Хикояхои точики

Ҳикояи Дузд Аз китоби «Ҳикояҳои латиф»

Дузде ба хонаи подшоҳе нақб зад ва ҷавоҳири гаронбаҳо
бардошт. Назараш ба резае афтод, ки Мисли алмос
медурахшид. Дузд дар он шаби тор онро гавҳари шабчироғ
тасаввур карда ҷиҳати имтиҳон бар даҳон гузошт. Маълум
шуд, ки намак аст. Филҳол молро ҳамон ҷо бигзошт ва бояк

биниву ду гўш роҳи хонаро гирифт.

Субҳ хизоначиён омаданд ва ба ҳузури подшоҳ зоҳир
карданд, ки дар хизона дуздон омада буданд ва молу
ҷавоҳир бардошта, аммо бозгузорида тиҳидаст рафтаанд.
Подшоҳро аҷаб омад ва гуфт

  • То мунодӣ доданд, ҳар кӣ дузд бошад, ҳозир ояд ва
    боиси набурдани чунин моли гаронбаҳо изҳор кунад, ўро
    ҷонбахшӣ ва авфи ҷурм ҳосил хоҳад шуд.

Дузд ба ҳукми ҳиммате, ки дошт ба ҳузури подшоҳ омад
вагуфт

-Ман дуздӣ карда будам. Пурсиданд, ки чаро набурдӣ?

Гуфт

  • Намаки шоҳро чашидам, ҳайф бошад, боз дуздӣ кунам
    ва ҳаққи намак ба ҷо наёрам, ки намак хўрдан ва боз хиёнат
    кардан кори хасисон аст. Подшоҳ ӯро хилъат бахшид ва
    рухсат намуд.

(Аз китоби «Ҳикояҳои латиф»)

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *