Фанни Ҳуқуқи инсон

Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ

1.Асосҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ

Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ яке аз ҳуқуқҳои бунёдӣ ва фитрии шахсии (шаҳрвандии) инсон аст. Он ба ҳуқуқҳои насли якум тааллуқ дорад. Аммо нишонаҳои аввалини ҳуқуқи мазкур ҳанӯз дар Хартияи бузурги озодиҳои соли 1215 ба назар мерасанд. Дертар дар марҳилаи инқилобҳои буржуазии асри ХVIII он дар санади Хабеас Корпуси Британия (соли 1679), Эъломияи фаронсавии ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд (соли 1789) ва ҳуҷҷатҳои дигар чун кафолат аз ҳабсҳои ғайриқонунӣ ва истибдоди судӣ инъикос ёфтааст. Ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон ва аксари конститутсияҳои ҳозира низ озодӣ ва дахлнопазирии шахсиятро эълом медоранд.

Моддаи 3-и Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсиятро ин тавр таҳким бахшидааст: “Ҳар як инсон ба ҳаёт, озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳақ дорад”. Моддаи 9-и ҳуҷҷати байналмилалии мазкур тасдиқ мекунад: ”Ҳеҷ касро худсарона дастгир, ҳабс ё бадарға кардан мумкин нест”.

Меъёрҳои мазкур ҳамчунин дар Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ таҷассум ёфтаанд. Аз ҷумла дар қисми 1-и моддаи 9-и ҳуҷҷати мазкур омадааст: “Ҳар инсон ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ҳақ дорад. Ҳеҷ касро худсарона дастгир кардан ва ё дар ҳабс нигоҳ доштан мумкин нест. Ҳеҷ кас ба ҷуз асосҳо ва қоидаҳои тасдиқкардаи қонунҳо набояд аз озодӣ маҳрум карда шавад”.

Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ аз ҷониби давлат ҳимоя шудани ҳар як одамро аз тааррузи ҳар касе ба ҳаёт, саломатӣ, озодӣ, амнияти шахсӣ, шараф ва қадру қимати ӯ дар назар дорад. Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ моҳиятан аз ду ҳуқуқи ба ҳам алоқаманд: озодии шахсият ва ҳуқуқи дахлнопазирии шахсият таркиб ёфтааст. Онҳо аз якдигар ҷудонопазиранд. Яъне шахсияте, ки озодии ӯ пурра таъмин аст, дахлнопазир низ мебошад. Ва агар дахлнопазирии шахсият таъмин бошад, пас ӯ озод низ аст.

Озодии шахсият мафҳуми васеест, ки инҳоро дар назар дорад: озодии ҷисмонӣ (яъне озодии амал тибқи озодии худ, аз ҷумла озодии ҳаракат, озодӣ аз ҳабсу боздоштҳои ғайриқонунӣ); озодии ахлоқӣ (яъне озодии афкор, виҷдон, дин); озодии иҷтимоӣ (озодии интихоби забони муошират, мансубияти миллӣ).

Ҳуқуқи дахлнопазирии шахсият ҳуқуқи ҳар инсон ба ҳимоя ва ҳифзи давлатӣ аз таарузи ғайриқонунии ҳар касе ба озодӣ ва амнияти шахсии ӯ мебошад.

Амнияти шахсӣ маънии набудани зӯроварии ғайриқонунӣ ё таҳдиди зӯроварӣ ба шахсият ва бовар доштани шахсият ба оромӣ, имконияти иштирок кардан дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дорад. Амнияти шахсӣ ҳамчунин кафолатро аз тааррузи зиддиҳуқуқӣ ба се навъи дахлнопазирии инсон: ҷисмонӣ (ҳаёт, саломатӣ), ахлоқӣ (шараф, қадру қимат) ва маънавӣ (имконияти дар асоси озодии ифодаи ирода рафтор кардан, ба маҷбурсозии ғайриқонунӣ дучор наомадан) дар назар дорад.

Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ ба ҳамаи одамон, сарфи назар аз шаҳрвандӣ, ҳамчунин ноболиғӣ, бемори рӯҳӣ будан, ашхоси қобилияти фаъолияташон маҳдуд ё ғайри қобили амал донисташуда , дахл дорад. Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсиро то ҳадди муайян, вале танҳо дар асоси қонун маҳдуд кардан мумкин аст.

Дар Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ дар меъёрҳои алоҳидаи инъикоскунандаи стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон инъикос ёфтааст.

Дахлнопазирии шахсро давлат кафолат медиҳад. Ба ҳеҷ кас шиканҷа, ҷазо ва муносибати ғайриинсонӣ раво дида намешавад. Мавриди озмоиши маҷбурии тиббӣ ва илмӣ қарор додани инсон манъ аст.

(Моддаи 18-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ кафолатҳои ҷисмонӣ, ахлоқӣ ва маънавии дахлнопазирии инсонро таҳким мебахшанд. Масалан, ҳаёту саломатиии инсонро (озодӣ аз шиканҷа, ҷазо, муносибати ғайриинсонӣ, озмоишҳои тиббӣ) моддаи 18-и Конститутсия, манъи истифодаи меҳнати занон ва ноболиғонро дар корҳои вазнин ва зеризаминӣ, ҳамчунин дар корҳои шароити меҳнаташон барои саломатии онҳо зарарнок моддаи 35-и Конститутсия кафолат медиҳанд.

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои куштор, расонидани зарарҳои ҷисмонӣ, таҷовуз ба номус, лату кӯб ва дигар ҷиноятҳои зидди озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ муқаррар менамояд. Кодекси ҷиноятӣ-мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, бо истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ ва психологӣ гирифтани шаҳодати шоҳид, гумонбар, ҷабрдида ё айбдоршавандаро манъ мекунад.

Ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ нораво будани худсариро ҳангоми боздошт ё ҳабс кардан дар назар дорад. Тибқи моддаи 6-и Кодекси ҷиноятӣ-мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷкистон ҳеҷ касро бе иҷозати прокурор ба ҳабс гирифтан мумкин нест.

Ҳеҷ касро бе асоси қонунӣ дастгир, ҳабс ва бадарға кардан мумкин нест.

Қисми 2-и моддаи 19-и Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дахлнопазирии шахсии одамон бо риояи қоидаҳои аз ҷониби умум эътирофшудаи тиббӣ кафолат дода мешавад, масалан, гирифтани ризоияти беморон барои амалиёти ҷарроҳӣ, ҳар гуна ташхису таҳлилҳо ва ҳатто сӯзантабобат.

Риояи шараф ва қадру қимати шахсият аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад. Ҳар инсон, сарфи назар аз ҷинс, синну сол, вазъи иҷтимоӣ, молу мулк, вазифаи ишғолкардааш, шараф ва қадру қимат дорад. Онҳо ногузиранд, бинобар ин ҳар кас ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки ӯро эҳтиром кунанд ва дахлнопазирии маънавиашро вайрон накунанд.

?Ба хотир оред, ки зери мафҳумҳои “шараф” ва “қадр” чиро мефаҳманд?

Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тӯҳмат ва таҳқирро ҷиноят мешуморад ва чунин кирдорҳоро манъ месозад, зеро онҳо шарафи инсонро паст зада, шаънашро доғдор месозанд. Чунин амалҳоро Кодекси ҷиноятӣ-мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масалан, ҳангоми гузаронидан тафтишот, шаҳодатдиҳӣ, эксперименти тафтишотӣ ва ғайра манъ мекунад. Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, қоидаҳои ҳифзи шараф ва қадру қимати инсонро аз ҷумла бо роҳи таллофӣ кардани зарари ахлоқӣ таҳким бахшидааст. Дар сурати аз ҷониби шахси ҷавобгар паҳн карда шудани маълумотҳое, ки шаъну эътибори даъвогарро доғдор месозанд, суд новобаста аз гуноҳи шахси ҷавобгар зарари расонидашударо бо ифодаи пулӣ муайян карда, ба фоидаи даъвогар мерӯёнад. Агар маълумотҳои тӯҳматангези пастзанандаи шаъну эътибор дар матбуоти даврӣ чоп шаванд, суд ҷавобгарро метавонад водор созад, ки дар ҳамон нашрия раддия чоп кунонад.

Дахлнопазирии маънавии шахсият бо роҳи манъ кардани амалҳои гуногуни характери зӯроварӣ дошта ва ба рӯҳияи инсон таъсири манфӣ расонанда таъмин карда мешавад. Масалан, пурсиши иштирокдори мурофиа зери таъсири гипноз ё бо роҳи истифодаи фишоровариҳои гуногуни экстрасенсорӣ; ё маълумотгирии муфаттиш бо роҳи тарсондан, истифодаи сеҳру ҷоду ва ғайра.

2. Маҳдудияти озодӣ ва маҳрумият аз озодӣ

Таъмини дахлнопазирии ҷисмонӣ, рӯҳонӣ, маънавии шахсиятро давлат кафолат медиҳад. Аммо бо дар назардошти манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат дар баъзе ҳолатҳо маҳдудсозии ҳуқуқҳо ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ имконпазир аст. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқҳо, шартҳо ва тартиби чунин дахолатро муайян мекунад ва таҳким мебахшад.

Ҳуқуқи инсонро ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсият дастгиру ҳабс кардан маҳдуд месозанд. Дар қонунгузориҳои байналмилалӣ ва миллӣ ин мафҳумҳо, ҳамчунин истилоҳҳои “ашхоси дастгиршуда” ва “маҳбус” фарқ мекунанд.

Дастгир кардан боздошти муваққатии (на бештар аз 72 соат) шахси ба содир кардани ҷиноят гумонбар аст, ки ба ӯ дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ ҷазо додан мумкин аст.

Ҳабс кардан ҳамчун чораи нисбатан қатъии пешгирӣ дар маҳбас нигоҳ доштан аст.

Ҳабс кардан (аз лот. arrestum –суд, қарор) боздошти маҷбурӣ ва ҷой кардан дар маҳбас аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он навъи ҷазои ҷиноятиест, ки аз ҷудонигоҳдории қатъӣ иборат аст.

Ба ин тариқ, шахси дастгиршуда ҳама гуна шахсест, ки аз озодии шахсӣ маҳрум шуда, аммо барои содир кардани ҷиноят маҳкум нашудааст, маҳбус бошад, шахсест, ки дар натиҷаи маҳкум шудан барои содир кардани ягон ҷиноят аз озодӣ маҳрум гардонда шудааст. Ҳамаи ашхоси аз озодӣ маҳрумшуда коҳидаву нозуктабиатанд. Рафтори ашхоси мансабдор, махсусан ходимони милиса, нисбати шахси дастгиршуда ва маҳбус бояд инсондӯстона бошад ва ба қонун қатъиян мутобиқат кунад. Дастгирӣ ва ҳабси ғайриқонунии одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят ҳисоб мешавад (моддаи 358-и КҶ).

Ҳабс ва дастгир карданро метавонад корманди милиса ба амал барорад, вале дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозатро ба ин амалҳо прокурор медиҳад. Дар бораи ҳама гуна ҳодисаҳои дастгир кардан мақомоти таҳқиқу тафтишоти пешакӣ ё муфаттиш бояд дар бадали 24 соат прокурорро ба таври хаттӣ огоҳ созанд, прокурор дар навбати худ, дар бадали 48 соат барои ҳабс кардан ё озод кардани одами дастгиршуда бояд иҷозат диҳад. Дастгиркунӣ набояд аз 72 соат (аз лаҳзаи дастгиршавӣ то гирифтани иҷозати прокурор барои ҳабс) беш бошад.

Ҳабс ва дастгир кардан бояд асос дошта бошанд. Ҳангоми ҳабс ва дастгиркунӣ бояд тартиботи амалисозии онҳо ва мӯҳлатҳои қонунӣ риоя гарданд. Ҳамаи инҳоро Кодекси ҷиноятӣ — мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

Шахсро танҳо бо асосҳои зерин дастгир кардан мумкин аст: 1) вақте одамро ҳангоми содир кардани ҷиноят, ё баъди он дастгир карданд, яъне дар лаҳзае, ки шахс ҷиноятро ба анҷом расонид, ҳанӯз дар ҷои ҷиноят аст, ё кӯшиши аз он ҷо пинҳон шудан дорад; 2) вақте шоҳидон, аз ҷумла ҷабрдидагон, он одамро чун ҷиноятсодиркарда рӯирост нишон медиҳанд; 3) вақте дар одами гумонбар ё либоси ӯ, дар киса ё манзилаш нишонаҳои баралои ҷиноят пайдо карда мешаванд; 4) агар баъзе маълумотҳои дигаре бошанд, ки барои гумонбар донистани ин одам дар содир кардани ҷиноят асос шуда метавонанд, ин шахсро танҳо вақте дастгир кардан мумкин аст, ки ӯ барои пинҳон шудан аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ воқеан кӯшиш намояд; 5) асоси дастгиркунӣ набудани ҷои доимии зист бошад; 6) ҳамчунин муқаррар нагардидани шахсияти ин одам асоси дастгиркунӣ шуда метавонад.

Ашхоси дастгиршуда бояд дар ҷойҳои расман эътирофшудаи нигаҳдорӣ нигоҳ дошта шаванд, дар ин хусус оилаҳои онҳо ва намояндагони қонунӣ бояд маълумоти пурра гиранд. Дар сурати дастгир кардан мақомоти дастгиркуниро ба амал оварда ё муфаттиш бояд дар бораи дастгиркунии кӯтоҳмуддат протокол тартиб диҳанд ва дар он ба таври ҳатмӣ асосҳо, сабабҳо, рӯз ва соат, сол ва моҳ, ҷои дастгиркунӣ, шарҳи одами дастгиршуда ва замони тартиб додани протоколро нишон диҳанд. Баъди пур кардан протокол он аз ҷониби шахси онро пуркарда ва шахси дастгиршуда имзо карда мешавад.

Шахси дастгиршуда ҳуқуқ дорад: 1) донад, ки ӯро барои содир кардани кадом ҷиноятҳо гумонбар медонанд, аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаб намояд, фаҳмонанд, ки барои чӣ ӯро дастгир карданд; 2) қонунӣ будан ё набудани дастгир шуданро дар суд радду бадал намояд; 3) аз маъмурияти ҷои алоҳидаи нигоҳдории муваққатӣ ва ё ҷои нигоҳдории тафтишотӣ талаб намояд, ки талаби ӯро дар хусуси тафтиши қонунмандии дастгир кардани ӯ ба прокурор хабар диҳанд; 4) аз амалҳои ашхоси таҳқиқу тафтиши пешакӣ гузаронида, муфаттиш ё прокурор шикоят кунад, тавзеҳот бидиҳад ва дархост намояд; 5) бо шикоят ва аризаҳо бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ашхоси мансабдор муроҷиат кунад; 6) аз либосу пойафзоли худ, инчунин дигар асбобу ашёи зарурӣ истифода барад.

Ашхоси дастгиршуда вазифадоранд, ки талаботи Қоидаҳои тартиботи дохилиро дар ҷойҳои нигоҳдории дастгиршудагон риоя кунанд.

Ҳабс кардани нафаре маънои аз озодӣ маҳрум кардани ӯро дорад. Ҳабс (дар маҳбас нигоҳ доштан) чораи охирин аст, вақте асосҳое мавҷуданд, ки шахси айбдоршаванда дар озодӣ монда, метавонад аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пинҳон шавад, ё бо амалҳои худ ба рафти тафтишот халал расонад. Сарфи назар аз ҳадафҳои ҳабс барои амалӣ гардонидани он асосҳои қонунӣ заруранд. Ҳабс танҳо бо иҷозати прокурор фақат аз рӯи парвандаҳои оид ба ҷиноятҳое, ки барои онҳо қонун ҷазоро дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати беш аз як сол пешбинӣ мекунад, ба амал бароварда мешавад.

Дар сурате, ки муфаттиш дар бораи ҳабс кардан қарор қабул менамояд, вай вазифадор аст, дар бадали 24 соат аз лаҳзаи дастгир кардани шахс ба прокурор қарорро дар хусуси истифода кардани чораҳои пешгирӣ дар шакли нигоҳдорӣ дар ҳабс пешниҳод намуда, дар он бояд асосҳоеро баён намояд, ки тибқи онҳо зарурати ба ҳабс гирифтани айбдоршаванда ба миён омадааст. Прокурор дар бадали 48 соат бояд масъаларо дар хусуси додани иҷозат барои ҳабс ё озод кардани шахси дастгиршуда ҳал намояд. Ба қарор маводи тасдиқкунандаи асоснокии қарор замима карда мешавад.

Шахси ҳабсшуда ҳуқуқ дорад: 1) дар бораи ҳуқуқҳо, озодиҳо ва вазифаҳои худ ба забони модарӣ ё забони дигари барояш фаҳмо маълумот бигирад; 2) муносибати шоиста бинад; 3) бо ариза, раддия дар бораи ҳуқуқҳо ва озодиҳои худ чи шахсан ва чи ба воситаи адвокат нисбат ба маъмурияти ҷойҳои нигоҳдории дастгиршудагон ва маҳбусон ба суд, прокуратура, мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, ба ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, васоити ахбори умум, ҳамчунин ба мақомот ва ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон муроҷиат намояд; 4) бо хешовандон ва дигар одамон танҳо бо рухсати хаттии муфаттиш (чун қоида, на бештар аз як маротиба дар як моҳ) мулоқоти давомнокиаш аз як то ду соат дошта бошад; 5) ҳамарӯза аз хешовандон дастовез, маводи ғизоӣ барои истеъмол қабул намояд; 6) бо худ ҳуҷҷатҳо ва навиштаҷоти марбут ба парвандаи ҷиноятӣ дошта бошад; 7) аз лаҳзаи роҳ дода шудани адвокат ба парванда бо ӯ мулоқотҳои миқдор ва давомнокиашон номаҳдуд кунад; 8) аз сайругашти ҳаррӯзаи давомнокиаш як соат истифода кунад; 9) ба озодии афкор, виҷдон ва эътиқоди динӣ ҳақ дорад; 10) бо ҷаҳони берунӣ муошират намояд; 11) бо ному фамилияи худ ном гирифта шавад; 12) моҳе як маротиба пули фиристодашударо гирад.

Шахси дастгиршуда вазифадор аст: 1) қоидаҳои муқарраргардидаи тартиботи дохилӣ ва қоидаҳои санитарӣ-гигиениро риоя кунад, намуди зоҳирии хуб дошта бошад, дар камераҳо ҳамеша тозагиро нигоҳ дорад; 2) талаботи маъмуриятро бечуну чаро иҷро кунад, бо кормандони он ва байни худ ҳалиму меҳрубон бошад; 3) ҳангоми ба камера дохил шудани ашхоси ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ аз ҷой бархезад ва дар саф истад; 4) ба ашёву таҷҳизот ва дигар амвол муносибати эҳтиёткорона кунад; 5) бо таъиноти маъмурият дар камера вазифаи навбатдориро ба ҷо орад.

Ба усулҳои дигари қонунии маҳдудсозии озодиҳо ва дахлнопазирии шахсӣ инҳо тааллуқ доранд: табобати маҷбурии ашхоси рӯҳан бемор, ки барои худ ва дигар одамон хавфноканд, карантини муваққатӣ нисбат ба одамони гирифтори бемориҳои хавфноки сирояткунанда, фиристодани ноболиғон ба мактабҳои махсуси тарбиявӣ ва ғайра.

3.Махсусиятҳои дастгиркунӣ ва ҳабси пешакии ноболиғон

Дастгиркунӣ ва ҳабси пешакӣ нисбат ба ноболиғон низ истифода мешавад. Ноболиғи ҷиноят содиркарда ба кафолатҳои гуногуни суди боадолат, аз ҷумла ба ҳифзи иловагии махсус ҳуқуқ дорад.

Тибқи моддаи 37(b) Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак (соли 1989) “ҳабс, дастгиркунӣ ва ё дар маҳбас нигоҳ доштани кӯдак тибқи қонун танҳо ба сифати чораи охирин бо истифодаи мӯҳлати ҳар чи кӯтоҳи давраи дахлдор амалӣ гардонда мешавад”.

Дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хусусиятҳои дастгиркунӣ ва ҳабси ашхоси ноболиғ таҷассум ёфтаанд.

Қонунгузорӣ нисбати ноболиғон ба сифати чораҳои огоҳу пешгирикунанда кафолати шахсию ҷамъиятӣ ва назорати имконпазири волидон, васиҳо ва парасторон, маъмурияти кӯдакистонҳоро пешбинӣ мекунад. Дастгиру ҳабс кардан чун чораи пешгирикунанда нисбат ба ноболиғон дар ҳолатҳои истисноӣ, агар инро вазнинии ҷинояти содиршуда талаб кунад, истифода мегардад. Дар лаҳзаи интихоби чораҳои пешгирикунанда синну сол, ҳолати саломатӣ ва вазъи оилавӣ ба инобат гирифта мешавад. Ноболиғони дастгир ва ҳабсшуда бояд аз калонсолон ва ноболиғони маҳбус ҷудо нигоҳ дошта шаванд. Дар лаҳзаи нисбат ба ноболиғ истифода гардидани ҳабси пешакӣ маводи парванда аз ҷониби прокурор омӯхта мешавад ва ноболиғи гумонбар ё айбдоршавандаро дар ҳама ҳолат худи прокурор мепурсад. Дар бораи дастгир шудани ноболиғ ҳатман волидони ӯ ё шахсони онҳоро ивазкунанда хабардор карда мешаванд.

Ноболиғи бо гумони содир кардани ҷиноят дастгиршуда ҳақ дорад: 1) донад, ки ӯро барои содир кардани кадом ҷиноят гумонбар медонанд; 2) талаб намояд, ки прокурор дурустии дастгиркуниро санҷад; 3) аз амалҳои таҳқиқу тафтиши пешакӣ, муфаттиш ё прокурор шикоят кунад, шарҳу тавзеҳот диҳад ва дархосту хоҳиш иброз дорад; 4) бо шикоят ё хоҳиш ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ё ашхоси мансабдор муроҷиат кунад; 5) аз либосу пойафзол, инчунин дигар чизҳои зарурии дар Қоидаҳои тартиботи дохилии ҷойҳои нигоҳдории ашхоси дастгиршуда зикргардида истифода кунад.

Дастгиру ҳабс кардан ва аз озодӣ маҳрум намудани ноболиғ дар ҳолатҳои истисноӣ, ҳамчун чораи ниҳоӣ истифода шуда, он бояд тибқи қонун ва аз рӯи имконият бояд дар мӯҳлати кӯтоҳтарин давом кунад. Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муносибати худро ба ноболиғон дар асоси риоя ва эҳтироми ҳуқуқҳои онҳо муайян намуда, бояд дар ҳаққи ноболиғон ғамхорӣ намоянд ва ба онҳо зараре нарасонанд.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: озодии шахсият, дахлнопазирии шахсӣ, амнияти шахсӣ, маҳрумият аз озодӣ, дастгиркунӣ, ҳабс.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *