Фанни Ботаника

Сикли инкишофи растанихои сузанбарг

Растаниҳои тухмдиҳанда бо ёрии тухм меафзоянд, ки дар растании модина баъди бордоршавӣ пайдо шуда, аз ҷанини дорои захираи моддаҳои ғизоӣ иборатанд. Тухм аз растании модина ҷудо, ҳамчун растании нав месабзад. Растаниҳои тухмдор бевосита бо спораҳо намеафзоянд; дар сикли инкишофи онҳо спораҳо пеш аз протсесси ҷинсӣ, яъне гаметофитҳои ниҳоят редуксия кардашуда, ки дар ин ҷо тухм ташаккул меёбад, ба амал меояд.

Бо протсесси ҷинсӣ ва пайдоиши тухми растании ҳозираи лучтухм – қарағай, шинос шудан мумкин аст.

Қарағай ҳаёти худро чун спорофит мегузаронад. Микро ва мегаспорофиллҳо аз баргҳои сӯзанмонанди вегетативӣ дар узвҳои махсус – навдаҳои шаклан дигаргун аз ҳам ҷудо ҷойгиранд, ки онҳо чалғӯза номида мешаванд. Микро ва мегаспораҳо дар чалғӯзаҳои ҷудогона – нарина ва модина ҷамъ шудаанд. Дар чалғӯзаҳои нарина – микроспорофиллҳо, дар чалғӯзаҳои модина мегаспорофиллҳо ғун шудаанд. Чалғӯзаҳои нарина дар асоси навдаҳои ҷавон ҷойгиранд. Дар меҳвари чалғӯзаи нарина микроспорофиллҳо зич ҷойгиранд ва шаклан ба пулакчаҳои зард монанданд. Дар тарафи поёнии ин пулакчаҳо дутогӣ микроспорангия мавҷуд аст. Микроспорофиллҳои қарағай аз ҷиҳати сохти худ аз микроспорофиллҳои сархасҳо хеле фарқ доранд. Онҳоро дар растаниҳои тухмдор – нарина, микроспорангияҳоро гарддон меноманд. Чалғӯзаҳои нарина дар меҳвари умумӣ якҷоя якчандтогӣ ҷамъ омадаанд. Дар микроспорангияҳо – гарддонҳо аз ҳуҷайраҳои бофтаи археспорагӣ бо роҳи тақсимшавии редуксионӣ микроспораҳо ташаккул меёбанд; дар растаниҳои гулкунанда онҳоро донаҳои гарддон ё гардак меноманд. Донаҳои гарддон қарағай ду ҷилд – интина ва экзина дорад. Интина ҷилди тунуки дохилии гардак, экзина ҷилди берунии гардак мебошад; вайд у халтачаи куббамонанд дорад, ки он барои ба воситаи шамол кашондани гардак мадад мерасонад.

Сабзиши гардчаҳо ҳанӯз дар гарддон сар мешавад. аввал дар натиҷаи тақсимоти ядро 1 – 3 ҳуҷайраи майда пайдо мешавад. онҳо зуд тақсим шуда, аз нӯгашон дар шакли хатти борик тунук мешаванд. Ин ҳуҷайраҳо гӯё ҳуҷайраҳои вегетативӣ девории сабзаки наринаро иваз мекунанд. Ядрои боқимондаи гардча тақсим мешавад ва ду ҳуҷайра – антеридиагӣ ё генеративиро ташкил медиҳанд, ки дар дохили ҳуҷайраи дуюм гардча – вегетативӣ ҷойгир мешаванд. Ҳуҷайраи вегетативӣ ягона ҳуҷайраи гаметофитии нарина мебошад. Аз ин сабаб онро гомологи гаметофити сархасҳо ҳисобидан мумкин аст.

Донаи гардчаи дуҳуҷайрагӣ дар муғҷатухм сабзидан мегирад, ки ба ин ҷо донаи гардча ба ёрии шамол дохил мешавад. протсесси ба муғҷатухм дохил шудани гарднокшавӣ номида мешавад. гардчаи ба муғҷатухм афтода ба найчаи гард табдил меёбад, ки он бо интина пӯшонда шудааст. Найчаи гард ба тарафи архегонияҳо равон шуда, месабзад. Ба воситаи найча дар поении он ядрои вегетативӣ мефарояд ва аз паси он ядрои антеридиягӣ ба ҳаракат медарояд, ки он дар роҳи худ ба ду гаметаи нарина – сперма тақсим мешавад. баракси сперматазоиди сархасҳо спермаи баъзе растаниҳои лучтухм, монанди қарағай, қамчинак надоранд ва аз ин сабаб мустақилона ҳаракат карда натавониста, ба воситаи ҳаракати ситоплазмаи найчаи гард кашонда мешаванд. Донаи гардчаи ба найча табдилёфта аз сабзаки нарина иборат мебошад. Гаметофити наринаи қарағай ниҳоят редуксия карда шудааст.

Дар чалгӯзаҳои модина ҳам пулакчаҳои чӯбгардидаи мегаспорофиллҳо зич ва спиралмонанд ҷойгир мешаванд. Ин пулакчаҳои мевадиҳанда дар бағалаҳои пулакчаҳои хурди ноаёни пӯшиши ҷойгиранд. Дар бағалаи ҳар як пулакчаи мевадиҳанда ду мегаспорангия инкишоф меёбад. Мегаспорангияи қарағай хеле такмил ёфтааст. Он аз пӯст ва бофтаи дохили иборат аст, ки дар ин ҷо ҳуҷайраҳои ягонаи археспория пайдо мешавад, ки як мегаспораро ташкил медиҳад. Мегаспораи ташаккулёфта дар ҳол месабзад ва сабзаки серҳуҷайраи модина (гаметофити модина) – ро ташкил медиҳад, ки нӯгаш ду архегонияи редуксияшуда дорад. Архегонияҳои редуксияшуда аз ҳуҷайратухм, ҳуҷайраи майдаи шикамии найча ва гарданача иборат аст. Ҳуҷайраи найчагӣ барвақт нест мешавад. Дар зери пӯшиши мегаспорангия дар нӯги гаметафити модина ҷои ками холӣ монда пур аз шираи қанд мешавад ва барои сабзиши гардча муҳит мегарда. Ин ҷои камераи гардӣ номида мешавад. Сӯрохии баромад ба камераи гард даромадгоҳи гард номида мешавад.

Баъди ба камераи гард дохил шудани донаи гард бордоршавӣ ба амал меояд, ки дар ин ҷо он ба найчаи гард табдил меёбад. Дар бордоршавӣ яке аз ду сперма иштирок мекунанд. Баъди бордоршавии ҳуҷайратухми яке аз архегонияҳои мегоспорангия тухм ташаккул меёбад. Пайдоиши тухм дар эволюсияи растаниҳои олӣ ҳодисаи муҳиме мебошад. Ҳуҷайратухми бордоршуда ба растаничаи хурдӣ ҷанинӣ ибтидо мегузорад ва гаметафити модина (мегаспорангия) ба эндоспермаи тухм, яъне ба бофтаи дорои захираи моддаҳои ғизоӣ, табдил меёбад. Тухми ташаккулёфтаистода мегаспорангияи растаниҳои тухмдор тухммуғча номида мешавад. тухми баъди бордоршавӣ аз муғҷатухм инкишоф ёфта, аз се қисм иборат аст: ҷанин,эндосперм ва пӯсти тухм , ки аз пӯшишӣ муғҷатухм пайдо шудааст. Просесси гардноккунӣ ,бордоркунӣ ва сабзиши тухми қарағай дар давоми ду сол давом мекунад.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *