Фанни Фархангшиноси

Фарҳанг. Мазмуни мафҳум

Фарҳанг дар ҳаёти инсоният беш аз пеш мавқеи зиёдтареро ишғол менамояд. На танҳо фарҳанги дорои   маънои васеъ — тамоми дастовардҳои башарият, балки он  чизе, ки дар сатҳи шуури муқаррарӣ чун фарҳанг муаррифӣ гардидааст, монанди: маърифатнокӣ, маълумотнокӣ,   покдилӣ, раҳмдилӣ ва ғ. Адами чунин сифатҳо, ё норасоии  онҳо дар ҷомеа алакай эҳсос гардида, ҳамеша як мушкилот ва нороҳатиро вориди ҳаёти мо мегардонад. Барқарор   намудани ин сифатҳо ва бартарафнамудани норасоиҳо танҳо  дар он маврид мумкин аст, ки таҷрибаи дар масири таърих  азхуднамудаи инсониятро, ки аз тарафи чандин наслҳо  маҳфуз гардидааст, аз худ намоем. Бинобар ин масъалаи  аввалиндараҷае, ки  пешорӯи мо қарор дорад, ин масъалаи   донистани маъно ва мафҳуми фарҳанг мебошад.

Агар зери мафҳуми ҷамъият маҷмӯи мардумон фаҳмида  шавад, зери мафҳуми фарҳанг маҷмӯи натоиҷи фаъолияти  онҳо дар назар дошта мешавад.  Ба андешаи донишмандон дар замони ҳозир зиёда аз 500  фарҳанги муайян мавҷуд аст. Олимон фарҳангҳоро ба якчанд

гурӯҳ тасниф кардаанд: Ба гурӯҳи якум тавсифоти муқарарӣ  дохил мегардад, масалан: фарҳанг — ин маҷмӯи шаклҳои  фаъолият, урфу одат ва бовариҳо мебошад. Ба гурӯҳи дуюм

он муқарарроте, ки фарҳангро бо анъана, ё мероси иҷтимоии  ҷамъият мепайвандад, ворид гардидааст: фарҳанг маҷмӯи  амалиёт ва эътиқодоти иҷтимоии бамеросмонда, ки муайянкунандаи моҳияти ҳаёти мо мебошанд. Дар   гурӯҳисеюм аҳамияти қоидаҳои фарҳангие, ки    муттаҳидкунандаи рафторҳои инсонӣ мебошанд, қайд карда  мешаванд. Дар мавридҳои дигар олимон фарҳангро чунвоситаи мутобиқаткунонии ҷамъият ба муҳити табиӣ  медонистанд, ё ки қайд мекарданд, ки фарҳанг маҳсули фаъолияти одамон мебошад. Баъзан оиди фарҳанг сухан ронда, онро ҳамчун маҷмӯи  рафторҳои бадастомада, ки ба баъзе гурӯҳо, ё ҷамъият хос буда, аз насл ба насл интиқол дода мешаванд, маънидод   мекунанд. Чунин аст тазодҳои андеша оиди муайян намудани    фарҳанг ва фаҳмиши табиати он. Табиист, ки дар фарҳанг ҳамаи он чизеро ки ақли инсонӣ ва дасти он сохтааст дохил    мегардад.

Дар ҳаёти муқараррӣ мафҳуми фарҳанг дар се маъно      истифода мешавад.

 Аввало, зери ин мафҳум муҳити муайяни ҳаёти ҷамъиятӣ дар назар дошта мешавад, ки устувории     институтсионалиро касб кардааст (вазорати фарҳанг бо   муассисаҳои зертобеи худ, мактабҳои миёнаи махсус ва   олӣ, маҷаллаҳо, театерҳо, осорхонаҳо, ки ба истеҳсол ва

паҳн намудани арзишҳои маънавӣ сару кор доранд).

Дуюм зери мафҳуми фарҳанг маҷмӯи арзишҳо ва  меъёрҳои маънавие фаҳмида мешаванд, ки хоси гурӯҳи  калони иҷтимоӣ, халқ ва ё миллат мебошанд (фарҳанги  элитавӣ, фарҳанги тоҷикӣ, фарҳанги ҷавонон ва ғ.).

Сеюм сатҳи баланди инкишофи босифати дастовардҳои   маънавиро ифодагар мебошад («инсони бо фарҳанг»   мазмуни бо маърифатро ифода мекунад)  Ягон ҷамъият, халқ, гурӯҳ ё инсони бефарҳанг вуҷуд  надоранд.  Фарҳанг маҷмӯи донишҳо, эътиқодот, санъат, ахлоқ,

қонунҳо, расму оин ва дигар қобилияту истеъдодҳо мебошад,  ки аз тарафи инсон ҳамчун аъзои ҷамъият, аз худ карда шудаанд. Дар ин таъриф мухтасаран ҳар ду маъно-ҳам  маънои маҳдуд ва ҳам васеъ бо ҳам алоқаманд гардидаанд.

Фарҳанг-маҷмӯи рамзҳо, эътиқодҳо арзишҳо, меъёрҳо  мебошад. Дар он табиати хоси ин ё он ҷамъият, миллату   гурӯҳ ифода ёфтааст. Бо ҳамин сабаб ҷамъият, миллат ва

гурӯҳҳо маҳз аз ҷиҳати фарҳангӣ аз ҳам фарқ мекунанд.  Фарҳанги мардум- ин тарзи ҳаёт, либос, зист, фолклор,   фаҳмишҳои маънавӣ, эътиқодҳо, забон ва ғайра мебошад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *