Лугати англиси, точики ва русси

Луғатнома аз фанни Адабиёт

А

Абар – бар, болои…, рӯйи, дар, мувофиқи.

Абе – бе.

Або – бо.

Абдон – баданҳо.

Аблақ – ҳарчизи дуранга, сафеду сиёҳ, ало; маҷ. аспи чавкар, тезрав.

Абҳар – равшантар.

Авон – замон, ҳангом, вақт.

Ағёр – ҷамъи ғайр, бегонагон.

Адам – нестӣ, нобудӣ.

Анбар – моддаи хушбӯй, ки дар атриёт ба кор мебаранд.

Анбоз – ҳамроз, анис, ҳамдам.

Андалеб – булбул.

Ақвол – ҷамъи қавл, яъне гуфторҳо.

Ақраб – каждум.

Амиқ – чуқур.

Анбаста- баста.

Анбоз – рафиқ, шарик, ҳамдам, монанд.

Андархӯр – лоиқ, сазоввор.

Ануд – барангезанда, ситезагар.

Анфос – ҷамъи нафас.

Астар – хачир,

Асном – ҷамъи сана, бутон: киноя аз маъшуқа.

Атиб- итоб, ранҷиши сабук

Алфағда – маҳсул, андӯхта, чизе ба даст овардашуда.

Афлок – ҷамъи фалак, осмонҳо.

Ахрас – гунг, лол.

Аҳад – воҳид, фард, нафар.

Аҳвал – олус, каҷбин.

Аҳрор – ҷамъи ҳур – яъне озод, ҷавонмард, наҷиб

Аҷамӣ – ғайриараб, форсизабон, эронинажод.

Аҷин – хамир.

Аҷсом – ҷамъи ҷисм.

Аъмол – ҷамъи амал, яъне фаъолиятҳо, кору кирдорҳо.

Б

Бадоғор – бадозор.

Бадсигол – душман, бадандеш.

Бадр – моҳи пурра; бадри мунир – моҳи тобони пурра.

Барда – ғулом.

Барӣ – пок, соф, холӣ.

Бароҳанҷидан – баркашидан, берун овардан.

Баттон – мурғобиҳо.

Баш – банд, банди мис ё нуқра ва ғайра.

Башм — шабнамреза, чакраи шабнам.

Баъид – дур.

Барот – ҳуҷҷат, санад, дастхат.

Бир – раъду барқ, тӯфон.

Бирр – некӣ, эҳсон, бахшиш.

Биҳор – ҷамъи баҳр.

Биҳил – афв кардан, бахшидан, бахшидашуда.

Бодфара- ҷазои амал, мукофоти амал.

Бодхун – роҳи бод, бодгузар.

Болод – аспи боркаш.

Бонгиш – бонг, фарёд.

Борӣ – офаринанда, Худо.

Бостон – қадим, дерина.

Буза – сӯзишворӣ, ҳезум.

Бунлод – таҳкурсӣ.

В

Вайла – нола, шикоят.

Вард – гул.

Вартоҷ – гули офтобпараст.

Вағо – ҷанг, муҳориба.

Валад – писар, фарзанд.

Ваҳм – хаёл, гумон, воҳима.

Вашт— зебо, хушрӯ.

Висоқ – банд,

Волид – соҳиби фарзанд, падар.

Вом – қарз.

Вомӣ — қарздор, дармонда, ба сахтӣ дучоршуда.

Ворун – баргашта, бахти ворун – бахти баргашта.

Вотгар— пӯстиндӯз.

Вофир – бисёр, фаровон.

Воя- зарурат, ҳоҷат.

Вуслат – пайванд будан, васл.

Г

Габр – пайрави дини зардуштӣ, оташпараст, хафтон, либоси ҷангӣ.

Гав – далер, паҳлавон.

Гав – чуқурии чоҳмонанд

Гавожа – таъна, мазоҳ.

Газоф – ҳарза, бефоида, беҳуда, дурӯғ.

Ганд – бадбӯ.

Гарива – теппа, баландӣ.

Гаразмон – осмон.

Гардун — аз феъли гардидан, ароба, чарх.

Гармсайр — тезпарвоз.

Гармфом – гармрӯ, дилчасп.

Гетӣ – дунё.

Гом – қадам; азм, ният.

Гузида – интихобкарда.

Гурунҷ – биринҷ.

Ғ

Ғабн – фиреб.

Ғабин – фиребхӯрда, зарардида.

Ғадир – кӯл.

Ғазар – пайкони тири бузург.

Ғайз – хашму ғазаб.

Ғаммоз – чашмакзан, суханчин.

Ғаммом – абр, абри сафед.

Ғарра – фирефта, мағрур

Ғилмон – ғулом, писарбачаи хизматгузор дар биҳишт.

Ғоза – гулгуна, сурхии рӯи занон

Ғолия – таркиби сиёҳранге аз он маводи хушбӯй, мушк, анбар.

Ғул – як навъи дев.

Ғулл – занҷир, занҷири оҳание, ки бо он зиндониёнро мебанданд.

Д

Дабир – муншӣ, котиб, нависанда.

Дағо – макру ҳила, фиреб.

Дад – ҳайвони ваҳшӣ.

Дайҳим – тоҷ.

Далқ – либоси пашминии дарвешон, либоси кӯҳна ва поргӣ кардашуда.

Данг – беақл, аблаҳ.

Данӣ – нокас, пастфитрат.

Дарюза (дарвеза) – гадоӣ, садақаталабӣ.

Дастур — вазир, супориш.

Даҳр – ҷаҳон.

Дашна – навъе аз ханҷар, корди нӯгтез.

Дебо – як навъ матоъ.

Дӣ – дирӯз.

Дола – далолаткунанда, шоҳид, роҳнамоӣ.

Дофеъ – дафъкунанда, радкунанда.

Дун – паст, нокас, разил.

Дунон – мардуми бисёр пасту разил.

Дунтар – пасттар, поёнтар.

Дур (дурр) – марвориди калон.

Ё

Ёканд – ёқут.

Ёғӣ- саркаш, нофармон.

Ёра – дастпона.

Ёфа- суханони беҳуда.

Ж

Жакора – ситезакор, кинавар.

Жаён –пурхашм.

Жарф — амиқ.

Жарфбин – борикбин.

Жах – нолаи зор.

З

Забуха – комёб.

Зал – хорӣ.

Залол – гумроҳӣ.

Заллат – хато, саҳв, гуноҳ.

Замҳарир – хунукии қаҳратун.

Зан (н) – гумон, пиндошт.

Занаб – дум.

Заранг – чӯби сахт, номи дарахти бемева.

Зарир – нобино, кӯр, зардранг

Заръ – гӯшаи кишт, андозаи ченак, кишт, зироат.

Зафт – фарбеҳ, дурушт.

Зафтӣ – дуруштӣ, калонӣ.

Заххор – сероб, пур аз об, пурмавҷ.

Заҳ – ҷои баромадани об; зоидан, нутфа, тифл.

Зиндиқ – бедин.

Зифт – сиёҳ, бахил.

Зоил – нобуд, соқит, маҳв.

Зониён – зинокорон, мардони бадахлоқ.

Зоч – зани навзоида.

Зуғол – ангишт.

Зулум – торикӣ, зулмат.

Зулҷалол – соҳиби ҷалол, боҳашамат; Худо.

Зуфунун – соҳиби фанҳо, донандаи илмҳо.

И

Ибтиҳоҷ – шодӣ, хурсандӣ

Идбор – бадбахтӣ.

Иддат – миқдор.

Идо – ҷамъи адӯ – душманон.

Иёр – миқдори нуқра ва тиллои холис дар сикка, тарозуи зарсанҷӣ.

Иёдат – ба беморбинӣ рафтан.

Изз – иззату эҳтиром, шараф.

Измор – дар дил пинҳон нигоҳ доштан, сухан пӯшида гуфтан.

Иқд – гарданбанд, мӯҳра.

Илҳоҳ – дархост, илтимос.

Илтизом – ба ӯҳда гирифтани анҷоми коре.

Инон – лаҷом, ҷилав; ихтиёр.

Исор(эсор) – пошидан, нисор кардан.

Испар – сипар.

Истӯҳ – оҷиз, нотавон, бечора.

Итеб(итоб) – сарзаниш, маломат, таъна.

Ихвон – ҷамъи ах- бародарон

Иъто – бахшидан, ато кардан.

К

Кабад – ширеш.

Кабус — каҷ, норост.

Каванда – сабат.

Кавдан – аспи боркаши заифу пир; одами аблаҳу нодон.

Кавн – ҳастӣ, зиндагӣ, олам, дунё.

Кадевар – деҳқон, барзгар.

Каррубӣ – фаришта, малаки ба Худо наздиктар.

Каъб – ҳар банди устухон, тоси бозии нард.

Киё – соҳиб, Худованд, султон, диловар.

Коғ – оташ.

Козиб – дурӯғгӯй.

Кола – мол, чизу чора, матоъ.

Колбуд – тан, бадан, ҷасад.

Колус — ахмақ, нодон.

Коҳил – танбал.

Куништ – оташкада, калисо, бутхона, ибодатхона.

Кӯҳл – сурма.

Кӯҳлӣ – сурмаранг, сиёҳтоб.

Қ

Қавом –ростӣ, дурустӣ.

Қалақ – хавотир, изтироб, ваҳм.

Қаллош – айёш, маккор, беор, шаробдӯст.

Қалтабон – нокас, разил, далла, даюс.

Қанина – зарфи шишагин.

Қантара – баландӣ.

Қирон – пайвастани ду чиз ба ҳам; ба ҳам наздик омадани ду ситора.

Қут – хӯрданӣ, таом.

Л

Лабиқ – моҳир, зирак, хушгап.

Лавзина – як навъ ҳалвои аз мағзи бодом тайёр кардашуда.

Лавн – ранг.

Ламтур – фарбеҳ, қавӣ.

Ламъа – дурахшонӣ, равшанӣ; дурахшидан.

Ласк – шабнам.

Лаҳаб – шӯълаи оташ.

Лиқо – рӯй, чеҳра; мулоқот.

Ло – на, но, не.

Лоба – зориву тавалло; фиребу ҳила; шӯхӣ.

Лобуд (д) – ночор, ногузир.

Лоҳут – худоӣ, илоҳӣ.

Лоҷарам – ночор, ногузир; бешубҳа, бинобар ин.

Лоязол – безавол, ҷовид, бемарг.

Лутӣ – бадахлоқ, бебок, айёш, майхора.

Лӯъбат – пайкари хушрӯ, санам, бут.

М

Мавло – соҳиб, молик, сарвар; ғулом, навкар.

Мавлоӣ – сарварӣ, соҳибӣ.

Мавлоно – соҳиб, хоҷа, устод.

Мавлуд – зоидашуда, навзод.

Мавот – чизи беҷон, мурда.

Мазид – афзоиш, зиёдшавӣ; иловашуда.

Макин – макондор, соҳиби макон.

Макнун – пинҳон дошташуда; пинҳон, нуҳуфта

Мақар – қароргоҳ, ҷойгоҳ; сангар, ҳисор, қалъа.

Мақдур – мувофиқи қувват, ба қадри имкон; қувват, тоқат; тақдир кардашуда.

Мақт – кина, душманӣ.

Малул – ғамгин.

Маниш – ақл, фаросат, карам, ҳиммат.

Маранда – кӯза.

Масос – маканда, хунгир.

Масруф – сарф кардашуда.

Матбах – ошпаз.

Мафраш – чизи густурданӣ монанди палос.

Мафхар – фахр, ифтихор.

Махлас–паногоҳ, ҷои халос шудан, халосӣ.
Махвар – махӯр.

Маҳин – хору беқадр.

Маҳақ– санги сиёҳе, ки тилло ва нуқраро бо он соида меозмоянд ва иёр мекунанд.

Маҳд – гаҳвора, маҷозан макони пайдоиш.

Маҷарг – муфт, бемузд.

Машом – димоғ, бинӣ.

Маъбуд – парастиш кардашуда монанди Худо, бут, оташ ва ғайра.

Маъзул – бекор кардашуда.

Меғ – абр.

Меҳ- бузург, калон, сардор.

Меҳтар – калонтар, бузургтар; нигоҳбони чорпоён.

Миёнҷӣ – миёнарав.

Мину – осмон, само.

Мисмор – мех, гулмех.

Миҳор – чӯбе, ки аз бинии шутур гузаронида, ба он ресмон мебанданд.

Моъ – об.

Мувосо – мадоро, муросо; созиш, мувофиқат, ёрӣ, мадад.

Муғтанам – ғанимат, ғанимат шумурдашуда.

Музмар – дар дил буда; пинҳон, махфӣ.

Музоҳим – заҳматдиҳанда.

Мукаррам – азизу мӯҳтарам.

Муқрӣ – қорӣ, Қуръонхон, таълимдиҳандаи қироъати Қуръон.

Муқир – иқроркунанда, иқроршаванда.

Мултаҷӣ – паноҳҷӯянда, паноҳоваранда.

Мунсиф — боинсоф, бовиҷдон, боадолат.

Мунқатеъ – қатъшуда, кандашуда.

Мунқод – мутеъ, фармонбардор.

Мунодӣ – нидокунанда, ҷорчӣ.

Мураввақ – соф кардашуда, полондашуда.

Мурсал – расул, фиристода, пайғамбаре, ки соҳиби китоб бошад.

Мутаввақ – тавқдор, бо гарданбанд ё даспона зинатёфта.

Муттако – такягоҳ.

Мушаъшаъ – равшан, дурахшон.

Муштабеҳ – монанд.

Муштарак – умумӣ, шарикӣ.

Муштарӣ – талабгор, харидор

Муштаҳар – шӯҳрат ёфта, машҳур, маъруф.

Мӯбад – рӯҳонии зардуштӣ.

Мӯҳтадӣ – ҳидоятшаванда, ба роҳи рост рӯ оварда.

Н

Набид – шароби хурмоӣ.

Набиз – май.

Навада – набера.

Навардидан – печидан, тай кардан, гузаштан.

Навбова – ҳар чизи нав ва тоза, меваи наврасида.

Надим – ҳамсӯҳбат, ҳамнишини шоҳону амирон.

Нажад – андӯҳгин, даҳшатнок, парешон, паст, ночиз.

Накӯҳиш – маззамат.

Намат – тарз, равиш, усул.

Натъ – суфраи чармин, фарш.

Наҳиф – лоғар, заиф, хароб.

Ниё- бобо, ҷадд.

Ниёкон – бобоён, аҷдод.

Нишкурда — афзори саҳҳофиву кафшдӯзон, ки бо он муқова ва пӯстро метарошиданд.

Навбаҳор – номи ибодатхонаи буддоӣ дар Балх, шакли қадимааш Навабихара.

Ноқа – шутури мода.

Носут – олами ҷисмонӣ, дунё, одамӣ.

Ношикебо – бесабр, ноором.

О

Обгина – шишаи гулоб.

Обгир – кӯли об, манбаъи об.

Обис – туршрӯй, беҳудакор, бозикунанда.

Обнӯс – як навъ дарахти чӯбаш сиёҳ.

Оби ҳайвон – оби ҳаёт.

Овард – ҷанг, корзор.

Ово — овоз.

Оганда – пур.

Оз – ҳирсу тамаъ, ранҷ.

Озарм – одамият, қадр, манзалат.

Ол – авлод, дудмон.

Омосидан – варам кардан.

Осмона – сақфи хона.

Осӣ – гунаҳкор.

Отил – холӣ, ҷудо, маҳрум; бекор, беҳуда.

Офил – пинҳоншаванда, нопадидгарданда.

Оҳу – айб, нуқс, бадоҳу- нобакор.

П

Пайкор – ҷанг, хусумат, мубориза.

Пархош – ситеза, ҷанг, ҷанҷол.

Пархошгар – ҷангара, ситезакор.

Пашиз – пули хурди камарзиш, пули сиёҳ.

Почила – пойафзол, кафш.

Пунба – пахта.

Р

Раббонӣ – мансуб ба Худо, иллоҳӣ.

Рабут – ҳудҳуд, шонасарак.

Рада – саф, қатор.

Рандж – пурхӯрӣ, ҳирс.

Раҳӣ – банда, ғулом, чокар.

Рашид – бо роҳи рост раванда; пухта, далер.

Рев – фиребу макр.

Ризвон – хушнудӣ, ризомандӣ, маҷозан биҳишт.

Ринд – зирак, озодфикр, бебок.

Рифъат (рафъат) – баландӣ, бузургӣ, ҷоҳу ҷалол.

Риҷол – ҷамъи раҷул, яъне мардон.

Роғиб – рағбаткунанда, хоҳишманд, талабгор

Род – саховатманд, карим, сахӣ, ҷавонмард.

Рокиб – савор, савори асп ё ягон чизи дигар.

Роят – байрақ, алам

Румҳ – найза, синон.

Рӯҳбон – гӯшанишин, ҷоҳиди тарсо.

Рӯъят – дидан, мушоҳида, биниш.

С

Сабил — роҳ, равиш, тариқ; ҳайрон, назршуда.

Сабуксор — беқарор, бетамкин.

Савод — мусаввада, сиёҳнавис.

Садоқ – кобин, маҳри зан.

Сақат – вайрона, беҳуда, носазо, дашном, ҳақорат.

Саққо – машкоб.

Сало — нидо, фарёд, даъвати мардум барои иҷрои коре

Саман — суман, ёсуман, як навъ гули сафеди панҷбарга.

Самм — заҳр.

Самоъ — шунидан, гӯш кардан, суруду мусиқӣ; ҳолати ваҷди дарвешон.

Санавият – иродат ба дугонагӣ дар эътиқод, дугонапарастӣ.

Санҷақ — байрақ, алам.

Сармад — бепоён.

Саттор — пӯшандаи айбҳо, як исми Худованди мутаъол.

Сафаҳ — нодонӣ, кӯтоҳақлӣ.

Саффок – хунрез, золим.

Саҳоба – ҳамсӯҳбатон, дӯстон, ёрони Муҳаммад (с).

Саҳмгин – ваҳмнок, хавфнок.

Саъб – душвор, сахт.

Самоъ – нағма, суруд.

Санноъ – санъаткор, сонеъ, ҳунарманд, косиб.

Сим – нуқра.

Синон – найза, нӯги найза, нӯги теғ.

Сипанҷ — амонат, муваққат, оромгоҳи муваққатӣ.

Сипос – шукр, мамнуният.

Сиреш – ширеш.

Сит – овоз; овоза, шӯҳрат

Ситабр – ғафс, сахт, маҳкам.

Ситеғ – баланд, теға ва қуллаи кӯҳ.

Ситом – лаҷоми асп.

Сияҳкоса – бахил, разил, нобакор.

Сиҳӣ – рост, хушқомат, ростқад.

Соғар – ҷом, пиёла, қадаҳ.

Соид – банди даст, даст.

Соиқ – ронанда, баранда, тарғибкунанда.

Соиқа – оташак, барқе, ки аз абр ҷаста ба замин меафтад.

Соил – суолкунанда, пурсананда, гадо.

Солор – сардор, меҳтари қавм, сарлашкар, фармондеҳ.

Солус – фиребгар, риёкор; макру фиреб.

Сонеъ – созанда, ҳунарманд, косиб.

Сор – шабеҳ, монанд.

Соҷид – саҷдакунанда.

Суд — фоида, манфиъат.

Сутур – чорпои боркашу саворӣ; ҷамъи сатр.

Сутӯҳ – дилтанг, оҷиз, дармонда.

Сӯг – мусибат, азо, мотам, ғаму андӯҳ.

Т

Табарро – дурӣ.

Табоеъ – ҷамъи табиат – сиришт, ниҳод, одат; мавҷудоти олам.

Табоҳ (табаҳ) – хароб, вайрон.

Табоҳӣ – вайронӣ, харобӣ.

Табтоб – чавгон.

Тавсан – аспи саркаш, ромнашуда.

Тазаллум- шикоят аз зулм, додхоҳӣ.

Тазйин – зинат додан, ороиш, зинат.

Таййибот – покон, тозаҳо

Тайр – парранда, мурғ.

Тал (л) – пушта, хоктӯда; шабнам, борони реза.

Талвин – гуногунранг кардан, ба ранги дигар даровардан.

Танзеҳ – пок кардан, дур кардан аз айбу олоиш, покдоманӣ.

Таннавуъ – ҳархелагӣ, гуногунӣ.

Тардоман – бадахлоқ, фосиқ.

Тасхур (тасхар) – масхара кардан.

Тасҳил – осон кардан, сабукӣ, осонӣ.

Таъаҳҳуд –ӯҳдадорӣ гирифтан, нигоҳубин, хизматгузорӣ.

Тимор – ғам, андӯҳ.

Тиҳӣ – холӣ.

Тунг – зарфи даҳантанги об, шароб.

Тозиён – арабҳо.

Тозӣ – арабӣ.

Торам – хонаи чӯбин, хиргоҳ.

Турра – мӯйи тобида, зулф; фаши сала, шохи дарахт.

Тутуқ – парда, чодир.

У

Уқад — ҷамъи уқда, гиреҳҳо.

Уқуқ — нофармонӣ, ҳақношиносӣ.

Уқул — ҷамъи ақл.

Улув — баландӣ, мартабаи олӣ.

Унноб – дарахт ва меваи челон.

Унуқ — унқ, гардан.

Усро — мушкилӣ, душвор.

Уюн — ҷамъи айн, чашмҳо.

Ф

Фавард – навъе аз ҳалво.

Фавот — нестӣ, даргузаштан, гурехтан.

Фар – нур.

Фарас – асп.

Фараҷ – кушоиш ва осоиш; раҳоӣ ва халосӣ аз сахтӣ ва ғам.

Фаръ –шохи дарахт; чизи ғайриаслӣ ва дуюмдараҷа.

Фароз – баландӣ.

Фарт – зиёдпарварӣ, аз ҳад гузаштан.

Фасд – хунгарӣ, рагзанӣ.

Фатила – пилтаи чароғ.

Фирдавс – биҳишт, ҷаннат.

Фоқа – нодорӣ, камбағалӣ.

Фоиқ – беҳтар, болотар, афзал.

Форис – аспсавор, асптози моҳир.

Форуқ – фарқкунанда миёни ҳақ ва ботил.

Фушор – гапи фач ва беҳуда, дашном.

Х

Хабир – бисёр огоҳ ва хабардор; бисёр доно ва кордон.

Хабис — паст, палид, бадкирдор.

Хавос — ҷ. хос, хосон, одамони баландмартаба.

Хаданг — як навъ дарахт, чӯби сахт, маҷозан ба маънои тир.

Хайёт — либосдӯз, дӯзанда.

Халоб — ботлоқ.

Хамр — шароб, бода.

Ханҷак, ханҷук – як навъ гиёҳи хордор.

Хариф — тирамоҳ, хазон; фартут, парешонхотир.

Харқа — сӯрох, шикоф.

Хасм -душман, адӯ.

Хасро — сабз, сабзранг, кабуд.

Хафиф — сабук, тез.

Хафӣ — пӯшида, пинҳон, махфӣ.

Хаффош — кӯршабпарак.

Хашук (хушук) — фарзанди ҳаромӣ; одами бад, зишт.

Хибо — пӯст.

Хидев – подшоҳ, сардор, соҳиб, Худо.

Хизоб – ҳино, ранги мӯй.

Хилт – таркиб.

Ход – заған, ғаливоҷ, ҷӯҷабарак.

Хоста мол, чизу чора, сарват.

Хотӣ — хатокор, гунаҳкор.

Худъа — макру ҳила.

Хулди барин – биҳишт.

Хунук — хуш, хушбахт, сард

Хур — шакли кӯтоҳи хуршед, офтоб.

Хустувон эътирофкунанда, иқроркунанда.

Ҳ

Ҳабо — ғубор.

Ҳабок — фарқи сар.

Ҳабл — ресмон, банд.

Ҳавдаҷ – тахти равон, каҷова.

Ҳавл — ваҳм, даҳшат.

Ҳажир — хуб, зебо, хушрӯ.

Ҳазан – ғӯсса, ғам, андӯҳ.

Ҳазин – ғамгин, андӯҳгин.

Ҳазимат – шикаст хӯрдан.

Ҳақоиқ — ҳақиқатҳо

Ҳалоҳил — заҳри қотил.

Ҳанг — вазн, виҳор, тамкин, нерӯ, доноӣ, қудрат.

Ҳангуфт — ғафс, дурушт, дағал.

Ҳанзал — кадуи талх.

Ҳанин — гиря, нола.

Ҳарб — ҷанг.

Ҳарба — аслиҳа, асбоби ҷанг.

Ҳаҷар — санг.

Ҳирз — паноҳгоҳ, ҷойи эмину мустаҳкам, нигаҳдорӣ, муҳофизат.

Ҳиял — ҳилла, найранг.

Ҳотиф — садодиҳанда, нидокунанда.

Ҳоҷиб — пардадор, дарбон; абрӯ.

Ҳудо (ҳудӣ) — ростӣ, роҳи рост, роҳнамунӣ.

Ҳорис — посбон, нигоҳдоранда; деҳқон, зироаткунанда.

Ч

Чак — ҳуҷҷат, санад.

Чакак — банд, таноби абрешимӣ.

Чона – манаҳ, занах.

Чуст – чолок, моҳир.

Ҷ

Ҷавдат — некӣ

Ҷавореҳ — ҷамъи ҷариҳа- аъзои бадан.

Ҷавз — чормағз.

Ҷавр — зулм, ситам.

Ҷазил — фасеҳ, маҳкам, устувор.

Ҷалд — чалок, чаққон, зирак.

Ҷалил – азим, бузург.

Ҷалис — ҳамсӯҳбат, рафиқ.

Ҷамод — санг.

Ҷаъд — мӯйи ҷингила, печида.

Ҷинон — ҷамъи ҷаннат.

Ҷоф — ҷоф — ҳарҷогард, бадахлоқ.

Ҷубба — ҷомаи кушоду баланд.

Ҷуд — саховат

Ҷуллоҳ — бофанда.

Ҷунун — девонагӣ, бехудӣ.

Ш

Шад – макру ҳила, фиреб.

Шақоват — бадбахтӣ, сахтӣ.

Шаман — бутпараст.

Шанг — зебо, хушрӯ.

Шарфок — шарфа, садо.

Шатт — соҳили баҳру дарё.

Шаҷар – дарахт.

Шед — хуршед, офтоб.

Шикебо- шикебанда, сабркунанда, сабур, бурдбор.

Шикух (шукух) — пешпохӯрӣ, лағжиш.

Шикӯҳ — хавф, бим, тарс.

Шокӣ — шикояткунанда.

Э

Эжак — шарора, ахгари оташ.

Эзид — Яздон, Худо.

Эсор (исор) — пошидан, нисор кардан, бахшидан.

Эҳдос — аз нав бино кардан, эҷод намудан.

Эҳсо — ҳисоб кардан, баршумурдан.

Эҳтисоб — ҳисобгирӣ.

Эътизол — гӯшагирӣ, зоҳидӣ.

Эътикоф — гӯшанишинӣ ва ибодати Худованд/

Эътизор — узрхоҳӣ.

Эъҷоб — таъаҷҷуб, ҳайрат.

Ю

Юба— орзу, хоҳиш.

Юбс- хушк шудан.

Юбусат — хушкӣ, беобӣ.

Юз — ҳайвони даррандаест хурдтар аз паланг.

Юмн — бахт, толеъ, иқбол.

Юн — намади зери зини асп.

Юсро — осонӣ, осоиштагӣ.

Я

Яб —тир.

Яд — даст.

Яздон — Худованди бузург, Аллоҳ таъоло

Язакдор- сардори посбонони пешрав.

Ям (м) — баҳр.

Ямин — тарафи рост, рост.

Янбӯъ — чашма, сарчашма.

Ясор — тарафи чап; чап; наҳсу номуборак.

Ятоқ — посбонӣ.

Яшм — санги қиматбаҳои ақиқмонанд.

Яъс — ноумедӣ, маъюсӣ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *