Фанни Ҳуқуқи инсон

Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон

1.Таърих ва заминаҳои қабули Конвенсия

Ҳисоби эътирофи глобалии байналмилалии баробарии ҳуқуқҳои мардон ва занонро низ чун нисбат ба бисёр ҳуқуқҳои дигари инсон аз лаҳзаи қабули Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (соли 1948) бояд сар кард. Минбаъд СММ бештар 100 ҳуҷҷати ба таъмини баробарии гендерӣ нигаронидашударо қабул кард. Аз ҷумла: Конвенсия дар бораи мубориза бо хариду фурӯши одамон ва истисмори фоҳишагарӣ аз ҷониби ашхоси сеюм (соли 1949); Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии занон (соли 1952); Конвенсия дар бораи шаҳрвандии зани шавҳардор (соли 1957); Конвенсия дар бораи мубориза бо табъиз дар соҳаи маориф (соли 1960); паймонҳои байналхалқӣ доир ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, доир ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ (соли 1966) ва ҳуҷҷатҳои дигар.

Консепсияи ҳуқуқҳои инсон ба эътирофи мавҷудияти табақаҳои махсусан нозуки аҳолӣ, ки чораҳои махсуси иловагии ҳимояро тақозо мекунанд, мепардозад. Ин категория аз ҷумла ҷавонон ва нафақагирон, маъюбон ва бекорон, гурезаҳо ва ашхоси миллаташон ғайри таҳҷоиро фаро мегирад. Аммо дар маркази ин доира пеш аз ҳама занон қарор доранд. Онҳо на танҳо ба ҳифзи махсуси давлат ниёзманданд, чунки ҷиҳати сабабҳои пеш аз ҳама характери физиологӣ дошта на фақат имкониятҳои бо мардон баробари амалӣ сохтани ҳуқуқҳои барои ҳамаи одамон умумии инсонро надоранд, балки ҳамзамон метавонанд наврасҳо, пиронсолон, маъюбон, гурезаҳо, муҳоҷирин, бекорон ва ғайра, ба таври дигар гӯем, ашхосе бошанд, ки бар ҳамин асосҳо дар татбиқи ҳуқуқҳо ва озодиҳояшон дучори монеаҳою поймолкуниҳо гардидаанд.

Зани аз ҷониби мардон аз ҳокимият дуркардашуда, ки наметавонад аз ҳуқуқҳои худ бо ёрии муштҳояш ё силоҳ дифоъ кунад, нисбат ба мардҳо на танҳо ҷиҳати расман соҳиб шудан ба ҳуқуқҳо, инчунин дар имконияти татбиқи онҳо дар ҳаёт ҳатто дар шароити давлати ҳуқуқбунёд ногузир заиф мегардад ва табиатан озодиаш низ камтар мешавад. Занҳо дар муқоиса бо мардҳо дар шароити иқтисоди бозор ба сабаби фарқияташон дар таносуби арзишҳо камтар рақобатпазиранд. Таҳқиқоти сершумор нишон медиҳанд, ки моликият, сарват ва ҳамаи он чи ки ба рушди онҳо мусоидат мекунанд – тиҷорат, саноат, молия, савдо ва ҳатто амнияти миллӣ – дар таносуби арзишҳои «занона» аз категорияҳое чун шароитҳои иҷтимоии зиндагӣ, саломатӣ, фарзандон, экология ва сулҳ дар тамоми ҷаҳон пасттар меистанд.

Дар солҳои ҳафтодуми асри гузашта аксари мамлакатҳои мутараққии Ғарб бар зидди табъизи шаҳрвандон аз рӯи аломати ҷинсӣ, пеш аз ҳама дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ, аз ҷумла дар масъалаҳои пардохти музди меҳнат санадҳои қонунгузорӣ нашр намуданд. Солҳои ҳафтодуми асри ХХ давраи хушнудии хоси ҷомеаи байналмилалӣ мутаносибан ба масъалаи имкониятҳои ҳар чи зудтар муваффақшавӣ ба баробарҳуқуқии занҳо мебошад. Ана барои ҳамин аллакай соли 1967 СММ Эъломияро дар бораи барҳам додани табъиз нисбат ба занон қабул кард. Соли 1975 аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ Соли байналхалқии занҳо ва давраи аз соли 1976 то соли 1985 Даҳсолаи занони Созмони Милали Муттаҳид эълон гардиданд. Ин «Даҳсола»-ро Конфронси сеюми умумиҷаҳонӣ, ки соли 1985 дар Найроби зери шиори «Баробарӣ, рушд, сулҳ!» барпо гардид, ҷамъбаст намуд.

Қабули Конвенсияи СММ дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон дар соли 1979 вазифаи баробарсозии ҳуқуқҳо ва имкониятҳои мардон ва занонро дар асоси меъёрҳои аз нигоҳи юридикӣ ҳатмии байналмилалии ҳуқуқӣ ба вуҷуд овард. Вай нахустин мартиба масъаларо дар бораи ҳуқуқҳои занон ҳамчун қисми ҷудонопазири ҳуқуқҳои инсон ба миён гузошт. Конвенсия то ба ҳол чун санади аз ҳама пурраи байналмилалӣ дар соҳаи баробарии гендерӣ боқӣ мемонад. Онро беҳуда «Конвенсияи занона» наменоманд. Назорати риояи он аз ҷониби Кумитаи оид ба барҳам додани табъиз нисбат ба занон таъмин мегардад.

Дар даҳсолаҳои минбаъда ҷомеаи байналмилалӣ муқаррароти асосии Конвенсияи мазкурро муваффақона инкишоф медиҳад. Ба ин раванд 6 октябри соли 1999 аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ қабул шудани Протоколи факултативӣ ба Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон, ки ҳуқуқи раво будани шикоятҳои инфиродии занҳо ва созмонҳои ғайриҳукуматии занонаро имконпазир гардонид, такони наве бахшид. Баъди тасдиқ кардан ва ҳукми амал пайдо кардани Протоколи факултативӣ чунин шикоятҳоро ба Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбат ба занон ашхоси алоҳида, гурӯҳи одамон, ё созмонҳои зарардида ё дар натиҷаи вайрон кардани ҳуқуқҳои дар Конвенсия пешбинигардида дар шаклҳои дигар дучори хисоротшуда пеш оварда метавонанд.

Конвенсияро беш аз 160 мамлакати ҷаҳон тасдиқ кардаанд. Соли 1993 онро Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ намуд. Соли 2000 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи факултативиро ба Конвенсия низ имзо кард, вале он ҳанӯз тасдиқ карда нашудааст. Ҳамроҳшавӣ ба татбиқи муқаррароти Конвенсия бояд ақаллан ба муқаррар гардидани демократияи ҳақиқии афзалиятнок дар аксарияти мамлакатҳо, яъне мутаносибии ҳайати ҷинсии аҳолӣ бо намояндагии мардон ва занон дар ҳамаи сатҳҳои қабули қарорҳо; дар мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, дар мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дар соҳаҳои фаъолияти ҳаётии иқтисодӣ, молиявии давлат ва ҷомеа ва соҳаҳои дигари фаъолияти ҳаётии онҳо оварда мерасонад. Вале дар асл ин хеле суст ва бо душвориҳои зиёд ба амал меояд.

? Ба андешаи Шумо, чаро бо вуҷуди қабул гардидани шумораи зиёди ҳуҷҷатҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои занон тағйироти воқеӣ дар ин ҷода чандон зиёд нестанд?

2. Муқаррароти асосии Конвенсия

Конвенсия омилҳои гуногуни барои ҳалли проблемаи ҳифзи ҳуқуқҳои занон заруриро фаро мегирад. Моддаҳои 1 ва 4-и Конвенсия аҳамияти махсус доранд. Дар моддаи 1 таърифи мафҳуми «табъиз нисбат ба занон» баён гардида, дар моддаи 4 фаҳмонда мешавад, ки кадом чораҳои муваққатӣ мутаносибан ба нимаи мардонаи инсоният табъиз ҳисобида намешаванд.

Мафҳуми «табъиз нисбат ба занон» ҳама гуна фарқият, хориҷкунӣ ё маҳдудсозӣ бо нишонаи ҷинсро дорад, ки ба заифгардонӣ ё умуман эътироф накардан, истифода ё татбиқи ҳуқуқҳои инсон ва озодиҳои асосӣ дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шаҳрвандӣ ё ҳама гуна соҳаи дигар аз ҷониби занон, сарфи назар аз ҳолати иҷтимоии онҳо, дар асоси баробарҳуқуқии мардону занон равона гардидааст.

Моддаи 1-и Конвенсия дар бораи барҳам

додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон.

Тибқи моддаи 4-и Конвенсия аз ҷониби давлатҳои аъзо андешида шудани тадбирҳои махсуси ба ҳифзи на танҳо модарӣ, балки тадбирҳои муваққатии махсуси баҳри суръатбахшии ҷорӣ намудани баробарии воқеии байни мардону занон равонагардида табъиз ҳисобида намешаванд. Аммо чунин тадбирҳои муваққатии махсус, вақте ҳадафҳои баробарии имкониятҳо ва вазъи баробарҳуқуқонаи мардон ва занон ба даст меоянд, бояд бекор карда шаванд.

Дар амал ҷорӣ кардани ба ном «табъизи мусбат» ҳангоми қабул ба кор, ки маънояш бартарӣ додан ба занҳо дар сурати баробарии маълумотҳои даъвогарони қабулшавӣ ба кор аз ҷумлаи мардону занон (мавҷудияти таҳсилоти зарурӣ, собиқаи кории кофӣ ва ғайра) мебошад, чунин чораҳо шуда метавонанд.

Конвенсия ҳамаи давлатҳои дар он иштирокдоштаро вазифадор менамояд, ки:

— принсипи баробарҳуқуқии мардон ва занонро дар Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ дохил намуда, ба татбиқи амалии он муваффақ гарданд;

— дар сурати зарурат қарорҳои махсуси манъкунандаи табъизро нисбат ба занон истифода кунанд;

— барои дигаргун кардани қонунҳо, расму оинҳо, амалияе, ки нисбат ба занҳо табъизӣ мебошанд, тадбирҳо андешанд;

— ба мардҳо ва занҳо ба андозаи баробар аз ҳамаи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, шаҳрвандӣ ва сиёсӣ истифода карданро таъмин намоянд.

Дар Конвенсия махсус дар он хусус сухан меравад, ки «дар шароити қашшоқӣ занон барои дастрас намудани озуқаворӣ, тандурустӣ, маориф, тарбияи касбӣ, шуғл, инчунин дигар эҳтиёҷот имконияти камтар доранд».

Мехостем таваҷҷӯҳро ба ду тавсияи амалии Конвенсия оид ба дигаргун сохтани қарорҳои амалкунанда, расму оинҳо ва амалияҳо ҷалб намоем. Дар тавсияи аввал сухан дар бораи зарурати барҳам додани табъиз дар соҳаи шуғл, ҳангоми қабул ба кор: дар бораи таъмини пардохти баробар барои меҳнати баробарарзиш; инчунин манъ будани «аз кор озод кардан бинобар ҳомиладорӣ ё рухсатии ҳомиладорӣ ё таҳдиди озод кардан ба сабабҳои оилавӣ» меравад. Тавсияи дуюм барои пешрафти муваффақонаи занон дар сиёсат таваҷҷӯҳро ба бурсияҳои (квотаҳои) махсус ҷалб месозад. Дар Конвенсия гуфта шудааст, ки дар қонунгузории миллӣ истифода кардани чораҳо ва тартиботи махсуси ба баробарии амалии мақоми мардон ва занон мусоидаткунанда комилан равост. Аз ҷумла бурсияҳо барои занон дар мақомоти намояндагӣ ё қонунбарор ва сохторҳои ҳокимияти иҷроия; дар рӯйхатҳои номзадҳо ба депутатӣ; дар мақомоти роҳбарикунандаи ҳизбҳо, ҳаракатҳо ва ғайра.

Конвенсия баробарҳуқуқии ашхоси ҳар ду ҷинсро дар соҳаи сиёсӣ бо се шарти асосӣ алоқаманд мекунад. Ба зиммаи давлатҳои иштирокдор вазифаи ба занҳо дар асосҳои баробар бо мардон таъмин кардани ҳуқуқҳои зерин вогузошта мешавад: 1) овоздиҳӣ дар ҳама интихобот ва раъйпурсиҳои оммавӣ ва интихоб шудан ба тамоми мақомоти аз ҷониби омма интихобшаванда; 2) иштирок дар таҳия ва татбиқи сиёсати ҳукумат ва ишғол намудани вазифаҳои давлатӣ, инчунин иҷро намудани ҳамаи вазифаҳои давлатӣ дар тамоми сатҳҳои идораи давлатӣ; 3) иштирок намудан дар фаъолияти ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва ассосиатсияҳое, ки бо проблемаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва сиёсии кишвар машғуланд.

Конвенсия ба проблемаи баробарҳуқуқии ҷинсҳо дар соҳаи шуғл аҳамияти зиёде медиҳад. Давлатҳои иштирокдор даъват шудаанд, ки дар асоси баробарҳуқуқии мардон ва занон инҳоро таъмин намоянд:

  1. Ҳуқуқ ба меҳнат ҳамчун ҳуқуқи ҷудонопазири тамоми

одамон;

  1. Ҳуқуқ барои имконияти якхела ҳангоми кироя ба кор, аз

ҷумла истифодаи меъёрҳои якхелаи интихоб ҳангоми кироя;

  1. Ҳуқуқ ба интихоби озодонаи ихтисос ё навъи кор, пешравӣ

дар вазифа ва кафолати шуғл;

  1. Ҳуқуқ ба мукофотонии баробар;
  2. Ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ ва рухсатии пардохтшаванда;
  3. Ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ ва шароити бехатари меҳнат.

Риоя накардани ин талабот аз ҷониби Конвенсия ҳамчун табъиз аз рӯи аломати ҷинсӣ дониста мешавад. Дар навбати худ табъиз, чуноне ки амалия нишон медиҳад, метавонад дар шакли мустақим ё ғайримустақим (ниҳонӣ) зуҳур кунад. Ин далел дар Конфронси умумиҷаҳонӣ оид ба ҳуқуқҳои инсон (Вена, соли 1993), ки ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро баҳри барҳам додани тамоми шаклҳои ниҳонию ошкорои табъиз нисбат ба занон даъват намуд, махсус таъкид гардид.

? Оё дар мамлакати мо ҳангоми киро кардан ба кор табъиз аз рӯи аломати ҷинсӣ ҷой дорад?

Мафҳумҳои зеринро ба хотир гиред: Конвенсияи СММ оид ба барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон, табъиз нисбат ба занон, Кумитаи СММ оид ба барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон бурсияҳои махсус.

0 Загрузки

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *