Фанни Фархангшиноси

Ба вуҷуд омадан ва ташаккули алоқаи байнифарҳангҳо  дар ШМА ва Аврупо

Ба вуҷуд омадани алоқаи байнифарҳангҳо чун фанни омӯзишӣ аввалан чун шуцли шахсии амалии коргузории сиёсатмадорони Амрико ва корчалонҳо ба ҳисоб мерафт. Баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ доираи сиёсат, иқтисодиёт ва фарҳанги Амрико васеъ шуда, батадриҷ инкишоф  меёфт.

Мансабдорони ҳукумат ва корчалонҳое, ки дар хориҷи кишвар фаъолият доштанд, дар  мавридҳои алоҳида нокомӣ ва нотавоноии худро аз боиси сар задани нофаҳмиҳое, ки мавриди кор бо намояндагони дигар фарҳангҳо ба вуҷуд меомаданд, эҳсос намуданд.

Дар бисёр мавридҳо ин тазоҳур ба ҷанҷол, бадбинӣ, малолият оварда мерасонд. То ҳатто дар сатҳи лозима донистани забони даркорӣ , сабабгори аз ҳар ҷиҳат пурра тайёр будани онҳо барои ҳалли масоили баҳсталаби кор дар хориҷа намегардид. Оҳиста – оҳиста онҳо эҳсос намуданд, дар баробари забон- фарҳанги мардуми дигар, одат, суннат ва меъёри рафтори онҳоро ба таври лозимӣ омӯхтан зарур аст.

Дар он ҳангом  ШМА нақшаи ёрӣ ва ҳамкориро бо мамолики рӯ ба тараққӣ, рӯи кор овард. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаҳои алоҳидаи ин нақша, нафарони зиёди муҳаққиқону фаъолони Корвони сулҳ ба мамолики гуногун сафар намуданд. Дар он мамолик,онҳо дар мавридҳои зиёд,  ба нофаҳмию ҷанҷолҳо рӯ ба рӯ мешуданд, ки дар натиҷа, ин чунин сурат гирифтани кор ,ба ноком гардидани онҳо, дар ҳалли масоили  пешгузошташудаашон мегардид. Кормандони маъсул ва ҳатто коргарони қатории ин корвон эҳсос намуданд, ки онҳо барои ҳалли масоили  асосию амалии фаъолият бо намояндагони фарҳангҳои дигар ба таври лозима тайёр нестанд. Муайян гардид, ки тайёрие, ки онҳо пеш аз сафар намудаанд дар сатҳи даркорию кофӣ нест. Нокомиҳои зиёди фаъолони Корвони Сулҳ, масъалаи тайёрии махсусро пеш овард, ки дар он диққати  лозима  бояд ба дарки амалии ҷанбаҳои асосииалоқаи байнифарҳангҳо дода шавад,  акнун бо иттиллои хушку холӣ дар бобати хусусиятҳои фарҳангии ин ё он мамолик қаноат намудан ба мақсад расиданро дар ҳалли масъалаҳо имконнопазир  месохт.

Дар ҷавоби ин равандҳо Ҳукумати ШМА дар соли 1946 конун дар бораи фаъолияти хориҷӣ қабул намуда, Пажӯҳишгоҳи хидмати корӣ дар хориҷаро созмон дод, ки онро забоншинос  Эдвард Холл сарварӣ менамуд. Барои кор дар ин Пажӯҳишгоҳ олимони соҳаҳои гуногун , бостоншиносон, сосиологҳо, равоншиносону забоншиносон ва цайра ҷалб гардиданд. Лекин ҳамаи кӯшишҳои онҳо, дар фаҳмишу муайян намудани рафтори фарҳангҳои цайр, он вақт  бештар бо қиёс асоснок мегардиданд, яъне баръакси бо дониши илмию амалӣ ва таҷрибаю мушоҳида ,ки мебоист такя ба ин самтҳо дошт. Барои ҳамин  аввалан натиҷаи кори онҳо назарногир менамуд. Хулосаи асосие, ки мутахасиссони ин Пажӯҳишгоҳ бароварданд аз он иборат буд , ки ҳар як фарҳанг сохтори хоси арзишҳоеро дорост; бартарӣ, тарзи рафтору цайра,  ва барои ҳар як  нишондодҳои онҳо, омӯзишу ва баҳодиҳӣ  низ дар асоси муҳити ҷойгиршавии фарҳанг роҳандозӣ мешуд. Дар раванди кори худ мутахасисони Пажӯҳишгоҳ бо таассуф  ошкор намуданд ,ки кормандони Ҳукумат ба омӯзиши масъалаҳои  назариявию амалии  фарҳангу муошират таваҷҷӯҳ зоҳир нанамуда , баръакс хоҳиши маслиҳату пешниҳодоти мухтасарро оиди рафтори амалӣ дар мамолики цайр менамуданд.

Бинобар ба кор ҷалб намудани одамони дорои фарҳангу забонҳои гуногун , ин тарзи кор ба Эдвард Холл имконият фароҳам овард, ки гуногунии фарҳанги онҳоро  дар амал мушоҳида намуда, омӯзад. Масалан ӯ мушоҳида намуд, ки итолиёиҳо бештар мавриди гуфтугӯ ба ҳамдигар наздик меистанд , ёин ки юнониҳо ҳангоми муошират ба ҷунбондани даст ва имою ишора мепардозанд. Ё ин ки хитоиҳо баръакс аз имову ишора кам истифода мебаранд. Мушоҳидаҳои худро Холл дар машварат бо намояндагони гуруҳҳои фарҳангии гуногун собит намуд ва ба нақшаи таълимии Пажӯҳишгоҳ ворид сохт. Ва то ҳанӯз бештари манбаҳои таълимӣ оид ба алоқаи байнифарҳангҳои Амрико диққати асосиро ба ишораҳо ва тавсияҳои амалӣ, мавриди муошират бо намоядагони фарҳангҳои дигар, равона месозанд.

Бо боварӣ метавон ба вуҷуд омадани алоқаи байнифарҳангиро чун фанни таълимӣ соли 1954 ҳисобид, ки он сол китоби Э. Холл ва Д. Трагера бо номи Фарҳанг воситаи алоқамандӣ нашр гард. Дар он муаллифон, бори аввал истифодаи васеи истилоҳи алоқаи байнифарҳангҳоро, ки ба фикри онон ҷиҳатҳоии асосии соҳаи муносибату равобит ва муоширати инсонҳоро бо ҳамдигар ифода менамуд, пешниҳод намуданд. Баъдан дастурҳои асосию пешниҳодоти алоқаи байнифарҳангҳоба таври бояду шояду нисбатан васеътар дар китоби Э. Холл «Забони гӯлҳо 1959» ба табъ расид, ки дар он муаллиф алоқаи мустаҳками байни фарҳангу иттилоотро муайян менамояд.

Холл нуқтаи назари худро дар бораи алоқаибайнифарҳангҳо инкишоф дода,ба хулосае омад, ки онро метавон таълим дод. Бо ин Холл аввалин шуда масъалаи алоқаи байнифарҳангҳоро на танҳо чун фанни тадқиқоти илмӣ, балки чун фанни мустақили таълимӣ роҳандозӣ намуд.

Раванди арзи вуҷуд намудани алоқаи байнифарҳангҳо чун фанни талимӣ солҳои 1960 ба вуқӯъ пайваст, ки он ҳангом ин фан дар бархе донишгоҳҳои ШМА таълим дода мешуд.

Ин амал ба таври назаррас мундариҷаи дарси таълими фанни алоқамандии фарҳангҳоро дигаргун сохт. Дар солҳои 1970 тадриҷан хусусияти амалии дарсҳоро манбаҳои лозимаи назариявии муошират пурра намуданд, ки ин амал басохтори олии тадриси ин фанн дар донишгоҳ оварда расонд, ва дар худ ҳам низомҳои назариявӣ ва ҳам фаъолияти амалии алоқаи фарҳангҳоро цунҷонида буд.

Дар қитъаи Аврупо арзи вуҷуд намудани алоқаи байнифарҳангҳо чун фанни таълимӣ андаке дертар аз ШМА ва бо сабабҳои дигар ба вуқӯъ пайваст. Созмон додани Иттиҳоди Аврупо сарҳадҳои наверо барои рафту омади одамон ва мубодилаи молу пул кушод. Марказҳои Аврупо ва шаҳрҳои калони он ба таври назаррас муҳити худро бо воридшудани намояндагони дигар фарҳангҳо ва пардохтанашон ба ҳаёти ҷомеавии он, дигаргун сохтанд. Ин раванд масъалаи муоширати дорандагони фарҳангҳои гуногунро пеш овард. Дар ин замина оҳиста – оҳиста таваҷҷӯҳи олимон ба масъалаи алоқаи фарҳангҳо зиёд гардида, шаклу сохтори худро касб намуд. Дар асоси намунаи ШМА дар баъзе донишгоҳҳои Аврупои Царбӣ дар солҳои 70 – 80 – уми асри 20 шӯъбаҳои алоқаи байнифарҳангҳо созмон дода шуданд; масъалан дар Мюхен ва Йена. Соли 1989 дар донишгоҳи Мюхен тахассуси нави алоқаи байнифарҳангҳо роҳандозӣ карда шуд. Дар асоси таҷрибаи Амрико оиди таълими фанни алоқаи байнифарҳангҳо  нақшаҳои таълимӣ тартиб дода шуданд, ки ба манбаҳои фолкрорӣ,мардумшиносӣ ва забоншиносӣ асос ёфтанд.

Арзи вуҷуд намудани   алоқаи байни фарҳангҳо дар Руссия.

Дар илм ва сохтори маорифи Руссия пешниҳоди аввалини омӯзиши алоқаи байни фарҳангҳо аз тарафи омӯзгорони забонҳои хориҷӣ ба вуқӯъ пайваст, ки онҳо пеш аз ҳама дарк намуданд, ки барои муоширати лозима бо намояндагони дигар фарҳангҳо фақат донистани забонҳои хориҷӣ кофӣ нест. Таҷрибаи муоширату муносибат бо хориҷиён собит сохт, ки ҳатто донистани забони хориҷӣ ба таври бояду шояд низ, сар задании нофаҳмию баҳсу ҷанҷолро, бо он соҳибзабонон истисно наменамояд.

Барои ҳамин дар донишгоҳҳои зиёде тадриси забонҳои хориҷӣ бо фанни кишваршиносӣ алоқаманд гардид, ки донишҷӯён имконият пайдо намуданд, бо таърих, урфу одат ва дигар ҷиҳатҳои хоси соҳибзабононе, ки забонашон мавриди омӯзиш қарор меёфт ошноӣ пайдо созанд. Лекин тавре таҷриба нишон дод, фақат дониши назариявӣ доштан дар бобати фарҳангҳои алоҳида, барои муоширати солиму бемонеъа, яъне бе ҷанҷолу нофаҳмӣ пайдо шудан бо намояндагони дигар фарҳангҳо кофӣ нест. Робитаҳои фаъолона ва муваффақона бо намояндагони дигар фарҳангҳо, бе таҷрибаи амалӣ дар алоқаи фарҳангҳо имконнопазир аст.

Дар бархе аз Донишгоҳҳои Руссия дар нақшаи таълимӣ, фанни наве бо номи алоқаи  байнифарҳангҳо ҷорӣ гардид. Ворид шудани ин фан ба нақшаи таълимӣ, пеш аз ҳама, аз боиси тайёр намудани донишҷӯён барои робитаи фаъолона дар масъалаи алоқаи байнифарҳангҳо дар сатҳи рузмарраи муоширати хоссаи байниҳамдигарӣ ба роҳ монда шуд. Барои ҳамин фақат дониш дар бораи хусусияти нофаҳмии байнифарҳангӣ кофӣ нест, дар ин ҷо ҳатман сохтори тавон ва фаҳмиши амалие ки ба таври озодона ҳамдигарфаҳмию дарк намудани мароми намояндагони дигар фарҳангҳо фароҳам меорад, зарур аст.

Дар ҳоли ҳозир соҳаи алоқаи байнифарҳангҳо, дар донишгоҳҳои Руссия чун фанни таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Ташаббускори асосии ин раванд шӯъбаи забонҳои хориҷии донишгоҳҳои давлатии Москва мебошад, ки ин фан солҳои зиёд дар донишгоҳ таълим дода шуда, аллакай якчанд дарсҳои тарциботӣ ва нақшаи мукаммале дар самтҳои гуногуни ин раванд тартиб дода шуда ба низоми муайяне даромадаанд.

Ин ташаббус дар чанде дигар донишгоҳҳои Маскав, донишгоҳи Дӯстии Халқҳо, Унверситети давлатии забоншиносӣ, Донишгоҳи гуманитарии Руссия низ дастгирӣ ёфт.

Таҷрибаи тадриси фанни алоқаи байнифаҳангҳо дар ин донишгоҳҳо муайян сохт, ки дарсҳои амалӣ ва лексионӣ дар ин самт афзалият доранд. Самараи асосии дарсҳои амалие, ки дар ҷараёни он донишҷӯён имконияти ба эҳсосу дарки моҳияти масъала ворид шуданро дар муҳити воқеии алоқаи байнифарҳангҳо, баҳсҳо ва таҳлилҳои рафтори шахсӣ ва ҳамроҳонашро доранд, собит гардиданд. Дарсҳои амалӣ чун қоида баҳсҳои бардавомеро ба вуҷуд оварда, шавқу рацбат ва таваҷҷӯҳи донишҷӯёнро ба ин фан бедор месозанд ва монеаҳои равонии муносибати устод ва донишҷӯро бартараф месозанд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *