Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Низоми  ҳуқуқ

 Мафҳуми  низоми  ҳуқуқ

       Низоми ҳуқуқин сохти дохилии ҳуқуқ аст, ки дар муттаҳидгардонӣ ва ҷойгиркунии муттасили маводи меъёрӣ (меъёрҳо, соҳаҳо, институтҳои1 ҳуқуқ) ифода меёбад.

Низоми ҳуқуқ аз се унсури асосӣ иборат аст: 1) меъёри ҳуқуқ, 2) институти ҳуқуқ ва 3) соҳаи ҳуқуқ. Меъёри ҳуқуқ асоси, унсури ибтидоии низоми ҳуқуқ аст. Маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқ, ки як намуди мушаххаси муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунанд, дар якҷоягӣ институти ҳуқуқро ташкил медиҳанд (масалан, иститутҳои ҳуқуқи интихоботӣ, интизоми меҳнат, ҳуқуқи моликият ва м.и.). Аз меъёрҳо ва иститутҳои ҳуқуқӣ соҳаҳои ҳуқуқ ташкил мешаванд. Онҳо як намуди (соҳаи) муносибатҳои ҷамъиятии якрангро танзим мекунанд, аз қабили ҳуқуқи гражданӣ, ҳуқуқи ҷиноӣ, ҳуқуқи маъмурӣ ва ғ.

Низоми ҳуқуқ вобаста ба ду омили асосӣ ташаккул мегардад: 1) талаботҳои воқеии ҳаёти ҷомеа ва 2) фаъолияти қонунгузор.                        Хислати муҳими низоми ҳуқуқ – ин инкишофёбанда будани он аст. Низоми ҳуқуқ дар як сатҳ қарор намегирад. Вай ҳамеша дар ҷараёни инкишоф аст. Дигаршавии талаботҳои воқеии ҳаёт, инкишофу дигаргунгардии муносибатҳои ҷамъиятӣ, зарурияти қабули санадҳои нав омилҳои асосианд, ки инкишофи низоми ҳуқуқро тақозо мекунанд. Пайдоиши ҳуқуқи нав дар айни замон боиси ташаккули низоми нави ҳуқуқ мегардад. Дар давраи гузариши Тоҷикистон аз ҷамъияти сотсиалистӣ ба тамаддуни либералӣ шумораи зиёди санадҳои ҳуқуқӣ (дар соҳаи моликият, соҳибкорӣ, тиҷорат, андоз ва ғ.) қабул шуданд, ки меъёрҳои нави ҳуқуқро муқаррар мекунанд. Дар ҷумҳурӣ соҳаҳои нави ҳуқуқ (ҳуқуқи бонкӣ, ҳуқуқи соҳибкорӣ, ҳуқуқи андоз, ҳуқуқи гумрук ва ғ.) пайдо шуданд. Дар соҳаҳои анъанавии ҳуқуқ (гражданӣ, меҳнатӣ, оилавӣ ва ғ.) тағйиротҳои куллӣ чашмрасанд. Инкишофи низоми ҳуқуқи Тоҷикистон оянда давом мекунад. Пешрафти ҷомеа, ҳаёти воқеӣ талаботҳои нав ба навро ба миён мегузорад, ки омили таъсирбахши инкишофи минбаъдаи низоми ҳуқуқи кишвари мо мегардад.

Хислати дигари низоми ҳуқуқ – мазмуни миллӣ доштани он аст. Ҳуқуқҳои миллии кишварҳои ҷудогона (Франсия, Олмон, Португалия, Россия ва диг.) низоми худро доранд, ки он бо назардошти хусусиятхои дохилидавлатӣ, талаботҳои ҷомеа, фаъолияти қонунгузор сохта мешавад. Дар баробари ин, низоми ҳуқуқи кишварҳои ҷудогона хислатҳои умумӣ низ доранд. Асоси наздикшавии низоми ҳуқуқии кишварҳои алоҳида – ин шомили ин ва ё он «оилаи ҳуқуқии ҷаҳонӣ» будан аст. Аз ин нигох, масалан, низоми ҳуқуқи давлатҳои шомили оилаи ҳуқуқи романӣ-олмонӣ (Франсия, Олмон, Испания, Италия ва ғ.) ба ҳам наздик аст. Пештар давлатҳои сотсиалистӣ (ИҶШС, Полша, Руминия, Венгрия ва ғ.) як оилаи ҳуқуқи сотсиалистиро ташкил медоданд ва низоми ҳуқуқи онҳо як буд. Вале таърихан асоси низоми ҳуқуқи кишварҳои сотсиалистии Европаро ҳуқуқи романӣ-олмонӣ ташкил додааст. Бинобар он, низоми ҳуқуқи Россия, Белорусия аз он ҷумла Тоҷикистон ва давлатҳои дигари аъзои ИДМ ба романӣ-олмонӣ наздик аст. Низоми ҳуқуқи кишварҳои шомили ҳуқуқи англисӣ тамоман дигар аст. Аз ҷумла, ҳуқуқи англисӣ мисли ҳуқуқи романӣ-олмонӣ ба соҳаҳо ва ба ҳуқуқи омма ва ҳуқуқи хусусӣ расман тақсим намешавад, чунки дар Англия нақши меъёри ҳуқуқро қоидаи амсоли судӣ мебозад. Асосҳои сохти низоми ҳуқуқи мусулмонӣ бошад боз дигар хел аст.

Аммо дар шароити наздикшавии низоми ҳуқуқи кишварҳои ҷаҳон (бо назардошти наздик кардани қонунгузорӣ, муборизаи якҷоя муқобили терроризми байналмилалӣ, пешгирии ҷанги ядроӣ, бӯҳрони экологӣ ва м.и.) ҳуқуқи давлатҳо дар баробари хислати миллӣ мазмуну тамоили байналмилалӣ пайдо мекунад. Аз ин ҷост, ки меъёрҳои санадҳои ҳуқуқи байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон қисми таркибии низоми ҳуқуқи ҷумҳуриро ташкил медиҳанд (қ. 3, м. 10 Конститутсияи кишвар).

19.2  Асосҳои  ташкили  низоми  ҳуқуқ

Низоми ҳуқуқ низ дар асоси маҳакҳои муайян ба унсурҳои ҷудогона тақсим мешавад. Ба ҳайси онҳо ду маҳаки асосӣ баромад мекунанд: 1) мавзӯи танзими ҳуқуқӣ ва 2) усули танзими ҳуқуқӣ.

      Мавзӯи танзими ҳуқуқӣон муносибатҳои ҷамъиятӣ мебошанд, ки мавриди танзими ҳуқуқии гурӯҳи якранги меъёрҳои ҳуқуқ қарор мегиранд.

Ҳар як соҳаи ҳуқуқ як намуди алоҳидаи муносибатҳои ҷамъиятиро танзим мекунад. Масалан, ҳуқуқи гражданӣ муносибатҳои молу мулкӣ ва шахсии ғайри молу мулкиро танзим мекунад.

Аммо мавзӯи танзими ҳуқуқӣ маҳаки ягонаи таснифи соҳаҳои ҳуқуқ шуда наметавонад. Ҳар як намуди муносибатҳои ҷамъиятӣ тарзи махсуси танзимро талаб мекунад. Масалан, тарафҳои шартномаи никоҳ бо ҳам баробаранд ва истифодаи усули диспозитивиро (баробарии тарафҳоро) металабад. Муносибати байни муфаттиш ва ҷинояткор бошад, баръакс, мазмуни ҳокимиятӣ (муфаттиш – намояндаи ҳокимият) ва тобеиятӣ (ҷинояткор – шахси тобеъ) дошта, бо усули императивӣ (нобаробарии тарафҳо) танзим мешавад.

Ҳамин тариқ, маҳаки дуюми таснифи соҳаҳои ҳуқуқ ҷой дорад, ки усули танзимӣ ном дорад. Усули танзими ҳуқуқӣин тарзу воситаҳоест, ки бо ёрии онҳо муносибатҳои ҷамъиятӣ танзим мегарданд.

Ду  усули  асосии  танзими  ҳуқуқӣ  истифода  мешаванд: 1) усули императивӣ (ҳокимиятӣ, фармоишӣ) ва 2) диспозитивӣ (мухторӣ). Усули императивӣ барои танзими он муносибатҳое истифода мешавад, ки иштирокчиёнашон вазъи ҳуқуқии нобаробар доранд. Ин муносибатҳо ҳокимиятиву тобеиятӣ буда, истифодаи чораҳои таъсири ҳокимиятӣ ва тобеияти ҳатмии тарафи дигарро дар назар доранд. Усули императивӣ дар ҳуқуқи маъмурӣ, ҷиноӣ, конститутсионӣ бештар истифода мешавад. Усули диспозитивӣ муносибатҳоеро танзим мекунад, ки иштрокчиёнашон вазъи ҳуқуқии баробар доранд. Ин усул ба тарафҳо имкони фаъолияти озодро медиҳад. Усули номбурда бештар дар ҳуқуқи гражданӣ ва оилавӣ истифода мешавад. Бояд гуфт, ки дар шароити бунёди иқтисоди озоди либералӣ нақш ва нуфузи усули диспозитивӣ торафт меафзояд.

Дар баробари усулҳои императивӣ ва диспозативӣ, ки умумӣ мебошанд, соҳаҳои ҷудогонаи ҳуқуқ воситаҳои хоси танзими ҳуқуқиро истифода мебаранд. Чунончи, дар ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ тарзи танзими иҷозатиро, ҳуқуқи ҷиноӣ – тарзи манъсозиро, ҳуқуқи маъмурӣ – тарзи вазифадорсозиро истифода мебаранд.

Дар асоси маҳакҳои номбурда низоми ҳуқуқи Тоҷикистон ба соҳаҳои ҷудогона ҷудо мешавад: ҳуқуқи конститутсионӣ, маъмурӣ, худидораи маҳаллӣ, гражданӣ, оилавӣ, меҳнатӣ, экологӣ, молиявӣ, соҳибкорӣ, андоз, гумрукӣ, ҷиноӣ, мурофиаи ҷиноӣ, мурофиаи гражданӣ.

 

Ёуцуци конститутсионы-ма\м.и меъьрёои ёуцуциест: ки муносибатёои муёимтарини ёаьти \амъияты: ёуцуцу озодёои инсон ва шаёрванд: сохтор ва салоёияти мацомотёои давлатиро танзим менамояд?

Ёуцуци конститутсионы дар доираи предмети танзимсозии худ асосёои и\тимоы-ицтисоды ва сиьсии \омеъаро меом.зад? Ёуцуци конститутсионы-ин низоми муносибатёои «\омеъа-давлат-шахсият» мебошад? Дар низоми ёамаи соёаёои ёуцуции То\икистон-ёуцуци конститутсионы мацоми роёбарикунандаро дорост? Ин аз махсусияти муносибатёои \амъиятии танзимсозандаи предмети танзими ёуцуции ин соёа мебошад? Ба ин муносибатёо пеш аз ёама асосёои сохтори конститутсионии /умуёурии То\икистон шомиланд? Дар меъьрёои ёуцуци конститутсионы: ёуцуц ва озодиёои инсон ва шаёрванд: асосёои ицтисоды-и\тимоии \омеъа: низоми мацомотёои ёокимияти давлаты: асосёои ташкилу салоёияти мацомотёои ёокимияти давлаты: фаъолияти иттиёодияёои \амъияты: соёибихтиьрии халц: сиьсати хори\ы мустаёкам карда шудааст? Меъьрёои ёуцуци конститутсионы сохтори марзиву маъмурии \умёуры: ёолати ёуцуции инсон ва шаёрванд: мацомотёои цонунбарор: и\роия: суды ва ёамчунин низоми интихоботро муайян менамоянд?

Ёуцуци гражданы— муносибатёои молумулкы ва шахсии щайримолумулкии ба онёо алоцамандро ба танзим медарорад? Низоми танзимсозии ёуцуци гражданиро муносибатёои молумулкы ва шахсии щайримолумулкы ташкил медиёад? Ин муносибатёо байни ташкилотёои гуногун: ташкилотёо ва шаёрвандон ва байни худи шаёрвандон ба ву\уд меоянд? Ёуцуци гражданы ма\м.и меъьрёои ёуцуциро муттаёид менамояд: ки ёолати ёуцуции иштирокчиьни муомилоти гражданы: асосёои баву\удоии ёуцуци моликият: муносибатёои шартномавы ва дигар муносибатёои молу мулкы ва ёамчунин муносибатёои ба онёо алоцаманди шахсии щайри молумулкиро танзим менамояд?

Махсусияти муносибатёои гражданы-ёуцуцы он ёолатёое мебошанд: ки иштирокчиьни онёо принсипи мухториятро дар интихоби тарзёои амал (рафтор)-ро доранд: зеро байни тарафёо муносибати ёукумфармоы (властность)  мав\уд нест? Бо назардошти васеъгии меъьрёои танзимкунандаи ёуцуци гражданы ёамчун соёа дар сохтори худ на танёо зерсоёаёои зиьд (муаллифы: патенты: манзил: ихтироот ва щайра): балки институтёои мерос: т.ёфа: и\ораи манзили истицоматиро \ой додаст? Ба сарчашмаёои ёуцуци гражданы пеш аз ёама Кодекси граждании /умёурии То\икистон ва цонунёои мухталиф дохил мешаванд?

Ёуцуци соёибкоры — Мавзӯ  (предмет)-и ҳуқуқи соҳибкорӣ муносибатҳои ҷамъиятии дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳамчунин муносибатҳои ғайритиҷоратии ба онҳо сахт алоқаманд, аз ҷумла муносибатҳои танзими давлатии фаъолияти хоҷагидорӣ мебошанд. Ин муносибатҳо ба ду гурӯҳ: муносибатҳои соҳибкорӣ (муносибатҳои уфуқӣ, яъне муносибатҳои соҳибкор бо соҳибкор) ва муносибатҳои ғайритиҷоратӣ (муносибатҳои амудӣ, яъне муносибатҳои соҳибкор бо мақомоти идоракунанда) тақсим мешаванд ва дар маҷмӯъ муносибатҳои ҳуқуқи хоҷагидорӣ, муомилоти ягонаи ҳуқуқи хоҷагидориро ташкил медиҳанд.

Ба гурӯҳи дигари муносибатҳои дахлдори мавзӯи ҳуқуқи соҳибкорӣ муносибатҳои ғайритиҷоратии бо муносибатҳои соҳибкорӣ зич алоқаманд, аз ҷумла муносибатҳои вобаста бо таъсиси корхона (соҳибкор), иҷозатномагирӣ ва ғайра мансубанд. Ба ин гурӯҳ муносибатҳои оид ба танзими давлатии иқтисодиёт, чунончӣ, муносибатҳои оид ба дастгирии рақобат ва маҳдудгардонии фаъолияти инҳисорӣ (монополӣ), танзими ҳуқуқии сифати маҳсулот, молу хизматрасонӣ, танзими ҳуқуқии нархгузорӣ ва ғайра дохил мешаванд.

Ҳуқуқи соҳибкорӣ маҷмӯи меъёрҳои ҳуқуқиест, ки муносибатҳои соҳибкорӣ ва дигар муносибатҳои бо онҳо алоқаманд, аз ҷумла муносибатҳои ғайритиҷоратӣ ва ҳамчунин муносибатҳои танзими давлатии муносибатҳои хоҷагидориро баҳри таъмини манфиати давлат ва ҷомеа танзим мегардонад

Ёуцуци меёнаты-муносибатёои меёнатии байни корманд ва корфарморо танзим менамояд?

Мавз.и асосии танзимсозии ёуцуци меёнаты ин муносибатёои меёнатии байни корманд ва корфармо: ки дар рафти фаъолияти меёнаты ба ву\уд меоянд мебошад? Ба доираи муносибатёои меёнаты пеш аз ёама масъалаёои ташкили меёнат ва музди меёнат: вацти коры ва вацти истироёат; цабул кардан ба кор ва аз кор рондан; бастани шартномаи меёнаты; бастани шартномаёои коллективы; масъалаёои су\уртаи и\тимоы; масъалаёои ёифзи меёнат ва саломатии коргарон ва щайраёо шомиланд?

Дар шароити риво\и муносибатёои ицтисоды бозоргоны: ёуцуци меёнат муносибатёои меёнатии дар асоси моликияти давлаты: коллективы ва хусусы пайдошавандаро танзим менамояд? Ёуцуци меёнаты ёамчунин муносибатёои меёнатии оиди татбици меёнати коргарони кирояро низ танзим менамояд?

Сарчашмаёои асосии ёуцуции меёнаты ин Конститутсияи /умёурии То\икистон: цонунёо ва дигар санадёои зерцонуни ташкил медиёад?

Ёуцуци маъмуры— асосан тартиби ташкил ва фаъолияти мацомоти ёокимияти и\роияро танзим менамояд? Ёуцуци маъмуры чун соёаи мустацили ёуцуц муносибатёои \амъиятиро дар соёаи фаъолияти мацомоти давлатии ёокимияти и\роия (идоракуни давлаты): шахсони мансабдор ва ташкилотёои \амъияты танзим менамояд? Меъьрёои ёуцуци маъмуры сохтор ва салоёияти вазоратёо: идораёо: раьсатёои онёо: шуъбаёо: тартиби фаъолияти ташкилотёои гуногун ва муасисаёоро муайян менамояд? Объекти идоракунии ин соёа ицтисодиьт: маданият: маъориф: тандурусты ва щайраёо мебошад? Ин муносибатёо асосан дар \араьни ташкилу фаъолияти низоми ёокимияти и\роия ба ву\уд меоянд? Ин муносибатёои идоравы мебошанд? Махсусияти ин муносибатёои \амъияты дар он аст: ки яке аз тарафёои ин муносибатёо мацомоти давлаты ь шахсони мансабдори давлаты мебошад? Ёуцуци маъмуры ёамчунин номг.и кирдорёои маъмуры ва асосёои мурофиаи маъмуриро муайян мекунад? Ба сифати сарчашмаёои асосии ин соёа — Конститутсияи /умёурии То\икистон ва кодекси /умёурии То\икистон «Дар барои ёуцуцвайронкуниёои маъмуры» баромад менамояд?

Ёуцуци аграры-ду доираи ба ёам алоцаманди танзимсозии ёуцуциро дар бар мегирад№ якум: доираи анъанавии муносибатёои аграры оиди коркарди замин: истеёсоли маёсулоти зироаты ва чорводоры№ ва сониян доираи муносибатёои кишоварзиро: ки ба коркарди ибтидоии маёсулоти кишоварзы ва истеёсоли маводи щизоы алоцаманд мебошанд? Ба предмети ёуцуци аграры дар баробари муносибатёо оиди замин: муносибатёои амволы: меёнаты ва инчунин муносибатхои ташкилы-идоракуны дар бахши фаъолияти кишоварзы низ дохил мешаванд?

Феълан предмети танзими ёуцуци аграриро ёамчун як соёаи комплексии ёуцуц на як гуруёи ёамшабеёи муносибатёои \амъияты: балки ма\м.и ба ёам алоцаманди муносибатёои \амъияты ташкил медиёанд? Илми ёуцуци кишоварзы бошад яке аз соёаёои илми юридикии То\икистон ба ёисоб рафта: предмети тадцицу таёцикашро назария: тассавуротёо ва щояёое ташкил медиёанд: ки дар онёо ёуцуци кишоварзы инъикоси худро меьбад? Агар ёуцуци кишоварзы ёамчун соёаи комплексии ёуцуц муносибатёои хусусияти комплексы доштаи кишоварзиро танзим намояд: вазифаи ёуцуци аграры ёамчун соёаи илм аз тадцици цонуниятёо ва самаранокии чунин танзимсозы иборат аст?

Хусусияти хоси муносибатёои кишоварзы дар он аст: ки онёо якранг набуда: балки аз ма\м.и комплекси  муносибатёо оиди замин: амволы: меёнаты ва ташкилы – идоракуны таркиб ьфтаанд: ки  дар алоёидагы аз тарафи дигар соёаёои ёуцуц ба танзим дароварда мешаванд?

Ёуцуци замин— дар худ меъьрёои ёуцуции танзимсозандаи масъалаёо оиди заминистифодабары ва заминсозы: ёифз ва тацсимоти фонди замин: танзими ёолати ёуцуции намудёои гуногуни замин вобаста ба таъиноти маъмуры-хо\агидоры: ёуцуци заминистифодабары: ёолати ёуцуции заминистифодабарандагон: ёуцуцу .ёдадориёои онёо: асосёои ёуцуци бову\удоы ва цатъшавии ёуцуци заминистифодабары ва щайраёоро як\оя менамояд?

Ёамчунин муносибатёои ёуцуцы оиди ба и\ора додани заминёо ба шаёрвандон ва шахсони ёуцуцы: истифодабарии м.ёлатнок ва бем.ёлати замин: асосёои ёуцуции цатъ гардидани и\ораи заминёои таъиноти кишоварзы ва м.ёлати ба истифода гирифтани заминёоро танзим менамояд?

Сарчашмаи асосии ин соёаи ёуцуц-Конститутсияи /умёурии То\икистон Кодекси замини /умёурии То\икистон ва дигар санадёои танзимкунандаи муносибатёои замин?

Ёуцуци мурофиаи гражданы-тартиби баррасии парвандаёои гражданиро танзим менамояд? Ёуцуци мурофиаи гражданы асосан мацсаду вазифаёои мурофиаи гражданы: ёолати ёуцуции иштирокчиьни мурофиаи гражданы ва тартиби баррасии парвандаёои гражданиро дар мацомотёои суды муцаррар менамояд?

Ин соёаи ёуцуци тартиби мурофиаи суды оиди парвандаёои гражданы ва и\роиши ёалномаёои судиро меом.зад? Дар мурофиаи гражданы асосан парвандаёо оиди баёсёои аз муносибатёои гражданы: оилавы: меёнаты ва маъмуры ба ву\уд меомада ёаллу фасл мешаванд? Санади асосии  ин соёаи ёуцуц кодекси мурофиаи гражданы мебошад?

Ёуцуци \инояты— муносибатёои вобаста ба \иноят ва \взоро танзим менамояд?

Ёуцуци \инояты соёаи ёуцуцест: ки дар худ меъьрёои ёуцуции таъминкунандаи ёифзи сохтори давлаты ва \амъияты: гуногуншаклии моликият: шахсият ва ёуцуцёои шаёрвандон ва ёамчунин нигоёдошти тартиботи ёуцуцы дар мамлакатро як\оя менамояд? Меъьрёои ёуцуци \инояты аломатёои \иноят: асосёои \авобгарии \инояты: категорияёои \иноят? Татбици \азо: мацсад: намудёо ва  тартиби татбици \азои \иноиро муцаррар менамояд? Низоми меъьрёои ёуцуци \инояты аз ду цисм иборат аст№ умумы ва махсус?

Санади асосии ин соёа кодекси \иноятии /умёурии То\икистон мебошад?

Ёуцуци мурофиаи \инояты-тартиби мурофиаро оид ба баррасии парвандаёои \инояты танзим менамояд

Ин соёаи ёуцуц дар худ меъьрёои ёуцуции муцарраркунандаи тартиби ба амалбароирии мурофиа оиди корёои \иноиро як\оя менамояд?

Ёуцуци мурофиаи \иноы фаъолияти мацомоти таёцици ибтидоы: тафтишоти пешакы: прокуратура ва судро дар ёамкоры бо шаёрвандон ёангоми тафтиш: мурофиаи суды ва ёалли парвандаёои \иноы меом.зад? Ёуцуци мурофиаи \иноы меъьрёоеро дар бар мегирад: ки тартиби мурофиаро оиди парвандаёои \иноы ба низом медароранд? Ин меъьрёо ёолати ёуцуции иштирокчиьни мурофиаи \иноы: тартиби гузаронидани таёцици ибтидоы: тафтишоти пешакы: мурофиаи суды: \амъи далелёо ва тарзи шикояти ёукмёои судиро муайян мекунанд?

Санади асосии ин соёаи ёуцуц Кодекси мурофиаи \иноы мебошад?

Ёуцуци молиявы-ин ма\м.и меъьрёои ёуцуццие: ки муносибатёои \амъиятиро дар \араьни ташкил: тацсим ва истифодаи маблащёои бу\еты ва щайрибу\етии давлат ба ву\удомада: ки барои и\ро кардани вазифаёои вай заруранд: меом.зад? Предмети ин соёаи ёуцуцро муносибатёои молиявы ташкил медиёад? Субъектёои ин муносибатёо ёамаи шахсоны ёуцуцы ва воцеъы мебошанд?

Фаъолияти молиявы асосан хусусияти и\роиявы-тацсимоты  доранд? Сарчашмаёои асосии ин соёаи ёуцуц конститутсияи /умёурии То\икистон: Цонун /умёурии То\икистон «Дар бораи бу\ети давлаты» ва дигар санадёои меъьры ёуцуцы

Ёуцуци андоз-соёаи тартиботи ёуцуции миллиест: ки муносибатёои \амъиятии андозбандии шахсони ёуцуцы ва воцеъиро танзим менамояд? Ба предмети танзимсозии он: муносибатёои муцаррар ва дар амали \оры намуданы андозёо: \амъоварии андозёо ва амалы низом мацомоти танзими назорати давлатии анзоз ба ёама гуна сатёи ёокимияти давлаты таалуц дорад? Асосан ду гур.ёи муносибатёои \амъиятиро танзим менамояд: яъне муносибатёои омиронаи муцаррар: \оры намудан ва ситонидани андозёо ва муносибатёо дар раванди ба амал баровардани назорати андоз: амалы (беамалии) шахсони мансабдори онёо ва ба \авобгары кашидани ёуцуцвайронкунандагони андоз ба миьн меоянд? Сарчашмаёои ин соёа Конститутсияи /умёурии То\икистон: Кодекси андози /умёурии То\икистон: амру фармонёои Президент ва царорёои ёукумат оиди масъалаёои андозбанды?

Ёуцуци оилавы-муёосибатёои вобаста ба оиларо танзим менамояд? Ёуцуци оилавы-аз меъьрёое иборатаст: ки муносибатёои шахсы ва молу мулкии вобаста ба никоё: тавлиди к.дак: фарзандхоны: хешу таборы: ба тарбия гирифтани к.дак пайдошавандар танзим мекунад? Ёамчунин муносибатёо оиди маёрум кардан аз ёуцуцёои падари модары: бастан ва бекор кардани кардани ацди никоё байни зану шавёар: тацсими молу мулк ва щайраёоро меом.зад? Ин муносибатёо асосан байни шаёрвандон: шаёрвандону шахсони ёуцуцы ва шаёрвандону давлат ба ву\уд меоянд?

Ёуцуци гумрукы— аз меъьрёои цонунгузории гумрукы иборат аст: ки муносибатёои \амъиятии дар \араьни интицоли мол ва воситаёои нацлиьт аз сарёади гумрукии /Т пайдо шавандаро мавриди танзим царор медиёанд? Муносибатёои ёуцуции гумрукы ёамчунон дар соёаи ташкилу фаъолияти мацомоти гумрукы: мубориза алайёи ёуцуцвайронкуниёои гумрукы ба ву\уд меоянд?

Ёуцуци экологы-муносибатёои байни \амъият ва табиатро аз нигоёи иртиботу таъсири мутацобилаи онёо танзим мекунад? Вазифаёои асосии меъьрёои ин соёа таъмини ёифзи табиат: пешгиры ва бартараф кардани фаъолияти зараровар ба муёити табии зист: солиму беётар сохтани шароити табии зист аст? Ёамчунин ма\м.и \авобгариёоро барои вайрон кардани цонунгузории экологиро ба танзим медарорад?

Ёуцуци и\рои \азои \инояты-тартиби и\рои \азои \иноятиро баъди ба цувваи цонуны даромадани ёукми суд танзим менамояд?

Ин соёаи ёуцуц аз ма\м.и меъьрёои ёуцуцие иборат аст: ки и\рои \азои \инояты: адои \азо дар \ойёои ислоёи меёнаты: татбици \азо: пеш аз м.ёлат озод намудан аз \азои \инояты: ва дигар муносибатёои ёуцуции вобаста ба и\рои \азои \иноятиро танзим менамояд?

Санади асосии ин соёаи ёуцуц кодекси и\рои \азои \иноятии /умёурии То\икистон мебошад?

Ҳуқуқи байналмилалӣ соҳаи ҳуқуқи Тоҷикистон нест. Вале азбаски санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳурӣ мебошанд, меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ (агар онҳоро давлати мо эътироф кунад) вориди бисёр соҳаҳои ҳуқуқ мегарданд. Як қатор ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ (масалан, Эъломияи ҳуқуқи башар) асоси низоми ҳуқуқи кишвар мебошанд. Шартномаҳои байналмилалӣ, ки Тоҷикистон иштирокчии онҳост, қисми таркибии ҳуқуқи гумрукӣ аст. Санадҳои ҳуқуқие, ки бо иштироки давлатҳо-аъзоёни ИДМ қабул мешаванд, барои ин давлатҳо аҳамияти ҳуқуқӣ доранд ва дар соҳаҳои дахлдори ҳуқуқ истифода мешаванд. Илова бар он, санадҳои байналмилалӣ нисбат ба ҳуқуқи дохилидавлатӣ бартарӣ доранд. Аз ин нигоҳ, меъёрҳои ҳар як соҳаи ҳуқуқ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ қабул мешаванд.

19.3.  Ҳуқуқи  омма  ва  ҳуқуқи  хусусӣ

 

Ҳуқуқи позитивии давлат чун қоида ҳуқуқи расмӣ, ҳуқуқи омма аст. Онро бевосита давлат муқаррар мекунад. Вале дар илми ҳуқуқӣ истилоҳи «ҳуқуқи омма» боз ба маънои дигари маҳдуд истифода мешавад. Ҳуқуқи омма он қисми ҳуқуқро ташкил медиҳад, ки бевосита ба манфиатҳои давлат, фаъолияти ҳокимиятӣ алоқаманданд. Қисми дигари ҳуқуқ – ин ҳуқуқи хусусӣ аст, ки ҳимояи манфиатҳои хусусиро дар назар дорад, имконияти рафтори озодонаи одамонро таъмин мекунад.

Азбаски ҳуқуқ имкони таъмини баробариву озодии одамонро дорад, вай аз оғози пайдоиш ин самтро пеш мегирад. Ҳуқуқи римӣ, ки асоси пайдоиши ҳуқуқи романӣ-олмонӣ гардид, ҳамчун ҳуқуқи хусусӣ пайдо шуд. Ҳуқуқшиноси римӣ Улпиан (с. 170–228) аввалин таснифи ҳуқуқро ба ҳуқуқи омма ва ҳуқуқи хусусӣ гузаронид, ки оянда таснифи классикӣ гардид. Ҳуқуқи омма ба «мавқеи давлати Рим» ва ҳуқуқи хусусӣ ба «фоидаи шахсони ҷудогона» паҳн мешуд. Ҳуқуқи хусусӣ, дар навбати худ, аз се қисм иборат буд: ҳуқуқи табиӣ, ҳуқуқи халқҳо, ҳуқуқи сивилӣ. Баъдтар нуқтаҳои асосии ҳуқуқи хусусии римӣ дар маҷмӯаи қонунҳои Юстиниан (императори Византия) инъикос мешаванд, ки он солҳои 529–534 аз тарафи ҳуқуқшинос Трибониан (бо иштироки 16 нафар ҳамкоронаш) тайёр карда мешавад. Ҳуқуқи хусусии римӣ асосҳои ҳуқуқи хусусиро муайян сохт, ки то ҳол амал мекунанд, аз қабили: баробарии ҳуқуқии тарафҳо, мухторияти ҳуқуқии онҳо, озодии шартномаҳо, усули танзими диспозитивӣ. Ҳуқуқи хусусии римӣ сатҳи баланди такомули ҳуқуқӣ, зинаи баланди инкишофи донишҳои ҳуқуқӣ буда, то ҳол аҳамияташро нигоҳ медорад.

Соҳаҳои ҳуқуқ байни ҳуқуқи омма ва ҳуқуқи хусусӣ тақсим мешаванд. Ҳуқуқи омма аз соҳаҳои ҳуқуқи маъмурӣ, ҷиноӣ, молиявӣ мурофиавӣ, экологӣ ва м.и. иборат аст. Ин соҳаҳо ба истифодаи усули танзими императивӣ, нобаробарии мавқеи ҳуқуқии тарафҳо, ҳокимияту тобеият асос меёбанд. Ҳуқуқи хусусӣ аз соҳаҳои ҳуқуқи гражданӣ, оилавӣ иборат аст, ки усули танзими диспозитивӣ ва баробарии ҳуқуқии тарафҳоро ба асос мегирад.

Таснифи ҳуқуқ ба ҳуқуқи омма ва хусусӣ дар кишварҳои ҳуқуқи романӣ-олмонӣ (Франсия, Олмон, Италия, Австрия, Португалия ва ғ.) асосӣ аст. Асоси ҳуқуқи ин кишварҳоро ҳуқуқи хусусии римӣ ташкил додааст. Ҳуқуқи хусусӣ дар давлатҳои номбурда пешбаранда буда, ҳуқуқи омма дар натиҷаи фаъолияти иҷтимоиву иқтисодии давлат, махсусан баъди ҷанги дуюми ҷаҳон бо таъсири назарияи «давлати хайри умум» вусъат ёфтааст.

Дар давлати советӣ тақсимоти ҳуқуқ ба омма ва хусусӣ эътироф намешуд. Ифодаи В.И. Ленин: «Мо ҳеҷ чизи «хусусиро» эътироф намекунем, барои мо ҳама чиз дар соҳаи хоҷагӣ оммавӣ-ҳуқуқӣ аст, на хусусӣ»1 – асоси назарияи сотсиалистии ҳуқуқ мегардад. Ҳуқуқи советӣ ба соҳаҳои ҷудогона тақсим мешуд. Ҳамаи соҳаҳо инъикоси сохти иқтисодии ҷомеа (иқтисоди ягонаи давлатӣ) ва сиёсат (манфиатҳои ягонаи давлатӣ) буданд. Ҳуқуқи советӣ бештар мазмуни императивӣ дошт. Дар соҳаи ҳуқуқи гражданӣ моликияти хусусӣ ва ҳимояи манфиатҳои фардӣ манъ шуда буданд. Иҷро накардани шартнома дар сохтори давлатии иқтисод кирдори зиддиҳуқуқӣ ҳисоб мешуд, амалиётҳои тиҷоратӣ ва соҳибкории хусусӣ (ҳамчун ҳаннотӣ) манъ шуда буданд.

Дар шароити кунунӣ, дар замони ривоҷи муносибатҳои бозоргонӣ ва озодиҳои гражданӣ мазмуни соҳаҳои ҳуқуқи кишварамон, вазифа ва нақши меъёрҳои ҳуқуқ ба таври куллӣ дигаргун гаштаанд. Гуногуншаклии моликият эълон шудааст. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад (м. 12 Конститутсияи Тоҷикистон). Дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ, ҷамъиятҳои саҳҳомӣ, сармоягузории хориҷӣ ва ғ. санадҳои меъёрӣ қабул шудаанд. Дар чунин шароит маҳз ҳуқуқи хусусӣ ҳолати ҳуқуқии шахси мухторро, озодии иқтисодӣ, мустақилият ва баробарии тарафҳоро, манфиатҳои молистеҳсолкунандагонро, дахлнопазирии соҳибмулкони хусусиро, ҳуқуқҳои иштирокчиёни муомилотро аз дахолати давлат, худсарии вай таъмину ҳимоя мекунад.

19.4. Ҳуқуқи молиявӣ дар низоми ҳуқуқи кишвар

 

Муайян намудани ҳуқуқи молиявӣ дар низоми (системаи) ҳуқуқ ошкор сохтани предмет, тарзу усул, намуди ҷавобгарӣ ва ҳамкориро бо соҳаҳои дигари ҳуқуқ дар назар дорад. Муддати тӯлонӣ ҳуқуқи молиявиро ҷузъи ҳуқуқи маъмурӣ мешумориданд. Дар бораи мустақилияти он танҳо солҳои 70-уми асри XX ба хулоса омаданд. Ҳоло доир ба мустақил будани ҳуқуқи молиявӣ олимони ҳуқуқшинос амалан баҳс намекунанд. Дар низоми ҳуқуқи кишвар пайдо шудани ҳуқуқи молиявӣ ба равандҳои тағйиротӣ ва махсусгардонии меъёрҳои ҳуқуқӣ, институтҳо ва соҳаҳо вобаста гардид. Мақсади махсусгардонӣ аз он иборат аст, ки чӣ дар низоми ҳуқуқ ва чӣ дар низоми қонунгузорӣ «тақсими меҳнат» байни амру дастур сурат мегирад ва вусъат меёбад, ки дар натиҷаи ин меъёрҳои алоҳида ва маҷмӯи онҳо барои танзими ин ё он муносибатҳои ҷамъиятӣ махсус гардонида мешаванд.

Ҳуқуқи молиявӣ аз соҳаҳои дигар бо предмет ва тарзу усули танзими ҳуқуқӣ ва ҳамчунин бо намуди ҷавобгарии ҳуқуқӣ фарқ мекунад.

Предмети ҳуқуқи молиявиро муносибатҳои ҷамъиятие ташкил мекунанд, ки дар рафти фаъолияти давлат аз рӯи нақша фондҳои маблағро барои амалӣ гардонидани ҳадафу вазифаҳояшон таъсис медиҳанд ва тақсиму истифода мекунанд. Ба ибораи дигар, онҳо муносибатҳое мебошанд, ки дар ҷараёни фаъолияти молиявии худро баҷо овардани вазифаёои мақомоти давлатӣ ва маёаллиро ба вуҷуд меоранд. Муносибатҳои молиявиро мушаххас гардондан мумкин аст. Чунончӣ, намудҳои зерини муносибатҳои молиявиро байни мақомоти олӣ, минтақавӣ ва маҳаллии интихобшавандаи ҳокимияти давлатӣ оид ба фарқ кунондани салоҳият дар соҳаи молия, тақсими даромад ва хароҷот, дар байни намудҳои алоҳидаи буҷетҳо, тартиби ташаккул ва иҷрои онҳо; дар байни мақомоти молиявию кредитӣ ва соҳибкорон, муассисаю ташкилотҳо, идораю вазоратҳо вобаста ба пардохти андоз ва дигар пардохтҳо ва гузаронидани онҳо ба буҷет; дар дохили низоми ягонаи мақомоти идораи соҳаи молия ва кредит (масалан, байни Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон ба муносибати вазифаҳои худро иҷро кардани ин мақомот). Ба ҳар сурат, вобаста ба соҳаҳои танзими ҳуқуқ муносибатҳои бонкӣ, андозӣ, буҷетӣ, асъорӣ ва оммавӣ мешаванд. Худи сохти ҳуқуқи молиявӣ вобаста ба предмети танзими ҳуқуқӣ ба зерсоҳаҳои ҳуқуқи андозбандӣ, буҷетӣ ва асъорӣ ва як қатор институтҳо, аз  ҷумла институти танзими муносибатҳои оммавии бонкӣ ҷудо мешаванд.

Тарзу усули ҳуқуқи молиявӣ омирона буда, ба он нобаробарии тарафҳо, тобеи як субъект будани субъекти дигар, мамнӯъниятҳо ва ӯҳдадориҳои мусбат хосанд. Тарзу усули омирона ба дигар соҳаҳо низ хос мебошанд, вале дар ҳуқуқи молиявӣ хусусияти худро доранд, ки он дар мазмуну моҳияти мушаххас ва ҳайати субъективии иштироккунандагони муносибатҳои молиявӣ ифода меёбад. Муносибатҳои «ҳукмрон ва тобеъ» ҳангоми танзими муносибатҳои молиявӣ, одатан, ба тобеияти «амудӣ» асос намекунад. Амру дастурҳои омирона аксаран аз мақомоти молия сар мезанад, ки бо онҳо иштироккунандагони муносибатҳои молиявӣ дар тобеияти маъмурӣ нестанд. Масалан, байни Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои кредитии ғайридавлатӣ тобеияти бевоситаи маъмурӣ вуҷуд надорад, вале дар баъзе мавридҳо байни мақомоти молиявӣ, аз ҷумла байни мақомоти болоӣ ва поёнии андоз муносибати тобеияти бевосита буда метавонад.

Тарзу усули асосии ҳуқуқи молиявӣ омирона аст, аммо, чун дар ҳар кадом соҳаи ҳуқуқ унсурҳои ҷудогонае ҳастанд, ки ба тарзу усулҳои дигари танзими ҳуқуқӣ асос ёфтаанд. Чунончӣ, дар ҳуқуқи молиявӣ институти ҳавасмандгардонӣ дар марҳалаи ташаккул ёфтан аст, вале қисми камтарини муносибатҳои молиявӣ метавонад ба тарзу усули диспозитивии танзими ҳуқуқӣ асос ёбад, лекин ин ҳама тарзу усулҳо барои ҳуқуқи молиявӣ мададгор (иловагӣ) мебошанд. Солҳои охир дар ҳуқуқи молиявӣ тарзу усули тавсиявӣ бештар татбиқ мегардад, ки ин беш аз пеш ба баланд шудани сатҳи мустақилияти субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидораи маҳаллӣ, корхонаю ташкилот ва муассисаҳо вобаста аст.

Дар ҳуқуқи молиявӣ институти ҷавобгарии ҳуқуқӣ, яъне молиявӣ ҳаст, ки он дорои воситаҳои худии ҳифзи амру дастурҳои ҳуқуқӣ буда, хусусияти ҳуқуқи молиявиро ифода менамояд. Ҷавобгарии молиявӣ вобаста ба амри ҳуқуқии қонуншикании молиявӣ сар мезанад, дар муносибатҳои ҳифозатии молиявии ҷавобгарӣ амалӣ мешавад ва дар фарорасии маҳдудияти амволӣ ё ташкилӣ барои субъект ифода меёбад.

Ба ҳамин тариқ, ҳуқуқи молиявӣ маҷмӯи меъёрҳои  ҳуқуқие мебошад, ки муносибатҳои ҷамъиятии дар ҷараёни таъсис додан, тақсиму истифода кардани фондҳои пулии мутамарказ ва ғайримутамаркази воҳидҳои давлатӣ ва маёаллӣ ба вуҷудояндаро, ки барои  иҷрои ҳадафу вазифаҳояшон заруранд, танзим мегардонад.

Барои дуруст ошкор намудани хусусияти ҳуқуқи молиявӣ онро бо соҳаҳои дигари ҳуқуқ муқоиса кардан зарур аст.

Ҳуқуқи молиявӣ ва конститутсионӣ. Мақоми асосии ҳуқуқи конститутсионӣ бо хусусияти муносибатҳои танзимшавандаи ҷамъиятӣ, бо таъсиргузории мақсаднок ба инкишофи қонунгузорӣ, эътибори тавонои ҳуқуқи Конститутсия муайян карда мешавад. Ҳуқуқи конститутсионӣ асос, заминаи инкишоф ва ташаккули ҳуқуқи молиявӣ мебошад. Он бо вазифаи танзимгариаш дар пойдории вазъи умумии ҳуқуқии шаҳрвандон иштирок менамояд, ӯҳдадориҳои умумии фарогирандаи ҳама ва ҳар касро тасвият мебахшад, яъне мураттаб месозад. «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд» — таъкид шудааст дар моддаи 14 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон. «Дар Тоҷикистон ҳар шахс вазифадор аст, ки Конститутсия ва қонунҳоро риоя кунад, ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигаронро эҳтиром намояд» (мод. 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ). «Додани андоз ва пардохтҳо, ки қонун муайян кардааст, вазифаи ҳар кас мебошад» (мод. 45 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон). Дар асоси ӯҳдадориҳои умумие, ки асоси вазъи ҳуқуқии шаҳравандон, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор мебошанд, ӯҳдадориҳои соҳавӣ рӯи кор меоянд, ки дар соҳаҳои ҳуқуқ аниқ карда мешаванд. Масалан, ӯҳдадории (пардохти) андоз ба Конститутсия асос меёбад ва мутобици моддаи 2-и КА ҶТ аниқ карда мешавад.

Асосҳои конститутсионии ҳуқуқи молиявиро як қатор меъёрҳое, ки вазъи ҳуқуқии Бонки милии Тоҷикистонро муқаррар менамоянд, дар бар гирифтаанд. Бисёр меъёрҳои Конститутсия асосҳои раванди буҷет ва хусусияти қабули қонунҳоро дар бораи буҷет ва ғайра муқаррар менамоянд. Метавон гуфт, ки ҳуқуқи конститутсионӣ мабдаи чӣ умуман ҳуқуқи молиявӣ ва чӣ ҳар кадом институти ҳуқуқи молиявиро  ба ҳукми қонун медароварад.

Ҳуқуқи маъмурӣ ва молиявӣ. Барои муқоиса ва фарқ кардан бояд зикр намуд, ки предмети ҳуқуқи маъмурӣ кадом муносибатҳои ҷамъиятиро фаро мегирад. Предмети танзими ҳуқуқи маъмурӣ муносибатҳое мебошанд, ки дар рафти ваколатҳои омиронаи худро оид ба таҳкими фаъолияти мӯътадили низоми иқтисодӣ, ҳарбӣ, сиёсӣ, иҷтимоию фарҳангии мамлакат ва оид ба ҳифзи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷамъиятӣ баҷо овардани мақомоти ҳокимият ба миён меоянд. Шояд, дар танзими муносибатҳои ҷудогона предмети ҳуқуқи маъмурӣ бо предмети ҳуқуқи молиявӣ (масалан, ҳуқуқи маъмурӣ сохти мақомоти молияро устувор мегардонад) ба ҳам омезиш ёбад, лекин ин ба муназзамии ҳуқуқи кишвар далолат мекунаду бас. Ҳуқуқи маъмурӣ муносибатҳои молиявиеро, ки хусусияти онҳо зарурати татбиқи тарзу усули ҳуқуқи молиявиро талаб менамояд, танзим намегардонад. Қисми бештари амру дастурҳо дар ин ҳолатҳо аз мақомоти молиявию кредитдеҳи давлат бармеояд, ки онҳо махсус барои фаъолияти молиявӣ таъсис дода шудаанд. Ин мақомот бо дигар мақомоти давлатӣ танҳо бо фаъолияти молиявӣ алоқаманд мебошанд.

Ҳуқуқи молиявӣ ва ҷиноятӣ. Алоқаи ҳуқуқи молиявӣ ва ҷиноятӣ бо он муайян мегардад, ки баъзе муносибатҳои молиявӣ ҳам бо меъёрҳои молиявӣ ва ҳам бо меъёрҳои ҳуқуқи ҷиноятӣ ҳифз карда мешаванд. Масалан, ба предмети ҳифзи ҳуқуқи ҷиноятӣ як қисми муносибатҳои молиявӣ шомиланд. Дар мод. 262 КҶ /Т барои қонунӣ гардонидани маблағ ё молумулки дигаре, ки ҷинояткорона ба даст овардаанд муқаррар карда шудааст.

Дар мод. 264 КҶ /Т барои ғайриқонунӣ гирифтани кредити мақсадноки давлатӣ ва аз рӯи таъинот харҷ намудани он ҷавобгарӣ муайян карда шудааст. Дар мод. 266 КҶ ҷавобгарӣ барои барқасд напардохтани қарзи кредитӣ пешбинӣ шудааст. Дар КҶ /Т инчунин барои ҷиноятҳои соҳаи андоз ҷавобгарӣ пешбинӣ гардидааст (мод. 291, 292, 293).

Хусусияти меъёрҳое, ки ҷавобгарии ҷиноятиро дар соҳаи муносибатҳои молиявӣ пешбинӣ менамояд, иборат аз он аст, ки барои сарфаҳм рафтан ба онҳо ба қонунгузории молиявӣ рӯй овардан лозим аст. Зимнан, чун қоида дар ҳуқуқи молиявӣ қонуншиканҳои муҷовир пешбинӣ шудаанд, ки аз ҳамин гуна ҷиноятҳо бо ҳаҷми зиёни расонидашуда, шакли айб ва баъзе дигар нишонаҳо фарқ мекунад.

Ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва молиявӣ. Ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқи молиявӣ зоҳиран монанданд ва бо хусусияти пулии (молумулкии) муносибатҳои танзимшаванда анҷом мепазирад, ҳол он ки фарқи байни онҳо, ки шарти тафовути муносибатҳои гражданӣ ва молиявӣ аст, бағоят муҳим мебошад. Алоқамандии ҳуқуқи молиявӣ ва гражданиро монандии баъзе воситаҳои ҳуқуқие, ки барои танзими муносибатҳо истифода мешаванд, боис шудааст. Масалан, дар ҳуқуқи молиявӣ механизми қарздорони якдил, дар ӯҳдадории андоз дар мавриди азнавташкилёбии шахси ҳуқуқӣ ва ҳамчунин пушаймона истифода мешавад, вале табиати соҳавии ин воситаҳо, чун тарзу усули танзими муносибатҳои молиявӣ ва ҳуқуқи гражданӣ гуногун мебошанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *