Месяц: Декабрь 2019

  • Қоида ва хусусиятҳои тартиби мавзуниятҳои биологи

    Яке аз хусусиятҳои бунёдии табиати зинда-ин даврй будани ҷараёнҳои зиёди дар он амалйшуда мебошад. Байни ҳаракати ҷирмҳои осмонй ва организми зиндаи рӯи замин алоқаманди мавҷуд аст. Организмҳои зинда на танҳо рӯшной ва гармии офтобро истифода мекунанд, балки механизмҳои гуногуне доранд, ки ҳолати амики офтобро дар уфуқ муайян мекунад, ки ба…

    Муфассалтар »
  • Омилҳои антропогенӣ

    Таъсири одам ба табиат ҳамчун омили экологй хеле зиёд ва гуногун мебошад. Дар замони муосир ягон омили экологй ин қадар таъсиру тавоноии сатҳи сайёравй ба монанди одам надоранд, гарчанде ин яке аз омилҳои ҷавонтарини табиат ба ҳисоб меравад. Таъсири омилҳои антропогенй аз давраҳои ҷамъоварй оҳиста оҳиста ( он вақт таъсири…

    Муфассалтар »
  • Омилҳои фитогенӣ (растанигн)

    Аз ҳама паҳншудатарин шаклҳои муносибати байни растаниҳо таснифоти онҳо аз рӯи В. Н. Сукачев ба ҳисоб меравад (ҷадвали 22 ). Ҷадвали 22 Шакли асосии муносибати байни растаниҳо ( аз рӯи В.Н.Сукачев. Н. В. Дылису ва диг, 1964) Муносибати байни растаниҳо Бавоситаи механикӣ (шикастани навдаҳо, эпифитизм, фишор ва бо ҳам печутобхӯрии…

    Муфассалтар »
  • Омилҳои зоогенӣ

    Организмҳои зинда дар иҳотаи дигар организмҳо ҳаёт ба сар бурда, ба онҳо муносибати гуногун доранд, яъне ҳам муносибати манфй ва ҳам мусбат дошта баъзе аз онҳо бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Алоқа бо дигар организмҳо барои гизо ва афзоиш, муносибати муҳофизатӣ, мӯътадил гардонидани шароити номусоиди муҳит, аз дигар тараф хатари…

    Муфассалтар »
  • Омилҳои биоти (зинда)

    Омилҳои биотй гуфта ин маҷмӯи таъсири фаъолияти як организмро ба дигар организм меноманд. Омилҳои биотиро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд: 1) таъсири организми ҳайвонот (омилҳои зоогенӣ); 2) таъсири организмҳои растанигй( омилҳои фитогенӣ); 3) таъсири одам ( омилҳои антропогенй). Таъсири омилҳои биотиро ҳамчун таъсири онҳо ба муҳит, ба организмҳои алоҳидае, ки…

    Муфассалтар »
  • Организмҳои зивда ҳамчун муҳити зист

    Дар тамоми рафти давраи ҳаётии худ ё ки як қисми он намудҳои зиёди организмҳои гетеротрофй ба сифати муҳити зист организмҳои дигарро интихоб мекунанд, ки аз дигар муҳитҳо бо хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунанд. Интихоб кардани як организм дигар организмро ҳамчун муҳити зисг ҳодисаи хеле кӯҳнаи дар табиат васеъ паҳншуда мебошад.…

    Муфассалтар »
  • Хок қамчун муҳити ҳаётй

    Ба омӯзиши илмии хок танҳо охирҳои асри XIX оғоз намудаанд, гарчанде одамон тахминан 7000 сол пеш алакай ба кишту кори замин машғул буданд. Хусусан қабати болоии хок, ки дар он ҳар гуна растаниҳо кишт карда, ҳосили зироатҳои гуногунро мегирифтанд, одамонро аз даврҳои заминдори ба худ ҷалб мекард. Хок асоси табиати…

    Муфассалтар »
  • Муҳити ҳаётии замину — ҳавоӣ

    Дар рафти такомули олами узвй муҳити замину — ҳавой назар ба муҳити обй хеле сусттар ташаккул ёфтааст. Ҳаёт дар хушкй чунин мувофиқатиро талаб мекард, ки барои дараҷаи баланди ташакулёбиҳои растанй ва ҳайвонот ба онҳо имконият диҳад. Хусусияти хоси муҳити ҳаётии замину-ҳавой он аст, ки организмҳои дар ин ҷо сукунат дошта…

    Муфассалтар »
  • Омилҳои муҳит ва қонуниятҳои умумии таъсири онҳо ба организмҳои зинда

    Муҳит ва шароити ҳаётии организмҳо Он самти экология, ки муносибати намояндаи ин ё он намудро бо омилҳои муҳити атроф меомӯзад аутэкология ном дорад. Дар экология чунин мафҳумҳо ба монанди муҳит ва шароити ҳаётии омилҳои организмҳоро фарқ мекунанд. Муҳит ин қиеми табиат мебошад, ки организмҳои зиндаро иҳота карда ба онҳо таъсири…

    Муфассалтар »
  • Муҳитҳои асосии ҳаёти

    Дар сатҳи Замин организмҳо дар рафти инкишофи дуру дарозӣ таърихй 4 муҳити ҳаётиро интихоб кардаанд, ки аз рӯи тақсимот мувофиқи қаъбатҳои маъданй: гидросфера, литосфера, атмосфера ном доранд (расми 21). Расми 21. Муҳитҳои асосии ҳаётӣ Муҳити обй ибтидои пайдоиш ва паҳншавии ҳаёт ба ҳисоб меравад. Дар рафти инкишофи минбаъдаи таърихии олами…

    Муфассалтар »
  • Пайдоиш ва инкишофи сайёраи замин

    Ташаккулёбии сохторҳои Замин ва биосфера Пайдоиши саёраҳои системаи Офтобй, аз ҷумла Замин дар асоси ақидаҳои О. Ю. Шмидт, корҳои В. С. Сафронов, X. Аевен ва Г. Аррениус, А. Рингвид ва диг. олимон омӯхта мешавад. Мувофиқи фаҳмиши кайҳонии пешниҳод кардаи О. Ю. Шмидт аввали солҳои 40-уми асри XX, Замин ва Моҳтоб…

    Муфассалтар »
  • Револютсияи буржуазӣ-демократии феврали 1917 ва аҳамияти он дар ҳаёти халқи тоҷик

    Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, ки оқибат ва ифодаи бӯҳрони умумии капитализм ба шумор мерафт, ин бӯҳронро тезутунд гардонда империализми ҷаҳониро суст намуд. Коргарон ва солдатҳо 27 феврали (12 марти) соли 1917 дар Петроград шӯриш бардошта, подшоҳро аз тахт сарнагун карда, Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳоро ташкил доданд. «Ба коргарони рус,– навишта…

    Муфассалтар »
  • Револютсияи буржуазӣ-демократии феврали 1917 ва аҳамияти он дар ҳаёти халқи тоҷик

    Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, ки оқибат ва ифодаи бӯҳрони умумии капитализм ба шумор мерафт, ин бӯҳронро тезутунд гардонда империализми ҷаҳониро суст намуд. Коргарон ва солдатҳо 27 феврали (12 марти) соли 1917 дар Петроград шӯриш бардошта, подшоҳро аз тахт сарнагун карда, Советҳои депутатҳои коргарон ва солдатҳоро ташкил доданд. «Ба коргарони рус,– навишта…

    Муфассалтар »
  • Маорифпарварӣ ва адабиёти тоҷик (нимаи дувуми асри ХIХ — ибтидои асри ХХ)

    Маорифпарварӣ дар нимаи дувуми асри ХIХ – ибтидои асри ХХ Ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна ба равнақи маданияту санъату адабиёт объективона мусоидат кард. Олимони тараққипарвари Россия дар бобати тадқиқи иқтисодиёт, этнография, таърих, забон, адабиёт, сарватҳои табиӣ ва ғайраи Осиёи Миёна хизмати калон карданд. Бисёр мутафаккирон ва шоирони Осиёи Миёна…

    Муфассалтар »
  • Шӯриши соли 1916 ва аҳамияти он

    Таъсири харобиовари ҷанги соли 1914 ба иқтисодиёти Россия Дар соли 1914 Ҷанги якуми империалистии ҷаҳонӣ сар зад. Азобу кулфати ҷанг, талафоти бисёри одамон, белаёқатии ҳайъати фармондиҳии ҳукумати подшоҳӣ ва хиёнаткориҳои бевоситаи ҳукуматдорони намоёнтарини он, ки бо дарбор бевосита алоқа доштанд, шикастхӯрӣ дар фронт ва харобшавии ақибгоҳ – ҳамаи ин кинаю…

    Муфассалтар »
  • Револютсияи февралии соли 1917

    Вазъияти кишвари Туркистон ва аморатиБухоро баъд аз револютсияи солҳои 1905–1907ва то Ҷанги якуми ҷаҳонӣ Ба ҳукуматдорони подшоҳӣ муяссар гардид, ки муваққатан ғолиб омада, аввалин револютсияи русро буғӣ кунанд. Аммо онҳо зиддиятҳои оштинопазиреро, ки пояи империяи калони подшоҳиро суст мекарданд, ҳеҷ бартараф карда наметавонистанд. Ин зиддиятҳо бағоят тезу тунд гашта, боиси…

    Муфассалтар »
  • Револютсияи солҳои 1905-1907 ва иштироки меҳнаткашони тоҷик дар он

    В.И.Ленин навишта буд: «Капитализми ҷаҳонӣ ва ҳаракати рус дар соли 1905 Осиёро тамоман бедор карданд. Садҳо миллион аҳолие, ки дар беҳаракатии асримиёнагӣ хорузор ва ваҳшӣ гаштааст, ба ҳаёти нав ва ба мубориза барои ҳуқуқҳои оддитарини инсон, барои демократия бедор шуданд»[1]. Ин суханон ба Осиёи Миёна, аз ҷумла, ба халқи тоҷик…

    Муфассалтар »
  • Вазъияти Аморати Бухоро дар арафаи револютсияи солҳои 1905-1907

    Аморати Бухоро дар давраи аз соли 1868 то охири асри ХIХ истиқлолияти худро торафт бештар аз даст медиҳад. Дар соли 1886 дар Бухоро «Агентии сиёсии императории Россия» таъсис меёбад, ки он ба вазири корҳои хориҷӣ ва генерал-губернатори Туркистон тобеъ буд. Агентӣ дар аморати Бухоро сиёсати мустамликадории ҳокимияти подшоҳиро ба амал…

    Муфассалтар »
  • Вазъияти кишвари туркистон дар арафаи револютсия

    Тараққиёти саноатии кишвари Туркистон. Сармояи банкҳо Дар охири асри ХIХ ва аввали асри ХХ капитализм дар Россияи подшоҳӣ ба марҳалаи олӣ, марҳалаи империалистии тараққиёти худ қадам ниҳод. Капитализми навбаромади Россия ба иқтисодиёти кишвари Туркистон низ асар кард. Гарчанде ҳукумати подшоҳӣ Осиёи Миёнаро мисли пештара ҳамчун манбаи ашёи хоми империяи Россия…

    Муфассалтар »
  • Ҳаракатҳои халқӣ дар Осиёи Миёна ва дар онҳо иштирок кардани тоҷикон

    Дар хоки генерал-губернатории Туркистон ва ҳамчунин дар қаламрави аморати Бухоро муттасил шӯру ошӯбҳои халқӣ ба амал меомаданд. Дар ин ҳаракатҳо тоҷикон низ баробари дигар халқҳои Осиёи Миёна фаъолона иштирок доштанд. Шӯришгарон участкаҳои политсияро хароб мекарданд, ба работу ҳавлиҳои феодалҳо ҳамла меоварданд, амалдоронро мекуштанд. Хусусан дар доираи аморати Бухоро, ки ғоратгарӣ…

    Муфассалтар »
  • Вазъияти оммаи халқ дар кишвари Туркистон ва Аморати Бухоро

    Дар натиҷаи ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна шаклҳои асримиёнагии хоҷагӣ беш аз пеш вайрон гардид: дар солҳои 80-ум нуфуси шаҳрҳо афзуда, нахустин корхонаҳои саноатӣ ба вуҷуд омаданд. Дар дохили феодализм муносибатҳои капиталистӣ торафт қувват мегирифт. Меҳнаткашони тоҷик, ӯзбек, туркман, қирғиз ва дигар халқҳое, ки таҳти истисмори феодалони маҳаллӣ, рӯҳониёни…

    Муфассалтар »
  • Аҳволи халқи тоҷик ва муборизаи он бар зидди Аморати Бухоро ва ҳукумати подшоҳӣ (нимаи дувуми асри XIX)

    Ду марҳалаи сиёсати иқтисодии ҳукумати мутлақа дар Осиёи Миёна. Роҳ ёфтани муносибатҳои капиталистӣ Сиёсати дар Осиёи Миёна ҷорикардаи ҳукумати мутлақаи подшоҳиро ба ду марҳала ҷудо кардан мумкин аст: марҳалаи якум аз аввали футуҳот то солҳои 90-ум ва марҳалаи дувум аз замони барқарор гардидани давраи империалистии капитализм, яъне аз охири солҳои…

    Муфассалтар »
  • Аҳамияти прогресивию таърихии ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна

    Дар вақти ҳамроҳ шудан ба Россия дар Осиёи Миёна муносибатҳои патриархалии феодалӣ ҳукмфармо буданд. Давлатҳои Осиёи Миёна аз тамоми ҷаҳони мутамаддин қариб ҷудо буданд. Аз тараққиёт бозмондани қувваҳои истеҳсолкунанда сабабгори асосии ақибмонии иқтисодӣ, сиёсӣ, маданӣ ва ҳарбии онҳо гардида буд. Россия назар ба Осиёи Миёна мамлакати пешқадам ва аз ҷиҳати…

    Муфассалтар »
  • Халқи тоҷик дар давраи ба Россия ҳамроҳ шудани Осиёи Миёна

    Инкишофи минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию сиёсии Россия бо давлатҳои Осиёи Миёна Чунон ки дар боло қайд карда шуд, ҳукумати подшоҳии рус саъй менамуд, ки бо роҳи иқтисодӣ ва дипломатӣ мавқеи худро дар Осиёи Миёна мустаҳкам карда, нуфузи ҳукмфармои худро дар Бухоро, Хева ва Хӯқанд пойдор гардонад. Дар охири солҳои чилум ва…

    Муфассалтар »
  • Маданияти моддӣ ва маънавӣ дар Аморати Бухоро

    Нооромиҳои замона ва ҷангҳои феодалӣ, зулму ситами бераҳмона ва харобиҳои мамлакат тараққиёти маданиятро бозмедоштанд. Албатта, даҳои офаринандагии халқҳои Осиёи Миёна поён намеёфт, вале он дар даврае, ки ҷамъият ба вазъияти таназзули иқтисодӣ ва то ҳадди охир фишор овардану инкор кардани шахсияти инсон афтода, тамоми ҷанбаҳои зиндагиро таассуби динӣ фаро гирифта…

    Муфассалтар »
  • Муносибатҳои иқтисодии байни Осиёи миёна ва Россия. Тадқиқи Осиёи Оиёна аз тарафи олимони рус

    Соли 1781 мутарҷим М. Бекчурин ба сифати сафири ҳукумати Россияи подшоҳӣ ба Бухоро фиристода шуд. Вазифаи асосии сафорат муайян кардани имконоти инкишофи тиҷорати Россияву Бухоро ва ба воситаи Россия кашондани молҳои Бухоро, инчунин ҳалли масъалаҳои сиёсӣ буд.[1] Дар навбати худ бухороиҳо илтимос мекарданд, ки барои озодона тиҷорат кардан дар тамоми…

    Муфассалтар »
  • Муборизаи синфӣ дар Аморати Бухоро

    Аҳолии шаҳри Бухоро ва ноҳияҳои атрофи он борҳо ба муқобили амирони манғит шӯриш бардоштанд. Ин қабил шӯриш, аз ҷумла, дар соли 1758 барпо гардида, шӯришчиён дар кӯчаҳои шаҳр сангарҳо сохта буданд. Шӯриши дигар соли 1785 сар зад, ки иштирокчиёни он бештар аз ҳазор нафар, зоҳиран, намояндагони синфи ҳукмронро ба қатл…

    Муфассалтар »
  • Мубориза дар роҳи мустаҳкам кардани Аморати Бухоро

    Чунон ки дар боло қайд карда шуд, норизоятии оммаи халқ тамоми аморати Бухороро фаро мегирифт. Дониёлбӣ на фақат худсариҳои феодалонро бартараф карда натавонист, балки худаш торафт бештар мутеи кушбегӣ ва қозикалон мегардид. Яке аз писарони ӯ — Шоҳмурод худро тамоман ба тариқати сӯфия бахшида, муриди шайхе шуд. Вай дар зоҳир…

    Муфассалтар »
  • Заминдории феодалӣ. Аҳволи оммаи халқ дар Аморати Бухоро

    Усули заминдории феодалӣ дар охири асри ХVIII-нимаи аввали асри ХIХ, умуман ҳамон тавре ки дар замонҳои гузашта буд, боқӣ монд.[1] Вале бо вуҷуди ин, баъзе тафовутҳо дар истилоҳот ва сохти заминҳои хусусӣ ба миён омаданд, ки он ҳам дар ҳар маҳал гуногун буда, дар давоми ҳамин давраи мавриди баҳс низ…

    Муфассалтар »
  • Муносибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар Аморати Бухоро

    Қувваҳои истеҳсолкунанда Масоҳати аморати Бухоро 180 ҳазор километри мураббаъро ташкил мекард.[1] Маҳалҳои ин сарзамин аз ҷиҳати ҷойгиршавии аҳолӣ яксон набуданд: водиҳои Зарафшон ва Қашқадарё сернуфуз ва Бухорои Шарқӣ нисбатан камнуфус ба шумор мерафтанд. Албатта, дар ин қисмати аморат водиҳое ҳам буданд, ки нуфуси хеле зиёд доштанд. Ба сабаби набудани маълумотҳои…

    Муфассалтар »