Фанни Ботаника

ПЛАСТИДХО

Пластидҳо қисми муҳими ҳуҷайра буда, дар ситоплазмаи растаниҳои сабз вуҷуд дорад. Онҳо дар реаксияҳои мубодилавии ҳучайра роли муҳим мебозанд. Дар ҳуҷайраҳои ҳайвонот, занбурӯғҳо, миксомитсетҳо, бактерияҳо пластид нест.

Ҷисми пластид строма номида мешавад. Сафеда ва липидҳо асоси стромаро ташкил дода дар ҳолати колоиди мавҷуданд.

Намудҳои зерини пластиҳоро фарқ мекунонанд: хлоропластҳо, ранги сабз, хромопластҳо- рангҳои зард, норинҷӣ ва лейкопластҳо – пластидҳои беранг.

Хлоропластҳо дар байни растаниҳои ибтидоӣ ва ҳам олӣ васеъ паҳн гардидааст. Дар стромаи холоропластҳо пигменти сабзи хлорофил, инчунин пигментҳои зард ва норинҷӣ- каротин ва ксантофил синтез карда мешаванд. Хлоропласти обсабзҳо хроматофорҳо номида мешавад. Онҳо шаклан гуногунанд: пластинмонанд, кузачашакл, тасмашакл. Ин шаклҳо ба ҳар як намуд ё авлоди растаниҳо хосанд. Миқдор ва ҳаҷми пластидҳо дар намудҳои гуногун ва Бофтаҳои гуногуни растаниҳо як хел нест. Як хроматафори гластидмонанд ё косачашакли обсабзҳо баъзан тамоми сатҳи ҳуҷайраро ишғол мекунад.

Микдори хлоропластҳо дар ҳуҷайраҳои барги себ ба ҳисоби миёна ба 50 адад мерасанд. Ҳаҷми доначаҳои хлорофилӣ тақрибан 3-7 мк –ро (агар ғафсиаш 1-3 мк бошад) ташкил медиҳад.

Хлоропластҳо дар торикӣ тамоми массаи ситоплазмаро баробар фаро мегиранд.

Сохти хлоропласт хеле мураккаб аст. Сохти мураккаби мембранаи онро дар зери микроскопи электронӣ мушоҳида кардан мумкин аст.

Аз берун хлоропласт бо ҷилди ду менбранагӣ (расми 9) пушида шудааст. Дар дохили хлоропласт системаи ду мембранагӣ пластидҳои махсус ҷойгиранд, ки онҳоро ламеллаҳо меноманд. Байни ламеллаҳо пур аз моддаҳои стромаҳо (матрикс) мебошанд. Онҳо асоси сафедаҳо доранд. Нӯги ламеллаҳо ба ҳам наздику як шуда ҳалқаи пайваста- халтачаро ташкил медиҳад, он диск номида мешавад. Тахминан хлорофилл бо қабати мономонекулярӣ ламеллаҳоро мепӯшонад. Дар стромаи хлоропласт донаҳои крахмал, қатраи равған ва дигар маҳсули мубодилаи ҳуҷайра дучор мегарданд. Асоси хлоропластро сафедаҳо (қариб 50 %), хлорофилл (9-10), каротиноидҳо (1-2), ферментҳо ва кисми начандон калони РНК ва ДНК ташкил менамояд.

Вазифаи асоси холоропластҳо ба амал баровардани фотосинтез мебошад. Моҳияти фотосинтез аз он иборат аст, ки аз гази карбонат (ду оксиди карбон), намакҳои минералӣ, газ ва об пайвастагиҳои ҳаётан зарури органикӣ синтез карда мешаванд. Маълум аст, ки тамоми протсеси фотосинтез аз силсилаи мураккаби реаксияҳо иборат буда, онро ба ду давра, давраи равшанӣ ва давраи торикӣ тақсим кардан мумкин аст.

Крахмали дар хлоропластҳо ҷамъ шуда махсули аввалин ва дар аминопластҳо ҷамъ шуда махсуми дуюмин номида мешавад.

Ба ҳамин тариқ хлорофилл манбаи муҳими ҳаёт дар рӯи замин мебошад. Хлорофилл танҳо дар хлоропластҳо ошкор карда шудааст.

Дар ибтидои асри ХХ (1901-1910) М.С. Цвет ду шакли гуногуни хлорофилро ҷудо кард: хлорофилли «а»- пигменти сабзу кабуд ва хлорофилли «б» — пигменти зарду сабз формулаи хлорофилли «а» С55 Н72 О5 N4 Мg , хлорофилли «б» С55Н70О6 N4 Мg мебошанд.

Чунон ки нишон дода шуд, дар таркиби хлоропластҳо боз пигменти сурху норинҷии каротин (С40 Н51) ва пигменти зарди тиллоранги ксантофилл химиявии хлорофилро бо сафедаҳои хлоропласт муайян карданд.

Агар дар хок нитроген, магний, оҳан, синк, фосфор ва дигар моддаҳо нарасад, инчунин синтези сафедаи конститутсиони стромаи хлоропласт вайрон шавад, синтези муътадили хлорофилл қатъ мегардад ва баргҳо зард мешаванд, ин ҳодиса хлороза номида мешаванд.

Хромопластҳо дорои ранги зарду норинҷӣ ва сурхчаи пигменти гурӯҳи каротиноидҳо мебошанд. Дар вақтҳои охир зиёда аз 50 каротиноидҳо муайян карда шудаанд. Хромопластҳо дар меваҷоти пухтаистода (мисли қаламфур, тарбуз, помидор ва ғайра) ва баргҳои тоҷгул (садбарги зард ва ғайра) дучор мегарданд.

Вазифаи хромопласт аниқ муайян карда шудааст. Тахмин мекунанд, ки онҳо хлорофиллро аз турушшавӣ нигоҳ медоранд.

Лейкопластҳо пластидҳои беранг буда дар онҳо крахмал, сафедаҳо ва равған ҷамъ мешаванд. Ба ин муносибат амилопластҳо – лейкопластҳои крахмалҷамъкунанда, олеопластҳо — лейкопластҳои равғанҷамъкунанда ва протеопластҳо – лейкопластҳои протеинҷамъкунанда (сафедаҷамъкунанда) — ро фарқ мекунанд.

Крахмал дар дохили амилопластҳо ҷамъ мешаванд. Дар ҳар амилопласт маркази ҷамъкунӣ – қисми стромаи пластидҳо вуҷуд дорад, ки он бо менбрана ҷудо карда шудааст. Дар протеинпластҳо одатан дар шакли кристаллҳо (дар растании канн – дар ҳуҷайраҳои назди гарданаи реша ҷойгир шуда ва дар орхидея дар ҳуҷайраҳои лӯндаҳои реша ҷамъ мешаванд.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.info

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *