Хикояхои точики

Ҳикояти пирамарди Димишқӣ

Масрур ривоят мекунад, ки рӯзе халифа Маъмун маро талабид ва аз ман пурсид: Тавре ба ман хабар доданд, ҳар шаб пирамарде дар поси шаб аз хонаҳои фурурехтаи Бармакиён дидан карда, ба хотири онҳо марсияҳо мехонад. Пас аз оромиши хотир аз онҷо берун омада, дунболи кори худ меравад. Маъмун гуфт: мехоҳам ӯро пеши ман биовари. Масрур бо чанд тан аз ғуломон пеш аз сапедадам ба назди он хароба рафтанд. Пас аз интизорӣ ғуломе дид, ки он пирамард ба назди харобаҳо омада, ба рӯи сандалӣ оҳанин нишаста, ашъори ҷонсузеро дар бораи хонадони Бармакиён замзама мекунад. Дар ҳамин ҳангом Масрур бо чанд тан аз ғуломон ба назди ӯ омада, пирамардро дастгир карда ба қасри халифа Маъмун бурданд. Ва халифа Маъмун иллати ин гиряҳои шабонаро аз пирамард пурсид. Вай саргузашти пурмалоли худро чунин оғоз кард: Ман Манзар писари Мағири Димишқӣ ҳастам. Вақте аз тавонгарони шаҳри худ будам ва бо зан ва фарзандонам рӯзгори осоишта ва хуш мегузарондам. Вале бо мурури замон давлат ва сарватам аз дастам рафт ва корам ба ҷое расид, ки бо фуруши ҷомаҳои мардона ва занона рӯзи мегузарондам. Аз ночори рӯзгор бо зан ва фарзандонам аз Димишқ ба Бағдод омадам. Пас аз ҷӯстуҷӯи зиёд барои пайдо кардани кор маро ба назди Бармакиён роҳнамоӣ карданд. Ман зан ва фарзандонамро дар масҷиде гузошта худам ба хонаи Яҳёи Бармакӣ рафтам. Хона бисёр бузург буд, меҳмонони зиёд дар толор нишаста буданд ва худи Яҳё дар канори хона нишаста аз меҳмонон пазироӣ мекард. Ман дар гӯшае нишаста дар фикри ҷигаргӯшаҳои худ будам. То он ки ғуломон ва хизматгорон хони таъомхурӣ густурданд ва анвои хӯрокҳои лазиз барои меҳмонон оварданд. Онгоҳ хизматгорон табақҳои хӯрокҳои лазизро ба меҳмонон оварданд. Арзиши ҳар як табақ ба ҳазор динор мерасид ва ин табақҳоро рӯ ба рӯи ҳар як меҳмон гузоштанд. Меҳмонон кам-кам аз ҷо бархоста пас аз сипосгузорӣ ва худоҳофизӣ бо соҳибхона аз онҷо берун мешуданд. Вале ман ҳамчунон дар хонаи худ нишаста будам то он ки Яҳё маро назди худ талабид ва аз рӯи меҳрубонӣ аз ҳолам пурсон шуд ва ман саргузашти худро ба ӯ нақл кардам. Баъд ӯ яке аз писаронашро назди худ хонд ва ба ӯ гуфт ин меҳмони мо аз дудмони бузург аст. Фавран ӯро ба хона бибар ва вазифаи меҳмондориро анҷом деҳ. Ман як шаби дигар меҳмони ӯ будам вале аз хаёли зан ва фарзандонам оромиш надоштам. Чун аз ӯ пурсони ҳоли онҳо шудам гуфт нигарон мабош зеро Худо рӯзрасон аст. Субҳи рӯзи дигар ӯ маро ба ба дасти бародари дигари худ Аббос супурд ва ӯ низ шаб аз ман пазироӣ кард. Хулас, ҳашт шаб меҳмони фарзандони Яҳё шудам ва рӯзи нуҳум ба Ҷаъфар расид. Рӯзи дигар ғуломе омада маро ба хонаи биёр бошӯкуҳе роҳнамоӣ кард ва гуфт акнун метавонӣ бо зан ва фарзандонат дар инҷо зиндагонӣ куни. Ман аз дидани ин хонаи боҳашамат ҳуш аз сарам парид. Бале сенздаҳ соли тамом дар сояи ҷавонмардӣ ва инъомоти ин хонадон умр ба сар бурдам то он, ки ин мусибати бузург фаро расид. Аз он замон зиндагони ман низ дигаргун шуд дороӣ ва сарватам дар қиболи молиёти давлат фано шуд. Аз ин хотир шабҳо барои дилбардории худ ба яке аз хонаҳои харобгаштаи онҳо меравам ва марсиясароӣ мекунам.[1]

Маъмун аз шунидани саргузашти ғамангези пирамард бисёр мутассир шуда фармон дод, то молу мулки аз даст рафтаашро ба вай багардонанд. Ва пирамард аз шунидани фармони халифа беихтиёр ашк аз чашмонаш ҷори шуд ва халифа аз ӯ пурсид дигар барои чи гиря мекуни? Пирамард гуфт ин бузургвории халифа низ аз баракати хонадони Бармакиён аст зеро агар ман барои онҳо мотам намегирифтам халифа Маъмун аз рӯзгори сиёҳи ман хабардор намешуд ва дорои аз дастрафтаи ман дубора ба ман намеомад. Халифа Маъмун гуфт ба Худо қасам чунин аст, ки ту мегуйӣ.


[1] Саид Аҳмадризо. Таърихи хилофати Аббосӣ аз оғоз то поёни оли Бармак – Теҳрон 1388 ҳиҷри

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *