Фанни Этика/Эстетика

Одоби сўҳбат вамаданияти нутк.салом ҳамчун аломати эҳтиром. Ташрифҳои расмӣ

Гўш фаро додан ба ҳамсўҳбат, сари вақт ва вокуниши дуруст ба суолҳои ў ва боназокат (мулоим, боадабона) посух гуфтан ба онҳо-муҳинтарин унсури фарҳанг аст. Ҳангоми сўҳбати дўстона одатан яке сўхан мегўяд ва дигарон оромона ба он гўш фаро медиҳанд. Зиёда аз ин танҳо ҳамон вақт пурсишро матраҳ месозанд, ки сухани шахс ба поён расидааст. Буридани сухани шахсе, ки сҳҳбат дорад ва бар иловаи он суол пеш гузоштан ба вай муносибати ҳолу замон нест ва кори нохуб аст.

Бояд ёд дошт, ки ҳангоми суханронӣ хоҳ ин раванди дарсгўӣ аст ва ё сўҳбати дўстона шахси сухангў аз имову ишора ва такон додани даст худдорӣ варзад. Агар шахси сухангў нишастааст, дастҳо бояд сари зонуҳо бихобанд, вале агар сухангў рост истодааст, дастҳо ҷойи хеш-сари кифт овезон бошад. Зиёда аз ин ҷунбонидан, болову пойин алвоҷ додан ва таҳдид кардан бо дастҳо ва ангуштон-кори бисёр ношоиста ба шумор меравад ва зишт аст. Шахси сухангў ҳангоми суҳбат бе сабаб набояд бихандад, зеро ин амал тааҷҷуби ширкаткунандагони давраро бармеангезонад. Сухан карда истода, барои ҷалби таваҷҷўҳ ба даст ва ё китфи ҳамсўҳбат даст назанед. Аз суҳбат кардан болои сари ҷанобон, ба вижа хонумҳо, дурӣ гузинед.

Бо оне, ки пушти сари шумо нишастааст, суҳбат наоред, сухани шахсеро, ки ҳарф мезанад, мабуред. Ҳангоми сўҳбат ба соати деворӣ ва ё мучӣ нигоҳ накунед, ба вижа ба таври намойишӣ ва мукарар, ки таваҷчўҳи шахси сўханварро ҷалб мекунад.

Ай писар, гар пештар гўӣ салом,

Оташи дўзах шавад бар ту ҳаром.

 Фаридаддини Аттор

Яке аз фазилатҳои неки инсонӣ, ки обрўву нуфуз ва манзалати ўро баланд мебардорад, тарзи баёни салом ва риояи одоби он мебошад. Пешиниён ин ҳусни одобро дар вуҷуди фарзандон парвариш намуда, аз хурдӣ таълим медоданд. Он аз амалҳои солеҳи фарзандон маҳсуб меёфт. Дар ҷомеаи асримиёнагӣ ин амал ҷойгоҳ ва аҳамияти махсус дошт ва аз бузургсолон то хурдсолон онро риоя мекарданд. Аксари адибон ва олимон низ дар осори худ ба тарзи одоб ва фазилатҳои салом изҳори андеша кардаанд ва амали онро низ хостор мешуданд. Бо мақсади расидан ба камоли инсонӣ кўшиш мекарданд, ки ба атфол аввал одоби салом доданро омўзонанд.

Одоби салом дар байни мардуми мо аз қадим аз хурдии фарзандон то давраи камолот аз ҷониби волидайн назорат ва таъкид мегардид. Ин гуна муносибат ва таъкидҳои пай дар пай асос мешуд, ки фарзанд одоби саломро риоя намояд ва дар ҳама ҳолат барои иҷрои ин амал омода бошад. Равони кўдак нисбат ба салом ба дараҷае фаъол гардида буд, ки ҳамеша ва дар ҳама ҳолат мехост ба калонсолон салом диҳад.

Худи калимаи «салом» аз забони арабӣ буда, маънояш осоиш, сулҳу амонӣ, осудаҳолӣ мебошад ва шакли тоҷикии он мафҳуми «дуруд» аст. Дар замони пеш аз ислом аҷамиён бо нишони меҳр ва эҳтиром ба ҳамдигар дуруд мефиристоданд ва ҳамдигарро бо дуруд пешвоз мегирифтанд. Махсусан, ҳангоми ҷашнҳо дуруд гуфтан ва бахшоиши гуноҳи ҳамдигар яке аз сифатҳои неки ниёгони мо ба шумор мерафт. Дар миёни мардум, ба хусус, дар айёми Наврўз дуруду шодбош гуфтан ба ҳукми анъана даромада буд ва одамон барои аз худ дур кардани кина ба ҳамдигар дуруд мегуфтанд. Дурудгўӣ аз дарбори шоҳ оғоз меёфт ва ба дурудгўии кўдакон ба анҷом мерасид. Коҳинон дурудгўиро дар миёни ҷомеа таблиғ мекарданд.

Пас аз зуҳури ислом миёни тоҷикон эҳтиром гузоштан ба ҳамдигар тавассути риояи одоби салом боз ҳам густариш ёфт. Он ҳам ба одат ва ҳам ба суннат табдил ёфт ва дар муносибати одамон ҳамчун рукни қадр кардани ҳамдигар шинохта шуд. Дар ин давра салом муқаддас ва табаррук эълон гардид. Ба яке аз номҳои мубораки Худованд пайванд шуд ва ба он арзиши муқаддамтар аз одоб дода шуд. Дар ин даврон зуҳури салом ба сифати тарбия бештар арзиши эътиқодӣ ва маърифатӣ пайдо намуд ва ба тафаккури мардум ҳамчун маърифати исломиву миллӣ ҷойгоҳи хосро касб намуд.

Ба хотири таъкид шудани салом дар китоби «Қуръон» мафҳуми «салом» бо салавот наздик карда шуд ва он аҷри бузургтарро ба худ касб намуд. Дар Сураи «Нисо», ояти 86 омадааст, ки: «Ва чун салом дода шавад, пас ба гунае беҳтар аз он салом диҳед, ё ба ҳамон калима ҷавоб диҳед. Ба дурустӣ, ки Худо бар ҳар чиз ҳисобкунандааст».

Дар ҳадисҳо низ эҳтиром гузоштан ба салом, риояи он, таъсири салом ба рўҳи инсон ва адлу осоиш овардани он ифода ёфтанд, ки аҳамияти бағоят бузурги тарбиявӣ доранд. Дар ҳадисҳое, ки дар он сухан аз салом меравад, эҳсос мешавад, ки ҷанбаи ахлоқӣ бештар мебошад ва барои тарбия намудани фарзандон дар рўҳияи инсондўстӣ ва эҳтиром гузоштан ба калонсолон таъсири баландро дорост. Масалан, дар ҳадисе Расули акрам мегўяд, ки: «Агар ду мусалмон ҳангоми мулоқот ба якдигар салом ва мусофаҳа (дастӣ салом кардан) кунанд ва аз Худованд талаби омўрзиш намоянд, омурзида мешаванд».

Дар асарҳои донишмандони илми фиқҳу калом ва тасаввуф низ доир ба моҳият ва арзиши салом назару андеша баён гардида, беҳтарин воситаи муносибати байни одамон будани он таъкид ёфтааст. Аз ҷумла, дар китоби Мавлоно Камолиддин Ҳусайн Воизи Кошифӣ «Футувватномаи султонӣ» бобе бо номи «Дар одоби салом кардан» омадааст, ки дар он ҷой, макону мавзеъ, шарту шароити салом, фазилати салому одоб шарҳ ёфтаааст.

Салом пеш аз ҳама инсонро хушхулқу боодоб, ботамизу бофаросат, нармдилу гармдил, дилҷўву дидадаро, нармгуфтору гарммуомила, пурмеҳру тавозўъкор месозад. Аз ин рў ҷомеаи кунунии мо хусусан хурдсолону ҷавонон, ки аз осори маънавии асримиёнагии миллии мо иттилооти андаке доранд, ба омўзиши ин рукни асосиву маънавии тарбия — одоби салом ниёзи маънавии бештар доранд.

Салом чанд фазилат дорад, ки донистани он ба манфиати шахс мебошад. Салом, пеш аз ҳама, ба покии ҷисмонии инсон таъсир мерасонад. Он алфози қабеҳро аз забони инсон дур месозад ва гўяндаву шунавандаро ба фазилату хирадмандӣ ҳидоят мекунад. Кўдак агар ба бераҳмтарин шахс бо лафзу лаҳни тифлона салом гўяд, раҳмдил мешавад ва ҷаҳлаш ба фазл мубаддал мегардад. Аз ин рў салом барои хушҳол гардонидани инсон низ таъсир мерасонад. Муҳим он аст, ки салом адоват, хусумат, бухл, кина, ҳасад барин хислати инсониро рафъ месозад. Саломи аз рўи сидқ дар дили инсон ҷой гирифта, савоби беш дорад, зеро тавассути он шахс тадриҷан дорои хислатҳои ҳамида: ростқавлу ростгўй, дилсофу раҳмдил, мушфиқу меҳрубон, дилсўзу ғамхор, халқдўсту мардумнавоз, раиятпарвару меҳнатқарин, содиқу вафодор, хушзабону хушмуомила, ҳалиму дилҷў, дидадарову маҳбуб, ғамхору ғамгусор мегардад.

Агар дар кўча фарде салом медиҳад, пеш аз ҳама, ба табъи каси дигар таъсири нек мегузорад ва ўро аз андешаи зиёдатӣ озод менамояд. Агар табъаш хира бошад ҳам, бо шунидани салом болида мегардад. Ё худ касе бо шумо дилсардие дорад, яъне бо шумо гапӣ нест, агар ба шумо салом диҳад, он бадбиниву сарддилӣ гум хоҳад шуд. Беш аз ин дўсту муқарраби шумо, хеши шумо, бародару хоҳари шумо агар аз шумо дур зиндагӣ кунад, нома менависад ва шумо ба ў нома менависед, аввали номаи шумо бо салом оғоз меёбад, ки бо хондани он хушҳол ва сидқан хурсанд мешавед.

Фазилати салом ба рўҳу равони инсон таъсири мусбат мерасонад. Агар хоҳем, ки аз бузургсолон эҳтиром бинем, табъи онҳоро болида созем ва онҳоро шод гардонем, бояд одоби саломро риоя намоем ва кўшиш созем, ки пеш аз онҳо, сари вақт ва бо овози нарму форам салом диҳем. Саломи мо бояд боодобона бошад. Агар нишаста бошем, дарҳол хеста, даст пеши бар намоем ва бо чеҳраи кушод бо як нафас гирифтан, дастро пеши сина гузошта, пойҳоро ба ҳам ва қоматро рост карда, сарро каме рўй ба замин ниҳода бо андаке табассум ва бо чеҳраи гарм салом диҳем. Бояд тарзе овоз барорем, ки ба иззати нафси дигарон нарасем. Ва бояд он бо лаҳни нарму ширину гўшнавоз бошад. Саломдиҳанда баъди салом, аввалан, бояд аз тарзи сухани худ розӣ шавад, сониян, ба ҳар гунае ки ҷавоб мегирад, ба он қаноатманд бошад ва зинҳор бояд аз тарзи ҷавоб норизо нагардад. Баъзан шояд одам дар ҳолати мухталифи равонӣ қарор дорад ва наметавонад саломро дуруст ҷавоб гардонад ва ё дарунӣ аз таги дил ба он ҷавоб мегўяд. Дар ин гуна ҳолат он на бояд мавриди муҳокимаи ботинии каси дигар қарор гирад. Баръакс, бо шукргузорӣ аз рафтори худ қаноат ҳосил намояд, ки қарзи хешро ба анҷом расонидааст. Дар сурати дигар, худаш ё хурд бошад ё бузург, метавонад салом диҳад ва дар сурати ҷавоб нашунидан боз худаш ботинан ҷавоби саломро такрор намояд. Дар ин гуна ҳолат савоби салом бештар ба ин шахс мерасад ва ин низ яке аз амалҳои солеҳ ба шумор меравад.

Тавассути салом, ки як амали солеҳ аст, камолоти маънавии инсон муайян карда мешавад. Дар миёни мардуми тоҷик бошад, он ба як рукни анъанаи миллӣ табдил ёфта, аз ҷониби хурду бузург аз овони кўдакӣ то ба охири умр риоя мешавад.

Салом бо тарзи хос ифода шуда, як чанд усули баён дорад, ки дар поён баъзе аз онҳо бар тартиби муайян оварда шудаанд.

Якум. Агар нишаста бошем, аз ҷой бархоста дасти рост ба пеши синаи худ мегузорем ва қомати худро рост намуда, бо табассум ва лаҳни ширин салом мегўем.

Дуюм. Агар рост бошем, даст пеши бар менамоем ва бо чеҳраи кушода, овози нарм салом мегўем ва интизори ҷавоб мешавем.

Сеюм. Агар бузургсол даст дароз накунад, ҳеҷ гоҳ кўшиш насозем, ки пеш аз ў даст дароз ва ўро маҷбур намоем, ки бо мо бо даст салом кунад, ки ин аз рўи одоб нест. Хуб мешавад, агар ҷойи муносиб бошад, бузургсол худаш даст дароз кунад ва бо табассум, лутф ва овози нарму ширин ба хурд дастӣ салом диҳад ва ин амалро бо қаноатмандӣ иҷро намояд. Тибқи ривояти Анас, Расули акрам ба кўдакон табассум менамуд ва ҳар гоҳ аз наздики эшон мегузашт, салом мегуфт.

Чаҳорум. Ҳангоми ворид шудани ягон шахс ба хона ва ё меҳмонхона агар нишаста бошем, бархоста даст пеши бар менамоем ва саломро аз дил мегузаронем ва барои бо даст салом кардан шитоб намекунем.

Панҷум. Дар маъракаҳо танҳо даст пеши сина бурда, бо чеҳраи кушода бо ишора (хаму рост кардани сар) салом гуфтан аз рўи одоб аст. Баланд салом гуфтан, хандида салом гуфтан ва чеҳраро турш намуда салом додан, бо даст салом кардан аз рўи одоб нест.

Шашум. Агар ба маърака даъват мешавед, ба маҷлис медароед ё ба меҳмонхона ворид мегардед ва мебинед, ки ҳозирин нишастаанд, даст пеши бар карда, бо дилатон саломро гузаронед ва бо чеҳраи гарм, нимтабассум карда, сар ҷунбонида дар ҷойе, ки даъват барои нишаст мешавед, нишинед. Дар ин гуна ҳолатҳо аз дигарон дер намонед. Дер мондан аз рўи одоб нест. Агар узр ва ё сабабе дошта бошед, бахшида мешавад.

Ҳафтум. Ҳангоми вохўрӣ бо шахси аз худ калон танҳо даст пеши бар намуда, чеҳраро кушода бо изҳори хушнудӣ салом гуфтан аз рўи одоб аст. Пеш аз вай даст дароз карда бо даст вохўрӣ кардан мумкин нест. Агар шахси калонсол даст дароз намояд, дасти ростро барои салом дароз кардан, дасти чапро ба пеши сина гузоштан аз рўи одоб аст.

Ҳаштум. Савора ба пиёда салом мегўяд. Мошинсавор, аспсавор, харсавор бо ишораи хаму рост кардани сар ба пиёда салом мегўяд. Пиёда агар даст пеши бар карда ҷавоби саломро гардонад, аз рўи одоб аст. Аз Абўҳурайра дар ин боб ривоят аст, ки Ҳазрати Муҳаммад фармуд: савора бар пиёда, раванда бар нишаста ва кам ба бисёр салом намояд.

Нўҳум. Пиёда дар роҳ ба ҳар як роҳгузар, хоҳ савор бошад, хоҳ пиёда, даст пеши бар карда салом гўяд, аз рўи одоб аст. Нишаста салом додан, даст дар киса салом гуфтан, бо садои баланд салом додан, шўхӣ карда салом гуфтан аз рўи одоб нест.

Даҳум. Салом додани хурд ба калонсол шарт аст. Вобаста ба ҷой ва мавқеъ бояд ҳар як шахс аз худ бузургро бо салом пешвоз гирад ва ба ў салом диҳад. Салом додан ба калонсолон ҳатмӣ мебошад. Дар сурати риоя нашудан ва ё дар ҳолати парешонӣ будан бояд хурдсолон наранҷанд. Дар ин гуна ҳолат ҳусни одоби хурдсолон боло меравад.

Ёздаҳум. Ҳангоми аёдати бемор аввал беморбин салом мегўяд ва даст пеши бар мекунад ва бо чеҳраи кушода овоз мебарорад ва кўшиш бояд намояд, ки бемор тавассути ин салом роҳат бубинад.

Хонандагон донистани фазилатҳои салом ва риояи онро ҳамчун калиди одоб бояд бифаҳманд. Онҳо агар дар роҳ ба калонсолон даст пеши бар карда, салом гўянд, одоб аст. Агар як нафар калонсол бошад, метавонанд бо овоз салом гўянд, агар як чанд нафар бошанд, метавонад танҳо даст пеши бар гирифта салом намоянд. Дар ин ҳолат дасти чап ба дасти ҳамроҳаш қарор гирифта, дасти рост ба пеши сина гузошта, мафҳуми «салом»-ро истифода менамояд. Ин тарзи салом гуфтанро омўзгорон бояд таълим диҳанд. Ҳангоми ба анҷом расидани дарс, машғулият ба омўзгорон ҳатман «хайр» гуфтан аз адаб аст.

Хонандагон бояд донанд, ки онҳо давра ба давра боадабтар мешаванд ва одоби салом ҳусни амали онҳоро афзун мегардонад. Вобаста ба ин бояд талош намоянд, ки дар ҳама ҷо ва дар ҳама ҳолат одоби саломро риоя намоянд ва барои дуруст ба анҷом расонидани фазилатҳои салом кўшиш ба харҷ диҳанд. Дар синфҳои болоии ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мафҳуми «Ассалом» ҳам барои шогирд ва ҳам барои устод қобили қабул мебошад. Ин тарзи баён ба синну соли ноболиғон мувофиқ аст, барои талаффузи хонанда мушкилӣ намеорад ва маънои осудаҳолӣ ва сулҳу осоишро ифода менамояд. Дар ҷойҳои зерин салом гуфтан одоб аст:

1) Дар роҳ аз хона то мактаб, кўчаву хиёбон, назди мактаб ва дар ҳавлии мактаб. Чун одат хурдон ба бузургон «Ассалом» мегўянд ва агар бузургсолон ба хурдсолон салом диҳанд, боке нест ва он аз тарбиятдида будани калонсол шаҳодат медиҳад. Шарти салом дар ин маврид аз хурдсол ба калонсол мебошад.

2) Дар роҳрави мактаб аввал шогирд салом мегўяд. Дар синфхона бошад, аввал устод салом мегўяд ва шогирдон ҷавоб медиҳанд.

3) Паси ҳам сар бароварда, бо якчанд овоз салом додан ва ҳангоми салом додан шўхӣ ё баланд хандидан аз рўи одоб нест. Низоми риояи саломро бояд ба шогирдон устод, падару модарон, бародарон ва хоҳарон омўзонанд ва риояи саломро назорат баранд.

4) Хонандагон дар хона ба падару модар, хоҳару бародар, хешу табор ва касоне, ки меҳмони хонадони онҳо мешаванд, метавонанд бо риояи одоб ва бо чеҳраи кушода ва овози нарм «Ассалом» гўянд. Писарон даст пеши бар намоянд ва духтарон каме бо сар таъзим намоянд, ин ҳусни одоб ва зеби саломи онҳо мебошад.

5) Дар дохили нақлиёт, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бояд аввал хурдсолон ба бузургсолон даст пеши бар карда салом диҳанд. Агар калонсол бо фикре банд бошад ва ба салом ҷавоб гуфта натавонад, бояд хурдсол наранҷад ва аз саломи додааш қаноатманд бошад.

6) Дар кўчаҳо, назди ҳавлӣ ва дар гузаргоҳҳо бояд хонандагон намуна бошанд ва ба хурду бузурги шинос ва ношинос бо чунин таъбир салом гўянд: «Ассалом».

Хонандагон фаромўш накунанд, ки беҳтарин амали солеҳи шахси боодоб саломи ў мебошад ва барои соҳиби чунин амал шудан падару модар ва устод масъул мебошанд.

Вобаста ба таъкидҳои фавқуззикр ҷавоби салом низ арзиши хоси худро дорад. Ҷавоби салом аз ҳисоби хурдсолон чунин сурат мегирад: онҳо даст пеши бар намуда, ба калонсолон ҷавоб мегўянд. Бузургсолон низ саломро бо одоби баланд ба анҷом мерасонанд. Онҳо низ метавонанд даст пеши бар гирифта, ҷавоб гўянд ва метавонанд қоматашонро рост намуда, дастҳояшонро ба қоматашон рост карда, ҷавоб гардонанд. Аз ҳар ду ҷониб чеҳраҳо бояд кушода, овоз нарму ширин ва садо ғулғуладор бошад.

Салом додан гарчанде зоҳиран ба амалҳои инсон иҷро шавад ҳам, аммо тарзи иҷро ва баёни он маърифати ўро миёни ҷомеа ошкор менамояд ва рукни муҳимтарини одоб ба ҳисоб меравад. Аз ин рў, агар имрўз дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, маҳаллаҳо, кўчаҳо, деҳаҳо тарзи салому алайк расм шавад, кўдакон, наврасон, навҷавонон ва ҷавонони мо одоби саломро риоя намоянд, муҳити ҷомеаамон боз ҳам бештар фарҳангӣ мешавад ва маданияти миллати кўҳанбунёди мо рушду такомули тоза меёбад.

Маводи иловагӣ дар мавзўъ

Ҳадисҳо оид ба одоби салом

Ҳадис: «Агар ду мусулмон ҳангоми дидорбинӣ бар якдигар салом диҳанд, пас маҳбубтарини онҳо назди Худо ҳамон аст, ки хандонрўй бошад ва ба ҳамдигар даст бидиҳанд, сад раҳмат барои онҳо нозил шавад. Барои саломдиҳанда навад раҳмат ва барои ҷавобдиҳанда даҳ раҳмат аст».

Ҳадис: «Эй мардум, саломро дар байнатон ривоҷ диҳед ва ба дарвешон таом диҳед ва пайванди хешовандиро нигоҳ доред, то хушбахтона дар биҳишт дароед».

Ҳадис: «Салом номе аст аз номҳои Худои таъоло, пас фош доред ўро миёни шумо, ҳар киро бинед, яъне салом гўед, тавозўъ кунед».

Ҳадис: «Дурўғгўтарин шахс касест, ки тавассусти чашмонаш бахилӣ кунад ва бахил касест, ки аз додани салом худдорӣ кунад».

Ҳадис: «Бахилтарин инсон касест, ки дар вақти салом намудан бахилӣ менамояд».

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Саҳифаҳои монанд

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *