Фанни Таърих

Монӣ ва таълимоти ӯ

Дар ибтидои асри 1 ва дар асри 2 мелодӣ ҷамъияти ғуломдории Эронаслиҳо ба кризиси иқтисодӣ, сиёсӣ ва маданӣ рӯ ба рӯ мегардад.Муносибатҳои ҷамъиятии осиёгӣ, ки дар асрҳои 3 ва 1 то мелод ба ду маънавиёт-давлатдорӣ: ба осиёгӣ (миллӣ) ва ба аврупоӣ (юнонӣ) такя дошт, дар рӯ ба миллӣ (осиёгӣ) овард. Яъне тарзи осиёгии истеҳсолоти хоҷагидорӣ бартарӣ пайдо кардан гирифта ҷамъиятрӯ ба феодализм ва хоҷагидорӣ ба муносибатҳои феодалӣ ниҳоданд. Муносибатҳои нави истеҳсолӣ тарзи нави идоракунии ҷамъиятро талаб мекард. Ҷамъияти эронӣ ба шарҳи нави ҳаёти иқтисодӣ, сиёсӣва маданӣ зарурат карда буд. Қонуну қоидаҳои давлатдории ғуломдорӣ ва тарзи муносибатҳои ҷамъиятии дар асоси Авасто шарҳ додашуда дигар ба раванди таърихии ҷамъият мувофиқат намекарданд. Яъне дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, маданӣ ва динии ҷамъият тафовут ба амал омада буд. Давлат ва намояндаи ӯ шоҳ, даргоҳ, дарбор ҳам ҳис карда буданд, ки ҳама қонунҳо соф динӣ шуда наметавонад ва диндорон ҳам дарк карда буданд, ки ҳама таъғиротҳо ҳамчун падидаи динӣ ва ё қонунӣ илоҳӣ буда ва шуда наметавонанд. Дар мисоли Осиёи Марказӣ динҳои Зардуштия ва Буддоия ба таҳрири нави таълимоти худ сар мекунанд. Вале мавзӯи баҳс ва таҳрири таълимот ҳам танҳо ҳаёти ондунявӣ ва асосии онро – шариати диниро дарбар намегирад. Бо фармони Ардашери Бобакон (226 — 239) ба ҷамъоварӣ ва таҳрири қисми дунявии Авасто сар карданд. Худи розигии мӯбади мӯбадон гувоҳ ба он аст, ки ваҳдат байни давлат ва дин ба вуҷуд омада будааст. Дар натиҷаи ин ваҳдат як давраи ақлгароии диншиносӣ ва ҷомеашиносии эронӣ ба вуҷуд омад, ки он таълимоти Мониро ба вуҷуд овард.

Монӣ (216 — 276) яке аз шахсиятҳои машҳуру маъруфи тоисломии Эрон буда дар таърихи дин ҳамчун муслиҳи (реформатор) иҷтимоӣ ва динӣ маълум аст. Ӯ соли 216 дар деҳаи Мардинуи атрофи Тайсафуни аз оилаи рӯҳонӣ ба дунё омадааст. Падару модараш мардуми Хамадон ва аз аҳли форс буданд. Таълимоти ибтидоиро дар хона ваҳои замонаашро то 25 солагӣ дар Эрони Ғарбиву Ироқ гирифтааст. Дар илмҳои забон, фалсафа, адабиёт, тиб, мусиқӣ, ситорашиносӣ, суратгарӣ ва наққошӣ маҳорати том доштааст. Ва аз 25 солагӣ худро ҳамчун навовар ва як ислоҳотчии (муслиҳи) иҷтимоию мазҳабӣ шиносонд. Ӯ бештар ҳамчун муслиҳи иҷтимоӣ ва динӣ баромад карда асосан бо таълимоти диниаш машҳур гардид. Ӯ таълимотеро пеш гузоштааст, ки фишурдаи таълимотҳои зардуштия, насрония ва буддоия мебошад. Таълимоти ӯ бештар ба зиддияти мӯбадон дучор мегардад ва ӯ маҷбур мешавад, ки ба Туркистону Чин ҳиҷрат намояд. Баъди вафоти Ардашери Бобакон ӯ ба Эрон мегардад ва ҳатто ба дарбори Шопури 1 (239-272) роҳ меёбад. Баъзеҳо гуфтаанд,ки Шопур таълимоти ӯро қабул карда бошад. Вале баъди 10 соли дар дарбори Шопур буданаш, ки Шопур ҳимоятгараш шуд,мӯбадон боз зидди Монӣ бархостанд ва Шопур ҳам аз ӯ рӯ тофт. Монӣ боз ба Туркистону Чин гурехт ва таълимоти худро онҷо паҳн намуд. Баъди вафоти Шопур, соли 272 ба Эрон баргашт. Вале Баҳроми 4 бо дассисаи мӯбадон Мониро дар Гундишопур дар Шуш зиндонӣ карда ба тариқи ваҳшиёна (менависанд,ки танашро муслаҳ (холӣ) карда бо коҳ пур карда ба дарвозаи шаҳр меовезанд) қатл намуданд.

ТАЪЛИМОТИ МОНӢ. Таълимоти динии монавияро бидуни таълимоти фалсафии ӯ дарк кардан мумкин нест.

Таълимоти Монӣ аз ду қисм: илоҳиёт ва низомот иборат буда қисми илоҳиёташ муфассалтар аст. Чунки ӯ дини миллӣ не, дунявиро тарғиб мекард. Аз ин рӯ, мебоист манбаъҳои асосии дин нисбати ҳама динҳои миллӣ возеътар баён мегардид. Монӣ ягонагии Худоро эътироф намуда, инчунин боварӣ дошт, ки олами мавҷуд мураккаб ва аз ду асли қадим: нур ва зулмот таркиб ёфта абадию азалӣ, беоғозу беанҷоманд. Монӣ бо ақидаи зарвониён, ки мӯътақид бар он буданд, ки нур (рӯҳ) ва зулмот (модда) махлуқи Зарвонанд, ва бо ақидаи зардуштиён, ки Аҳурамаздоро аз ҳама боло медонистанду таълимотеро,ки зиндагии дунявӣ худ некӣ ва зодаи Аҳурамаздосту вуҷуд доштани бадӣ натиҷаи дахолати рӯҳи аҳриманӣ, ҳаммаслак нест. Яъне дар офариниши олам ва одам Монӣ ду манба нею се манбагии ҳастиро пеш мегузорад. Ӯ ду асл: рӯҳ, модда ва се лаҳза: гузашта, ҳозира ва ояндаро эътироф дорад. Яъне материя ин ҷолаб ё зарфе бояд бошад, ки аз рӯҳ пур шуда, вале ҳоло дар он рӯҳ рехта нашудааст. Балки онҳо дар алоҳидагӣ вуҷуд доранду модда ҷозиби рӯҳ аст. Аз ин хулоса мешавад, ки модда боло ва рӯҳ поён ҷойгиранду модда аз 10 қисм ва рӯҳ аз 5 қисм иборатанд. Модда фаъол набуда рӯҳ фаъол аст.

Аз зулмот ва шарр шайтон пайдо мешавад ва ибтидои фаъолияти олам дониста мешавад. Муборизаи акнун рушноӣ бо торикӣ сар шуд. Барои ғалаба аз болои торикӣ олами рушноӣ Одамро офарид. Ва ӯ ба ҷанги торикӣ баромад. Вале аз торикӣ шикаст хӯрда як қисми рушноиро аз даст дод. Ин 5 унсури рушноии аз даст рафта ва 5 унсури торикии вуҷуддоштаро шайтон омезиш дод, ки аз ин омезиш ҷаҳон пайдо гардидиааст. Хулосаи Монӣ он аст, ки дар ҳама кору бор ва чиз ҷоҳилӣ, зулмот, шарр вуҷуд дора два таиноти нур – некӣ ва инсон дар он аст, ки моддаро (ҷисмро, зиндагиро, давлатро, динро) аз асорат озод кардан аст. Ин ҳама асорату озодиҳо дар Авастою Таврот ва Инҷил ҷой доштанд. Нури зардуштия ва «наҷоти» масеҳӣ бараъло маълум аст. Ҳадафи Монӣ ин наҷот додани рӯҳи маҳбус аз шарри модда аст. Тани гунаҳдор рӯҳи бегуноҳу озодро дар осори худ гирифтааст. Таиноти одам озод намудани рӯҳ аз асорат аст. Ин ҳадафро Монӣ дар тамсиле чунин баён кардааст: Чупоне барои наҷоти рамаи худ аз гург чоҳе канд ва дар он бузеро гузошт. Вақте ки гург бузро дид, худро ба чоҳ андохт. Чӯпон ҳам фурсатро аз даст надода бузро аз чоҳ берун карду гург зери чоҳ монд. Буз нур (некӣ) ва гург (бадӣ) буд. Як қисми ноҷизи нур озод гардиду зулмот маҳбусу маҳв. Нури озодгашта ҳамчун қудрат қудрати ҷаҳонро ба худ ҷазб карданро пайдо кард ва ҷазб мекунад.

Монӣ таълимотеро пеш гузошта буд, ки барои бақои ҳаёти динӣ ва дунявии замона нигаронида шуда бошад ҳам вале боз ҳамон ҳадафҳои асосӣ оштинопазир монда буданд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *