Фанни Фалсафа

Фалсафаи атиқа

  1. Маълумоти умумӣ оиди фалсафаи атиқа
  2. Фалсафаи то Суқрот
  3. Мактаби пифагорӣ
  4. Мактаби элей
  5. Мактаби афина
  6. Атомистҳо

Маълумоти умумӣ оиди фалсафаи атиқа

Фалсафаи атиқа дар Юнони қадим тахминан дар асрҳои VII-VI (п.а.м.) ба вуҷд омадааст. Фалсафа дар асоси асотирҳо ба амал омада, мудатҳои дароз дар мазуни фалсафа таъсири он ҳис мешуд.

Одатан таърихи фалсафаи атиқа ба чор давраи асосӣ тақсим мешавад. Давраи аввал- фалсафаи то Суқрот. Ин марҳила асрҳои VII-V-ро дар бар мегирад. Мактабҳои афинӣ, милетӣ, пифагорӣ, элейӣ ва ҳамчунин донишмандони ҷудогонае монанди Гераклит, Эмпедокл, Левкиппа ва Демокрит мутааллиқ ба ҳамин давра мебошанд.

Давраи дуюми инкишофи фалсафаи атиқа (нимаи авали асри V– охири асри IV (п.а.м.)) давраи классикӣ аст. Ин давра бо мактаби софистҳо ва бо номи чунин файласуфони бузург, монанди Суқрот, Афлотун, Арасту машҳур аст.

Давраи сеюм дар таърихи фалсафаи атиқа (охири асри IV- асри II п.а.м) бо номи фалсафаи эленистӣ маълум аст. Ин давра ба пайдоиш ва инкишофи мактабҳои эйпикуриҳо, машоъиён, стоикҳо ва скептикҳо (шакокиён)-и оғозин алоқаманд мебошад.

Давраи чорум (асри I п.а.м. – асри V милодӣ) давраи фалсафаи Рим. Хусусияти хоси ин давра пайдоиши чунин ҷараёнҳо монанди эпикуризм, стоитсизм, скептисизм ва навафлотуния мебошад.

Фалсафаи то Суқрот

Мактаби миллетӣ

Хусусияти аз ҳама муҳим ва фарқкунандаи ин мактаб аз дигар мактабҳои давраи то суқротӣ дар бошуурона матраҳ намудани масъала оиди асоси ҷавҳарияти ҳамаи мавҷудот ифода мегардад. Ба ҳайси ҷавҳар онҳо ин ё он шакли моддаро тасаввур мекарданд. Ба ғайр аз ин мактаби фалсафии миллет як самти дурахшони илмӣ-табиӣ дошт. Намояндагони барҷастаи он инҳо буданд: Фалес, Анаксимандр ва Анаксимен.

Асосгузори мактаби милетӣ Фалес (тақрибан 652-547 п.а.м.) ба ҳисоб меравад. Ўро ҳамчун физики аввал, аввалин ситорашинос, аввалин математик ва аввлин файласуф дар Ион – қисмати пешқдами минтақаи Элей, мешуморанд. Фалес бунёдгузори ақидаи ба математика ва умуман ба илми атиқа ворид намудани исбот ё хулосаи дедуктивӣ баҳисоб меравад. Ин ақида натанҳо асоси инкишофи босурати илми атиқа гардид, балки ба илми табиатшиносӣ ва фалсафаи ратсионалӣ таъсири амиқ гузошт. Фалес материалисти стихиявӣ буд. Аз рўи ақидаи ў мабдаи олам об мебошад.

Фалес баъди худ ягон осори хаттиро боқӣ нагузошт. То замони мо танҳо гуфторҳои ҷудогонае боқи мондаанд, ки файласуфон ва таърихнигорони дигар ба ў нисбат додаанд, аз ҷумла:

  • Сухани барзиёд ҳаргиз ифодагари андешаи оқилона нест
  • Муқаддамтар аз ҳама ашё Худост, зеро Ў зода нашудааст
  • Зеботар аз ҳама коинот аст, зеро он офаридаи Худост
  • Босуръаттар аз ҳама андешааст зеро ў бе ист медавад.
  • Пурзуртар аз ҳама эҳтиёҷ аст, зеро ў бар ҳама ғолиб аст
  • Оқилтар аз ҳама вақт аст зеро ў ҳама чизро зоҳир мекунад.

Анаксимандр (тақрибан 610-546 п.а.м.) шогирд ва пайрави Фалес. Анаксемандрро муаллифи аввалин асари насрии фалсафӣ «Оиди табиат» меҳисобанд. Аз ин асар то замони мо фақат баъзе порчаҳо ва ифодаҳои ҷудогона боқӣ мондаанд. Тахмин мезананд, ки Анаксимандр аз файласуфони атиқа авалин шуда чизеро, ки дар моҳияти ҳамаи мавҷудот қарор дорад, мабда номид. Ин мабда ба ақидаи ў на як унсури ҷудогонаест, аммо ким чи хел ба ҳамаи онҳо бетафовут буда, ҷавҳари номуайян- апейрон мебошад. Апейрон як чизи абстрактӣ буда, аммо бо ин ҳама ў моддӣ аст. Апейрон дорои хусусиятҳои беҳмадудӣ, беинтиҳоӣ мебошад. Ў абадӣ ва нестнашаванда буда, ҳамеша дар ҳаракат аст. Ба сабаби фаъол будани апейрон ашё падид ва нест мегарданд. Ба шарофати ин фаъолият аз ў зидҳо (тарӣ ва хушкӣ, гармӣ ва хунукӣ) ба вуҷуд меоянд аз пайвастшавии ин ҷуфтҳои муқараршуда чор унсури маълум об, хок, бод, оташ ташкил мёбанд. Апейрон бошад ҳамаро фаро гирифта, идора мекунад.

Ба ғайр аз ақидаи апейрон — ҳамчун асоси ҳамаи мавҷудот, Анаксимандр за байни файласуфон аввалин шуда фарзияеро оиди пайдоиши ҳаёти заминӣ ва инсон баён намуд. Мувофиқи ақидаи ў ҳаёт дар сарҳади хушкӣ ва баҳрҳо пайдо шудааст. Одам бошад аз ҳайвоноте пайдошудааст, ки пештар дар об зиндагӣ мекарданд.

Анаксимен (585-524 п.а.м.) шогирди Анаксимандр буда, дар бисёр мавридҳо ба таълимоти ў пайравӣ менамояд. Аммо дар фалсафаи ў апейрон танҳо сифати бод мемонад, ки номаҳдуд буда, мабдаи ҳамаи ҳастӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз таъғирёбии зичии ҳаво, ҳаракати он боиси пайдоиши дигар аносир, ашёи ҷудогонаи олами моддӣ, ҷисм ва ҳатто ҷон мегардад.

Мактаби пифагорӣ

Асосгузори ин мактаб Пифагор (тақрибан соли 570 – авали асри V п.а.м.) ба ҳисоб меравад. Чунин мегўянд, ки Пифагор дониши худро баъди таҳсили 34-сола дар назди коҳинони Миср ва Бобулистон ва мумкин аст дар назди доноёни Ҳинд ба даст овардааст.

Маълум аст, ки Пифагор яке аз беҳтарин математикҳои замони худ ба шумор мерафт. Исботи «теоремаи Пифагор» ба ў шўҳрати зиёде овард. Ба Пифагор инчунин ақида «адад асоси ҳамаи ашёст» нисбат дода мешавад. Аз рўи ин ақида адад оғози коинот аст.

Мактаби элей

Мактаби элей дар охири асри VI п.а.м. дар соҳили италиявии «Элиадаи бузург», дар шаҳри Элея ба вуҷуд меояд. Асосгузори он Ксенофани Колофонӣ буда намояндагони нисбатан машҳураш Парменид, Зенон ва Мелис мебошанд.

Ксенофан (тақрибан 570-487 п.а.м.) –шоир ва файласуф, қариб ҳафтод солро дар сафарҳо гузаронда буд. Ксенофан консепсияи комили фалсафӣ надорад. Ақидаҳои фалсафии ў мутаззоданд. Ў чунин ақидаро пайгирӣ менамуд:

  • Фақат як Худое вуҷуд дорад, ки ба мирандаҳо на аз чиҳати қиёфа ва на аз ҷиҳати фаҳм монанд аст. Ў ҳамабин, ҳамашунав ва ҳамадон буда, Худои ягона аст.
  • Асоси ҷавҳари оламро хок ташкил мекунад, ки аз он бо ёрии об ҳаёт ба вуҷуд меояд.
  • Маърифати ҳиссӣ ба мо дониши ҳақиқиро дода наметавонад, лекин ақл низ баъзан моро фиреб медиҳад чунки ҳақиқат тасодуфӣ аст.

Парменид –шоир ва файласуф. Асари асосии ў манзумаи «Дар бораи табиат» мебошад. Парменид яке аз аввалинҳо шуда ба масъалаи ҳастӣ таваҷҷўҳ зоҳир карда, масъалаи муносибати ҳастӣ ва тафаккурро баррасӣ менамояд.

Хастӣ аз рўи ақидаи ў дар мўқобили нестӣ вуҷуд дорад. Ҳастӣ ягона, тақсимнашаванда ва таъғирнопазир мебошад. Парменид оғози ҳама чизро оташ ва хок меҳисобид.

Мактаби афина

Анаксагор (500-449 п.а.м.) масъалаи асосии фалсафаи ў масъалаи таъғироти сифатии ҷисм то табдилёбии он мебошад. Анаксагор ақида дошт, ки ибдо фақат зарачаҳои хурди ба ҳисёт номуайяни ин ё он мода буда метавонад, ки миқдори онҳо беҳмаҳдуд аст.

Анаксагор аваллин шуда оғози ғайримоддии фикр ё Ақлро аз мода ҷудо намуд. Ў донист, ки мода зуҳуроти ҳаракатро, фикрро, низоми мақсаднокро дар коинот шарҳ дода наметавонад. Анаксагор байни олами моддӣ ва ғайри моддӣ тафовут мегузошт. Олами ғайри моддиро бо рўҳи оқилаи инсон монанд медонист. Ҳамин тариқ бори аввал мафҳуми оғози универсалӣ ҷорӣ гардид. Дар системаи андешаҳои фалсафии ў ин ибдои универсалӣ истисноан нақши сабаби ибдоъ- муҳаррики ҷаҳониро мебозад.

Гераклит оғози ҳамаро оташ меҳисобид ҳарчанд, ки ин оташ аз тарафи логоси ҷаҳонӣ идора карда мешавад. Оташ танҳо он вақт боақлу илоҳист, ки атои логос бошад. Ин логос аз рўи нуқтаи назари Гераклит чун қонуни диалектикии Коинот аст, ки дар он алоқаи универсалӣ ва устувори тарафҳои муқобил инъикос меёбанд. Ягонагии онҳо, тасодуфашон, шабоҳияти онҳо барои мубориза, ки худ ҳамчун сабаби ҳаргуна пайдоиш ва аз байнравӣ, умуман боиси ҳаргуна таъғирот мегардад, ҳамчун асос хизмат менамояд. Барои Гераклит шубҳае дар он нест, ки : «ҳама чиз дар ҷараён қарор дорад, ҳама чиз таъғирпазир аст», «ба як дарё ду бор даромадан мумкин нест».

Атомистҳо

Ақидаи атомистии Левкипп ва Демокрит ҳамчун кулминатсияи фалсафаи материалистии атиқа баҳисоб меравад. Атомистҳо ақидаи Анаксагор оиди мавҷудияти зарачаҳои моддии хурди зиёди беҳудудро асос қарор дода буданд. Аммо дар тафовут аз ў онҳо чунин меҳисобиданд, ки ин зарачаҳо ҳаракат мекунанд ва ҳаракаташон дар хало ба вуҷуд меояд.

Атомизм ҳамчун ҷараёни афкори атиқа барои ба як шакл даровардани фалсафаи оғози офариниш падидор гашт. Ҳамин тариқ Демокрит ва пайравони ў оғози офаринишро ба атом нисбат медиҳанд. Ҳам об, ҳам ҳаво, ҳам хоку оташ аз миқдори зиёди атомҳо, ки аз рўи хусусиятҳои сифатии худ фарқ мекунанд, аммо ба таври ҷудогона тавассути ҳисёт даркнашаванда мебошанд, иборат ҳастанд. Атомистҳо оламро ҳамчун ягонаву том, ки иборат аст аз зарачаҳои тақсимнашавандаи хурди бениҳоят-атомҳо, ки дар хало ҳаракт мекунанд, мешумориданд. Ба ақидаи Демокрит ҷони инсон ва ҳато худоҳо низ аз атомҳо таркиб ёфтаанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *