҳида иборат буд, ки калонтарини онҳо Венетсия, Генуя, Милан, герсогиҳои Савойяюа Пемонт, Флоренсия, ва давлати папа, королии Неаполитиан, ки ба он инчунин Ситсилия дохил мешуд, буданд. Дар ҳамаи онҳо сохти республикавӣ сохти мутлақият ҳукмфармо буд. Дар байни ин давлатҳо ҷангҳои байнихудӣ давом мекард, ки ин аҳвол ба баъзе мамлакатҳои алоҳидаи Аврупо имкон дод, ки ба корҳои дохилии Италия дахолат намоянд. Аз соли 1494 сар карда, феодалони Франсия ба Италия ҳуҷуми худро сар мекунанд. Ин ҷанги байни Франсия ва Италия бо баъзе танаффусҳо то соли 1559 давом мекунад. Дар асри ХVI ба Италия инчунин феодалони Испания, Германия ва Туркия ҳуҷум карда, онро хеле валангору ғорат карданд. Ҳамаи ин аҳволи иҷтимоӣ ва сиёсии Италияро боз ҳам бад мекунад. Дар соли 1494 халқ зидди ҳокимиятии сулолаи Медичи бархоста, якчанд вақт дар Флоренсия республикаро барқарор мекунанд. Дар ин республика нақши калонро роҳиб Савонарола (1452-1498) мебозид. Савонарола бар зидди ҳашамату дабдаба ва беҳудагии дарбори папа ва умуман сарватмандон баромада, талаб мекард, ки қарзҳои камбағалон бекор гашта, судхӯрон аз кишвар пеш карда шаванд, хазинаҳои қарздиҳӣ сохта шаванд ва ғ… Аммо пас аз пеш кардани франсавиҳо, дар соли 1498 Савонарола аз тарафи папаи Рим ба ҳабс гирифта шуда, баъд дар оташ сӯзонида мешавад. Дар соли 1512 бо ёрдами испаниҳо ба сари ҳукумати Италия боз сулолаи Медичи меояд.

Дар аввали асри ХVI Италия ба майдони ҷанги феодалони Франсия ва Испанияю Германия мубаддал мегардад. Дар соли 1525  дар наздикии шаҳри Павия байни рақибон ҷанги калоне шуда гузашт, ки дар он франсавиҳо шикаст хӯрданд. Аз ғалаба ва боз ҳам пурзӯршавии императори Германия Карли V Габсбург тарсида, папа Клименти VII кӯшиш кард, ки муқобили ӯ бо иштироки Франсия, Англия ва давлатҳои алоҳидаи Италия коалитсия (иттифоқ) ташкил кунанд. Карли V аз ин мақсади папа бохабар шуда, муқобили ӯ дар соли 1527 ба Рим лашкар равон кард, ки онҳо даҳҳо ҳазор аҳолии Римро куштаю папаро ба асирӣ гирифта, қасри Ватиканро ғорат намуданд.

       Ҳаракатҳои халқӣ. Дар байни давлатҳои Италия аҳволи королии Неаполитиан, ки тобеи Испания буд, боз ҳам бадтар мегардад. Ба ин нигоҳ накарда, ҳокимияти Испания ҳаҷми андозҳои гуногунро зиёд мекунад, ки ин сабаби чанд шӯриш гашт. Аз ҷумла 7-июли соли 1647 дар Неапол сар зада, дар натиҷа ҳокимият ба дасти халқ мегузарад. Дар Неапол ҳукумати демократӣ ташкил карда мешавад, ки роҳбарии онро моҳигир Томаз Анелло ки бо лақаби «Мозанелло» маълум аст, ба ӯҳда дошт. Витсе-короли испанӣ маҷбур шуд, ки баъзе андозҳоро бекор кунад. Мазанелло сардори дастаи ихтиёрии Неапол таъин карда шуд. Аммо дере нагузашта ӯ аз тарафи одамони ҳукумати Испания кушта мешавад.

Кушта шудани Мозанелло ҳаракати халқиро паст накард. Ба ҳаракати шаҳриён аҳолии ҳамаи музофотҳо ҳам ҳамроҳ шуда, Неаполитианро республика эълон карданд. Роҳбарии ин ҳокимияти демократиро Ҷеннаро Аннеза ба дӯш дошт. Дере нагузашта баҳори соли 1648 ҳукумати Испания ба Неапол армияи нав фиристода, ба шӯришгарон зарбаи сахт зада, онҳоро шикаст дода, Аннеза дастгир ва ба дор овехта мешавад.

Баҳор ва тирамоҳи соли 1647 чунин шӯриш дар Ситсилия шуда гузашт. Шӯришҳои Неапол ва Ситсилия пеш аз ҳама зидди асорати хориҷиён-Испания буд.

           Давраи охири марҳилаи Эҳё.  Ба ин гуна харобиҳои хоҷагӣ ва сиёсӣ нигоҳ накарда, дар нимаи якуми асри ХVI Италия ҳоло ҳам маркази бузурги маданияти гуманистӣ буд. Олимон, нависандагон, наққошон, меъморон ва дигар намояндагони маданияти Эҳё, ки дар асрҳои ХIV ва ХV пайдо шуда буданд, дар ин давр маҳсули эҷодии онҳо самараи нек медод.

Яке аз олимони машҳури охири асри ХV профессори донишгоҳи Болоня Петро Помпонатси (1469-1524) буд, ки дар асараш «Дар бораи рӯҳи ҷовид» рӯйирост ба муқобили таълимоти насронӣ дар бораи ҷовидонии рӯҳ баромад карда, якчанд назарияҳои материалистии хешро пешниҳод карда аст. Ӯ талаб карда аст, ки дин ба тадқиқотҳои илмӣ омехта нашавад.

Дигар мутаффакири бузурги ин ин замон Николо Макиавелли (1469-1527) муаррих, ҳуқуқшинос, файласуф ва ходими машҳури сиёсии Флоренсия буд. Ӯ муаллифи «Таърихи Флоренсия» ва «Давлатдор»  ном асарҳои бузург мебошад. Дар асри дуюми худ Н. Макиавелли кӯшиши синфи навро барои муттаҳидии миллӣ хуб инъикос кардааст. Баробари дар ин китоб нишон додани бӯҳрони сохти сиёсии шаҳр-республикаҳои даврони худ, Н. Макиавелли аз назарияҳои республикавии худ рӯй мегардонад ва ҳамаи умеди хешро ба монархияи мутлақ мебандад. Мувофиқи фаҳмиши Н. Макиавелли парокандагии Италияро гӯё танҳо мутлақият нест карда метавонаду ба ҷойи онҳо давлати мутамарказ ташкил менамояд. Аммо Н. Макиавелли нахустин олиме буд, ки дар асарҳояш мазмуни ҳақиқии давлати монархияи мутлақро дуруст нишон додааст.

Санъати меъморӣ ва тасвирӣ. Дар санъати меъмории Эҳёи Италия дар асри ХVI услуби умумииталявӣ ба вуҷуд меояд, ки хислатҳои он дар бузургӣ, зебоӣ, ҳашамат ва дар омезишу мутобиқати бисёр намудҳои санъати нафис, дар сутуну нимсутунҳои зиёди гуногуншакл инъикос меёфт. Дар пайдоиш ва инкишофи ин услубҳо Леонардо да Винчи, Микеланҷелло, Рафаэл ва дигарон саҳми калон гузоштаанд. Бо услубҳои нави биносозӣ дар Италия иморатҳои ҷамъиятӣ-ибодатгоҳҳо, калисою қаср ва кӯшкҳо сохта шуданд. Яке аз ёдгориҳои бузургтарини санъати меъмории Италияи ин замон калисои Пётри муқаддас ба ҳисоб меравад, ки он дар солҳои 1506-1590 дар Рим сохта шудааст. Баландии ин калисо 132 м. ва сатҳаш 15000 м2. мебошад, ки дар фарқият аз сатҳи маъбади Софияи муқаддаси Византия (6800 м2.) калон аст.

Дар ин даврон санъати рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ хеле инкишоф ёфта, намояндагони бузургтарини он инчунин Микеланҷелло Буонаротти (1475-1564), Рафаэл Санти (1484-1520) ва Вечело Титсиан (1477-1576) буданд.

Яке аз намояндаи барҷастаи ин давра Леонардо да Винчи (1452-1519) мебошад, ки ӯ дар соҳаи физика, метематика, астрономия, геология, анатомия ва ғ… кор кардааст. Ҳамчунин Леонардо да Винчи бузургтарин рассоми замони хеш буд. Асарҳояш «Мадонна бо гул», «Мадонна Литта», «Ибодати шоми махфӣ», «Мона Лиза» машҳури ҷаҳон мебошанд ва зеби дилхоҳ осорхона гаштаанд. Ҳамчунин асарҳои офаридаи Микеланҷелло мисли «Мӯсо», «Довуд», «Вакх», асарҳои Рафаэл мисли «Мадонна дар марғзор», «Мактаби Афина», «Мадоннаи Сикст» ва ғ… ифодакунандаи дараҷаи баланди санъатҳои рассомию ҳайкалтарошӣ маҳсуб гашта, ба бинанда имрӯз ҳам як ҷаҳон маънӣ ва зебоӣ ато мекунанд.

        Театр ва мусиқӣ.  Дар асри ХVI ва ХVII дар Италия ду шакли театр ривоҷ меёфт: театри халқӣ ва дарборӣ. Мавзӯи театрҳои халқӣ-«мазҳакаи ниқоб» — ҳаёти ҳаррӯзаи халқ буда, дар он ба таври  ҳаҷв намояндагони синфи ҳукмрон сахт танқид карда мешуданд. Дар театри дарборӣ бошад, диққати асосӣ ба намудҳои ғании берунаи саҳна ва песаҳо равон шуда, дар онҳо мусиқӣ, усул, тарона ва дигар усулҳои фароғатӣ васеъ истифода мешуд. Дар ин театрҳои дарборӣ песаҳои антиқӣ ва ривоятӣ ҳам зиёд ба саҳна гузошта мешуданд.

Дар театрҳои халқӣ яке аз машҳуртарин асари ҳаҷвии асри ХVI-и Италия, мазҳакаҳои Макиавелли «Мандрагора», «Аретино», «Дурӯя» ва баъзеи дигар тез-тез намоиш дода мешуданд, ки дар онҳо риёкории рӯҳониёни католикӣ ва хурофотпарастию бемантиқии схоластикӣ зери танқид гирифта шуданд.

Дар театрҳои дарборӣ хусусан жанри драматикии пасторалӣ[1] монади «Аминта»-и Т. Тассо ва асари «Чӯпони содиқ»-и Гварини хело машҳур буданд.

Дар аввали асри ХVII дар Италия санъати мусиқӣ низ инкишоф ёфта, операи «Орфей»-и Клаудио Монтеверди шӯҳрати калон пайдо кард. Тавлиди опера дар инкишофи минбаъдаи мусиқӣ аҳамияти бузург дошт. Машҳуртарин композитори нимаи дуюми асри ХVI Палестрина буд, ки вай капелмейстр(роҳбари оркестр)-и калисои Пётри муқаддас дар Рим буд. Театри Италия ба театрҳои Франсия, Англия ва Испания таъсир кардааст.

[1]Асари мусиқии оромибахши динӣ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *