Фанни Этика/Эстетика

Меъёрҳои асосии ахлоқи инсон

Ҳар як илм дорои меъёрҳои хосу муайяни худ мебошад. Фалсафаи ахлоқӣ низ дар худ меъёрҳои хосаи санҷиши рафтору кирдори одамонро, ки ба воситаи онҳо ҳукм ба хубӣ ва бадӣ мешавад, ғунxонида аст. Агар тифле ва ё шахсе кори хуб ва ё бадеро анҷом диҳад, мо дар сатҳи худ ва ҷомеъа дар сатҳи худ ҳамчун довар баҳо медиҳад. Фазилатҳои неки инсониро таблиғу тарвиҷ намуда, одамиро барои ба онҳо тан дар додан раҳнамоӣ менамоянд, вале разилатҳову ахлоқи қабеҳро ҳукми бадӣ дода, одамиро аз онҳо дур месозанд. Саволе ба вуҷуд меояд, ки мардум ва ҷомеъа бар асоси кадом меъёрҳо доварӣ мекунад ва ҳукми худро мебарорад?

Дар ин бора низ дар илми ахлоқ назариёту ақидаҳои гуногуне вуҷуд доранд. Гурўҳе бар ин ақидаанд, ки ахлоқ дорои усули собит набуда, қонунҳои вай ба тариқи зарурӣ устувор намебошанд, вале гурўҳи дигаре лаззатпарастиро дар ахлоқ волотар медонанд. Онҳо чунин мешуморанд, ки он чи барои инсон лаззатбахш ва шодиофарин аст хуб ва зарурӣ қабул аст ва ҳар он чизе ки садди роҳ ва монеъи расидани инсон ба шодӣ ва сурур мегардад бад мебошад.

Ин нуқтаи назар аз решааш ғалат буда, ҷанбаи ҳаётӣ ва илмӣ надорад. Худи лаззат чист? Лаззат ин… Лаззатҳо умуман гуногун мешаванд. Чи гуна лаззат? Фардӣ ва умумӣ, зудгузар ва давомдор, моддӣ ва маънавӣ, фоникунанда ва ҳаётбахш. Ё ин ки шодӣ ва мастӣ лаҳзае барои мо падид меоваранд, вале сабаби гирифторӣ ва парешонӣ мешаванд.

Як гурўҳи муҳаққиқон ба он ақидаанд, ки тамоюли табиии инсон метавонад васила ва раҳнамои шинохти баду нек гардад. Мақсад аз ин тамоюл ҷанбаҳое мебошад, ки манфиатҳои моддии инсон аз он сарчашма гирифта ҳадафи аслиашон танҳо хоҳиши моддиёт мебошад.

Илми ахлоқ ва таҷрибаи инсоният нишон медиҳад, ки пайравӣ намудан ва қонеъ кунонидани куллия майли табии инсон ўро ба забунӣ ва хорӣ оварда, пойбанди сиришти паст месозад. Ин амал ҳаёти иҷтимоӣ, оила, амнияти иқтисодӣ ва сиёсиро хароб сохта, дучори хатар менамояд. Нидои сириштӣ ва табиии хешро инсон наметавонад пурра қонеъ намояд, чунки онҳо беинтиҳо буда, ҳисоби онро дарёфт намудан хеле мушкил аст. Дар сурате, ки инсон тамоми талаботи сириштии худро қонеъ намуд, ҳаёти ў сурати ҳайвонӣ пайдо мекунад. Дар таърихи башарият бисёр воқеаҳое ба сабаби ғуломи сиришти хеш гаштани сиёсатмадорон ба вуҷуд омадаанд, ки ҷомеъаҳоро ба хоку хун кашида хатиҳоро барбод додаанд.

Ҳастанд боз муҳаққиқоне, ки ба андешаи онҳо, ки хуб он чизе мебошад, ки ба фоида ва манфиат бино ёфта бошад. Ин ақида ба он мебарад, ки ҳар он чизе, ки ба молу пул ва сарватҳои моддӣ мерасонад хубу нек буда, ҳар он чизе, ки моро аз онҳо дур месозад бад мебошад.

Ин ақида низ мисли ақидаи волоӣ қобили қабул набуда, ба маҳдудиятҳо такя менамояд. Бисёр дастёбиҳо ба фоида ва ба даст овардани молу пули зиёд ба қимати хорӣ ва забунии дигарон ба даст меояд. Дар асоси ин ақида андешаҳои зикршуда тамоми воситаҳоро xуброн месозад, ки ин худ зидди ҳастӣ ва ҳамоҳангии ашёҳо мебошад. Яъне барои молу пул ба даст овардан танфурўшӣ, фиреб, дурўғ, ҳилла, такаллуб, дуздӣ, одамкушӣ ва ғайра мумкин аст. Хуб қазоват кунед ва хулоса бароред, ки ин аъмол ҷомеъаро ба чӣ меорад? Чӣо қадар ин қабил ақидаҳо башариятро аз тараққӣ боз медоранд ва сари мардум яъсу ноумедӣ оварда, сиришти ҷомеъа ва мардумро хароб месозанд.

Гурўҳи аз таҳқиқгарони илми ахлоқ чунин иброз медоранд, ки меъёри аслии баду некро аксарият муайян месозанд. Яъне, он чи, ки аксарият тарафдори он мебошад неку буда, он чизеро ки бад мешуморад, қабеҳ мебошад. Аз ин сабаб аз дунболи аксарият рафта, ақоиди ақалиятро ба назар нагирифтаанд. Дар ин ҳолат оммаи торик пирўз гашта, назариёти илмӣ ва саҳеҳву дуруст пушти по зада, ақида ҳукмфармо ва довар аст адолат ба некӣ нахоҳад буд. Чуноне ки гуфтем аксарияти дар xомеъаро табақаи омма ташкил медиҳанд, ки ҳамагон аз тамоми проблемаҳо ва роҳои дурусти таҳзиби ахлоқ ва сиҳати ҷомеъа огоҳ набуда, танҳо доир ба проблемаҳои мавҷудаи худ дарак доранд. Илова бар ин дар мавқеи роҳбарии ақидаҳои аксарият ҳолати гумномӣ вуҷуд дорад, ки ҳеx кас маъулият эҳсос намекунад. Агар роҳбар ҳар чизе гуфт дигарон низ бидуни фикру андеша аз дунболи он мераванд, чунки фарқият нобуд шудааст, ки ин худ зидди офариниш буда, инсонҳоро ба робут табдил медиҳад.

Гурўҳи дигаре бошанд бар он андеша такя мекунанд, ки мувофиқи он ҳар он чизе, ки олимон ва равшанфикрон мегўянд ақидаҳои онҳоро дуруст шуморида, аз онҳо бояд ҳамаҷониба истифода намуд. Ҳар он чизеро ки онҳо хубу нек мешуморанд неку пазируфта, бадшинохтаи онҳоро бояд бад шумурд.

Ин ақидаҳоро низ наметавон ба ҳайси назария саҳеҳ пазируфт. Ҳар як шахс, аз он ҷумла файласуф ва олим низ, аз хатогиҳо орӣ намебошанд. Бо гузашти вақт ақидаҳои олимон ва файласуфон тағйир ёфта, ҳатто қисмати зиёди онҳо аз ақидаҳои аввалини худ дар охири умр даст мекашанд. Ин далолат аз он медиҳад, ки як шахс наметавонад аз тамоми ҷиҳатҳои ҳаёти инсон ва ҷомеъа дарки кофӣ дошта бошад. Илова бар ин ояндагирии онҳо маҳдуд буда, наметавонанд дар бораи фаъолиятҳо он чуноне ки воқеъ хоҳад шуд, тасмим бигиранд. Ҳатто қисмати аъзами олимон ба хотири ҷою мансаб аз роҳи ҳақ дур рафта, ҷонибдори маҳдудиятҳои нисбӣ мегарданд.

Баъзе аз файласуфон ба он амр қоиланд, ки қудрати давлат ва истибдоди ў хубу бадро тафкик менамояд. Масалан Гобс, Микиавелӣ ва ғайраҳо тарафдори истибдоди давлатӣ буда, ба тақвияти давлат пардохтаанд.

Ин ақида низ нодуруст буда ҷавобгўй ва салоҳдиди асли хубу бад шуда наметавонад. Сабабаш дар он аст, ки дар асоси моҳияти вуxуди ба мустаҳкам намудани сохтори худ пардохта, он чизеро хуб xилва медиҳанд, ки аз манфиатҳои онҳо тарафдорӣ намуда, он чизе ки бо фаъолият ва сохторашон дар ҳолати тазод аст, бад нишон диҳанд. Ин ақида низ фарқиятро дар инсонҳо нест намуда, онҳоро аз асли мабдаъи ахлоқ дур месозад ва ба бозичаи ҳукуматдорон ва сохтори давлатӣ табдил медиҳад.

Қобил ба тазаккур аст, ки аз сабаби маҳдудиятҳое, ки дар дарку фаҳми одамон ва оянданигириву ояндабинии башар вуҷуд дорад ахлоқи одамон дар кадом дараҷаву рутбае набошанд ҷонибдорони андешаҳои зикршуда салоҳияти чунин довариро надоранд. Онҳо низ махлуқе ҳастанд, ки дорои маҳдудияти ахлоқӣ ва илмӣ мебошанд. Ахлоқ ва илм дар ҳеҷ ҳолат пурра дар маҳдудиятҳои нисбӣ такя карда наметавонанд ва ҳамеша руҷўъ ба мутлақияти хеш ва асилияти худ, ки мабдаи онҳост, доранд.

Аз ин сабаб асоси ахлоқ, яъне хубу бад арзишҳои аслии умумибашарӣ ва мабдаъи аслии онҳо буда, танҳо довари аслӣ шуда метавонанд. Гузашта, оянда ва имрўза танҳо дар асоси онҳо муайян мегардад. Он офаридгоре, ки инсонро офарид ба зеру буми вуҷудаш огоҳ буда аз ҳама асрори саодат ва бадбахтии ў сар дар меоварад. Бинобар ин зарур аст, баъзе андешаҳоро дар атрофи меъёрҳои ахлоқӣ баён сохт

Умуман ахлоқ аз даврони Юнони қадим шурўъ карда ҳамчун ченак-меъёри фармонравоии инсон бар худ, нишондиҳандаи он ки инсон то чи андоза дорои масъулиятҳои хос аст, фаҳмида мешуд.

Дар «Зиндагинома»-и Плутарх чунин далеле оварда мешавад, ки мутобиқ бар он дар замони мусобиқа яке аз панҷҳарбагон тасодуфан ба воситаи найзаи худ шахсеро ба қатл мерасонад. Перикл ва Протогор-ду тан аз файласуфони шинохта-тамоми рўзро дар баҳсу мунозираи он ки дар ин ҳодиса кӣ гунаҳгор аст гузаронидаанд.- найза, оне ки ўро андохт, ва ё оне ки мусобиқаро ташкил кардааст? Ин мисол аз он шаҳодат медиҳад, ки мулоҳизоти ахлоқӣ сабаби пайдо кардани гуноҳҳо ва масъулият гардида, масъалаи фармонравоии инсонро қабл аз ҳама ба худ нишон медиҳад. Ахлоқ чуноне ки аз моҳияти калима бармеояд, бо хислат ва шавқу рағбат пайванд ва робитаи бевосита дорад. Агар аз инсон ҷисму ҷон ва ақлу рўҳ ҷудо карда шаванд, дар он сурат ахлоқ хусусияти сифатии рўҳи ў мегардад. Ҳангоме ки дар бораи инсон зикр месозанд, ки вай самимӣ аст дар ин ҳолат одатан онҳо меҳрубонӣ ва ҳассоси ўро дар назар доранд. Вале дар сурате ки ўро бераҳм меноманд, ин маънои онро дорад, ки e бадқаҳр ва золим мебошад. Нуқтаи назарро ба ахлоқ ҳамчун муайянкунандаи сифати рўҳи инсон Арасту дохил намуда буд. Дар айни замон зери мафҳуми рўҳ ва ё «ҷон» e чунин як оғози фаъолона, фаъолияти-рўҳиро дар инсон мефаҳмид, ки он қисматҳои ақлонӣ ва ғайриақлониро дарбар гирифта буд. Ин худ ҳамкорӣ, ба ҳам воридшавӣ ва синтезро муайян месохт.

Оғози ғайриоқилона табиияти фардро, нерўи виталии ў, қобилияти собиткунии вай ҳамчун умумия ва ягонагӣ, махлуқи эмпирикӣ-воқеъӣ ташкил медиҳад, ки он ҳамеша субъективӣ, боғаразона ва интихобӣ мебошад. Ақл қобилияти инсонро дар бораи олам барои муҳокимаи дурусту саҳеҳ ва объективӣ санҷидашуда муҷассам месозанд. Сарфи назар аз он ки дар равандҳое новобаста аз ақл сурат мегиранд, лекин онҳо низ қисман вобаста ба ақл мебошанд. Онҳо новобаста дар сатҳи вегетативӣ ба вуқў мепайванданд ва дар тамоми он чизҳое, ки бо лаззат ва шиканҷа кашидан ҳамбастагӣ дорад вобаста ба зуҳуроти эҳсосоти инсон мебошанд. Рағбат ва хоҳиши инсон дар ҳамкорӣ бо ақл ва ё муқобили ў амалӣ гарданд. Дар ҳолате, ки лаззат бо ақл мувофиқ бошанд ва инсон дониста амал намояд, мо назми накўкорӣ ва комили қалби инсонро мебинем, вале дар ҳолате, ки лаззатҳо кўр-кўрона амал мекунанд ва онҳо бар фард фармонравоӣ менамоянд, мо низоми рўҳи иллатнок ва нокомилро мебинем. Ахлоқ дар ин маврид ҳамеша ва дар ҳолати эътидол ва ҳадди авсат амал мекунад, он ба ҳолати зоҳидон ва ё орифон наздик буда, дар он қобилияти инсон дар ҳолати маҳдуд ва манъ кардани хоҳишоти табиӣ вай беқайду басти эҳсосот муқобил меистад. Дар тамоми давру замонҳо ва дар байни ҳамаи халқҳо ахлоқ ба сабру таҳаммулот ва тамкин монандӣ ва умумият дошт. Албатта ҳангоме, ки мо дар бораи тахаммул сухан мегўем ҳадаф аз худдории инсон нисбат ба худписандию худхоҳии он меравад.

Дар миёни хислатҳои ахлоқӣ яке аз ҷойҳои аввалинро ҳамеша хислатҳое аз қабили тамкину мардонагӣ ишғол менамоянд, ки он шоҳид аз нерўи бузурги ботинии инсон дар муқобили лаззатпарастӣ, танпарастӣ ва тарсу ваҳм ва дар муқобили ғаризаи нерўманди табиати ҳайвонии инсон истодагарӣ кардан ва бар он ҳукмфармоӣ намуданро нишон медиҳад.

Аз ин гуфтаҳо метавон хулоса намуд, ки зуҳду тақво худ ба худ накўкории ахлоқӣ нест ва сарватҳои зиндагӣ барои қонеъ кардани талаботҳои ҳиссии инсон сабабҳои бадахлоқии инсон бошанд. Ҳукмфармоӣ бар иллатҳо ва идоракунии хоҳишҳои ботинии инсон маънои фурe нишондан ва ё аз байн бурдани онҳоро надорад. Худи хоҳишоти ҳиссии инсон метавонанд возеҳу равшан ва бо ақл ва талаботи он созгор бошанд, инчунин бо тақозои дурусти ақл пайравӣ намоянд. Онҳо, чи тавре ки Арасту баён кардааст, метавонанд бар ақл ба мисли он ки аспҳои саркаш ба фойтунчӣ муқобилият менамоянд, пофишорӣ намоянд, вале ҳамзамон метавонанд бар ақл гeш диҳанд ва дар чаҳорчўбаи талаботи он амал намоянд, масалан ба монанди он, ки писар ба сухани падар гўш медиҳад ва гуфтаҳои онро мекунад. Хулласи калом ду масъаларо бояд аз ҳам фарқ кард: таносуби ҳадди аксари ақлу эҳсосот (хоҳишоту тамоюлоти ҳиссҳо) чи гуна аст ва чунин таносуб чи гуна ба даст меояд?

Умуман ҳаракати эҳсосоти панҷгонаи инсон дуруст аст ва на бар он сабабе ки ақл ба сифати оғози накўкорӣ хидмат менамояд. Дар ин бора Арасту ва xонибдорони шарқии e аз он xумла Форобӣ, Мискавайҳ, Ибни Сино, Насриддини Тeсӣ ва дигарон зикр намудаанд. Агар воқеан эҳсосот дуруст равона шуда бошанд, он гоҳ ақл низ қоидатан, аз паси онҳо меравад. Вале агар сарчашмаи накўкории инсон ақл бошад, он гоҳ эҳсосот бошад аксаран ба он муқобилият нишон медиҳанд. Аз ҳама ҳолати муносиб он аст, ки талаботи бо ҳаракати эҳсосот мувофиқ бошад ва дар байни онҳо ҳамоҳангӣ ҳукмфармо бошад.

Камолоти ахлоқии шахс, оғози муносибатҳои боақлона ва беақлонаи вай нишондиҳандаи он аст, ки ахлоқ сифати хоси инсонӣ мебошад. Вай ба ҳайвонот тааллуқ надорад, зеро онҳо аз ақл маҳруманд. Он танҳо ба инсон хос аст, чунки инсон ҳам ақл ва ҳам ҳис мавҷуданд. Бад-ин маънӣ, ки агар ахлоқ ченаки боақлии инсон бошад, инчунин ў ченаки инсонии инсонро ташкил медиҳад.

Ақл эҳсосот ва хоҳишотро ба кадом сe равона месозад, ё ба таври дигар гўем, маънии пайравӣ намудани ҳисҳо бар ақл чӣ маънӣ дорад? Магар зишткори ботаҳаммулу хунсард, ки ҷинояти хуб андешидашуда ва зеҳнан комилро амалӣ намудааст, оё аз ақл истифода накардааст?

Рафтори оқилона ҳамон вақт аз нигоҳи ахлоқ комил дониста мешавад, ки ба ҳадафи комил равона шудааст,бошад, яъне ба ҳадафе, ки бешарту қайд мутлақ ҳисобида мешавад ва ба сифати манфиати воло эътироф гардидааст.

Ба ибораи дигар қаблан ниҳоии рафтори оқилона бо ҳадафмандии он мувофиқат менамояд ва ба таври идеалӣ ва дар шакли ҳадафманд он натиxаеро, ки натиxаи ҳадафманди ҳаводис буда, бо он иртиботи сабабӣ ва ниҳоӣ дорад дар худ меғунҷонад. Дар ин ҳолат натиҷаи ниҳоӣ, шакли идеалии ҳадафро аз худ намуда, сабабе мегардад, ки дастгоҳи фаъолиятро ба кор медарорад.

Бо иллати ин фаъолияти инсон гуногуншакл буда, мувофиқан ҳадафҳое, ки дар он низ амалӣ мешаванд гуногуншакл мебошанд. Дар айни замон ҳадафҳои гуногун байни якдигар зина ба зина бо ҳам иртибот доранд ва агар онҳо дар як ҷое ҳадаф бошанд, дар ҷои дигар восита мегарданд.

Барои мисол, донишҷў дарс мехонад, то ин ки имтиҳон супорад, имтиҳон барои ў — ин ҳадаф аст. E имтиҳон месупорад, то ки маълумоти олӣ гирад, акнун ҳадафи ў ба даст овардани маълумоти олӣ гардид, имтиҳонҳо бошанд — танҳо восита барои ин аст. E маълумоти олӣ мегирад, то ин ки мақоми бонуфузеро дар ҷомеа соҳиб шавад. Акнун ҳадаф нуфузи иҷтимоӣ аст, аммо дарёфти маълумоти олӣ восита гардидааст. Нуфузи иҷтимоӣ низ дар навбати худ барои инсон барои кадом як амре зарур аст. Чунин ҳолати гузариши ҳадафҳо ба восита дар ҷараёни мубодилаи уфуқии фаъолиятҳо ҷой пайдо менамояд. Масалан, қаламеро, ки шахсе барои суханронӣ истифода мебарад, ҳадафи фаъолияти кормандони корхонаи қаламсозӣ махсуб мегардад. Барои шахси суханрон бошад, он восита аст, зеро ҳадафи вай суханронӣ кардан аст. Суханронӣ дар навбати худ, барои донишҷўёне, ки онро мешунаванд аллакай восита барои ҳадафи дигар — яъне омўзиши фанни муносиб мебошад. Аммо омўзиши фанни муносиб бояд барои кадом як кори дигар зарур аст.

Силсилаи иртиботҳои ҳадафу воситаҳое, ки фаъолияти инсонро идора мекунанд, тамоюл бо беҳудудиро дорад, ки он фаъолияти бе дорои мазмун ва ғайримумкинро чун матлуб мегардонад. Барои он, ки тавр нашавад, лозим аст эҳтимоли мавҷудияти кадом-як ҳадафи ниҳоиро ба гунаи ҳадафи ҳадафҳо пешбинӣ кард. Чунин эҳтимолиятро бар асоси он тарҳрезӣ кардан лозим аст, ки мавҷудияти ҳадаф ва фаъолияти ба он расидан охирин ҳадафи ниҳоиро ақлии мулоҳизашударо дар бар гирад ва олоти онро ба кор дарорад. Ҳадафҳои мухталиф ҳар кадоме нисбат ба дигаре восита шуда, низоми воҳид ва ягона ташкил медиҳанд ва фаъолияти ягонаро дар худ меғунxонад.

Ҳадафи ниҳоӣ ва охирин нуқтаи мутлақои ҳисоби фаъолияти инсон мегардад. Бад-ин мазмун он қоидаеро ба вуҷуд меорад, ки бар асоси он метавон фаъолияти инсониро ҳамчун фаъолияти ҳадаф монд ва матлуб андешид. Дар хусуси ҳадафи охирин чизе гуфтан ғайри имкон аст ба ҷуз он ки e охирин аст. E худ ба худ дилхоҳ, дорои ҳадаф ва мақсади ягона аст. Тамоми ашёҳои дигар барои ақлона худи e ҳаргиз наметавонад нисбат ба ашёи дигар восита бошад. Он наметавонад дорои ашёи таҳсин бошад, зеро таҳсин кардан мавҷудияти ҷанбаи нисбатан волоро эҳтимол дорад, он эҳтироми бе шарту қайдро ба вуҷуд меоварад. Ҳадафи охирин дар айни замон ҳадафи олӣ аст ва танҳо дар дурнамо мазмун мегирад ва барои баҳодиҳии тамоми ҳадафҳои дигар даст медиҳад ва шароит ба вуҷуд меорад.

Илова бар он ҳадаф барои инсон ҳамчун нафъ мебошад, зеро он ҳамон чизест, ки ў камбуд дорад ва бо он мекўшад. Азбаски ҳама гуна ҳадаф нафъ, яъне хуб аст ва ҳеҷ ҳам набошад нисбатан, барои кадом касе ва барои чизе, дар ин ҳол ҳадафи охиринро метавон нафъи олӣ номид. Нафъи олӣ мутлақо аст, он ба фаъолияти инсон дар шакли умумӣ хос мебахшад, хусусияти умумии мусбати он изҳор медорад.

Ин ақидаро метавон бо ибораи дигар изҳор намуд. Инсон ҳамеша барои некӣ кўшиш менамояд, вале ин ҳам маълум аст, ки кори нек низ акси худро дорад ва аксаран дар шакли бадӣ зоҳир мегарданд. Масалан, инсон дар талоши он аст, ки сарватманд шавад, лекин дар ҳолате, ки сарватманд шуд, барои худ ошкор месозад, ки вай дучори ҳасудон гардидааст ва дар вуҷуди ў асосу бунёди як навъ тарс хона кардааст, яъне тарси аз даст додани сарвату ғановат.

Инсон ҳамеша барои дарёфти дониш рағбат дорад, аммо ҳарчанд e дар ин роҳ бештар ҳаракат кунад, ҳамон қадар парешонхотирӣ, шубҳаҳои зиёде дар вуҷуди ў зоҳир мешаванд, зеро дар хиради бисёр андeҳи зиёд нуҳуфтааст. Саволе ба миён меояд, ки оё чизе ҳаст, ки худ ба худ ҳамеша нек бошад ва он ҳаргиз бад нагардад? Агар ҳамин гуна як чизе мавҷуд бошад, онро фоида ва ё нафъи олӣ меноманд. Азбаски инсон ҳаёти бошуурона ба сар мебарад, ин ҳаёти вай аз эҳтимолияти мавҷуд будани фоидаи олӣ сар мезанад.

Инсонҳо дар шаклҳои гуногун барои худ манфиати олиро тасаввур ва тафсир мекунанд. Ва чуноне ки қаблан зикр намудем манфиати олиро яке дар айшу лаззат, дуввумӣ дар фоида, сеюмӣ дар ишқи илоҳӣ, чаҳоруми дар хушу хурсандӣ ва ғ. мебинанд. Вале тамоми онҳо ба шакли возеҳ ё ғайривозеҳ ба натиҷае мерасанд, ки барои инсон кўшиш ба сўи манфиати олӣ ва воло хос аст. Зеро инсон дар ҳаёти бошууронаи хеш бояд ягон нуқтаи такягоҳии мутлақ дошта бошад, бояд ба номаҳдуде рўй овард, ба ҳар номе, ки ўро мешиносад ҳамчун ҳақ бар он саxда намояд ва имон оварад.

Дар занҷири иртиботи ҳадаф-восита, талабот билохира дар як ҳадафи худкофиро хотима меёбад, вале майлон ба манфиати олӣ ба таври асосӣ бо хусусияти инсон, мақоми махсуси он дар оламу кайҳон иртибот дорад.

Қобилияти зиндагии тамоми мавҷудоти зиндаи олам, аз ҷумла махлуқоти олӣ, ки бо инсон дар робита ва ҳампайванд, қаблан тарҳ ва барномарезӣ шудаанд. Он меъёру андозаи худро дар хеш ғунҷонидааст, лекин инсон дар ин силсила истисно мебошад. Дар рафтори ғ муқаррарот ва барномаҳои қаблан тарҳрезишуда ва воридшуда мавҷуд нест. E худ дар асоси қавонини илоҳӣ ва ё меъёру қонунҳое, ки худ тартиб додааст аз рўи он ҳаёт ба сар мебарад. Қобил ба тазаккур аст, ки тағиротҳои ҷузъии инфиродӣ ва дар баъзе ҳолатҳо бузург дар ҳайвонот низ ба мушоҳида мерасанд. Вале ин тағиротҳо-танҳо тавлидкунанда дар атрофи чизи муайяне дар шакли ҳамешагии навъҳои рафтор мебошад. Инсон метавонад ва ҳатто маxбур аст навъи рафторро интихоб намояд. Одамони гуногун ва ҳатто ҳамон як одам дар ҳолатҳои гуногун метавонанд рафторҳои мухталифи инкоркунандаи амалро худро анҷом диҳанд. Дар ҳайвонот хусусияти табии манъи бародаркушӣ мавxуд мебошад, ки ҳолатҳои эҳсосотии зуҳури ҳаёт манбаи эҳсосоти фараҳбахш, вале дар ҳолатии марг (дидани хун, тарс ва ғ.) ҳисси нафратро ба вуҷуд меоварад. Аммо инсон чизи хосе буда, то андозае «озод» аст, ки ў бародаркуширо пешаи худ қарор дода аз ранҷу шиканҷа додани инсони дигар хурсандӣ намояд. (Масалан, зўровари, таҷовуз ва ғайра). Инсон худ махлуқи нокомиле аст, ки дар нокомилии хеш ба худ вогузор шудааст.

Ин хусусияти инсон дар он зоҳир мегардад, ки ў ҳеҷ гоҳ бояд худ бо худ баробар набошад ва дар раванди беохири ташаккул болотар аз хеш бошад. E қоидатан бо мавқеияти худ розӣ нест, ҳарчанд ки мавқеи вай баланд ва мусоид набошад, e ҳамеша чизи бисёртар мехоҳад, e дар талаби он аст, ки аз оне, ки ҳоло дорад, зиёдтар дошта бошад ва болотар бошад. Инсон ба худи худ то он дараҷае айният надоранд ва ҳамеша ҳамин айниятиро ҳамчун камбудию нуқсон қабул менамояд. E дар xаҳду талоши он аст, ки дигар гардад таҒир ёбад ва дар айни замон кeшиш бар он дорад, ки аз ин хоҳиши дигар шудан худро озод намояд. Дар фалсафа ва дигар шаклҳои фарҳанг дар марҳилаҳои ибтидоӣ ташаккули ҷомеаи инсонӣ тимсолҳои махсусе вуxуд доштанд, ки дар асоси онҳо олам дар шакли сохтмонӣ ба итмом расидае аст, ки дар қисми поёнии он олами бебақо, дар қисмати боло олами ормонӣ ва ҳолати абадии баробар бо худ, ки дар осмонҳо ҷойгир аст. Инсон бошад дар васати ин ду олам қарор дорад ва e на дар поин ва на боло аст. Вай дар рeи зинаест, ки аз поин ба боло мебарад. E дар роҳ аст. E пайвандгари замину осмон аст. Масалан, дар фалсафаи навафлотуния ҳангоми тафсири ҳастии инсонӣ тимсолии инсоне истифода мегардид, ки он то миён дар об аст. Ин маънои онро дошт, ки инсон дар кайҳон мавқеъи миёнаро ишғол мекунад. Дар замони нав бошад нисбат ба инсон тимсолҳои муваққатии олам афзалият пайдо карданд ва зинаи охирини он дар масъалаи такомул баррасӣ мешуд. Дар ин давра инсон ба сифати сарчашмаи асосӣ ва субъекти рушду такомул будани худро аз даст медиҳад. Дар ин ҳолат низ вай дар миёна мемонад, вале акнун дар миёни роҳи гузашта ва оянда. Рушду пешравӣ ва хоҳиши бо зeрӣ ифшоҳ сохтани воқеъияти абаринсони оянда ормон ва шавқу рағбати асосии ў гардидаанд. Умуман кўшиш барои такомул, ки худ он дар айни замон камолот аст, хусусияти фарқкунандаи инсонро ташкил медиҳад инсон на танҳо дар қобилияти дорои ақл будан матлуби ў, балки дар сафи дурнамоии ҳадафи охирин қарор гирифтани ин фаъолият низ зоҳир мегардад.

Рафтори оқилонаи инсон аз ибтидо ва ба таври табиӣ ба манфиати волои инсонӣ равона шудааст. Вай аз ихтироъкорӣ бо он тавофут дорад, ки аз маҳорати соддаи пайдо намудани воситаҳо барои таъини ҳадаф иборат мебошад. Аз масъалаҳои корчаллонӣ бошад бо он фарқ мекунад корчалонҳо ақлро дар хидмати ҳадафҳои дўструктивӣ ва фосид қарор додаанд. Вале чи гуна метавон дарк намуд, ки дар воқеъ ақл ҳоким барои манфиати олӣ рўҳбаланд шудааст?

Ҳадафмандии ақл барои манфиати олӣ дар иродаи нек зоҳир мегардад. Мафҳуми «иродаи некро» ҳамчун аломати махсуси ахлоқ Кант бунёдгузорӣ кардааст. E дар иродаи нек бидуни шакку тардид манфиати ягонаро медид. Ба андешаи вай танҳо иродаи нек моҳияти арзиши ягона дорад. Барои ҳамин иродаи ҳам нек номида мешавад, ки он ҳаргиз наметавонад бад бошад ва бар зидди худ рeй овард, дар муқобили худ қарор гирад. Тамоми манфиатҳои дигар, хоҳ ҷисмонӣ бошанд (саломатӣ, қувват) хоҳ зоҳирӣ (боигарӣ, обрў), хоҳ рўҳӣ (худдорӣ, ҷасурӣ) ва хоҳ ақлонӣ (хотира, ҳозирҷавобӣ) ва гарчанде, ки барои инсон зарур набошанд, лекин онхо худ бо худ бе иродаи нек наметавонанд барои ҳадафҳои бад истифода карда шаванд. Аз ин рў танҳо иродаи нек дорои арзиши мутлақ мебошад.

Зери мафҳуми «иродаи нек» Кант қабл аз ҳама иродаи покро мефаҳмид, яъне иродаи пок аз андешаи фоида, ҳузуру ҳаловат. Мавҷуд набудани асосҳои хуписандона дар ин иродаи нек асоси мустақилияти он мебошанд. Нишондиҳандаи асосии иродаи некро метавон қобилият ба амалҳорое, ки ба инсон танҳо кадом як манфиат меоварад шуморид. Ба таври мисол, аз ду навъи имконии рафтори амалӣ, ки яке аз онҳо ба инсон миқдори 1 млн сомонӣ ва дигар-даҳ баробар бештар манфиат меорад, метавон ёд кард. Дар ин ҳолат инсон ба таври табиӣ ҳатман дуюмиро интихоб менамояд. Бо вуҷуди ин боз кирдорҳое низ ҳастанд (масалан хиёнати дўст, хиёнат ба Ватан), ки инсоне ки худро бо хулқу одоб мешуморид ва мехоҳад ахлоқи пок дошта бошад ҳаргиз барои пул содир намекунад. Иродаи нек ин иродаи беғаразона аст. Онро наметавон ба ягон чизи дигар иваз кард. Он арзиш надорад ба маънии он, ки бебаҳо аст.

Тамоми рафтору кирдори инсони дақиқ ва мувофиқи вазъияти хос ва дар ҳолатҳои гуногун зуҳур мегарданд. Дар пушти онҳо майлонҳои муайян ва манфиатҳои гуногун ҷой доранд. Онҳо ба таври эмпирикӣ асоснок шудаанд ва ба ҳамин маънӣ ғаразнок мебошанд. Агар кирдорҳои зиёдеро ки содир мешаванд канор гузорем ва танҳо кирдорҳои бешууронаро баррасӣ қарор диҳем, дар он сурат хоҳем дид, ки онҳо барои он содир мешаванд, ки барои содиркунанда манфиатноканд. Сарфи назар ин ки манфиатҳо ба чи равона гардидаанд: барои рифоҳияти маънавию рўҳӣ, хоҳиши худнамоӣ ё шўҳратпарастӣ ва дар байни дигарон хушнамуд нишон додан ва ғайра. Умуман дар олам ягон кирдореро пайдо кардан мумкин нест, ки он маҳз дар заминаи ахлоқӣ, танҳо аз рўи иродаи нек содир нашуда бошад. Дар олами рафтору кирдорҳои воқеъи иродаи нек худ ба худ вуҷуд надорад, он ҳамеша бо дигарон пайванд, комилан дақиқ, аз нигоҳи эмпирикӣ фаҳмидашаванда мебошанд. Онро метавон танҳо дар натиҷаи усулҳои махсус пайдо кард.

Чунин усулу тартиб метавонад ҳамчун озмоиши зеҳнӣ зуҳур намояд, ки дар ҷараёни он инсон кўшиш ба харҷ медиҳад ба саволи худ ки оё e қобилияти содир кардани ин кирдорро дошт, ҷавоб гўяд. Агар ўро ба ин кирдор сабабҳои манфиатпарастона надиҳад, ё ин ки агар ин кирдор хилофи майлу манфиатҳои ў набошад. Моҳияти озмоиш ва имтиҳони ботини шахс аз он иборат аст, ки вай сабаби пайванд будани ин ё он рафтору кирдорро бо тамоми он чизҳое, ки бо эҳсосоту манфиат ва дигар тасаввуроти амали марбутанд бо шуурона xудо намуда бо ҳамин маълум созад, ки оё метавонад ин кирдорро худ ба худ, танҳо аз рўи асоси ягонае, ки иродаи нек аст, содир намояд. Албатта, хоҳиши самимии инсон барои некўахлоқӣ ва омодагии ў барои гирифтани маъсулият барои чунин як озмоиш мебошад.

Таҳти мафҳуми иродаи нек он чиз дар назар дошта шудааст, ки онро маъмулан қалби пок меноманд. Мафҳуми иродаи нек ҳамоне аст, ки инсон кадом кореро, ки аз қалби пок анҷом медиҳад, аз он коре, ки ў ягон бо мақсади муайян анҷом додааст, xудо созад. Дар ин ҷо, моҳиятан сухан дар бораи сарчашма ва натиҷаи ниҳоии кирдорҳо меравад, ки оё ирода барои интихоби рафтору кирдор озод аст, ё не, ё ин ки ирода метавонад аз худ ба худ таъсир расонад, оё танҳо як ҷузъе дар занҷири беҳудуди муносибатҳои сабабӣ мебошад? Ирода яъне ҳамон иродаи нек метавонад сабаби худи худ бошад. Иродаи нек онест, ки комилан ба шахсият вобастагӣ дорад, соҳаи ҳукмфармоии том ва масъулияти том мебошад. Он аз ҳамаи сабабҳои беруна пeшида мебошад. Аз тариқи иродаи нек, инсон метавонад дарк намояд, ки ченаки ахлоқии e бо иродаи нек иртибот дорад. Ба ҳамин тариқ гўё доирае ба вуҷуд меояд, ки ҳар чи қадаре инсон бо ахлоқу боодоб аст, ҳамон қадар вай бошуур мебошад. Ақлу шуур асоси ахлоқ буда, сифати шуури ахлоқиро ташкил медиҳад.

Иродаи нек, азбаски он ирода аст, наметавонад далели худогоҳии шахсият монад ва танҳо дар рафти худтаҳлилкунӣ яқин мегардад. Ахлоқ ҳамчун муносибатҳои иродавӣ соҳаи рафтору кирдорҳо аст. Рафтору гуфтору кирдорҳои инсон сабабҳои ботинӣ ва андешаҳои ўро хусусияти айнӣ бахшида, онҳоро амалӣ менамоянд ва ҳамчун муносибатҳои муайян дар марази одамони дигар вогузор менамоянд. Масъалаи асосӣ ки тавассути он ахлоқи инсон дарк мегардад камолоти ахлоқи шахс бо хусусияти муносибатҳои ў нисбати дигар одамон мебошад.

Умуман ахлоқ инсонро аз нуқтаи назари қобилияти зист дар ҷомеаи инсонӣ тавсиф мекунад ва мақоми ўро муайян месозад.

Фазои ахлоқӣ гуфта муносибатҳои байни одамон дар назар дошта шудааст. Ҳангоме, дар бораи инсон мегўянд, ки вай нерўманд ё оқил аст ин чунин хусусиятест, ки худи фардро тавсиф менамояд. Барои он ки ин хусусиятҳои шахсро дар ҷомеа ба аҳли он зоҳир намоем мегўянд, ки ў он шахс меҳрубон, сахӣ, шуҷоъ, одил ва ғайра аст. Ин хусусиёт танҳо дар муносибат бо дигарон зоҳир мегардад ва худи сифатро, яъне сифатҳои хуби инсонро дар ин муносибатҳо тавсиф менамояд. Барои мисол Робинзон дар ҷазира танҳо монда, комилан метавонист ҳам қувва ва ҳам имконияти ақли худро намоиш диҳад, вале то он замоне, ки шахси дигар пайдо нагардид, ў имкони илтифоту меҳрубониро надошт.

Дар муколамаи Афлотун «Федон» асотире зикр ёфтааст, ки мутобиқи он рўҳи инсон пас аз марг мутобиқи ҳамон сифатҳое, ки дар зиндагии худ дошт ҳамон тавр хоҳад буд. Онҳое, ки ба танпарастӣ, худфурўшӣ ва майпарастӣ майл доранд, дар шакли хар ва ё монанди ў мегарданд, вале онҳое, ки беадолатӣ, мансабпарасти ва бадхашмиро пешаи худ қарор додаанд, ба гург, уқоб ё лошахeрҳо мубаддал мешаванд. Аммо насиби одамони боахлоқ, накeкору дурандеш ва одил чӣ хоҳад шуд? Онҳо эҳтимол дорад дар миёни занбeрон ва мўрчагон ҷой гиранд, ва ё шояд дубора ба одам табдил гарданд, лекин дар ҳар сурат онҳо дар муҳити ором, сулҳомўз ва фарҳанги хушхулқ ҷой хоҳанд гирифт. Афлотун дар ин муколамаи худ ба шакли истиёрави ҳақиқати хеле муҳимеро изҳор доштааст, яъне хислати инсон дар асоси хусусияти муносибати ў бо одамони дигар муайян мешавад. Муносибатҳои мазкур ва мутобиқан хислатҳои инсон низ ба андозае некў гардида, дар чаҳорчўбаи онҳо инсон ҳалим, ботамкин, босабру таҳаммул ва ғайра мешавад. Одамон бо якдигар аҳамият дода, дар фикри ҳам мебошанд ва дар якҷояги як чизи комилро ташкил медиҳанд. Қобил ба тазаккур аст, ки мувофиқи ин асотири афлотуни танҳо накўкорӣ кофӣ набудҳа, мақоми асоси парвози рўҳи инсон пас аз марг худоҳо мебошад. Барои ин зарур аст, ки инсон файласуф бошад. Ба ҳамин тариқ Афлотун тафовутро байни ахлоқ ҳамчун сифати рўҳ, хиради амалӣ, идрок ва сифати шуур муайян сохтааст.

Ҳамзистӣ ва ҳамгироии инсонҳо на танҳо тавассути ахлоқ, балки аз тариқи расму оинҳо, анъанаҳо, дин, ҳуқуқ, ва доду гирифт низ ҳифз карда мешавад. Аз ин рў малака, маҳорат, шаклҳои фаъолияти инсон ва сифатҳои ахлоқӣ, ў низ хусусияти бо ҷамъиятии вай вобаста мебошанд. Воқеияти ин гуфтаҳо дар он зоҳир мегардад, ки масалан дар баъзе ҳолатҳо ҳангоме, ки бачагон аз муҳити инсонӣ берун шуда, дар миёни ҳайвоноти ваҳшӣ ба воя расиданд, сухан гуфта наметавонанд, онҳо комилан аз қобилиятҳои инсонӣ маҳрум гардидаанд ва ҳатто наметавонанд бо ду по ҳамчун инсон ҳаракат кунанд. Аз ин лиҳоз бо қатъият метавон зикр намуд, ки ахлоқ маҳсули ҳамзистии инсонҳо мебошад. Ин маҳсул дорои мазмуни комилан муайян буда, ба ҳамзистии инсонӣ мазмуни аввалияи арзишнок медиҳад. Ба ибораи дигар ин маънои онро дорад, ки ахлоқ на маҳсули ин ё он фирқа, на барои ин, ё он мақсад истифода мегардад ва ё пуррагии моддии ҳамзистии инсониро таъмин менамояд, балки худи мавҷудияти e ба ин далели сифати инсоният будани он мебошад. Барои он, ки ҳамзистӣ ҳамчун усули ҳамзистии инсонӣ ба вуқўъ пайвандад қабул намудани он ба сифати аввалият ва бедуни қайду шарт ҳамчун арзиш зарур ва ногузир мебошад. Ин ҳаст моҳият ва ҷавҳарияти ахлоқ.

Муносибати байни одамон ҳамеша муайян аст. Ин муносибат бо сабабҳои муайян ва ба хотири ҳадафу мақсадҳои муайян тартиб меёбанд. Чунин ҳадафҳоро метавонад ҳаёт ба вуҷуд оварад ва он гоҳ мо соҳаи муносибатҳои оилавӣ, яъне заношўиро дорем. Ё ин ки метавонад марбут ба сиҳатии омма бошад ва он гоҳ мо фазои ҳифзи тандурустиро дорем. Ё ин ки метавонад нигоҳдорандаи ҳаёт бошад ва он гоҳ мо иқтисод дорем. Ё ин ки метавонад таъмини амният ва ҳимоят аз ҷинояткориҳо бошад ва он гоҳ мо низоми судӣ-ҷазоиро дорем. Дар чаҳорчўбаи ҳамин усулҳо муносибатҳои на танҳо иҷтимоӣ, балки муносибатҳои шахсӣ низ ба вуҷуд меоянд. Бо ибораи дигар байни инсонҳо ҳамеша чизи як мутаҳҳидсозандаи сеюм аст, ки бо шарофати он муносибатҳои одамон муназзам мегарданд. Инсонҳо ҳамеша бо якдигар дар иртибот муносибатҳо қарор доранд. Онҳо кадом як кореро муштарак анҷом медиҳанд, гузоришот менависанд, дар тарабхонаҳо хўрок мехўранд, шоҳмотбозӣ мекунанд, якдигарро ғайбат менамоянд, ба якдигар санги маломат мезананд ва ғайра. Ба худ метавон суол кард, ки агар дар муносибати онҳо тамоми чизҳои муайян, ашёҳо, манфиатҳо ва талаботҳое, ки ба сабаби онҳо ин муносибатҳо ба вуқўъ омадаанд берун кашем, дар муносибатҳои онҳо чи боқӣ хоҳад монд. Воқеан чизе боқӣ мемонад, ки вай имкони ин муносибатҳоро шакли ҷамъиятии онҳо, талаботи аввалияи одамонро дар ҳаёти муштарак ҳамчун шароити имконияти ягона ва табиӣ мавxудияти одамон ба вуҷуд овардааст. Ин ахлоқ аст.

Ахлоқ чунин як ҳадафмандии мавҷудияти одамон барои якдигар аст, ки он дар асоси вуҷуд доштани муносибатҳои пароканда вале муайян, тасаввури гуногуншаклии байни онҳо таъмин менамояд ва имконияти худи ҳамин муносибатҳоро муҳайё месозад. Ҷои шак нест, ки чуноне ки таҷрубаи ҳамкории одамон ахлоқро айнан муқаррар менамояд душманӣ ва носозгории инсонҳо онро хароб месозад. Вале бедуни ахлоқ на таҷрибаи ҳамкорӣ ва на таҷрибаи душманогарӣ наметавонанд ба вуҷуд оянд. Тамоми паркандагии муносибатҳо, аз ҷумла xудошавии онҳо ба дўстию душманӣ дар дохили фазои ахлоқӣ зуҳур менамояд ва муносибатҳои инсониро нишон медиҳанд.

Барои он ки инсон табиат ва вазифаҳо иҷтимоии ахлоқро бифаҳмад, зарур аст, ки дар хусуси мавҷудияти ҳолати аввалияи ҳамгироии одамон, бародарӣ ва ҳамбастагии онҳоро эҳтимолан мадди назар гирад (чунин эҳтимолро метавон гипотеза дар хусуси коммунизми ибтидоӣ, асотири мазҳабӣ, пайдоиши башарият аз як инсон, яъне Бобо Одам ва дар бораи ҳаёти умумии одамони аввалин ба ҳисоб гирифт, низоми давлати қудрат наметавонад ба таври комил душмании байни одамонро дар ҷомеа бартараф созад, зеро дар табиати инсон эҳтирозҳои таҷовузгорона дар хурeшанд ва дар шаклҳои гуногун зоҳир мегарданд.

Умуман ахлоқро метавон навъе аз анвои ҷамъиятӣ инсонӣ номид, ки он муносиботи байни одамонро дар гуногуншаклии онҳо муайян намуда, имконоти зуҳури ин муносиботро ба вуҷуд меорад.

Ахлоқ ба мисли занҷире, ки ҳалқаҳоро бо ҳам пайваст месозад одамонро дар байни якдигар пайваста, умумияти ормониеро зоҳир месозад, ки дар дохили он танҳо ҳастии инсон метавонад ташаккул ва такомул ёбад. Муносибати инсонӣ ва муносибҳои башарӣ мафҳумҳо мебошанд, ки ба якдигар хеле наздиканд. Ахлоқ худи ҳамон ҷавҳари инсоние мебошад, ки бе он муносиботи одамон ҳаргиз наметавонад инсонӣ ва ҷамъиятро ба худ гирад. Ба сифати заминаи арзишманд ахлоқ асоси беасосӣ ҳамзистии инсонии одамонро зоҳир месозад. Қабл аз ҳама ахлоқ ҳангоми мавҷуд будани озодии ирода ва ихтиёри инсонӣ тасаввурпазир аст, зеро ирода ва ихтиёре оқилонаи инсон ахлоқро дар худи худ таҷассум менамояд, вале онро наметавонад аз ҳеҷ куҷое, на аз табиат ва на аз ҷамъият берун созад. Сониян, ахлоқ шакли умумиро дорад ва ба фард фарди ҷомеа паҳн мегардад. Ин ду хусусияти ахлоқ бо якдигар пайванди ногусастанӣ доранд. Амали иродаи озод ва ихтиёри инсонро зарур аст умумӣ ва дорои аҳамияти умумӣ тасаввур намуд, зеро ҳеҷ чиз наметавонад онҳоро маҳдуд созад. Дар акси ҳол онҳо озод буда наметавонанд.

Ягонагии ихтиёр, иродаи озод ва умумият хусусияти хоси ахлоқро ташкил медиҳад. Дар робита ба ин ахлоқро ҳаргиз наметавон бо зулму истибдод ва ҷабр мушобеҳ сохт. Он дорои мантиқе на камтар қатъӣ ва ҳатмӣ аз мантиқи ҷараёнҳои табиӣ мебошад. Он ба шакли қонун вуҷуд дошта, ба ҳеҷ гуна истисно роҳ намедиҳад. Вале дар навбати худ чунин қонунест, ки вайро бо ихтиёр ва иродаи озод худи шахс ва ҷомеаи инсонӣ муқаррар менамояд. Дар ахлоқ инсон дар чаҳорчўбаи қонунгузориҳои хеш, бахусус қонунгузории умумӣ тобеъ мебошад. Ахлоқ ягонагии фардӣ, шахсият ва умумиятӣ, воқеиро ифода менамояд. Он худмухтории ирода ва ихтиёр, худқонунгузории онро нишон медиҳад.

Ин чи гуна имкон дорад? Чи гуна метавонад, ки инсон худ барои худ қонуни рафтор муайян созад ва ин қонун ҳамзамон барои тамоми ҷомеа, воқеъӣ ва дорои аҳамияти умумӣ бошад?

Агар, фарз кардем кадом як ирода ва ё ихтиёри шахс дар шакли озод, қонуни умумӣ ва бедуни шакку шубҳа ҳамчун ирода таҳлил гардад, дар он сурат ин қонун барои дигар одамон ҷабрӣ ва таҳлилӣ мебошад. Ин ирода ба сифати озод ва иродаи бошуурона наметавонад иродаи умумӣ ва бе чуну чаро бошад. Аммо ахлоқ шакли бечуну чарои умумии қонуниро гирифта, худ озодии тамоми иродаҳои дигарро ба ҷуз он чизе, ки худ муқаррар кардааст инкор менамояд.

Дар андешаҳои ахлоқӣ мутафаккирони пешин, таҷрубаи фарҳанги ва таърихи ахлоқи халқи тоҷик се ҳалли ин таззод пешниҳод шудааст. Яке аз онҳо умумияти ахлоқро инкор намуда, баён месозад, ки ин таъбиру тафсири ахлоқ маънои табдилшуда дорад. Дар айни замон пешниҳод менамояд, ки ахлоқро метавон дар чаҳорчўбаи шароитҳои хоси ҳаёти инсон дарк намуд ва онро ба ҳайси изҳори манфиатҳои муайяни иҷтимоӣ, навъи зуҳуру ҳаловат, марҳилаҳои рушди биологӣ ва ғайра шарҳу тафсир кард. Дар зиндагии маъмулии одамон ин нуқтаи назарро чунин метавон изҳор кард, гўё ҳар як инсон ва гурўҳи одамон ахлоқи хоси худро дорад. Ниҳояти дигар иборат аз инкори мухторият ва ихтиёри шахсият, тафсири ахлоқ ба ҳайси зуҳури иродаи илоҳӣ, қонуни кайҳонӣ, зарурати таърихӣ ва ё нерўи дигари абарфардӣ мебошад. Намунаи барҷастаи ин андеша он аст, ки тибқи он аҳкоми ахлоқӣ аз ҷониби Офаридгори оламу одам муайян ва тарҳрезӣ гардида, тавассути китобҳои осмонӣ нузул шудааст. Навъи сеюмӣ андеша он аст, ки мутобиқ ба он аз рўи дид хусусиёти инкоркунандаи якдигарро пайванд созад. Дар ин бахш қонуни зерини ахлоқ пешкаш гардидааст: «Нисбати дигарон тавре рафтор кун, ки дигарон низ нисбат ба ту чунин амал намоянд».

Ин қоида қоидае аст, ки таи чанд ҳазорсола асосии ахлоқи инсониро дар ҷомеа ташкил дода, он аксаран худи ахлоқро ифода сохтааст. Он дар миёнаи ҳазорсолаи аввали қабл аз милод, дар замони ба истилоҳи «Қарни меҳтарӣ» ба вуҷуд омадааст ва моҳияти инсондўстиро возеҳ ифода намуда, дар чавкоти он инсоният то имрўз ҳаёт ба сар бурда истодааст. Ин қоида ҳамзамон ва новобаста аз якдигар дар фарҳангҳои мухталифи ҷаҳон, аз он ҷумла Эрони бостон (фарҳанги авестоӣ), Чини қадим (Конфутсий), Ҳинди қадим (Буддо) ва Юнони қадим (Ҳафт хирадмандон) дар тавсияҳои ба ҳам монанд зуҳур намуданд. Зуҳури чунин падида ба ҳайси қоидаи заррин ба таври хеле мустаҳкам вориди фарҳанг мегардад ва ба анъанаҳои фалсафӣ ва тафаккури ҷомеа реша давонда ва дар миёни халқҳои гуногун ба зарбулмасал табдил мегардад.

Қоидаи асосии одобу ахлоқ дар муносибати инсон бо одамони дигар чунин меъёрҳоеро муайян месозад, ки инсон бояд онҳоро бар худ нигаронад, дар чаҳорчўбаи онҳо инсон тавонад корҳоеро иҷро намояд, ки одамони дигар дар муносибат ба ў дастури амал намоянд. Ба тариқи дигар гўем, он аз инсон тақозо менамояд, ки ба меъёрҳои умумӣ итоат намоянд ва олати ошкорсозии умумияти онҳоро пешниҳод менамояд. Моҳияти ин олат аз он иборат, ки агар ягон меъёри ахлокиро дар умумӣ будани озмоиш намонем ва бо ҳамин тариқ ошкор созем, ки оё вай дар ҳақиқат меъёри ахлоқӣ шуморида шавад ё не, барои инсон лозим аст, ки ба он суол ҷавоб гўяд: агар ў ин меъёрро ҳамчун меъёри ахлоқӣ қабул менамуд, аз ҷониби одамони дигар низ нисбат ба худи ў дар таҷруба санҷида мешуд. Барои ин зарурат бо он меафтад, ки инсон хаёлан худро ба ҷои як шахс ва ё шахсони дигар гузорад. Яъне ба ҷои онҳо ки ин амали ин меъёриро озмоиш менамояд. Агар ҳангоми табодули ҷо ба ҷогузорӣ ин амал ҳамчун меъёр қабул гардад, он гоҳ он сифати меъёри ахлоқиро ба худ касб менамояд. Қоидаи асосии ахлоқ, ин худ қоидаи мутақобил аст, он, моҳиятан, таҷрубаи хаёлие мебошад, ки мутақобилияти мутаҷоизии меъёрҳоро барои ҷонибайн, яъне шахсҳои иштироккунанда ошкор созад. Бо ҳамин тариқ метавон он хатареро ки, умумияти меъёри ахлоқӣ онро паноҳгоҳи худхоҳонаи манфиатҳои шахс ва дигарон кард ва онро баъзе аз одамон бар дигарон тахмил менамояд, аз байн бурд.

Барои фаҳмиши қоидаи асосии ахлоқӣ зикр кардан бо маврид аст, ки мазмуни он дар ду модалнокии мухталиф («модалнокӣ» дар ин ҷо ба маънои тарзи мавҷудият истифода гардидааст) дода шудааст. Дар он бахше, ки ба дигарон тааллуқ дошта, умумиятро ба сифати аломати ахлоқ тасдиқ менамояд, вай хусусияти хаёлӣ ва ормонӣ мегирад: чизеро ки дар дигарон дeст намедорӣ чи гуна мехоҳӣ, ки дигарон бо ту рафтор кунанд. Вале дар он бахше, ки он ба худи шахс вобаста аст, ба сифати дастури амалӣ баромад мекунад: онро худ маписанд, то дигарон низ написанданд.

Ба ҳамин тариқ, тазодӣ ва ё маҷмасаи ахлоқие дар боло зикр шуд аз ҷониби худи шахсият ба вуҷуд оварда шуда дорои хусусият ва аҳамияти умумӣ мебошад. Метавон эҳтимол кард, ки қонуни ахлоқии умумӣ дорои модалнокии мухталифе барои худи шахс буда, ки маҳсули иродаи бошууронаи ў мебошад ва барои одамони дигаре, ки ба муҳит ва фазои амалиёти он дохил мешаванд мавриди қабул мебошад. Барои худи инсон дар шакли воқеъи мавҷуд буда, ҳамчун сиғаи амри тасвият мешавад, аммо барои одамони дигар бошад дар шакли ормонӣ пазируфта мешавад. Ин гуфтаҳо маънии онро доранд, ки умумӣ будани қонуни ахлоқ хусусияти ормонӣ доро мебошад. Шахсияти ахлоқӣ ва ё инсони боахлоқ қонуни ахлоқиро ба сифати ормонӣ тарҳрезӣ менамояд ва онро на барои он мекунад, ки барои дигарон қонуне ва ё меъёре пешниҳод намояд, балки ба хотири он, ки онро ҳамчун меъёри рафтору кирдори худ интихоб кунад. Чунин амали зеҳнӣ ва ботинии инсон ба мақсади озмоиши меъёр барои умумият ба шахс барои он зарур аст, ки боварӣ ҳосил намояд, оё дар ҳақиқат иродаи ў озод ва дар чаҳорчўбаи қонунҳои ахлоқ аст.

Тамоми гуфтаҳоро ҷамъбаст намуда, одоби ахлоқро метавон ба таври мухтасар чунин муайян сохт: 1) тавоноӣ ва амри ақл бар инсонҳо; 2) шавқу рағбат барои манфиат; 3) иродаи неки инсон ва далелҳои беғаразона; 4) қобилияти ҳамзистӣ бо инсонҳо; 5) шаклҳои ҷамъиятии муносибати байни одамон; 6) ихтиёр ва худмухтории ирода; 7) муносиботи мутақобилаи дар қоидаи асосии ахлоқи изҳоршуда.

Ин бандҳо ҷанбаҳои гуногуни ахлоқиро муайян намуда, онҳо бо ҳамдигар дар холати таносуб қарор дошта, ҳар яке дигареро эҳтимолан пурра месозад. Чунин як ҳамтаносубӣ бахусус барои муайян ва сабт намудани сифоти ахлоқии муносиботи одамон хос ва ногузир мебошад. Шахси некўкор тавре, ки зикр гардид, метавонад худро дар чаҳорчўбаи талаботҳои ахлоқӣ нигоҳ дорад ва бар шавқу таассурот ва талаботҳои нафсҳои ҳайвонӣ ва рустании хеш фармонраво бошад. Бо кадом мақсад инсон ин корҳоро анҷом медиҳад? Барои он, ки бо дигар одамон дар ҳолати таззод қарор нагирад, муносибатҳои худро бо онҳо мавзун ва ҳамнаво созад. Бо ибораи дигар, ў мефаҳмад, ки наметавонад дар танҳоӣ кореро пурра ба анҷом расонад. Инсони дорои ахлоқи накў барои манфиати олӣ фаъолият менамояд. Саволе ба миён меояд, ки худи манфиати оли чист? Ҳадафи олӣ чунин ҳадафи бе шарту қайдест, ки он бо нерўи бешубҳагии худ аз ҷониби тамоми одамон эътироф мегардад ва бо онҳо имкон медиҳад, ки ба ҳам дар ҷомеа муттаҳид шаванд, зеро роҳ ба сўи он роҳи беғаразӣ ва роҳи нек аст. Вале инсон дар куҷо метавонад иродаи неки худро ошкор созад? Танҳо дар ҳамон соҳае, ки комилан вобаста ба иродаи худи ў буда, соҳае аст, ки муносиботи мутақобила инсонҳо буда, онро қоидаи зарурии ахлоқӣ муайян месозад. Хулласи калом одами аз нигоҳи ахлоқ комил буда таҷассуми амалии ахлоқ аст ва дар муносибатҳои ахлоқии камолёфаи байни инсонҳо боз ҳам такомул меёбад. Агар ба ин масъала аз ҷониби дигар назар афканем ва аз ахлоқи ҷомеъа канораҷўӣ карда, масъалаҳои он ки дар кадом бозмондаҳои субъективӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ сифати ахлоқии худро пайдо хоҳанд намуд ва одамон чи гуна бояд бошанд, ки муносибати байни онҳо ҷавобгўи меъёрҳои мутақобилаи ахлоқӣ гарданд, андеша намоем, дар ин ҳолат мо ба ҳамон хусусиятҳои инсони комил хоҳем расид, ки дар бораи он дар боло зикр намудем.

Гуногунҷанбагии ахлоқ ин худ заминаҳое барои шарҳу тафсири мухталиф мебошад. Тамоми мутафаккирони форсу тоҷик ахлоқро дар афзалият ҳамчун асосу бунёди такомули инсон ба қалам додаанд. Вале қисме аз файласуфони Ғарб, чун Гоббс ва дигарон, ки дар ахлоқ, асосан усули мураттабсозии муносиботи одамонро медонистанд. Дар таърихи илми ахлоқ назарияҳои дигаре низ вуҷуд доранд, ки мутобиқи онҳо ахлоқи фардӣ бо ахлоқи иҷтимоӣ пайванд ҳастанд. Хусусиёти мароқангези ин андеша дар он зоҳир мегарданд, ки ҷонибдорони он ҳам аз шахсият ва ҳам аз ҷомеа канорагирӣ менамуданд. Масалан Шефтсбери инглис дар асри ХYIII ақидаеро пайравӣ мекарданд, ки мутобиқи он гуё ба инсон табиатан ҳиссиёти махсуси ҷамъиятии хайрхоҳона, ҳусни таваҷҷўҳ ба одамони дигар, ҳамдилӣ, ғамхории беғаразона ва ғайраҳо дар муносибат бо одамони дигар хос аст. К. Маркс, баръакс, чунин мешуморид, ки танҳо тағйири муносибатҳои иҷтимоӣ асоси волоияти шахсият мегарданд.

Гуногунҷанбагии ахлоқ ҳамчун зуҳурот инчунин дар гуногунмоҳиятии он ҳамчун мафҳум низ баён гаштааст. Инро мо дар таҷрубаи рўзмарра ҳамеша мебинем. Дар аксар мавридҳо умуман инсонҳо ба худ ҳисобот намедиҳанд, ки ахлоқ яъне чист. Ҳангоме, ки атрофи онҳо дар ин масъала ба андеша фурў мераванд, дарёфт менамояд, ки онҳо қоидатан субъективи якҷониба ва сахтгиру серталаб нестанд. Агар, мо аз фарҳанги забони тоҷикӣ канорагирӣ намоем, метавонем доираи маълумоти хеле васеъи доир ба маъно ва мафҳуми ахлоқ, яъне аз маълумоти умумӣ доир ба ахлоқ сар карда, то адабномаву панду насиҳатҳо фасодиву ахлоқиву адамӣ дастгирии он дар ҷомеа рў ба рў хоҳем шуд. Бисёрмаъноии ахлоқ қабл аз ҳама бо сўъистифода аз мафҳуми ахлоқ сар зада, ба мақсади пeшида доштани ҳадафҳои беахлоқӣ истифода мегардад. Вале ин дар маънии маъмули он моҳияти мусбӣ низ дорад. Маҳз барои ҳамин, ки ахлоқ маъноҳои гуногун дорад, ба он одамони дорои манфиатҳои гуногун руй меоранд ва аз он судгўӣ менамоянд.

#

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *