Фанни Ҳуқуқ ва давлат

Мафҳум  ва  мавзӯи  омӯзиши назарияи ҳуқуқ ва давлат

 

1.1.  Назарияи  ҳуқуқ  ва  давлат  ҳамчун  илм  ва ҳамчун фанни  таълимӣ.  Мавзӯи  он

 

Назарияи ҳуқуқ ва давлат – маҷмӯи донишҳои айнӣ ва мураттабгаштаи илмӣ-назариявӣ ва методологӣ аст, ки тавассути онҳо воқеияти ҳуқуқӣ ва сиёсиву давлатӣ дарк карда мешавад.

      Мавзӯи назарияи ҳуқуқ ва давлатро қонуниятҳои умумии пайдоиш, инкишоф ва амали ҳуқуқу, давлат ва дигар ҳодисаҳои иҷтимоии бо онҳо алоқаманд ташкил медиҳад.

Аз нигоҳи гуфтаҳои боло мавзӯи назарияи ҳуқуқ ва давлатро шартан ба якчанд тамоили тадқиқӣ тақсим кардан мумкин аст: а) қонуниятҳои умумии воқеияти ҳуқуқӣ ва сиёсиву давлатӣ; б) қонуниятҳои инкишофи ҳодисаҳои ҷудогонаи ҳуқуқӣ ва давлатӣ; в) мафҳум, шаклҳо, нақши ичтимоӣ ва функсияҳои ҳуқуқ ва давлат ҳамчун обекти умумии илми ҳуқуқшиносӣ; г) ҳодисаҳои иҷтимоии бо ҳуқуқ ва давлат алоқамандбуда; д) амали ҳуқуқу давлат дар ҷамъият ва шаклҳои он.

Ҳуқуқ ва давлат объектҳои умумии омӯзиши назарияи ҳуқуқ ва давлатанд. Аммо давлат ва ҳуқуқ аз ҷониби илмҳои дигар низ таҳлил мешаванд (масалан, фалсафа, сотсиология, илмҳои таърихии ҳуқуқӣ ва ғ.). Ин илмҳо ҳуқуқу давлатро аз нигоҳи худ, тавассути усулҳои махсус меомӯзанд. Масалан, таърихи ҳуқуқ ва давлати кишварҳои хориҷӣ таърихи ташаккулу инкишофи институтҳои ҳуқуқиву давлатиро таҳлил мекунад. Сотсиология ҷиҳатҳои сотсиологии ҳуқуқ ва давлатро бо истифодаи усулҳои сотсиологӣ меомӯзад. Назарияи ҳуқуқ ва давлат бошад қонуниятҳои умумии ҳуқуқ ва давлатро новобаста аз кишварҳои мухталиф ва бо истифодаи усулҳову принсипҳои методологӣ муайян мекунад.

Ҳуқуқ ва давлат объектҳои умумии назарияи муосири ҳуқуқ ва давлат буда, дар алоқамандӣ бо ҳодисаҳои дигари ҷамъиятӣ – сиёсат, маданият, шуур, психология, иқтисод ва ғ. тадқиқ мешаванд.

Назарияи ҳукуқ ва давлат ҳамчун фанни таълимӣ дар донишкадаву факултаҳои ҳуқуқ аз ҷониби донишҷӯён омӯхта мешавад. Фанни таълимӣ нисбат ба илми ҳуқуқ ва давлат ҳаҷман маҳдудтар буда, дар доираи барномаи таълимӣ омӯхта мешавад. Он кулли фаъолияти илмӣ-тадқиқотиро дар бар нагирифта, танҳо натиҷаҳои тадқиқоти илмиро дар шакли мафҳумҳо, категорияҳо, консепсияву назарияҳои илмӣ барои шиносоӣ пешкаш мекунад. Мавзӯи фанни таълимӣ фишурда ва мушаххастар аст. Назарияи ҳуқуқ ва давлат ҳамчун фанни таълимӣ маҷмӯи донишҳои ҳукуқиву давлатшиносиест, ки барои омӯзиши воқеияти ҳуқуқиву давлатӣ заруранд. Фанни таълимӣ танҳо аз донишҳои назариявие бояд иборат бошад, ки дар илм асосонок шуда, санҷиши амалӣ-иҷтимоиро гузаштаанд. Чунин донишҳо мазмуни зеҳнӣ дошта метавонанд, чунки аз шуур ва ҷаҳонбинии лектор вобастаанд.

1.2.  Мавқеи назарияи ҳуқуқ ва давлат дар

низоми илмҳои ҷамъиятшиносӣ

 

Назарияи давлат ва ҳуқуқ бо илмҳои зерини ҷамъиятӣ равобити фарҳангӣ дорад.

      Фалсафа илмест дар бораи принсипҳои умумии ҳастӣ ва маърифат, муносибати инсон ба олам, қонунҳои умумии инкишофи табиат, ҷамъият ва тафаккур. Дар баъзе марҳилаҳои таърихӣ байни фалсафа ва илмҳои хусусӣ зиддият низ мушоҳида шудааст. Аз ҷумла, дар асрҳои XYII–XYIII илмҳои табиатшиносӣ ба фалсафаи табиат, таърих ба таърихи фалсафа, илмҳои ҳуқуқшиносӣ ба фалсафаи ҳуқуқ муқобил гузошта мешуданд. Вале инкишофи минбаъдаи илмҳои хусусӣ ба ин тамоил хотима гузошт. Масъалаҳои умуминазариявии фалсафавӣ вориди илмҳои хусусӣ гаштанд. Ҳар як илми хусусӣ дар доираи мавзӯяш донишҳои муайянро соҳиб гашта, дар натиҷаи мураттабсозии онҳо мафҳумҳои алоҳидаи илмӣ пешниҳод мекунад. Фалсафа бошад дар навбати худ дар асоси чунин донишҳои хусусӣ қонуниятҳои умумиро муайян мекунад.

      Сотсиология илмест дар бораи ҷамъият ҳамчун низоми ягона, институтҳо, равандҳо ва гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоӣ. Он бо дигар илмҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла назарияи ҳуқуқ ва давлат алоқаманд аст. Бисьёр усулҳои сотсиологӣ дар илмҳои ҷудогона истифода мешаванд. Дар донишкадаҳои илмии ҳукуқӣ, иқтисодӣ, психологӣ, сиёсӣ, тиббӣ ва ғ. тадқиқотҳои зиёди сотсиологӣ гузаронида мешаванд. Назарияи ҳуқуқ ва давлат низ аз усулҳои сотсиологӣ васеъ истифода мебарад, зеро худи ҳуқуқ ва давлат ҳодисаҳои сотсиологӣ буда, обекти таҳлили сотсиологӣ мебошанд. Солҳои охир илми нав – сотсиологияи ҳуқуқ ва давлат ташаккул ёфта истодааст. Дар ин ҷабҳа тадқиқотҳои илмӣ-сотсиологӣ давом доранд.

      Сиёсатшиносӣ илмест, ки сиёсат, муносибатҳои сиёсӣ, низоми сиёсиро меомӯзад. Масъалаҳои ҳокимияти сиёсӣ, низоми сиёсӣ, муносибатҳои сиёсӣ то имрӯз дар собиқ субектҳои ИҶШС дар доираи фанни анъанавии назарияи давлат ва ҳуқуқ омӯхта мешуданд. Дар байни илмҳои ҷамъиятӣ сиёсатшиносӣ бо назарияи ҳуқуқ ва давлат наздиктар аст. Аз як тараф, як қатор масъалаҳои сиёсатшиносӣ пештар мавзӯи назарияи анъанавии давлат ва ҳуқуқро ташкил медоданд, ба монанди, низоми сиёсӣ, ҳокимият, демократия ва монанди инҳо. Аз тарафи дигар, сиёсатшиносӣ дар асоси хулосаву нуқтаҳои илми ҳуқуқ ва давлат ташаккул ёфта истодааст. Алалхусус назарияи умумии давлат ва сиёсатшиносӣ бо ҳам алоқаи бевосита доранд, зеро давлат унсури ҷудонашавандаи сиёсат аст.

      Этика – илми фалсафавӣ аст, ки ахлоқро чун шакли шуури ҷамъиятӣ, яке аз тарафҳои муҳими ҳаёти инсон, ҳодисаи махсуси ҳаёти ҷамъиятӣ меомӯзад. Масъалаи ахлоқ дар илмҳои ҳуқуқӣ низ таҳлил мешавад. Таносуби ахлоқ ва ҳуқуқ, меъёрҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ, ҷавобгарии ахлоқӣ ва ҳуқуқӣ масъалаҳои марказии назарияи ҳуқуқ ва давлат буда, дар ҳамаи давраҳои инкишофи он омӯхта мешуданд. Ҳуқуқ ва ахлоқ ҳам дар назарияи анъанавии давлат ва ҳуқуқ ва ҳам дар назарияи муосири ҳуқуқ ва давлат обекти тадқиқ аст. Зиёда аз ин, ҳалли масоили шуури ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ бе назардошти омилҳои ахлоқӣ мазмуни яктарафа мегирад.

      Психология илмест дар бораи қонуниятҳо ва омилҳои ҳаёти психикии инсон ва ҳайвонот. Яке аз намудхои он психологияи юридикӣ аст, ки бо назарияи ҳуқуқ ва давлат вобастагӣ дорад. Ҳуқуқ, чи тавре маълум аст, танзимсозандаи рафтори одамон аст. Вале инсон дорои унсурҳои муайяни психикӣ аст, ки механизми психологии рафтори шахсро ташкил медиҳад (қобилият, тамоилҳои арзишӣ, тафаккури фардӣ ва ғ.). Дар илми муосири ҳуқуқ омӯзиши масъалаҳои танзими ҳуқуқиро бе дастовардҳои илми психология тасаввур кардан мумкин нест. Психологияи ҳуқуқӣ низ яке аз қисмҳои таркибии шуури ҳуқуқӣ аст, ки аз маҷмӯи омилҳои психологӣ (ҳиссиёт, эҳсосот ва ғ.) иборат аст. Истифодаи усулҳои психологии омӯзиши рафтори ҳуқуқии шахсро ҳам набояд фаромӯш кард. Илми психология бошад дар навбати худ ба хулосаҳои назарияи муосири ҳуқуқ такя мекунад, зеро танзими ҳуқуқии муносибатҳои байни одамон, масъалаи шуур ва маданияти ҳуқуқӣ, роҳҳои баланд бардоштани онҳо обектҳои омӯзиши илми муосири ҳуқуқианд.

Таърих, археология, этнография низ бо назарияи ҳуқуқ ва давлат алоқаманданд. Илмҳои таърихӣ қонуниятҳои пайдоишу инкишофи ҷамъияти инсониро меомӯзанд. Мавзӯи омӯзиши онҳо ниҳоят васеъ аст: таърихи маданият, санъат, адабиёт ва ғ. Таърихи пайдоишу инкишофи давлатҳои мухталифи ҷаҳон, сарчашмаҳои таърихӣ-ҳуқуқӣ низ аз ҷумлаи обекти тадқиқи таърихианд.

Вақте сухан дар бораи алоқамандии илмҳои ҷамъиятӣ меравад, таносуби онҳоро бо илмҳои табиатшиносӣ низ набояд фаромӯш кард. Илмҳои ҷамъиятӣ мухтор нестанд. Пешрафти илмҳои табиатшиносӣ ба мазмуну инкишофи илмҳои ҷамъиятӣ таъсир мерасонад. Таърих гувоҳи он аст, ки бо таъсири кашфиётҳои бузурги табиатшиносӣ илмҳои ҷамъиятӣ комилан тағйир меёфтанд, илмҳои нав пайдо мешуданд. Маҳз дар натиҷаи кашфиётҳо ва пешрафти илмҳои биология ва зоология охири асри XIX – ибтидои асри XX дар ҷамъиятшиносии буржуазӣ равияи дарвинизми иҷтимоӣ ба миён омад, ки қонуниятҳои таҳаввули биологиро ба инкишофи ҷамъияти инсонӣ паҳн мекард. Он аз якчанд назарияҳо иборат буд: нобаробарии иҷтимоӣ, психологияи иҷтимоӣ ва ғ. Яке аз унсурҳои таркибии он – назарияи органикии давлат (Г. Спенсер) буд. Инкишофи имрӯзаи табиатшиносӣ низ боиси пешрафти илмҳои ҷамъиятӣ мегардад. Масалан, як қатор олимони муосир шуури кайҳониро ба сифати яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ эътироф карда, нақши кайҳонро дар ҳаёти ҷомеа таъкид мекунанд.

1.3.  Мавқеи назарияи ҳуқуқ ва давлат дар

байни илмҳои ҳуқуқшиносӣ

 

      Низоми илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҷмӯи илмҳои назариявӣ-илмӣ аст, ки мавзӯъ, вазифаҳо, усулҳо, хусусиятҳои хос ва объектҳои умумии омӯзиш доранд.

Ҳамаи илмҳои ҳуқуқшиносӣ ба гурӯҳҳои зайл ҷудо мешаванд:

1) илмҳои назариявӣ-таърихӣ (назарияи ҳуқуқ ва давлат, таърихи ҳуқуқ ва давлати кишварҳои хориҷӣ ва ғ.), ки қонуниятҳои умумии ҳуқуқ ва давлатро меомӯзанд;

2) илмҳои соҳавӣ-ҳуқуқӣ (илми ҳуқуқи гражданӣ, илми ҳуқуқи ҷиноӣ ва ғ.), ки ба соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ мувофиқанд;

3) илмҳои байнисоҳавӣ (илми ҳуқуқи экологӣ, илми ҳуқуқи кишоварзӣ ва ғ.), ки соҳаҳои комплексии ҳуқуқро меомӯзанд;

4) илмҳои махсуси ҳуқуқӣ (криминалистика, психиатрияи судӣ, тиббиёти судӣ ва ғ.), ки масоили ҳуқуқиро бо истифодаи донишу воситаҳои техникӣ меомӯзанд;

5) илмҳое, ки ҳуқуқ ва давлати кишварҳои хориҷиро меомӯзанд (илми ҳуқуқи конститутсионии кишварҳои хориҷӣ ва ғ.);

6) илмҳое, ки ҳуқуқи байналмилалиро меомузанд (илми ҳуқуқи байналхалқии умумӣ ва хусусӣ ва ғ.).

Мавқеи назарияи ҳуқуқ ва давлат дар низоми илмҳои ҳукуқӣ бо хусусиятҳо ва нақши умумии он муайян мегардад.

  1. Назарияи ҳуқуқ ва давлат илмест, ки ҳодисаҳои муҳимтарини ҳаёти сиёсӣ ва давлатиро меомӯзад.
  2. Назарияи ҳуқуқ ва давлат илми пешбарандаи назариявӣ аст.
  3. Назарияи муосири ҳуқуқ ва давлат илми пешбарандаи методологӣ буда, принсипу усулҳои умумиметодологии таҳлили воқеияти ҳуқуқӣ ва давлатиро равшан месозад.
  4. Мавзӯи омӯзиши назарияи ҳуқуқ ва давлат чунин аст, ки таҳлили айнӣ ва ҳаматарафаи он истифодаи якчанд усулҳои илмиро талаб мекунад.
  5. Омӯзиши ҳуқуқ ва давлат маҳз аз ин фанни таълимӣ оғоз мегардад.
  6. Назарияи муосири ҳуқуқ ва давлат мазмуни абстрактӣ дорад, яъне мафҳуму категорияҳои илман асоснокшударо пешбарӣ месозад, ки шакли ифода ва инъикоси хулосаҳои тадқиқи илмӣ мебошанд.
  7. Назарияи ҳуқуқ ва давлат аҳамияти амалӣ дорад, ба сиёсати ҳуқуқӣ ва давлатӣ таъсири бевосита мерасонад.

 

1.4. Аҳамияти назарияи давлат ва

ҳуқуқ барои илми ҳуқуқи молиявӣ

Пеш аз муайян намудани аҳамияти назарияи давлат ва ҳуқуқ аввало, ба мафҳум, предмет (мавзӯъ) ва методи (усули) илми ҳуқуқи молиявӣ сарфаҳм рафтан лозим аст. Дар истифодаи мафҳуми «ҳуқуқи молиявӣ» бояд ба ҳисоб гирифт, ки он се маънӣ дорад: а) ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ; б) ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун соҳаи илми ёуцуцшиносы; в) ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун фанни таълимӣ. Ҳоло мо ҳуқуқи молиявиро ҳамчун соҳаи илми ёуцуцшиносы баррасӣ хоҳем кард.

Ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун илм маҷмӯи донишҳо, ғояҳо, тасаввурот, назариёт оид ба низоми меъёрҳои ҳуқуқи молиявӣ, қонунияти инкишофи онҳо, амалияи татбиқ ва такомули муносибатҳое мебошад, ки дар ҷараёни таъсис додан, тақсим ва истифода кардани фондҳои маблағ аз тарафи давлат ва мақомоти худидораи маҳаллӣ ба миён меоянд. Дар доираи ҳуқуқи молиявӣ соҳаҳои нисбатан мустақили илми ёуцуц; ҳуқуқи бонкдорӣ, ҳуқуқи муомилоти асъор, ҳуқуқи андозбандӣ, ҳуқуқи соҳаи буҷет ташаккул ёфтаанд, ки аз рӯи предмет (мавзӯъ) ва усули тадқиқот ба як илми доманадор муттаҳид гардидаанд.

Предмети (мавзӯи) илми ҳуқуқи молиявӣ меъёру институтҳои (тартиботи) ҳуқуқи молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муносибатҳои молиявию ҳуқуқӣ; қонунгузории молиявӣ; тамоили инкишофи танзими молиявию ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун соҳаи ҳуқуқ; таҷрибаи пешқадами хориҷии танзими молиявию ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятиро дар бар мегирад.

Усулҳои илми ҳуқуқи молиявӣ. Ҳуқуқи  молиявӣ барои идроки зуҳуроти молиявию ҳуқуқӣ усулҳои тадқиқоти расмии догматикӣ, мушаххаси  сотсиологӣ, муқоисавӣ ва муқоисавии таърихӣ ва ҳамчунин усулҳои умумиилмиро татбиқ менамояд ва ба принсипу қонунҳои фалсафа асос меёбад.

Тамоили соҳаҳои илми ҳуқуқи молиявӣ бо назарияи давлат ва ҳуқуқ сахт алоқаманд аст, ки он ҳамчун илми бунёдгузор нисбати илми ҳуқуқи молиявӣ вазифаи методологиро баҷо меоварад. Чунончӣ, мафҳумҳои (меъёрҳои ҳуқуқ, намудҳои онҳо, муносибатҳои ҳуқуқӣ, масъулияти ҳуқуқӣ, предмет ва усули танзими ҳуқуқӣ ва ғайра) муайянкардаи назарияи давлат ва ҳуқуқ асоси тадвини (эҷоди) мафҳумҳо ва категорияҳои дахлдори соҳавӣ мебошад.

Алоқамандии ин ду илм, хусусан дар даҳ-понздаҳ соли охир зуҳур ёфт, ки ба он ривоҷу равнақи босуръати муносибатҳои ҷамъиятӣ, қонунгузорӣ, дигар шудани афзалиятҳои давлатӣ дар соҳаи ҳифз ва танзим гардонидани муносибатҳои ҷамъиятӣ, инкишофи назариёти давлати ҳуқуқбунёд хос мебошад. Дигаргунии босуръат аз ҷумла, дар муносибатҳои молиявӣ ва асоси танзимкунандаи меъёрию ҳуқуқии онҳо рух дод. Дар даҳ соли охир зерсоҳаҳои ҳуқуқи андозбандӣ, асъору буҷет ташаккул ёфта, ба танзими муносибатҳои молиявӣ назар ба давраи Шӯравӣ бештар аҳамият медодагӣ шуданд.

Дар ин гуна шароит илми ҳуқуқи молиявӣ ба норасоии яқини заминаи методологи дучор шуд, ки онро илми назарияи давлат ва ҳуқуқ пурра кард. Назарияи давлат ва ҳуқуқ назариёти умумии тағйири мақому аҳамияти давлатро дар ҳаёти ҷомеа ба миён гузошта, самтҳои асосии такмили қонунгузории ҷорӣ, ҳадди дахолати давлатро ба иқтисодиёт муайян карда, принсип ва ҳадди маҳдудияти ҳуқуқу озодиҳои инсонро зикр намудааст. Назарияи давлат ва ҳуқуқ мазмуну моҳияти имрӯзаи принсипҳои ҳуқуқ, принсипҳои фаъолияти мақомоти давлатро муайян ва аҳамияти қарорҳои Суди Конститутсионии Тоҷикистонро таъкид намуд, сарчашмаҳои нави ҳуқуқро ошкор сохт, сохтори ҳуқуқи субъективӣ ва ӯҳдадориҳои ҳуқуқӣ ва ғайраро муайян кард.

Тамоми дониши ҳосилкардаи назария, ки қонунияти умумии рушду фаъолияти давлат ва ҳуқуқро муайян менамояд, дар тадқиқотҳои молиявию ҳуқуқӣ, қонунгузории молиявӣ ва китобҳои дарсӣ инъикос ёфтааст. Ҳамин тариқ, мазмун ва номгӯи принсипҳои ҳуқуқи молиявӣ тағйир ёфт, андозҳоро бошад, на танҳо чун воситаи қонеъ гардонидани талаботи давлатӣ, балки умуман тамоми ҷомеа низ шинохтанд, муқаррар ва ҷорӣ намудани онҳоро илман асоснок карданд. Дар низоми қонунгузории молиявӣ меъёрҳое муқаррар шудан гирифтанд, ки барои шаҳрвандон на танҳо доир ба ҳуқуқи рафтори шаҳрвандон, балки ҳамчунин ҳуқуқи аз тарафи дигар талаб кардани муносибатҳои ҳуқуқии рафтори дахлдорро муқаррар менамоянд, ки дар ин консепсияи умуминазариявии масъулияти муштараки шахс ва давлат зуҳур ёфт.

Муддати дароз дар илми ҳуқуқи молиявӣ мавҷудияти институти мустақили масъулияти молиявӣ то замони дар қонунгузории ҷорӣ вуҷуд доштани он аниқ муқаррар нашуда буд. Баъд аз ин дар ошкор намудани нишонаҳои масъулияти молиявӣ «самари» фаровони умуминазариявии дониш кӯмак расонд. Аслан метавон гуфт, ки  мафҳумҳои «ҳуқуқвайронкунии соёаи андоз», «ҳуқуқвайронкунии молиявӣ» — ро низ илми ҳуқуқи молиявӣ муайян кардааст, зеро нишонаҳои хоси ин ҳуқуқвайронкуниҳо дар асоси нишонаҳои умумии ҳуқуқвайронкунӣ ошкор карда шуда буданд.

Барои илми ҳуқуқи молиявӣ аҳамият доштани назарияи давлат ва ҳуқуқ ва алоқамандии онҳоро ба ин тарз нишон додан мумкин аст: назарияи давлат ва ҳуқуқ – ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун илм – ҳуқуқи молиявӣ ҳамчун фанни таълимӣ. Оқибат назарияи давлат ва ҳуқуқ на фақат ба илми ҳуқуқи молиявӣ, балки ба фанни дахлдори таълимӣ низ таъсири худро мерасонад. Чунончӣ, адабиёти таълимии молиявию ҳуқуқии нав «масъулияти молиявӣ», «масъулияти андозӣ», «фанни молия», «сиёсати молиявию ҳуқуқӣ», «сиёсати андоз», «ҳуқуқвайронкунии молиявӣ», «ҳуқуқвайронкунии андозӣ», барин мавзӯҳоро дар бар гирифтааст, ки солҳои пеш умуман арзи вуҷуд надошт.

Дар доираи назарияи давлат ва ҳуқуқ соҳаҳои ояндадори тадқиқоти илмӣ ба вуҷуд меоянд ва муайян карда мешаванд. Аз ҷумла, назарияи давлат ва ҳуқуқ аз байни илмҳои ҳуқуқшиносӣ аввалин шуда, ба тадқиқи фаъолонаи масъалаҳои сиёсати ҳуқуқӣ пардохт ва асоси назариявии ташаккулдодаи он дар муайян намудани масъалаҳои сиёсати молиявию ҳуқуқӣ татбиқ карда шуд.

Қонуниятҳои умумии  ошкоркардаи назарияи давлат ва ҳуқуқ ба илми ҳуқуқи молиявӣ ёрӣ мерасонанд, ки тамоили инкишофи қонунгузории молиявӣ ва самтҳои такмили онро дар шароити ислоҳоти ҳозираи бозаргонӣ муайян намояд ва ин ё он тағйироти пешбиникардаи назарияи давлат ва ҳуқуқ воқеияти ҳуқуқии давлатӣ имконият медиҳад фарзияҳои илмии соҳавӣ пешниҳод карда шаванд.

Ба ҳамдигар таъсир расонидани назарияи давлат ва ҳуқуқ ва ҳуқуқи молиявӣ на яктарафа, балки дутарафа мебошад. Назарияи давлат ва ҳуқуқ метавонад танҳо дар асоси маводи мушаххаси илми таърихӣ – ҳуқуқшиносӣ ва махсуси соҳавӣ хулосаҳоро оид ба масъалаҳои бағоят муҳим ҷамъбаст намуда, инкишоф ёбад. Бинобар ин дониши илмии муайяннамудаи назарияи давлат ва ҳуқуқ, аз ҷумла ба донише асос меёбад, ки илми ҳуқуқи молиявӣ ҳосил кардааст.

1.5.  Сохти  илми  назарияи  ҳуқуқ  ва  давлат

 

Назарияи ҳуқуқ ва давлат ба ду қисми асосӣ тақсим мешавад: 1) назарияи умумии ҳуқуқ ва 2) назарияи умумии давлат. Назарияи умумии ҳуқуқ мафҳум, моҳият, шаклҳо ва функсияҳои ҳуқуқро меомӯзад. Мавзӯи назарияи умумии давлатро қонуниятҳои пайдоишу инкишофи давлат, шаклу нақши иҷтимоии он ташкил медиҳад.

Назарияи умумии ҳуқуқ дар навбати худ аз қисмҳои зерин иборат аст:

а) фалсафаи ҳуқуқ (методологияи ҳуқуқ, мафҳумҳои ҳуқуқ, консепсиву назарияҳои ҳуқуқ, фаҳмиши ҳуқуқ, арзиши ҳуқуқ ва ғ.);

б) сотсиологияи ҳуқуқ (ҳуқуқ ва ҳодисаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, шуури ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ, сабабҳои ҳуқуқшиканӣ дар ҷамъият);

в) назарияи позитивии ҳуқуқ (меъёрҳои ҳуқуқӣ, танзими ҳуқуқӣ, амалишавии ҳуқуқ, татбиқи ҳуқуқ, маънидодкунии ҳуқуқ, санадҳои ҳуқуқӣ-меъёрӣ, таркиби ҳуқуқшиканӣ).

Солҳои охир дар натиҷаи истифодаи васеи усулҳои мантиқӣ, муқоисавӣ-ҳуқуқӣ равияҳои нав ва вобаста ба онҳо қисмҳои нави илми муосири ҳуқуқ ташаккул ёфтаанд:

г) мантиқи ҳуқуқ (истифодаи қоидаҳову қонунҳои мантиқи шаклӣ нисбати ҳуқуқ);

д) назарияи муқоисаи ҳуқуқӣ (омӯзиши институтҳои ҳуқуқии давлатҳои мухталиф бо истифодаи усули муқоисавӣ-ҳуқуқӣ).

Дар дохили равияҳои номбаргашта дар натиҷаи махсусгардӣ ва мушаххасгардии донишҳои умуминазариявӣ тамоилҳои хусусӣ пайдо шудаанд: кибернетикаи ҳуқуқӣ дар фалсафаи ҳуқуқ, психологияи ҳуқуқӣ, маданияти ҳуқуқӣ дар сотсиологияи ҳуқуқ, назарияи техникаи ҳуқуқӣ, маънидодсозии ҳуқуқ дар назарияи позитивии ҳуқуқ.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *