Фанни Таърих

Маздак ва таълимоти ӯ

Маздакия таълимоти худро аз номи асосгузораш Маздаки Бомдод гирифтааст, ки яке аз шахсиятҳои маъруфи тамаддуни эрони тоисломӣ буда солҳои 460-528 умр ба сар бурдааст. Бинобар таваллуди Маздак то ҳол баҳсҳои хеле зиёде мавҷуд мебошанд. Муаарихон ва таърихнигорон Нишопур, Ниссо, Табрез, Истахр, Мадария ва дигар шаҳрҳою маҳалҳоро макони таваллуди Маздак мешуморанд. Вале ҳама ба он ақидаанд, ки Маздак хеле барвақт ба мансаби мӯъбади мӯъбадон расида будааст. Агар хубтар ба раванди таърихи сиёсии сосониён зеҳн намоем, мебинем, ки фаъолияти сиёсии Маздак асосан ба давраи ҳукмронии Хусрави Парвиз (590-628) рост омада буд ва ин давра дар таърихи Эрон давраи ақлгароӣ ҳам буд. Аз ин рӯ пайдо шудани таълимоти маздак тасодуфӣ набудааст ва ҳатто Маздакро ҳам наметавон садафтари ин таълимот номид. Барои ҷавоб ба ин раванди таърихи Эрон гуфтан, бояд авзои сиёсӣ ва динии ҳамсоягони Эронро ҳам донист. Шарқи Пеш (Шом), Арабистон, Риму Юнон, Ҳинду Чин таълимоти динии нав ва ё дини навро барои феодализм асос гузоштанд. Вале эон ва эрониён ҳануз дар шарҳи он буданд ва шарҳи Маздак ва ё маздакия яке аз ин кушишҳост. Аз ин ҷост, ки таълимоти маздакия метавонист бештар ҷанбаи иҷтимоӣ, баъд ахлоқӣ ва баъд диниро гирад. Ва дар натиҷа чунин таълимот ба вуҷуд омад, ки онро маздакия, маздоия номидаанд.

Аз гуфтаҳои боло бар меояд, ки таълимоте,ки ба номимаздакия маълум гардида буд, ҳануз дар асрҳои IV-V дар Руму Ироқ ва Эрони Ғарбӣ пайдо шуда чандин нафароне: Бундаки Румӣ, Зардушти Хургон даст ба талқиди дини нав, ки ҷавобгӯи замон бошад, сар карда буданд, вале ба мақсаде нарасида буданд.

Маздаки Бомдод, ки аз рӯи мансаби диниаш ва сохтори табақавии ҷомеаи давраи Сосониён ва раванди тақсими вазифаҳо ваколатҳои динию дунявӣ ба зимаи ҳокимияти акнуни дунявӣ (бо шоҳ) дар як қатор қарор дошт, бе ваҳдати шоҳу мӯбад, дарбору мӯбадон, давлату рӯҳониён ҳамзистӣ карда наметавонистанд. Аз ин рӯ Маздаку Хусрави Парвиз ба ҳамдигар гузаштҳо карданд. Гзашти шоҳу давлат он буд, ки ба шарҳи нави Зардушту Монӣ иҷозат дода буду, гзашти Маздаку мӯбадон ба давлат иҷозати шарҳ додану навиштани қонунҳои дунявиро. Ин буд, ки дар аҳди Хусрави Парвиз ду таълимоти иҷтимоӣ: яке дар таълимоти маздакия ва дигаре дар қонунномаҳои сосонӣ, к ибо номҳои «Қонуни Ишобохт» ва дигаре дар «Матикони ҳазор датистон» дарҷ ёфта будаанд. Бе баҳои дурусти ин воқеа ва равандҳо ба таърихи на дин ва на сиёсию иҷтимоии Эрон сарфаҳм рафтан душвор аст.

Асоси таълимоти Маздакро таълимоти дуалистии Монӣ дар офариниши олам ташкил медиҳад. Яъне мувофиқи ин ақида ҷаҳон дар натиҷаи асорати нур (рӯҳ) дар зиндони зулмот(модда) ба вуҷуд омада бошад, омезиши рӯҳ ва зулмот боиси пайдоиши олам мебошанд.

Монӣ нурро (равонро) дар назди зулмот пассив ва бе ирода мешуморид. Маздак ин фалсафаро қабул намуда шарҳи худро дод. Яъне ӯ таъкид мекунад,ки зулмот на ҳусн дораду на ирода. Нуре ки дар зулмот маҳбус аст аз ҳуш ва ирода бархурдор аст. Аз ин рӯ, бояд нур ба зулмот рахна карда бошад. Ва мо бояд боварӣ дошта бошем, ки нур базулмот рахна карда бошад. Ва барои исбот далелеро ки ҳоло зиндагии дунявиро нопок ва ­ғайри рӯҳонӣ мебинем,ба назар мерасад, ки гӯё ҷанбаи маънавии инсонӣ, динӣ, сиёсӣ нибат ба моддӣ сутар заъифтар бошад.

Аз ин хулоса мекунад,ки зиндагии дунявӣ умуман зулмонӣ будааст ва омезиш бо нур (равон) ихтиёрӣ набуддаст. Ба ақидаи Маздак нур аз ҳама чиз огоҳу зулмот кур, ҳаракати нур иродиву зулмот тасодуфӣ аст. Аз ин рӯ, ғалабаи нур зарурӣ, шарт ва қатъисту ғалабаи зулмот тасодуфӣ ва муваққатист. Ин аст муқаддимаи таълимоти динӣ ва дунявии Маздак.

Маздак омезиши нуру зулмот ва пайдоиши ҷаҳонӣ моддиро эътироф мекнад,вале амри тасодуф мешуморад. Ин омезиши тасодуфӣ аз се марҳила иборат аст. Дар марҳилаи аввал нуру зулмот азҳам ҷудо ва мустақил буданд. Дар марҳилаи дуюм унсурҳои нуру зулмот омезиш ёфтанд. Дар марҳилаи сеюм боз ҷудошавии нуру зулмот ба амал меояд, ки ҳатмист. Вале барои ҳатмии он ёрии мардум зарур аст.

Аз ин фалсафа таиноти инсон ба вуҷуд меояд,ки парврдигор баҳри чӣ офаридааст инсонро. Яъне баҳри раҳонидани нур аз зулмот ва хотима додан ба омезиши тасодуфист. Асоси таълимоти динии Маздак санавият будаон чун монавия возеъу равшан баён шудааст. Яъне Офаридгори олам Худои яккаю ягона, бе ҷуфт, макон, замон буда, абадул абад вуҷуд дошта дониста мешавд. Ва аз оғоз ин Офаридгор дар ду асл: Яздон, ки ну расту офаридгори Хай рва Аҳриман, ки он аз зулмот асту офаридгори Шарр. Аз ин ду асл тамоми сифат, хулқу хӯй ва мавҷудоти хубу баде, ки дар олам вуҷуд доранд,натиҷаи ангезаҳои Яздон ва Аҳримананд. Масалан,оташе,ки сармозадаро гум кунад,вазидани боде,ки гарморо паст кунад,обе ки ташнаро сероб кунад ва ҳама ҳайвоноту наботот ва ҳашаротҳое,ки барои инсон судмандандофаридаю натиҷаи ангезиши Яздонанд.Ва ҳама он чизе,ки ба инсон ва табиат зарар меоваранд,офарида ва натиҷаи ангезидани Аҷриман аст. Яздон ҷаётро офаридаасту Аҳриман маргро (мамотро).

Дунёи ашёи моддиро Маздак мураккаб дониста онро аз се унсур: об, оташ ва хок иборат медонад. Худоро дорои ҳафт нору:қудрат, ташхис,борвар,парвон, кардан, дастур ва ходимдониста бо ёрии онҳо ҳастиро идора мекунад.

Таълимоти Маздак ба монанди Монӣ бар пояи зуҳд ва порсоӣ қарор гирифтааст. Инро дар талқини парҳезкорӣ ва зиёрати маздак мебинем. Маздак хӯрдани гӯшт, куштани ҷондор, ҷангу хунрезиро гуноҳ мешуморад ва манъ мекард. Маздак ва таълимоти Маздакия ба тақсимоти молу мулки сарватмандон ва анборҳои ҷамъиятиюдавлатӣ даст зада худ ба табақаи дигари бонуфуз табдил ёфтанро сар карда буданд. Ин сиёсат ба ваҳдати динӣ, миллӣ ва сиёсии ҷомеа оварда наметавонист ва амалӣ гардидани он дар ҳолати вуҷуд доштани ақидаи дигар ва имконияти беҳтар аз имкон берун буд.

Ҳақиқати таърихӣ дар он аст, ки сохтори табақабандии Сосониён, ки дар давраи ғуломдорӣ ба вуҷуд омадаю ба расмият дароварда шуда буд, хеле кеҳна, қафомонда ва аз пешравӣ маҳрум буд. Дар ҷамъияти Эрони сосонӣ сохтори табақавӣ ба дараҷае мустаҳкам буд, ки аз як табақа ба табақаи дигар гузаштан манъ ва номумкин буд. Яъне инсонҳо то охири умр ба як муҳит ва вазъи иҷтимоӣ, шуғлу мартабаи ҷамъиятӣ аз насл ба насл тобеъ ва вобаста буданд. Ҳатто доду гирифт ва никоҳи байни табақаҳо мумкин набуд. Дар Эрон озодфикрӣ вуҷуд надошт. Ин буд, ки монавиёну маздакиён аз Эрон фирор карда ба Шарқи озод- Осиёи Миёна мерафтанд. Маҳз ҳамин шароити иҷтимоӣ, табақавӣ, сиёсии замони Сосониён буд, ки Эрони пешрафта ба Аъроби қафомонда ва маънавиёти динию руҳониёни ҷоҳил- ба исломи арабӣ рӯ ба рӯ омада худро ҳимоя карда наметавонистанд. Сосониҳо ҳамчун империяи ҷаҳонӣ ва зардуштия ҳамчун дини даъвои ҷаҳонӣ дошта аз байн рафтанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *