Фанни Фалсафа

Маориф ҳамчун раванд ва воситаи интиқоли фарҳанг

Ташаккули ҷамъияти инсонӣ бо пайдоиш ва инкишофи фарҳанги он – низоми меъёрии воситаҳои моддӣ, ташкилӣ ва маънавии таъмини мавҷудияти инсон тавассути фаъолият оид ба ҳалли мушкилоти пайдошуда — вобаста аст. Маънои фаъолияти инсонӣ дигаргунсозии ба мақсад мувофиқи олам, ҳадди аққал барои ҳаёти инсон мувофиқ сохтани он мебошад. Чунин муносибат ба олам шуурро – олати инсонии дарку таҳлили масоил, банақшагирии (коллективона)-и фаъолиятро ташаккул медиҳад. Ин тафовути аслии фаъолияти фарҳангии инсон ва рафтори бо шароити табиат мутобиқи ҳайвонотро ифода мекунад: муҳити зиндагии худро тағйир дода, инсон шароити ташаккулёбии рефлексҳои рафтори худ ва мазмуни онҳоро низ дигаргун месозад, ҷараёни инкишофи онҳоро суръат мебахшад.

Маҷмӯи меъёрҳои аломативу донишие, ки барои кори шуур ва таъмини фаъолияти фарҳангии ҷомеа, ҳама аъзоёни он заруранд, рамзи иҷтимоӣ (сотсиокод, бо ишорати М.К.Петров) номида мешавад. Ба таркиби рамзи иҷтимоӣ намунаҳои ашё, олот, иншооти аз лиҳози ҷамъиятӣ манфиатовар, стандартҳои рафтор, тафаккур, тасаввуроти меъёрӣ оид ба олам ва инсон дохил мешаванд. Ба рамзи иҷтимоӣ ворид намудани инсон дар ӯ мавҷуд будани қобилиятҳои зеринро дар назар дорад: 1) гузориши мақсадҳои ба фарҳанг мувофиқ, 2) барои ба даст овардани онҳо интихоб кардани воситаҳои ба фарҳанг мувофиқ (амалиётӣ, ташкилӣ ва иртиботӣ), 3) гузаронидани таҳлили мувофиқи шароит, ки ӯ мехоҳад дар он амал кунад, дуруст онро баҳо диҳад, хулосаҳо барорад, қарорҳо қабул намояд ва онҳоро амалӣ созад, 4) ба хатогиҳои худ ҷиддӣ муносибат кардан. Шарти муҳимтарини фаъолият ва интиқоли рамзи иҷтимоӣ инсонандозагии иртибот дар ҷомеа мебошад (дар тафовут аз иртиботи ғайриинсонандозагӣ, яъне душманона, ки манфиатҳои дигаронро ба эътибор намегирад ва таҷовузро истифода мебарад; сабаби ибтидоии чунин иртибот номувофиқатии фарҳангии рамзҳои иҷтимоии миллатҳо мебошад). Аз замонҳои қадимтарин ҳар инсоне, ки ба рамзи иҷтимоӣ мувофиқат надошт, яъне барандаи онҳо набуд, инсон шуморида намешуд, яъне радимаърака мегардид. Барои ҳамин, интиқол ҷабҳаи аз ҳама муҳимтарини фарҳанг мебошад, ки маънояш таъмин кардани кори муттасилонаи фарҳанг ва такрористеҳсоли он дар наслҳо мебошад. Ҳар як насли нав бояд ҳамаи он чизеро, ки аҷдодони он иҷро карда метавонистанд, омӯзад ва ин гарави зинда мондани худи ӯ, тамоми ҷомеа ва башарият мебошад. Маориф ҳамчун ниҳоди иҷтимоӣ маҳз ҳамин вазифаро (хуб ё бад, самаранок ё бесамар) иҷро мекунад.

Дар ҷамоаи ибтидоӣ ҳаёти инсон ба ҳаллу фасли як масъала нигаронида шуда буд: зинда мондан дар шароитҳои нарасидани захираҳои хӯрокворӣ ва хатари доимӣ аз офатҳои табиӣ ва ҳайвоноти ваҳшӣ. Вобаста ба ин, ҳам насли калонсол ва ҳам насли хурдсол, умуман ҳама аъзои қабила, новобаста аз ҳар гуна фарқият, ҳал кардани танҳо ҳамин як масъалаи барояшон умумиро меомӯхтанд. Дар чунин шароит душворие вобаста ба ҳавасмандкунии омӯзиш ва иртибот ба вуҷуд намеомад: омили онҳо талаботи табиӣ буданд, воситаҳои зиндамондан барои ҳама якхел буд. Маҳз онҳо мундариҷаи аввалин рамзи иҷтимоии таърихӣ-исмишахсиро ташкил медоданд: танҳо соҳиб шудан ба қобилиятҳои барои зиндагонӣ зарур ҷавонро ба инсони болиғ табдил медод (дар баъзе қабилаҳо то ин лаҳза ҳамаи кӯдаконро бо як ном — «кeдак» — нидо карда мешуданд). Ба фарҳанг ҳамроҳ кардани ҷавонон дар ин давра бо роҳи санҷидани онҳо таъмин мегардид. Он аз гузаронидани писарону духтарон (дар алоҳидагӣ) аз як қатор озмоишҳо (моҳиятан бозимонанд) иборат буд, ки бо зарурияти аз байн бурдани эҳсосоти уқубат ва шароитҳои ба таври сунъӣ ба амал овардашуда (гуруснагӣ, сармо, дард, тарсу ваҳм дар ҳолати ноошно, мусоидат ба омӯзиши малакаҳои фардию коллективонаи шикору чорводорӣ ва майдондорӣ — барои ҷавонмардон; кори якрангу дарозмудати хонагӣ — барои духтарон). Натиҷаи асосии он — табдилоти шуури кӯдакона ба шуури болиғ буд: ба кор даровардани захираи иродавӣ, ки заминаи таҳаммул ва фармонбардорӣ барои азхудкунии таҷрибаи фарҳангии бегона ва камфаҳмои калонсолон аст. Ҳамин сифатҳо дар давраи мазкур мундариҷаи инсонандозагии рамзи иҷтимоиро ташкил медоданд.

Ҷамъоварии тадриҷии воситаву техникаҳои таъмини моддии ҳаёт, донишҳо оид ба муҳити атроф, (пеш аз ҳама – дар шакли тасаввуротҳои устуравӣ) ва технологияҳои ташкилӣ ба тақсимоти ибтидоии меҳнат дар дохили як қабила оварда расонид: шикорчиёни авлодӣ, устоҳо (косибони оянда), чорводорон, зироаткорон, дуохонҳо, ҷодугарон, ҷанговарон ва ғайра пайдо мешаванд, ки ҳар яке тарзи ҳаёти худ, донишҳо, қобилиятҳо ва ақидаҳои худро доштанд. Интиқоли ин донишҳою қобилиятҳои авлодӣ дар доираи оила сурат мегирифт: ширкати хурдсолон дар корҳои калонсолон танҳо бо омилҳои синнусолӣ маҳдуд мешуд, талаботро бошад, худи ҳаёт пеш мегузошт. Баҳонае барои ихтилофот дар ҳаёти оилавӣ ё барои ҷудошавии оила пайдо шуда наметавонист, зеро таҷрибаи ҳаёт нишон медод, ки зинда мондан ҳамеша дар якҷоягӣ имкон дорад. Бинобар ин, интиқоли арзишҳои фарҳангӣ, (яъне интиқоли рамзӣ иҷтимоӣ) аз равандҳои бевоситаи таъмини ҳаёт ҷудо карда нашуда буд, чунон ки ҳаёт ба шуури фард низ аз ҳаёт ва шуури қабила ҷудо набуд.

Вале ба дараҷаи инкишофи фарҳанг дар вай (дар қатори донишҳо ва қобилиятҳое, ки бевосита ба дастоварии натиҷаҳои лозимаро таъмин мекунанд) тадриҷан аҳамияти бештарро донишу қобилиятҳое мегиранд, ки онҳо барои мақсадҳои нисбатан дуртар мусоидат менамуданд, (масалан, мавсимӣ иваз кардани ҷои чарогоҳи чорво, корҳои саҳроӣ, омодагӣ ба офатҳои табиӣ, захира кардани хeрокворӣ худ ва дигарон ва ғ.) заруранд. Ин гуна донишҳо бо талаботҳои инсонӣ мустақиман вобаста нестанд, ин донишҳо роҷеъ ба алоқаҳои дар таҷрибаи фарҳангӣ мустаҳкамшуда мебошанд, ки барои азхуд кардани онҳо марому сабабҳои иловагию сунъӣ лозим аст. Тадриҷан сохтори касбии ҷомеа ташаккул меёбад ва интиқолоти тағйирии рамзи ибтидоии исми-шахсии иҷтимоӣ рух медиҳад. Вай ба рамзи касбӣ-исмии иҷтимоӣ табдил меёбад (вақте ном бо маҳорати эътирофшудаи касбӣ ва ҷамъиятӣ вобастагӣ дорад), рамзи иҷтимоии пешинаи иҷтимоӣ ҳамчун унсури тобеъ аҳамияти мустақили худро танҳо барои синну соли муайян нигоҳ медорад. Дар асоси чунин рамзи исми-шахсии иҷтимоӣ мумкин аст фарҳанги хоссае ташаккул ёбад.

Главный Редактор

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *