Фанни Ҳуқуқи инсон

Тавсифи умумии ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) гурӯҳи махсуси ҳуқуқҳои инсон мебошанд. Онҳо бояд озодӣ ва мухторияти фардро, чун узви ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳимояи юридикии ӯро аз дахолати ғайриқонунии берунӣ таъмин намоянд. Асос ва таъиноти ҳуқуқҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) таъмини бартарияти майлҳои инфиродии дохилии рушди ҳар як шахсият, имконияти худмуайянкунӣ ва худтатбиқкунии инфиродии инсон аст. Зеро хусусиятҳои инфиродӣ хоси ҳар як шахсият мебошанд. Онҳо бо мақоми иҷтимоӣ, шароитҳои тарбия, муҳити зист, хусусиятҳои миллӣ, касбӣ ва ғайра муайян карда мешаванд.

?Таснифоти ба Шумо маълуми ҳуқуқу озодиҳои инсонро ба хотир оред. Кадом ҳуқуқу озодиҳо ба насли якум тааллуқ доранд? Кадом ҳуқуқҳоро инфиродӣ, мутлақ ва негативӣ меноманд?

Категорияи ҳуқуқҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) ба ҳуқуқҳои «насли якум» мутааллиқ аст. Пайдоиши онҳоро одатан бо инқилобҳои буржуазии асрҳои ХVII-ХVIII ва санадҳои қонунгузории он солҳо алоқаманд медонанд. Аммо ин ҳуқуқҳо дар ҷои хушку холӣ ба вуҷуд наомадаанд. Онҳо таърихи барқароршавию рушди худро доранд, манбаъҳои он бо неш задани тухмиҳои назарияи табиӣ – ҳуқуқӣ, ки дар асоси он ғояҳои озодӣ ва баробарии умумии одамон меистанд, алоқаманд аст. Тасаввуроти дар ҷараёни ғояҳои табиӣ – ҳуқуқӣ ташаккулёфта дар бораи ҳуқуқҳои фитрӣ ва дахлнопазири инсон дар асоси Билли байналмилалӣ дар бораи хуқуқҳои инсон гузошта шуда буданд. Тавсифи хуқуқҳо ва озодиҳои шахсии (шаҳрвандии) инсон пеш аз хама дар Эъломияи умумии ҳукуқи башар (соли 1948), Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (соли1966) ва дигар хучҷатҳо, ки имрӯз ба сифати стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқҳои инсон баррасӣ мешаванд, дода шудаанд.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) маҷмӯи ҳуқуқҳо ва озодиҳои табиӣ ва ҷудонопазире мебошанд, ки ба инсон аз лаҳзаи таваллуд тааллуқ дошта, аз мансубияти ӯ ба шаҳрвандии давлати мушаххасе вобаста нестанд.

Хуқуқҳо ва озодиҳои шахсии (шаҳрвандии) инсон озодии инфиродии ӯро, ки имконнопазирии дахолати ғайриқонунию зӯроваронаи давлатро ба тарафҳои шахсии ҳаёти инсон дар назар дорад, таҷассум мекунад. Онҳо ба инсон чунин неъматҳоро кафолат медиҳанд: ҳаёт, саломатӣ, шараф, қадру қимат, озодии виҷдон, амнияти шахсӣ ва ғайра, ки барои ҳар як шахсият аҳамияти махсус ва арзиши баланд доранд. Зеро бе мавҷудияти онҳо дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон маънии худро гум мекунанд.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) бо мансубияти шаҳрвандии инсон алоқаманд нестанд ва аз он барнамеоянд, балки ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд тааллуқ доранд. Онҳо бар асоси истилоҳи «ҷомеаи шаҳрвандӣ», ки дар он қисми зиёди ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон амалӣ мегарданд, ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ номида мешаванд.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ асоси мақоми ҳуқуқии инсонро ташкил медиҳанд. Бар фарқият аз дигар ҳуқуқҳои инсон онҳо характери инфиродӣ, на коллективии амалишавӣ доранд. Ғайр аз ин махсусияти гурӯҳи мазкури ҳуқуқҳо аз он иборат аст, ки онҳо аз ҷониби ҳар як инсон ба таври доимӣ, дар тамоми тӯли ҳаёт амалӣ мегарданд.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсии (шаҳрвандии) инсон негативианд. Давлат ҳуқуқ надорад, ки ба соҳаи ҳаёти шахсии фард дахолат кунад, вале дар айни замон ба зиммаи худ ӯҳдадорӣ намегирад, ки ҳимояи озодиҳои шахсиро аз дахолати ғайриқонунӣ аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ашхоси мансабдор ва шаҳрвандон таъмин кунад. Онҳо як навъ имкониятҳои воқеиро мемонанд, ки давлат ба ҳар фард барои худтатбиқкунӣ, рушд ва қонеъсозии талаботи худ кафолат медиҳад.

Ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ, чун қоида, мутлақанд, яъне боздошт ва маҳдудсозии онҳо дар ягон ҳолат раво нест, масалан, ҳуқуқ ба ҳаёт, озодӣ аз шиканҷа, озодӣ аз ғуломӣ. Аммо маҳдудсозиҳои қонунӣ дар боздоштҳо, ҳабскуниҳо, дар маҳбас нигоҳ доштанҳо, қатъномаи ба ҷое нарафтан ва ғайра ифода мегарданд.

Ба ин тариқ, ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) чунин хусусиятҳо доранд: онҳо табиианд, ҷудонопазиранд, ба ҳар кас аз лаҳзаи таваллуд тааллуқ доранд, аз шаҳрвандӣ вобаста нестанд, ҳуқуқҳои “насли якуманд”, инфиродӣ, негативӣ ва мутлақанд.

1. Низоми ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсии (шаҳрвандии) инсон

Ҳамаи ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) вобастаи ҳамдигар буда, низоми ягонаро мемонанд. Низоми ҳуқуқҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) дар моддаҳои 3-16 Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, моддаҳои 6-17, 23, 26 Паймони байналмилалӣ доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, дар ду Протоколи факултативӣ ба ин паймон ва дигар ҳуҷҷатҳои байналмилалӣ – ҳуқуқӣ зикр гардидааст. Он ҳамчунин дар қонунгузории миллии бисёр мамлакатҳои ҷаҳон таҷассум ёфтааст.

?Моддаҳои нишондодашудаи санадҳои байналмилалии мазкурро бодиққат омӯзед, дар онҳо кадом ҳуқуқҳо ва озодиҳои инсон таҳким ёфта ва кафолат дода шудаанд?

Ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дар низом тарзе ташкил карда шудаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо бевосита алоқаманданд ва яке аз дигаре бармеоянд (масалан, ҳуқуқи дахлнопазирии манзил давоми мантиқии ҳуқуқи дахлнопазирии шахсият аст).

Бо шумули ҳуқуқу озодиҳои шахсии (шаҳрвандии) инсон дар санадҳои гуногуни байналмилалӣ-ҳуқуқӣ инҳо мансуб дониста шудаанд: ҳуқуқ ба ҳаёт ва тансиҳатӣ, ҳуқуқ ба қадру қимати шахсият, ба шараф ва номи нек; ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ; ҳуқуқ ба дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, манзил, сирри шахсӣ ва оилавӣ, махфияти мукотибот, гуфтугӯҳои телефонӣ, мухобироти почтавӣ, телеграфӣ ва ғайра; озодии ҳаракат ва интихоби ҷои зист, озодии виҷдон ва дин; интихоби озодонаи миллат ва забони муошират ва ғайра.

Ҳуқуқҳои зикршуда дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси худро ёфтаанд ва онҳо дар параграфҳои минбаъдаи китоби дарсии мазкур омӯхта мешаванд.

Дар конститутсияҳои давлатҳои гуногун, чун қоида, ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ) пеш аз ҳама таҳким меёбанд, вале ин аҳамияти ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро кам намегардонад. Ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ бо ҳамаи ҳуқуқҳо ва озодиҳои дигари инсон ва шаҳрванд зич алоқаманданд.

? Фикр кунед ва аз ҳамбастагии ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандии) ва ҳамаи гурӯҳҳои дигари ҳуқуқу озодиҳо мисолҳо оред.

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсии (шаҳрвандӣ) инсон, низоми ҳуқуқҳо ва озодиҳои шахсӣ (шаҳрвандӣ).

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *